Идораи давлатии давлати ғуломдории Чжоу дар Чини қадим.

 

 

  1. Идораи давлатии давлати Чжоу.
  2. Назорати низоми обёрии давлати Чжоу.

 

Чжоу давлати ғуломдорӣ буд. Дар давраи Чжоу дар Чини қадим ҷамоаи деҳотӣ вуҷуд дошт, ки он барои идораи давлат хеле мусоид буд. Агар ягон шахси ҷамоа аз ӯҳдаи пардохти андоз набарояд, онро аз андози дигари ҷомеа меситонданд.

Давлат соҳиби мутлақи замин ба ҳисоб мерафт. Дар заминҳои ашроф аз меҳнати ғуломон фаровон истифода бурда мешуд.

Ғуломдорӣ, ки ҳанӯз дар давраи Шан Ин ба вуҷуд омада буд, дар давраи Чжоу боз ҳам тараққӣ кард. Дар баробари подшоҳ гурӯҳи калони амалдорони давлатӣ ташаккул ёфтанд. Баъди шоҳ дар идораи давлат шахси дуюм ёрдамчии ӯ буд. Тамоми риштаҳои идораи давлатиро шоҳ ба ӯ месупорид. Ёрдамчии шоҳ дар ихтиёри худ се нафар мушовирони махсус дошт. Онҳоро баъзан “се пир” ҳам меномиданд. Яке халқро муҳофизат менамуд, ба идораи ҳаёти хоҷагии мамлакат, рафти корҳои кишоварзӣ ва тиҷорат масъул буд. Шахси дуюм “Сардори аспҳо” ё худ “Сардори лашкари мулкҳои шоҳ” буд ва ба тамоми корҳои мудофиаи мамлакат роҳбарӣ мекард. Шахси сеюм “Сардори корҳои ҷамъиятӣ” ба ҳисоб мерафт. Нозирони низоми обёрӣ, таъминоти об, сохтмони биноҳои ҷамъиятӣ, роҳҳо ва ғайраҳо низ дар ихтиёри ӯ буд. Ин шахс дар ихтиёраш амалдорони иҷрокунандаи зиёде дошт.

Дар дарбори шоҳ амалдорони дигар ҳам бисёр буданд. Онҳо ба шоҳ дар идора кардани давлат ёрӣ мерасониданд.

Шоҳ табиби худро дошт. Табиб дар атрофи худ табибони бисёреро ҷамъ меовард. Табибон Шуро доштанд. Ба ҳар беморие, ки дар аҳли хонадони шоҳ пайдо мегардид, дақиқ муоина мешуд. Ҳангоми табобат наёфтани бемор ба табиб ҳатто марг таҳдид мекард. Шоҳ дорухонаи махсуси худро дошт, ки дар он дорусозони зиёде ба дорутайёркунӣ машғул мешуданд.

test

Добавить комментарий