Таъсисёбии империяи Тан  соли 618.

 

  1. Таъсисёбии империяи Тан.
  2. Идораи империяи Тан.
  3. Кишоварзӣ дар империяи Тан.
  4. Империяи Тан дар асрҳои VIIIIX.
  5. Шӯриши Хуан Ҷао.
  6. Барҳам хӯрдани империяи Тан.

 

Империяи бузурги Тан дар аҳди Ли Ши Мин тавассути амалдорони сершумори император идора карда мешуд. Ин император барои амалдорони давлатӣ унвонҳои махсус таъсис дод. Ҳамаи амалдорон ба нӯҳ дараҷа тақсим карда шуда буданд, .Ҳар кадоми онҳо мувофиқи дараҷаи унвонҳояшон дорои қитъаи муайяни замин буданд, ки ба ивази хизмат дода мешуд.

Дарбори император ҳамагӣ 6 идора дошт. Онҳо вазифаҳои вазоратҳои зеринро иҷро мекарданд. Вазорати унвонҳо, вазорати андозҳо, вазорати ҳарбӣ, вазорати додгоҳи ҷиноӣ, вазорати корҳои ҷамъиятӣ ва вазорати расму оинҳо. Ҳар кадоми вазоратҳо дар мамлакат мувофиқи номашон вазифаҳои муайянро иҷро мекарданд. Вазорати андозҳо ва ҷамъоварии андоз ва ворид кардани он ба хазинаи давлатӣ машғул буд. Вазорати ҳарбӣ, ҳамаи он корҳоеро, ки ба дифои мамлакат, аскару афсар ва артиш марбут буд, ба ӯҳда дошт.

Вазорати унвонҳо ба амалдорон ва ашхоси дигар унвон медод ва ё номзадии онҳоро ба император ва ё амалдори дигари ҳокимияти марказӣ пешниҳод мекрад. Вазорати урфу одатҳо иҷроиши мурофиаҳои динию миллиро назорат ва танзим менамуд. Вазорати додгоҳи ҷиноӣ ҳамаи масъалаҳои тафтишоти ҷиноятҳо, мурофиаи судӣ ва иҷрои ҳукми додхоҳҳоро иҷро мекард.  Вазорати корҳои ҷамъиятӣ бошад, ба сохтмони биноҳои ҷамъиятӣ, ҷӯйборҳо, роҳҳо, устохонаҳои косибии давлатӣ ва корҳои дигари таъиноти маҳаллӣ ва ё умумидавлатӣ махсус гардонида шуда буд.

Барои роҳбарӣ ба музофоту вилоятҳо император ҳокимонро таъин мекард, ки салоҳияти онҳо ба губернатор баробар буд. Ҳар як вилоят ба музофотҳо, музофотҳо ба уэздҳо, уэздҳо ба волостҳо ва волостҳо ба деҳаҳо тақсим карда шуда буданд.

Гурӯҳҳои аз ҳама поёни ҷомеаи деҳаҳо иттиҳоди ҳавлиҳо буданд, ки ҳар кадом панҷ ҳавлиро дарбар мегирифт. Дар сурати андозҳоро пардохта натавонистани яке аз ҳавлиҳо аъзоёни дигари ин иттиҳод, қарзи якҷоя мепардохтанд. Ин усули рӯйондани андозро “дастгирии ҳамдигарӣ” меномиданд.

Кишоварзӣ. Дар замони ҳукмронии Сулолаи Тан дар Чин низоми ташаккули мулкҳои давлатии заминҳо пурра анҷом ёфт. Амалдорони давлатӣ ҳамаи заминҳои мамлакатро ба ҳисоб гирифтанд, то ки бо ин роҳ заминҳои давлатӣ зиёд карда шавад. Дар ин заминҳо кишоварзони давлатӣ кор мекарданд. Онҳо ба давлат андози калон мепардохтанд. Инчунин дар як сол аз 20 то 30 рӯз корҳои давлатиро бе пул иҷро мекарданд. Бо мурури замон қисми зиёди заминҳо ба ихтиёри амалдорон гузашт. Деҳқонон бошанд, бе замин ва камзамин мешуданд.

 

Империяи Тан дар асрҳои VIIIIX. Дар асри  VIII маҷмӯаи қонунҳои Империяи Тан тартиб дода шуд, ки он аз 6 маҷмӯаи алоҳидаи ифодакунандаи тарафҳои гуногуни ҳаёти давлатии Тан иборат буданд. Қонунҳои дар ин маҷмӯаҳо инъикосёфта имконият медоданд, ки империяи Тан тараққӣ кунад ва ҳам ҳуқуқҳои халқ ҳифз карда шавад. Дар ин давра Чин бо давлатҳои зиёди Осиё робитаҳои хуби тиҷоратӣ дошт, аз он ҷумла бо Хилофати Араб, Хиндустон, Сиам ва Ветнам. “Роҳи абрешим”, ки аз Чанъан ба ҷониби Осиёи Марказӣ тӯл мекашид, Чинро ба мамлакатҳои  ѓарб мепайваст.

Чин роҳи баҳри ҳам дошт, ки он қадқади соҳилҳои шарқии  Чинро ба мамлакатҳои Осиёи Ҷанубию Шарқӣ ва Ҳиндустон мепайваст. Тоҷирони Чин абрешим, чиниворӣ ва молҳои дигарро дар бозорҳои мамлакатҳо фурӯхта даромади калон ба даст медароварданд.

Вале ин ҳама мувафаққиятҳои Чин то солҳои 70-уми асри VIII буд. Баъди ин империяи Тан рӯ ба таназзул ниҳод. Ин вақт хароҷоти давлатӣ аз ҳад зиёд шуд. Барои ҳамин императорҳо ба кишоварзон андозҳои нав ба нав бор мекарданд. Ба замми мушкилоти андоз ҳазорон кишоварзон аз касалии вабо талаф меёфтанд. Аз ин рӯ шумораи кишоварзон сол аз сол кам мешуд. Аз ҷониби онҳо ба хазинаи давлатӣ маблағи кам ворид мегардид. Дар чунин шароит кишоварзон ба заминдорон торафт бештар тобеъ мегардиданд. Заминдорон аз меҳнати ин кишоварзон даромади калон мегирифтанд.

Дар охирҳои асри VIII вазъи сулолаи Тан ва ҳокимияти марказии он рӯ ба таназзул ниҳод. Аз ин аҳвол ҳокимону лашкаркашон хуб истифода бурда мехостанд, ки истиқлолият ба даст оранд. Ин қабил амалдорон дигар аз император наметарсидагӣ шуданд. Дар ин ҷо соли 785 фармондеҳи артиш Ан Лу Шан ба муқобили император шӯриш бардошт. Дар ин шӯриши зидди ҳукуматӣ лашкари 120 ҳазорнафара иштирок кард. Соли 786 ба Ан Лу Шан муяссар гардид, ки ҳар ду пойтахти империя – шаҳрҳои Чанъан ва Лоянро ишғол намояд. Император маҷбур шуд, ки фирор кунад. Вале ӯ соли дигар баргашта бо ёрии қабилаҳои бодиянишини  зархарид шӯриши Ан Лу Шанро, ки дар байни онҳо шумораи беши уйғурҳо буданд, пахш кард. Сипас дар ҷануби мамлакат ҳам шӯришҳо ба амал омаданд, вале мисли шӯриши Ан Ли Шан шикаст хӯрданд.

Шӯриши Хуан Чао. Баъди қариб 100 соли шӯриши Ан Лу Шан солҳои 875-884 дар Чин бо сабаби қашшоқию беадолатӣ шӯриши калонтарини деҳқонон ба амал омад, ки сарвари он дӯкондори намакфурӯш Хуан Чао буд. Шӯриш аввал дар музофоти Шандун ва Хэбей сар зада, баъд ба Чини марказӣ ба музофоти Хэнан роҳ меёбад. Соли аввали шӯриш сафҳои он 100 ҳазор нафарро ташкил медод. Соли 880 ба 250-300 ҳазор нафар расид.

Баъд аз забти Чанъан Хуан Чао худро “Императори деҳқонони Чин” эълон кард. Ба анъанаи чиниҳо пайравӣ карда, Хуан Чао тахаллуси императории “Да Тси”-ро қабул кард. Ӯ эълон дошт, ки “Император ғайр аз пуштибонӣ кардани халқи оддӣ кори дигар нахоҳад кард”. Хуан Чао, ки қароргоҳаш дар Чанъан буд, вазифаи императории Чинро ҳамагӣ ду сол иҷро кард. Соли 884 императори сулолаи Тан бо ҳамроҳии анбӯҳи бузурги уйғурҳо, тангутҳо ва қабилаҳои бодиянишини шимолу ғарб ба пойтахт баргашта шӯриши Хуан Чаоро бераҳмона пахш кард. Роҳбари шӯриш Хуан Чао аз Чанъан фирор карда, ба Хунан рафт ва дар он ҷо худкушӣ кард.

Барҳам хӯрдани империяи Тан. Сарфи назар аз ин, ки сулолаи Тан шӯриши деҳқононро торумор кард. Империяи таназзулёфтаи ин сулола дигар ба худ омада натавонист. Императорони Тан баъд аз шӯриши деҳқонон дар Чин боз чандин соли дигар ҳукмронӣ карда бошанд ҳам, ҳокимияти онҳо тамоми Чинро фаро нагирифт. Дар ибтидои асри X дар шимол давлати бузурги кидониён ташкил шуд. Давлати нав ки Ляо ро дар бар мегирифт. Императорони Ляо Манҷурия қисми Муғулистон ва як қисми шимоли Чинро ишғол карда буданд.

Империяи Тан соли 907 барҳам хӯрдааст. Баъди барҳамхурии империяи Тан Чин дар тули даҳсолаҳои зиёд дар ҳолати парокандагӣ қарор дошт.

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.