Техника ва технология дар тамаддуни рими кадим

Маданияти Рим дар Аврупо ва ҳавзаи Баҳри Миёназамин бо шарофати он васеъ паҳн мегардад, ки ба он сохтори идораи самаранок, низоми ягонаи ҳуқуқ, инчунин бо шарофати малакаю маҳорати устоҳо ва муҳандисони Рим, ки дар сатҳи баланд қарор доштанд, мусоидат мекарданд.

ШАРОИТИ РУШДИ ТЕХНИКӢ ДАР РИМИ ҚАДИМ. Римиҳо ба нашъунамои техника дар оғози ҷанги шаҳрвандӣ (наздики асри I то милод) ва дар замони салтанати Траян (солҳои 98 – 117 милодӣ) муваффақ гардидаанд.

рав
1

Асбоби сохтмон Тахтаи ҳисоб (чут)

Фазои мадании юнониҳо дар Шарқи баҳри Миёназамин ба муҳандисони римӣ асосҳои донишҳои риёзӣ, табиатшиносӣ ва илмҳои дигарро муҳаё карда, ба онҳо имкон дод, ки истеҳсоли агротехника, кӯҳканӣ, коркарди филиз, истеҳсоли шиша, кулолгарӣ, газворбофӣ, васоити ҳамду нақл, киштисозӣ, кори сохтмон, истеҳсоли оммавии молҳо, алоқа, тиҷорат ва инфрасохтори онҳоро ба роҳ монанд. Гарчанде дар замони Империяи Рим дар хоҷагиҳои баъзе вилоятҳо барои инқилоби саноатӣ замин мавҷуд буд, ҷомеаи Рим ҳамон тавр дар сатҳи тоиндустриалӣ мондан гирифт. Мошинҳо амалан рушд накарда, асосан меҳнати ғуломон истифода бурда мешуд.

5

Акведук

Сабабҳои илмӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии чунин роҳи рушд аз тарафи таърихнигорон ҳамчун бӯҳрони технологияи антиқӣ арзёбӣ шуда, предмети таҳқиқоти минбаъдаи техникию таърихӣ мегардад.

МАНБАЪҲОИ САРЧАШМАВӢ. Бештари сарчашмаҳои хаттӣ оид ба таърихи техникаи Рим аз даст рафтаанд. Истисноанд танҳо рисолаҳои техникии муаллифон, аз қабили Витрувий ва рисолаҳои дорои мазмуни табиатшиносӣ ва техниидошта, масалан, чун Плиний. Ғайр аз ин, ахборот дар бораи техника ва технологияи Рим дар матнҳои илмӣ ва осори шоирони римӣ инъикос гардидаанд. Ҳамаи онҳо дар рӯйхатҳои асримиёнагӣ то ба мо омада расидаанд. Лекин, мутаассифона, дақиқии баёни аслии онҳо ба назар шубҳаовар менамояд. Барои илми таърих дар омӯзиши таърихи рушди техника на сарчашмаҳои хаттӣ, балки дастгоҳҳо, боқимондаҳои асбобҳои воситаҳои ҳаракат аз як ҷо ба ҷои дигар, технологияи сохтмон, кӯҳканӣ, зироатпарварӣ, бозёфтҳои археологӣ, тасвироти антиқӣ ва амсоли инҳо боиси таваҷҷӯҳ мебошанд.

Таҳлил ва эҳёи техникаи римӣ бо ёрии бозёфтҳои археологӣ бо он сабаб мушкилӣ ба бор овардааст, ки дар баробари санг (ки, масалан, дар сохтани осиёб ва ҷувоз истифода бурда мешуд), оҳан ва биринҷӣ, дар сохтани дастгоҳҳои зиёд аз масолеҳи камумр, аз қабили чӯб низ истифода бурда мешуд. Дар ин кор муҳаққиқ бисёр вақт маҷбур мешавад, ки аз тасвирот ва тавзеҳоти ҳунармандони римиҳои қадим истифода барад, то ки образи ҷузъҳои хуб боқинамондаро аз нав эҳё намояд. Сарфи назар аз ин, дар натиҷаи кофтуковҳои археологии шаҳру бустонсароҳои римӣ, муҳаққиқон дастгоҳу асбобҳои фаровонро ба даст овардаанд. Бо шарофати ин технология механизмҳое, ки дар корхонаҳои Рим истифода бурда мешуданд (масалан, дар осиёбҳо, устохонаҳои биринҷӣ ва кулолгарӣ), мумкин аст аз тариқи археологияи эксперименталӣ омӯхта ва эҳё карда шаванд.

САРЧАШМАҲОИ НЕРӮ (ЭНЕРГИЯ). Дар Империяи Рим панҷ сарчашмаи қувва (энергия) вуҷуд дошт: нерӯи мушакии одамон, чорвоён, нерӯи об (аз замони Август), сӯзишворӣ (дарахт ва ангиштсанги чӯбин) ва нерӯи шамол. Нерӯи шамол танҳо дар баҳрнавардӣ истифода бурда мешуд, шояд аз он сабаб бошад, ки самти вазиши шамол барои бунёди механизм монеа ҳисобида мешуд. Дар истеҳсолот нерӯи буғ истифода бурда намешуд, гарчанде, ки он аз ҷиҳати назариявӣ аз замони юнониҳо боз маълум буд. Сатҳи пасти механиконида шудани иқтисодиёт имкон намедод, ки аз сарчашмаҳои нави нерӯ истифода бурда, меҳнати дастиро бо меҳнати мошинӣ, ки самаранокии истеҳсолотро афзоиш дода метавонист, иваз намоянд. Дар ин мавзӯъ намунаҳои қисме аз техника ва технологияи римӣ дар соҳаҳои гуногуни ин мамлакат инъикос гардидааст.

6
маяк
http://muzeydeneg.ru/wp-content/uploads/2012/07/001.jpg

Дастгоҳи алафдаравӣ Минои Искандария Дастгоҳи сикказанӣ

Механизмҳои зиёд ба воситаи нерӯи ҷисмонии инсон ба ҳаракат дароварда мешуданд, масалан, чархи кулолгарӣ ё мошини борбардор (кран), ки ба воситаи он бисёр вақт борҳои вазнинро аз як ҷой ба ҷои дигар гузоштан лозим мешуд. Акнун ин корро ба воситаи чархҳои ҳаракатнок иҷро мекардгӣ мешаванд. Дуруст аст, ки киштиҳои тиҷоратӣ барои истифодаи шамол ба бодбонҳо муҷаҳҳаз карда шуда, новобаста аз самти шамол бояд ба ҳар тараф шино (манёвр) карда тавонанд. Онҳоро чун киштиҳо ва қаиқҳои боркаш дастаи белзанҳо ба ҳаракат медароварданд Ҳамду нақли борҳоро дар шаҳрҳои Рим низ асосан одамони боркаш баҷо меоварданд.

Чун дар тамоми ҳавзаи баҳри Миёназамин, дар давлати Рим низ ҳамчун нерӯи борбардорию боркашӣ аз чорвоёни корӣ истифода мебурданд ва, пеш аз ҳама, аз гов, ҷуфти гов, маркаб ва, баъзан уштурро низ истифода мебурданд. Аспҳо дар аввал танҳо дар соҳаҳои ҳарбӣ ва асптозӣ истифода бурда мешуданд, вале бо мурури замон нақши он дар ҳамду нақл афзоиш меёбад.

Бо шарофати «Осиёби Помпеӣ», ки бори нахуст принсипи ҳаракати тобхурӣ истифода бурда шудааст, муяссар шуд, ки меҳнати пурмашаққати якхелаи одамон бо истифода аз маркабу аспҳо иваз карда шавад. Бисёр вақт бо ин мақсад чорвоёни пиру бемадоршуда истифода бурда мешуданд.

витрувий 2
одометр

Витрувий Ветрувий: асбоби обченкунӣ

Сарчашмаҳои римӣ истифодаи нерӯи гидравликиро барои интиқоли об бо ёрии чархҳо, инчунин истифодаи он дар осиёбҳои обиро инъикос намудаанд. Витрувий чархи обиеро тасвир намудааст, ки ба воситаи ҷараёни дарё ба ҳаракат дароварда мешуд. Ин асбоб механизми начандон мураккаб буда, дар он чархи асосӣ дар як вақт вазифаи обпарторо низ иҷро мекардааст. Осиёбҳои обӣ нисбатан каммасраф буданд. Барои он, ки санг ба ҳаркат дарояд, механизми дорои чархи дандонадор лозим мешуд.

Дар Рим осиёбҳои сершумори обӣ сохта шуда, онҳо дар нишебиҳои теппаҳои Яникул, наздикии Тибр воқеъ гардида буданд ва обро аз акведукҳо мегирифтанд. Дар Империяи Рими баъдина дар наздикиҳои Арелата (Галлия) ҷои дорои кутали тез маҷмааи ба ин монанди дорои ҳашт осиёби обӣ сохта мешавад, ки низ бо оби акведук ба ҳаракат дароварда мешуданд.

http://upload.wikimedia.org/wikipedia/commons/thumb/6/68/Bal_BBC1.jpg/250px-Bal_BBC1.jpg
http://stroy-tale.ru/istoriya/rim-3.gif
http://turbomobi.ru/wp-content/uploads/2016/02/stiralnaya-mashina.jpg

Аз техникаи ҳарбӣ Аз техникаи сохтмон Мошини ҷомашӯӣ

Сарчашмаҳои замони Меровингҳо имконият фаро меоваранд, хулоса бароварда шавад, ки осиёбҳои обиро дар Галлия бештар дар замони антиқии баъдина истифода мебурдаанд. Палладий ба кишоварзон сохтани чунин осиёбҳоро маслиҳат медиҳад, то ки имконият дошта бошанд ғалларо бе истифода аз нерӯи мушакҳои инсон ва чорвоён орд кунанд.

Баъд аз он ки дар натиҷаи тохтутози готҳо дар соли 537 осиёби дар Яникул воқеъбуда валангор карда мешавад, мувофиқи фармони лашкаркаш Валисария дар ду киштии лангарпартофта ду осиёи обӣ сохта мешавад. Ҷараёни тези Тибр барои сохтмони чунин осиёбҳои обии киштигӣ шароити беҳтарин муҳайё менамуд. Ҳамин тариқ, ҳукуматдорон шумораи осиёбҳои обиро бо тезӣ афзоиш медоданд, то ки талаботи аҳолии Рим қонеъ гардонида тавонанд.

Дар баробари орд кардани ғалла, нерӯи об дар замони Рим барои арракунии санг ва мармар низ истифода бурда мешуд. Арракунии механикии мармар бо истифода аз осиёбҳои муқаррарии обӣ имконнопазир буд. Барои ин ҳаракати пешу ақиби арра талаб карда мешуд. Чунин механизми трансмиссия дар Иеропол дар охири асри III то милод пайдо мешавад. Ба ин монанд механизмҳои каҷчархаю шатунӣ барои интиқоли нерӯ, бе дандонаҳо бошанд, бо шарофати кофтуковҳои осиёбҳои римии асри VI милодӣ дар Герас (дар Урдуни имруза) ва Эфес (дар Туркияи имруза) ёфта шудаанд.

Шеъри Авсаний «Мозелла», ки дар охири асри IV милодӣ эҷод карда шудааст, шаҳодати хаттие мебошад дар бораи мавҷудияти осиёбҳои обӣ барои арракунии мармар дар наздикии Трир. Дар рисолаи Григорий Нисский (солҳои 335 – 394) , ки худ дар ҳамон замон зиндагӣ кардааст, дар бораи осиёбҳои коркарди мармар дар гирду атрофи Анатолия фикр баён намудааст. Аз ин рӯ, метавон тахмин кард, ки чунин осиёбҳо дар Империяи Рими баъдина низ ба таври васеъ паҳн гардида будааст.

Ба сифати сӯзишворӣ асосан ҳезум ва кумур истифода бурда мешуд. Баъзан аз ангиштсанг ҳам истифода мебурданд ва асосан дар он ҷойҳое, ки кони ангиштсанг дар болои замин наздик ҷойгир шуда буд ва аз ин рӯ истеҳсоли он мушкилиеро ба бор намеовард. Вале ба ин намуди сӯзишвории ғуншаванда ҳамон вақте рӯй меоварданд, ки сӯзишвории чӯбӣ намерасид, чунки гудохтани мис ба воситаи ҳезум сифати асбобҳоро хеле паст мекард.

Дар баробари хоҷагии хонагӣ, ки дар он ҷо хурокро дар оташ тайёр мекарданд, ба сӯзишворӣ, пеш аз ҳама, косибон эҳтиёҷ доштанд, аз он ҷумла барои гудохтани маъдан, обутоб додани оҳан ва тайёр кардани маснуоти кулолӣ ва шишагӣ. Ғайр аз ин, дар замони Империя истеъмолкунандагони фаъоли сӯзишворӣ термҳо мешаванд, ки онҳоро барои гармкунӣ аз гипокауст истифода мебурданд.

https://upload.wikimedia.org/wikipedia/commons/thumb/7/75/Ausonius.jpg/220px-Ausonius.jpg
https://encrypted-tbn0.gstatic.com/images?q=tbn:ANd9GcTUCZB5qs3V_V62yRCQwxNaRh0z91vo019WpeCm-hx3brRZRYhdyQ
http://mudrageli.ru/images/katon2.png

Детсим Магн Авсоний Григорий Нисский Марк Порсий Катони Калонӣ

Сарфи назар аз талаботи зиёд ба ҷангал, хоҷагии доимии ҷангал вуҷуд надошт. Аз ҳамин сабаб, дар бисёр вилоятҳои Рим ҷангал зарари калон мебинад, ҳатто ҷангалҳо пурра бурида шуда буданд. Вале дар Юнони антиқӣ аллакай мулкҳои хусусие мавҷуд буданд, ки ба истеҳсоли сӯзишворӣ махсус гардонида шуда буданд.

ЧАРОҒОНКУНӢ. Низоми чароғонгардонӣ ба он соҳаи техника тааллуқ дорад, ки римиҳо дар амал ягон чизро ихтироъ накардаанд. Ба сифати сарчашмаи равшании сунъӣ аз алови оташдон, лахчаҳои санавбар, шамъҳои мумӣ ва равғаниро истифода мебурданд. Барои кӯчафурузонкунӣ бошад, пеш аз ҳама, аз шамъҳои мумӣ истифода мебурданд, зеро дар муқобили шамол пурбардошт буданд. Дар баробари шамъҳои мумӣ, фонусҳое ҳам маълум буданд, ки дар Помпей аз хонаҳои қурбониёни оташфишонии вулқони Везувий ёфт шудаанд.

Сарчашмаи аз ҳама пурзури чароғонкунӣ дар замони Рим миноҳо ба ҳисоб мерафтанд, ки асосан дар наздикии бандарҳои муҳими баҳрӣ воқеъ гардида буданд. Оташи ин миноҳо, ки дар наздикии оинаҳои каҷкарда месӯхтанд, дар масофаи садҳо километр намудор буданд, аз он ҷумла Минои Фарос дар Искандария низ.

Чароғонгардонии хонаю манзилҳо кори мушкилтар буд. Танҳо як усули баланд кардани равшании паст вуҷуд дошт – афоиш додани сарчашмаҳои равшанӣ. Аз ин рӯ, римиҳо аз фонусҳои дар ҷойи баланд гузошта ва овезон, инчунин аз шамъҳои сершумор истифода мебурданд. Дар қисмати ҷанубии Империяи Рим барои равшанӣ аз равғани зайтун истифода мебурданд, ки қисман аз музофотҳои шимолӣ интиқол дода мешуд. Шамъҳои оддии гилине, ки хеле зиёд истеҳсол карда мешуданд, ба ҳама дастрас буданд. Дар баробари ин шамъҳо, косибони римӣ чароғҳои биринҷӣ ҳам истеҳсол мекарданд. Дар бари шамъҳои сафолӣ сӯрохие барои пилта мавҷуд буда, мумкин буд равған ба воситаи сӯрохии сарпуш рехта шавад. Одатан равған бе дуд месухт ва чӣ қадаре, ки лозим бошад, ба шарте, ки ба он саривақт равған андозӣ.

СОҲАИ КИШОВАРЗӢ. Тамоми ҷомеаҳои антиқӣ, бе ягон истисно, кишоварзӣ (аграрӣ) буданд. Аксарияти аҳолиро сокинони деҳотӣ ташкил мекарданд ва хоҷагии кишоварзӣ сохаи асосии иқтисодиёт ба шумор мерафт. Боигарии римиҳои сарватманд, пеш аз ҳама, дар заминҳои мулкии онҳо ифода ёфта, аз он даромади калон мегирифтанд. Ҳамин тариқ, қисмати асосии воридоти андози Империяи Рим аз минтақаҳои деҳотӣ ба даст меомад.

Қисми зиёди аҳолии деҳоти Рим баҳри таъмин кардани талаботи худ меҳнат мекарданд. Хоҷагии аслии (натуралии) деҳқонони Италияи Марказӣ танҳо дар баробари афзоиши аҳолӣ ва рушди шаҳрҳо тағйир касб мекард. Дар минтақаҳои камаҳолии бе роҳҳои ҳамду нақл онҳо мисли пештара ақибмонда мондан мегирифтанд.

Таъминоти шаҳрҳои калонро (масалан, Рим, ки дар асри I то милод аллккай 800 ҳазор нафарро ташкил мекард) танҳо сохторҳои ба шароити воқеӣ мувофиқкарда таъмин карда метавонистанд. Дар рафти ин кор мулкҳое, ки дар наздикиҳои шаҳр ва ё дар роҳҳои савдоӣ қарор доштанд, ба таъмини талаботи афзоянда бо роҳи мувофиқгардонии истеҳсолот ба бозор муваффақ мешуданд. Бисёр вақт ин кор ба тахассусгардонии маҳсулоти мушаххас, ба монанди шароб ва ё равғани зайтун (ки баъдтар барои чароғонкунӣ ҳам истифода бурда мешуд) алоқаманд буд. Дар ин ҷо ҷанинҳои тақсимоти меҳнат дар соҳаи кишоварзӣ ба миён меомаданд: корҳои асосиро дар хоҷагии деҳот ғуломон иҷро мекарданд ва дар давраи зарбу доли ғунучини ҳосил талаботи иловагӣ ба нерӯи корӣ аз ҳисоби деҳқонони камзамин ва батракҳо ҷуброн карда мешуд. Иловатан ба ин воридкунии озуқа аз қисматҳои дигари Империя лозим буд, то ки талаботи Рим аз ғалла, равған ва шароб қонеъ карда шавад.

Нисбат ба деҳқоқнони камзамин, ки тарзу усулҳои кӯҳнаи кор ва олоти меҳнаторо нигоҳ дошта буданд, дар мулкҳои калон талаботи воқеӣ ба навгониҳо вуҷуд доштанд – чӣ ба такмили асбобҳои аллакай маълум ва чӣ ба техникаи нав. Вале дар амал соҳибони заминҳо ба навгониҳои техникӣ кам аҳамият медоданд. Донишу малакаи онҳо бисёр вақт хеле паст буданд. Асарҳои агрономҳои римии то ба мо омадарасида низ дар бораи олотҳои меҳнати кишоварзӣ кам маълумот медиҳанд, аз он ҷумла Варрон ва Колумелла, ки чун ҳамкасбони юнонии онҳо диққати асосиро ба ғуломон ҷалб менамоянд.

Омили асосиро дар самаранокии мулк, чун қоида, на дар мавҷуд будани донишҳои кишоварзӣ (аграрӣ), на дар истифода аз техника ва технология, балки дар истифодаи ғуломон ва назорат аз болои кори онҳо мешумориданд. Истисно аст танҳо Катон (солҳои 234 – 149 то милод), ки дар рисолаи худ “Дар бораи кишоварзӣ” ҳар як унсури истифодаи узвҳои техникиро, ба монанди ҷувоз (пресҳои равғанкашӣ) ва осиёбро тасвир намуда, ба арзишу истифодаи техникаи кишоварзӣ таваҷҷӯҳи калон зоҳир менамояд, инчунин Плиний, ки дар қисмати марбутаи «Таърихи табиат» навгониҳои техникӣ, чун плуги чархӣ аз Ретсия, ғалладаравкунак аз Галлия ва фишоровари мурватӣ ёдовар мешавад.

Дар нақши муқарнаси воқеъ дар Арлон (дар Белгияи имруза), дида мешавад, ки даравкунаки галлию римӣ (бо лотинӣ–vallus) тири дучархаеро мемонад, ки дар болои он қуттӣ гузошта шудааст. Қуттӣ тағорамонанд буда, қисмати поёнии он ба мисли тоҷи мурғ дандонадор мебошад. Дар даравкунак бо ёрии лаҷомҳои дароз чорвоҳои корӣ (барзагов ё асп) ҷуфт (қӯш) карпда мешуданд, то ки онро аз ақиби худ кашида бубаранд. Ин асбоб, пеш аз ҳама, дар музофотҳои Галлия истифодв бурда шуда, ҷамъоварии ғалларо метезонид. Вале, мувофиқи навиштаҳои Палладий, истифодаи он танҳо дар заминҳои ҳамвор маҳдуд карда шуда, истифодаи алафу хошоки дар майдонҳои кишт боқимондаро дар хоҷагии мулк истифода бурдан мумкин набуд.

Тамаддуни Рим дар таърих саҳми бузургро боқӣ гузоштааст, гарчанде ки бисёр вақт дар сояи ҳамсояҳои худ аз Юнон қарор дошт. Римиҳо илмҳои зиёдро аз худ карданд. Вале ҳисоб бошад, бо истифода аз рақамҳои римӣ на он қадар дилкаш буд. Сарфи назар аз ин, ҳадди ақал 10 номгӯй технологияе вуҷуд дорад, ки дар Рим сохта шуда, то имрӯз ҳам мавриди истифода қарор дорад.

Дар замони қадим ҳамин хел ҳисобида мешуд. ки агар геометрия ё фалсафаро чуқур донистан хоҳӣ, муроҷиат кардан ба юнонӣ кифоя аст. Агар зарурат ба сохтани пул, канализатсия ва аслиҳаи пуриқтидор пеш ояд, пас беҳтар аст агар ба римӣ муроҷиат намоӣ. Воқеан, дастовардҳои беназири технологӣ ин тамаддунро аз намояндагони дигари замони худ фарқ кунонидаанд. Натиҷаи ихтирооти римӣ он далел мешавад, ки дастовардҳои технологии зиёди он то имрӯз ҳам дар тамоми сайёра истифода бурда мешаванд.

Акнун аз намунаҳо оид ба 10 намуди чунин технологияи нисбатан муҳими Рими Қадимро мисол меорем.

Римиҳои қадим коркарди тафсони ҳар гуна қисматҳои технииӣ ва технологиро аз бар карда буданд ва барои ин инфрасохтори саноатии худро доштанд. Як намуди он дар акси зерин инъикос гардидааст:

древний рим


Технологияи коркарди тафсони механикии деталҳо

Он унсурҳои бинокорие, ки имруз як чизи муқаррарӣ ҳисобида мешавад (аз қабили: арк, атриумҳо-фазои қисмати марказии бино, ки равшан ва рангоранг аст, – деворҳо ва шифтҳои шишагӣ), дунёи қадим бе онҳо буда наметавонист. Пеш аз ҳама, ба римиҳо муяссар гардид, ки технологияи такмилдодаи биноҳоро коркард кунанд. Меъморони аз ҳама машҳуртарини он замон муддати дуру дароз дар сохтани бомҳои сангин азоб мекашиданд. Ҳамаи асарҳои меъморие, ки то нашъунамои тамаддуни Рим офарида шуда буданд, аз қабили аҳромҳо, қисмати даруниашон нисбат ба қисмати берунии онҳо, ки фазои маҳдуди торик доштанд, равшантар ба назар мерасиданд. Аввалин шуда маҳз ба римиҳо муяссар шуд, ки фазои бузурги кушодаи биноро бо он андеша ба вуҷуд оваранд, ки мумкин бошад арк дар се ченак давр занонида шавад. Қувваи пурзури боэътимодеро ба вуҷуд овардани лозим буд, ки он имконияти бардошта тавонистани чунин иншоотҳои вазнинро дошта бошанд. Ин қувваи пуриқтидор бетон буда, аз ҷумлаи дастовардҳои муҳимтарини римиҳо ба ҳисоб меравад. Боми гумбазшакли ин иморат аз бетон сохта шудааст

римский купол



Бинои бетонии гумбаздор

Чун технологияи бештари он замон, аслиҳаи муҳосираро якумин шуда дар Ғарб римиҳо сохтанд, ки онро аз мамлакатҳои пешқадами Шарқ (Бобул, Модҳо, Ҳахоманишиён) ёд гирифта буданд, вале римиҳо онро такмил доданд. Бо шарофати ба даст овардани намунаҳои аслиҳаи юнонӣ, олами аврупоиён балласт – арбалети андозааш бузург, сабук ва нишонзанро дид. Балласт ҳам ба таври васеъ ба муқобили аскарҳои пиёданизом истифода бурда мешуд ва ҳам дар асоси он «муҳаррикҳои муҳосира» сохта шуданд, ки ҳаводиҳандаҳои пуриқтидори хурд дошта, ба ҳар тараф ҳаракат додани онщо қуллай буд, гарчанде чун балластҳо тирро аниқ ба нишон расонида наметавонистанд, Вале истифодаи онҳо талафоти калон ба бор меовард. Ин афзалият истифодаи бомуваффақияти ин муҳаррикҳоро дар муҳосира таъмин карда метавонист.

оружие римлян



Силоҳи балласт. Артилерия

Коллекторҳои монументалии римиҳо яке аз офаридаҳои намоёни ба шумор рафта, онҳо ба мақсади тамоман дигар сохта мешуданд. «Клоакаи Максим» (маънои «клоака»-«канали зеризаминиӣ мебошад) дар аввал ҳамчун «Канализатсияи калонтарин» барои рехтани қисме аз обҳои ботлоқҳои маҳаллӣ пешбинӣ шуда буд. Аз соли 600 то милод сар карда ва дар садсолаҳои минбаъда ба клоака шохаҳои сершумори оби ифлос илова мешаванд. Ҳоло аниқ муайян кардан мушкил аст, ки клоака аз кадом вақт сар карда ба таври пурра ба канализатсия мубаддал гардидааст. Вале дар баробари болоравии шаҳрҳо, канализақия беш аз пеш ба ҳаёти шаҳриён ворид шуда, бо мурури замон ҳамаи онҳоро дар бар мегирад.

Клоака Максима

Канализатсияи Рим

Дастоварди асосии канализатсия далели оштинопазирӣ ва аз бемориҳои зиёди сирояткунанда (инфексионӣ) эмин нигоҳ доштани ҷомеа мебошад. Плинийи Калонӣ бошад, бар он аст, ки канализатсияи Рим нисбат ба аҳромҳои Миср иншооти мураккабтар мебошад.

Санги маҳлул, ҳамчун бетон яке аз дастовардҳои бузурги римиҳо маҳсуб мешавад. Дар замони мо бетон дар сохтмони сатҳи гуногун дар ҳама ҷо мавриди истифода қарор дорад. Бетони антиқӣ аз омехтаи хокистари вулқонӣ, пуццолан (хокаи вулқон), шағал, оҳак ва қум иборат буд. Дар аввал меъморони римӣ бетонро дар мавриди сохтани асоси қурбонгоҳ (алтар) истифода мебурданд. Вале дар замонҳои баъдтар бо ин маводи сохтмон ҳаргуна санҷишҳо гузарониданд, ки натиҷаи онҳо ба вуҷуд омадани чунин мӯъҷизаҳо аз қабили пантеон, ки иншооти бетонии бе истифода аз арматура ва калонтарин дар ҷаҳон буда, умри он имруз ба 2000 сол баробар аст.

пантеон

Пантеони бетонӣ дар Рим

Дар бораи канализатсияи Рим нақл карда истода, дар бораи ихтирооти дигар чун роҳҳо низ таваққуф бояд кард, зеро чунон зебою ҷозибанок ва мустаҳкам сохта шудаанд, ки қисме аз онҳо то имрӯз мавриди истифода қарор гирифтаанд. Албатта роҳҳои римиро нашояд ба шоҳроҳҳои мумфарши имруза муқоиса кард, вале онҳо дар ҳақиқат мустаҳкам буда, дар тули якчанд аср давра ба давра сохта шуда буданд. Роҳсозон аввал чуқурие мекофтанд, ки баландиаш наздики як метр буд, Баъд дар таги хандақ порасангҳои васеъро бо тартиби муайян ҷойгир мекарданд, сипас ҷойҳои холимондаро бо қабати шағал пур мекарданд. Қабати аз ҳама болоиро бо порасангҳои (плитаҳои) аз ду тараф борадор мепӯшониданд. Ба воситаи ин новаи фаррох об ҷорӣ мешуд. Маълум аст, ки муҳандисони Империя бар он ақидаи устувор буданд, ки роҳҳо бояд ҳатман ростхата сохта шаванд, ки ин кор барои тоза кардани маҳал маблағи калонро тақозо мекард. Сарфи назар аз ин, то соли 200 то милод Ҷумҳурии Рим дорои 85000 километр роҳ буд.

Ба вуҷуд овардани сатҳи кифояи ҳарорат дар манзил ва ё иншооти дигар масъалаи мураккабтарини муҳандисӣ буда, он ҳатто дар замони мо нерӯи пуриқтидори илмиро тақозо мекунад, дар замони қадим бошад, ҳатто ҳоҷати гап ҳам нест. Вале римиҳо аз ӯҳдаи иҷрои ин вазифа бомуваффақият баромада тавонистанд. Бори нахуст ғояеро ба кор бурданд, ки он дар мавриди сохтани фаршҳои гарм то ҳол истифода бурда мешавад. Он иншооте буд иборат аз сутанҳои лоини дарунашон холӣ, ки дар таги фарш сохта мешуд ва бо ин амал якбора якчанд масъала ҳал карда мешуд: масъалаи оташ ва иасъалаи дуд. Оташ он вақт сарчашмаи асосии гармкунӣ буд, вале биноҳо хусусияти даргирӣ доштанд ва дар натиҷаи ин дуди ҷудошшуда дар дамгир шудани одамо хатари бузург дошт.

дороги римлян



Усули сохтани шоҳроҳҳо дар Рим

Дар низоми гармкунии римӣ фарш аз замин каме баланд бардошта шудаааст, ки он ба ҳавои гарми аз оташдон (печ) баромада имкон медод, ки ҳеҷ гоҳ ба бино барнахурда, ҳангоми баромадан аз бино онро хиштҳои (черепитсаҳои) гилин қабул мекарданд. Ин кор имкон медод, ки самараи зарурӣ ба даст оварда шавад.

римский теплый пол


Фарши гарми бино ва масолеҳи он

Чун роҳҳо, акведукҳои дарозиашон ҳайратагез низ нишонаи ташрифӣ ва дар ҳаёти римиҳо мӯъҷизаи ҳақиқии муҳандисӣ мебошанд. Яке аз маҳдудиятҳои калоншавии шаҳрҳои қадим имконнопазир набудани аз ҳар кадом нуқтаи шаҳр то оби нӯшокӣ рафта расидан буд ва ин мушкилот дар Рим ҳал карда мешавад. Гарчанде Рим дар соҳили дарёи Тир воқеъ гардида буд, он аз ҳад зиёд бо ихтирои дигари меъморон аз ҳад зиёд ифлос – бо канализатсия вобаста буд. Акведукҳои римӣ худ системаи мураккабе буданд, ки дарозии умумии онҳо зиёда аз 400 километрро ташкил карда, шаҳрро аз оби ошомиданӣ таъмин менамуданд.

Яке аз акведукҳои Рими Қадим

водяная мельница римлян

Ба римиҳо муяссар шуд, ки технологияи юнонӣ ва санъати муҳандисии худро бо ҳам муттаҳид созанд, ки ин имкон дод дар асоси қувваи об осиёб, турбина ва чӯбу тахтабурак созанд. Осиёбҳои обӣ кайҳо боз дар Шарқ вуҷуд доштанд. Вале римиҳо дар ихтирои турбина ва чӯбу тахтабурак дар ҷаҳон аввалин буданд. Римиҳо, инчунин чархи даврзанандаро низ ихтироъ мекунанд, ки он баъд дар тамоми ҷаҳон паҳн мегардад.

Истифодаи нерӯи об дар Рим

Бояд қайд кард, ки сарфи назар аз сершумор будани андешаҳои муҳандисӣ, дар қисмати зиёди Империя меҳнати дастии арзону дастрас истифода бурда мешуд.

Гарчанде чунин ихтироот, чун арк ба дастони римиҳо тааллуқ надорад, имконият юёфтаанд, ки онро такмил бидиҳанд. Ба муҳандисони римиҳо муяссар мешавад, ки баҳри бахшидани мустаҳкамӣ ба сохтори (конструксия) ин иншоот, арк набояд танҳо аз як ҷузъ иборат бошад. Барои ҳамин онро иборат аз қисматҳои сершумори хурд месозанд. Ин кор имконият фароҳам овард, ки пулҳои хеле пурзуру боэътимодтар бунёд карда шаванд.

римская арка

Арки иборат аз якчанд ҷузъ (сегмент)

Шумораи бузурги роҳҳо дар Рим маънии имконияти бо суръати тез аз як ҷо ба ҷои дигар рафтани қӯшунро дошт. Ва соли 55 то милод аз тарафи Юлий Сезар сохта шудани пули понтонии (пули поясутунҳояш шинокунанда) дарозиаш зиёда аз 400 метр ба римиҳо имкон дод, ки дарёи Рейнро ба таври барқосо убур кунанд, ки қабилаҳои қадими немисӣ ин дарёро ҳамчун воситаи ҳифозати боэътимод аз зада даромадан душман мепиндоштанд. Пули понтонии аз болои Рейн сохташуда фавқулодда оқилона баромад, чунки сохтани пул аз болои дарё, бе вайрон кардани ҷараёни он, масъалаи ниҳоят вазнин буд, зеро ин корро дар шароити вазъияти ҳарбӣ иҷро кардан лозим меомад. Муҳандисон бо суръат ва босифат кор карда, такягоҳҳоро дар зарфи даҳ руз рост карда, баъди истифода онҳо пул қисм ба қисм аз байн бардошта мешавад.

римский понтонный мост


Пули понтонӣ (пули такягоҳҳояш шинокунанда)

Тавре ки аз таҳлил мушоҳида бармеояд, техника ва технология дар Рим ҳанӯз дар ҳолати тавлидёбӣ ва такмилёбӣ қарор дошта, истеҳсолот дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа асосан ба меҳнати дастӣ асос ёфта буд. Римиҳо, чӣ дар замони Ҷумҳурӣ, ва чӣ дар замони Империя, комёбиҳои бисёри техникӣ ва технологии худро аз давлатҳои дигар, махсусан аз давлатҳои Шарқ ва қисман аз музофотҳои шарқии Империя қабул карда, онҳоро то дараҷае такмил додаанд. Сарфи назар аз ин, ихтирооти техникию технологии худи римиҳои қадим низ хеле зиёд ва назаррас мебошанд.

https://upload.wikimedia.org/wikipedia/commons/thumb/c/c0/De_Rebus_Bellicis%2C_XVth_Century_Miniature.JPG/1024px-De_Rebus_Bellicis%2C_XVth_Century_Miniature.JPG

Мошини чархҳои обмдор, ки ба воситаи барзаговҳо ба ҳаракат дароварда мешуданд. Ороиши асри ХV, ки рисолаи De rebus bellicis  дар Рим асри IV милодӣ гирифта шудааст

https://upload.wikimedia.org/wikipedia/commons/thumb/a/a2/Roda_de_Vitruvi.jpg/220px-Roda_de_Vitruvi.jpg

Такмили осиёи обӣ аз тарафи Витрувий

test

Добавить комментарий