Ҳаракати инқилобӣ дар аввали асри XX дар Чин

  1.  Саршавии ҳаракати инқилобӣ дар Чин.
  2. Ташкилёбии “Лигаи иттифоқ” ва “Ҷамъияти эҳё”-и Чин.

Дар баробари ҳаракати ислоҳотӣ дар Чин ҳаракати инқилоби демократӣ низ оғоз меёбад. Ин ҳаракат бо номи инқилобчии демократи бузурги Чин Сун Ятсен алоқаманд аст. Ӯ 12 ноябри соли 1866 дар деҳкадае воқеъ дар наздикии Гуанжоу дар оилаи кишоварз таваллуд ёфтааст. Сун Ятсен солҳои 1879-1883 бо ҳамроҳии бародараш баъди хатми мактаби миёна ба Ватан баргашта, соли 1892 Донишгоҳи англисии тиббии Гонконгро хатм мекунад. Сун Ят Сен соли 1894 ҷазираҳои Гавай бо номи “Сингжунхузи” (“Ҷамъияти эҳёи Чин”) ҷамъияти инқилобӣ-демократиро ташкил мекунад. Ин ҷамъият дар назди худ вазифа гузошт, ки манҷурҳоро аз Чин ронда обрӯю эътибори байналхалқии мамлакатро аз нав  барқарор  менамояд.

“Ҷамъияти эҳёи Чин” мақсад дошт, ки соли 1895 бо ёрии аъзоёни ҷамъиятҳои пинҳонкор дар Гуанжоу шӯриш бардоранд. Лекин тайёрӣ ба он аз тарафи ҳукуматдорон ошкор гардида 9 сентябри соли 1895 иштирокчиёни шӯриши ба амал омада ҳабс карда шуданд. Сун Ятсен маҷбур мешавад, ки аввал ба Гонконг ва баъд аз он ҷо ба Амрико фирор кунад.

Моҳи августи соли 1905 Сун Ятсен дар Ҷупон созмони нави инқилобӣ “Чжунго Чэмин Тунмэн хуэй” (Лигаи муттаҳидаи инқилобӣ)-ро ташкил кард, ки он бо номи “Лигаи иттифоқӣ” аввал тахминан 60-70 нафар дохил буданд, вале то соли 1906 шумораи онҳо ба 10 ҳазор нафар мерасад. Президенти “Лига” Сун Ятсен интихоб мешавад. Аз моҳи сентябри соли 1905 органи чопии “Лига” “Мин бао” (“Халқ”) интишор мешавад. Вай дар тарғиби ғояҳои ин созмон мақоми калон пайдо мекунад. “Лигаи иттифоқӣ” нашрияҳои дигар ҳам дошт.

Ташкилёбии “Лигаи иттифоқӣ” барномаи худро дошт. Дар он се принсипи Сун Ятсен инъикос ёфта буд: Миллӣ демократӣ ва некуаҳволии халқ.

Онҳо се мақсади асосии ватандӯстони Чинро ифода мекарданд. Аз мамлакат пеш кардани манҷурҳо, барқарор кардани истиқлолияти Чин, эълон кардани ҷумҳурӣ ва истифодаи баробари замин.

Дар солҳои 1906-1908 дар мамлакат ҳаракати инқилоби демократӣ авҷ мегирад. Дар як қатор музофотҳои Чин, аз ҷумла дар Хунам, Тезяной, Гуандун, Гуансӣ, Юнъан ҳаракатҳои инқилобӣ ба амал омаданд, ки онҳоро аъзои “Лигаи иттифоқӣ” тайёр карда буданд.

Дар баробари ҳаракати инқилобӣ дар зери таъсири он ҳаракати конститутсионӣ – мутлақиятхоҳӣ оғоз меёбад. Иштирокчиёни ин ҳаракат тақозодоштанд, ки император ба қабули конститутсияи Чин розӣ шаванд. Ин талаби конститутсиячиён-мутлақиятхоҳон онҳоро дар муқобили “Лигаи иттифоқӣ” гузошт. Ҳаракати нав органи чопии худ “Синъмин Тусунбао” (“Халқи ҷадид”)-ро нашр мекард. Иштирокчиёни ҳаракати конститутсиячиён-мутлақиятхоҳон ҳукумати манҷуриро бовар мекунонданд, ки татбиқи ислоҳотро тезтар ба амал баровардан лозим аст, вагарна мисли Русия дар Чин ҳам инқилоб ба амал меояд, яъне онҳо ислоҳотро ҳамчун роҳи ягонаи пешгирии инқилоб медонистанд.

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.