Техника ва технология дар тамаддуни рими кадим

          Маданияти Рим дар Аврупо ва ҳавзаи Баҳри Миёназамин бо шарофати он васеъ паҳн мегардад, ки ба он сохтори идораи самаранок, низоми ягонаи ҳуқуқ, инчунин бо шарофати малакаю маҳорати устоҳо ва муҳандисони Рим, ки дар сатҳи баланд қарор доштанд, мусоидат мекарданд.

        Римиҳо ба нашъунамои техника дар оғози ҷанги шаҳрвандӣ (наздики асри I то милод) ва дар замони салтанати Траян (солҳои 98 – 117 милодӣ) муваффақ гардидаанд.

        Фазои мадании юнониҳо дар Шарқи баҳри Миёназамин ба муҳандисони римӣ асосҳои донишҳои риёзӣ, табиатшиносӣ ва илмҳои дигарро муҳаё карда, ба онҳо имкон дод, ки истеҳсоли агротехника, кӯҳканӣ, коркарди филиз, истеҳсоли шиша, кулолгарӣ, газворбофӣ, васоити ҳамду нақл, киштисозӣ, кори сохтмон, истеҳсоли оммавии молҳо, алоқа,  тиҷорат ва инфрасохтори онҳоро ба роҳ монанд. Гарчанде дар замони Империяи Рим дар хоҷагиҳои баъзе вилоятҳо барои инқилоби саноатӣ замин  мавҷуд буд, ҷомеаи Рим ҳамон тавр дар сатҳи тоиндустриалӣ мондан гирифт. Мошинҳо амалан рушд накарда, асосан меҳнати ғуломон истифода бурда мешуд. Сабабҳои илмӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии чунин роҳи рушд аз тарафи  таърихнигорон ҳамчун  бӯҳрони технологияи антиқӣ  арзёбӣ шуда, предмети таҳқиқоти минбаъдаи техникию таърихӣ мегардад.

        Бештари сарчашмаҳои хаттӣ оид ба таърихи техникаи Рим аз даст рафтаанд. Истисноанд танҳо рисолаҳои техникии муаллифон, аз қабили Витрувий ва рисолаҳои дорои мазмуни табиатшиносӣ ва техниидошта, масалан, чун Плиний. Ғайр аз ин, ахборот дар бораи техника ва технологияи Рим дар матнҳои илмӣ ва осори шоирони римӣ инъикос гардидаанд. Ҳамаи онҳо дар рӯйхатҳои асримиёнагӣ то ба мо омада расидаанд. Барои илми таърих дар омӯзиши таърихи рушди техника ва технология на сарчашмаҳои хаттӣ, балки дастгоҳҳо, боқимондаҳои асбобҳои воситаҳои ҳаракат аз як ҷо ба ҷои дигар, технологияи сохтмон, кӯҳканӣ, зироатпарварӣ, бозёфтҳои археологӣ, тасвироти антиқӣ ва амсоли инҳо боиси таваҷҷӯҳ мебошанд.

          Таҳлил ва эҳёи техникаи римӣ бо ёрии бозёфтҳои археологӣ бо он сабаб мушкилӣ ба бор овардааст, ки дар баробари санг (ки, масалан, дар сохтани осиёб ва ҷувоз истифода бурда мешуд), оҳан ва биринҷӣ, дар сохтани дастгоҳҳои зиёд аз масолеҳи камумр, аз қабили чӯб низ истифода бурда мешуд. Дар ин кор муҳаққиқ бисёр вақт маҷбур мешавад, ки аз тасвирот ва тавзеҳоти ҳунармандони римиҳои қадим истифода барад, то ки образи ҷузъҳои хуб боқинамондаро аз нав эҳё намояд. Сарфи назар аз ин, дар натиҷаи кофтуковҳои археологии шаҳру бустонсароҳои римӣ, муҳаққиқон дастгоҳу асбобҳои фаровонро ба даст овардаанд.

        Сатҳи пасти механиконида шудани иқтисодиёт имкон намедод, ки аз сарчашмаҳои нави нерӯ истифода бурда, меҳнати дастиро бо меҳнати мошинӣ, ки самаранокии истеҳсолотро афзоиш дода метавонист, иваз намоянд. Дар ин мавзӯъ намунаҳои қисме аз техника ва технологияи римӣ дар соҳаҳои гуногуни ин мамлакат инъикос гардидааст.

          Тавре ки аз таҳлил мушоҳида бармеояд, техника ва технология дар Рим ҳанӯз дар ҳолати тавлидёбӣ ва такмилёбӣ қарор дошта, истеҳсолот дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа асосан ба меҳнати дастӣ асос ёфта буд. Римиҳо, чӣ дар замони Ҷумҳурӣ, ва чӣ дар замони Империя, комёбиҳои бисёри техникӣ ва технологии худро аз давлатҳои дигар, махсусан аз давлатҳои Шарқ ва қисман аз музофотҳои шарқии Империя қабул карда, онҳоро то дараҷае такмил додаанд. Сарфи назар аз ин, ихтирооти техникию технологии худи римиҳои қадим низ хеле зиёд ва назаррас мебошанд.    

Адабиёт

1. Н65 Величайшие чудеса света. Энциклопедический справочник/ А. Ю. Низовский. – М.: Вече, 2007 – 512 с.: ил.

2. Б79 Большая иллюстрированная энциклопедия истории – М.: Махаон, 2009 – 491 с.: ил.

3. Б 79 Большая оксфордская энциклопедия / Пер. с англ. У. В. Сапциной, А. И Кима, Т. В. Сафроновой – М.: ЗАО «РОСМЭН – ПРЕСС», 2007. – 664 с.: ил.

4. В27 Величайшие загадки истории. Энциклопедический справочник/ Н. Н. Непомнящий.- М.: Вече, 2008. – 512 с.: ил.

5. А86 Большая энциклопедия открытий и изобретений/ Научно-популярное издание. – М.: ЗАО «РОСМЭН-ПРЕСС», 2007. – 224 с.: ил.

test

Добавить комментарий