Аморати Бухоро дар охири асри Х1Х ибтидои асри ХХ

Нақша:

1.Вазъи сиёсии Аморати Бухоро.

2.Амалиётҳои ҷангӣ дар Бухорои Шарқӣ.

3.Шӯриши Восеъ.

4.Ҷараёни маорифпарварӣ.

То охири солхои 60-уми асри XIX дар ҳудуди Бухорои Шарқӣ якчанд ҳокимияти феодалии мустақилу ниммустақил вуҷуд дошт, ки бо мурури замон ба аморати Бухоро ҳамроҳ карда шуданд. Ба онҳо ноҳияҳои Ҷанубу Шарқӣ ва Марказии Тоҷикистон, аз ҷумла, Ҳисор, Кулоб, Қубодиён, Қаротегину Дарвоз дохил мешуданд. Ҳокимият дар ин мулкҳо ба таври меросӣ ба якдигар мегузашт. Ҳокимияти идоракунӣ воситаи асосии истисмор ва пахш намудани муборизаҳои меҳнаткашон ба шумор мерафт. Баъди ҳамроҳ ва ё истило шудани ин ноҳияҳо бо ҳайати идораи маъмурии вай дигаргуниҳо дохил карда шуданд, тамоми Аморат ба бекигариҳо тақсим шуда буд. Дар минтақаҳои ҳозираи Ҷанубу Шарқӣ ва Марказии Тоҷикистон бекигариҳои Ҳисор, Қургонтеппа, Қубодиён, Кулоб, Балҷувон, Қаротегину Дарвоз вуҷуд доштанд. Акнун баъди истило намудани ноҳияҳои Ҷанубу Шарқӣ ва Марказии Тоҷикистон аморати Бухоро худро дар чашми мардуми мусулмони Осиёи Миёна давлати баобру мешуморид

Дар солҳои баъд аз истило намудани қисмати Бухорои Шарқӣ аҳолии Бухоро ба 2 млн.500 ҳазор расида буд. Аз ин миқдор 250 ҳазорашро аҳолии шаҳр ташкил медод. (Ҳамроев М. Очерки истории Гиссарского бекства конца XIX века начала XIX века. Тр. АН Тадж.ССР-т.114. Сталинобод, 1959-с.7)

Бекигариҳои истилошуда, Кулоб бо 25 ҳазор, Қургонтеппа бо 4 ҳазор, Дарвоз бо 3 ҳазор ва Қубодиён бо 1 ҳазор нафар аҳолиашон ба ҳайати Аморат дохил карда шуданд. Якчанд маҳаллаҳои алоҳидаи аҳолинишин вучуд доштанд, ки дар ҳаёти иқтисодии Бухорои Шарқй нақши муайянро бозиданд. “Ба ин маҳаллаҳо Душанбе бо 28 ҳазор хона ва Регар бо 7 ҳазор хона дохил мешуданд”. (Гулшамбаров СИ. Экономический обзор Туркистанского района обслуживаемого Среднейазиатской дорогой.ч.1. Ашхабад,1913,с.2ОЗ).

Шаҳрҳои Бухорои Шарқӣ на фақат аз шаҳрои Осиёи Миёна, балки аз шаҳрҳои қисмати Ғарбии Бухоро фарқ мекарданд. Онҳо аз марказҳои савдой ва роҳҳои алоқаву савдоӣ хеле дур чой гирифта буданд. Бо иқтисодиёти қафомондаи худ ин шаҳру навоҳй дар ҳаёти мардуми ин чойҳо нақши на он қадар бузургро бозидаанд. Шаҳрҳои ин ноҳияҳо аз деҳкадаҳо фақат бо он фарқ мекарданд, ки дар шаҳрҳо намояндагони Амир бо сардории бек, намояндагони савдо, заминдорони калон, руҳониҳо, қосибон ва як қисми деҳқонон зиндагй мекарданд. Дар як қатор шаҳрҳо қушунҳои Амир чой гирифта буданд. Намояндагони табақаи болои тамоми Бухорои Шарқй аз чиҳати ичтимой ба якдигар монандй доштанд.

Аз ҳама амали баланд дар ин ноҳияҳо бек башумор мерафт. Бек намояндаи табақаи калони феодалон ҳисоб мешуд.

Бек аз болои ҳукумат-бекигарй назорат мебурд, ва дар зери итоати у вазифаҳои бисер ва амалдорони зиёде буданд. Бек тамоми ҳокимиятро дар дасти худ нигоҳ дошта, шахсоне, ки ба вай содиқ буданд, онҳоро соҳиби мансаб мегардонид. Тамоми шахсоне, ки ба ягон амал соҳиб мешуданд, танҳо бо розигии худи бек ва аз мансаб озод кардани онҳо низ бо риёзати бек сурат мегирифт, баъд аз бек дар чой дуюм ёрдамчии бек, ясавулбошй ё худ девонбегй меистод. Вазифаи асосии девонбегй, пеш аз ҳама, аз мардум чамъ овардани закот ва андозҳо буд. У якчанд котибу арбоб ва ясавулро дар хизмати худ нигоҳ медошт.

Амали дигаре, ки дар бекигари вучуд дошт, “мирзой мунши” буд. Одатан ба ин вазифа одамони босавод ва ҳусни хати хуб дошта даъват карда мешуданд. Вай дар назди бек корҳои рубардоркунй ва навиштани ҳуччатҳоро ичро мекард.

Яке аз вазифаҳое, ки дар бекигари барои нигоҳ доштани тартибот вучуд дошт, ин “Миршаб” буд. “Миршаб” ба замми ин, аз болои зиндон ва маҳбусони дар вай буда назорат мебурд.

“Мироб” бошад, доимо аз болои об назорат менамуд. Вай дар ихтиёри худ, якчанд ёрдамчиҳоро дошт. Аз чумла, “амин”, ки хучаини як чуйбор буд, инчунин “арбоб”- назоратчй ва “оқсақол”- тақсимкунандаи об, “чуйбонҳо”- тозакунандагони чуйҳо ва мирзо , ки дар ихтиёри “мироб” буданд.

Мансаби “амин” бошад, аз руи корҳои сохтмонй назорат мекард, ки дар ихтиёри худ якчанд амин дошт.

“Пайгирчй”- чамъкунандаи закот аз савдо ва ҳайвоне, ки онҳоро барои фуруш ба бозор меоваранд, ба ҳисоб мерафт.

Дар идора кардани ҳукумати маҳаллй чои заруриро руҳониён мегирифтанд ва корҳои маҳкамаро дар ихтиёр доштанд. Чунин амалдорон дар бекигариҳои ноҳияҳои Чанубу Шарқӣ ва Марказии Точикистон ба 3 қисм тақсим мешуданд:

1.Қозӣ-иҷроиши қонунҳои шариатро назорат бурда, дар ихтиёри худ якчанд мулозим ва мирзо дошт.

2.Муфтӣ-донандаи қонунҳои шариат, ки ба до дани ривоят машгул буд. Барои додани ривоят вай музд мегирифт. Дар ихтиёри муфтй якчанд хизматгор ва се муҳаррир буд.

З.Раис-назораткунандаи тартибот аз болои чинояткорон ва вайронкунандагони қонунҳои дини ислом, вайронкунандагони савдо, аз руи мактабҳо, тартиботи оилавй ва гайраҳо назорат мебурд. Раис якчанд хизматгор дошта, ба воситаи онҳо чинояткоронро чазо медод. Мулозимону дуррадастон дар ихтиёри у буданд. Қозй дар бекигариҳо аз тарафи амири Бухоро таъин мегардид. У дорой маълумоти дини буда, дар айни замон бояд аз авлоди руҳонй бошад. Аз ин чо бармеояд, ки дар Бухорои Шарқй ягон амалдор ба таври интихоби озод ба сари мансаб намеомад. Ҳамаи мақсаду мароми амалдорону худи бек, танҳо бо роҳи истисмори деҳқонону камбагалон ба даст овардани фоидаи зиёд буд.

Чи хеле ки дар боло қайд намудем, баъд аз забт шудани аморати Бухоро аз тарафи Россия аморати Бухоро, Бухорои Шарқиро, ки дар ин минтақа якчанд мулкҳои феод алии ниммустақил мавчуд буд, ба худ ҳамроҳ намуд. Баъд аз он ки ин минтақа ; хусусан, ноҳияҳои Чанубу Шарқй ва Марказии Точикистонро истило намуд, дар минтақаҳои асосии ин чо гарнизонҳои ҳарбии худро чой дод. Мақсад аз чой додани гарнизонҳои ҳарбй мустаҳкам кардани мавқеи аморат дар ҳудуди ин минтақа буд. “Соли 1871 дар Регар 400 нафар, дар Ҳисор-4000 нафар сарбоз ва 11 туп, дар Кулоб 3000 нафар сарбозу 4 туп ва дар Қалъаи -Хумб соли 1878 қариб 5000 сарбози амир чой гирифта буданд”.(Искандаров Б.И. Из истории Бухарского эмирата,М.,1958,с.81).

Яке аз мулки калонтарини Бухорои Шарқй, мулки Ҳисор буд. Баъди истило шуданаш Ҳисор ба 7 бекигарй- Бойсун, Шеробод, Деҳнав,Юрги, Ҳисор, Қубодиён, Қургонтеппа тақсим карда шуд. Дар ҳамаи ин бекигариҳо, аз чумла, дар Ҳисор низ идоракунй дар асоси идораи умумибухорогй ташкил карда шуд.

Яқуббек дар солҳои ҳукмронии худ дар Ҳисор ба дарачае ба боварии амир Музаффар даромада буд, ки Музаффар барои ҳамин ба у имтиёзҳои беандоза, аз қабили, баровардани ҳукми қатлро дода буд.

Остонақул бошад, дар замони ҳукмронии худ дар Ҳисор низ ба имтиёзҳои номаҳдуд ноил гардида буд. Вай яке аз шахсҳои бойтарини аморати Бухоро ба шумор мерафт. Дорой миқдори зиёди тилло, якчанд галаи асп ва рамаи гусфанд буд. Ҳамаи ин боигарию сарвати табақаи ҳукмрон аз ҳисоби мардуми заҳматкаши ин минтақа ба даст меомад.

Дар дигар бекигариҳои Бухорои Шарқй, аз чумла, Кулоб, Балчувон, Қубодиён, Қаротегин ва Дарвоз аҳвол чунин буд.

Бекигарии Кулоб низ яке аз он ноҳияҳое мебошад, ки баъди истило шуданаш аз тарафи Аморати Бухоро, ба якчанд амалдориҳо тақсим карда шуд. Баъд аз истилои Кулоб, ин бекигарй ба ду қисм бекигарии Кулоб ва бекигарии Балчувон тақсим карда шуд. Дар ҳудуди бекигарии Кулоб чунин амалдориҳо мавчуд буд: Муъминобод, Кул, Сари Чашма, Гирди Қургони боло, Гирди Қургони поён, инчунин, шоҳигариҳои Давлатобод, Тагнов, Кишти дараи поён ва Кишти дараи боло, Сариғор, Роғй, Вари ва Дуоб.

Дар байни амлокдорону шоҳигариҳо обруи зиёдеро шоҳ соҳиб буд. Шоҳ метавонист амлокдорҳоро аз бек харида гирад. Як қатор мулкҳои дигареро дар қисмати шарқии Кулоб харидорон харида мегирифтанд. Харидор ба бек ва амир туҳфаҳои гаронбаҳо ва пули зиёд дода, баъд соҳиби округ мешуд. Харидорон, барои он ки харочоти сарф кардаи худро пушонад, ба гардани ин мардум андозҳои зиёдеро бор мекарданд ва ягон шахс ин кори уро манъ карда наметавонист.

Ғайр аз шахсону харидорон, боз ичоракорон вучуд доштанд, ки ягон округро ба муҳлати муайян ичора гирифта, он миқдор пуле, ки бек уро мефармуд бояд, ки дар тули муҳлати муайян бар гардонида ба бек месупорид. Ичоракор метавонист, ки рузи аввали ба ичора гирифтани округ пулашро супорад. Агар ичоракор ин корро сари вақт мекард, хучаини ин округ ба шумор мерафт. То ба охир расидани вақти муайяншуда ичоракор тамоми андозҳои чорибударо ба манфиати худ меситонид. Фақат андозҳоро ичоракорон ду маротиба зиёд менамуданд.

Бекҳо дар бекигари чои истиқомати махсус надоштанд. Онҳо баъди ба ин мансаб ноил гардидан, дар тамоми ҳудуди бекигари гашту гузор намуда, дар як маҳалла муҳлати зиёд истиқомат намекард. Чунин корро бек барои он мекард, ки мабодо байни беку халқ ягон зиддият cap занад. Бо омадани беки нав, амалдорони маҳаллй мансабҳои худро аз даст медоданд ва бо илтимосу туҳфаҳои аз ҳад зиёд боз ба мансабашон соҳиб мешуданд. Беки нав омада, аз амалдорон барои оро додани хонаи нав туҳфаҳо талаб мекард.Амлокдорон бошанд, аз ҳисоби горат намудани аҳолй ба бек туҳфаҳо меоварданд. Аз соли 1877 то соли 1905 дар Кулоб 19-то бек иваз шуданд. Аз тез-тез иваз шудани бекҳо аҳволи халқ беҳ намегардид.

Яке аз марказҳои маъмурии дигар бекигари Қургонтеппа буд. Баъд аз аморат дохил кардани Бухорои Шарқи ҳокимияти Кулоб маҳдуд карда шуда, Қургонтеппа вилояти мустақил гардид.. Аз солҳои 70-уми асри XIX то сарнагун шудани аморати Бухоро қаламрави вай бетагийр монда буд. Бекигарии Қургонтеппа аз амлокдории худи Қургонтеппа, Сарой ва Чиликул иборат буд. Дар сари амлокдориҳо амлокдор меистод. Дар назди амлокдорҳо мирзоҳо, мироб ва дигар амлокдорон хизмат мекарданд. Асосан амлокдорон бо фармони бек таъин мегардид.

Қубодиён бошад, баъди ба аморати Бухоро ҳамроҳ намудани Бухорои Шарқй, аз Кулоб чудо карда шуд ва дар идораи вай дигаргуниҳо ба вучуд омад. Қубодиён аз қишлоқ ҳеч фарқе надошт. Фақат ҳамин, ки вай нисбатан васеъ буда, дорой бозор буд. Аз чиҳати ҳудуд, аҳолй нисбати дигар бекигариҳои Бухорои Шарқи хурд буд. Дар ин бекигари қозй, дар навбати худ раис ҳам ба шумор мерафт. Бекигарии Қубодиён ба ду амлокдорй чудо мешуд. Ин амлокдории Бешкент ва Беш-Чарбон буданд.

“Аз руи нишондоди руйхате, ки ба амир пешниҳод намуда буданд, дар бекигарии Қубодиён як мирохур, як каровулбегй, се мирзобошй ва 15 амалдорони хурд вучуд доштанд”.

Чи хеле ки дар боби гузашта зикр шуд, тирамоҳи соли 1877 қушунҳои амир таҳти фармондеҳии Худойназар-додхоҳ ба сарҳади ҳокимгарии Қаротегин дохил шуд. Ба шикаст хурдани ҳокимияти меросии Қаротегин дар ин чо бекигари таъсис ёфт. Якумин беке, ки дар ин чо ба кор cap кард, худи Худойназар-додхоҳ буд. Худойназар-додхоҳ бо фармони амир Музаффар дар Қаротегин бек таъин гардида буд.

Бекигарии Қаротегин ба 10 амлокдорй тақсим шуда, дар навбати худ ин амлокдориҳо ба 34 мири ҳазора тақсим мешуданд.

Аз соли 1878 Дарвоз бошад, ба аморат дохил карда шуда, дар ин чо бекигари таъсис ёфт. Аз сабаби он ки Худойназар-додхоҳ беки Қаротегин дар ишгол намудани Дарвоз роҳбари қушунҳои амири Бухоро буд, уро амир беки Дарвоз эълон намуд. Вале Худойназар дар ин чо дер ҳукмронй накард. Чунки тирамоҳи соли 1878 писари Худойназарро барои чамъ намудани андози солона ба назди қиргизҳои соҳилҳои Омударё фиристоданд. Вай андози зиёде чамъ намуда, бо ҳамроҳии онҳо ба Афгонистон гурехт. Гурехтани писари Худойназар-додхоҳ боиси аз мансаб дур гардидани падар гардид ва ба чои у беки Дарвоз Абдураҳмон-Хочабек таъин гардид. Бекигарии Дарвоз ба 4 амлокдори Чилдара, Тавилдара, Ваҳёи боло ва Сагирдашт тақсим мешуд. Вале баъдтар як қатор тадқиқотчиён, аз чумла Лаптинов Н., ки таърихи пеш аз инқилобии Дарвозро омухта буд, ба чунин хулоса омад: “Дар ҳайати бекигарии Дарвоз амлокдориҳои Чилдара, Тавилдара, Далчир,Сагирдашт, Ванч, Маймон, Қалъаи Хумб, Шикай, Куф, Хангон ва ду қисмати дигар Язгулом ва Тангшив до хил мешуданд”. (Лаптинов Н. Экономическое состояние Дарвазкого бекства и основние заниятия его насиления- Душанбе,1958,с.50).

Усули идораи аморат, ки пеш аз истилои ҳукумати подшоҳй мавчуд буд, бе ҳеч гуна тагирот давом кардан гирифт. Он сохти идоракуние, ки дар аморат вучуд дошт, акнун дар Бухорои Шарқй чорй гардида буданд. Аморати Бухоро аз 27 бекигарй иборат буда, ба ҳар яке аз онҳо бек, қозй, раис ва муфтй аз тарафи амир таъин карда мешуд. Бек мебоист корҳои давлатй, маъмурй ва зироатиро идора мекард, қозй дар асоси шариат корҳои маҳкамаро ба чо меовард, раис аз тарафи аҳоли ичро шудани фармоишоти дину шариатро назорат менамуд ва муфти ҳамчун донандаи қонунҳои шариат, дурустй ва нодурустии ин ва ё он ҳодисаро фаҳмонда медод. Ҳамаи ин касон дар навбати аввал ва асосан манфиати доираҳои ҳукмрон ва фоидаҳои шахсии худро таъмин мекарданд. Бекҳо , ки ба воситаи амлокдорҳо ва дигар одамони худ корҳои замин ва молия, чамъ кардани хироч ва гайраро идора менамуданд, дар ҳалли ин масъалаҳо комилан худсарона амал мекарданд, аз аҳоли чй ситондан ва ба хазина чй супоридани онҳоро касе тафтиш намекард.

Мингбошй, амин, оқсақол ва арбобҳо, ки ба сифати намояндаи аҳолй таъин мешуданд, одатан ба кирдори ҳоким ва беку амалдорони амир пайравй мекарданд. Ин ҳол боиси ривочи горатгарй ва порахурй гардида, ба иқтисодиёт зарбаи сахт мезад ва зиндагонии бе ин ҳам сахти аҳли меҳнатро ба дарачаи токатнопазирй мерасонид.

Аморати Бухоро, Бухорои Шарқиро чун мустамликаи худ қарор дода, дар ин чо назар ба қисми гарбии аморат тартиботи сахтаре чорй намуд, табақаҳои ашрофи сипоҳ ва нуқарҳо, заминдорони калону руҳониён ва бойҳо ба такягоҳи аморат табдил ёфта буданд. Ба ин гуруҳҳои болонишини истисморкунанда аз мирохур то додхоҳ ҳар гуна рутба ва мансабҳо дода мешуд. Мансабҳои олитар фақат ба сипоҳиёни дарбори амир бахшиш мегардид. Амир ба ивази маош ба ин сипоҳиён андози тамоми як деҳаро мебахшид. Сипоҳиёне, ки дорой чунин мукофот мегардиданд, “танҳо” -дор меномиданд.

Деҳқонони чунин деҳаҳо ба фоидаи танҳо кор мекарданд. Танҳохур метавонист духтарони ин деҳаҳоро фурушад, ба занй гирад, ҳавлиҳои деҳқононро кашида гирад ва ҳарчи хоҳад мекард. Хариду фуруши мансабҳо ба тарзи руйрост авч гирифта буданд. Чунин хариду фуруши мансабҳо боз ҳам аҳволи халқи камбагалро бад мегардонид. Солҳое, ки дар Қаротегин ҳокимони амир Алмосбек (1886-1892) ва Муҳаммадмурод -парвоначй (1842-1904) ҳукмрони мекарданд, хариду фуруши мансабу вазифа ва унвону рутба қариб, ки ба расмият даромада буд. Барои нукари одди шудан 1200-3000 танга ришва додан лозим буд. Агар ин гуна нукар дар шаҳр ё қалъае ба хизмати ҳарбй таъин мешуд, аз ҳар гуна андоз озод карда шуда, гайр аз ин, барои таъмини маош ба ихтиёраш ду “буна”- хочагии деҳқони дода мешуд. Агар нукар худаш замину богу ҳавлй дошта бошад, дар ин сурат ба вай “буна” дода намешуд, вале ягон андоз аз у сито да намешуд”. Мансаби каровулбегй хеле қимматтар 2-4 ҳазор танга меистод. Ба ихтиёри қаровулбегй 4 “буна” дода мешуд. Қаровулбегие, ки дар хизмати амир бошаду дар айни ҳол молу мулку замин дошта бошад, уҳдадор буд, ки ба фонди хазинаи амир ушр (даҳяки ҳосил) ва “амал”, яъне 21 танга хирочи заминро диҳад”.(Маджлисов А. Аграрные отношения в Восточной Бухаре в XIX начале ҶҶ века.-Душанбе-Алма-Ата,1967-с.71).

Ҳамин тавр, тамоми мансабҳо, аз чумла, мансаби мирохур 3-5 ҳазор танга, ба ихтиёраш 4-10 “буна”, туқсабо 5-10 ҳазор танга, ба ихтиёраш 100 “буна”, мансаби эликбошй 6-15 ҳазор танга, ба ихтиёраш 150-200 “буна” фурухта мешуд.

Ниҳоят, мансаби “бий”, ки онро худи амир медод (дигар мансабҳои аз ин поинро худи беки Қаротегин мефурухт ва аз ин хариду фуруш ҳатто амирро хабардор намекард) то 300 “буна” мегирифтанд, ки онҳоро истисмор карда, кусури харочоташонро мебароварданд.

Мансабу рутбаҳои динй низ дар ҳама ноҳияҳои Чанубу Шарқй ва Марказии Точикистон, ки ба ҳайати Бухорои Шарқй дохил мешуданд, фурухта мешуданд. Ҳуқуқи додани мансабу унвони қозикалон, ду ноиби он ва раис ба амир тааллуқ дошт ва дар ин бобат фақат амир ярлик дода метавонист. Мансабҳои поёниро худи бек тақсим мекард. Ҳар касе, ки бештар пора медод, соҳиби ҳуқуқу имконияти бештаре мешуду тақдири садҳо деҳқонону косибонро ҳал мекард. Ҳангоми додани вазифа сифатҳои шахс, қобилияти вай мутлақо ба назар гирифта намешуд. Дар ҳамаи дигар бекигариҳо вазъият чунин буд.(Юсуф Ш.., Очерки истории Кулябского бекста в конце 19 и начале 20 вв.-Д.1964.-с.38-39).

Албатта ин гуна тартибот ба маъмурони амир маъқул ва мувофиқи табъ буд. Онҳо дар хурдтарин мансаб истода, дар зарфи 2-3 сол сарвати зиёде чамъ мекарданд.

Ҳокимони вилоятҳо, алалхусус дар ноҳияҳои Чанубу Шарқй ва Марказии Точикистон дар горату таҳқири аҳолй ягон ҳадду канор надоштанд.чорводорй акнун на фақат ба бозорҳои Бухорои Гарби, балки ба Туркистон ҳам бурда мешуданд. “Ба тарзи идораи феодалй, ки дар аморат вучуд дошт, ки ба пешрафти муътадили кишвар монеа мешуд нигоҳ накарда, муносибатҳои капиталистй оҳиста-оҳиста ба ноҳияҳои Бухорои Шарқй cap даровардан гирифтанд. Дар ин кор нақши муҳимро сохтмони роҳҳо аз Фаргона ба Помир, аз Самарқанд ба Термиз ба Чубеку Кулоб бозиданд”.(Искандеров Б.И. Из истории Бухарского эмирата. М., 1958,с.84).

Ҳамин тариқ, охири асри XIX ва ибтидои асри ҶҶ иқтисодиёти ноҳияҳои Чанубу Шарқи ва Марказии Точикистон баробар тараққй намекарданд. Амалдорони амири Бухоро намехостанд, ки русҳо берун аз марзи аморати Бухоро бароянд. Фақат шумораи ками русзабонҳо дар ибтидои асри ҶҶ ба бекигариҳои Қургонтеппа, Кулоб ва Ҳисор омада, дар пешбурди хочагии қишлоқ ба аҳолии маҳаллй ёрй расониданд. Бо вучуди cap даровардани нишонаҳои капиталиста дар хочагии қишлоқ як дарача ба пешрафту инкишофи муборизаи оммаи меҳнаткашон ба муқобили сохти мавчудбуда дар ин ноҳияҳо кумак расонид. Муборизаи халқи точик бар зидди мутлақияти Россия ва аморати Бухоро

Сиёсати мустамликавии ҳукумати подшоҳй ва аморати Бухоро зиддияти ичтимоиро тезу тунд гардонда, чун зуҳуроти олии норозигии халқи меҳнаткаш аҳолии мустамликаро ба шуриши ошкоро бархезонд.

Ошубҳои халқй баъзан қисми калони аҳолиро ба худ кашида, характери оммавиро мегирифтанд. Қувваҳои харакатдиҳандаи ин шуришҳо деҳқонони чорякор, мардикорон, ҳунармандон ва камбагалони шаҳрҳо буданд. Дар баробари меҳнаткашони узбек, қиргиз, туркман дар ошубҳои халқи точикон низ иштироки фаъолона доштанд.

Соли 1870 ду ҳазор нафар деҳқонон аз худсарй ва миқдори зиёди хироч ва закот ба шур омада, қалъаи Балчувонро муҳосира карданд. Беки Балчувон Абдукаримбек, ки сабабгори шуриш шуда буд, аз газаби халқ тарсида ба Ҳисор гурехт. Ошуб характери номутташакилона дошт. Деҳқонон қалъаро гирифта, молу мулки онро байни худ тақсим карда, ҳамоно хона ба хона пароканда шуданд. Аз ин истифода бурда, ошубро дастаи аскарони ҳокими Ҳисор Яқуб- Қушбегй пахш карданд. Чанд тан аз иштирокчиёни шуриш ба дор кашида шуданд. Қисме аз онҳо ба Дарвоз гурехтанд. Абдукарим ба Балчувон баргашта, ба тариқи пештара мардумро горат мекард.

Моҳи декабри соли 1874 аз сабаби худсарии андозчамъкунандагон дар Балчувон ошуби дигар cap зад. Мардумро фиреб доданд, ки ба амир арзу шикоят карда, ба чавоби он мунтазир шаванд. Дар ин лаҳза сардори дастаи қушуни Бухоро 7-нафар сардорони шуришро дастгир карда, ба зиндон партофт ва шуришро пахш намуд.

Соли 1872 дар Хучанд бар зидди сиёсати андозгирии ҳукумати подшоҳй ва зулми ҳокимони маҳаллй шуриши халқй ба амал омад. 15-уми апрели соли 1873 дар Хучанд шуриши дигар ба амал омад, ки дар он зиёда аз 10 ҳазор кас иштарок дошт. Халқ талаб кард, ки андозҳо кам карда, шароити меҳнат беҳтар карда шавад. Шуришро дастаи ҳарбй пахш карда, бисер иштирокчиёни он ба Сибир бадарга карда шуданд.

Соли 1873 дар Паши ном деҳаи Уротеппа ва соли 1875 аз нав дар Уротеппа ошубҳо ба амал омада буданд.

Дар солҳои 1885-1886 шуришҳои калони халқй қариб тамоми маҳалҳои точикнишинро фаро гирифт. Деҳқонони Муъминобод, Шурообод, Кулоб, Балчувон ва Ҳисор ба шуриш бархестанд. Дар Ҳисор муборизаи деҳқонон барои замин ва об, ба муқобили мачбуриятҳои феодалй ба муборизаи қосибон барои беҳтар кардани шароити меҳнат пайваста буд.Дар натичаи муборизаи дуру дароз соҳибони дуконҳо мачбур шуданд, ки гузашт карда, талаботҳои ошубгаронро ичро кунанд.

Калонтарин баромади халқи дар Бухорои Шарқй ба муқобили зулми амири шуриши соли 1888 буд. Дар бораи санаи шуриш дар байни таърихчиён солҳои тулони ақидаи ягона набуд. Аксарияти муаррихон саршавии шуришро соли 1885 (аз чумла ин санаро шарқшиносони машҳур академик Б.Гафуров ва Б. Искандаров) ҳисоб мекарданд. Лекин тадқиқотҳои минбаъда нишон дод, ки шуриш соли 1888 рух дода буд. (Нигаред. Пирумшоев Ҳ.П. “Таърихи омузиши шуриши Восеъ” -Душанбе, 1992.1.-с.57-68).

Дар бекигарии Кулобу Балчувон чандин сол хушксолй ба амал омад. Соли 1888 (то ин давра соли 1885-нишон дода мешуд) соли серҳосил омад. Амалдорон аз деҳқонон андозҳои барзиёд гирифта мехостанд, ба ин восита чои солҳои камҳосилро пур кунанд. Ин баҳонаи шуриш гардид.

Шуриш дар амлокдории Ховалинг cap шуда, Балчувон, Сарихосор, Кулоб ва дигар ноҳияҳоро фаро гирифт.

Пешвои шуриш деҳқонони Ховалинги Абдулвосеъ буд. Шуриш ба муқобили сиёсати амир ва амалдорони маҳаллй равона карда шуд.

Деҳқонон талаби амалдоронро дар бораи адои андози чандсола рад карданд, дар натича дар миёни деҳқонон ва андозчамъкунандагон задухурд ба вучуд омад. Деҳқонон закотгирро куштанд, хонаи амалдори Ховалингро хароб карда, ба қалъаи Беки Балчувон ҳаракат карданд. Онҳо кушиш карданд, ки масъаларо ба тарзи гуфтугу ҳал кунанд. Бек ба назди чамъомадагон муллоҳоро фиристода, мақсад дошт, ки деҳқононро пароканда намояд. Дар ин муддат бек аскаронашро бар зидди деҳқонон омода кард. Шуришгарон ба аскарони бек шикаст дода, қалъаи Балчувонро ба даст дароварданд. Бек ба Кангурт герехт.

Шуришгарон барои паҳн кардани шуриш чорае надида, баъди ба даст даровардани ин қалъа ин муваффақияти худро вусъат надоданд. Дар натича баъзе аз шуришгарон лагери шуришро тарк карданд.Бекҳои Кулоб, Ҳисор ва Қаротегин ба ёрии беки Балчувон омада, бо қувваҳои ҳарбии худ қалъаи Балчувонро аз дасти Восеъ гирифтанд. Восеъ ба тарафи Кангурт ақиб нишаста ба қувваи нав ба суй Балчувон ҳаракат карда, қалъаро аз нав ба даст даровард. Вале ёрии навбатии бекҳои ҳамсоя тақдири шуришро ҳал намуд.

Восеъ шикаст хурда, хост, ки ба тарафи Ховалинг ақиб нишаста, қувваҳои худро муттаҳид намояд. Аммо ин чиз муяссар нашуд. Шуриш аз тарафи қувваҳои якачини амир шикаст хурд. Восеъ ва ёрдамчиёнаш асир афтоданд. Дар як руз 40 нафар шуришчиён ба дор кашида шуданд. Восеъро чанд руз дар маҳбас нигоҳ дошта, соли 1888 дар Шаҳрисабз ба қатл расониданд.

Аз сабаби номутташакил ва бе нақшаи муайян амал кардани шуришгарон онҳо муваффақият пайдо карда натавонистанд. Ба шикасти шуриш нигоҳ накарда, таҳкурсии зулмат ва асосҳои феодалии аморат то рафт сует мегашт. Меҳнаткашон дар муборизаҳо бо душман обу тоб ёфта, то рафт муттаҳид мегардиданд.

Дар нимаи дуюми асри XIX дар қатори шуришу баромадҳои стихиявии деҳқонон ва мардикорони хочагии қишлоқ аввалин баромадҳои коргарон, ки баробари сохтмони корхонаҳои нахустин ташаккул ёфта буд, ба амал омад. Аввалин баромадҳои коргарон ҳануз дар давраи сохтмони роҳи оҳан мушоҳида карда шуданд.

Коргарон дар сохтмони роҳҳои оҳан, конҳо ва корхонаҳои саноатй дар шароити ниҳоят бад меҳнат мекарданд. Ба ивази меҳнати 16-18 соата ба коргарон музди ночиз дода мешуд аз коргарон чаримаҳои зиёд ситонда мешуд. Яке аз корпартоии калонтарину аввалини коргарон соли 1885 дар кони ангишти Киштути волости Панчакент ба амал омада буд. Корпартофтагон сардор ва назоратчиёнро куфта, ба назди ҳокими Панчакент раҳсипор гардиданд. Дар роҳ отряди аскарон онҳоро пароканда карданд. Се нафар коргарон ҳабс карда шуда ва арзу шикояти онҳо бе натича монд.

Корпартой ва баромадҳои коргарон, ба монанди шуру ошубҳои деҳқонон ҳануз стихиявй ва пароканда буданд. Бо вучуди ин, баромадҳо ба муқобили сиёсати мустамликавии ҳукумати подшоҳй ва лаганбардорони онҳо равона карда шуда буданд, ки дар мутташакилгардии баромадҳои ояндаи меҳнаткашон аҳамияти калон доштанд.

Халқи точик дорой маданияти бою қадима буда, дорой аломатҳои демократй мебошад. Аммо дар шароити зулми мустамликавй ва феодали маданият ру ба таназзул ниҳода буд. Дар шароити мустамликавй маданият ва истеъдоди халқ тараққй карда натавонист. Маданият ва забони халқҳои миллй ҳарчониба маҳдуд гашта, ба пешрафти маърифат ба таври сунъй халал расонда мешуд.

Дар Осиёи Миёна дар охири асри XIX, ба монанди пештара, манбаи маърифат ва маданият, мактаб ва мадрасаҳо буданд. Мактабҳо асосан дар назди масчидҳо амал мекарданд. Барои таълими фарзандон аз волидайн маблаг ва бахшишҳои зиёд ситонида мешуд. Таълимгирй бо усули кориёна аз ёд кардани матнҳои арабй мегузашт. Хонандагон барои аз худ кардани хуруфоти араби ним сол вақт сарф мекарданд. Баъди он хонандагони пешқадам матни арабии “Ҳафтяк”-ро бо муаллим ҳамовоз шуда такрор мекарданд. Баъди он ба хондан ва аз ёд кардани “Чоркитоб” мегузаштанд. Ин кор се сол вақтро мегирифт. Фақат пас аз ин талабагон ба омухтани хатнависй машгул мешуданд.

Ба мавчудияти миқдори зиёди мактабҳо нигоҳ накарда, аҳолии Осиёи Миёна, ба гайр аз намояндагони руҳониён, хонандагони мадрасаҳо ва савдогарони шаҳрй, қариб саросар бесавод буданд.

Мактабҳои ибтидоии динй барои мадрасаҳо шогирдон тайёр мекарданд. Мадраса яке аз намудҳои аввалини донишкада, маркази тайёр кардани мутахассисоне буд, ки таълим дар асоси хуруфоти динй ба роҳ монда шуда буд. Харчу харачоти Мадраса аз ҳисоби хонандагон буд. Хонандагон дар Мадраса иқомат мекарданд. Таълим дар Мадраса 18 -20 сол давом мекард, ки дар ин мудат забони арабй, точикй, қуръон ва тафсири он, мантиқ, фалсафа, таърих, чугрофия, омухта мешуд.

Дар нимаи дуюми асри XIX , баробари ба Туркистон омадани аҳолии рус, дар ин чо мактабҳои ибтидоии русй ва гимназияҳо пайдо мешуданд. Соли 1870 губернатор Абрамов дар Самарқанд аввалин мактаби русии маҳаллиро кушод. Дар ин мактаб бачагони маҳаллй забони русй ва предметҳои маълумоти умумиро меомухтанд. Дар мактаб муаллимони рус даре мегуфтанд. Чунин мактабҳо дар ноҳияҳои Точикистони имруза, ки ба ҳайати генерал-губернатори Туркистон дохил мешуданд, таъсис ёфтанд. Аз чумла, дар соли 1895 дар Хучанд, соли 1888 дар Уротеппа ва баъдтар дар Хоруг низ чунин мактабҳо кушода шуда буданд.

Барои аҳолии калонсол дар назди мактабҳои русии маҳаллй курсҳои шабона амал мекарданд, ки дар он забони русй омухта мешуд.

Дар баробари мактабҳо дар Осиёи Миёна аввалин манбаъҳои мадани-матбаа (соли 1868 дар Тошканд), китобхона (соли 1870 ) ва дигар нуқтаҳои маданй пайдо шуданд.

Баъди ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна ба Россиян подшоҳй олимони рус ба омухтани табиат, чугрофия ва таъриху маданияти Осиёи Миёна cap карданд.

Олимони рус П.П.Семён-Тянь-Шанский, Н.А.Северцев растаниҳо, табиат ва олами ҳайвоноти Осиёи Миёна, П.П.Федченко боигарии табиии водии Олой, В.В. Мушкетов геологияи ноҳияҳои куҳии Осиёи Миёнаро мавриди татқиқот қарор доданд.

Олимони рус дар шароити душвори бероҳӣ, маблағи ночиз ва куҳҳои касногузар ва даштҳои тафсон гузашта, дар бисер мавридҳо ҷони худро дар зери хавфу хатар гузошта, экспедитсияҳои илмӣ ташкил мекарданд.

Бо ташаббуси А.П. Федченко на В.Ф. Ошанин дар солҳои 70-уми шуъбаи маҳаллии ҷамъияти дӯстдорони табиатшиносӣ, антропология ва мардумшиносӣ (этнография) таъсис дода шуд. Инчунин, ҷамъияти техникии рус, ҷамъияти Туркистонии табии ва ғайраҳо таъсис ёфта буданд. Ҳамагӣ дар Туркистон 15 ҷамъияти илмӣ амал мекарданд. Бо ташаббуси ин ҷамъиятҳо ноҳияҳои дурдасттарини куҳистони Тоҷикистони имрӯза омӯхта шуданд. Бо роҳбарии Л.В. Ошанин экспедитцияи антропологи 6а Қаротегин ва Помир фиристода шуд. А.Э. Регель 6а болооби дарёи Панҷ сафар карда буд. Дар солҳои минбаъд олимони рус Северцев Н.А., Семёнов П.П.,

Мушкетов И.В., Грум-Гримайлов ва дигарон дар омӯхтани соҳаҳои ҷудогонаи илм саҳми босазо гузоштаанд.

ПАЙДО ШУДАНИ АФКОРИ ҶАМЪИЯТИ-СИЁСИИ

МАОРИФПАРВАРӢ ДАР ОСИЁИ МИЁНА.

Дар нимаи дуюми асри XIX дар афкори ҷамьиятии халқи тоҷик дар зери таъсири маданияти рус ҷараёне пайдо шуд, ки вай ба номи маорифпарварӣ машҳур аст.

Истилоҳ ва мафҳуми маорифпарварӣ дар асрҳои XVIII дар ҳаёти ҷамъияти Англия дар асри XVIII дар Франция ва охири асри XVIII ибтидои асри XIX дар Россия ба вуҷуд омада буд, Намояндагони афкори пешқадами мамлакатҳои гуногун, монанди Вольтер, Дидро, Руссо дар Франция, Радищев дар Россия ба муқобили тартиботи зулми феодалӣ мубориза мебурданд, дар байни оммаи васеи халқ паҳн шудани илму маърифат кушиш мекарданд, ҷорӣ намудани тартиботи нав дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии мамлакатҳои номбурда, ҷараёни маорифпарварӣ ва намояндагони ин ҷараён маорифпарвар ном гирифта мешуданд.

Фаъолияти ҷараёни нави Бухоро. ки баъд аз ҳамроҳ шудан ба Россия пайдо шуд, эҷодиёт ва фаъолияти адабию ҷамъиятии он 6а тавсифи мамлакатҳои Аврупоӣ якхела буд, аз ин ҷиҳат ин ҷараёни маорифпарварӣ за намояндагони он маорифпарвар ном гирифт.

Маорифпарварони тоҷик нисбат 6а сохти феодалӣ ва тартиботи давлатии он нафрат доштанд. Аҳмади Дониш дар асарҳои худ тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоии аморати Бухороро танқид намудааст. Дар “Наводир-ул-вақоеъ” ба тамоми мадарасаҳои Бухоро таълими илмҳои дуняви, омӯхтани донишҳои ба ҳаёту зиндагӣ заруриро тартиб намудааст. Дар асарҳои маорифпарварон нисбат ба тартиботи давлатӣ ва илму маърифати аврупсӣ ҳусни таваҷҷӯҳ доштан мушоҳида карда мешаванд.

Онҳо манфиати оммаи меҳнаткашро самимона ҳимоя карда бовари доштанд, ки агар аз идораи давлатӣ амалдорони золиму ситамгар ронда шаванд ва тартиботи идораи давлат ба низоми муайян дароварда шавад, беҳбудии аҳволи омма таъмин мегардад. Дар тартиби ин ақида маорифпарварон аз ҳаёт ва тартиботи давлатҳои пешқадам мисолҳо меоварданд. Баробари ин, онҳо аз ҳикоят ва ривоятҳои анъанавӣ дар бораи адлу инсофпарварии ҳукмронҳои гузаштаи Шарқ мисли Искандари Румӣ, Анушервон, Хорунаррашид ва дигарон мисолҳо оварда, онҳоро ҳамчун намунаи ибрат дар асарҳои худ тасвир менамудаанд. Ҳамин тариқ афкор ва фаъолияти маорифпарварони тоҷик дар танкиди сохти давлатӣ, тартиби маърифат, илму дониши дунявӣ, тартиби тарзи зиндагии мамлакатҳои Аврупо ва Россия ва ҳимояи манфиати оммаи меҳнаткашон зоҳир мегашт.

Сарвари маорифпарварон дар нимаи дуюми асри XIX Аҳмади Дониш буд, Афкори маорифпарвари дар осори Возеҳ ва Шоҳин, махсусан, равшантар акс ёфтааст.

АҲМАДИ ДОНИШ

Аҳмади Дониш соли 1826 дар Бухоро дар оилаи Мулло Мир Носир таваллуд шудааст. Дар оилаи Мир Носир Аҳмад фарзанди ягона буд.

Аҳмади Дониш хондану навиштанро дар ҳавлии худ, дар мактаби хусусии модараш, ки барои саводомӯзии кӯдакон кушода буд, ёд гирифт.

Тахминан дар солҳои 1837-1838 падараш Аҳмади Донишро ба мактаби қориҳо медиҳад, то ки қуръонро аз ёд кунад. Дар давраи таҳсили Мадраса Дониш хеле мушкилиҳои зиндагиро дид. Падараш камбағалона мезист ва ба писараш дуруст ёрӣ расонида наметавонист.

Аҳмади Дониш барои таъмини зиндагиаш шабҳо хоб накарда, бо хатти зебо ва нақшу лавҳаҳо девони шоирони гузаштаро китобат мекард, онҳоро бо расму суратҳо ороиш медод, Ин дастнависҳоро ба дӯстон ва харидорони дигар фурӯхта пул мекард ва бо ҳамин зиндагии худро таъмин менамуд. Дар натиҷа Аҳмади Дониш ҳамчун сураткаш ва хаттоти моҳир дар байни мардум овоза баровард.

Барномаи мадраса, ки асосан аз омӯхтани забони араби, мантиқ ва дигар илмҳои динӣ иборат буд, Аҳмади Донишро қаноат карда натавонист. Вай ин дарсҳоро бо муваффақият аз пеши устодонаш гузаронида, боқимонда вақту соатҳои холиашро ба омӯхтани илму фанҳое, ки дар мадрасаҳои Бухоро намегузаштанд, сарф мекард. Вай риёзиёт, илму нуҷум (астраномия ), табииёт, ҷуғрофия, таърих ва фалсафаи шарқро хеле ва дақиқ ба таври мустақил, бе ҳеҷ роҳбарии устоде омӯхт.

Соли 1857 амир Насрулло барои таъзияи вафоти императори рус Николайи 1 ва ба муносибати ба тахт–нишастани Александри 2, инчунин, бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани робитаҳои тиҷоратии Бухорову Россия ба Петербург элчӣ фиристодани шуд. Ба элчигии амир Муллоҷон ном мансабдоре таъин гардид. Амир Аҳмади Донишро низ ҳамчун муншии (котиби) элчӣ ба ҳайат ҳамроҳ кард. Амир шахсан ба Аҳмади Дониш таъин кард, ки ҳаёту зиндагии Россияро дуруст мушоҳида кунад ва аз чигунагии корҳои он давлат баъд амирро огоҳ намояд.

Элчиёни амир дар Петербург-пойтахти империяи Россия ду моҳ (аз 9-уми ноябри соли 1857 то 12 январи соли 1858) истиқомат карданд. Дар ин муддат онҳо, ғайр аз гуфтугуҳои расмии давлати бисер, марказҳои илму маданият ва иншоотҳои техникии Петербургро тамошо карданд. Аз ҷумла, онҳо Институти технологи, фабрикаи газворбарорӣ, боғи ботаникии императори, Музеи академияи фанҳо, расадхонаи калони асторономии Пулково, Монежный двор, театр ва консертҳоро тамошо карданд.

Сафари Россия дар пеши назари Аҳмади Дониш як ҷаҳони тозаеро кушод. Вай пешрафти илм ва кашфиёти техникии Россияро дида, боварӣ ҳосил намуд, ки аморати Бухоро аз тамоми ҷиҳатҳои ҳаёти иқтисодиву маданӣ чӣ андоза ақиб мондааст ва аҳолии он чи хел дар ғафлату ҷаҳолат зиндагӣ ба cap мебаранд.

Орзуи аввалини Аҳмади Дониш он буд, ки бисер навигарӣ ва самараҳои тараққиёти маданию техникии Россияро дар Бухоро низ ҷорӣ ва истифода намудан мумкин аст. Ӯ гумон дошт, ки агар чизҳои дар ин диёр дидаашро пас аз бозгашт ба амир нақл кунад, амир албатта бисёр ҷиҳатҳои мусбат ва пешқадами тартиби давлатдорӣ ва илму маданияти русро дар аморати Бухоро ҷорӣ мекунад, дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ тағйироти калоне дохил менамояд. Аммо орзую умедҳои Аҳмади Дониш амалӣ нашуданд. Амир ё аз Аҳмади Дониш аз хусуси навигариҳои Россия чизе напурсид ва ё агар ҳикоятҳои Донишро шунида бошад ҳам, ба онҳо эътиборе надод, аз онҳо ибрате нагирифт.

Пас аз имзои шартнома соли 1868 амир Музаффар ба Петербург ҳайати сафорати худро мефиристад. Дар ин ҳайати сафорат бо амри амир Аҳмади Дониш низ ҳамчун шахсе, ки бо расму русуми русҳо аз ин пеш шиносоӣ дошт, дохил мешавад. Вазифаи элчиён аз он иборат буд, ки ба император Александри 2 садоқат ва дустии амирро изҳор дошта, аз подшоҳӣ рус илтимос намоянд, ки баъзе шаҳрҳои Россия забт намударо (чунончӣ, Самарқанд ва Чиззахро) ба ихтиёри амир боз гардонанд.

Дар ин сафар Аҳмади Дониш бо илму маданият, тартиботи давлатдорӣ баъзе воқеаҳои сиёсии Россияву Аврупо боз ҳам амиқтар ва ҳаматарафа шинос шуд. Ғайр аз ин, ӯ дар ин сафар бофаросат ва фазлу сиёсатдонии худ дар пеши ҳукуматдорон ва амалдорони рус эътибори калон пайдо кард. Шахсони расмии ҳукумати рус ба Аҳмади Дониш ба дараҷае эҳтиром доштанд, ки бисер масъалаҳои давлатии байни Россия ва Бухороро бевосита бо худи ӯ машварат ва ҳал мекарданд. Баъд аз бозгашт Аҳмади Дониш дар дарбор ҳарчанд ягон вазифаи маъмуриро иҷро накунад ҳам, аммо дар баъзе масъалаҳои давлати амир бо ӯ маслиҳат ва машварат мекард. Ин ҳолат душманони Аҳмади Дониш ва намояндагони иртиҷопарасти дарборӣ амирро дар хашму ғазаб меоварданд.

Дар охирҳои соли 1873 амир Музаффар ба Петербург боз ҳайати сафорати нави худро мефиристад. Дар ин сафар боз Аҳмади Дониш ба сифати сармуншии сафорат ва машваратчии элчӣ аз тарафи худи амир таъин гардид. Элчиёни Бухоро ба Петербург дар аввалҳои моҳи январи соли 1874 расиданд ва то охирҳои моҳи феврал дар он ҷо истиқомат карданд. Дар ин сафар Аҳмади Дониш бо ҳамроҳии шахсони расмӣ дар муддати чанд рӯз ба Москва низ мусофират намуда, ёдгориҳои таърихӣ ва тамошогоҳу саноат ва иншоотҳои ин шаҳри қадими русро тамошо кард.

Ин се сафари Аҳмади Дониш ба Россия барои равнақу инкишофи ҷаҳонбинӣ ва табаддулоту тағйироти кулли фикру ақидаҳои ӯ таъсири хеле калоне дошт. Пешрафти нисбат ба Бухоро ниҳоят фавқулоддаи Россия-тараққиёти саноату техникаи ҳарбӣ, ҳунарҳои санъати меъморӣ ва ғайраро дида, Аҳмади Дониш бовари ҳосил кард, ки агар ба инсон илму маърифат дода шавад, ӯ қодир аст, ки дар рӯи замин муҷиза офарад.

Аз бисёр ҷойҳои осори Аҳмади Дониш ва умуман, аз афкору ақидаҳои пешқадами вай маълум мешавад, ки нависанда дар вақти сафарҳои худаш аз ғояҳои тараққипарваронаи ҷамъияти он вақтаи рус ва аврупои ғарбӣ ҳам воқиф будааст. Ин шиносоӣ на ба воситаи матбуот ва китобҳои чопи, балки аз руи нақли баъзе шахсони маърифатноке буд, ки Дониш бо онҳо ошноӣ дошт. Номи баъзе аз ин ошноҳои Дониш аз асарҳои ӯ ва баъзе ҳуҷҷатҳои архив маълум аст. Чунончӣ, дар вақти сафари соли 1869 ӯ дар Тошкенд бо П.И. Пашино ном шахси хеле тараққипарвари рус шинос мешавад. Дар вақти сафари сеюм ӯ бо полковники рус Козаков шинос шуда буд. Дар сафари аввалинаш ӯ бо шарқшиноси маъруфи рус В.Григорев дар Оренбург чандин мулоқот дошт. Дар бозгашти сафари сеюм аз Тошканд то Шаҳрисабз капитан Стремоухов ҳамроҳи Аҳмади Дониш буд ва аз хотироти ин капитан маълум мешавад, ки Аҳмади Дониш дар пеши арбоби давлати рус эътибори зиёде доштааст.

Пас аз ин ки Аҳмади Дониш бо тарафҳои прогрессивии Россия шинос шуд, боварӣ ҳосил намуд, ки агар дар тартиби давлатдори ва ҳукумати Бухоро тағйироти ҷиддие ҷорӣ нашавад, пешрафти маданию иқтисодии ин мамлакатро ба даст овардан мумкин нест.

Соли 1874 баъди бозгашт аз Россия амир ба Аҳмади Дониш таклиф мекунад, ки дар дарбор ё дар ҳукумати амир ягон вазифаи маъмуриро ба зимаи худ гирад. Аҳмади Дониш ҳис мекард, ки агар ӯ дар кори давлат иштирок кунад, ба мамлакату раият бисер манфиат оварда метавонад. Аммо баробари ҳамин медонист, ки агар тартиби ҳозираи давлат дигар нашавад ва дар сари кори ҳукумат касони нодону ҷоҳил мондан гиранд, танҳо худи вай ҳеҷ коре карда наметавонад. Бинобар ин, ӯ ба ақидае меояд, ки дар тартиботи давлат ва ҳукуматдории аморат бояд ислоҳот ва тағйироти ҷиддие ҷорӣ карда шавад.

Аҳмади Дониш дар бораи тарзи давлатдори ва ислоҳоту тағйироти тартиботи ҳукуматдории аморат рисолаи махсусе навишта, онро ба амир пешниҳод мекунад ва дар муқаддимаи он рисола кушоду равшан менависад, ки агар амир таклифҳои ӯро қабул накунад, вай дар ҳеҷ сурат розӣ намешавад, ки иҷрои ягон вазифаи давлати ва ҳукуматиро ба зимма гирад.

Ин кушодагӯи ва ҷасорати Аҳмади Дониш амирро хеле дар хашм кард. Баъд аз он, ки ӯ бо таклифҳои Аҳмади Дониш шинос шуд, дид, ки ин табаддулот ва тағйирот мавқеи амирро дар аморат хеле суст мекунад ва ҳуқуқи мутлақияти ӯро хеле маҳдуд менамояд. Амир дигар Аҳмади Донишро ба кори давлатӣ таклиф накард ва акнун мекӯшид, ки ӯро ҳар чи зудтар аз дарбори худ дур кунад. Чунон ки Аҳмади Дониш нақл мекунад, амир ба наздикони худ мегуфтааст:

“Ман фалониро бо суфарои (элчиёни) давлат ба ҷониби Руссия ҳамроҳ кардам, дар охир ба ман насиҳатгар шуд. Ман баъд аз ин ӯро нафиристодам” Аҳмади Дониш дар ҷавоб бо дустони худ гуфтааст: “Ман ҳам ба нӯкарии ин калахарон толиб нестам”.

Ба ҳамин тариқа, дар охири солҳои ҳафтодум Аҳмади Дониш аз дарбор ва хидмати амир тамоман даст мекашад ва чунон, ки худаш навиштааст: «Дар гӯшаи қаноату маҷҳули умр ба cap мебарам». Аҳмади Дониш аз корҳои давлат ва вазифаҳои ҳукумат фароғат ёфта, имконият пайдо мекунад, ки ба корҳои илмию адабӣ машғул шавад. Дар ин солҳо ӯ асари машҳураш “Наводир-ул вақоеъ” ва боз чанде рисолаҳои илмӣ навишт. Дар атрофи Аҳмади Дониш бисёр шогирду мухлисони ӯ ҷамъ шуда, асарҳои ӯро бо шавқи тамом мехонданд, аз онҳо нусхабардорӣ мекарданд.

Амир Музаффар аз чунин машғулияти ҷиддии илмӣ ва таъсиру нуфузи Аҳмади Дониш дар байни аҳли илму адаб дар ташвиш меафтад ва ба ташвиқу тарғиби уламои дин ӯро ба яке аз туманҳои кӯҳистони Бухоро ҳамчун қозӣ мефирсонад.

 

Ақидаҳои маорифпарварии Аҳмади Дониш ки дар ҳаёти маънавии он замон ниҳоят тараққипарварона ва пешқадаме ҳисоб меёфтанд, дар натиҷаи шиносоии ӯ бо Россия ташаккул ёфта буданд. Аҳмади Дониш баъди сафарҳои худ ба Петербург тамоми пасмондагӣ ва ҳолати сохти иҷтимоӣ ва соҳаҳои гуногуни ҳаёти маданию илмии кишвари худро фаҳмид. Вай пешрафтҳои бузурги илмию техники Россия, тараққиёти саноати капиталистӣ ва кашфиётҳои илмиро дид, ба воситаи шахсони дигар ва пешрафтҳои давлатҳои тараққикардаи Аврупо ва тарзи идораи давлатҳои буржуазӣ хабардор шуд. Ҳамаи ин барои тағйироти бузурги ҷаҳонбинии Аҳмади Дониш аҳамияти калоне дошт.

Аҳмади Дониш нағз мефаҳмид, ки барои он ки аҳли пешқадами илму адаб ва умуман, оммаи васеи халқ чунин пасмондагию харобии кишвари худро фаҳманд, пеш аз ҳама, чашми одамонро ба сӯи мамлакати тараққикардаи Россия кушодан лозим аст. Аз ин сабаб дар асарҳои ӯ масъалаи тарғиб ва ташвиқи ҳаёти иҷтимоӣ ва илмию мадании рус мавқеи хеле калоне дорад. Аҳмади Дониш дар ду боби махсуси “Наводир-ул-вақоеъ” ду сафари ба Россия кардаи худро (яке сафари соли 1869-1870, дигаре сафари 1873-1874) хеле батафсил нақл мекунад. Дар ин ҷо вай аз санъати мусиқию театрии халқи рус, корхонаҳои илмию саноатӣ, аз сохтмони киштиҳои уқёнусгард ва пулу купрукҳои бузурги дарёи Нева, аз тарзи зиндагӣ ва расму одоби мардуми рус, аз занҳои озоду рӯкошода, аз кучаҳои тозаву озода ва ободу зебои Петербург ва ҳодисаҳои дигар хеле батафсил ва бо як ҳусни таваҷҷуҳу ҳиссиёти гарму ҷӯшон ҳикоятҳо кардааст. Албаттта ин нақлу ҳикоятҳои муаллиф ҳар як хонандаи он замонро аз хоби ғафлат бедор мекарданд, нисбат ба разолату ҷаҳолати ҳаёти он давр як нафрат пайдо мекунонданд.

Ғайр аз ин, Аҳмади Дониш дар ҷойҳои дигар низ ба ягон муносибату мавриде аз сафарҳои ба Россия кардааш ҳикоятҳо меорад, ё аз забони қаҳрамонҳои ҳикоятҳояш дар бораи Россия ягон фикри хуб ва мусбатеро баён мекунад. Чунончӣ, дар “Наводир – ул- вақоеъ” дар боби фасли сафари марди Ҳоҷӣ дар бораи он, ки мардуми христиан ба олимони илмдору маърифатнок, сарфи назар аз дини инҳо, чӣ хел қадрдони мекунад, сухан карда, чунин як воқеаро аз сафари Петербург нақл мекунад:

“Ҷамоаи насороро (яъне христианҳоро)” турфа шафқати муҳаббатест марҳали исломро, ки чунин нармию меҳрубонӣ дар миёни худишон (яъне дар байни худи мусулмонон) нест. Масалан, яке аз аҳли ҳунар… агар ду бор ба наздики аз арбоби давлат дарояд, ба нафрат ва дилтанги пеш оянд ва гуянд : “Ҳар рӯз пеши мо барои чӣ меояд ва маҷлиси моро халалдор ва талх мегардонад”. Бар хилофи насоро (ба акси христианҳо), ки ба ҳар боре беҳтар аз аввал мулоқот кунанд, хосса агар ҳунаре дорад, ноумед намекунанд.

Баъд аз ин Аҳмади Дониш худаш ҳикоят мекунад, ки чи тавр илму ҳунари ӯро дида вазири русҳо Стремоухов ба ӯ глобуси (курраи) замину осмонро туҳфа карда будааст.

Аҳмади Дониш бо воситаи тарғибу маданият ва илму маърифати рус мехост, ки дар ҳаёти маънавию илмии аморати Бухоро тарзи нав, усули нави русию аврупоӣ дохил гарданд. Ин яке аз ҷиҳатҳои муҳимми афкори маорифпарварии Аҳмади Дониш буд.

Як ҷиҳати барҷастаи афкор ва ақидаҳои маорифпарварии Аҳмади Дониш дар он буд, ки вай нисбати сохти пусидаи феодалӣ ва тартиботи давлатдории ин сохт нафрати беканоре дошт. Вай дар асарҳои худ тарафҳои пасмонда ва реаксионии ин сохтро сахт танқид мекард ва намояндагони табақаҳои ҳукмронро бо ҳаҷви ҷонсузаш ошкоро дар пеши ҷамъият фош менамуд. Вай менависад, ки «Аз шайхҳо ҳама фиребгар ва аз улламо ҳама ришватхор ба назар дармеомаданд Агар мударрисро тафтиш кунӣ, дарёбӣ, ки ҳама барои мансаб ва маош ва манманию худситоӣ ба ин кор даст задааст; қозигию раисӣ ҳеҷ коре ҳалол ва муҳабо надорад, ғайр аз ҳаромӣ маҳз ва шубаҳот; муфтиён ҳама чашм бар дар ва дида ба зар доранд, то касе биёяд cap кафида … ва сикка ва ҳуҷҷате диҳанд ва хиллаҳои шаръи биёмузанд ва дираме биситонанд». Дар “Рисолаи таърихӣ» ин табақаҳои муфтхури ҷамъиятро бо сардории амир аз ин ҳама сахттар танқид мекунад ва менависад:

” Ин турфа ҳайвонот ба худҳо вазорат ва аморатро лақаб ниҳода, ба зуру зулм худсарона рафтор карда, ҳар чи хоҳанд бикунанд… Пас, агар ҳоли султонро тафтиш кунӣ, фосиқе, золиме,саффоқе: ва қози марди ришвахори ҳароммкоре ва раис бедиёнате ва миршаб майзада ва қиморбоз, саргуруҳи роҳзанон ва саркардаи дуздон мебуд”.

Аҳмади Дониш дар Россия тарзи нави давлатдориро дид, ки дар он ҷо як тартиби муайяне ҷорӣ аст. Ғайр аз ин, аз вазъи мамлакатҳои Аврупо хабардор шуд, ки дар бисёр мамлакатҳои он ҷо инқилоб ба вуҷуд омада, ҳокимияти мутлақи подшоҳонро аз байн бардоштаанд, ё ба воситаи перламент ҳуқуқи подшоҳ маҳдуд карда шудааст. Вай дар фасли васияти фарзандон дар ин хусус менависад:

“Олимони Аврупо ва Юнон диданд, ки дар давлатҳо зуд-зуд инқилоб мешавад, аз китобҳои таърихӣ сабаби инқилоби давлатҳои гузаштаро хонда таҳлил намудаанд, ки сабаби ин дар он будааст, ки подшоҳон бо фикри худашон ҷомеаро бардошта, тудаеро ҳабс ва мусодир ва қатл мекунанд”. Пас олимон ба маслиҳату машварат биншаста гуфтанд : “Ҳамаи одамон дар роҳату меҳнат ва бахту бадбахтӣ баробаранд, чунки онҳо фарзанди як падаранд. Набояд, ки бе ягон сабабе ҳамдигарро зери даст кунанд ва бе ягон ҳуқуқе зиёдталабӣ намоянд ва худи давлатро ҳамчун шахсе фарз карда, ба андозаи ҳуқуқ аз вай ҳақ талаб кардан лозим аст”.

Аз ҳамин ҷо Аҳмади Дониш ба ақидае меояд, ки дар сохти ҷамъиятӣ ва давлатии Бухоро тағйирот ва ислоҳоти ҷиддӣ дохил намудан лозим аст, то ки ҳоли мамлакат ва аҳволи мардум беҳтар гардад. Вай ин фикрҳои сиёсии худро дар “Рисола дар назми тамаддун ва таовун” баён намудааст. Муаллиф дар сарсухани ин рисола менависад, ки вай дар таклифҳои пешниҳод кардааш ҳам тартиби давлатдориҳои мамлакатҳои мусулмонӣ ва ҳам аврупоию русро ба ҳисоб гирифтааст.

Аҳмади Дониш шарти аввалини салтанат ронданро дар ақл ва адл мебинад, ки султон бояд тамоми корҳоро аз руи ақл ва адл анҷом диҳад: “Адл аз камоли ақл хезад”, “Ҳар ки оқил нест, одил нест”. Барои ин Аҳмади Дониш талаб мекунад, ки дар сари ҳокимият бояд ҳамеша шахси олиму маърифатнок нишинад, ки аз руи ақл кор кунад. « Ақл дар вилоятдорию ҳукумат, илму амал аст”, менависад Аҳмади Дониш.

Аз ин ҷо Аҳмади Дониш ба он ишора мекунад, ки ба султонии мамлакат на аз руи мерос, балки аз руи ақлу хирад ва қобилияти идоракунӣ шахсони шоистаро интихоб кардан лозим аст. Аз ин ҷост, ки Аҳмади Дониш бар хилофи ақидаи куҳнаи шарқ ки султонро халифаи худо дар руизамин мегуфтанд, менависад: “Ҳукамо гуянд: подшоҳ деҳқонро монад ва мамлакат бустонро”. Бинобар ин, подшоҳ бояд барои ободонии мамлакат меҳнат кунад ва аз меҳнат ор нанамояд: “Муздурӣ ва тофтани гулхан нангу ор нест- хидмате мекунад, музде мебарад. Ва дар ҳақиқат халқ аз шоҳу гадо ҳама муздуранд”. Дар ҷамъият ҳама баробаранд ва ҳеҷ касро аз вақти таваллуд ба болои дигаре афзалияте дода нашудааст. Ҳол он ки дар ҷамъиятӣ Бухоро чунин ақидае суст паҳн шудааст, ки ҳатто “ҷараёни тақдири инсониро низ ба султон нисбат медиҳанд ва султонро худоӣ руи замин эътиқод карда, намедонанд, ки султон ҳам бандаи оҷиз аст”. Аҳмади Дониш ҳатто менависад, ки дар ҷамъият “бисер касон ҳастанд, ки дар кори мамлакат аз подшоҳ зиёда бошанд”.

Пас чунин ки бошад, тамоми ихтиёри корҳои мамлакатро билкул ва мутлақан ба дасти як кас ва махсусан, касе, ки нодон бошад, дода мондан нодуруст аст. Аҳмади Дониш дар ин ҷо аз руи тартиби давлати Россия дар аморат ҷорӣ намудани вазоратҳоро таклиф мекунад. Ин вазоратҳо бояд бо соҳаҳои муайяни кори мамлакат машғул шаванд ва вазирон аз давлат мувофиқи мансабу вазифаашон моҳона гиранд, то ки ришва нахуранд ва халқро тороҷ накунанд.

Аҳмади Дониш бо системаи вазоратдорӣ маҳдуд нашуда, ҳатто ташкил намудани органи машваратиро (парламентро) ба миён мегузорад. Дар ин ташкилот бояд намояндагони тамоми табақаҳои ҷамъиятӣ иштирок кунанд ва тамоми корҳои мамлакат бояд дар ҳамин ташкилоти машварати ҳал шавад ва баъди тасдиқи умум ба иҷро дарояд. Ӯ менависад: “Султон бояд, албатта аз ҳар табақа намояндае дошта бошад, то ки дар корҳои муҳимму бузург бо ҳар қавм машварат кунад. Балки дорул-машварат (хонаи машварат) таъин кунад ва бар он раисе мансуб гардонад ва ба он раис моҳона муқаррар намояд, то ҳар рӯз дар он ҷо намояндаҳои табақаҳои мардум ҷамъ оянд, дар бораи корҳои мамлакат ва иқтисодӣ он ва ободии вилоят мушоварат кунанд, манфиату зарари ҳар маслиҳатро шуморанд, то ки ба як фикр иттифоқ кунанд”.

Ин фикри Аҳмади Дониш дар он замон ниҳоят пешқадамона ва далерона буд. Дар ин таклифҳои Дониш фикри демократикунонии идораи давлат ва маҳдуд намудани ҳуқуқи мутлақияти амир ифода ёфта буд.

Аҳмади Дониш дар “Наводир-ул-вақоеъ”, дар “Рисолаи таърихӣ” ва асарҳои дигараш манфиатҳои халқи меҳнаткаш, махсусан, табақаи деҳқононро бо як дилсӯзӣ ва хайрхоҳӣ ҳимоя намудааст. Дар “Рисолаи таърихӣ” вай нишон медиҳад, ки амалдорону мансабдорони амир ва аҳли дарбори вай халқро чӣ гуна азият медиҳанд, истисмор мекунанд, молу мулки ӯро ба тороҷ медиҳанд. Аз ин сабаб вай дар “Рисола дар назми тамаддун ва таовун” ба мардуми меҳнаткаш ҷабру ситам накардани амирро аз шартҳои муҳимми пешрафти кори мамлакат ҳисоб мекунад.

Аҳмади Дониш таклиф мекунад, ки одамони пир ва шахсоне, ки қобилияти кориашонро гум кардаанд, бояд аз тарафи давлат таъмин шаванд. Ба ин мақсад ӯ ташкил намудани як муассисаеро, монанди хонаи инвалидҳо, таклиф мекунад: “Барҳомондагонро дар махаллате ҷамъ оварад ва ҳаққи онҳоро аз хазинаи давлат бирасонад, то ки онҳо бо гадоиву тамаъ халқро дар ташвиш намонанд”.

Дар асарҳои Аҳмади Дониш мавзуи тарғиби илму маърифат, омӯхтани илму фанҳои табиию дунявӣ, аз худ намудани касбу пешаҳои барои зиндагӣ зарур мавқеи хеле калоне дорад. Дониш ҳанӯз аз кудакӣ усули баъди таҳсили мактабро дида, дар таҷриба бовари ҳосил кард, ки дар мадрасаҳо илмҳое омӯхта мешаванд, ки ба зиндагии амалии ҷамъият ҳеҷ манфиате надоранд. Аз ин сабаб вай дар муддатҳои чандин сол беҳосил омӯхтани забони арабиро танқид кард.

Ба ҳамин тариқа, Аҳмади Дониш, пеш аз ҳама, бо зиндагӣ, бо ҳаёт ва эҳтиёҷоти ҷамъиятӣ вобаста намудани илму фанро қатъиян ба миён гузошт. Ин чунин маънӣ дошт, ки ӯ мехост, ки дар мадрасаҳои Бухоро низ таҳсили ҳамон илмҳои техникию табии ва физикию химиявие, ки дар мамлакатҳои тараққикарда омӯхта мешуд, ҷорӣ шавад. Барои пурқувват намудани ин фикр ӯ аз ҳаёти илмӣ ва кашфиётҳои фаннии халқи рус ва аврупоён дар асарҳои худ мисолҳои хеле боварибахш овардааст. Вай менависад, ки дар Аврупо олимон қаҳри уқёнусҳо, ситораву сайёраҳоро меомӯзанд ва ҳатто фикри ба моҳ парвоз кардан дар байни олимон пайдо шудааст. Дар бораи кори тадқиқотии олимону инженерони рус чунин маълумот медиҳад:

“Ва дар тарафи ғарбии арк кӯчаи бузург аст, ки он тарафаш мухҳндисхона (яън муассисаи илмӣ, монанди бюрои кострукторӣ, инженерӣ) аст ва дар он ҳар хел мардони донишвар барои илм доим ҷамъ мешаванд ва дар хусуси салоҳияти мамлакату давлат бо ҳам маслиҳат мекунанд ва баъд аз имтиҳону таҷриба (илмҳои худро) ба амал ҷорӣ мекунанд».

Аҳмади Дониш ба омӯхтани забонҳое, ки дар шароити Бухоро зарур буданд, махсусан ба омӯхтани забони русӣ хонандагони худро ташвиқ мекард. Вай худаш дар “Наводир-ул-вақоеъ дар чанд ҷой изҳори таассуф мекунад, ки ба омӯхтани забони русӣ имконият надошт. Вай таъкид кардааст, ки дар мактабҳои ҳарбӣ ҳамаи забонҳоро меомӯзанд ва донистани истилоҳи ҳар тоифаро зарур мешуморанд.

Ба ҳамин тариқа, ақидаҳои маорифпарварии Аҳмади Донишро хулоса кунем, чунинанд:

1)Муборизаи ӯ ба муқобили сохти пусидаи феодалии аморати Бухоро ва соҳаҳои гуногуни ҳаёти сиёсиву иқтисодии он.

2)Тарғиби илму маърифат ва тарзи аврупоию русӣ ҳаёту зиндагӣ.

3) Ҳимояти манфиати оммаи меҳнаткаш, махсусан, деҳқонон.

Аҳмади Дониш дар аввал фикр карда буд, ки бо ислоҳот ва тағйирот бо он ки худи амиру вазир аз болои давлат дур карда шаванд, аҳволи вазнини халқи мамлакат беҳтар мешавад. Аммо дар охири зиндагиаш вай ба чунин ақидае омад, ки агар ҳокимияти мир тамоман нест карда нашавад ва як инқилоби бузурге ба миён наояд, дигаргунӣ ва беҳбудӣ дар аҳволи халқ ва мамлакат номумкин аст. Аз ин ҷост, ки ӯ дар охири рисолаи таърихиаш мардумро ба сарнагун намудани ҳокимияти зулмбунёди амирон давъат мекунад:

“Ва ин фармон фармоён, ки ҳоло мо ҳазрати амир ва ҷониби вазираш мехонем, онҳомонанди ҳайвонанд, балки аз ҳайвон ҳам бадтаранд. Аз руи ҳукми шариат аз мансаб дур карда шудани онҳо ҳар рӯз зоҳир мешавад ва ҳеҷ касро ба ҳукми онҳо итоат кардан лозим ҳам нест, дар сурати итоат накардан гунаҳгор ҳам нахоҳад шуд. Ин фикрҳои Аҳмади Дониш дар он замон ниҳоят далерона ва ҷанговарона буданд”.

Адабиёт:

1.Ҳотамов Н.Б. Таърихи халқи тоҷик. Душанбе, 2002.

2.Бобохонов М.Б. Русия дар замони Сармоядори

3. Аҳмади Дониш. Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони Мангития.-Душанбе, 1992.

4. Эркаев М.Э. Ба Россияи хамроҳ карда шудани Осиёи Миёна ва аҳмияти он барои халқи тоҷик.-Сталинобод.

5. Ғафуров Б.Г. Тоҷикон. –қ-2. Душанбе-1983.

6.Давлатбеков Н., Халқи тоҷик дар давраи феодалӣ ва ташаккули муносибатҳои капиталистӣ. Душанбе, 2006.

test

Добавить комментарий