Шӯриши Тайпинҳо дар Чин

  1. Шӯриши Тайпинҳо.
  2. Аҳамияти шўриши Тайпинҳо ва сабабҳои шикаст хӯрдани шӯриш.

 

Созишномаи Нанкин ва қарордодҳои давлатҳои Ғарб бо Чин вазъияти иқтисодию иҷтимоии Чинро боз ҳам вазнинтар мегардонад. Қурби асъори Чин-Лин афтид. Молҳои Чинӣ харидор намеёфтанд. Кишоварзон ва косибон қашшоқ мешуданд.норозигии мардум сол то сол меафзуд. Соли 1641-1849 дар мамлакат чандин ҷамъиятҳои махфӣ, ба монанди “Сегона” (Сансехуэй), “Замин ва осмон” (Тянди Хуэй) ва “Се нуқта” (Садян Хуэй) ташкил меёбад. Ин созмонҳои махфӣ ба роҳи пинҳонӣ шӯриш тайёр менамуданд. Ҳокимони Чин хавфи созмонҳои мазкурро эҳсос намуда, бар зидди онҳо муборизаро оғоз намуданд.

Соли 1850 Сютсюан шароитро барои муборизаи ошкори зидди Тсенҳо қулай шуморида шӯришро оғоз намуд. Шӯришгарон қариб 20 ҳазор нафар буданд. Дар сафи онҳо деҳқонон, косибон, тоҷирон ва намояндагони касбу кори гуногун меҷангиданд.

Ҳукуматдорони Тсин кӯшиш намуданд, ки шӯришро пахш кунанд, вале ба мақсад нарасиданд. 11 январи соли 1851 дар Тсинтян ба муқобили сулолаи Тсин шӯриши музаффарона ба амал омад. Ғолибони шӯриш ба Чин номи “Тайпин Тянга”, яъне “давлати Осмонӣ беҳудуди бузург”-ро ташкил доданд. Дар солҳои 1850-1853 ба Тайпинҳо муяссар шуд, ки дар зери роҳбарии Хун Сютсюан шаҳрҳои Юнъан, Ухан, Гуйлин ва Чаншаро ишғол намоянд. Баъди ин Тайпинҳо ба шарқ ҳаракат карда, дар ҳавзаи дарёи Янтзи музофотҳои Тянси, Анхуэй ва Тянсуро ишғол намуданд. 19 марти соли 1853 шаҳри Нанкинро ишғол карда, онро ба номи Тянтзин пойтахти давлати худ эълон карданд. Онҳо санадеро бо номи “Низоми замини сулолаи Осмонӣ” қабул намуданд, ки барномаи Тайпин Тянго буд. Он ба нафъи мардуми заҳматкаш равон карда мешуд. Ин санад баробариро барои тамоми халқ эълон намуд.

Тайпинҳо баъди забти Нанкин ба шимол ба ғарби мамлакат лашкар кашиданд. Дар шимол шикаст хӯрда, дар ғарб муваффақият ба даст оварданд.

Соли 1856 дар ҳайати роҳбарии Тайпинҳо ҷудоӣ ба амал омад. Бе розигии Сютеюан Вей Ченхуэй суиқасд ташкил намуда, Ян Суттсин ва ҳазорҳо нафар ҷонибдорони ӯро қатл мекунанд. Вей Чанхуэй дар Нанкин ҳокимиятро ба даст мегирад, вале ӯ низ дере нагузашта ба қатл расонида мешавад. Кушторҳо дар байни Тайпинҳо то соли 1860 давом мекунад. Ба давлат акнун хавфи истилои хориҷӣ таҳдид мекард.

Дар муқобили Тайпинҳо Англия, Франсия, ИМА ва Русия меистоданд. Дар солҳои 1856-1860 ба муқобили Чин (Тайпин) ҷанги дуюми афюнӣ оғоз меёбад. Хонадони Тсин зидди Тайпинҳо ва аҷнабиён забон як кард. Дар натиҷа иттифоқчиён ғалаба ба даст оварда, ба ин давлат шартномаи нобаробар бастанд. То баҳори соли 1864 тайпинҳо аксарияти қаламрави давлати худро аз даст доданд. Лашкари тайпинҳо бо сардории Хун Сютсюан дар муҳосираи қушӯни душман мемонад. Ли Сючан ба Хун Сютеюан пешниҳод кард, ки муҳосираи душманро рахна кунад, вале ӯ ин нақшаро қабул накард ва 1 июни соли 1864 “Шоҳи Олмон” (Хун Сютсюан) заҳр хӯрд. Лашкари аҷнабиён ба шаҳри Нанкин даромада, куштори бисёр карданд. Ли Сючан ба қатл расонида мешавад. Шӯриши Тайпинҳо шикаст хӯрда, давлаташон завол ёфт.

Ҳокимияти Тсин аз нав барқарор гардид, вале он ба мамлакатҳои Ғарб тобеъ мешавад.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.