Табиат ва аҳолии Чини Қадим

 

  1. Табиати Чини Қадим.
  2. Осори одамони қадимтарини Чини Қадим.

 

Дар қисми ҷанубӣ-шарқии Осиё, яке аз мамлакатҳои бузургтарини дунё – Чин воқеъ гардидааст. Қисми ғарбии Чин кӯҳсор мебошад. Дар он тобистон кӯтоҳ ва гарм буда, зимистонаш хунук ва дароз мебошад. Кӯҳҳо ва суфакӯҳҳои Чин аз маъданҳо, ангиштсанг ва дигар канданиҳои фоиданок бой мебошанд. Дар қисми шимолӣ шарқии Чин ҳамвории бузурги Чин паҳн гардидааст. Хоки он хеле ҳосилхез мебошад. Иқлими он ҷо нисбат ба қисми ғарбии Чин мулоимтар буда, бориш бисёртар мешавад. Дар замони қадим ин ҳамвориҳоро ҷангалҳои сердарахт ва ботлоқзорҳои касногузар ишғол карда буданд. Онро дарёи Хуанхе, ки аз кӯҳҳо шорида мефароянд, бурида мегузарад. Дар ҷанубтар дигар дарёи бузурги Чин – Янцзи ҷорӣ шуда мегузарад.

Дар Чин дар наздикии пойтахти он – Пекин бостоншиносон дар ғоре қабати ғафси хокистар ва устухони ҳайвонотро ёфтанд, ки як вақте одамони ибтидоӣ дар он ҷо ҷамъ шуда буд. Дар ғор устухони одамонеро ёфтанд, ки ҳазорҳо сол пеш аз ин зиндагӣ ба сар мебурданд. Майнаи сари ин одамон аз майнаи сари одамони ҳозира хурдтар буд. Вале онҳо аз оташ истифода бурда метавонистанд ва дастҳояшон ба дастони одамони ҳозира хеле монанд буданд.

Дар назди устухони одамони ибтидоӣ олоти меҳнати онҳо – сангҳои лабҳояшон дағал шикасташуда ёфт шуда буданд.

Кашфиёти дигари бостоншиносон  дар Чин имконият дод,  ки тараққиёти минбаъдаи одамони ибтидоӣ, инчунин, олоти меҳнати онҳо омӯхта шавад. Беҳтар кор карда бароии санг, пайдо шудани олоти устухонӣ ва дар ҳазораи II пеш аз милод олати биринҷӣ ёфта шудааст.

Аҳолии ҳамвории Чин дар ҳазораи дуюми пеш аз милод аз шикорчиён, зироаткорон ва чорводорон иборат буданд. Шикорчиёни ибтидоӣ бештар дар пуштакӯҳҳо ва водиҳои кӯҳӣ зиндагонӣ мекарданд. Одамон дар баробари тараққиёти зироатчигӣ ба заминҳои ҳосилхези ҳамвории бузурги Чин сокин шудан гирифтанд.

Ҳаёти аҳолии водии дарёи Хуанхе хеле вазнин буд. Дарё дар вақти боронҳои пуршиддат садҳо километр заминҳоро пахш карда, соҳилҳоро шуста мерафт. Деҳаҳои том ба даруни оби сели дарёҳо монда нобуд мешуданд. Ҳамворӣ пас аз обхезӣ биёбон шуда мемонд. Обхезии дарёи Хуанхе ба сари аҳолӣ чунин бадбахтиҳое меовард, ки онро то вақтҳои наздик “Офати Чин” меномиданд. Тарсу воҳима аз обхезиҳо ва хушксолиҳо, сабаби дар Чин пайдо шудани эътиқод ба худоҳои хунталаби бод ва борон гардид.

Одамони аз обзеркунӣ наҷот ёфта ба маҳаллаҳои кӯҳна баргашта меомаданд. Одамон барои истиқоматгоҳ дар замин чуқуриҳое кофта, болоҳои онҳоро бо шохчаҳо мепӯшониданд. Деҳқонони дар обшинаҳои ҳамсоягӣ муттаҳидгардида оббандҳо месохтанд, то ки майдонҳоро аз обзеркунӣ муҳофизат кунанд. Деҳқонони обшина гандум, шолӣ, сабзавот кишт карда, чорво парвариш менамуданд.

Меҳнати ҳазорсолаи собитқадамонаи халқи Чин ҳамвории Бузурги Чинро дигаргун сохт. Ба ҷои ҷангалҳои бузург  ва ботлоқҳои касногузар дар ҳамвории Чин майдонҳо ва боғҳо сабз шуданд, шаҳрҳо ва деҳаҳо ба вуҷуд омаданд.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.