Ҳаёти халқи тоҷик дар ҳайати давлатҳои Осиёи Миёна (асрҳои Х1-нимаи аввали асри Х111)

Нақша:

  1. Тоҷикон дар ҳайати давлатҳои Қарахониён ва Ғазнавиён.
  2. Халқи тоҷик дар аҳди Салчуқиён ва Хоразмшоҳиён.
  3. Ғуриён – дуюмии давлати тоҷикон.

Дар охири асри Х дар натиҷаи афзудани муборизаҳои дохилӣ ва пурзӯр шудани мавқеи гвардияи туркӣ иқтидори давлати Сомониён суст гардид.

Давраи ҳукмронии Нӯҳи II боиси пастравии давлат, тезу тунд шудани ҷангу ҷидолҳои дохилӣ ва пурзӯр шудани мавқеи туркон гашт. Норозигиҳо ва зиддиятҳои дохилӣ давлатро аз ҷиҳати иқтисодӣ ва ҳарбӣ тамоман камқувват намуд.

Қарахониён аз парокандагии феодалии давлати Сомониён истифода бурда, дар ибтидои солҳои 90-уми асри Х ба мулкҳои ҳафтруд ва як қисми Туркистони Шарқӣ – Қашғар соҳиб гардиданд.

23 октябри соли 999 эликхони Қарахонӣ аз Қашғар ба Бухоро ҳуҷум карда, онро ба даст дароварданд. Шахсони бонуфузи хонадони Сомониён Абӯиброҳим Исмоил ибни Нӯҳ, ки лақаби мунтасир (Фотеҳ) дошт, бо ҳамроҳии бародараш Абдумалик дар Узген ҳабс шуда буд, аз зиндон гурехт. Аз заифшавии давлат душманони хориҷӣ, аз ҷумла туркони бодиянишин воқиф буданд. Махсусан ҳуҷуми ҳоқони қарахонӣ мавҷудияти давлати Сомониёнро дар зери шубҳа гузошт. Мунтасир соли 1000-ум таҳти сарпарастии Арслон Боку ба Бухоро ҳаракат карда пойтахтро ишғол намуд. Бародари хони қарахониён Ҷаъфартегин, ки ҳокими Самарқанд буд, бар зидди лашкари Сомониён баромад. Аммо ба шикасти сахт дучор гардида, худ бо наздиконаш асир афтод.

Хони Қарахонӣ Насри Илокхон қувваҳои асосии худро ба муқобили Мунтасир равона кард. Ӯ ба онҳо муқобилият карда натавониста ба тарафи Хуросон ҳаракат кард. Дар Хуросон Абдулқосими Симчурӣ бо ҳамроҳии Мунтасир ба муқобили Султон Маҳмуди Ғазнавӣ мубориза сар кард. Вале ин мубориза бемувафақият анҷом ёфт.

Дар соли 1003 Мунтасир ба Мовароуннаҳр баргашта бо ёрии ғузҳо аз нав бар зидди Қарахониҳо ҳуҷум кард. Ғузҳо қабилаҳои туркзабони бодиянишин буда, дар поёноби Сир ва ҷануби баҳри Арал умр ба сар мебурданд.

Дар охиири асри Х дар наздикиҳои баҳри Арал давлати ғузҳо таъсис ёфт.

Дар асрҳои Ҷ-ҶI дар натиҷаи тезу тунд шудани зиддиятҳои синфӣ давлати ғузҳо аз байн рафт.

Дар байни лашкари Наср эликхони қарахонӣ ва ғузони кироди Мунтасир ҷанги нав ба амал омад. Соли 1003 дар Самарқанд элекхонро шикаст дода, 18 нафар сарлашкарони ӯро асир гирифтанд. Мунтасир аз сулҳи ғузҳо ва Қарахониҳо тарсида, роҳи аз байни онҳо ҷудо шуданро ҷуст. Ӯ 700 нафар ҷониёнро ихтиёр намуда аз дарёи Аму гузашта дар Абевард мавқеъ гирифт. Аммо дар ин ҷо ӯ аз дасти Хоразмшоҳ шикаст хӯрда, ба Мовароуннаҳр баргашт.

Дар муборизаҳои минбаъда зидди қарахониён Мунтасир зарба расонда, барои аз нав барқарор кардани ҳокимияти Сомониён кӯшиш намуд. Дар ин кор табақаҳои гуногуни аҳолӣ ва сарпарасти дастаи ғозиёни Самарқанд Ҳорис дастгирӣ намуданд. Баробари ин ғузҳо низ ба лашкари Мунтасир ҳамроҳ шуданд.

Дар натиҷа Мунтасир тавонист, ки қувваи зиёдеро ҷамъ намуда, соли 1004 дар муҳорибаи Бурнамад (наздикии Самарқанд) ба Наср шикаст дод. Баробари ин мувафақиятҳои ҳарбӣ Мунтасир мавқеи худро мустаҳкам карда натавонист. Зеро дар Ҷиззаху Ҳавас байни Мунтасиру Насри Элекхон амалиёти нави ҳарбӣ ба амал омад. Ғузон дар ин ҷанг низ хоинӣ карданд. Илова бар ин яке аз сарлашкари Мунтасир Абуҳусайни ток ба ӯ хиёнат карда бо 5 ҳазор марди ҷангӣ ба тарафи эликхон гузашт. Мунтасир маҷбур мешавад, ки барои боз ҷамъ намудани ҷониён ба Хуросон равад. Пас аз ин ҳам Мунтасир аз нияти барқарор кардани давлати Сомониён даст кашид. Ин буд, ки ӯ барои дигар қувва ҷамъ намуда ба Мовароуннаҳр ҳаракат намуд.

Дар натиҷаи хиёнати сарлашкаронаш аз сари нав мағлуб гардид. Дар соли 1005 бо дасти яке аз роҳбарои қабилаҳои бодиянишин кушта шуд. Ва бо ҳамин охирин намояндаи давлати Сомониён аз байн рафт.

Ҳамин тариқ муборизаи беоромонаи Абӯиброҳими Исмоил Мунтасир барои барқарор намудани салтанати Сомониён ба тамом хомӯш гашт. Сабаб дар он буд, ки дар ихтиёри худ надоштани лашкари миллӣ, ки ҳар сари қадам ҷониёни зархарид ва роҳбарони онон ба ӯ хиёнат карданд.

Давлати Ғазнавиён – дар нимаи авали асри Х ташкил ёфт. Асосгузори давлат Сабуктегин ба шумор меравад. Сабуктегин аз ғуломи Сомониён то ба вазифаи сипаҳсолорӣ сабзида расид. Ӯ сиёсати мустақилона гузаронида, на ин ки ба давлат асос гузошт, балки ҳавзаи дарёи Кобулро ба давлати Ғазнавиён ҳамроҳ намуд.

Илова бар ин Сабуктегин ба ивази кӯмаке, ки ба амири Сомониён Нӯҳ II расонида буд, ба идора намудани мулкҳои тоҷикон дар Хуросон муваффақ гашт.

Баъд аз вафоти ӯ соли 997 ба сари тахт писари калонии Сабуктегин Маҳмуд меояд, ки он дар таърих бо номи Султон Маҳмуди Ғазнавӣ машҳур аст.

Давлати Сомониён соли 999 аз шимол ба ҳуҷуми Қарахониён ва аз ҷануб ба Ғазнавиён дучор гардида, тамоми Хуросон ба зери тасарруфи онҳо даромад.

Соли 1008 дар натиҷаи дар Балх ба қӯшунҳои Қарахониён зарба задании Султон Маҳмуд, мавқеи Ғазнавиён дар тамоми Хуросон мустаҳкам гардид.

Дар давраи ҳукмронии ӯ (997-1030) давлати Ғазнавиён ба давлати васеъ ва пуриқтидоре табдил ёфт.

Ба ҳисоботи давлати Ғазнавиён аз қисматҳои Шимолӣ ва Шимолӣ – ғарбии Ҳиндустон сар карда, то Чоғониёну Хоразм, Исфаҳону Рай дохил шуданд.

Султон Маҳмуд дар давраи салтанати худ ҷангҳои пай дар пай бурда аз ғаниматҳои ба даст овардааш иқтидори давлатро пурзӯр намуд.

Аз соли 1002 зиёда аз 15 маротиба таҳти шиори «Ғазоваш» ба Ҳиндустон лашкар кашид. Тамоми боигари ва молу мулки халқро тороҷ намуда, хазинаи хешро пур мекард.

Дар ҷараёни лашкаркашиҳо Маҳмуд нисбат ба аҳолии осоишта ваҳшонияти бемисл содир намуда, аз дами теғ мегузаронд.

Соли 1919 баъд аз ишғол кардани Ҳиндустон Султон Маҳмуд ба ғайр аз ҷавоҳирот ва сарвати зиёд 350 фил ва 57 ҳазор ғулом ба Ғазнин овард.

Дар солҳои 1010 – 1011 ӯ ба сарзамини Ғур ҳуҷум карда, як қисми онро забт намуд.Маҳмуди Ғазнавӣ соли 1017 бо баҳонаи қасоси марги язнаи худ ба Хоразм лашкар кашида, онро ба давлати худ ҳамроҳ намуд.

Дар натиҷаи бераҳмона аз меъёри муқаррари зиёд рӯёнидани андоз, аҳолии шаҳру вилоятҳо қашшоқу хароб мегаштанд. Соли 1011 дар Хуросон хушксолӣ ва қаҳтим рӯй дод. Ҳатто мардум аз гуруснагӣ сагу гурбаҳоро мехӯрданд, дар сар то сари мамлакат гуруснагӣ, касалӣ ва муромурӣ ҳукмфармо гардид.

Аксарияти деҳқонон заминҳои худро партофта ба қатори «Ғозиён» дохил мешуданд.

Муборизаи халқ бар зидди сохти ҳукмрон дар ҳаракатҳои динӣ – мазҳабии Қарматия, Иимоилия ва дигар ҷараёнҳо ифода меёфт.

Баъд аз ҳукмронии кӯтоҳмуддати Муҳаммад писари хурдии Маҳмуд дер давом накард. Салтанат ба ихтиёри Масъуд – писари калони ӯ гузашт (1030-1041) Масъудсиёсати падарашро давом дод. Ӯ барои аз Қарахониён эмин нигоҳ доштани ҳудуди давлат, ба ҳар роҳ мекӯшид, ки муносибати дӯстонаю ҳамсоягӣ дошта бошад.

Хоразм захираи дар тобеияти ҳудуди Ғазнавиён меистод. Аммо амалан ҳамчун давлати мустақил буд. Пас аз марги Олтунтош Масъуд тоҷи давлати Хоразмро ба сари писари худаш гузошт. Писари Олтунтош Ҳорун номбусалтанати Хоразм таъин шуд. Ҳорун бо дастгирии Алитегини Қарахонӣ ва салчуқиён соли 1034 Хоразмро мустақил эълон кард.

Соли 1035 салчуқиҳо ба Ғазнавиён ҳуҷум намуда, лашкари Масъудро торумор намуданд. Баъдтар Нишопурро ишғол намуданд.

Соли 1040 Султон Масъуд зидди Салчуқиён лашкар кашида дар наздикии Данджонакон ба шикаст дучор шуд.

Мавдуд – писари Султон Масъуд баъди кушта шудани падараш аз тарафи тарафдорони амакаш, Муҳаммад соли 1041 ба сари тахт омад.

Соли 1041 тарафдорони бародараш Муҳаммад Султон Масъуд ӯро низ ба қатл намуда, худро ба қатл расонданд. Мавдуд қасоси султон эълон намуд. Ӯ бо ёрии қӯшунҳои дар Ҳиндустон таъсис дода ба ёрии зидди салчуқиҳо ин қувваи султони ғазнавиро торумор сохтанд. Дар натиҷа Мавдуд ба касалӣ гирифтор шуда, дар шаҳри Ғазна вафот кард.

Ҳамир тавр салтанати хонадони Ғазнавиён дар натиҷаи зарбаҳои пай дар пай туркони салчуқӣ аз байн рафт.

Илми тоҷик дар асрҳои ҶI-ҶIII.

Дар асрҳои ҶI-ҶIII яке аз шогирдони Абӯрайҳон Муҳаммад ибни Аҳмади Берунӣ (973-1050) дар пешрафти фалсафа саҳми босазое гузошт. Ӯ дар бисёр масъалаҳои ҳалкунандаи илм нисбат ба замонааш зиёда аз панҷсад сол пеш гузашта буд. Барои чун мутафаккири бузург ном баровардани Берунӣ сафарҳои ӯ таъсири калон расониданд. Ӯ соли 1010 ба Хоразм баргашта, сарвари олимон дар инкишофи илми замони худ саҳмгузор гашт.

Асарҳои Хотираҳои аҷдодони гузашта «Тасвири Ҳиндустон», ин чунин асарҳои оид ба ҷуғрофия ва минералогия навиштаи ӯ машҳури ҷаҳон гардиданд.

Берунӣ исбот кард, ки материя мустақилона чизҳоро бо вуҷуд оварда, шакли онҳоро тағйир медиҳад. Ӯ материяро офаридгор ва қобилиятҳои рӯҳиро хосияти ҷисмҳо медонист. Беруни дар асараш «Хромология» дар бораи тақвим ва идҳои мардуми маълумот додааст.

Берунӣ дар гирди меҳвари худ ҳаракат намудани заминро 500 сол пеш аз Коперник пешгӯи карда буд.

Файласуфи дигар ва шоири барҷастаи асри ҶI Носири Хисрав буд. Ӯ рӯҳро аввалин ва доимӣ мешуморад. Вай худро офаридгори ақли кулл дониста, чунин меҳисобад, ки ақли умуми нафси куллро ба вуҷуд меорад. Рӯҳи умумӣ бошад материяи нахустинро, ки асоси ҳама вуҷудот аст, меофарад. Ин асос замин, об, ҳаво ва оташ мебошанд. Ӯ ҷонро сабаб ва аввалин ҷисми зинда медонад. Носири Хисрав ҷонро дар чор шакл: маъданӣ, рустанӣ, ҳайвонӣ ва одамӣ ҳисоб мекард.

Дар байни ин шаклҳо рӯи одами шакли олии рӯҳист, ки одамонро аз ҷаҳони ҳайвониву растаниҳо ҷудо месозад. Рӯҳи одамӣ дар болои дигар рӯҳҳо ҳукмрон аст.

Ашъори Носири Хисрав аз панду ҳикмат, насиҳати мардум ғанӣ аст. Аз ӯ асарҳои бои динию фалсафӣ мерос мондааст. Ба онҳо «Зод – ул – мусодирин», «Ваҷҳи дин», «Ҷомеъ – ул – ҳикматаин» ва ғайра мисол шуда метавонанд.

Файласуфи дигар ҳамзамони Носири Хисрав шоири бузург Умари Хайём (1040 – 1112) ба шумор меравад. Хайём баробари шоир буданаш инчунин ба илми коинот бештар машғул мешуд. Ӯ бо як гурӯҳ олимони ситорашинос ислоҳоти тақвими солро тартиб дод.

Хайём ҳамчун ҳамасрони худ масъалаи асосии фалсафаро идеалистона ҳал мекард.

Хайём дар соҳаи риёзиёт бисёр озмоиши муҳим кардааст, ки он ба кашфи бузурги ивазшаванда ва ҳатто ҳандасаи ғайри уқлидуст кӯмак расонда буд.

Шоири барҷастаи Шарқ Умари Хайём алахусус бо рубоиёти худ шӯҳрат пайдо карда то кунун аз гароибаҳоатрин дурдонаҳои адабиёти ҷаҳонӣ ба шумор мераванд.

Муаррихи охири асри ҶI Абдулфазли Байҳақӣ (996-1077) буд, ки умри 20 солаи худро дар дарбори Ғазнавиён гузаронидааст. Ӯ асарҳои зиёди илмӣ – таърихиро интишор намудааст. Бо забони тоҷикӣ бештар аз 30 ҷилд асар навишта буд.

Баъди заволи хонадони Сомониён дар ҳудуди давлати онҳо якчанд ҳокимиятҳои халқҳои туркнажод ба арсаи қудрат омаданд.

Зиёда аз дусад сол байни хеш мубориза намуда, иқтидори иқтисодӣ ва хоҷагии Осиёи Миёнаро суст намуданд.

Сарзаминҳои Мовароуннаҳр ва Хуросон дар байни давлатҳои Қарахониён, Ғазнавиён, Салчуқиҳо ва Хоразмшоҳиён тақсим шуданд.

Яке аз дигаргуниҳои иҷтимоӣ, ки дар Мовароуннаҳр дар асрҳои ҶI-ҶIII ба амал омада буд, ин аз байн рафтани табақаҳои деҳқонон ё худ соҳибони мулкҳои падарӣ буд.

Вале аксари деҳқонон боз аз ҳисоби заминҳои деҳқонӣ хонабардӯшшуда мулки худро пурра менамуданд.

Дар замони Сомониён харидани замин, хусусан аз тарафи сулолаи Сомониён хеле вусъат ёфта буд. Қарахониён усули мулкдории Сомониёнро давом дода, соҳибони мулкҳои калон бо номи «Заминҳои султонӣ» гардониданд.

Қисми дигари заминҳо – заминҳои иқта номида мешуданд. Ин як навъи заминдории феодалӣ буда, аз замони ҳукмронии Сомониён сар карда мулкҳо ба ҳокимон, сарлашкарон инъом карда мешуд, ки он баъдтар «Иқтаъ» ном гирифт.

Дар аҳди Сомониён иқтаъ ва дарбориёни олимартаба дода мешуд.

Дар давраи Ғазнавиён қӯшун ҳам аввалҳо иқтаъ мегирифт вале Сабуктегин (977-997) инро манъ намуда ба лашкари маош таъин кард.

Дар замони Салчуқиён усули иқтаътаинкунӣ тамоман тағйир ёфт. Ҳукумати Салчуқӣ ба аъёну ашрофон ва соҳибмансабону сарлашкарон инъомҳои бузург мекард. Масалан, Маликшоди Салчуқӣ дар замони ҳукмронии худ (1072-1092) ба 46 ҳазор сарлашкарон, мансабдорон ва муҳаррабони хеш иқтаъ инъом кард. Ҳамин тавр, иқтаъдорон ба хуҷаинони мутлақи замин табдил меёфтанд. Дар асри ҶII, дар замони хонадонҳои туркӣ дар Мовароуннаҳру Хуросон ба ҷои собиқ деҳқонони заминдор, гурӯҳҳои нави иҷтимоӣ – иқтаъдорон ба миён омаданд.

Дар давраи ҳукмронии хонадони Хоразмшоҳиён низ аждодони калон, уламои дарбор, сарлашкарон ва ҳокимон ба имтиёзҳо соҳиб буданд. Султонҳои Хоразмӣ бештар замиин ва мулкҳои калонро ба он шахсоне инъом мекарданд, ки дар идора намудани давлат таъсирашон калон буд. Баробари ин мулкҳо чун иқтаъ ба онҳое пешкаш мешуд, ки намояндагони бонуфузи қабилаҳои ба ҳайати давлати Хоразмшоҳ Аловиддини Текеш (1172-1200) ба феодали калони қабилаи ғузҳо Тӯғоншоҳ ноҳияи калонеро дар вилояти Нисо ба тариқи иқтаъ инъом кард. Аз рӯи ҳуҷҷатҳо маълум мешавад, ки дар мулки ҷудокардаи Текеш Туғонишоҳ ҳокими мутлақ шуда, ҳатто ба ӯ андоз намедод. Қисми заминҳои аз мулки Тӯғоншоҳ берунро Текеш ба воситаи қоиммақоми худ идора мекард. Ба ин қоимаққом низ баъзе аз мулкҳои Хоразмшоҳиён ба таври иқтаъ дода мешуданд.

Хулоса, ташкили шакли иқтаъдории асримиёнагӣ нишон медиҳад, ки амирони Сомонӣ ва султонҳои туркӣ бо роҳи инъоми замин ба ҷои ташкили давлати мутамарказонидашуда, ҳокимони худро мустаҳкам намуданд, ки онҳо оҳиста – оҳиста ба мулкҳои дигар соҳиб шуда, сабабгори аз байн рафтани давлату сулолаҳо гаштанд.

Адабиёт:

  1. Ғафуров Б.Ғ. Тоҷикон…Қ.1 – Душанбе. 1983.
  2. Мухторов А.М., Раҳматуллоев А.З. Таърихи халқи тоҷик. Москва 2002
  3. Байҳақӣ. Таърихи Масъудӣ.
  4. Низомулмулк. Сиёсатнома.-Душанбе,1986.
  5. Амиршоҳӣ Н. Давлатдории тоҷикон.-Душанбе,1998.ф
  6. Улуғзода С. Фирдавсӣ. Д. 1991.
  7. Зарринкуб А. Ҷустуҷӯ дар сасаввуфи Эрон. Д., Ирфон, 1992.
  8. Караев О. История Караханидского каганата. Фрунзе, 1983.
  9. Мирзода Х. Таърихи адабиёти тоҷик Д., Маориф, 1989.

10.Турсунов Н. Таърихи точикон. Хучанд, 2001

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.