Илм ва дини Чини Қадим

 

  1. Таълимоти Олими Чини қадим Конфутсий.
  2. Дини Чини Қадим.

 

Чиниёни қадим табиат, хусусан замину кӯҳҳо, инчунин офтобу моҳтоб ва сайёраҳоро мепарастиданд. Дар асрҳои VI-V пеш аз милод таълимоти динию фалсафие ба вуҷуд омад, ки он асосан дини нави чиниҳо гардид. Асосгузори таълимот олими бузурги Чин Конфутсий буд.

Конфутсий соли 551 пеш аз милод дар шаҳри Чурчин музофоти Шандун ба дунё омадааст. Ӯ дар мактаб тамоми илмҳои замони худро омӯхта дар 17 солагӣ ба хизмат омода мешавад. Конфутсий аввал амбордор буд. Ҳокими вилоят ба ӯ вазифаи калонтар ҳам дод. Дар 22 солагӣ ӯ ба омӯзгорӣ машғул шуд ва дар сини 50-солагӣ ба мансаби вазирӣ расид. Вай дину ахлоқ ва қонунҳои давлатро хуб омӯхт ва дар назди мардум дар бораи илмҳои мазкур сӯҳбатҳо мекард. Вай чандин асарҳои гаронбаҳо аз ҷумла: “Чизин” (муомила ва қонунҳо), “Шутзин” (дар бораи таърих), “Шитзин” (дар бораи урфу одат ва ахлоқ), “Чжуансзи” (дар бораи воқеаҳои таърихие, ки аз соли 723 пеш аз милод то замони Конфутзий рӯй додааст). Ин асарҳои илмии ба дин сахт алоқаманданд, ки ӯ дар яке аз онҳо менависад: “Худованд бузургтарин фармондеҳи олам аст. Ӯ заминро аз модда офарида дар осмон ситорагон ва дар бари ситорагон мадор офаридааст. Ситорагон бо хости Худо дар мадори худ сайр мекунанд. Худованд ба инсон фазилати бузурге бахшидааст. Ӯ гули сари сабади тамоми олам буда, ҷовидону абадист. Худованд инсонро ба сӯи камолот ҳидоят ва роҳбарӣ мекунад. Император писари осмон ва ягона намояндаи Парвардигор аст. Инсонҳо бояд ба ӯ итоат кунанд, император бошад, ба Парвардигор. Бояд император императорӣ кунад, раият итоат, шавҳар шавҳарӣ кунад, зан шавҳардорӣ, падар падарӣ,  писар фарзандӣ кунад”.

Ҳикматҳои Конфутсий ниҳоят бисёранд. Ӯ дар синни 72 солагӣ аз дунё гузаштааст.

Олими дигари Чини Қадим Маотсӣ мебошад. Ин олим аз назари худ камбудиҳои Конфутсийро ошкор мекунад ва мегӯяд, ки Конфутсий рӯҳониятро нодида гирифтааст ва агар қалбҳо аз сифат рӯҳоният холӣ ва аз муҳаббат ба якдигар орӣ бошад, қонуни ҳукумат барои саодати воқеии одамон қодир нахоҳад буд. Ӯ даъват мекунад, ки мардумро маҷбуран ба қонун итоат накунонанд. Ин кор натиҷаи хуб нахоҳад дод. Маотсӣ бар он ақидааст, ки агар ба касе бо камоли ҳурмату эҳтиром муносибат кунед, ӯ ҳам ба Шумо ҳамин хел рафтор хоҳад кард. Ҳикмати Маотсӣ низ чун ҳикмати Конфутсий ба дини Чиниёни қадим роҳ ёфт.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.