Ракобати шоханшохихои порт ва сосониён бо рим ва ахамияти таърихии он

Таърих гувоҳ аст, ки гузаштаи мардуми форсзабон аз замонҳои қадимтарин, яъне аз нахустқавмҳои ориёӣ сар карда ва то истилои араб таърихи муштарк дошта, дар як фазои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, маънавӣ, тарзи зиндагӣ қарор доштанд ва шаҳди бурдбориҳо ва талхии бохтро бо ҳам мечашиданд. Нерӯи пуриқтидори соҳибони ин таърих, ки аз қавмҳои гуногун иборат бошад ҳам, бо як забони дорои лаҳҷаҳои гуногун ҳарф мсезаданд, дар ҳамин унсурҳои ягонагӣ ифода ёфта буд.

Мулоҳизаҳо

Дар тули таърихи дуру дароз ба мардуми форсзабон лозим меомад, ки бо тамоми мушкилоти замон истодагарӣ карда, онҳоро сарбаландона паси сар кунанд. Омили асосии дарозумрии ин мардум ва давлатдории бардавоми он (бигузор баъдтар дар давлатҳои алоҳида гузашта бошад ҳам) дар ҳамин муттаҳидию нерӯмандӣ ифода ёфтааст. Дар ин замина бояд гуфт, ки дар таърихи башар – дар замонҳои қадим ва асрҳои миёна давлатҳои хеле зиёде вуҷуд доштанд, ки аз худ дифоъ карда натавонистанд ва аз байн рафтанд, мардуми онҳо бо халқҳои дигар омсезиш ёфта, мавҷудияти худро аз даст доданд. Вале мардуми форсзабон ба ин хатари муҳиш гирифтор нашуд, чунки давлатҳои пуриқтидор дошт: Шоҳаншоҳии Элом, Шоҳаншоҳии Модҳо, Шоҳаншоҳии Ҳахоманишиён, Шоҳаншоҳии Порт, Шоҳаншоҳии Сосониён ва ғайра, ки аз худ дифоъ мекарданд ва бар зидди давлатҳои ба онҳо хатарнок лашкар мекашиданд.

Таъкид бояд кард, ки ҳар кадоми ин давлатҳо дар замони худ аз давлатҳои пуриқтилори замон пуриқтидортар буданд, бинобар ин, дар ҷангҳои истилогаронаи онҳо дастболо мешуданд ва ҳудудҳои давлатҳои худро васеъ мекарданд ва то он замоне, ки бо амри таърих рӯ ба заифӣ оварда пароканда мешуданд, вале давлатдории ин мардум аз байн нарафта, дар сарзаминҳои аҷдодӣ бо номҳои дигар аз нав эҳё мешуданд ва рушду нумӯъ мекарданд.

Мутаассифона, дар таърихнигории тоҷик то имрӯз аз тарафи баъзе муаррихон кушиш ба харҷ дода мешавад, ки таърихи халқи тоҷикро як воҳиди алоҳидаи аз таърихи муштараки бисёрҳазорсолаи мардуми форсзабон ҷудо карда, инъикос намоянд, ки ин аз нуқтаи назари қонуниятҳои таърихӣ раво нест ва ин кушиш аз сунъӣ сохтани таърихи мо бештар нест. Дар болотар аллакай гуфта шуд, ки аҷдодони мо ҳам бо ҳамроҳии қавмҳои дигари форсӣ дар як давлат муттаҳид буда, бар зидди истилогарон ҷангида, меҳани худро ҳимоя кардаанд ва дар пешрафти давлатдории умумифорсӣ саҳм гузоштаанд. Ҳамин тариқ, бе шакку шубҳа, шоҳаншоҳиҳои Элом, Модҳо, Ҳахоманишиён, Порт Сосониён ва давлатҳои дигари форсӣ, ки хеле зиёд мебошанд, давлатҳои умумифорсианд; таърихи ҳамаи онҳо аз аввалин давлатчаҳои форсӣ оғоз ёфтааст.

Сарчашмаи таърихии халқу давлатдории МО

Ҳанӯз дар оғози ҳазорсолаи III то милод дар Эрони қадим иттиҳодияҳои давлатии барвақтаи қабилаҳои форсӣ ба вуҷуд меоянд. «Пойтахти яке аз иттиҳодияҳои давлатӣ шаҳри калоне дар водии дарёҳои Қорун ва Кёрха, Суза мешавад, ки он дар чорроҳаи Эломро бо Байнаннаҳрайн, Эрони Шимолӣ ва Эрони Шарқӣ пайвасткунанда воқеъ гардида буд. Ғайр аз ин, дар Элом давлатҳои Аван, Аншан, Кимаш ва Симаш вуҷуд доштанд» [2, с. 136]. Таърихи тамоми мардуми форсзабон аз ҳамин Элом, аз ҳамин Суза ва аз ҳамин давлатҳо сарчашма гирифтаанд. Баъд дар ҳамин асос Шоҳаншоҳии Элом ба вуҷуд омада, бо давлатҳои абарқудрати замон рақобат карда, аз худ дифоъ ва ҳудудҳояшро васеъ мекунад…

Ҳамин тариқ, имрӯз италиягиҳо, испаниҳо, португалиҳо, мамлакатҳои Америкаи Лотинӣ таърихи худро аз Рим ва Лотин оғоз мекунанд; украинҳо, русҳо ва белорусҳо таърихи худро аз Руси Киев оғоз менамоянд ва ҳамаи славянҳои шарқӣ, ғарбӣ ва ҷанубӣ худро мансуби славянҳо медонанд. Вале ин ҷанбаи таърихи онҳо заиф ба назар мерасад. Чунинанд як қисми халқҳои Аврупои Марказӣ, ки худро ҳамчун романӣ мешиносанд, гурӯҳи дигари халқҳои аврупоӣ (аз Аврупои Шимолӣ ва Шимолу Шарқӣ) худро ҳамчун англосаксӣ мешиносанд. Вале шиносоии онҳо аз замони ташкил кардани давлаташон оғоз меёбад. Ягонагии ин қавмҳо бо ибораи нажод ва гурӯҳи забонҳои онҳо ифода меёбад, на аз рӯи давлатдориашон. Чунин зуҳурот дар Осиё низ арзи вуҷуд кардааст. Ватани аслии халқҳои муғулнажод дар замони қадим минтақаи назди Амур ва қаламрави Муғулистони имрӯза (бо истиснои чиноиҳо, курёҳо, ҷопонҳо, филиппиниҳо ва халқҳои нимҷазираи Ҳинду Чин ва баъзе халқҳои дигари ин минтақаи Шарқи Дур) мебошад. Вале мардуми форсзабон таърихи худро аз замони давлатҳои Элом (Аван, Аншан, Кимаш ва Симаш) ва худи Шоҳаншоҳии Элом оғоз карда, давлатдории худро то имрӯз аз даст надодаанд.

Мо дар ин мақола дар бораи ҳамаи давлатҳои мардуми форсизабон дар аҳди қадим нақл накарда, танҳо дар бораи як масъалаи байни ду шоҳаншоҳӣ – ҷангҳои шоҳаншоҳиҳои Порт ва Сосониён дар бо Рими Қадим сухан хоҳем ронд, ки дар онҳо тарафи фаъол бештар Рими Қадим буд. Қабл аз он ки мо дар ин бора суханронӣ кунем, бояд мухтасар дар бораи як масъалаи каме баҳснок ба таври мухтасар фикри хешро баён месозем.

Тавре маълум аст, ба вуҷуд омадани шоҳаншоҳии Порт ба замони эллинизм алоқаманд аст. Бояд хотирнишон кард, ки аз охирҳои асри VI т.м. боз дар байни Шоҳаншоҳии Ҳахоманишиён ва давлатҳои Юнон задухурдҳо шадид ба амал меомаданд ва ниҳоят, аз соли 500 то соли 449 т.м. ҷангҳои Юнону Форс ба амал меоянд. Агар гуфтаҳои муаллифи “История” (“Таърих”)–и Ҳеродотро ба ҳисоб гирем (ӯ таърихи ҷангҳои Юнону Форсро то соли 476 т.м. дар бар гирифтааст), пас дар муҳорибаҳои ин ҷанг бештар Эллада дастболо шудааст ва агар ҷамъбасти ин ҷанги дуру дароз ва ба имзо расидани созишномаи сулҳро дар байни ин ду давлат ба назар гирем, пас давлати Ҳахоманишиён бар иттиҳоди давлатҳои юнонӣ ғалаба кардааст.

Баъди ин шикаст Юнон хеҷ ба худ омада натавониста, ҳамин тариқ, даҳсолаҳо пасиҳам маегузаштанд ва Юнон ҳеҷ аз парокандагӣ рӯ ба муттаҳидшавӣ оварда наметавонист. Танҳо баъди он ки дар Македония Филиппи II ба сари қудрат меояд, ба ӯ муяссар мешавад, ки Юнони парокандаро аз нав муттаҳид созад. Баъди вафоти фоҷеавии Филипп писари 20-солаи ӯ Искандар ба тахти подшоҳии Юнони муттаҳида менишинад. Искандари ҷавону ниқорталаб тасмим мегирад, ки қассоси шикасти Юнонро дар ҷангҳои Юнону Форс бигирад ва бо ҳамин ҷанги дуюми Юнону Форс (Ҳахоманимшиён) бо ташаббуси Юнон сар мезанад, ки он ба ғалабаи Искандари Макдунӣ анҷом меёбад. Вале бо сабабҳои маълум империяи Искандари Макдунӣ ба давлатҳои алоҳидаи эллинистӣ тақсим мешавад, ки калонтарини онҳо давлати Селевкиён (он қариб тамоми қисмати шарқии Империяро дар бар мегирифт) ва Мисри Птоломейҳо буданд. Давлатҳои эллинистӣ то аз тарафи Рим ишғол кардани онҳо вуҷуд дошанд.

Таҳқиқи сарчашмаҳои ғарбӣ нишон медиҳад, ки на ҳама давлатҳои дар қаламрави Империяи собиқи Искандар бавуҷудомада ба давлатҳои хос эллинистӣ, ки низоми сиёсӣ ва фарҳангии онҳо аз эллинизм дарак медоданд, ҳамранг буданд. Баъзе халқҳои маҳаллӣ майл ба эҳёи давлатҳои ниёгон доштанд ва эеҷ гоҳ ба он розӣ шуда наметавонистанд, ки юнониҳо мисли пештара бар онҳо ҳукумат кунанд. Ин аст, ки қисме аз онҳо давлатҳои миллии худро таъсис доданд, гарчанде, ки дар ин кор наслҳои дар ин ҷойҳо таваллудшудаи юнонӣ, ки низ маҳаллӣ шуда буданд, ширкат варзидаанд. Дар қатори чунин давлатҳо Порт ва Юнону Бохтар ҳам буданд. Онҳо аз рӯзи таъсисёбиашон дар муқобили давлати Селевкиён қарор гирифта буданд ва бар зидди он мубориза ҳам бурда, якум, истиқлолияти давлатии худро дифоменамуданд, дуюм, аз ҳисоби давлатҳои рақиб ҳудудҳои давлатҳои худро васеъ мекарданд, сеюм, давлатдорӣ, иқтисод ва фарҳанги аҷдодиро бо юнонӣ омезиш дода, ба зинаи нави рушди миллӣ мебаромаданд. Мардуми Порт бошад, аз марҳалаи охирини Ҷумҳурии Рим сар карда, маҷбур буд бар зидди лашкаркашиҳои Рим ба ҷанги шадиди ҳифзи ватан ворид шуда ва истиқлолияти давлати худро таъмин намояд.

Ҷангҳои Шоҳаншоҳии Порт ва Империяи Рим

Тавре маълум аст, дар муқобили нерӯҳои ҳарбии точанде пурзуршавандаи Рими Қадим на Карфаген ва на давлатҳои эллинистию баъди эллинистии Юнони Қадим истодагарӣ карда натавониста, пасиҳам аз легионҳои Рим шикаст хурда, ба музофотҳои Ҷумҳурӣ ва Империяи Рим табдил дода мешуданд. Дар қатори давлатҳои Юнони Бузург, Юнони Балкан, Осиёи Хурд, Назди баҳри Сиёҳ, Африқои Шимолӣ, Миср, Шарқи баҳри Миёназамин (Сурия, Яҳуд, як қисми Байнаннаҳрайн), Галлия, Испания, Германия ва Британия аз тарафи Рим ишғол ва ба музофотҳои он табдил дода шуданд.

Ҳаркати портиҳо ба самти ғарб дар аҳди Митридати I оғоз меёбад. Ба ӯ муяссар мешавад, ки ба Селевкиён ва Арманистон шикаст дода, Байнанаҳрайнро ба Порт муттаҳид кунанд. Дар худи ҳамин давра Рим ҳудудҳои худро дар Шарқ васеъ мекунад. Митридат I ҳатто ҷидду ҷаҳд кард, то ки бо Сулла иттиҳоди Риму Портро (солҳои 90-ум т.м.) ташкил кунад. Вале баъди солҳои 90-ум т.м. нуфузи Порт дар ғарб дар натиҷаи аз шоҳи арманҳо Таграни II Бузург шикаст хурдан, ки қароргоҳи тобистонаи шоҳҳои Порт Ҳамадонро ба даст оварда буд, якбора заиф мешавад ва дар соли 85 т.м.тамоми Байнанаҳрайнро ишғол менамояд. Шоҳи Порт ба Тиграни II унвони фахрии “Шоҳи шоҳон”-ро гузашт мекунад. Баъди он ки лашкаркаши Рим Лукулл ба минтақаҳои ҷанубии Арманистон зада даромад ва соли 69 т.м. ба Тиграни II якчанд маротиба шикаст дод, Иттифоқи Риму Порт аз нав барқарор карда мешавад.

Вақте ки Помпей, Лукуллаи ба шикаст дучоршударо иваз мекунад, дар Шарқ ба ҷанг бар зидди арманҳо сарварӣ менамояд, дар ин ҳолат аз нав бо Фраати III гуфтушунид мекунад. Дар натиҷа онҳо ба ваҳдат омаданд ва қӯшунҳои Риму Порт дар соли 66/65 ба Арманистон зада медароянд. Вале дере нагузашта дар байни Рим ва Порт оид ба сарҳадҳо муноқиша ба амал меояд. Помпей унвони “Шоҳи шоҳҳон”-ро нисбати Фраат эътироф накард ва онро дар шахси Тиграни II шинохт. Вале ин вақт Фраат назорати худро аз болои қисми зиёди Байнанаҳрайн, ғайр аз ноҳияи ғарбии Осроена, ки иттифоқчии римиҳо шуда буд, назорати худро таъмин кард.

Аз соли 53 т.м. сар карда то ба анҷомрасии марҳалаи Ҷумҳурии Рим дар байни Рим ва Порт (ташаббускор аз ду тараф) панҷ ҷанг ба амал меояд ва Порт дар ин ҷангҳо дар мақоми гуногун ва натиҷагирри гуногун қарор дошд. Аввал мушаххасоти мухтасари лашкаркашии Рим бо сардории Красс (узви Триумвирати якум) пешниҳод мешавад. Як махсусияти сарчашмаҳоро дар бораи муносибатҳо дар байни Рим ва Портро бояд қайд кард. Сарфи назар аз мансубият ба ватанпарастӣ ва эҳтироми бепоёни муаллифони онҳо ба тамаддуни оламшумули Рими Қадим муаллифони ғарбӣ муборизаи байни Рим ва Портро воқеъбинона ва холисона тасвир карда, ба иқтидори Порт қоил ҳам шудаанд.

Муҳориба дар назди Ҳарон (Карра)-и Порт яке аз бузургтарин шикастест, ба артише, ки Красс, яке аз лашкаркашони боистеъдод ва борҳо аз санҷишҳои барои Рим тақдирсоз гузашта, фармондеҳ буд. Фармондеҳи лашкари Шоҳаншоҳии Порт Ороди II (солҳои 55-36 т.м.) лашкаркаши соҳибтаҷриба Сурена буд ва ҷиҳатҳои пурзуру заифии артиши Римро хеле хуб медонист. Муҳориба аз рӯи тақвими римӣ моҳи июни соли 53 то милод (аз рӯи ҳисоби муосир дар оғози моҳи май) ба амал омада, ба марги машҳуртарин лашкаркаши Ҷумҳурии Рим Красс (Марк Литсиний Красс) ва писари ӯ, лашкаркаши ҷавон Публий (Публий Красс) (худкушӣ мекунад), анҷом ёфтааст.

Қӯшуни римиҳо аз 43 ҳазор легионер, аз он ҷумла 7 легион, 4 ҳазор аскари савора иборат буд. Портиҳо бошанд, чор баробар камтар – 10.000 савораи камонзан, аз он ҷумла 1000 нафар катафрактирҳо (аз забони лотинӣ κατάφρακτος, зиреҳпӯш, яъне артиллерияи вазниняроқ дар замони антиқӣ) аз гурди шахсии шоҳ иборат буд. Чун қоида, дар он замон мафҳуми катафрактҳоро нисбати артиши аспсавори портӣ истифода мебурданд, вале катафрактарҳои ба ин аслиҳа монанд мусаллаҳбудаи легионерҳои римӣ ва византиягиро кавалерияи зарбазананда ном мебурданд. Яъне артиллерияи артиши портиҳо аз артиллерияи ба ин монанди римиҳо афзалият доштааст, чунки бо он ҷузъу томҳои савора мусаллаҳ буданд, артилллерияи римиҳо бошад, асосан пиёданизом буда, ҳангоми набард ба қӯшуни Рим афзалият оварда метавонистанд. Вале тавре академик Б.Ғафуров менигорад, «Красс ба ҳуҷум қисмати беҳтарини артиши Римро дар зери роҳбарии писари худ ба ҳуҷум мефиристонад. Ин вақт портиҳо ба ақибнишинӣ оғоз карданд. Вақте ки портиҳоро думболагирӣ карда, римиҳо хеле дур рафтанд, онҳоро портиҳо ба муҳосира гирифтанд. Шабонгоҳ аскарони Красс саросемавор рӯ ба гурез ниҳоданд. Вале ин амал онҳоро наҷот дода натавонист. Дар ниҳояти кор, қариб ҳамаи онҳзо несту нобуд ва ё асир гирифта шуданд» [1, с.140]

https://encrypted-tbn0.gstatic.com/images?q=tbn:ANd9GcTbiUUJEZIBRA5DaqoZGMpq1DMVOqVxpD-ec8pq81coCqwsD5w3Ow
http://echo.msk.ru/att/element-678347-misc-1.jpg

Лаҳзаҳои муҳориба дар назди Ҳарон (Карра)-и Шоҳаншоҳии Порт

Аз 43 ҳазор аскару афсари римиҳо, ки дар муҳорибаи назди Ҳарон (Карра) иштирок кардаанд, зиёда аз нисфи он талаф ёфт, чоряк ҳиссаи он аз майдони ҳарбу зарб фирор карда, базур то ба Сурия рафта расид, ҳамин қадари дигар асир афтид ва ба Моғиён фиристода шуданд. Мувофиқи яке аз маълумотҳои худи римиҳо, Крассро портиҳо ба таври золимона қатл карданд. Ба гулӯяш тиллои гудохтаро рехта, ба ҳалокат расониданд. Чунин қатл кардани Красс воқеан рамзӣ буд, чунки дар Шарқ бо ҳаннотӣ ва дар сарватҷамъкунӣ, гурусначашмӣ зоҳир кардани ӯ ба ҳама маълум буд.

Ин лашкаркашӣ ва муҳориба барои Красс ва умуман дар шароити ҳамон сол пароканда шудани Триумвирати якум ва то як дараҷа дар Рим ҳукмрон гардидани беҳокмиятӣ аҳамияти бузург дошт, пеш аз ҳама, барои Красс. Ба ӯ имкон медод, ки дар байни сиёсатмадорону лашкаркашони Рим шахси рақами як бошад, башарте ки агар лашкари Портро шикаст дода тавонад.

http://www.cais-soas.com/CAIS/Images2/Parthian/Metalwork/Surena6.JPG
Ород II

Лашкаркаши Порт Меҳрон Сурена. Шоҳаншоҳи Порт Ороди II

Вале Красс дар муҳорибаи Ҳарон (Карра) натанҳо артиши Рим ва худу писарашро талаф дод, балки шаъну шараф ва муқаддасоти он – Уқобҳои легионҳои торуморшударо низ. Ин Уқобҳо дар дасти портиҳо 34 сол маҳфуз монда, аз иқтидор ва афзалияти иқтисодию сиёсӣ ва ҳарбии Шоҳаншоҳии Порт бар Ҷумҳурии Рим шаҳодат медоданд. Танҳо соли 19 т.м. ба император Октавиан Август муяссар шуд, ки бо роҳи дипломатӣ Уқобҳои дар муҳориба бо артиши Порт дар Ҳарон (Карра) аздастдодаи легионҳои торуморшудаи Римро баргаррдонад ва ин иқдом ба римиҳо шодию сурур ва ҷашнро тақдим кард.

https://upload.wikimedia.org/wikipedia/commons/thumb/0/0f/Parthia_001ad.jpg/300px-Parthia_001ad.jpg

Харитаи Шоҳаншоҳии Порт дар асри I то милод

Оид ба ғалабаи Порт бар легионҳои римии Красс дар наздикии Ҳарон (Карра) мо бо эҳтимоле нуқта мегузорем. Дар сиккае, ки шумо дар расм мебинед, ба Шоҳаншоҳи Порт Ороди II бахшида шуда, дар рӯи он сурати портретии ӯ ҳаккокӣ карда шуда, дар қисмати пушти сикка шоҳаншоҳ дар камингоҳи наздикии майдони ҷанг дар кӯҳ бо ҳамроҳии шояд лашкаркаш бошад, дар ҳолати ба воситаи дурбин ба рафти муҳориба назораткунанда акс ёфтааст. Аз ин манзара хулоса бармеояд, ки портиҳо беш аз 2000 ҳазор сол муқаддам дурбинро ихтироъ карда, онро дар ҷангҳо ҳам мавриди истифода қарор медодаанд.

Мувофиқи сарчашмаҳои расмии таърихӣ озмоишҳое, ки дар натиҷаи онҳо соли 1609 дурбин ихтироъ карда шудааст, Галилео Галилей оғоз карда будааст. Дар ин кор ӯ аз ихтирооти оптикҳои голландӣ Яков Метсиус, Ганс Липперстей ва Захарий Янсен дар соли 1608 ба дастоварда истифода бурдааст. [8, с.1]

Маълумоти дигар дар бораи ихтирои дурбин чуни н аст. «Боре устои айнаксози ҳолландӣ Ханс Липперсхей, ки дар шащрчаи хурдакаки Магделбург ба сар мебурдааст, барои айнак ду линза тайёр мекунад. Дар ин кор ягон чизи аыиб намебуд, агар тасодуфе пеш намеомад. Ӯ аз рӯи зарурат ду шишачаи мудавварро дар дохили лула пасиҳам ыойгир кунонид. Амали оддии ин усто ҳангоми ба тарафи дур равон сохта, нигоҳ кардани ба лула мӯъҷизаро ба миён овард. Ӯ дар рӯ ба рӯи худ зангзани дар назди зангулаи дур масофаи дур қарордоштаро дид. ҳамин тариқ, соли 1608 Ханс Липперсхей дурбинро ихтироъ карда, 2 октябри соли 1608 аз давлат ихтироънома (патент) мегирад ва 15 декабри ҳамон сол дурбини аввалинро дар ҷаҳон тайёр кард» [9, с.2].

.

Картинки по запросу
Картинки по запросу
Пакор I

Красс Юлий Сезар Шоҳаншоҳи Порт Пакори I

Тахминҳои дигар низ вуҷуд доранд, ки онҳо аз замони қадими Рим дарак медиҳанд. Дар натиҷаи кофтуковҳои археологӣ бостоншинос Г.Шлиман дар Троя чанд линза пайдо карда, аз дурбин будани онҳоро тахмин мекунад. Мувофиқи тахмини дигар муҳаққиқи дунёи қадим Диокл соли 350 т.м оинаи оташборро ихтироъ карда бошад. Мувофиқи тахмини дигари аз таърихнигорони қадим ба миёномада гӯё ки Юдий Сезар (100-44 т.м.) гӯё ки пеш аз лашкаркашӣ ба Британия аз ин соҳили гулугоҳо истода заминҳои он тарафи соҳилҳоро тавассути асбобе тамошо мекардааст [9, с.2].

Сарфи назар аз ин маълумотҳо касе, аз он ҷумла, бостоншиносон дурбини Рими Қадимро на шаклан ва на дар расму тасвироти дигар надидааст. Дурбин бори аввал дар сиккаи Шоҳаншоҳи Порт Ороди II воқеан тасвир ёфтааст. Вале агар тахмини мо рост барояд, пас метавон ба таърихи ихтирои дурбин тағйирот ворид кард.

Аммо бармегардем ба ҷангҳои Порту Рим. Дар солҳои боқимондаи нимаи дуюми асри I т.м. дар байни Рим ва Порт боз панҷ ҷанги дигар – солҳои 52, 51, 40, 36 ва 33 маълум аст, ки дар онҳо ташаббус натанҳо аз тарафи Рим, балки аз тарафи Порт ҳам сурат гирифта буд, яъне Порт натанҳо худро муҳофизат мекард, балки бар зидди Рим лашкар ҳам мекашид.

Ҳамин тариқ, дар соли ояндаи 52 т.м. портиҳо якчанд маротиба дар Сурия тохтутоз карданд, дар соли 51 т.м. бошад, қӯшунҳои Порт дар зери фармондеҳии шоҳзода Пакор (соли 38 т.м.: писари хурдии шоҳ, ки ҳамчун ҳамшоҳ бо падараш тоҷгузорӣ шуда буд) ба муҳосира афтида, дар ин ҷо аз боқимондаҳои қӯшунҳои Рим дар зери роҳбарии Кассий ба шикаст дучор мешавад. Дашкаркаши Порт Осак қаҳрамонона ҳалок мегардад [13, с.1-3].

Ҳангоми ҷанги гражданӣ Сезар (дар солҳои 49-45 т.м.) портиҳо ягон иқдомеро бар зидди Рим пеш нагирифтанд, лекин бо Помпей дар робитаи қавӣ қарор доштанд. Он вақт Сезар нақшаи лашкаркашии зидди Портро тарҳрезӣ кард, вале дар сӯиқасд ба қатл расиданри ӯ пеши роҳи ин лашкаркаширо мегирад. Дар рафти ҷанги гражданӣ (солҳои 44-42 т.м.) Порт ба корҳои дохилии Рим дахолат карда, Брут ва Кассийро дастгирӣ намуда, ба ёрии онҳо аскар мефиристонид. Соли 40 т.м. портиҳо бо ҳамроҳии Квинт Лабиен, писари рақиби Сезар Тит Лабиен ва ҷонибдори Брут ба қаламрави Рим зада медароянд ва Сурияро ба даст медароранд, Нахустрӯҳонӣ ва ҳокими Яҳуд Гиркони II сарнагун ва гирифтори шиканҷа гардонида шуда, ҳамчун асир ба Селевкия фиристода мешавад. Ба тахти нахустрӯҳонии Яҳуд Антигони II-и рӯ ба ҷониби Порт менишинад. Дар Анатолия портиҳо дар иттифоқ бо Квинт Лабиен қӯшуни Римро торумор карда ва ба масофаи хеле дур – ба дохили Ҷумҳурӣ дохил гардиданд. Ин вақт Марк Антоний аллакай Вентидий Бассро баҳри муқовимат ба Лабиен мефиристонад. Дере нагузашта қӯшунҳои Рим Лабиенро ба Сурия фишор дода мебаролрад ва гарчанде портиҳо ба ёрии ӯ омаданд, Либиенро торумор карда ва асир гирифта ва баъд ба қатл расонида мешавад. Ҳамин тариқ, Сурия ба Рим баргардонида шуда ва Марк Антоний ба ҷониби Порт лашкар мекашад, ки он бебарор анҷом меёбад. Соли 33 т.м. Марк Антоний ба Арманистон лашкар кашада, шоҳ Артавази II-ро асир мегирад ва мехоҳад, ки ба порт такроран лашкар кашад, вале ин тасмим ба ӯ муяссар намешавад.

Бо сабаби он, ки хатари ҷанг дар байни Империяи Рим ва Шоҳаншоҳии Порт таҳдид мекард, Октавиан Август ва Фраат бо ҳам муросо карданд. Мувофиқи қарордод, Порт ӯҳдадор шуд, ки қӯшунҳои худро аз Арманистон мебарорад ва протекторати Римро аз болои ин давлат эътироф мекунад. Сарфи назар аз ин, рақобати Риму Порт барои назорат ва нуфуз дар Арманистон дар тули якчанд даҳсола заиф намешавад.

Мувофиқи қарордоди шоҳаншоҳии Порт ба тахти подшоҳии Арманистон дастнишондоди ӯ менишинад, ки ин воқеа соли 36 сабабгори ҷанги Порт бо Рим мешавад. Вале Артабони III бо лашкаркаши Рим Лутсий Виттелий ба ваҳдат меояд. Ҷанги нави Порту Рим соли 58 дар шароите сар мешавад, ки шоҳи Порт Вологези I ба тахти подшоҳии Арманистон бародари худ Тиридатро мешинонад. Қӯшунҳои римии Корбулон ин шоҳро сарнагун сохта, ӯро бо ҳокими Каппадокия иваз мекунанд.. Ин ҳолат портро маҷбур м есозад, ки бар зидди рим ҷанги навро иғоз намоянд. Ин ҷанг дар соли 63 ба анҷом мерасад, ҳамон вақте ки римиҳоба Арманистонро идора кардани Тиридат ва зурётҳои ӯ розӣ мешаванд, ба шарте, ки онҳо протекторати Римро қабул кунанд.

Силсилаи ҷангҳои нав дар байни Шоҳаншоҳии Порт ва Империяи Рим дар асри II ба амал меояд, ки дар ҷараёни он Рим беш аз пеш бар Порт афзалият пайдо мекард. Соли 113 императори Рим Траян ҷидду ҷаҳд ба харҷ дод, то ки масъалаи Шарқро абадӣ ҳал карда, Арманистонро аз Порт ҷудо карда, ба музофоти Рим табдил диҳад. Соли 114 Траян ба Арманистон зада даромад ва дастнишондоди Портро аз ҳокимият маҳрум сохт. Соли 115 римиҳо қисмати шимолии Байнаннаҳрайнро забт мекунанд. Баъди ин лашкаркашӣ ба Порт оғоз меёбад. Римиҳо пойтахти Порт шаҳри Тайсафун (ё худ Мадоин) (Ктесифон) ро ишғол мекунанд. Сарфи назар аз ин, худи ҳамон сол дар Фаластин, Сурия, Байнаннащрайни Шимолӣ ва Яҳуд шӯришҳо ба амал меоянд. Дар як вақт портиҳо ба мавқеъҳои муҳимтарини Рим зарбазаниро оғоз мекунанд. Траян бошад исёнгаронро дар Байнаннаҳрайн торумор мекунад, вале бо вуҷуди ин, бар Порт ғалаба карда натавонист. Бинобар ин, ба ӯ лозим омад, ки тахту тоҷи Арманистонро дастнишондоди Порт баргардонад.

Траян соли 117 вафот мекунад ва ҷойгири ӯ Адриан аз сиёсати пешгузаштаи худ даст кашида, Байнаннаҳрайн ва Ошури забткардаи Траянро ба Порт бармегардонад, инчунин мустақилияти Арманистонро бо нигоҳдории протекторати Рим аз болои он эътироф мекунад. Баъди ин ҷанг дар байни Рим ва Порт зиёда аз ним аср ҷангҳо хотима меёбанд.

Ҷанги нави Риму Порт соли 161 дар Арманистон сар мезанад, вақте ки Вологези III Адессаро талаю тороҷ мекунад. Соли 163 қӯшунҳои Рим дар зери роҳбарии Статсия Приск дар Аманистон бар портиён ғалаба ба даст меоранд ва лашкаркаш тоҷу тахти арманиро ба дастнишондоди Рим бармегардонад. Соли 164 Авидий Кассий ба Байнаннаҳрайн зада медарояд ва соли 165 дар муҳорибаҳои дар наздикии Селевкия ва Тайсафун баамаломада ғалаба мекунад. Ин вақт вабои бемории нағзак (оспа), ки Портро дар бар гирифта буд, ба лигионҳои Рим ҳам мегузарад, бинобар ин, маҷбур мешаванд, ки ақибнишинӣ кунанд. Соли 195 (дар аҳди Септемий Север) таҷовузи дигари Рим ба Байнаннаҳрайн сурат мегирад ва ӯ Селевкияю Бобулро ба даст медарорад, соли 197 бошад, бори дигар Тайсафунро ишғол менамояд. Ин ҷангҳо ба он оварда мерасонанд, ки назорати Рим ба Байнаннаҳрайни Шимолӣ ва навоҳии гирду атрофи Нисибис ва Сингара аз нав барқарор карда мешавад.

Соли 214 Каракалла тасмим гирифт, ки Порти дар натиҷаи ҷангҳои байниҳамдигарии довталабон – шоҳзодаҳо Артабони V ва Вологези V барои тахту тоҷи он заифшударо тамоман несту нобуд созад Дар ҷараёни лашкаркашӣ қӯшунҳои Рим шаҳрҳо ва қалъаҳои зиёди портиҳо дар Байнаннаҳрайн ишғол карданд, ки ин қаҳру ғазаби беинтиҳои мардумро дар тамоми Порт ба вуҷуд меоварад. Префекти императории претория Макрин, идомаи ин ҷангро нахоста, бар зидди Каракалла сӯиқасд ташкил намуда, мефармояд, ки ӯро дар роҳ аз Адесса ба Карра ба қатл расонанд. Император Карракалла 8 апрели соли 217 ба қатл расонида мешавад. Вале марги ӯ портиҳоро аз мубориза бар зидди Рим нигоҳ дошта натавонист. Дере нагузашта онҳо ба Байнаннаҳрайн зада медароянд ва муҳорибаи ҳалкунанда дар наздикии Насибис соли 217 ба амал омад. Ин муҳориба се шабонарӯз давом кард. Вале ҷанг бо баъзе танаффусҳо то соли 222 давом кард ва Макрин аз Артабони V сулҳ хост. Мувофиқи қарордоди сулҳ Макрин ҳамаи шаҳру қалъаҳое, ки Каракалла дар Байнаннаҳрайн ишғол карда буд, инчунин заминҳое, ки аз Порт қаблан ишғол карда буд, ба Порт бармегардонад. Ба замми ин Рим ӯҳдадор шуд, ки ба Порт маблағи бузург – дар ҳаҷми 200 миллион сестертсий товони ҷанг мепардозад. Сарфи назар аз чунин шартҳои вазнин дар сиккаҳои римӣ чунин навиштаҷот пайдо мешаванд: «Ғалабаи Порт», бо лотинӣ: «Victoria Parthica».

Дар натиҷаи ин ҷанг, қӯшуни калони як вақтҳо фотеҳи иборат аз 70-100 ҳазор аскар, дар амал несту нобуд карда мешавад. Тамоми муваффақиятҳои Рим дар ҷангҳо бар зидди Порт аз даст рафтанд. Вале ғалаба ба портиҳо ба осонӣ ба даст наомада буд. Агар ба ҳисоб гирифта шавад, ки Порт то ин вақт ҳам дар натиҷаи ҷангҳои байниҳамдигарӣ хеле заиф гардида буд, аз лиҳози стратежӣ талафоти портиҳо аз талафоти римиҳо бештар ба назар мерасад. Ин аст, ки ҳамагӣ баъди ду сол – соли 224 ҳокими вилояти Форс Ардашери Бобакон бар зидди Артабони V шӯриш мебардорад, ки он ба афтидани сулолаи Аршакиён дар Порт ба анҷом мерасад ва бо ҳамин марҳалаи нави таърихӣ, марҳалаи Сосониён фаро мерасад, муносибатҳо дар байни Империяи Рим ва Шоҳаншоҳии Сосониён низ дар марҳалаи нави таърихӣ сурат мегиранд.

Бояд як масъаларо таъкид кард. Дар мавриди баёни сабабҳои сар задани бӯҳрони сиёсии Империяи Рим дар асрҳои III–IV дар рақобат ба Шоҳаншоҳии Порт тоб оварда натавонистани Империяи Римро, ки бечуну чаро ба вазъи иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии ин давлат таъсири манфӣ расонидааст, муҳаққиқони ғарбитабор ба назари эътибор нагирифта, сабаби асосиро дар сар задани ин бӯҳрон асосан тохтутози қабилаҳои варварӣ ва баъзе омилҳои дигарро асос мешуморанд. Аммо давлати навтаъсиси Сосониён дар ҳолати беҳтари байналхалқӣ қарор дошт, зеро дар солҳои наздиктарин аз тарафи Империяи Рим ба он хатари ҷанги фотеҳона таҳдид карда наметавонист. Бинобар ин, имкон дошт аз лиҳози иқтисодӣ пеш равад нашъунамо ёбад ва ҳатто ҳудудҳои худро аз ҳисоби Империяи Рим ҳам васеъ кунад.

Ҷангҳои Шоҳаншоҳии Сосониён ва Империяи Рим

Ҷангҳо дар байни Империяи Рим ва Шоҳаншоҳии Сосониён аз солҳои 230-232 оғоз меёбанд. Бо сабаби хеле зиёд будани ин ҷангҳо ва ҳаҷми мақолаи мазкур мо онҳоро ба таври зерини мухтасар нишон медиҳем [15 ва сарчашмаҳои дигар]:

Sassanian Empire 621 A.D.jpg

Харитаи шоҳаншоҳии Сосониён дар марҳалаи масоҳати васеи он

Солҳои 230-232. Ардашер ин ҷангро баҳри баргардонидани Осиёи Хурд оғоз карда, барои бархурдан бо қӯшунҳои Рим, артиши худро ба Байнаннаҳрайн, Сурия ва Каппадокия бурд. Александр Север ба ин ҷанг тайёр набуд. Бинобар ин, ягон тадбири ҷиддии ҳарбии зидди Портро амалӣ карда наметавонад.

Натиҷаҳои ниҳоӣ. Лашкаркашии Ардашер бо шикасти Империяи Рим анҷом меёбад. Дар байни Риму Порт сулҳ баста мешавад, вале он боқӣ намондааст. Бинобар ин, дар натиҷаи ин ҷанг тағйироти ҳудудии Риму Сосониён маълум нест [15: бештар ба ин манбаъ такя карда шуд]..

Ҷанги солҳои 237-240. Ба Рим Ардашер ва баъд Шопур лашкар мекашад. Ошӯбҳо дар Империяи Рим, ки баъди ба қатл расонида шудани Александр Север ба миён омаданд, иқтидори мудофиавии Римро паст карданд. Ин аст, ки лашкаркашии Ардашер бо шикасти Империяи Рим анҷом меёбад ва дар байни онҳо созишномаи сулҳ ба имзо мерасад, вале он боқӣ намондааст. Бинобар ин, тағйироти ҳудудӣ маъдум нест. Вазъияти бамиёномада Аррдашерро водор карданд, ки ба ҳудудҳои Рим дар Шарқ зада дарояд. Ҳамин тариқ, ӯ Байнаннаҳрайни Рим ва шаҳрҳои Нисибис ва Ҳарон (Карра) ва Хатраро забт мекунад.

Натиҷаҳои ниҳоӣ. Сарфи назар аз ҷангҳои Риму Порт Дураевропос, Палмира ва шаҳрҳои дигари корвонгузар нашъунамо ёфтанд. Сосониён ҷидду ҷаҳд карданд, ки роҳҳои тиҷоратиро дар дасти худ нигоҳ доранд ва ин кор ба онҳо муяссар гардид.

Ҷанги солҳои 243-244. Дар Империяи Рим Гордиани III (238-244) ба сари қудрат омад ва баъди тайёрии қариб чорсола ба Шоҳаншоҳии Сосониён танҳо соли 242 лашкар мекашад, ҳол он ки барои ин як сол кифоя буд. Дар бораи хронологияи ҷанги мазкур маълумот хеле кам боқӣ мондааст. Он асосан дар «Таърихи Август» каме ишора шудааст. Артиши Гордиан ба воситаи Осиёи Хурд гузашта, ба Антиохия меояд, ба Сурия ба воситаи Антиохия ва ба Форс ворид мешавад. Бащори соли 243 артиш аз Фурот гузашта, ба шаҳрҳои Ҳарон (карра), Нисибис ва Сингар меравад. Дар ҳамин ҷо Гордиани III дар муҳориба ҳалок мешавад.

Картинки по запросу Цари Сасанидской державы

Шопури I ва императори Рим Валериани I дар асоратбуда

Натиҷаҳои ниҳоӣ. Оё шикаст ва ҳалокшавии Гордиани III дар натиҷаи хиёнати меросхури оянда Филиппи Араб ба амал омадааст ва ё фурсати ба Рим баргаштан сабаб шудааст, сарчашмаҳо дар ин бора маълумоти саҳеҳ намедиҳанд. Сарфи назар аз ин, баъзе футуҳоти римиҳо баён ёфтааст. вале навиштаҷоти Шопур бо номи «Каъби Зардушт» шаҳодат медиҳад, ки форсҳо дар наздикии шаҳри Массис бар римиҳо ғалабаи ҳалкунанда ба даст овардаанд.

Ҷанги солҳои 252-253. Лашкаркашии якуми Шопури I ба Сурия сурат мегирад. Вале сарчашмаҳо вақти ба Сурия зада даромадани Шопури I-ро баҳснок меҳисобанд. Мувофиқи маълумоти Табарӣ (Муҳаммад-ат-Табарӣ) дар соли ёздаҳуми шоҳигарии Шопури I ӯ Нисибисро ишғол кардааст. Ин сарчашма номҳои 37 шаҳри минтақаи ишғолкардаи Шопурро баён месозад. Баъд аз он, ки артиши форсҳо дар наздикии Барбалисс ба артиши римиҳо шикаст медиҳад, шояд воридшавии қӯшунҳои шоҳи Сосониён дар ду самт – шимол ва ҷануб сурат гирифта бошад.

Натиҷаҳои асосӣ. Баъди забти Антиохия форсҳо дар нимаи дуюми соли 253 марҳалаи дуюми ҷангро оғоз мекунанд. Баъди он ки дар форсҳо аз Урания Антонин (ё ҳокими Палмира Оденат) шикаст мехурад, Шопур ҷангро қатъ мекунад.

Ҷанги солҳои 254-270. Амали солҳои 254-260 ва лашкаркашии Валериан бар зидди давлати Сосониён. Тахминан соли 253 сурат мегирад. Шоҳаншоҳи Сосониён Шоҳпур диққати худро бештар ба Арманистон ҷалб кард. Шоҳи Арманистон Хусрав ба қатл расонида мешавад ва писари ӯ Тодат ба Рим фирор мекунад. Тахминан соли 254 маркази муҳимми тиҷоратӣ Дура-Европос ишғол ва ба хок яксон карда мешавад. Римиҳо бошанд, ҳамон вақт Антиохияро ишғол мекунанд. Солҳои 254–260 мушкилоти асосии Империяи Рим ба баргардонидани зада даромадани готҳо ба қаламрави Рим ва ҳимояи сарҳадҳои шарқии мамлкат нигаронида шуда буд. Баъди ба асирӣ гирифтани Валериан Шопур ҷангро дар Килликия идома медиҳад, вале наонқадар муваффақона. Аз ин истифода бурда, ғосибон баромадҳои худро пурзур мекунанд, ки яке аз онҳо Макриани Калонӣ буд. Макриан бо ҳамроҳии Оденат муборизаро бар зидди форсҳо давом медиҳад. Муваффақияти амали онҳо ба писари Макриан, Макриани Хурдӣ имконият дод, ки ба тахту тоҷи Рим довталаб бошад. Ба ин Галлиен наметавонист халал расонад. Соли 260 баъд аз марги падари император Галлиен маҷбур мешавад, ки аз кӯмаки Оденат истифода барад.

Натиҷаҳои асосӣ. Дар солҳои 262-264 Оденат бар зидди форсҳо тадбирҳои фавқулодда меандешад ва онҳоро ба мавқеи дувоздаҳ сол қабл аз ин бармегардонад. Ба ӯ муяссар мешавад, ки Нисибасро озод кунад ва ҳатто то ба Тайсафун расида гирад. Мувофиқи сарчашмаҳои асримиёнагии яҳудиҳо Оденат маркази калони яҳудӣ Нехардеяро дар Бобули форсӣ ғорат мекунад ва аз он ҷо шумораи зиёди асиронро берун мебарорад. Баъди ин ҳама муваффақиятҳояш унвони «Шоҳи шоҳон»-ро қабул мекунад, Гадлиен бошад, ба худ унвони Imperator ва corrector totius Orientis («Танзимгари тамоми Шарқ»)-ро мегирад. Императори Рим унвони Parthicus Maximus-ро қабул мекунад. Солноманавис Зосим дар бораи боз як лашкаркашии дигари зидди форсии Оденат хабар медиҳад.

Ҷанги солҳои 272-296. Баъд аз марги Шопури I дар соли 272 идораи кӯтоҳмуддати писари калонии ӯ Ҳурмузи I ва мушкилоти дохилии ҳукумати Баҳром, барои ниқоргирии Империяи Рим шароити мусоид фароҳам оварда, то анҷоми салтанати Аврелиан аксарияти мушкилоти худро ҳал кард. Аз Иллария ва Фракия қӯшун ҷамъ карда, ба лашкаркашии нави шарқӣ тайёрии пухта дида, бар зидди Форс ҷанг эълон мекунад, вале дар натиҷаи сӯиқасд дар Фракия ба қатл расонида мешавад.

Император Проб (276-282) тавре ки «Таърихи Август» шаҳодат медиҳад, бо Форс созишномаи сулҳро ба имзо мерасонад. Соли 279 ӯ борои нахуст ҳамчун Persicus Maximus ёдовар шудааст, вале дар бораи амалиётҳои ҳарбии зидди форсҳо дар аҳди ӯ чизе гуфта нашудааст. Чун Аврелиан ӯ низ дар назар дошт, ки бар зидди форсҳо лашкакашии фотеҳона ташкил мекунад, вале аз тарафи аскарони шӯришбардошта ба қатл расонида мешавад.

Натиҷаҳои асосӣ. Ҷойгири Проба Кар (282-283) Марк Аврелий Карин (283-285) мақсади асосии худ несту нобуд сохтани шоҳаншоҳии Сосониёнро эълон дошт ва дере нагузашта бо қӯшунҳояш ба ҳудудҳои давлаи Сосониён зада медарояд. Бетартибиҳои дохилии идораи Баҳроми II ҳалли ин масъаларо осонтар кард, зеро ин вақт диққати ӯро пахши исёни хеши худ Ҳурмуз ҷалб карда буд. Баҳри муқаррар кардани ҳокимияти худ дар шарқи мамлакат аз сакҳо ва кушонҳо кӯмак мепурсад. Вале бо вуҷуди ин ӯ бар зидди римиҳо муқовимат ташкил карда натавонист. Баҳром дар Шарқ ба пахши исён банду баст шуда, маҷбур мешавад, ки ба сулҳ бо рим муваффақ шавад, барои ин ба назди Диоклетиан сафорат фиристонид. Шартҳои сулҳи соли 288 бо Рим ба мустаҳкам кардани сарҳадҳои шарқии Империяи Рим ва бошишгоҳҳо дар Арманистон нигаронида шуда буданд. Соли 290 ӯ дар тахту тоҷи Арманистони Ғарбӣ ҳокимияти Тридатаи III-ро барқарор кард, дар Арманистони Шарқӣ бошад, писари Шопури I, Нарсе ҳукмронии худро давом медод.

Ҷанги солҳои 296-298 Нарсеи соли 293 ба сари қудрат омада ҷидду ҷаҳди зиёде ба харҷ дод, то ки ҳукумати марказиро ба эътидол оварад. Дар баробари ин, дастгирии писари хурдии пиронсоли Шопури I як чизи оддӣ набуд, бинобар ин, сиёсати динии ӯ дар нисбати пешгузаштагонаш, ки ба маслиҳатҳои зардушти гузарои Картира пайравӣ мекарданд, тоқатпазиртар буд. Дар аҳди ӯ аҳволи манахейҳо беҳтар шуд, ки ин омили сиёсати хориҷӣ мешавад, дар ҳоле, ки соли 297 Диоклетиан «Эдикт ба муқобили манихейҳо»-ро ба имзо мерасонад. Тетрархияи тахминан дар ҳамин вақт дар Империяи Рим ташаккулёфта имконият фароҳам овард, ки дар сарҳадҳои Империя тадбирҳои самаранок ташкил карда шаванд, то ки бо ҳамин роҳ оқибатҳоии бӯҳрони асри III бартараф карда шаванд. Соли 296 Нарсе ба Арманистон зада медарояд ва Тридатро аз вазифааш маҳрум месозад. Ин вақт Максимиан дар музофотҳои Рейн Константин Хлорро, ки барои экспедитсияи ҳарби ба Британия бар зидди Караузия машғул буд, иваз мекунад.

Натиҷаҳои асосӣ. Ин вақт Диоклетиан ба корҳои аврупоии Империя машғул буд, Галлерий бошад, шӯриши Ахиллейро дар Миср пахш мекард. Дар натиҷа ба муқобили Нарсе Галлерий фиристонида шуд. Вале ӯ дар наздикии Ҳарон (Карра) торумор карда мешавад. Эҳтимол Диоклетиан дар ин шикаст Галлерияро шахсан гунаҳгор шуморида бошад. Бинобар ин, лашкаркашро маҷбур кард, ки дар тан либоси рангаш арғувонӣ ҳазор қадам пешопеши аробаи дучархаи Августи ба хашмомада қадам занад.Дар ин ҷанг то як дараҷа бартарият дар ҷониби Рим буд. Соли 298 дар Несибис қарордоди сулҳ ба имзо мерасад, ки мувофиқи он як қисми Осиёи Хурд ба Рим дода мешавад, Тридат дар тахту тоҷ аз нав барқарор карда мешавад. Инчунин сарҳадҳо дар байни Рим ва Сосониён ба таври дақиқ муқаррар карда шуданд, инчунин қоидаҳои тиҷорат тарзе муайян карда шуданд, ки ба Империяи Рим нафъовҷар буданд. Акнун тамоми тиҷорат бояд ба воситаи шаҳри Нисибис сурат мегирифт, ки он дар ихтиёри Рим қарор дошт.

Ҷанги солҳои 298-330: Чил соли осоишта (сулҳ). Дар бораи Ҳурмузди II (302-309) ва меросхурони ӯ ва нақши онҳо дар муносибатҳои Риму Сосониён наонқадар маълумоти саҳеҳ вуҷуд дорад. Сарфи назар аз ин, ба он монанд аст, ки Ҳурмузди II сиёсати на онқадар бобарорро оғоз карда буд, шояд бо он сабаб бошад, ки мехост қассоси шикасти шармандавори падарашро аз Рим бигирад. Дар ин бора дар сарчашмаҳои несторианӣ–солномаи Арбелаи суриягии асрҳои VI – VII ёдрас карда мешавад. Солномаи Арбела бар он аст, ки Ҳурмузд лашкакаркаширо барои таъқиботи Рим аз болои масеҳиён, ки дар аҳди Диоклетиан ва Галерия ҷой дошт, ташкил карда, аз онҳо ҳимоят карда будааст. Ҳурмузди II нисбати пайравони дини масеҳӣ воқеан тоқатпазир будааст. Сарфи назар аз ин, ҳарду тараф ҳам қарордоди сулҳи соли 298 дар байни Рим ва Сосониён ба имзорасидаро вайрон накарданд.

Натиҷаҳои асосӣ. Сарфи назар аз ҳамаи ин воқеаҳо ва воқеаҳои дигар дар тули қариб чил сол баъди баста шудани созишномаи сулҳи соли 298 муносибатҳо дар байни Рим ва Форс осоишта буданд гарчанде, ки шартҳои ин қарордод барои форсҳо на онқадар нофеъ буданд. Вале меросхурони Нерсе аз рӯирост вайрон кардани он худдорӣ мекарданд. Тавре ки баъдтар дар ин бора таърихнигори римӣ Либаний мефармояд, он чи ки форсҳо мепиндоштанд, ин созишнома сулҳ не, балки мавқуф гузоштани ҷанг буд. сулҳ ба форсҳо барои он лозим буд, ки ба ҷанги ғалабаовар тайёрӣ бинанд.

Дар охирҳои солҳои 30-юми асри IV муносибатҳо дар байни Рим ва Сосониён тезутунд мешаванд. Аз счарчашмаҳои сершумор (асосан римию арманӣ) маълум мегардад, ки то марги худ 22 майи соли 337 Константин дар айни ҷӯшу хуруши тайёрии лашкаркашӣ ба Форс қарор дошт. Наздики соли 235 Константин ҷияни худ Ганнибалианро «Шоҳи шоҳон» ва ҳокими қабилаҳои понтӣ таъйин мекунад. Сезар Констансий бошад фармондеҳи қӯшун дар сарҳади шарқӣ таъёин карда мешавад. Тахминан ба ҳамин давра рост меояд бебарор зада даромадани форсҳо ба Байнаннаҳрайн ва муҳосираи Амида. Соли 336 Шопур барои сулҳ бастан ба Рим сафир мефиристад, вале Константин ӯро қабул накард. Марги Константин имкон надод, ки нақшаҳои Рим нисбати лашкаркашӣ ба шоҳаншоҳии сосониён амалӣ шавад. Баъди худи ҳамон сол ба қатл расидани Ганнибалиан исёни чанд вақт боз дар Арманистон идомадошта қатъ мегардад ва Хусрав бо кӯмаки Рим ҳокимияти худро аз нав барқарор мекунад.

Ҷанги солҳои 337-361. Бенизомии баъди марги Константин дар Рим баамаломадаро роҳбарияти дар Шоҳаншоҳии Сосониён хуб эҳсос мекарданд, вале танҳо соли 338 муяссар шуд, ки форсҳо ҳамлаи худро бар зидди Рим оғоз намоянд, дар ҳоле ки Констансийи II дар ғарб бо бародарони худ дар ҳолати музокирот қарор дошт. Дар Арманистон нерӯҳои ба Рим дар ҳолати ихтилоф қарордошта Хусравро сарнагун карданд ва ба тохтутози зидди римиҳо дар наздикиҳои сарҳад оғоз карданд. Шопури II ба Байнаннаҳрайн зада даромада, шаҳри Насибисро муҳосира мекунад. Ҷанг дар байни Рим ва Сосониён гоҳ ба ҷониби як тараф ва гоҳ ба ҷониби тарафи дигар майл мекард. Дар ҳар сурат муваффақият ба Сосониён насиб мегардад.

Натиҷаҳои асосӣ. Ҳамин тариқ, соли 361 Констансий дар вазъияти мураккаб қаролр дошт: Сезар Юлиан, ки соли 360 дар Париж аз тарафи артиши худаш август эълон карда мешавад, ба Империя аз ғарб таҳдид мекард, Шопур II бошад, бори навбати бо убур аз дарёи даҷла таҳдид мекард. Барои дар навбати аввал бартараф кардани мушкилоти дохилӣ Констансий ба ҷониби ғарб меравад, вале дар роҳз бемор шуда,3 ноябри соли 361 дар Киликия вафот мекунад ва бо ҳамин нақшаҳои ӯ нисбати лашкаркашӣ бар зидди Сосониён ба иҷро намерасад.

Ҷангҳои Империяи Риму Шоҳаншоҳии Сосониён дар солҳои минбаъдаи мавҷудияти Империяи Рим низ давом доштанд. Баъди дар соли 395 ба ду империя тақсимшавии Империяи Рим рақобат дар байни Шоҳаншоҳии Сосониёну Империяи Шарқии Рим, ки он баъдтар Империяи Византия ном мегирад оғоз меёбад. Аз тарафи дигар, Империяи Ғарбии Рим акнун дар муқобили тохтутозҳои қабилаҳои варварӣ меистод ва худро аз онҳо базур ҳимоя мекард. Дар ин вазъият вазифаи рақобат бо давлати Сосониён аз Рими аслӣ ба “ӯҳдаи” Империяи Византия меафтад. Ҳамин тариқ, ҷангҳои Сосониён бо Византия то соли 661 аз тарафи арабҳо забт карда шудани Шоҳаншоҳии Сосониён мунтазам рух медоданд.

Чанд хулосаи ҷамъбастӣ

Аз ин мақола саволе ба миён меояд, ки оё муқовимату рақобат дар шакли ҷангҳо дар байни Рими Қадим ва шоҳаншоҳиҳои форсии Порт ва Сосониён аҳамияте дошт. Ҷавоб ба ин савол мусбат аст: якум, мавҷудияти Порт ва Сосониён ва муносибатҳои онҳо бо Рим нишон доданд, ки давлатҳои пуриқтидори замон мебошанд ва аз Рим монданӣ надошта, ҳатто дар баъзе ҷиҳатҳо афзалият ҳам доштанд; дуюм, Порт ва Сосониён баробарвазниро дар байни Шарқ ва Ғарби қадим таъмин намуда буданд; сеюм, Порт ва Сосониён ҳеҷ вақт танҳо ба худҳимоякунӣ маҳдуд нашуда, нисбати рақиби асосии худ сиёсати ҳамлаовар доштанд ва ин сиёсат бурдбориҳо ба бор меовард; чорум, Порт ва Сосониён натанҳо худро дифоъ менамуданд, балки халқҳои дигари Шарқро низ аз тохтутоз ва забткориҳои Рими абарқудрат дифоъ мекарданд; панҷум, рақобатпазирии шоҳаншоҳиҳои Порт ва Сосониён бақои миллат ва давлатро дар Порт ва Сосониён таъмин мекарданд; шашум, мавҷудият ва рақобати Порт ва Сосониён иқтидори Империяи Римро (дар якҷоягӣ бо омилҳои дигар) дар аввал пурзур ва баъд суст карда, ниҳоят, заиф шуда, рӯ ба парокандагӣ овард; ҳафтум, ин рақобат на танҳо ба шоҳаншоҳиҳои қадими Форс, балки ба Рим низ нафъ дошт, зеро Рим дар рақобат маҷбур буд, ки омилҳои пешрафти худро пайдо карда, ба яке аз давлатҳои абарқудрати замон табдил ёбад; ҳаштум. Порт ва Сосониён дар рақобат бо Рим натанҳо самара мебардоштанд, балки чун Рим зарар ҳам медиданд; нӯҳум, вале бурди асосӣ бақои миллат ва давлатдории мардуми форсзабон мебошад, ки имрӯз ҷаҳониён онҳоро ворис ва барандагони яке аз тамаддунҳои машҳури ҷаҳон мешиносанд.

Манбаю адабиёт

1. Гафуров Б.Г. Таджики. Древнейшая древняя и средневековая история. –М.: Изд-во “Наука”, 1972. -664 с.

2. Древние цивилизации. Ancient Civilizations. Под общей редакциев Г.М.Бонгард-Левина. –М.: Мысль, 1989. -477 с.

3. Зиёзода Т.Н. Таърихи тамаддуни Рими Қадим. Дастнавис (дар дапсти чоп). -Душанбе, 2016. 536 с.

4.История древнего мира. Том 1. Ранняя древность. –М.: Восточ.лит.ра, 1989. -416 с.

5.История древнего мира. Том 2. Расцвет древних цивилизаций. –М.: Восточ.лит.ра, 1989. -570 с.

6. История древнего мира. Том 3.Упадок древних обществь –М.: Восточ.лит.ра, 1989.

-407 с.

7. Семёнов В.Ф. История средних веков. –М.:Просвеҳение, 1970. 604 с.

test

Добавить комментарий