Барқароршавии Ҳокимияти Шӯравӣ дар Тоҷикистон

Нақша:

1.Ғалабаи Инқилоби Октябр ва таъсири он дар Осиёи Миёна.

2.Барпошавии Ҳокимияти Шӯравӣ дар Тоҷикистони Шимолӣ ва Бадахшон.

3. Ҷанги шаҳрвандии солҳои 1918-1924.

Дар аввали асри ХХ дар ҳаёти халқҳои Россия ва канораҳои он таъғиротҳои ҷиддии сиёсӣ – иқтисодӣ ба амал омаданд.

Шӯриши мусаллаҳҳонае, ки бо сарварии бевоситаи болшевикон тайёр карда шуда буд 25 сентябри соли 1917 дар Петроград ғалаба ба даст овард. Музаффарияти инқилоб дар анҷумани II Умумироссиягӣ чораҳои қонунӣ дид ва чанд қарорҳое низ қабул кард, аз он ҷумла Декрет оиди сулҳ , Декрет оиди замин. Ҳукумати иҷроия ШКХ (Шӯърои комиссарони халқӣ) ва органи қонунбарор Комитети иҷроияи марказии умумироссиягӣ интихоб шуд. 2 ноябрь (15) соли 1917 Декларасияи ҳуқуқии халқҳои Россия ва 20 ноябри (30 декабри соли 1917) муроҷиятнома ба ҳамаи меҳнаткашони мусулмони Шарқ – ро қабул кард, ки дар он чунин гуфта мешуд. …. Ҳамаи мазҳабҳо урфу одатҳо, муассисаҳои миллӣ ва мадании озод ва дахлнопазир эълон карда мешаванд. Нисбат ба Шарқӣ хориҷа бошад,эълон дошт, ки ҳокимияти шуравӣ ҳамаи шартномаҳои истилогаронаи ҳокимони пештарро бекор мекунад».

Аз тарафи Россияи подшоҳӣ забт кардани Осиёи Миёна ба вайрон шудани муносибатҳои патриархалӣ – феодалӣ таъсир расонда ба пайдоиши ва пешрафти иқтисодиёти ҷомеаи капиталистӣ асос гузошта сабаби паҳн шудани идеологияи инқилобчигии пролетариати рус гардид. Хусусан сохта шудани корхонаҳои санотӣ, роҳи оҳан, ташкили банкҳо ба пайдоиши синфи коргари маҳалӣ асос гузошт.

Дар соли 1917 танҳо дар уезди Хуҷанд 30 корхонаи саноатӣ вуҷуд дошт . Ҳамин тавр заминаҳои объективӣ ва субъективии инқилоб дар тереторияи имрӯзаи Тоҷикистон пухта расида истода буд. Ҳанӯз соли 1916 беш аз 200 ҳазор тоҷику, қазоқу,ӯзбек барои корҳои ақибгоҳ ба губернияҳои Россия фиристода шуданд, ки баъдтар онҳо фаъолони инқилоб буданд.

1-ноябри соли 1917 шӯриши шаҳри Тошканд ғалаба кард ва ҳокимият ба дасти советҳои коргару деҳқон гузашт. 15 – ноябри соли 1917 Шӯрои камисарони халқҳои Туркистон интихоб гардид. Дар баробари ин дар кишвари Туркистон ташкилотҳои зидди инқилоб ба монанди Шӯрои исломия ва Шӯрои уламо ташкил шуд, ки онҳо талаб доштанд аз сафи ҳукумат коммунистон кам карда шавад.

Қувваҳои зидди инқилоб фаҳмиданд, ки бо роҳи гуфтушунид дар ҳукумат таъғирот даровада наметавонистанд, он гоҳ тактикаи дигарро пеш гирифтанд. Бо ташабуси ин 2 ташкилот 27- ноябри соли 1917 ҳукумати худмухтор Қӯқандро ташкил карданд, ки ба он эсер меншевикон қазоқ Мустафо Чакаев ва баъд Ҷонишев роҳбарӣ мекарданд. Вале мухторият дер давом накард ва моҳи феврали соли 1917 барҳам хӯрд.

30- апрели соли 1918 Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Туркистон таъсис ёфт, ки фаъолияти худро дар ҳайати Россияи советӣ пеш мебарад. 17- май соли 1918 ба ҳукумати Туркистон 50 млн. сӯм ҷудо карда шуд.

Халқи тоҷик инқилобро дар шароити пешвоз гирифт,ки вай аз давлат давраи ягонаи худ маҳрум буда, як қисми он дар ҳайати кишвари Туркистон ва қисми дигар дар ҳайати Аморати Бухоро дохил мешуд. Дараҷаи тарақиёти тоҷикон дар сатҳо гуногун ва паст буд аз ин рӯ барпошавии ҳокимияти шуравӣ дар ин сарзамин тӯл кашид.

Ноҳияҳои имрӯзаи вилоятҳои Суғд, ва Бадахшони Кӯҳӣ ба ҳайати кишвари Туркистон дохил буданд. Бино бар ин, ҳарракатҳои инқилобӣ ки дар кишвари Туркистон ба вуҷуд меомаданд, бевосита таъсири худро ба ноҳияҳои тоҷикнишин мерасониданд.

Дар ноҳияҳои Тоҷикистони Шимолӣ ҳокимияти Шӯравӣ дар давраҳои гуногун қисман бо роҳи зурӣ ва осоишта ба амал меомад. 11 ноябри соли 1917 дар Хуҷанд ҳокимият пурра ба дасти Советҳои коргарону деҳқонон гузашт. Баъдтар ҳокимияти Шӯравӣ дар истгоҳи Драгомирово, Урсатевск, кони Суеукта, Шуроб, Санто ғалаба кард.

11-сентябри соли 1918 дар Панҷакент, Фархор (Айнӣ) бо роҳи осоишта ҳокимияти шӯравӣ ғалаба кард.

Дар Канибодом, Исфара, Айнӣ, Масчо бо сабаби кам будани синфи коргар камшумор будани ташкилотҳои ҳизбӣ ва баракс зиёд будани таъсири зиддиинқилобчиён ҳокимияти шуравӣ бо душворӣ барпо мегардид.

Дар рафти барпошавии ҳокимияти шуравӣ қувваҳои зидди инқилоб низ барои ҳокимият мубориза мебуранд.

Ҳамин тавр 27- ноябри соли 1917 дар Қӯқанд анҷумани намояндагони собиқ синфи ҳукумрон барпо шуд,ки бо қарори худ «Автономияи Қӯқанд»-ро эълон кард. Мақсади асосии ин ҳукумат сарнагун намудани ҳокимияти шӯравӣ дар Туркистон ва ташкил додани давлати миллии бужуазӣ помешикӣ буд.

Бо дастгирии мутория дар Ӯротеппа қувваҳои зидди инқилоб дар якҷоягӣ бо Дружинаи халқи рус амал менамуданд «дружинаи халқи рус»- давраи соли 1918 ташкил ёфтааст. Бо ҷуръати он собиқ ҳукуматчиёни, мансабдорон ва афисерони подшоҳӣ дохил буданд. Ин ташкилот барои муҳофизати манфиатҳои аҳолии рус забон ташкил ёфта буд, аммо дар амал зидди ҳокимияти шуравӣ амал мекард.

Моҳи ноябри соли 1918 мири Масчоҳ бо дастгирии қувваҳои зидди инқилоб ҳокимияти шуравиро бар анҷом дод.

Чунин вариянтро ба назар гирифта штаби армияи Туркистон муборизаро бо дастгирии оммаи халқ бар зидди қувваҳои зидди инқилоб сар мекунад. Дар натиҷа феврали соли 1918 дар Конибодом, Исфара, соли 1918 дар Ӯротеппа ҳокимият барқарор шуд.

Аммо раванди барқарори ҳокимияти шуравӣ дар Масчоҳ тӯл кашид.

7 октябри соли 1917 бо имзои В.И Лелин ин Туркомиссия ташкил шуд.Вазифаи ин комиссия он буд,ки мустаҳкам намудани робитаи Туркистон бо Россияи Советӣ, ёрӣ расонданд ба ташкилотҳои ҳизбӣ, барҳам додани нобаробарии миллӣ.

Гарчанде, ки Бадахшон ба кишвари Туркистон дохил шавад,ҳам вале ҳокимияти шуравӣ дар ин сарзамин дертар ба вуҷуд омад, ки ин сабабҳои худро дошт.

1.Бад будани роҳи нақлиёт.

2.Паст будани дараҷаи ҳаёти иқтисодӣ.

3.Набудани саноат, синфи коргар.

4.Пӯрзӯр будани муносибатҳои авлодӣ.

5.Муридпарастӣ.

2-июли соли 1918 ба отряди сарҳадчиён аз штаби фронти Туркистон мактуб

дар бораи ғалабаи инқилоб омад.

Полковник Фенин Ҳокимияти шӯравиро эътироф накард ва бо ҳамроҳии 30-нафар отряди сарҳадбонашро ғорат карда ба Ҳиндустон фирор мекунад. Аз ин истифода бурда гурӯҳи мардикороне, ки аз Туркистон омада буданд, ташвиқоти инқилобиро пурзӯр мекунанд, ки дар баӣни онҳо Наврӯзбеков, Кирманшоев, Раҳмхудоев, Руштов, Шоҳтемуров, Исмоилов хеле фаъол буданд.

10-июни соли 1918 дар Помир отряди милитсия ташкил шуд. Ноябри соли 1918 Ҳокимияти шуравӣ дар қисми зиёди Помир ғалаба мекард. КИМ-и Туркистон соли 1918 барои мустаҳкам намудани ҳокимияти шуравӣ Комиссияи ҳарбӣ-сиёсиро бо сардории Холмаков ба Помир фиристод. Моҳи феврал комиссия ба Хоруғ расид. Комиссия ба барпо намудани ҳукумати инқилобӣ ва мудофиаи сарҳад машғул буд.

Соли 1918-1920 як қисми Тоҷикистони Шимолиро ҷанги гражданӣ фаро мегирад. Бо мақсади барҳам додани ҳокимияти шуравӣ, аз Россияи советӣ ҷудо намудани Осиёи Миёна ва аз нав барқарор кардани ҳокимияти худ қувваҳои зидди инқилоб ҳаракати босмачигариро ташкил карданд. Ин ҳаракат зери шиори исмоилпарастӣ ба амал омад. Босмачиён гурӯҳи мусалоне буданд, ки барои баргардондани ҳокимияти собиқ синфҳои истисморгар баён, феодалон, амалдорон… мубориза мебурданд. Ба ҳайати босмачиён асосан намояндагони амир, бойҳо роҳзанон, хориҷӣ дохил мешуд. Дар водии Фарғона Эргаш, кӯри Шермат, Мадаминбек, Холбӯта-Уратан. Асрорхин, Нусратшоҳ, Ҳомид-Масчоҳ амал мекунад. Барпошавии Ҳокимияти шуравӣ дар кишвари Туркистон таъсири худро бевосита ба аморати Бухоро расонд. Сиёсати дохилӣ ва хориҷии амир норизогии оммаро ба вуҷуд меовард. Ба аҳолии аморат инчунин маҳалҳои руснишин Когон, Термиз, Чорҷӯ таъсири калон мерасонд.

Амири Бухоро аз ҳокимияти шуравӣ дар Туркистон тарсида дар 3 самт тадбир мебурд.

1. Воқеаҳои фоҷиавии моҳи апрел, ки ҷавонбухориён ба раиси комисари халқии Туркистон Колесов пешниҳод карданд, ки ба Бухоро сарнагун кунад ва самти амирро барҳам дод. Амири Бухоро 25-майи соли 1918 бо Шӯрои комиссияи халқии Туркистон аҳднома нидо кард, ва ба пурқувват намудани иқтидори мудофиавии худ сар кард.

2. Тирамоҳи соли 1918 Амир бо Англия шартнома баста яроқ ва ҳарбӣ гирифт.

3. Амир бо босмачиёни Туркман Ҷунаӣдуллохон ва Холчак алоқа дошт. Ҳамин тавр амир бо Туркистони шуравӣ дар ҳолати ҷанги эълоннашуда истода буд.

25-сентябри соли 1919 дар шаҳри Тошканд ПК Бухоро ташкил шуд, ки раиси он Акчурин буд.

Анҷумани 16-18 августи соли 1920 ПК Бухоро масъла гӯзошт, ки « Инқилоби Бухоро сар карда шуд».

Амалиётҳои ҳарбӣ 30- август сар шуда 2- сентяби соли 1920 бо ғалаба анҷом ёфт.

Амир сарнагун шуда бо дастаҳои худ ба Бухорои Шарқӣ гурехт. 6-8 октябри соли 1920 дар анҷумани шӯрои нозирони халқ ташкилёбии Ҷумҳурии Бухоро эълон карда шуд. Инқилоби халқии Бухоро аз рӯи мақсад ва вазифаҳои худ характери зидди феодалӣ, зидди империалистӣ ва демократӣ дошт. Аз ин сабаб ҷумҳурии сотсиалистӣ нею балки халқӣ шуд.

Амир Саид Олимхон Бухороро тарк карда ба тарафи Ҳисор – Душанбе фирор мекунад.Ӯ бо мақсади аз сари нав соҳиб шудан ба тоҷу тахт дар Бухорои Шарқӣ бо ёрии боён , феодалон, рӯҳониён, амалдорони хориҷӣ армияи сершумор ташкил дод,ки ба 20 ҳазор расид.Амир ва атрофиёни ӯ халқро бераҳмона хароб мекарданд.

Декабри соли 1920 дар бекигарии Қаротегин бо сардории Усмони Маҳмадин шӯриш ба амал омад.

Ба маркази қувваҳои зидди инқилоб табдил ёфтани Бухорои Шарқиро ба назар гирифта Ҷумҳурии халқии Бухоро ба ҳукумати Россияи советӣ дар бораи кӯмаки ҳарбӣ муроҷиат мекунад.

Барои озод намудани Бухорои Шарқӣ аз қушунҳои амир ва муборизаи қувваҳои зидди инқилоб декабри соли 1920 экспедисияи ҳарбӣ- сиёсии Ҳисор аз ҳисоби фронти Туркистон таъсис дода шуд, ки ба он Марсов роҳбарӣ мекард.

____ Отряди экспедисияи Ҳисор_____

Армия 2-юм Армияи 1-юм

Тирму Бойсун.

Сараи қашор Деҳнов.

Шаҳритуз Сариосиё.

Қубодиён Қаратоғ.

Вахш Душанбе.

Қӯрған. Янгибозор.

Файзобод.

Амир Олимхон 5 марти соли 1921 бо 1350 сарбоз, 80 уштур сарват, 400 сар асп, 20 000 ҳар сар гӯсфандро ҳамроҳи худ гирифта ба Афғонистон гурехт. Таъғиротҳои кулли сиёсӣ дар самти ҷамъияти на ҳама вақт бо роҳи осоишта ба амал меовард. Таҷрибаи таърихи нишон дод, ки агар ба ин мубориза аз хориҷа ёрӣ кунанд тӯл мекашад.

Аз рӯзҳои аввали барпошавии ҳокимияти шуравӣ дар територияи ин рӯзҳои Тоҷикистон дастаҳои босмачиён ташкил шуда аҳолиро ба ҷанги дохилӣ кашиданд.

ҚОИДАҲОИ ҶАНГИ ГРАЖДАНӢ.

Камбағалон бо ду роҳ ба босмачиён ҳамроҳ шуданд.

  1. Бо роҳи зӯри маҷбурӣ.
  2. Ёрии фишори идеологияи динӣ.
  3. Фаъолияти босмачиён характери терористӣ дошта зери шиори ғазоват мегузошт.

Дар натиҷаи ёрии модди ҳарбӣ ва маънавии собиқ амир Саид Олимхон дастаҳои босмачиён Лақаӣ –Тоҷик Иброҳимбек, Кӯлоб- Ашуртӯқсабо,

Балҷувон – Давлатмандбӣ, Қаротегин-Фузаӣл Махсум, Дарвоз- Эшони Султон, Ҳисор- Дониёр.

АДАБИЁТ:

1.История таджикского народа. – М., Т.Ш. 1965.

2.История таджикской ССР- под ред. Антоненко Б.А. – Душанбе: 1983.

3.История Ленинабада (научно – популярный очерк) – Душанбе, 1986.

4.Эркаев М.Э. Николаев Ю. Таърихи ҷанги гражданӣ дар Тоҷикистон.

5. Раҳматуллоев А.З. Мухторов С.М.– Очеркҳои таърихи Тоҷикистони Советӣ. – Душанбе, 1989.

6. История Таджикского народа. М., 1965. т3 кн.1.

7.Турсунов Н. Таърихи тоҷикон., Хуҷанд. 2001.

8.Набиева Р.А., Зикриёев Ф.Б. – Таърихи халқи тоҷик. – Душанбе – 2001.

9. Эркаев М. Барпо ва мустаҳкам намудани ҳокимияти советӣ дар Тоҷикистон. Д.1966.

10 . Салими Аюбзод. Тоҷикон дар қарни бистум. Прага.2002.

 

test

Добавить комментарий