Тараққиёти хоҷагӣ ва тиҷорат

 

  1. Тараққиёти хоҷагӣ дар Чин.
  2. Тиҷорат дар давлати Чжоу.

 

Дар давраи мавҷудияти давлати Чжоу кишоварзӣ машғулияти асосии аҳолӣ буд. Чорводорӣ дар ҳамон музофотҳое тараққӣ кард, ки барои ин кор шароити мусоид дошт, хусусан дар ноҳияҳои куҳӣ ва наздикӯҳӣ . ба чорводорӣ амалдорони махсус назорат мекарданд. Шоҳони Чжоу ба асппарварӣ аҳамияти калон медоданд, чунки лашкар ба асп эҳтиёҷи калон дошт. Чарогоҳҳои хуби алоҳида барои чаронидани аспҳои шоҳ муайян карда шуда буданд. Дар Чжоу зироатпарварӣ тараққӣ кард. Чиниҳои қадим барои ҳосилхез шудани замин усули киштгардонро истифода мебурданд. Замин ба се қитъа тақсим карда мешуд ва ҳар сол дар ду қитъа кишт карда мешуд ва як қитъаи онро дам медоданд. Барои серҳосил шудани замин ба он пору мепошиданд.

Дар Чжоу боѓу токпарварӣ, полизу обчакорӣ, туту пиллапарварӣ ҳам тараққӣ карда буд. Давлат кишоварзӣ ва кишоварзонро қадр мекард, обрӯи онҳоро баланд мебардошт. Ҳар сол корҳои кишоварзӣ бо иҷрои маросимҳои ботантанаи махсус оғоз мешуданд. Шоҳ ҳам аз ин кори муҳим дар канор намемонд. Ӯ шахсан бо воситаи испар хатти аввалини заминро кашида, баъди ҷамъоварии ғалладона нони аз он пухташударо авалин шуда мечашид. Дар қисса гуфта мешавад, ки дар мақбараи ашрофи чинӣ испори кишоварзӣ ва камони ҷанговариро дар паҳлӯи марҳум гузошта мегӯрониданд. Косибӣ ҳам дар Чжоу инкишоф ёфта буд. Косибон махсусан аз биринҷӣ зарфҳои гуногун, асбобҳои корӣ, силоҳ ва маснуоти дигари ҳунармандӣ истеҳсол мекарданд. Устохонаҳои косибӣ ҳам давлатӣ ва ҳам хусусӣ буданд. Ба кори косибӣ амалдорони давлатӣ назорат мекарданд.

Рушди чорводорӣ, ѓаллакорӣ ва косибӣ боиси рушди тиҷорат гардид. Маҳсулоти изофамонда ба бозор бароварда мешуд. Дар ҳар як шаҳр якчанд бозор мавҷуд буд. Дар бозорҳо молҳоро мувофиқи қарордоди ҳукуматдорон муайян мекарданд. Ба тартиби бозор раиси он назорат мекарданд. Идораи раис дар байни бозор ҷой гирифта буд.

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.