Чин – ташкилёбии ҷабҳаи муштарак соли 1919

  1.  Ташкилёбии ҷабҳаи муштарак дар Чин.
  2. Табаддулот дар Пекин.

 

Ҳаракати 4 майи соли 1919 қатъ нагардид. Баъди он, ки моҳи феврали соли 1923 ҳукумати Сун Ят Сен мавқеи худро дар Гуанчжоу мустаҳкамтар кард, барои рушди ҳаракати озодихоҳӣ шароити мусоидтар фароҳам омад.

Сун Ят Сен роҳи мураккаби ҳаётро тай намуда буд. Ӯро ҳарбиён 2 маротиба (солҳои 1918 ва 1922) аз Гуанжоу ронда буданд. Сун Ят Сен барои таъсиси ҷабҳаи муштарак камар баст. Ӯ хуб мефаҳмид, ки дар сурати муттаҳид будани оммаи халқ мумкин аст, дар Чин инқилоб ғалаба кунад. Аз ин рӯ ба роҳбарони ҳизби коммунистӣ пешниҳод кард, ки дар бораи ба ҷабҳаи муштараки нерӯҳои инқилобӣ дохил шудани ҲКЧ андеша кунад. Дере нагузашта ин пешниҳод натиҷаи мусбат дод. Анҷумани III Ҳизби Коммунистӣ, ки моҳи июни соли 1923 дар Гуанжоу баргузор гардид, қарор қабул кард, ки ҷабҳаи ташкил кардаи Сун Ят Сен дастгирӣ карда шавад. Ин вақт Сун Ят Сен роҳбари “Гоминдан” (Ҳизби Халқии Чин) буд. Ҳамин тариқ, Ҳизби Коммунистии Чин ба Ҷабҳаи Гоминдан дохил шуда, дар баробари ин мустақилияти сиёсӣ ва ташкилии худро нигоҳ дошт.

Анҷумани 1 Гомендан моҳи январи соли 1924 бо иштироки коммунистон дар Гуанчжоу баргузор гардид. Бо ҳамин Гоминдан ҳамчун ҷабҳаи муштараки ду ҳизб – ҳизби халқии Чин (Гоминдон) ва ҳизби коммунистии Чин таъсис ёфт. Анҷуман Кумитаи иҷроияи Марказии Гоминданро интихоб кард, ки ба он як қатор арбобони ҲКЧ ҳам интихоб гардиданд. Анҷумани Гомендан эъломия қабул кард, ки се принсипи қаблан эълонкардаи Сун Ят Сен “Миллатдӯстӣ”, “Ҳокимияти халқӣ” ва “Некуаҳволии халқ” ба тариқи зайл маънидод карда шаванд. “Миллатдӯстӣ” ҳамчун мубориза барои ҷумҳурияте, ки дар он ҳокимият воқеан аз халқ аст ва “некуаҳволии халқ” ҳамчун баробаркунонии ҳуқуқи халқ ба замин бо роҳи тақсим кардани заминҳое, ки аз заминдорони калон харида гирифта шудаанд, маҳдуд кардани сармоядорӣ тавассути милликунонии бонкҳо, нақлиёт ва корхонаҳои калони моҳияти инҳисоридоштае, ки ба хориҷиён ва ё ба чиноиҳо тааллуқ доранд.

Табаддулот дар Пекин.

Мустамликадорони хориҷӣ кӯшиш мекарданд, ки ҳаракати озодихоҳиро дар Чин пахш намоянд. Ин замон хориҷиён дар ҷануби мамлакат мавқеи худро мустаҳкам карда, бар зидди Гуанчжоуи инқилобӣ лашкар мекашиданд, исён ва суиқасдҳо ташкил мекарданд. Моҳи октябри соли 1924 дастаҳои мусаллаҳи тоҷирони Гуанжоу, ки роҳбарони онҳо ба импеиалистони англис робитаи мустаҳкам доштанд, исён бардоштанд. Исёнгарони Гуанжоу аз Гонконг силоҳ ва ёрии моддӣ мегирифтанд. Ин исён тавассути неруҳои инқилобӣ пахш карда шуд. Кӯшиши ҳукумати Англия барои ташкил намудани таҷовузи рӯирости зидди Гуанжоуи инқилобӣ ба шикаcт дучор гардид.

Шикасти нақшаи империалистии барҳам додани маркази инқилобӣ-Гуанжоу дар тамоми Чин болоравии нави ҳаракати ватанпарваронаро ба вуҷуд овард. Дар зери таъсири ин ҳаракат охири соли 1929 генерали яке аз гурӯҳҳои ҳарбии Шимол-Фэн юй Сэн артиши худро “Артиши халқӣ” номгузорӣ карда, ѓайричашмдошти гурӯҳҳои ҳарбии дар муқобили ҳамдигар дар ҳолати душманӣ қарор дошта, шаҳри Пекинро ишғол кард. Вале баъд маълум гардид, ки Фэн Юй Сян ба ҳукумати Гуанжоу чандон ҳамфикр набудааст.

Дар Пекин бо розигии Фэн Юй Сян ҳукумати рӯй ба тарафи Ҷопон ташкил карда шуд. Ин ҳукумат конференсия ороста, ба он гурӯҳҳо ва шахсиятҳои гуногуни сиёсии мамлакатро даъват кард. Ба ин конференсия Сун Ят Сен ҳам даъват карда шуд. Ба Пекин Сун Ят Сен дар ҳолати касалии вазнин омада, 12 марти соли 1925 аз дунё гузашт.

test

Добавить комментарий