Чин дар аҳди сулолаи Мин

 

  1. Ба сари ҳокимият омадани сулолаи Мин.
  2. Идораи сулолаи Мин.
  3. Пайдоиши манафактура.
  4. Лашкаркашиҳои Минҳо.
  5. Оғози робитаи Аврупоиҳо бо Чин.
  6. Заифшавии ҳокимияти сулолаи Мин.

Яке аз саркардагони артиши шӯришчиёни “Салласурхон”-и деҳқонони Чин, ки Чжу Юан Чжан ном дошт, соли 1368 ба тахти императории Чин нишаст. Бо ҳамин дар Чин салтанати сулолаи императорони Юанҳо ба охир расида, давраи салтанати сулолаи нав, ки “Мин” ном гирифтааст, оғоз ёфт. Ин сулола дар Чин то соли 1644 ҳукмронӣ кардааст. Пойтахти императорони Мин аввал шаҳри Нанкин буд. Вале дере нагузашта он ба шаҳри Янтсзин кӯчонида шуд. Ин шаҳр ҳоло Пекин ном дорад.

Идораи сулолаи Мин.  Бо сабаби он, ки сулолаи Мин аз байни деҳқонон баромада буд, императорони аввали он давлатро тарзе идора мекарданд, ки аҳволи оммаи заҳматкашонро беҳтар кунанд. Бо мақсади тақсими баробар, рӯйхати хироҷ аз нав таҳия карда шуд. Бо шарофати мусодираи заминҳои ашрофони муғул шумораи деҳқонони давлатӣ хеле афзуд. Император борҳо дар бораи аз эътибор соқит кардани андозҳои деҳқонон ва косибон фармон баровард. Барои васеъ кардани заминҳои кишти обӣ дар охири асри X VI аввали асри XV корҳои обёрикунӣ вусъат ёфтанд. Дар мамлакат даҳҳо обанбору ҷӯйҳо канда шуданд. Чжу Юан Чжан рушди косибиро ҳавасманд карда, ҳаҷми андози косибонро сабуктар кард.

Дар баробари ин дигаргуниҳо дар Чин заминдории калон боқӣ монд. Гарчанде, ки дар аввал он каме маҳдуд карда шуд. Лашкаркашони ҳарбӣ низ барои хизмат аз давлат замин мегирифтанд, хусусан онҳое, ки масоҳати бузурги заминҳои кишту чарогоҳҳоро аз они худ карда буданд. Ин заминҳо барои таъмини дарбори император ва шоҳзодаҳо истифода бурда мешуданд. Чжу Юан Чжан 20 писар дошт. Онҳо дар мансабҳои олии давлатӣ хизмат карда, дар як вақт заминдори калон буданд.

Пайдоиши манафактура. Дар асрҳои XIV-XV дар Чин корхонаҳои аввалини саноатӣ-манафактураҳо пайдо шуданд. Ин корхонаҳо матоъҳои пахтагин ва абрешимӣ мебофтанд, қоғаз чиниворӣ ва лак истеҳсол мекарданд. Саноати кӯҳии иборат аз манафактураҳои истеҳсолии тилло, нуқра, мис, оҳан, намак ва ғайра иборат буд. Саноати бинокорӣ бошад, ба муваффақияти калон ноил гардид.

Дар шаҳрҳои Пекин, Нанкин, Кантон ва ғайра қасрҳо, ибодатхонаҳо, манораҳо, пулҳо, қалъа ва иншоотҳои бинокории дигар сохта шуданд. Оид ба баъзе соҳаҳои манафактураҳои калон, аз он ҷумла манафактураҳои давлатии истеҳсолӣ абрешим, чиниворӣ ва ғайра низ сохта шуданд.

Лашкаркашиҳои Минҳо. Император Чжу Юан Чжан ва императорони дигари минҳо баъди мустаҳкам кардани ҳокимияти худ барои вусъати ҳудудҳои Чин ба лашкаркашиҳо даст заданд. Императори аввалини сулолаи Минҳо ҳокимияти худро дар Куриё ва Тибет таҳким бахшид. Ворисони ӯ ҳокимияти минҳоро бар Аннам ҳам паҳн карда, баъд чандин маротиба ба Индонезия, Ҳиндустон ва Маллакха лашкар кашиданд. Баъзе сардорони ин мамлакатҳо ҳокимияти императорони Чинро эътироф карданд. Барои чиниён шароити мусоид фароҳам омад, ки ба Ҳиндучин ва Индонезия барои зиндагии муқимӣ кӯч бастанд. Дар нимаи аввали асри XV лашкаркашии императорони сулолаи минҳо натанҳо ба мамлакатҳои шарқ, инчунин ба соҳилҳои шарқии қитъаи Африқо низ сурат гирифтанд. Муҳорибаҳое, ки дар зери роҳбарии амирулбаҳр Чжен Хэ сурат гирифтанд, аз иқтидори бузурги ҳарбии Чин замони салтанати сулолаи Минҳо шаҳодат медиҳанд. Дар асри XVI вазъият тағйир ёфт. Акнун императорони Мин маҷбур буданд, ки аз ҳамлаю истилои мамлакатҳои дигар ба дифоъи сарҳадҳои давлати худ гузаранд. Аз тарафи ғарб ба Чин муғулҳо таҳдид мекарданд. Соли 1550 яке аз ворисони Чингизхон бо лашкари бузург ба Пекин зада даромада, онро оташ зад. Дар солҳои 60-ум Чин бар зидди таҷовузи Ҷупон мубориза бурд. Ба Минҳо муяссар гардид, ки ба самурайҳои Ҷупон зарбаи сахт зада, дар охирҳои асри XVI онҳоро аз Чин дур кунонад.

Оғози робитаи аврупоиҳо ба Чин. Кашфиётҳои бузурги ҷуғрофии асрҳои XV ва XVI роҳи аврупоиҳоро ба Чин низ кушад. Ба соҳилҳои Чин аввалин шуда киштиҳои Португалия лангар партофтанд ва якчанд маҳаллаҳои мустамликавӣ бунёд карданд. Вале солҳои 50-ум ин маҳаллаҳо аз тарафи аҳолии маҳаллӣ нест карда шуданд. Португалиҳо бо талошҳои бисёр дар ҷанубтари Кантон пораи заминеро иҷора гирифтанд. Онҳо мавқеашонро мустаҳкам карда онро ба сарои шарқии худ табдил доданд.

Ҳукумати Минҳо ба хориҷиён иҷозат намедод, ки ба Чин ворид шуда, ба тиҷорат машғул шаванд ва ё корхона созанд.

Заифшавии ҳокимияти Минҳо.  Дар охирҳои асри XVI аввали асри XVII сулолаи Мин тамоман заиф гардид. Вазъи хориҷии Чин низ бад шуд. Тахминан соли 1606 қабилаҳои манҷурии сокини ҳавзаи дарёи Сунгарии шимолии Чин муттаҳид шуда, давлати худро ташкил намуданд. Соли 1625 манҷурҳо Мукден ва қариб тамоми нимҷазираи Лоядунро ишғол намуданд. Баъди якчанд сол Куриё низ тобеи манҷурҳо шуд. Дар ин давра тохтутози манҷурҳо ба музофотҳои шимоли Чин ба ҳодисаи муқаррарӣ табдил ёфт. Императорҳои сулолаи Минҳо дигар қудрате надоштанд, ки бо истилогарони манҷурӣ ҷавоби сазовор гардонанд.

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.