Маълумоти умуми дар бораи ҷашни Наврӯз

ДИЛОРОЮ ОЛАМАФРУЗӢ, НАВРУЗӢ, ИМРУЗ!

Боиси хурсандии мардуми Тоҷикистон гашт, ки 30 сентябри соли 2009 аз тарафи ЮНЕСКО Наврӯз дар баробари 76 унсури мероси ғайримоддӣ аз тамоми ҷаҳон ба феҳристи намояндагии (репрезентативии) мероси ғайримоддии маданияти башар дохил карда шуд. 23 феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64-уми Кулли СММ зери мавзӯи 49-уми рӯзномаи Иҷлосия «Маданияти ҷаҳон» аз тариқи ризоият (консенсус) зери унвони «Иди байналмилалии Наврӯз» Қатънома (Резолютсия) қабул карда Қатъномаи мазкури Созмони Миллали Муттаҳид дар хусуси Наврӯз аз 17 банди муқаддамотӣ ва 5 банди иҷроӣ иборат аст. Дар оғози қатънома омадааст, ки:

Картинки по запросу The United Nations Secretariat Building.jpg http://www.vokrugsveta.ru/encyclopedia/images/d/d9/UNESCO_HQ.jpg

Парчами СММ Қароргоҳи СММ Қароргоҳи ЮНЕСКО

 

«Иҷлосияи Кулли,

бори дигар мақсаду принсипҳои Оинномаи Созмони Миллали Муттаҳид, аз он ҷумла мақсади дар амал татбиқ намудани ҳамкории байналмилалиро дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ тасдиқ намуда,

ба қатъномаи 56/6 худ аз 9-уми ноябри соли 2001 дар бораи рӯзномаи Глобалӣ барои муколама дар байни тамаддунҳо, такя карда,

инчунин ба истинод ба Эъломияи принсипҳои ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи маданият, ки 4-уми ноябри соли 1966 Конференсияи Кулли Созмони Милали Муттаҳид доир ба масъалаҳои маориф, илм ва маданият (ЮНЕСКО) қабул кардааст… қайд мекунад, ки Наврӯз – рӯзи баробаршавии шабу рӯз дар фасли баҳор, ҳамчун оғози соли нав аз тарафи зиёда аз 300.000.000 сокинон дар тамоми ҷаҳон дар тӯли бештар аз 3000 сол дар Балкан, ҳавзаи баҳри Сиёҳ, дар Қафқоз, дар Осиёи Марказӣ, дар Шарқи Наздик ва дар минтақаҳои дигар ҷашн гирифта мешавад, …

бо дар назардошти тамоил доштани Наврӯз ба ҳаётбахшию ҳамоҳангӣ бо табиат, дарки мавҷудияти робитаи ногусастанӣ дар байни меҳнати бунёдкорона ва навшавии даврагии табиат, муносибати ғамхорона ва боэҳтиромона ба сарчашмаҳои табиии ҳаёт:

1. Интихоби рӯзи 21-уми март ба унвони рӯзи байналмилалии Наврӯзро эътироф менамояд.

2. Ҷидду ҷаҳди кишварҳои аъзоро, ки дар он Наврӯз аз ҷиҳати ҳифз ва густариши фарҳангу суннатҳои ба Наврӯз алоқаманд арзёбӣ карда мешавад, истиқбол мекунад.

3. Аз кулли кишварҳо даъват ба амал меоварад, ки сатҳи огаҳии худро дар бораи Наврӯз баланд бардоранд ва, дар сурати зарурӣ, ҳамасола барои бузургдошти ин ид тадбирҳо доир намоянд.

4. Аз кишварҳое, ки Наврӯзро гиромӣ медоранд, барои пажӯҳиш перомуни таърих ва суннатҳои Наврӯзӣ дар миёни ҷомеаи байналмилалӣ даъват ба амал меоварад;

5. Ба кишварҳои алоқаманд-аъзо ва Созмони Миллали Муттаҳид, алалхусус коргузори тахассуси Созмони Милали Муттаҳид, муассисаҳои махсусгардондашудаи марбута, хазинаҳо ва барномаҳо, асосан зерсохтори Созмони Милали Муттаҳид доир ба масъалаҳои маориф, илм ва маданият, ва созмонҳои байналмилалию минтақавии алоқаманд, инчунин ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ пешниҳод менамояд, ки дар чорабиниҳои аз ҷониби давлатҳо доирмегардонидагӣ, ки дар онҳо Наврӯз ҷашн гирифта мешавад, иштирок намоянд.

Имсол бори дуюм аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз натанҳо иди миллӣ барои ворисони таърихии он, балки ҳамчун иди байналмилалӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. Имол солест, ки мардуми кишвар Наврӯзи 20-мин баҳори истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо тантана ҷашн мегиранд. Дар арафаи ин иди воқеан бузург месазад, ки мухтасар дар бораи баъзе паҳлӯҳои таърихию фарҳангӣ ва маънавии Наврӯз ҳарф занем.

 

МАЪНИИ ВОЖАИ «НАВРӮЗ»

Ид, яъне ҷашн ва вожаи ҷашн дар фарҳанги мардуми тоҷику форс ба маънои рӯзи шодмонӣ истифода мешавад. Усулан ҳар рӯзе, ки дар он ёдбуде аз хушӣ ва шодмоние барои гурӯҳе аз мардум бошад, аз замони тавлиди Наврӯз боз ҷашн номида мешавад. Ҷашн аз вожаи ясн гирифта шудааст. Ин вожа дар забони паҳлавӣ ба сурати «язшен» ва ба маънои ситоиш ва парастиш истифода мешудааст. Наврӯз, ки аз решаи калимаи паҳлавии «нукруч» ё «нук» гирифта шудааст, маънои «Рӯзи нав»-ро медод. Зеро «нук» дар забони паҳлавӣ ба маънои тоза ва зидди кӯҳна истифода мешудааст. «Рӯз» ё «руч» бошад, ба маънои вақт ва замон (аз тулӯъ то ғуруби Офтоб) омада будааст. Ба ҳар ҳол Наврӯз калимаи мураккаб аст, ки аз вожаҳои «нукруч» ё «нук» ба миён омада, ба мафҳуми «Рӯзи нав» истифода мебаранд.

 

НАВРӮЗ ДАР ОИНАИ ТАЪРИХ

Чунин шуморида мешавад, ки Иди Наврузӣ дар Эрони Қадим пайдо шуда, ба парастиши Офтоб ва номи паёмбари афсонавӣ Зардушт алоқаманд аст. Мувофиқи ривоятҳои асотирӣ дар ин рӯз воқеаҳои зиёди афсонавӣ ба амал омадаанд: «Зардушт ҳамчун худо интихоб карда мешавад, то ки ба мардум бахту саодат ато фармояд». Шоҳи асотирӣ Таҳмурас «девҳои бадкин ва одамони бе раҳму шафқатро ба зиндон мепартояд» ва «Гуштосп бошад, шоҳдухтар Каетун ва Ҷомосп оини Маздаясноро қабул мекунанд». Тавлидёбии Наврузро низ ба номи шоҳи афсонавӣ Ҷамшед алоқаманд мекунанд, ки дар ин рӯз шӯълаҳои офтоб ба ӯ нурпошӣ мекунанд.

https://republic.ru/upload/iblock/9c6/9c689ae2e5cc69e619b38711a1f429b1.jpg https://img08.rl0.ru/c3163045d0bb7bfdaab269b72a4ac371/c250x166/nuz.uz/uploads/posts/2015-06/1434965297_zoroastriang-copy-2.jpg

Коҳин ва паёмбар Зардушт Китоби муқаддаси Зардуштӣ «Авесто»

Сарчашмаи қадимтарине, ки дар он ҷашнгирии Навруз ёдоварӣ мешавад, китоби муқаддаси дини зардуштӣ «Авесто» мебошад. Тибиқи таълимоти «Авесто», инсонҳо бояд ҳар баҳор ба вуҷуд омадани ҳаётро дар рӯи заминро қайд кунанд, ки он «дар шаш шакл» (осмон, об, замин, растаниҳо, ҳайвонот ва инсон) тавлид ёфтааст.

Ҳарчанд дар тӯли таърихи Эрони бостон, ҷашнҳои Меҳргон, Сада, Опонгон, Яздон ва ҷашну маросимҳои дигар ҳамеша бошукӯҳ баргузор мешуданд, лекин ҷашни Наврӯз ягона ҷашнест, ки дар тӯли таърихи дуру дароз ҳамвора аҳамияти худро ҳифз карда ва ҳамеша мондагор будааст. Хосияти фаромиллиятӣ ва фародинии Наврӯз, яке аз далоили аслии истиқомат ва ҳамагонӣ будани он дар байни мардумони мухталиф аст.

 

Картинки по запросу Тахмурас https://encrypted-tbn0.gstatic.com/images?q=tbn:ANd9GcQcL8QHf3TstDNhfgN-c5xl2CYRQRE8AKm7ed0tJpqQc_4jJd8W5IsrNGU

Шоҳ Таҳмурас Шоҳ Ҷамшед

Мутаассифона, дониши мо аз таърихи оғози ҷашн гирифтани Наврӯз бисёр маҳдуд аст. Бо вуҷуди ин, баъзе маълумотҳо аз сарчашмаҳои гуногуни таърихию фарҳангӣ то ба мо омада расидаанд. Масалан, Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ, шоири хамосасарои бузурги форсу тоҷик, маншаъи иди Наврӯзро ба шоҳ Ҷамшед, сарсилсилаи подшоҳони пешдодӣ нисбат дода, дар «Шоҳнома» ин андешаро чунин баён мекунад. Ҷамшед ҳафтсад сол ҳукмронӣ карда будааст. Вай дусад соли аввали давраи подшоҳии худро ба чор марҳалаи баробар тақсим кард. Дар паннҷоҳ соли аввал ба мардум истеҳсолу гӯдохтани фулузот ва аз онҳо сохтани аслиҳаи ҷангиро омӯзиш дод. Дар панҷоҳ соли дуввум ба мардум ҳунари дузандагию бофандагӣ, порчаҳои мухталифу таҳияи либосро ёд дод. Дар панҷоҳ соли сеюум ҷомеаро ба чаҳор табақа – руҳониён, низомиён, кишоварзон ва савдогарон тақсим намуд, ки ҳар кадом дар шуғли худ соҳибтахассус шуд. Дар панҷоҳ соли чорум ободонӣ ва ривоҷи илму фарҳангро дар кишвар ба вуҷуд овард ва сохтани биноҳоро омӯ\хт. Дар баробари ин, ҷавононро ба фарогирии улум ва бахусус илми пизишкӣ ташвиқ намуд.

Пас аз поён расидани давраҳои зикршуда Ҷамшед ҳамчун шоҳ тоҷгузорӣ мешавад. Дар рӯзи оғози ҳукумати худ ӯ дастур дод, ки ин рӯзро ҳарсола ба унвони «Рӯзи нав» ҷашн гиранд. Аммо дар ҳуҷҷатҳои қарнҳои пеш аз мелоди ба мо расида дар бораи Наврӯз чизе гуфта нашудааст. Бисёре аз муҳаққиқони имрӯза бар он ақидаанд, ки гӯё яке аз далоили сохта шудани маҷмааи бузурги порсӣ – Тахти Ҷамшед ҷашн гирифтани Наврӯз тавассути шоҳони Ҳахоманишӣ будааст. Бо вуҷуди ин, ҳеҷ гуна нишонае аз вуқӯи ин маросим дар давраи салтанати Ҳахоманишиён ба таври расмӣ вуҷуд надорад. Ҳамин асос боис шудааст, ки аз ҷониби баъзе аз донишмандон чунин савол пеш ояд: Оё Наврӯз дар давраи бостон ба унвони як маросими давлатӣ ҷашн гирифта мешудааст ё не? Ба ин савол ҷавоб ёфтан корест ниҳоят мушкил.

Картинки по запросу Мифический царь Джамшед http://ic.pics.livejournal.com/sajjadi/27353101/1096586/1096586_original.jpg

Тасвири тахаюлотии Шоҳ Ҷамшед

Мо дар бораи мақому мартабаи иди Наврӯз дар давраи силсилаи Ҳахоманишиён ҳамин қадар медонем, ки подшоҳон бо як шукӯҳу шаҳомати бодабдаба ба тахти салтанат менишастаанд ва аз фармондорони вилоятҳо, ки бо худ барои тақдим ба подшоҳ ҳадяҳо меоварданд, бо хоҳиши том қабул мекарданд. Чунончи, аз тасвироти Кохи Оподоно дар Тахти Ҷамшед пайдост, ин ҳадяҳо аз аспу гов, гӯсфанду шутур ва ашёи пушиданӣ ва хӯрока иборат будаанд.

Мутобиқи сарчашмаҳои эронӣ нахустин бархӯрди мо бо Наврғз дар ҳуҷҷатҳои таърихии аҳди салтанати Волоши аввали Ашконӣ боз мегардад. Волоши аввалро умуман поягузори асосии маросимҳои бисёри бостонӣ, аз он ҷумла маросими Сада меноманд. Навишта шудани қисматҳои Авесторо низ ба даврони ӯ нисбат медиҳанд. Мутаассифона, камбудии мадорики комил моро аз таҳқиқи муҳим оид ба таърихи ҷузъиёти баргузории Наврӯз дар даврони Ашконӣ маҳрум месозад. Хушбахтона аз маросими Наврӯз дар даврони ҳукмронии силсилаи Сосониён дар даст иттилооти комил дорем. Катибаҳои Сосонӣ, пандномаҳо ва сарчашмаҳои дигари адабиёт аз баргузории ҷашни соли нав дар дарбори Сосониён нақл мекунанд.

Маросими Авестоӣ усулан ситоиши амшоспандон мебошад. Ясноҳо низ сурудҳое ҳастанд, ки барои ситоиши Митрову Аноҳито ва дигар амшоспандон навишта шудаанд. Калимаҳои «ҷашн» ва «ясно» аз як реша ҳастанд. Дар натиҷа дар бахшҳои қадимаи Авесто зикре аз ҷашнҳои Наврӯз, Чоршанбесурӣ, Сенздаҳбадар ва ё ҳатто Садаро дар даст надорем. Нахустин нишонаи Наврӯз дар Авесто дар фаргарди дуввум (Видюдот) ҳаст, ки зимни тавзеҳи зиндагии Еям (Ҷамшед) ба дастури баргузории Наврӯз низ ишора шудааст. Ин ривоятро Фирдавсӣ низ дар «Шоҳнома» зикр мекунад.

Аммо Ванюдот аз ҷадидтарин бахшҳои Авесто мебошад, ки бо эҳтимоли зиёд дар даврони Сосониён навишта ё дар он даврон бознависӣ шудааст. Зикр бояд кард, ки бисёре аз русумоти зардуштии Сосониён ба ин китоб ворид шудааст.

Аз ҷашн гирифта шудани оғози баҳор дар Бобули бостон низ мадорики бисёре дар даст аст. Мувофиқи онҳо дар рӯзи оғози баҳор подшоҳ ба сӯи маъбади Мардук (Худои Бобул) мерафт ва бо ба даст гирифтани дастҳои ин Худо ҳимояти ӯро аз салтанати худ нишон медод. Баъд аз иҷрои ин маросим подшоҳ ба қаср бармегашт ва ба ходимону надимон ва раият дастуру зиёфат медод. Ҳар касе мехост, метавонист ба мулоқоти подшоҳ биёяд.

Аҳамияти ин маросим то он дараҷае баланд буд, ки баъд аз тасхири Бобул тавассути Куруш ва ҳатто то замони Ҳашиёршоҳ ҳам ин маросим ҳамасола доир мегардид. Поёни афсонаҳои Бобулӣ дар рӯзи 13-уми баҳор (ки аввалин бор рақами 13 дар афсонаҳои Бобулӣ бо унвони адади бад шинохта шудааст) бо рафтани ҳамаи аҳолии шаҳр, аз он ҷумла подшоҳ ба даштҳои хориҷи шаҳр эълон карда мешуд.

ҶУҒРОФИЯИ ҶАШНГИРИИ НАВРӮЗ ИМРӮЗ

Наврӯз дар тӯли таърих ҳамеша ба унвони ҷашни муттаҳитдкунанда ва бидуни вобастагиҳои нажодӣ, забонӣ ва динӣ матраҳ будааст. Наврӯз рӯзи миллӣ ва ҷашни ҳамаи онҳоест, ки таъриху фарҳанги муштарак доранд, аз он ҷумла рӯзи миллӣ ва ҷашни тоҷикон, афғонҳо, курдҳо ва сокинони сарзаминҳое, ки дар тӯли қарнҳо бо номҳои гуногун Шоҳаншоҳии Эрон ё худ Хуросони Бузургро ташкил додаанд. Дар баробари ин, дар тӯли таърихи дурру дароз Наврӯз рӯзи миллии ҳамаи мардумоне гардидааст, ки аз кӯҳҳои Помири Бадахшон то интиҳои кӯҳҳои Курдистони Сурия ва аз Қафқоз то руди Синд ва минтақаҳои халиҷи Форс сукунат доранд. Вале ҳар кадоме аз миллатҳои мухталифи дар ин иқлимҳо сукунатдошта маросими хоси худро барои ҷашн гирифтани Наврӯз доранд. Сарфи назар аз ин, ҳамаи онҳо ин ҷашнро бо забони соҳибони аслиаш «Наврӯз» меноманд ва фаро расидани онро ҳамчун рӯзи аввали баҳор мешиносанд.

Дар Эрон ва Афғонистон Наврӯз оғози соли расмии кишвар аст. Дар баъзе ҷойҳо низ бо вуҷуди расмӣ набудани ин маросим, ҳар сол шумораи зиёди мардум ин ҷашнро баргузор мекунанд. Мисли Сурия, ки ҷашни Наврӯз дар зиндагии курдҳои он кишвар ба эҳтиром ва мақоми вижае бархурдор аст. Ҷашни имрӯзаи Наврӯз яке аз ҷашнҳои бунёдии Осиё шинохта мешавад. Наврӯз дар нӯҳ кишвари Осиё – Эрон, Афғонистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон ва Туркия бо ҳамин ном таътили расмист.

Садриддин Айнӣ дар бораи баргузории ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон менависад, ки бо сабаби аввали баҳор, вақти ба ҳаракат даромадани тамоми растаниҳо рост омадани ин ид табиати инсон ҳам ба ҳаракат медарояд. Аз ин ҷост, ки тоҷикон мегӯянд: «ҳамал ҳама чиз дар амал». Дар ҳақиқат, ин ид ба ҳаракат даромадани кишту кор ва дигар соҳаҳои заминдорию кишоварзӣ, ки инсонро сер мекунад, сабабгори бардавом зистани ӯ мешавад.

Мардуми Тоҷикистон дар айёми иди Наврӯз хонаро чунон тозаю озода мекунанд, ки гарде аз соли кӯҳна боқӣ намонад. Дар ин сарзамин пухтани суманак, қалама, кулча ва хӯроку таомҳои гуногуни лазизу хуштамъи хоса ба иди Наврӯзӣ ҷузъҳои расму русуми ин айём аст. Ҳамчунин баргузории мусобиқот аз қабили гӯштингирӣ ва бузкашӣ низ дар ин айём аз ҷумлаи анъанаи қадимаи наврӯзист.

ЧАНД РУСУМИ НАВРӮЗӢ ДАР ЭРОН

Рӯиши ҷавонҳо. Чанд рӯз пеш аз Наврӯз донаҳои гандум, ҷав, биринҷ, лубиё, наск, нахӯд, кунҷит, ҷуворӣ ва мош бо шумораи ҳафт (намуди ҳафт амшоспанд) ё дувоздаҳ (шумораи муқаддаси бурҷҳо) дар сутунҳои аз хишти хом месабзонданд. Рушди ҳар як донаро фоли нек медонистанд. Ба ин ақида буданд, ки он дона дар соли нав мӯҷиби баракат ва самаранок хоҳад буд.

Ҳафт син. Адади ҳафт аз замонҳои қадим дар назди эрониёни бостон адади муқаддасе будааст. Собиқаи суфраи ҳафт син бисёр кӯҳан аст ва ба давраи сосониён боз мегардад. Бархе коршиносон асоси ҳафт синро чидани ҳафт синӣ аз хони Наврӯзӣ медонанд, ки ба он ҳафт синӣ мегуфтанд. Баъдан табдил ба ҳафт син шуд. Оташдон нишонаю рамзи пойдории нур, чизҳои рӯи дастурхон аз обу сабза ҳамчун нишонаи рӯшноӣ. оташдон нишонаи пойдории нур, шир нишонаи таваллуди дубора, тухм нишонаи нажод, оина нишонаи шаффофият ва сафо, санҷит нишонаи зоиш ва бороварӣ, себ нишонаи ишқ, анор нишонаи тақаддус, сикка нишонаи баракат, норинҷ (анор) нишонаи курраи Замин, гулоб нишонаи обрезон, нон нишонаи серию фаровонӣ ва китоби муқаддас нишонаи маънавиёту ахлоқ иборат буданд.

Чоршанбесурӣ. Эрониёни бостон нурро мазҳари эзидӣ медонистанд ва хуршеду оташро бо далели он ки манбаи нур ва рушноӣ будан, онҳоро гиромӣ медоштанд. Чоршанбесурӣ аз ду калима, яъне чоршанбе (бо маънои охирин чоршанбеи сол) ва сурӣ. Сурик маънои сурхро ифода мекунад, ки дар кулл маънои чоршанбеи сурхро медиҳад ва он муқаддимаи ҷашни Наврӯз ифода мекунад.

ҶОЙГОҲИ НАВРУЗ ДАР ҶАҲОН

Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид байни кишварҳои Эрон, Озарбойҷон, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркия ва Туркманистон мебошад, ки Наврӯзро дар сатҳи миллӣ ҷашн мегиранд, омода шуда, мавриди ҳимояти умумии кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид қарор гирифта буд, ба тасвиб расид. Наврӯз танҳо муаррифии як рӯз дар тақвим нест, балки фарҳанги амиқ ва решадор аст, ки бо тамоми одоб ва суннати худ ҳамасола умеду шодмониро барои инсонҳо дар саросари курраи Замин ба армуғон меоварад.

Наврӯз бузургдошти решаҳо, арзишҳои инсониро ҳифз ва мунтақил сохтааст. Манотиқе, ки дар он ҷашни Наврӯз бо сабкҳо ва шаклҳои гуногун баргузор мешаванд, танҳо бо чанд кишвари минтақа маҳдуд намешавад. Имрӯза Наврӯзро дар Осиёи Марказӣ, Шарқи Миёна, Қафқоз, нимҷазираи Балкан, минтақаи Баҳри Сиёҳ ва нуктаҳои дигари ҷаҳон гиромӣ медоранд. Дар воқеъ, ҷуғрофияи Наврӯз бо номи Наврӯз ё мушобеҳи он саросари Ховари Миёна, Балкан, Қазоқистон,Тотористон, Бошқирдистон, Туркистони Чин, Ҳиндустон, Покистон, Бангладеш, Непал, Тибет ва ҳатто Америкаи Шимолӣ шомил мешаванд. Ҳарчанд баъзе кишварҳо, аз қабили Миср ва Чин ҷузъи сарзаминҳое нестанд, ки дар онҳо Наврӯз ҷашн гирифта мешуда бошад. Сарфи назар аз ин, имрӯза ҷашнҳои шабеҳи ҷашни Наврӯз дар ин кишварҳо низ баргузор мешаванд. Боиси хушнудист, ки дар таърихи 30 моҳи марти соли 2010 Порлумони федералии Канада аввалин рӯзи баҳори сол – 21-уми мартро бо унвони Наврӯз номгузорӣ кард. Акнун дар ин мамлакат минбаъд ҳамасола иди Наврӯз ҷашн гирифта мешавад.

Боварии комил бар он дорем, ки ҷуғрофияи фарогирии иди Наврӯз дар Шарқу Ғарб ва Ҷанубу Шимоли курраи Замин то чанде васеътар доман паҳн мекунад ва он вақт дур нест, ки Наврӯз аз ҷумлаи идҳои дӯстдоштатарини мардуми Сайёра хоҳад шуд. Зимни ин гуфтаҳо ифтихор аз он дорем, ки яке аз нишонаҳои гуворотарин ва башардӯсттарин аз тамаддуни мардуми тоҷику форс, ки Наврӯз мебошад, имрӯз беш аз пеш ба рӯзғори мардуми ҷаҳон ворид гардида, чун дар ҳазорсолаҳои қаблӣ нақши муттаҳидсозӣ, таҳкими дӯстию бародарӣ ва ҳамбастагии ҷомеаю табиатро иҷро хоҳад кард.

 

РИСОЛАТИ АСОСИИ НАВРУЗИ КУҲАН

Ҳар яки мо ҳар сол дар мавриди фаро расидани Иди Наврӯзи куҳан, вале абадани ҷавонро бесаброна интизор мешавем ва дар ин лаҳзаҳои гуворо ва дилнишин ба худ ва дигарон хушбахтию бурдбориҳо, фаровонии неъматҳои зиндагиро орзу менамоем, ба дӯсту рақиб даст медиҳему бағал мекушоем ва кинаю адоватро аз худ бадар мекунем. Ин воқеаи фараҳбахш дар оғози соли тақвими ҷамшедӣ сурат мегирад, ки даврони бедоршавии табиат баъд аз хоби зимистонаи дуру дароз ва фарорасии оғози корҳои саҳроӣ барои зиндагӣ ва орзую амалҳои накую дерини мардум тифоқ меафтад. Ин аст рисолати асосии Навруз, ки акнун ба иди байналмилалӣ табдил гашта, вирди забон ва шодкомиҳои мардуми ҷаҳон гашта истодааст, он бо ҳамаи забонҳои олам (дар транскрипсияҳои гуногун) ҳамчун “Наврӯз” садо медиҳад. Ин садо ҳар соли навбатӣ точанде баландтару фарогиртар шуда, имрӯз пайваста ба қалбу зиндагии ҷаҳониён ворид мегардад ва соҳибони аслии Наврӯз – давомдиҳандагони асосии фарҳангу тамаддуни ориёӣ – мардуми моро сарбаланд ва рӯҳи гузаштагонамонро шод менамояд.

Дар ин мақолаи начандон калон мехоҳем оид ба таърихи анъаноти наврӯзӣ, ки дар рӯзғори мардуми гуногуни Шарқ ташаккул ёфта, арзишҳои миллии фарҳангӣ ва маънавию ахлоқии онҳоро ғанӣ гардонда, худро бо яке аз тамаддунҳои бузургтарини ҷаҳон пайвастаанд, чанд лаҳзаи таърихӣ ва анъаноти наврӯзиро оварда, дар бораи онҳо маҷмуану ба таври умумӣ андешаронӣ менамоем. Барои ин мо бештар ба технологияи иттилоотӣ ва баъзе сарчашмаҳои таърихӣ назар меафканем.

ҲАРФЕ ЧАНД ДАР БОРАИ ТАЪРИХИ НАВРУЗ

Иди Наврӯз яке аз идҳои қадимтарин дар рӯи Замин мебошад Он то замони пайдоиши дини зардуштӣ маълум буда, ҳанӯз дар ҳазорсолаҳои III -II пеш аз милод дар давлати паҳновари Элом ва баъд аз асри VIII пеш аз милод сар карда ва то парокандашавии давлати Модҳо дар асри VI пеш аз милод ба таври ҷашни пуршукӯҳ пешвоз мегирифтанд. Дар давлати Ҳахоманишиён (асрҳои VI –IV то милод) ва давлати Сосониён (асрҳои III- VII милодӣ) Наврӯз иди асосии ин давлат шуморида мешуд,

Таърихшиноси Юнони қадим Страбон дар бораи иди Наврӯз чунин навиштааст: «Дар замонҳои аз қадим ҳам қадимтар ва то мардуми имрӯзаи Байни Дарёҳо (Сир ва Аму дар назар аст) дар ин рӯз дар Ибодатгоҳи Оташ ҷамъ меоянд. Иди Наврӯз иди аз ҳама бообурӯю машҳуртарин буда, дар он рӯз савдогарон дари дуконҳои худро мебанданд, косибон корро қатъ мегардонанд, хушу хурсандӣ мекунанд, бо ҳамон хӯрокаю нӯшокиҳое ҳамдигарро меҳмондорӣ менамоянд, ки ба онҳо оташ расида бошад.

Тавре дар «Наврӯзнома»-и Умари Хайём омадааст, таърихи пайдоиши моро ба замони хеле қадими шоҳигарии яке аз шоҳони Форс – Пешдодиён мебарад. Анъана Наврӯзро бо номи Ҷамшеди афсонавӣ мепайвандад. Ба ин шоҳ дар «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ маълумоти зиёд оварда шудааст. Дар ин асари безаволи хамосавии классикии адабиёти тоҷику форс гуфта мешавад, ки асри тилоӣ барои мардум салтанати ҳафтсадсолаи Ҷамшед мебошад. Маҳз ӯ ба одамон ба ҷои либос аз пӯсти даррандагон либоси газворӣ пӯшонид, мардумро аз рӯи касбу кор ва ба табақаҳо тақсим намуд, қонуну қоидаҳоеро ба низом даровард, ки мардум бояд мувофиқи онҳо зиндагӣ кунанд. Дар «Авесто» бошад, гуфта мешавад: ӯ дар Хоразм оташи аввалини муқаддаси зардуштӣ – оташкадаи коҳинон Атур Фарибоғро фурузон намуд. Ҳангоме, ки Ҷамшед аз тиллои баландсифат тахти шоҳии худро сохт, он аввалин тахт дар таърихи башар будааст. Ва онро ҳангоми тулӯи офтоб ба қуллаи баландтарини кӯҳ мебардорад ва тахти тиллоӣ аз шӯълаи офтоб чун офтоб нурпошӣ мекунад. Ин рӯзро Наврӯз номидаанд ва онро ҳамчун оғози Соли Нав қайд мекунанд.

Чунин шуморида мешавад, ки макони пайдоиши иди Наврӯз Эрони Қадим мебошад, ки он парастиши Офтоб ва бо номи пайғамбари афсонавии Зардушт алоқаманд мебошад. Сарчашмаи қадимтарине, ки дар он Иди Наврӯз ёдоварӣ мешавад, Авесто – китоби муқаддаси дини Зардуштӣ мебошад. Ривояти асотирие гувоҳӣ медиҳад, ки дар асри VI то милод, вақте ки Зардушт бо Ахурамаздо ва Кайхусрав мулоқот карда, аз тахти подшоҳӣ ба ҳаво мебаромад ва ҳиссаҳои хушбахтиро ба раияти худ тақсим мекард, ин рӯз, яъне рӯзи аввали Соли Нав – Наврӯзро «Рӯзи Умед» номидаанд.

Дар солҳои 272 – 273 Ҳурмуз, писари Шопур дар мамлакати Сосониён ислоҳоти тақвимро гузаронид, ки бо шарофати он Соли Нав, ё худ, тавре ки он замон мешумориданд, Рӯзи Нав – Навсард (суғдӣ), Навсарҷӣ (хоразмӣ) , Наврӯз (форсӣ) бояд ҳамон вақте ки офтоб ба мадори нишонаи Овин ворид мешуд. То ислоҳоти Ҳурмуз моҳ аз 30 руз иборат буда, он ба шаш 5-рӯзӣ тақсим мешуд ва Соли Нав дар давоми тамоми моҳ ҷашн гирифта мешуд. Вале, сарфи назар аз мақоми иҷтимоии шахсиятҳо ва мардум, он дар рӯзҳои гуногун қайд мегардид. Ҳамин тариқ, дар панҷрӯзаи аввал шоҳҳо ҷашн пешвоз мегирифтанд; дар панҷрӯзаи дуюм – шахсиятҳои наҷиб; дар панҷрӯзаи сеюм – хизматгорон; дар ҳафтаи чорум – пайвандон ва хешу таборон; дар ҳафтаи панҷум – косибон ва савдогарон; дар ҳафтаи шашум – – деҳқонон. Баъд аз ислоҳот Соли Нав дар як сол танҳо як маротиба ва дар зарфи 6 рӯз ҷашн гирифта мешуд. Дар рӯзи 1-ум шоҳ эълон мекард, ки ӯ «баҳри некуаҳволии халқ менишинад» (хоҳиши мардуми оддиро ба назари эътибор гирифта); рӯзи 2-юм ӯ деҳқонон – кишоварзонро қабул мекард; дар рӯзи 3-юм саворагони ҳарбии яккачин ва намояндагони рӯҳониёнро қабул мекард; дар рӯзи 4-ум аъзои оила (ғайр аз писарон)-ро қабул мекард; дар рӯзи 5-ум писаронро қабул мекард; дар рӯзи 6-ум танҳо ҳамонҳоеро қабул мекард, ки ба ин мартаба сазовору шарафманданд.

Бузургии Наврӯз аз он гувоҳӣ медиҳад, ки зуҳури дини ислом дар асри VII ба мавҷудияти ин иди мардуми эронинажод хотима нагузошта, ва монеъ ҳам нашуд. Баракс, он ба арзишҳои исломӣ маънию арзиши тозаи маънавию ахлоқӣ ворид намуд. Ин аст, ки дар яке аз ҳадисҳои ислом гуфта мешавад: «Абдуллоҳ ибни Аббос ба набераи худ Абдусамад ибни Алӣ чунин нақл мекунад: «Ба Муҳаммад, бигузор, Худованд нигаҳбонаш бошад, ба хотири Наврӯз косаи нуқрагини пур аз ҳалво тӯҳфа карданд». Пайғамбар пурсид: «Ин чист?». «Форсҳо иди калон доранд». «Бале», -гуфт пайғамбар. –«Ин рӯз рӯзест, ки Оллоҳ соимҳоро зинда кардааст». – «Соимҳо худ чистанд?». – «Соимҳо одамоне мебошанд, ки аз марг тарсида, аз заминҳои худ берун баромадаанд, – онҳо сершумор нафар буданд!» ва Оллоҳ ба онҳо гуфт: «Ба мурдагон табдил ёбед!» ва баъд онҳоро аз нав зинда кард. Худи ҳамон рӯз осмон ба сари онҳо об рехт. Аз ҳамин сабаб, одамон, чун қоида, дар ин руз об мерезанд». Муҳаммад ҳалворо нӯши ҷон карда, косаро даршикаста, пораҳои нуқрагини онро ба ансорҳо тақсим карду гуфт: «Оҳ, кошки ҳар рӯзи мо Наврӯз мебуд!».

ИДИ НАВРУЗ ДАР ЭРОН ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Бо ҷашни мӯҳташам пешвозгирии рӯзи баробаршавии шабу рӯз ба пайдоиши тақвими солшумории шамсӣ алоқаманд мебошад, ки он дар рӯзғори мардуми Эрон ва Осиёи Марказӣ ҳафт ҳазор сол қуабл, пеш аз зуҳури дини ислом ба миён омадааст. Дар тӯли ин муддат дар ин минтақаҳои ҳамзабону таърихи муштарақи қадим ва асрҳои миёна анъанаҳои гуногуни наврӯзӣ тавлид ва ташаккул ёфтаанд, ки чандтои онҳоро баён месозем ва онҳоеро, ки дар мақолоти рӯзномаю маҷаллаҳо ва маҷмӯаю рисолаҳои солҳои охир ба табърасида нисбатан камтар инъикос ёфтаанд.

Гуфтан ҷоиз аст, ки дар Осиёи Марказӣ ва Хуросон барандаи асосии Иди Наврӯз ва анъаноти он мардуми таҳҷоӣ – тоҷикон буданд. Ин аст, ки ҳамаи унсурҳои анъанаю русумоти наврӯзӣ бо забони тоҷикӣ баён ва номгузорӣ шудаанд. Баъзе унсурҳои Наврӯз дар тӯли ҳазорсолаҳои зиёд бо сабаби махсусиятҳои сарфу навҳи (грамматикии) қавмию миллии ғайритоҷикии ин минтақаҳо каме тағйир касб кардаанд, ки онҳо ба рисолат ва шаҳомати ин ид ягон зарра иснод наовардаанд. Баракс, Иди Наврӯз ва анъаноти он воситаҳои муҳими ба ҳам наздикшавии (консолидатсияи) қавмҳои дигари ин минтақаҳо, сарзамини қазоқҳо ва ҳатто аз он ҳам дуртар – Тотористон, Бошқирдистон ва қисмати наздисарҳадии Ғарбии Чин ва Ҳиндустон гардидаанд.

Акнун чанде аз анъанаҳои наврӯзии Осиёи Марказӣ ва Эронро баён месозем. Нахуст дар бораи ҳафт унсур ё худ хурданӣ – «син» ва «шин» ҳарф мезанем.

Ҳафт унсур ё худ хӯрдании («ҳафтсин» ва «ҳаштшин») сеҳрноки рӯи дастурхон тӯҳфаи рамзӣ ба Офтоб мебошад. Ин тӯҳфаро қабул карда, Офтоб бояд баҳри афзудани ҳосили ғалла, боғдорию обчакорӣ ва шуғли дигари меҳнати одамон ғамхорӣ зоҳир намояд.

Ғайр аз ин, дар рӯи дастурхон оина низ мегузоранд ва мувофиқ ба шумораи аъзои оила шамъҳо фурӯзон мекунанд. Ин шамъҳоро то он замоне, ки худашон то охир сӯхта, ба итмом нарасанд, хомӯш кардан мумкин нест. Дар рӯи дастурхон ҳатман нонҳои калони идона ва дар косае об низ гузошта мешавад, ки дар болои оби он ҳатман барги сабзе ҳамчун рамзи баҳору сабзиш ва Наврӯз шино мекунад.

Дар Осиёи Марказӣ ягон ид бе оши палав ҷашн гирифта намешавад. Аммо дар иди Наврӯз халис ва суманак хӯрданиҳои асосӣ мебошанд. Ҷараёни пӯхтани ин таъомҳо дуру дароз ва кори мушкиле мебошад. Ин корро аз бегоҳ оғоз мекунанд ва он тамоми шаби пеш аз Наврӯзро мегирад. Пӯхтани суманак кори занҳо ва халис вазифаи мардҳо мебошад. Халис аз 7 унсури хурданӣ ва бо омехта кардани гӯшт тайёр карда мешавад.

Суманак таъоми оддию муқаррарӣ набуда, он як таъоми муқаддас ба ҳисоб меравад. Ин аст. ки пеш ва баъд аз пӯхтани он суманакпази асосӣ аз Қуръони Маҷид сураеро мехонад, аниқаш сураи «Ихлос»-ро. Суманакро ба ҳамаи ҳамсоягон, хешовандон ва дӯстон тақсим мекунанд. Пеш аз он, ки суманакро мечашӣ, се орзуи худро вирди забон мекунӣ ва онҳо дар давоми сол ҷомаи амал хоҳанд пӯшид.

Дар Осиёи Марказӣ ва Эрон ҳафт унсури болои дастурхон («ҳафтсин» ва «ҳаштшин») аз ҳамдигар каме тафовут дорад. Дар Осиёи Марказӣ ҳафт намуди хӯрданӣ, сипанд, себ, сиёҳдона, санҷит, сирко, сир ва сабзиро ташкил медиҳад. Дар Эрон бошад, сикка, сирко, сир, суман, суманак, санҷит ва сабзӣ. Дар байни онҳо сиккаи эронӣ, ки рамзи боигарӣ мебошад, мавҷуд нест. Чанд унсури дигари «син»-и Осиёи Марказӣ аз «син»-и Эрон тафовут дорад: сипанд ва сияҳдона.

Ин тафовутро пеш аз ҳама бояд дар махсусияти тафаккур ва рӯзғори таърихии мардуми тоҷику форс кофт, вале ҳар кадом ҳамдигарро пурратар гардонида, аҳамият ва обрӯю манзалати ин иди бузурги миллии моро боз ҳам баландтар бардоштааст.

Дар динҳои Зардуштия ва Ислом рақами 7 муқаддас номида шудааст. Дар замонҳои қадим дар баробари «ҳафтсин» ва «ҳафтшин» «ҳафтмим» (номи ҳарфи арабӣ дар алифбои форсӣ) низ будааст. Вале бо сабаби хароҷоти зиёд се дастурхон густурдан хеле кам тифоқ меафтад. Бо ҳамин ду «син» – «ҳафтсин» ва «ҳаштсин боқӣ мондаанд ва қариб кассе «ҳафтмим»-ро ба забон намегирад.

Дар замони қадим дар Эрону Хуросон Наврӯз 13 рӯз ид карда мешуд. Дар хотимаи ҷашн, яъне рӯзи 13-ум мардум ба саҳро баромада Соли Навро пешвоз мегирифтанд. Чунин шуморида мешуд: одамоне, ки ба саҳро баҳри лаззат бурдан аз табиат баромадаанд, онҳоро дар тӯли тамоми сол хушбахтию бурдбориҳо ҳамроҳӣ хоҳад кард. Ин анъана дар Эрон то ба имрӯз ҳам омада расидааст. 5 рӯзи аввал ба вохӯрии Наврӯз ва 3 рӯз ба аёдати хешу табор ва дӯстон бахшида шудааст. Рӯзи нӯҳум ҳамчун Шаҳрёрони Наврӯз (Наврӯзи Шоҳ) маълум аст, рӯзи сенздаҳум «Сенздаҳ бадар» (Сенздаҳи берун аз манзил) номгузорӣ шудааст. Рӯзи сенздаҳум рӯзи охирини ҷашни оғози Соли нави тақвими ҷамшедӣ – Наврӯз мебошад. Он рӯз мардум бо ҳамроҳии хешу таборон рӯзи 13-уми баҳорро дар муҳити табиат гузаронида, гӯё, ки ба ин васила бо он оштӣ мешаванд.

Дар Ӯзбекистон пеш аз ҷашн соҳибзани Иди Наврӯз – Баҳорхонумро интихоб мекунанд. Ӯ бояд зебою хушсалиқа, шӯх ва боақлу фаросат бошад. Дар озмуни дигар Деҳқонбобо интихоб мешавад. Ба ин вазифа чун анъана ду нафар – оқсақол (пири кору шахси обруманд) ва ҷавоне интихоб мешаванд. Дар озмуни сеюм Момоёр – Замин интихоб мегардад. Ана ҳамин чор персонажи иди Наврӯз пероҳани зебою рангоранги миллӣ ба бар карда, идро кушода эълон мекунанд. Онҳо дар мошини бо гулҳо орододашуда дар иҳотаи мутрибону ҳофизон кӯчаҳоро давр зада, ҳамаро ба майдони асосии шаҳр ба ҷашни Наврӯз даъват менамоянд.

 

ҶАШНИ НАВРУЗ ДАР ТОҶИКИСТОН БО ҲУЗУРИ ГУЛҲО

Ин ҷо мо дар бораи ҳамаи муқаррарот, анъаноти таърихию фарҳангӣ ва маънавию ахлоқии ин ид ҳарфе заданӣ нестем, зеро аз онҳо кулли мардуми кишвар хеле хуб огаҳ мебошанд ва онҳоро риоя мекунанд. Мақсади мо ин лаҳза он аст, ки ба яке аз паҳлӯҳои хеле муқаддасу ҷаззоб ва анъаноти ҳамаи минтақаҳои дигаре, ки Иди Навруз дар он ҷойҳо ҷашн гирифта мешавад ҳамчун ишора фикри хешро баён менамоем. Ҷашни Иди Наврӯзи тоҷикӣ ҳамеша бо «ҳузури» гулҳо мегузарад Мо ин падида (феномен)-ро дар анъаноти наврӯзии халқҳои дигар, ки дар сарчашмаҳои таърихӣ инъикос гардидаанд, кам мушоҳида мекунем. Оре, дар ҳамаи давру замонҳои ҷашни Иди Наврӯз мдар минтақаҳои тоҷикнишин чанд намуд гули пайдарпайи дар арафаи ин ид мешукуфтагӣ сарахбори фаро расидани Наврӯз мебошанд. Шояд ин зуҳурот ба махсусияти иқлиму фасли сол, наботот ва ё тафаккури халқи мо алоқаманд фарорасии Соли нави Наврӯзӣ буда, гулҳо аз ҷумлаи беҳтарин унсурҳои онҳо бошанд.

https://encrypted-tbn0.gstatic.com/images?q=tbn:ANd9GcRVwCXNID-72NNuXdjXorXvXTx0gdFLeDSFEcWFLKvofZDsnS-ZJk7el6o Картинки по запросу Гули Сияҳгуш Картинки по запросу Гули Наврузӣ

Гули Бойчекак ва ё Тағорашиканак. Гули бойчечакро дар минтақаҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ «Гули тағорашиканак» ном мебаранд. Мардуми Хуросони Эрон низ онро бо ибораи дар робита бо мафҳуми «шикастан» ном мебаранд, лекин на тағорашиканак, балки «Табақшиканак». Шояд имрӯз ин гулро тавре ном бибарем, ки аҷдодони мову эрониён ном мебурданд, яъне «Тағорашиканак» ва ё «Косашиканак». Мӯҳтавои номи гули Тағорашиканак он аст, ки ин гул ҳамон замоне мешукуфад, замоне ки ҳанӯз то як дараҷа хунук аст ва дар ин хунукӣ ҳатто тағора сафолӣ мешиканад. Изофа мекунем, ки дар вақташ тағора ва ё коса сафолӣ буд ва табиист, ки он дар ҳавои сард мешикаст. Махсусияти ин растанӣ (бойчекак) тобоварии он ба сармо мебошад, ки аз хунукӣ натарсида, мешукуфад ва ба мардум мужда аз баҳор ва Соли нави Наврӯзӣ меорад.

Празднование навруза. Архив Картинки по запросу Празднование Навруза

Манзараи ҷашни Навруз

Ин гули барвақтӣ қариб як моҳ қабл аз Наврӯз, замоне, ки ҳаво акнун ба гармшавӣ шурӯъ мекунад, дар он ҷойҳое, ки барф аллакай об шуда истодааст, мешукуфад. Гули Тағорашиканак аввалин қосиди наздикшавии Баҳор мебошад. Мардуми мо ҳамчун рамзи рӯй дидан ба сабзиву хуррамӣ гули бойчекакро ба дидаҳои худ мемоланд ва дар соли нави наздикшаванда орзуҳои нек карда, Наврӯзро бетоқатона интизор мешаванд.

Картинки по запросу Иди Навруз Картинки по запросу Иди Навруз

Манзараи ҷашни Навруз

Гули Сияҳгӯш. Дуюмин гуле, ки аз наздикшавии Наврӯз ба таври гуворо дарак медиҳад гули Сияҳгӯш ме6бошад, гарчанде, ки дар арафаи ин ид қоқуф ва баъзе гулҳои на онқадар диққатҷалбкунанда мешукуфанд. Гули Сияҳгӯш сегӯша аст ва ҳар гӯшаи он абрӯи аруси усмакашидаро мемонад. Он аввал дар қисмати офтобрӯяҳои доманаҳои кӯҳӣ мешукуфад ва ҳавои тозаю салқинро хуш мепазирад.

Дар арафаи иди Наврӯз чун анъанаи дерину муқаддас наврасон либоси идона ба бар карда, дар нӯги ходачӯби и тахминан 2-метра, дар нугаш навори сафеду сабз ва сурхи тӯпакдор, дар бораи фаро расидани соли нави наврӯзӣ дар маҳали зисти худ ҳавлӣ ба ҳавлӣ гашта, бо суруду шеърхонӣ ба мардум муждаи наврӯзӣ мерасонанд. Қисме аз хурду калони маҳал ба ин дастаи «гулгардонҳо» мепайванданд. Баъд аз маводи хӯроквории ҷамъомада хӯроке бо номи далдаи сарисолӣ (дар маҳалҳои гуногун номи ҳархела дорад) мепазанд ва онро мардуму меҳмонон дар рӯзи соли нав наврӯзӣ нӯши ҷон мекунанд. Ин гулро низ ҳамчун рамзи фарорасии Соли нави Наврӯзӣ ба дидаҳояшон мемоланд ва аз он хурсанданд, ки Худованд онҳоро ба Соли Нав – Иди Наврӯз расонидааст. Лекин ба гули Сияҳгӯш монанд боз гули дигаре низ ҳаст.

Гули Наврӯзӣ. Гули Сияҳгуш бунафшаранг мебошад. Аз рӯи шакли бутта ва ранг аз гули Навруз тафовут дорад. Тафовути сабзиши гули Сияҳгӯш аз гули Навруз дар он зуҳур меёбад, ки(дар баробари гуногунрангии онҳо) аз замин булулак шуда мебарояд ва баъди чанде мешукуфад. Гули Наврӯзӣ бошад, заминро чок карда, аввал тану баргҳояш пайдо мешаванд ва сипас булулак пайдо карда ва мешукуфад. Гули Наврӯзӣ аслан дар ҷараёни ҷашнгирии иди Навруз ва дар тули тамоми моҳ мешукуфад. Гули Наврузӣ бештар дар кӯҳсор ва талу теппаҳо мерӯяд.

Дар рӯзҳои иди Наврӯзӣ бо гулҳои Сияҳгӯш ва Наврӯзи гесуҳои духтарону бонувон ва наварусону хонумҳоро оро, ба ҳамдигар тӯҳфа карда, суханҳои табрикотӣ мегӯянд ва орзуҳои нек мекунанд, дастурхону мизҳои идонаро зебу зинат медиҳанд ва ҳоказоҳо. Гулҳои Сияҳгӯш ва Наврӯзӣ рамзи зебогӣ, сабзиш ва хурсандии иштирокчиёни Иди Наврӯз мебошанд. Такроран баён медорем, ки Дар Тоҷикистон Иди Навруз «соҳиби» гулҳои худ мебошад: Гули Сияҳгӯш ва Гули Наврӯзӣ.

Он чӣ ки ба ҷараёни тайёрӣ ва доир гардидани иди Соли Нави Наврузӣ дахл дорад, ҳоҷат ба баён ва шарҳу эзоҳи он нест, чунки ҳамагон дар кишвар иштирокчиёни бевоситаи ин тадбири хурсандибахши миллӣ мебошанд ва ҳамаи нозукиҳои онро хуб медонанд. Танҳо хотирнишон бояд, ки паешвозгирии Иди Соли Нави Наврузӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусиятҳои миллии худро дорад, ки он аз анъанаю тарзи зиндагӣ ва тафаккури ин миллати соҳибфарҳанг ва тамаддуни пурғановат ба миён омада ва ташаккул ёфтааст.

ИДИ НАВРУЗ ДАР ҚАФҚОЗ

Наврӯз иди дӯстдошта ва фараҳбахши Озарбойҷон – “мамлакати оташҳо” ва озарҳо мебошад. Тавре аз сарчашмае бармеояд, дар рӯзҳои ҷашни Иди Наврӯз мардуми озар муттаҳид мешаванд. Дар он рӯзҳо мардум на ба сардор тақсим мешаваду на ба тобеъ, на ба бою на ба камбағал ва на ба сер ва на ба гурусна, ҳама баробаранд. Он рӯзҳо мардум дарахт мешинонад. Буридани дарахт гуноҳ аст. Муҳим аст, ки дар рӯзи баробаршавии шабу рӯз дар дастурхони идона оши палав, ширинию хӯрданиҳое бошанд, ки номи онҳо бо ҳарфи “с” оғоз мешавад. Ғайр аз донаҳои гандуми сабзидаи «самани», суманак, «сиб», яъне себ – рамзи зебогии муҳити иҳотакарда, «серке», яъне сирко – рамзи дарозумрӣ ва пуртоқатӣ, «сенҷед», яъне санҷит – рамзи ишқу муҳаббат, «секке», яъне сикка – рамзи боигарӣ ва «сир» – рамзи саломатию бардамӣ мебошанд, гузошта шудаанд. Маълум аст, ки ин «ҳафтшин ба Озарбойҷон ҳанӯз дар замони қадим аз Эрон омадааст. Дар рӯзи сешанбеи охирини Наврӯз одамон бояд анъанаи аловпаракро иҷро нимоянд. Агар гулханро кӯдаки хурдсол фурузон кунад, гулхан махсусан тозаю беолоиш, яъне барои инсон фоидабахш мегардад.

Бисёр вазифаю ташвишҳои хурсандибахши Иди Наврӯз ба зимаи занон гузошта шудаанд, ки ин рамзист. Дар арафаи Наврӯз дар манзил щама ҷо бояд тозаю ороста ва пероста бошад. Соҳибхоназанҳо аз ҳамаи ашёҳои кӯҳна – сару либос ва палосҳои корношояму фартут халос мешаванд. Тавре як соҳибхоназани озарбойҷонӣ Нӯшоба Гасимова мегӯяд:

-Ман бо ҳамроҳии духтаронам Сабина ва Севанҷ шириниҳои аҷоиби наврӯзӣ – ҳавлою шакарбурро таҳия намудаем. Мо ба анъанаҳои наврӯзии хеш эҳтироми бепоён дорем. Се рӯз пеш аз ид аз гандум суман – “сямянӣ” месабзонем тухмии гандумро корида, духтарони ман аз онҳо бо илтифот хоҳиш менамоянд, ки: “Тухмиҳо, моро ҳифз намоед ва мо ҳарсола шуморо хоҳем сабзонид”. Дастурхони идона аз оши палав, шириниҳо, тухмҳои рангорунг пур карда шуда, дар он оина низ гузошта мешавад. Мувофиқи мазмуну мӯҳтавои асотире, Замин дар нуги шохҳои буққаи афсонавӣ нигоҳ дошта мешавад. Чун буққа хаста мешудааст, борро аз як шохаш ба шохи дигар ҳаво медодааст ва ин лаҳза Наврӯз фаро мерасидааст. Маҳз бо ҳамин сабаб дар дастурхон оина ва дар болои он тухми рангкардашуда гузошта мешавад Аз ларзиши оина фаҳмида мешудааст, ки буққа курраи Заминро ҳамон лаҳза ба шохи дигараш “партофтааст” ва бо ҳамин соли нав оғоз ёфтааст”.

Халқҳои арману гурҷ ва халқҳои дигари Қафқоз низ анъанаҳои қадимаи наврӯзӣ доранд, ки онҳо аз замони дар ҳайати давлатҳои Модҳо, Ҳахоманишиён, Сосониён ва сулолаҳои дигар эронӣ будани қаламрави Қафқоз сарчашма гирифта, ташаккул ёфта буданд. Вале бо сабабҳои таърихи қисме аз онҳо ба хотири фаромӯшӣ супурда шудаанд ва қисми дигарашон бо анъанаҳои дигари миллии ин халқҳо омехта гардида, тамаддуни халқҳои сокини ин минтақаро ғанӣ гардондаанд. Бо сабаби ба истиқлолияти давлатӣ ноил шудан ва Иди байналмилалӣ эълон гардидани Наврӯз дар рӯзғор ва тарзи зиндагии халқҳои Қафқози имрӯза низ таҳаввулот ва баргашт ба баъзе анъаноту тарзи зиндагии ниёгон ба назар мерасад, аз он ҷумла ба Иди Наврӯз ҳам.

ҶАШНГИРИИ СОЛИ НАВ ДАР ТАЪРИХИ БАШАР

Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ қайдкунии Соли Нав ҳанӯз дар ҳазорсолаи III то милод дар Байнаннаҳрайн тавлид ёфтааст. Шоҳҳо барои ин ҷашни пуршукӯҳ маблағҳои калон сарф карда, ибодатгоҳҳо ва тахту тоҷи худро зебу зинат медоданд ва базму тамошоҳо меоростанд, чунки ин ҷашн на танҳо тадбири динӣ, балки воқеаи сиёсӣ ҳам буд. Гӯё, ки шоҳ ҳуқуқи худро ба ҳокимият аз нав ба розигии худо ва ё худоҳо ба мӯҳлати дувоздаҳ моҳи оянда тасдиқ мекард.

Баъд аз он, ки оби дарёҳои Даҷла ва Фурот баланд мешуд, аҳолии маҳаллӣ ба корҳои кишоварзӣ ҳусни оғоз мебахшиданд. Ин воқеа бо базму намоишҳо ба хотири ғалабаи худои шӯълавар Мардук бар нерӯҳои вайронкор ва марг доир гардонида мешуд. Дар ин рӯзҳо кор кардан, ҷазо додан, баррасии парвандаҳои додгоҳӣ манъ карда шуда буданд. Дар ин рӯзҳо махсусан дар бораи адолат, раҳму шафқат ва баробарҳуқуқӣ нисбати раият ибрози назар карда мешуд ва шоҳ масъулияти бештар эҳсос мекард. Дар як пора матни хати мехии аз он замон боқимонда гуфта мешуд: «Ҳамон вақте тартиботи ҷаҳонӣ по дар ҳавою сар ба замин мешавад, ки агар пеши роҳи озодӣ гирифта нашуда бошад. Ғулом ба ҷаноб мубаддал мешавад».

Дар Бобул Соли Навро дар Оташкадаи муқаддаси худо Мардук ва дар Манораи пуршукуҳи Бобул пешвоз мегирифтанд. Рӯзҳои аввал коҳинон дар ибодат ва тозашавии эътиқодӣ қарор доштанд, баъд дар зери садои мусиқӣ ва сурудхонӣ ба худоҳо саховатмандӣ зоҳир карда, гӯшту сабзавот, меваҷот, маҳсулоти ширӣ, оби ҷав ва шароби зайтун ҳадя мекарданд. Коҳинон аз анъаноти Соли Нав хуб огаҳӣ дошта, дар назди мардум дорои обрӯи баланд буданд.

Ҳамин ки ҳайкали Набуро дар ибодатгоҳи Бобул мегузоштанд, ба шоҳ лозим меомад, ки барои ҷавоб додан ба худо дар бораи 12 моҳи сипаришуда тайёр бошад. Коҳини ибодатгоҳ ҳамаи маводи ифодакунандаи ҳокимияти шоҳро аз шоҳ кашида гирифта, ба рӯи ӯ чанд шапотӣ ммезанад, баъд гӯшҳояшро сахт мекашад. Шоҳ ба ҳамаи ин бедодгариҳои коҳин тоқат мекунад, ба замми ин ба Мардук ҳисобот ианзур мегардонид, ки дар дувоздаҳ моҳи сипаришуда ба гуноҳе роҳ надодааст, раиятро фаромӯш накардааст, хоб нарафта, танҳо дар бораи мамлакат фикр кардааст. Баъди он ки Мардук ба суханҳои шоҳ бовар кард, ба рӯи ӯ боз мезананд, агар аз чашмони ӯ ашк ҷорӣ мегашт, пас ин фоли нек ҳисобида мешуд.

Баъд дар ҳавлии Ибодатгоҳи муқаддас буқаи сафедро қурбонӣ карда, бо ҳамин ба ҷашни олиҷаноби Соли Нав ҳусни оғоз мебахшиданд ва он 12 рӯз давом мекард. Аз ақиби намоиши пуршукӯши коҳинон издиҳоми мардуми оддӣ раҳсипор мешуд. Дар ҳама ҷо тӯҳфаҳои булурин дар шакли худочаҳо, аробачаҳо, киштичҳо ва зангулачаҳои гилин фурӯхта мешуданд.

Ҳамин ки базми иди Соли Нав ба охир мерасид, худоҳо ва мардум пароканда шуда, ба хонаҳои худ мерафтанд, то ки баъди як сол роҳи намоиши ботантанаи худро идома дода, Соли Нави ояндаро пешвоз гиранд.

Картинки по запросу Новый год в Древнем риме

Ҷашнгирии Соли Нав дар Мисри Қадим

Соли нав аз Бобул ба шаҳру мамлакатҳои дигари Шарқ, аз он ҷумла ба Миср ҳам меояд. Ин далелро бостоншиносон ҳангоми ҳафриёт дар аҳромҳои мисрӣ тасдиқ кардаанд. Дар зарфе навиштаҷотеро ёфтаанд, ки дар он чунин навишта шуда буд: «Оғози соли нав». Сокинони Мисри қадим оғози Соли Навро тахминан дар охирҳои моҳи сентябр, ҳангоми ба миён омадани мадд дар дарёи Нил қайд мекарданд. Мутобиқи анъанаҳо, дар зарфи як моҳ ҳайкалҳои худо Амон, зан ва писари ӯро дар киштӣ мегузоштанд. Киштӣ дар дарёи Нил шино мекард. Мисриён бошанд, онро бо рақсу суруд ҳамроҳӣ мекарданд.

Картинки по запросу Празднование Нового Года в Месопотамии

Ҷашнгирии Соли Нав 25 аср то милод дар Байнаннаҳрайн оғоз ёфтааст

Қайдкунии Соли Нав ба қитъаи Аврупо ҳам меояд. Римиҳои қадим дар Аврупо якумин шуда оғози соли навро ба қайд мегиранд ва он ба 1 моҳи март рост омадааст. Дар тақвими римиҳо ҳамагӣ 10 моҳ вуҷуд дошт ва моҳи март моҳи аввали он ба ҳисоб мерафт.

 

Картинки по запросу Новый год в Древнем Риме

Айшу тараби динӣ дар Соли Нави Сатурналий дар Рими Қадим

Бори нахуст 1 январ ҳамчун оғози соли нав дар тақвими Рими Қадим танҳо соли 700 то милод бо шарофати Нума Помпилий пайдо мешавад ва ӯ ба тақвими Рим якбора 2 моҳ илова мекунад: январ ва феврал. Соли Нав дар Рим ба иди муҳим табдил меёбад, лекин он на дар ҳамаи музофотҳои Империя 1 январ қайд карда мешуд. Дар баъзе музофотҳо Соли Нав мисли пештара 1 март мондан мегирад.

Муддати тулонӣ Соли Нав барои римиҳо 1 марти соли 46 то милод фаро мерасид. Вале Юлий Сезар ҳамон сол тақвими навро ҷорӣ кард, ки он то имрӯз ҳам мавриди истифода қарор гирифта, мувофиқи он Соли Нав 1 январ о-оз меёбад. Дар баробари ин иқдом, Соли Нав ба 1 январ кӯчонида мешавад. Барои он, ки тақвим ба ҳаракати моҳ мувофиқат кунад, Сезар соли гузаштаро аз 365 рӯз то 445 рӯз тамдид мекунад. Январ барои оғози Соли Нав рамзӣ буда, ба хотири худои дусимодоштаи римиҳо Янус номгузорӣ шудааст. Ин худо ба ақиб – ба гузашта ва ба пеш – ба оянда назар меандозад.

Идҳои римӣ ба хотири фаро расидани Соли Нави Сатурналий номгузорӣ шуда, мардум барои ин ҷашн хонаҳои худро хуб зебу зинат медоданд, ба ҳамдигар тӯҳфа тақдим мекарданд, ғуломон бо ҳамроҳии хуҷаинҳояшон шароб менушиданд. Дар тули якчанд рӯз халқ ҳар чизе, ки мехост, мекард. Ид ба нимаи охирини моҳи декабр рост меомад, вақте ки корҳои кишоварзӣ ба охир мерасиданд ва баъди ба охир расидани мавсими дарав ҳама якҷоя ҷидду ҷаҳд барои фароғат ва хурсандӣ ба харҷ медоданд.

Ҷашнгирии ҷамъиятӣ дар назди кохи Сатурн дар Форум оғоз мегардид. Баъд айшу тараби динӣ (религиозный пир) ташкил карда мешуд, ки дар он сенаторҳо ва саворагон, ки дар тан пераҳанҳои махсус доштанд, ширкат меварзиданд. Дар оилаҳо рӯз бо қурбоникунӣ оғоз меёфт ва он хушу хурсандона мегузашт, дар баробари ин, дустон ва хешовандон ба ҳамдигар тӯҳфа тақдим мекарданд

 

Картинки по запросу римский бог янус медальон купить Похожее изображение

Тасвири худои дусимодоштаи римиҳо Янус

 

Яке аз анъанаҳои солинавии римиҳои қадим чунин буд: онҳо натанҳо ба хешу табор ва наздикони худ тӯҳфа тақдим мекарданд, балки ба ашхоси мансабдор ҳам. Дар аввал онҳо ба ҳамдигар зайтун ва меваҳои барои шароб пешбинишударо тақдим мекарданд, баъд – сиккаҳои мисин ва ҳатто тӯҳфаҳои қимматбаҳоро низ. Ҳар кас бояд дар рӯзи Соли Нав ба патрони (пуштибони) худ тӯҳфа тақдим мекард. баъдтар ин одат барои ҳамаи сокинони Рим ҳатмӣ мегардад.

Дар келтҳо, сокинони Галлия, Соли Нав дар охири моҳи октябр сурат мегирифт.Ин ид Samhain (охири тобистон) номида мешуд. Дар он келтҳо манзилҳои худро бо омела (як намуди буттаҳои ҳамешасабз ва бо меваҳои сафед, ки дар дарахтҳои дигар ҳамчун тайёрхур месабзад) оро медоданд, то ки рӯҳи бадхоҳро пеш кунанд. Онҳо бар ин андеша буданд, ки дар Соли Нав рӯҳи фавтидагон зинда мебошанд. Ғайр аз ин, келтҳо анъанаҳои зиёди римиҳоро низ аз худ карда буданд, аз он ҷумла, аз раият тӯҳфаҳои солинавӣ талаб мекарданд.

Моҳи март дар Римии Қадим моҳи нахустини сол ҳисобида мешуд, ба он хотир, ки корҳои саҳроӣ ҳамин вақт оғоз меёфтанд. Дар соли 46 то милод диктатори Ҷумҳурии Рим Юлий Сезар оғози соли навро 1 январ таъйин мекунад.

Дар Англияи асримиёнагӣ бошад, Соли Нав дар охири моҳи март қайд карда мешуд. Қарори парлумони ин мамлакат дар бораи гузаронидани Соли Нав ба 1 январи соли 1752 қаҳру ғазаби оппозитсияи занонаи ҷомеаро ба миён овард. Ҳайати вакилони занони ба қаҳру ғазабомада ба сухангӯи парлумон эълон дошт, ки Парлумон ҳақ надорад, ки синну соли анҳоро якчанд рӯз калон кунонад. Ба ин талаб гӯё, ки сухангӯ чунин ҷавоб дода бошад: «Мана, он намунаи классикии мантиқи занона!»..

 

Ҷашнгирии Соли Нав дар Рими Қадим

Гап дар сари он меравад, ки баъзе халқҳо ҳисоби солро аз рӯи тақвими моҳтобӣ доир мегардониданд, аз ин рӯ, дар онҳо оғози Соли Нав гоҳ ба тирамоҳ, гоҳ ба зимистон, гоҳ ба баҳор ва гоҳ ба тобистон рост меомад. Вале идкунии Соли Нав дар халқҳои қадим ба моҳи март рост меомад. Маҳз дар ҳамин моҳ табиат аз нав зинда мешавад.

Ба ҷои хулоса:

Тавре ба мушоҳида мерасад, рузи ҷашнгирии Соли Нав аз замони қадим ва то асри ХVIII борҳо иваз карда шудааст ва ин кор ҳатто ба иродаи як нафар (сардори давлат ва ё парлумон) ҳам вобаста буд. Аз ин бармеояд, ки тақвими Соли Нав дар ин қитъа ҳанӯз устувор набудааст,нде, ки қайдкунии соли Нав аз Шарқ (Мисри Қадим ва Бобул) кайҳо қабул шуда буд. Шояд илми ситорашиносӣ дар мамлакатҳои пешқадами Аврупои онвақта ҳанӯз рушд накарда бошад. Ё аз он сабаб бошад, ки иқлими Аврупо дигар хел аст. Шояд набудани анъанаи доимӣ ҳамчун яке аз сабабҳо асар кардааст.

Лекин дар замони авестоӣ ва Шоҳ Ҷамшед илми дар Эрони бостон ситорашиносоӣ бе ягон шакку шубҳанашъунамо ёфта будааст ва аз илми ситорашиносии Мисри Қадим монданӣ надоштааст. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки дар тацвими шоҳ Ҷамшед Соли Нави Наврузӣ ҳар сол дақиқан 21 моҳи март, замони эҳё гардидани табиат ва фаро расидани мавсими киштукори баҳорӣ қайд карда мешуд.

Идкунии Навруз дар рӯзи батибқи сарчашмаҳои таърихӣ дар халқҳои Осиёи Миёна ва Эрон 7000 сол қабл аз зуҳури ислом ба миён омада будааст. Мувофиқи ин тақвим сол ҳар баҳор 21 март, вақте, ки руз бо шаб баробар мешавад, пурра оғоз мегардад. Бо ҳамин мавсими нави баҳорӣ, вақти ғамхорӣ, орзую умед ва ташвиши кишоварз фаро мерасад.

.

2 Загрузки

О L-BRO Administrator

Администратори сомона.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.