Сохтори давлатии давлати Тсин

 

  1. Тарзи идораи давлати Тсин (Богдихон).
  2. Музофотҳои давлати Тсин.

 

Ҳокими Тсинро Богдихон меномиданд.   Ӯ ҳокимияти номаҳдуд дошт. Идораи давлати Тсин дар асоси ду артиш-динию ахлоқӣ сурат гирифта буд:

  1. Дар зери Осмон ғайр аз Замини шоҳ дигар замин нест.
  2. Ҳамаи сокинони зери Осмон табааи шоҳ мебошанд.

Ин нишондодҳо, ки ба қонунгузории Чин дохил гардида буданд, мақоми давлатро дар шахси шоҳ ифода мекарданд. Шоҳе, ки соҳиби замин аст, мебояд аз болои халқ номаҳдуд фармонфармоӣ кунад.

Мувофиқи анъанаи чинӣ шоҳи Тсин писари Осмон буд. Ӯ шахси муқаддасу миёнарав, байни Осмон ва одамон ба ҳисоб мерафт. Мувофиқи ривоятҳои чиниён илоҳияти шоҳ аз он бар меояд, ки ӯ дар маркази Осмони беканор дар наздикии ситораи қутб қарор дорад. Мувофиқи қонун касе, ки номи шоҳро бо овози баланд мегирифт, қатл карда мешуд.

Ҳокимияти қонунгузорӣ ба ду мақомоти машваратӣ-котиботи императорӣ ва шӯрои ҳарбӣ такя карда амал мекард. Ба ҳайати котибот шумораи баробари мушовирони манҷурию чинӣ дохил мешуданд. Дар мавриди қабули қарор ҳокимони манҷурӣ бештар маслиҳати ашхоси ба хонадони шоҳ наздик ва ашрофони манҷуриро ба назари эътибор мегирифтанд.

Дар амали гардонидани ҳокимияти худ дар ин мамлакат ҳокимони манҷурӣ ба силсилаи мақомоти идораи давлатӣ такя мекарданд. Ин мақомот 6 то буданд: Рутба, маросим, андоз, додгоҳ, корҳои ҳарбӣ ва корҳои ҷамъиятӣ.

Аз назари маъмурӣ мамлакат ба 18 музофот тақсим карда шуда буд. Ҳар як музофот дар навбати худ ба даҳ вилоят тақсим мешуд. Мамлакат ҳамагӣ 180 вилоятро ташкил менамуд. Ҳар як вилоят аз уэздҳои алоҳида иборат буд. Дар асри XVII Чин 1500 уэзд дошт.

Идораи маҳаллӣ аз тарафи мақомоти маъмурии уэздҳо идора карда мешуд. Ҳайати маъмурӣ вобаста ба масоҳати уэзд аз 200 то 2000 нфарро ташкил мекард.

Дар маҳаллҳо воҳидҳои деҳотии худидоракунӣ низ мавҷуд буданд.

Дар охирҳои асри XVIII Чин қариб 300 миллион нафар аҳолӣ дошт. Онро 27 ҳазор нафар мансабдорон идора мекарданд, ки 20 ҳазор нафари онро шаҳрвандон ва 7 ҳазор нафарро ҳарбиён ташкил менамуданд.

Ашхоси довталаби мансабҳо аз имтиҳони махсус ва хеле мураккаб мегузаштанд. Онҳо имтиҳон супорида, унвони илмӣ мегирифтанд. Дар Чин чунин имтиҳонҳои аввалин соли 1640 гузаронида шудааст.

Сиёсати хориҷии Чин. Баъди ишғоли Чин, Тсин ба забти давлатҳои ҳамсоя шурӯъ намуд. Дере нагузашта вай Корея ва Муғулистони шарқиро ба даст даровард. Баъди ишғоли Тайван ҳукумати Тсин ба ишғоли заминҳои ғарбӣ шурӯъ намуд. Дар он  ҷо аз қадимулайём оилаҳои кӯчманчиён зиндагонӣ мекарданд. Соли 1591 Халха, ки он дар шимоли Муғулистон воқеъ гардида буд, ба ҳайати давлати Теин ҳамроҳ карда мешавад. Мубориза алайҳи Хонии Чунгар хеле тӯл кашид. Танҳо ҳамон вақт (миёнаҳои асри XVIII) ишғоли ин давлат муяссар гардид, ки дар дарбори он барои тоҷу тахт муборизаи тезу тунд оғоз ёфт ва яке аз дарбориён Хон Амурсан аз Чин ёрӣ мепурсад. Ҳокимияти Тсин бераҳмона пахш карда шуд. Соли 1757 лашкари Тсин Қошғарро ишғол намуда, онро ба ҳайати Чин ҳамроҳ мекунад. Соли 1720 артиши Тсин Тибет, соли 1750 бо ширкати горнизони дар Тсин, ки 1500 нафараи манҷуриҳо буд, ҳокими Тибет аз тарафи Тсин пурра ишғол карда мешавад.

Забткориҳои Тсин дар самти ҷануб Ҳинду Чин нисбатан бо мувафаққият буданд. Соли 1768 он ба муқобили Бирма бо 60 ҳазор нафар бори дуюм ҳуҷум карда боз бо нокомӣ анҷом ёфт. Ҳокимони Бирма бо Тсин созишнома бастанд. Дар охирҳои асри 18 Тсин хост, ки Ветнамро ба худ тобеъ кунад. Лашкари Чин Ветнамро ишғол намуд. Вале аз шӯришгарони Ветнам сахт шикаст хӯрданд. Тсин чун Бирма бо Ветнам созишнома баст ва чандон нуфузе дар ин ҷо надошт.

Барои дар самти Шимол васеъ кардани қаламрави Тсин Руссия халал мерасонид. Дар байни ин ду давлат мубориза қариб 150 сол давом кард. Ин мубориза ба он оварда расонид, ки соли 1727 созишномаи Кяхта баста шуд. Ин созишнома сарҳадҳои Чин ва Русияро дар Шарқи Дур муайян намуд.

О L-BRO Admin

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.