Таълимоти Конфутсия аз чӣ иборат аст?

 

  1. Таълимоти Конфутсия аз чӣ иборат аст?
  2. Принсипҳои асосии Конфутсия чиҳо мебошанд?

 

Олими Хитойи қадим асосгузори конфутсийчигӣ. Ақидаҳои муҳимтарини конфутсия дар китоби “Сӯҳбатҳо ва муноқишаҳо” (Лунь юй) ифода ёфтаанд. Мафҳуми асосии ахлоқию сиёсии таълимоти К.жень (инсондӯстӣ) аст, ки асоси онро ҳурмат ва эҳтироми калонсолон, ҳурмати ҷову макон ва садоқат ба давлат ташкил медиҳад.

Ақидаҳои Кун-цзи тамоюли синфию аристократӣ доранд. Вай “Мардони олиҳиммат” (цзюнь цзы)-ро ба “одамчаҳои майда” (сяо жень) қатъиян муқобил мегузошт. Баъди таълимоти давлатӣ шудани конфутсиячигӣ худи Кун-цзи “Муаллими 10 ҳазор насл” эътироф гардида, шахсияти вай расман то соли 1911, яъне то ибтидои револютсияи буржуазии синьхай парастида мешуд.

Таълимоти ахлоқию сиёсӣ, ки дар Хитойи қадим пайдо шуда, дар тули бештар аз 200 сол дар инкишофи маданияти маънавӣ, ҳастии сиёсӣ ва сохти ҷамъиятии Хитой таъсири калон расонидааст. Конфутсияро дар асри 6 конфутсӣ таъсис намуда, баъдтар онро пайравонаш Мэн- цзы, Сюнь-цзы ва дигарон инкишоф додаанд. Аз ибтидо Конфутсия манфиатҳои табақаи олимартабаи синфҳои ҳукмронро ифода намуда, иштирокчии фаъоли муборизаҳои иҷтимоию сиёсӣ буд. Мавзӯи асосии муҳокимаи Конфутсия масъалаҳои ахлоқ ва давлатдорӣ буд, одамонро ба мустаҳкам намудани сохти ҷамъиятӣ ва сохти давлатдории мавҷуда даъват менамуд ва мавҷудияти синфҳои золиму мазлумро қонуни умумии адолат вогузор ба ҳақ медиҳад. Принципи асосии этикии Конфутсияро мафҳуми жень (инсондӯстӣ) дарбар мегирад.

Чун қонуни олии муносибати тарафайни одамон дар оила ва ҷамъият ташкил медиҳад. Ба Жень бо роҳи худташкилдиҳии ахлоқии, дар асоси риояи Лӣ, яъне нормаҳои ахлоқ ноил шудан мумкин аст.Мувофиқи таълимоти Конфутсия жень танҳо дастраси одамони олимартаба аст, ки Цзюнь-цзи, яъне (“маданӣ олиҳиммат”) ном доранд. Одамони оддиӣ ғсяо жень, яъне одамони майда аз ин фазилат бенасибанд. Ин ақидаҳои Конфутсия ва пайравонаш инъикоси барҷастаи ҳаёти иҷтимоӣ буда, аз хусусияти синфии таълимоти ӯ хабар медиҳад. Конфутсия ҳокимияти шоҳро муқаддас, атои илоҳӣ медонист ва ӯро даъват мекард, ки халқро на дар асоси адолат идора намояд. Яке аз пайравони намоёни Конфутсия мен-цзы (асри 4-3 то мелод) сарнагун намудани ҳокими золимро эътироф кардааст. Минбаъд дар таълимоти Конфутсия чун идеологияи ҳукмрон асрҳо парастиши император-тадбиркунандаи “иродаи осиёи”-ро тарғиб намуда, халқро дар рӯҳи вафодории мутаасибона ба “фарзандони осиёӣ” шовинизм ва муносибати боэътиноёна нисбат ба халқҳои дигар тарбия менамуд. Конфутсия чун системаи ахлоқию сиёсӣ ва динӣ асрҳо нормаҳои ахлоқ анъанаҳои оилавӣ ва ҷамъиятӣ, афкори илмӣ ва фалсафиро муайян намуда, ба пешравии онҳо халал мерасонад. Давраи нави тараққиёти Конфутсия дар замони Сунн (960-1279) рост омада, бо номи Чжу Си офарандаи системаи фалсафии неокунфутсийчигӣ принсипҳои асосии Конфутсияро қабул карда, то давраи нави  инкишофи афкори ҷамъиятию сиёсӣ ва фалсафӣ, прогресси илмию техникӣ гардида, ба канорагирии Хитой аз маданияти Европа ва афкори прогрессивии илмию техникии он сабаб шудааст.

Конфутсия нисбат ба мамлакатҳои Япония, Корея ва Ветнам низ ҳамин гуна рол бозидааст. Ҳатто баъди бунёди Республикаи халқии Хитой ба табақаҳои муайяни аҳолӣ таъсир расонида, боиси роҳи шудани шахспарастӣ, таҷдиди ҳисси миллатчигӣ гардидааст.

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.