Тақсимоти ҳудуди миллӣ дар осиёи миёна

Нақша:

1. Зарурияти гузаронидани тақсимоти миллӣ- марзӣ дар Осиёи Миёна.

2. Камбудӣ ва норасигиҳо дар вақти гузаронидани тақсимот.

3. Ташкилёби Ҷ.М.Ш.С. Тоҷикистон.

Дар сарзамини Осиёи Миёна баъд аз барпо намудани тартиботи Шӯравӣ то тақсимоти ҳудуди миллӣ се ҷумҳурӣ: Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии сотсиалистии Туркистон (Дар ҳайати ҶФШСР) ва ҷумҳуриҳои мустақили халқии Шӯравии Бухоро ва Хоразм вуҷуд доштанд. Дар ин ҷумҳуриҳо, чун ҳизби каммунистии (болшевикии) Русия бунёди ҷамъияти сотсиалистӣ ҳукмрон буд.

Барои сохтмони ҷамъияти сотсиалистӣ дар шароити Осиёи Миёна пеш аз ҳама ҳал намудани масъалаи миллӣ зарур шуморида мешуд. Ҳалли масъалаи Милли бошад, чуноне асосгузори ҳизби болшевикии Русия ва сарвари Ҳокимияти Шӯравӣ В.И. Ленин тавсия ва асоснок намуда буд, ин ба ҳамаи миллатҳои собиқ мазлуми империяи Русия додани ҳуқуқи худмуайянкунии миллӣ, то ин ки онҳо озодона шакли давлатдории миллии худро бунёд намоянд, ба ҳисоб мерафт. В.И Ленин таъкид карда буд: « Мо исроркорона мегуфтем , ки аз ҷорӣ кардани ҳуқуқи худмуайнкунии миллатҳо дар замони сотсиализм даст кашидан ба кори сотсиализм хиёнат кардан аст».

Аммо бо сабаби он ки ҳамаи он халқҳо зинаи тараққиёти чамъияти капиталистиро пурра аз сар нагузаронидаанд, бинобар ин онҳо ҳанӯз то ба дараҷаи миллат ташаккул наёфта буданд. Махсусан худшиносии миллии тоҷикон дар дараҷаи паст буд. Яъне он солҳо тоҷиконро бештар на аз рӯи миллат ва ҳатто забон, балки аз рӯи маҳал: бухороӣ, самарқандӣ, хӯҷандӣ, намангонӣ, фарғонагӣ,тошкандӣ, кӯлобӣ, қаротегинӣ, ҳисорӣ ва ғайра фарқ мекарданд. Мардуми туркнажод бошанд ҳанӯз нишонаҳои қавмӣ- қабилавиро ба монанди: лақайҳо, қунғуротҳо, барлосҳо, манғитҳо, қарлуқҳо, кенагосҳо, галдирҳо ва ғайроҳо нигоҳ медоштанд.

Мутасаддиёни ҳизби комунистии (болшевикии) Русия, махсусан онҳое, ки ба масъалаи Осиёи Миёна машғул буданд, ҳанӯз солҳои 1920-1921 ба хӯлосае омада буданд,ки дар шароити ин кишвар ҳалли ҷиддии масъалаи миллӣ бе гузаронидани тақсимот ҳудуди миллӣ ғайриимкон аст. Дар натиҷа маҳз аз тарафи эшон аввалин пешниҳодҳо оиди тақсимоти ҳудуди миллии Осиёи Миёна ҳанӯз пеш аз марзбандии соли 1924 ба миён омад. Чунончӣ, 15 январи соли1920 Турккомиссияи Кумитаи Марказии Ҳарбӣ Камунистии ( болшевикии) Русия ва Шӯрои Камисарони Халқии Федератсияи Русия «Дар бораи аз рӯи нишонаҳои миллӣ ба се ҷумҳуриҳои алоҳида тақсим намудани Туркистон» тезисеро қабул намуд. Албатта ин ҷо танҳо ташкил намудани ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қирғизистонро дар назар доштанд.

Дар замони мавҷудияти ҷумҳуриҳои Туркистону Бухоро яке аз самтҳои асосии муборизаи туркпарастон ба муқобили эътирофи мавҷудияти тоҷикон равона гардида буд. Бинобар ин дар ин ҷумҳуриҳо бе ягон калавиш маҳз мавҷудияти тоҷикон чун миллат ва ё худ халқияти мустақил инкор карда мешуд. Андешаи ғайриилмии «аслан туркнажод будани тоҷикон» гӯё дарёфтҳои нави «илмӣ» ба ҳисоб мерафт. Пӯшида нест, ки яке аз шахсони асосии дар маъракаи марзбандии ҳудуди миллии Осиёи Миёна аз аввал то ба охир фаъолона ширкат варзида – Ф. Хоҷаев, раиси Шӯрои Нозирони Халқии ҶХШ Бухоро мебошад. Вай бунёдгузорӣ ҳизби ҷавонбухориёни инқилобчӣ (авали соли 1920) ва яке аз фаъолони сарнагун сохтани тартиботи амири Бухоро ба ҳисоб меравад. Маҳз ӯ барномаи ҳизби бунёдкардаашро тартиб додаст, ки онро 14 июли соли 1920 конфронси он ҳизб маъқул шуморид. Дар муқаддимаи он барнома чунин таъкид мешавад: « қабилаҳои туркиро, аз ҷумла : кенагасҳо, манғитҳо, ӯзбекҳо, туркманҳо ва тоҷикҳо,ки асрҳо боз дар сарзамини Бухоро зиндагӣ мекунанд», ташкил медиҳанд. Яъне , он лаҳза на танҳо Ф.Хоҷаев, балки дигар сарвару аъзоёни ҳукумати чӣ Бухоро ва чӣ Туркистон аксаран ақидаи ягона доштанд,ки «тоҷикон аслан турканд». Дар ин асос баъзеашон тавсия мекарданд, ки «тоҷиконро бояд ба асл ва мансубияти турк баргардонем».Минбаъд ҳамин Ф. Хоҷаев, ки сарвари ҳукумати ҷумҳурии халқии Бухоро гардид, ва бо ҳамфикронаш барои туркгардонидани тоҷикон тамоми имкониятҳоро фароҳам овард.Худи Ф.Хоҷаев яке аз он тоҷиконе буд, ки аз мансубияти миллии худ даст кашида, сараввал ба туркпарасти ашаддӣ ва сипас ба ӯзбекпарасти ҷанговар табдил ёфтааст. Ин ҳамон Ф.Хоҷаев,ки бо мақсади нигоҳ доштани мансаби худ барои бомбаборон кардани шаҳри бостонии Бухорои Кӯҳна ба М.В Фрунзе- сарвари фронти Туркистон аз номи бухороиён розигӣ дода буд.

31- январи соли 1924 дар маҷлиси Бюрои ташкилии КМ ҲК(б) Русия аввалин бор масъалаи ҷумҳуриҳои нави миллии Осиёи Миёна муҳокима гардид. Дар ин маҷлис раиси бюрои Осиёи Миёнагии КМ ҲК(б) Русия Я.А. Рудзутакро вазифадор намуданд, ки ҳангоми дар Осиёи Миёна будан масъаларо бо ҷалб намудани ходимони масъули ҷумҳуриҳои Туркистон, Бухоро ва Хоразм аз ҳар ҷиҳат санҷида барояд.

25 феврали соли 1924 пленуми васеи КМ ҲК Бухоро баргузор гардид. Дар он раиси Шӯрои Нозирони Халқии ҷумҳурӣ Ф.Хоҷаев аз рӯи масъалаи «Дар бораи аз рӯи нишонаҳои миллӣ бо ҷумҳуриҳо тақсим намудани Осиёи Миёнаи шӯравӣ» маърӯза кард. Дар маърӯза ва қарори пленум тақсимоти ҳудуди миллии Осиёи Миёна ва ташкили ҷумҳуриҳои нави миллӣ мувофиқи мақсад дониста шуд. Таклиф пешниҳод карда шуд, ки дар асоси ҷумҳурии Бухоро, ба он ҳамроҳ намудани сарзамини ҷумҳурии Хоразм (ба ҷуз вилояти Тэшауз, ки аҳолиаш асосан туркманҳо мебошанд), вилоятҳои Фарғона, Самарқанд ва Сирдарёи ҷумҳурии Туркистон- Ҷумҳурии Иттифоқии Шӯравии сотсиалистии Туркманистонро ташкил намоянд. Оиди тоҷикон бошад он пленум тавсия намуд, ки аз «ҳисоби Мастчоҳу Қаротегину Ғарм вилояти мухтори Тоҷикистонро бунёд кунанд ва он бояд дар ҳаӣати ҷумҳурии Ӯзбакистон бошад». Бояд таъкид намуд, ки ин аввалин пешниҳодот оиди ташкил намудани вилояти мухтори тоҷикон, вале фақат дар ноҳияҳои санглохӣ кӯҳӣ мебошад. 10 марти соли 1924 хулосаҳои мухтасари пленуми номбурда оиди ҳалли масъалаи миллӣ аз тарафи бюрои иҷроияи КМ ҲК Бухоро тасдиқ карда шуд. Барои ҳалли минбаъдаи он масъала КМ ҲК Бухоро бо сарварии Ф. Хоҷаев комиссияи махсусеро ташкил дод.

10 марти соли 1924 маҷлиси аъзоёни бюрои Осиёи Миёнагии КМ ҲК(б) Русия бо иштироки аъзо ва номзадҳои КМ ҲК Туркистон ва садорати КИМ Туркистон барпо гардид. Дар он А.Раҳимбоев, чун котиби КМ ҲК (б) Русия баромад карда, таъкид намуд, ки «Осиёи Миёна аз рӯи ҳаӣати миллӣ мамлакате мебошад, ки дар он аксариятро ӯзбекҳо, қирғизҳо ва туркманҳо, баъд баъзе халқиятҳои маӣда ташкил мекунанд». Дар ин маҷлис низ гузаронидани тақсимоти ҳудуди миллии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёнаро маъқул шуморида, қарор карда шуд, ки бюрои иҷроияи КМ ҲК Туркистон масъаларо васеътар омӯхта, ба муҳокимаи пленуми худ пешниҳод кунад. Бюрои иҷроия бошад барои ин комиссияи махсусеро ташкил дод. Он комиссия агарчанде зарурияти гузаронидани тақсимоти ҳудуди миллиро танҳо дар ҳудуди ҷумҳурии Туркистон пешниҳод карда бошад ҳам вале қисми зиёди мутасаддиёни чӣ кишварию чӣ марказӣ гузаронидани он маъракаҳо дар тамоми Осиёи Миёна, яъне бо ҷалб намудани ҷумҳуриҳои Бухорою Хоразм низ лозим ҳисобиданд.

5 апрели соли 1924 Бюрои сиёсии КМ ҲК Туркистон(б) Русия дар маҷлиси худ маърӯзаи котиби КМ ҲК Туркистон ва аъзои Бюрои Осиёи Миёнагии КМ ҲК (б) Русия А. Раҳимбоевро «Дар бораи Туркистон, Бухоро ва Хоразм ( дар бораи ташкили ҷумҳуриҳои миллӣ)» шунида муҳокима намуд. Дар он КМ ҲК(б) Русия фикру андешаҳои оиди тақсимоти ҳудуди миллии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна пешниҳод гардидаро маъқул шуморида, ҳалли онро то охири моҳи майи ҳамон сол мавқуф гузошт.

Баъди он ки КМ ҲК(б) Русия андешаро оиди тақсимоти ҳудуди миллии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна маъқул шуморид, КМ ҲК Бухоро дар асоси қарори худ аз 10 апрели соли 1924 Комиссияеро барои тайёр намудан ва гузаронидани тақсимоти ҳудуди миллӣ ташкил намуд. Ба он комиссия Ф. Хоҷаев, К. Атобоев, К. Пӯлодов, А.Муҳиддинов ва Наврӯзбоев дохил шуданд. 13 апрели соли 1924 Бюрои Осиёи Миёнагӣ маърӯзаи котиби масъули КМ ҲК Бухоро А. Мавлонбековро аз рӯи корҳои анҷомдодаи ин комиссия шунида, дар навбати худ гузориши масъаларо оиди тақсимоти ҳудуди миллии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна маъқул шуморид. Бюрои Осиёи Миёнагӣ ва Бюрои иҷрояи КМ ҲК Туркистон барпо гардид. Он оиди тақсимоти ҳудуди миллии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна қарорҳои дахлдор қабул кард. Дар он тақсимоти ҳудуди миллиро дар шароити ҳамон вақта зарур ва мувофиқи мақсад шуморида шуд. Инчунин пешниҳод карда шуд, ки фикру андешаҳоро оиди ин масъала ба Комиссияи марказии тақсимоти ҳудуди миллӣ супоранд. Ба ҳайати он комиссия А. Раҳимбоев, К. Атобоев, Ф. Хоҷаев, Одинаев, Т. Рискулов, Абдураҳмонов, К. Пӯлодов ва дигарон дохил шуданд.

Бюрои Осиёи Миёнагӣ ба Комиссияи марказии тақсимот тавсия намуд, ки ҳангоми тайёрии масъала барои ҳар воҳиди алоҳида нишонаҳои зеринро ба инобат гиранд. Алоқаи иқтисодӣ, сарҳади тахминии Миллӣ, имкониятҳои идоракунии маъмурӣ, хусусиятҳои психологии мардуми ( этнографӣ) ноҳияҳо, мавқеи ҷуғрофӣ ва ғайраҳо. Дар асоси ҳамин пешниҳодот гурӯҳе, ки дар шаҳрҳои Самарқанду Бухоро аксариятро ташкил намудани тоҷиконро ночор эътироф менамуданд, мегуфтанд. «аз сабаби дар атрофи ин шаҳрҳо аксариятро ташкил намудани ӯзбекҳо, ноҳияҳои иқтисодиро аз ин марказҳо, бо хусусиятҳои миллӣ ҷудо кардан мумкин нест».Ҳол он, ки дар атрофи шаҳри Бухоро ҳамон вақт ва ҳоло ҳам ноҳияе нест, ки дар онҳо амалан ӯзбекҳо нисбати тоҷикон аксариятро ташкил намоянд.

Умуман аз моҳи феврал то маӣи соли 1924 дар ташкилотҳои гуногун, махсусан ҳизбӣ, масъалаи тақсимоти ҳудуди миллии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна муҳокима гардид. Аз тарафи онҳо оиди масъалаи ба миён гузошташуда аввалин фикру андешаҳо ва лоиҳаҳо пешкаш карда шуданд. Вале аксари ин ташкилотҳо андешаи якдигарро, махсусан оиди тақдири тоҷикон,тӯтивор такрор мекарданд. Дар аксари он ташкилотҳо тақдири бисёре аз халқҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикон, ба тарзи объективӣ муҳокима нагардид. Зеро, барои худи эшон масъалаи гузошташуда чандон фаҳмо набуд, ё худ мавқеи онҳое, ки чун маърузачӣ баромад намуда, масъаларо мегузоштанд, яктарафа ва хато буд. Мутасаддиёни масъала ҳамон лаҳза барои омода намудани он андешаи олимони шарқшиноси Русия, аз ҷумла В.В. Бартолд, М.С. Андреев ва дигаронро ба инобат нагирифтанд. Ҳол он, ки шарқшиноси Русия, аз ҷумла В.В. Бартолд, ба ҳамон тарзе, ки болшевикон аз рӯи нишонаи миллӣ ташкил намудани ҷумҳуриҳои миллиро дар Осиёи Миёна пешкаш кардаанд, чандон розӣ набуд. Ин олими дурандеш оқибати чунин марзбандиро тасаввур намуда, онро хилофи анъанаҳои таърихии ин сарзамин, ки форсизабонон пеш аз ҳама тоҷикон, бо туркзабонон дар давлатҳои ягонаи сермиллат мезистанд, ҳисобидааст.

Яке аз арбобони барҷастаи шӯравии он давр, комиссари халқии корҳои хориҷӣ Георгиӣ Чичерин ба ақидаи шарқшиносони рус такя намуда, ба муқобили лоиҳаҳои ҳозиргардида лоиҳаеро пешниҳод намуд, ки он дар таърих бо номи «лоиҳаи Чичерин» маълум аст ва мувофиқи он дар ҳудуди Осиёи Миёна ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии бузургтарин ва дар ҳаӣати он ҷумҳурии мухтори Ӯзбекистон бунёд мегардид. Вале бо сабаби дар ҳаӣати мутасаддиёни масъалаи марзбандии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна зиёд будани нуфузи туркпарастон, «лоиҳаи Чичерин» қабул нагардид.

Ҳамин тавр, аксари лоиҳаҳои пешкашшуда, ба ҷӯз «лоиҳаи Чичерин» ҳақиқати ҳолро ифода намекарданд. 12 июни соли 1924 Бюрои сиёсии КМ ҲК(б) Русия дар асоси ҳуҷҷату таклифҳои пешниҳодшуда «Дар бораи тақсимоти миллии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна( Туркистон, Бухоро ва Хоразм)» қарор қабул кард. Дар асоси он пешниҳод карда шуд, ки ҷумҳуриҳои иттифоқии сотсиалистии Туркманистон ва Ӯзбекистон ташкил карда шавад. Инчунин зарурияти муттаҳид кардани ноҳияҳои қирғизии (қазоқии) Туркистонро бо ҶМШС Қирғизистон (Қазоқистон), ташкил додани вилояти мухтори Қара-Қирғизро(Қирғизистонро) дар ҳаӣати Федератсияи Русия, вилояти мухтори Тоҷикистонро дар ҳаӣати Ӯзбекистон пешниҳод кард. КМ ҲК (б) Русия инчунин масъалаи ба Иттиҳоди Шӯравӣ дохил шудани ҷумҳуриҳои нави иттифоқӣ ва барпо намудани ташкилотҳои ҳизбии онҳоро дид.

3-юми августи соли 1924 дар маҷлиси бюрои Осиёи Миёнагӣ бо иштироки котиби КМ ҲК(б) Русия И.А. Зеленскиӣ, «Лоиҳаи таклифҳо дар бораи кори комиссияҳои тақсимоти миллии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна» муҳокима гардид. Дар он ба бюроҳо ё худ комиссияҳои миллӣ супориш дода шуд, ки то 12-уми август лоиҳаи пешакии ҳудудҳои ҷумҳурию вилоятҳои миллии навбунёдшавандаро пешкаш намоянд. Инчунин ба онҳо ҳуқуқ дод, ки ба кори комиссия, аз рӯи зарурият, шахсони алоҳидаро бо ҳуқуқи овоздиҳии машваратӣ ҷалб намоянд, ё худ комиссияи хурди дигарро ташкил диҳанд.

То миёнаи августи соли 1924 ягон гурӯҳ ё худ комиссияе вуҷуд надошт, ки он бевосита бо тақдири тоҷикон машғул шавад. Танҳо 16 август дар маҷлиси бюрои Осиёи Миёнагӣ ба ҳайати аъзоёни комиссияи сарҳадӣ аз тоҷикон Ҷ. Имомов, А.Ҳоҷибоев (роҳбари гурӯҳ) ва М. Саидҷонов дохил гардиданд. Вале эшон ҳангоми муҳокимаи масъала соҳиби танҳо ҳуқуқи овози машваратӣ буданду халос. Онҳо инчунин мӯҳлати заруриро низ надоштанд, ки масъаларо ба тарзӣ лозимӣ омӯзанд. Зеро, ба онҳо ҳамагӣ 5 рӯз мӯҳлат дода буданд, ва дар ин муддат бояд аз тарафи эшон ҷамбасти фикру андешаҳо оиди тақдири тоҷикон пешкаш мегардид. Бо ҳамин сабаб ин комиссияи бо ном тоҷикӣ, танҳо имконият паӣдо кард, ки лоиҳаи тайёрнамудаи комиссияи ӯзбекиро омӯзад ва бо ҳамон «марҳамате», ки онҳо нисбат ба тоҷикон кардаанд, қаноатманд гарданд ва он андешаҳоро, ё худ нусхаи дигарашро чун тавсияҳои комиссияи тоҷикӣ пешкаш намоянд.21 августи соли 1924 дар маҷлиси 5-уми комиссияи тақсимоти ҳудуди миллӣ масъала «Дар бораи вилояти мухтори Тоҷикистон ва ҳудуди он» шунида шуд. Дар ин маҷлис А.Хоҷибоев, чун раиси комиссияи тоҷикӣ баромад карда, саховатмандии бемисл нишон дод. Аз ҷумла ӯ зимни суханронӣ изҳор дошт, ки тоҷикони Бухорои Ғарбӣ ва вилоятҳои дигари Туркистон «ҳам аз ҷиҳати хоҷагӣ, аз ҷиҳати идораи маъмурӣ бо ӯзбекҳо робитаи зич доранд, аз ин сабаб онҳо ба вилояти мухтори Тоҷикистон, ки дар Бухорои Шарқӣ таъсис хоҳад ёфт, ҳамроҳ шуда наметавонанд». Вале раиси маҷлис аз А. Хоҷибоев пурсид, ки чаро ӯ дар маърӯзааш тоҷикони Фарғона, Самарқанд ва Бухороро зикр карда, дар бораи тоҷикони Хӯҷанд чизе нагуфт. Пас маърӯзачӣ дар ҷавоб: дар Хӯҷанд тоҷикон бартарӣ доранд, онҳо «он ҷо дар баъзе волостҳо низ ҳастанд, онҳоро ба вилояти Тоҷикистон ҳамроҳ кардан мумкин аст ,аммо роҳҳои иртибот нестанд, фақат роҳҳои пиёдарав вуҷуд доранд ва онҳо аз ҷиҳати тиҷорату иқтисоди бо ӯзбекҳо сахт пайвастанд. Мо чунин мешуморем, ки онҳоро дар ҷумҳурии Ӯзбекистон мондан лозим аст».

Дар ин ҷамъомад,аз рӯи масъалаи муҳокимашаванда, ҳангоми музокирот Ҳоҷибоев роҷеъ ба маркази мадании тоҷикон чунин изҳор дошт «мо ақида дорем,ки шаҳри марказии тоҷикон Самарқанд хоҳад буд,ки дар ҳудуди Ӯзбекистон мемонад,он бояд мактабҳо ва ғайра ташкил кунем»

Аз ин фактҳои овардашуда барало равшан аст,ки А. Ҳоҷибоеви ҳамон лаҳза 24 сола аз қолаби тавсиякардаи комиссияи ӯзбекӣ берун баромада натавонистаст. Ӯ намедонист,ки бо чунин саховатмандиҳо нисбат ба халқи худ ҷинояти сахттарин зоҳир намудааст.

24 августи соли 1924 Камисияи марказии ҳудудӣ аз камиссияи миллии тоҷикӣ хоҳиш намуд, ки пойтахти вилояти мухтори худро муайян кунанд. Дар чунин лаҳза ҳам комиссияи бо ном тоҷикӣ ақалан ҷуръат накард,ки масъалаи соҳиб шудан ба яке аз шаҳрҳои қадимаи тоҷиконро ба миён гузарад. Ҷавонӣ ва дуруст надонистани масъала, баъзоёни ин комиссия имконият намедод,ки оқибати мавқеи худро дуруст сарфаҳм раванд. Барои онҳо тақдири миллати худ- тоҷикон гӯё бегона буд.Эшон дар лаҳзаҳои ҳалкунанда барои ҳимояи манфиати халқи худ ягон хел ҷонбозӣ накарда, лаҳза ба лаҳза ҷиноят содир мекунанд.Ниҳоят ,онҳо саховотмандона аз чунин шаҳрҳои машҳури қадимаи тоҷикон-Бухоро,Самарқанд ва ҳатто Хӯҷанд ҳам даст кашида,як деҳаи назарногири дурдаст- Душанберо чун маркази вилояти мухтори тоҷикон пешниҳод карданд.6 сентябр он комиссияи марказӣ лоиҳаи ҳудуди вилояти мухтории Тоҷиконро тасдиқ намуд.

Дар мавқеи амалдорони ҷумҳурии Туркистон аз моҳи августи соли 1924 сар карда, оиди мавҷудияти тоҷикон тағйироте ба амал омад. Акнун эшон мавҷудияти тоҷиконро рӯйрост рад намекарданд, ночор, қисман барои қонеъ гардонидани талаботи маънавияти онҳо розӣ шуданд. Аз ҷумла, худи ҳамон моҳ дар пленуми охирини худ қарор кард,ки Донишкадаи омӯзгории тоҷикӣ ташкил шавад. Дар натиҷа декабри худи он сол дар Тошканд Донишкадаи маорифи тоҷикӣ кушода шуд, ки дар он аввал донишҷӯён асосан аз ҳисоби тоҷикони Ӯзбекистон таҳсил мекарданд. 25 августи ҳамон сол дар Самарқанд нашри рӯзномаи «Овози тоҷик»

(ҳоло ин рӯзномаи ягонаи тоҷикии ҷумҳурии Ӯзбекистон буда, бо ҳамон ном нашр мешавад) оғоз ёфт.

Сентябри соли 1924 масъалаи тақсимоти ҳудуди миллӣ дар қарорҳои органҳои болоии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ба шакли қонун даромад. Чунончӣ, 15-16 сентябр сессияи фавқулодаи КИМ Туркистон ба мардуми кишвар ҳуқуқ дод, ки аз ҳайати ҷумҳурии Туркистон баромада, ҷумҳурӣ ва ё вилоятҳои миллии худро ташкил диҳанд. 20 сентябр анҷумани Умумибухороии шӯроҳо ҳамин гуна ҳуқуқро ба мардуми ҷумҳурии Бухоро дод. 29 сентябр бошад анҷумани Умумихоразмии Шӯроҳо ҳам ҳамин тавр қарор қабул кард.

14 октябри соли 1924 сессияи 11 КИМ Умумирусиягӣ қарори КИМ Туркистон»

-ро дар бораи ба мухториҳои алоҳида тақсим намудани Ҷумҳурии Мухтории Шӯравии сотсиалистии Туркистон» маъқул шуморид. Ин сессия низ ба тоҷикон ҳуқуқ дод, ки ба ҷои вилояти мухтор ҷумҳурии мухторро ташкил диҳанд. Дар натиҷа Ӯзбекистон ва Туркманистон ҳамчун ҷумҳуриҳои иттифоқӣ, Тоҷикистон ҷумҳурияти мухторӣ дар ҳаӣати Ӯзбекистон, вилояти мухтории Қирғизҳо ташкил ёфтанд. Аз ин рӯ 14 -октябр рӯзи тавлиди ҷумҳуриҳои Туркманистон, Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. 27 октябр сессияи 11 КИМ ИҶШС, даъвати 2-юм қарорро оиди тақсими ҳудуди миллии Осиёи Миёна маъқул шуморид.

Ҳангоми ташкилёбии ҶМШС Тоҷикистон ба ҳайати он. Аз ҶХШ Бухоро вилоятҳои Ғарм, Душанбе, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа, аз ҶМШС Туркистон вилоятҳои Панҷакент ва Уротеппа (Истаравшан) дохил шуданд. Ҳамон лаҳза масоҳати ҷумҳурӣ 135,6 ҳазор км буда, аҳолияш 739,5 ҳазор нафарро ташкил медод, ки 78,33 фоизаш аз тоҷикон иборат буд.

26 ноябри соли 1924 дар Тошканд Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон бо сарварии Нусратулло Махсум Лутфуллоев ташкил ёфт. 6 декабри он сол бюрои Осиёт Миёнагӣ роҳбарияти муваққатии ҳизбӣ- бюрои ташкилии ҲК(б) Ӯзбекистонро дар ҶМШС Тоҷикистон барпо намуд. 3 феврали соли 1925 ҳукумати ҶМШС Тоҷикистон дар ҳайати пурра ба Душанбе омад. Рӯзи дигар, 4 феврал дар Душанбе гирдиҳамоии серодам барпо гардид. Дар он декларатсияи ташкилёбии ҶМШС Тоҷикистон хонда шуд. 5 феврал ба барҳам додани ташкилотҳои Бухорои Шарқии собиқ ҷумҳурии Бухоро шурӯъ намуданд.

Баъди ташкилёбии ҶМШС Тоҷикистон ноҳияҳои Исфара, Конибодом ва Ашт ки ба уезди Қӯқанди вилояти Фарғона дохил мешуданд, бевосита ба ҳайати Ӯзбекистон монданд. Вилоятҳои Панҷакенту Ӯротеппа (Истаравшан) агар чанде аз рӯи тақсимоти ҳудуди миллӣ ба ҶМШС Тоҷикистон дохил шуданд, вале бо сабабҳои гӯйё ҷуғрофӣ, роҳбарии давлатию ҳизбии онҳо то соли 1926 бевосита аз тарафи органҳои ҶШС Ӯзбекистон ҷорӣ мешуд. Онҳо танҳо соли 1926 ба ҳаӣати ҶМШС Тоҷикистон амалан гузаштанд. Бадахшони Кӯҳӣ ҳам аз соли 1923 чун вилояти мустақил аввал дар ҳаӣати ҶМШС Туркистон, баъд ба ҳаӣати ҶШС Ӯзбекистон монд. 2 январи соли 1925 вилояти Бадахшони Кӯҳӣ ба вилояти Мухтори Бадахшон табдил дода шуд ва худи ҳамон рӯз бо қарори садорати КИМ ИЧШС ба ҳайати ҶМШС Тоҷикистон дохил шуд.

Тоҷикони баъзе ноҳияҳои бевосита дар ҳайати ҶШС Ӯзбекистон монда ,аз натиҷаҳои тақсимоти ҳудуди-миллӣ чандон розӣ набуданд. Аз ҷумла охирин соли 1924 мардуми Конибодом,чун эътироз,пеши роҳи раиси КИМ ИҶШС (СССР)

М. И. Каленинро гирифтанд. Дар натиҷа онҳо соли 1925 ҳуқуқи «ноҳияи мухторӣ»-ро соҳиб шуданд. Соли 1926 масъалаи ташкил додани округи Хӯҷанд ба миён омад ва феврали соли 1927 он воқеӣ гардид. Ба округи Хӯҷанд он лаҳза уезди Хӯҷанд, ноҳияҳои Конибодом, Исфара ва Ашт дохил мешуданд. Ин округ танҳо сентябри соли 1929 ба ҳайати ҶМШС Тоҷикистон дохил шуд ва худи он сол ин ҷумҳурии мухторӣ ба ҷумҳурии иттифоқӣ табдил ёфт.

Ҳамин тарз халқи тоҷик дар натиҷаи муқобилияти сахти дар аввал туркпарастону баъд ӯзбекпарастон соҳиби ҷумҳурии мухтории худ гардид, ки он барои ин халқи қадима аҳамияти бузурги таърихию сиёсӣ дошт. Вале ин ҷумҳурӣ дар гӯшаи қафомондатарини кишвар-Бухорои Шарқӣ, ки аз собиқ-марказҳои машҳуру мадании халқи тоҷик-Бухоро, Самарқанд ва Хӯҷанд хеле дар канор буд, бунёд гардид. Яъне миллатгароён ба ин халқи азияткашида имконият надоданд, ки ҳамон лаҳза ақалан яке аз он марказҳоро пойтахти ҷумҳурии мухтори худ эълон намояд. Аз ҳамин сабаб ҳам халқи тоҷик бо бунёди ҷумҳурияташ деҳаи хурди назарногири Душанберо пойтахти худ қарор дода, минбаъд бо кӯмаки бародаронаи ҷумҳуриҳои собиқ иттифоқ онро ба яке аз шаҳрҳои зебою саноатии замона табдил дод.

Сарвари ҳукумати ҷумҳурии Бухоро Ф.Хоҷаев аввалин шуда пешниҳод карда буд, ки аз ҷумлаи ноҳияҳои кӯҳистони Мастчоҳ ва Қаротегин вилояти мухтори Тоҷикистон бунёд карда шавад. Дигар вилояту ноҳияҳои ҷумҳурии Бухоро бояд асоси ҷумхурии Ӯзбекистонро ташкил медоданд. Амалдорони Ҷумҳурии Бухоро ҳангоми гузаронидани маъракаи тақсимоти ҳудуди миллӣ аз рӯи ҳамин нақша амал карданд. Онҳо дар байни мардуми шаҳру деҳот ташвиқ карданд,ки «аз ҳисоби сарзамини ҷумҳурии Бухоро ҷумхуриҳои Ӯзбекистон ва вилояти мухтори Тоҷикистон бунёд мегардад. Бо сабаби он ки вилояти мухтори тоҷикон дар ноҳияҳои кӯҳистон барпо мегардад,бинобар ин ҳар касе худро дар рӯйхат» ӯзбек нависад, дар манзили худ озодона истиқоматро идома дода метавонад. Хар касе, ки худро «тоҷик сабт кунад, хона ва чизу чораашро гузошта, баъд ба ҳамон мулкҳое, ки барои вилояти мухтори тоҷикон муаӣян шудаанд, раванд ва ё онҳо маҷбуран фиристода мешаванд». Дар асоси ин ташвиқот қисме аз тоҷикони на танҳо Бухоро ва атрофи он, ҳатто тоҷикони дигар вилоятҳои Осиёи Миёна ҳам баҳри дар манзили худ оромона мондан ба рӯйхат худро ҳамчун «ӯзбек» номнавис намуданд. Зеро, барои эшон Қаротегину Мастчоҳ ҳамчун гӯшаи қафомондатарин ва мардуми он бечоратарин маълум буд.

Ҳангоми гузаронидани тақсимоти ҳудуди миллии Осиёи Миёна на дар ҷумҳурии Туркистон ва на дар ҷумҳурии Бухоро ба рӯйхатгирии ҳақиқии объективии аҳолӣ гузаронида нашуд. Зеро, барои ин чуноне таъкид намудем, заминаҳои объективӣ ва субъективӣ ҳанӯз муҳаӣё нагардида буд. Дар баробари паст будани худшиносии миллӣ, инчунин кадрҳои лаёқатманд намерасиданд. Бинобар ҳамин ҳам дар рафти маъракаи тақсимоти ҳудуди миллӣ амалдорон бештар аз кабинети кории худ истода кӣ будани мардуми ин ё он маҳал ё худ ноҳияро муайян мекарданд. Баъзан эшон намояндагони худро ба ноҳияҳои гуногун фиристода, бо дасти онҳо рӯӣхати муфассалро, бо нишон додани миллати барояшон дилхоҳ, ҳозир менамуданд.

Ҳуҷҷатҳои гуногуни боӣгонии шаҳри Москва аз он далолат медиҳанд, ки дар баъзе ноҳияҳои тоҷикнишин мутасаддиёни ба рӯӣхатгирии аҳолӣ ба тамоми фишорҳо нигоҳ накарда, рӯӣхати ҳақиқии аҳолиро бо нишон додани миллаташон ҳамчун» тоҷик» пешниҳод кардаанд. Вале чунин ҳолат, ки ба амалдорони болоӣ маъқул набуд, бинобар ин дар чунин рӯӣхатҳо калимаи «тоҷик»- ро хат зада, аз болои он «ӯзбек» навиштаанд. Мутаасифона ин гуна рӯӣхатҳои ислоҳшуда хело бисёранд.

Ҳангоми маъракаи ба рӯӣхатгирӣ, баъзе аз амалдорон бо дастаҳои силоҳбадаст дар гузару маҳаллаҳои тоҷикнишин ва ҳатто масҷиду мадрасаҳо мардумро «ташвиқ» намудаанд, ки дар рӯӣхат худро ҳатман «ӯзбек» нависанд, ё худ ҳангоми пурсидани касе худро ҳамчун «ӯзбек» муаррифӣ намоянд. Чунин шахсони силоҳдор баъзан шабона ба хонаи тоҷикон даромада, онҳоро гӯё бори дигар «огоҳ» намудаанд, ки «ӯзбек» будани худро фаромӯш накунанд.

Ҳамон лаҳза яке аз мақсадҳои асоситарин ва наздиктарини амалдорони ҷумҳуриҳои чӣ Бухоро ва чӣ Туркистон ин ба инобат нагирифтани мавҷудияти тоҷикон буду бас. Дар ин ҷода онҳо аз дин ҳам моҳирона истифода бурдаанд. Худ тасаввур кунед, ҳанӯз ҳам аз тоҷик ё худ ӯзбек ки ба дин эътиқоди сахт доранд, саволомез пурсед: «таалуқ ба кадом миллат дорад?». Дар ҷавоб албатта мегӯянд: « Алҳамдулиллоҳ мусулмонам!» Пас, дар он солҳои пурфоҷиаи 20-ум тоҷики аз тарсу ваҳм гумроҳгардида аз куҷо медонист, ки ҳангоми пурсидани миллат ба ҷои «мусулмон» бояд «тоҷик» гӯяд!

Ғайр аз ин сиёсатмадороне, ки ҳаллу фасли миллиро ба дӯш доштанд, чунин ташвиқ мекарданд,ки «ҳар ки суннимазҳаб аст, туркасл ва ҳар ки шиамазҳаб аст, ирониасл мебошад». Маълум аст, ки дар Осиёи Миёна, махсусан дар Бухоро ва Самарқанд дар радифи тоҷикон ирониён низ зиндагӣ мекунанд. Агарчӣ тоҷикону ирониён ба гавҳар як халқ мебошанд, тавофути мазҳабӣ эшонро аз ҳам ҷудо мекунад. Чуноне пештар таъкид намудем, дар аморати Бухоро ихтилофҳои мазҳабӣ бо ихтилофҳои мансабӣ омехта шуда, январи соли 1910 дар шаҳри Бухорои Кӯҳна сабабгори хунрезии сахт гардида буд. Соли 1924 бошад амалдорони Бухоро чунин ихтилофоти мазҳабии тоҷикон ва ирониёнро ба инобат гирифта ба гумоштагони худ дастур доданд, ки :» ҳар касе худро суннимазҳаб ҳисобад, ваӣ ӯзбек аст, ҳар касе худро тоҷик ҳисобад, ваӣ шиамазҳаб аст». Дар натиҷаи чунин «муаӣян» кадани миллат бисёр тоҷикони бухороӣ худро «ӯзбек» ҳисобиданд. Зеро, эшон шиамазҳабиро барои худ ҳам таҳқир ва ҳам гуноҳи азим меҳисобиданд. Абдуқодир Муҳиддинов, чун шоҳид ва иштирокчии бисёр воқеаҳои он давр маҳз ҳамин гуна ҳолатро бо инобат гирифта таъкид кардааст, ки он лаҳза барои муаӣян кардани тоҷику ӯзбек, мутасаддиён «сунниро ӯзбек ва шиаро форс-тоҷик нишон доданд».

Як нуқтаи дигарро низ хотирнишон карданием, ки дар замони бунёди ҷумҳуриҳои миллӣ ва баъди он ҳам, баъзе тоҷикони ҳаваси мансаб намуда, маҳз сиёсати туркпарастӣ, баъд ӯзбекпарастии ҳукуматдорони сараввал ҷумҳуриҳои Бухорою Туркманистон, сипас Ӯзбекистонро ба инобат гирифта, баҳри мансаб аз асли хеш даст кашида, барои /исботи / туркнажодӣ худро ҳатто аз авлодони «яссавӣ» ё худ «ҷағатоӣӣ ба қалам медоданд. Минбаъд тоҷикони «ӯзбек» номнависшуда худро барғалат «ӯзбекони тоҷикзабон» меҳисобиданд, ки чунин шахсон хело бисёранд.

Дар марҳилаи гузаронидани тақсимоти ҳудудӣ миллии Осиёи Миёна беадолатиҳо нисбати халқи тоҷик на аз тарафи халқи ӯзбек , туркман, қирғиз, қазоқ, ва ғайра, балки дар натиҷаи бемасъулиятию бераҳмӣ ва мавқеи нодурустро ишғол намудани арбобони масъули чӣ ҳизбию шӯравии маҳаллӣ ва чӣ марказӣ , махсусан дар натиҷаи шитобкории эшон дар гузаронидани ин гуна чорабиниҳои муҳими ҳалкунандаи тақдири халқҳо содир гардидааст. Бинобар ин оиди беадолатиҳои содиршуда гуноҳ, ақалан масъулиятеро ба дӯши ин ё он халқе гузоштан асос ва маъние надорад. Махсусан,чуноне дар боло таъкид намудем, халқҳои тоҷику ӯзбек асрҳо боз дар сарзаминаи Осиёи Миёна бо ҳам унс гирифта ,бародарвор кор ва зиндагӣ доранд. Имрӯз ҳам мардуми асосии аксари ноҳияҳои ҷумҳуриҳои Таҷикистон Ӯзбекистонро (ба чуз ноҳияҳои кӯҳӣ) тоҷикону ӯзбекон ташкил медаданд. Аз ин рӯ дар дохили ин ёон ҷумҳурӣ ба эътибор нагирифтани манфиати маънавии эшон ҷинояте дар назди рухи поягузорони дӯстииин ду хақл мебуд. Албатта онҳое, ки дар он солҳои душвор ба хатогиҳои ҷиддӣ ,ё худ нисбати тоҷикон ҷинояте содир намудаанд, хати нодурусти сарҳадии бо қалам муайянкардаашонро симхорҳои каснагузар иваз мекунанд.

Адабиёт.

1.История таджикиского народа. – М., 1965.

2.История таджикиского ССР- под ред. Антоненко Душанбе, 1983.

3.Мухторов А. Раҳматуллоев А. – Очеркҳои таърихи Тоҷикистони Советӣ. – Душанбе, Ирфон. 1989.

4. Масов. Р.М. История топорного разделения. Д., 1989

5. Масов Р.М. Тоҷикон: бо мӯҳри «комилан сиррӣ » Д., 1995.

6.Масов.Р.М. Таджики: история с грифом « совершенно секретно».Д.1995.

7.Турсунов Таърихи тоҷикон., Хуҷанд. 2001.

8.Набиева Р.А., Зикриёев Ф.Б. – Таърихи халқи тоҷик. – Душанбе – 2001.

9. Ҳотамов. Н. Таърихи халқи тоҷик.Д.2001

10 . Салими Аюбзод. Тоҷикон дар қарни бистум. Прага.2002.

test

Добавить комментарий