Фанни Таърихи Чахон(Умум)

Сарчашмахо оид ба таърихи Византияи асрхои III – V

1.ВИЗАНТИЯ АЗ ҶОМЕАИ ҒУЛОМДОРӢ – РӮ БА ҶОМЕАИ

ФЕОДАЛӢ

Садсолаҳои нахустини таърихи Византия марҳалае буд, ки сохти кӯҳна – ҷомеаи феодалӣ сукут карда, муғҷаҳои муносибатҳои феодалӣ аз худ дарак дода ва дар баробари ин шикасти пуразоб, пурихтилофи идеологияи ғуломдорӣ ва тавлиди маданияти феодалӣ сурат мегирифт. Барои он пуразоб буд, ки идеологияи нав дар шароити муборизаи золимона, баъзан муборизаи хунин бо ғояҳои олами антиқа, пурихтилоф, барои он ки тамаддуни ба гузаштаи антиқӣ ҳам ва маданияти тавлидёфтаи феодалӣ дар худ унсурҳои пешқадам ва муҳофизакорро инъикос намуда буданд.

Дар ин марҳала дини ҳаётбахши заминии юнониҳо ҷои худро ба масеҳияти норозию ранҷида дода, аллакай хусусиятҳои зиёди пайдоиши демократии худро аз даст дода буд. Масеҳият аз дини халқи азияткашида ба дини истисморгарон мубаддал мешавад. Дар ин садсолаҳо фалсафа ва илми антиқӣ, ки аз тарафи илоҳишиносии масеҳӣ фишор дода, аз замини пургуноҳ беш аз пеш ба фазои кайҳонии “рӯҳи тоза” боло бардошта мешуданд. Ҳуқуқи Рим, дар он тафаккури ҳуқуқии қадим ба қуллаҳои баланди худ ноил шуда буд, точанде ҳуқуқи муқаррарии халқҳоеро, ки дар империя сукунат доштанд, дар худ таҷассум намуда, ва беш аз пеш масеҳӣ мегардид. Ба ивази санъати хушлиқои антиқии бо зебогии такрорнашаванда санъати спиритуалистии Византия ва то дараҷае ғарқи зулмот гардид, гарчанде низ хоси худаш пурҷило буд. ба миён меомад.

Ғояи ҳокимияти мутлақае, ки ҳанӯз дар империяи Рим ғояи демократияи антиқиро иваз карда буд, дар Византияи барвақта точанде зери хиргоҳи мақаддаси масеҳӣ панаҳ гардид. Дар айни замон давлат фардияти инсонро ба коми худ фуру бурда, пайваста ҳар гуна зуҳуроти дигарақидагӣ ва озодандеширо поймол иекард..

Идеологияи нав аз тамаддуни рафтаистодаи антиқӣ ҳамаи он чиро, ки қалби инсонҳоро ба тарафи он ҷалб карда метавонист, қабул мекард. Маҳз дар асрҳои III – V дар Византия коркарди арзишҳои маданиие оғоз меёбад, ки дар давраи антиқа дар асоси ғояҳои нави масеҳӣ офарида шуда буданд. Ҳамаи он чизи барои худ фоиданокро аз маданияти антиқӣ қабул карда, табақаҳои ҳукмрон, ки ин идеологияи навро офарида буданд, ҳамаи он чиро, ки ба ғалабаи онҳо халал расонида метавонист, бе ягон раҳму шафқат нест мекарданд.

Вале тамаддуни антиқа дар ин давра мисли беҷоне набуд, тавре ки калисочиёни бешафқат мехостанд онро ба ҳамин минвол мубаддал гардонанд. Ин тамаддун ҳоло зинда буд, муқобилат нишон мндод, мубориза мебурд ва ҷонибдоронаш ҳам кам набуданд. Масеҳият, ки дар харобаҳои олами антиқӣ тавлид ёфта, гӯё ҳаёти маънавии ҷомеаи Византияро бе каму кост аз они худ карда буд. маданияти дилпазири бутпарастиро нест карда натавонист. Гарчанде калисо кушиш ба харҷ дод, ки пераҳани таъқибшудаги ба бар кунад, вале на худоҳо ва қаҳрамонони фаромӯшнашудаи мифологияи антиқиро, балки худи таърихи антиқаро ба тарзи инҷилӣ ба бар кунад. Ин кор ба он муясар нашуд, чунки нерӯи тамаддуни бутпарапстӣ ҳанӯз чунон пурзур буд, ки идеологҳои масеҳӣ, бар зидди он мубориза бурда истода, бисёр вақт рух медод, ки аз тарафи он худашон мағлуб мешуданд.

Фикри баёншуда он чиро фаҳмо мегардонад, ки чаро ба таърихнигорӣ, публисистика ва адабиёти итлоҳишиносии асрҳои IV – V рӯҳи мубоҳиса ворид гашта, бо муборизаи оштинопазири ғляҳои бо ҳам душман пур шудааст. Бисёр вҷақтон ба худ шакли бархурдҳои диниро қабул кардааст.. Намояндагони масеҳии мӯътақид (ортодоксалӣ) ҳам ҳимоятгарони охирини муҳофизони бутпарастӣ ва ҳам ҷонибдорони сершумори таълимотҳои гуногуни мулҳидӣ беинтиҳо баҳсу мунозира мекунанд. Ин зуҳурот сабаб шудааст, ки ёдгориҳои гуногуни ҳамин садсолаҳошиддатнокии сатҳи баланди пурҷӯшу хуруш ҷамъиятию сиёсӣ ва динӣ, ки ҷомеаи Византияро ба ларза оварда буданд,инъикос намудаанд.

Олимони илоҳишинос, таърихнигорон, солноманависони асрҳои минбаъда дар мавриди ҷустуҷӯи олоти мубоҳиса на яя бору ду бор ба хазинаи муборизаи ғоявии он замон – дар муқобили бутпарастӣ қаҳрамон нишон додани масеҳият, нотакрор (идеалӣ) нишон додани муборизаи “худоилҳомбахш”-и падарони калисо барои тоза нигоҳ доштани таълимоти масеҳӣ ба зидди мулҳидони бадкин муроҷиат кардаанд, ки он бо хиргоҳи образҳои шоҳҳои бесаҳву дурусткор ҷойгир карда шуда буданд, аз он ҷумла “шоҳи аввалини масеҳӣ” Константини “хирадманд” ва Юлиани қонунгузорро.Ин аслиҳаи ғоявиро табақаҳои ҳукмрон дар тамоми давраи асрҳои миёна ҳам дар худи Византия ва ҳам дар мамлакатҳои ҳамсоя мавриди истифода қарор медоданд. Идеологҳои масеҳӣ ва ҳукуматҳои пурзури мутлақа пайваста ҷидду ҷаҳд ба он мекарданд, ки консепсияҳои худро аз тариқи мулоҳизаҳои падарони калисо ва қонунгузории давраи Византияи барвақта асоснок намоянд.

Замони пурҷӯшу хуруши асрҳои IV – VI нисбат ба ҳар замони таърихи Византия сарчашмаҳои гуногунро боқӣ гузоштааст. Гуногунии онҳо муҳаққиқро моту мабҳут ва шоду масрур мегардонад. Дар назди мо адабиёту сарчашмаҳои гуногун ва баъзан асарҳои аълоджараҷаи таърихнигорон, силсилаи солномаҳои Византия, рисолаҳои сершумори мубоҳисавӣ ва илоҳишиносӣ, ҳаёти шахсиятҳои муқаддас, асарҳои санъати суханварӣ ва номаю мукотибаҳои (эпистолографияи) ғанӣ ҷилвагар мешаванд. Рисолаҳои пурқиммат оид басохтори маъмурии империя, санъати ҳарбӣ. Асарҳои мазмуни ҷуғрофидошта, дастхатҳои сайёҳое, ки мамлакатҳои дурдасттаринрор дидан кардаанд, ба ҳамин давра таллуқ доранд. Дар байни ин сарчашмаю манбаҳои ёдгориҳои қонунгузорӣ, ки дар байни онҳо Corpus Juris civilis-и Юстининиан мақоми хоса дорад, хазинаи адонашавандаи маълумотҳо дар бораи таърихи иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии Византия, таркиби бинои онро дар асрҳои IV – VI ташкил медиҳад.

ТАЪРИХНИГОРИИ ТАЪРИХИ ВИЗАНТИЯ

Таърихнигории бисёрзабона ва бисёрсимои Византияи асрҳои IV – VI, ки асарҳои юнонӣ,суриягӣ. Лотинӣ, коптӣ,арманӣ ва муаллифони дигарро дар бар мегиранд, ки онҳо аз рӯи мазмуну мундариҷаи сиёсӣ ва динӣ, бо мазмуни баланди худ кулли мураккабии муборизаи мҷтимоию сиёсиро дар Византияи ин давраи гузариш инъикос намудаанд. Дар таърихнигорӣ низ, чун дар ҳаёт, бархурдҳои тезу тунди ду ҷараёни идеологӣ сурат мегирифт – идеологияи рафтаистодаи олами ғуломдорӣ ва идеологияи навтавлидёфтаистодаи ҷомеаи феодалӣ, ке он дорои тухмии пешқадам дошт. лекин дар баробари ин, он аз тарафи даму нафаси фаногароёнаи калисои масеҳӣ ноустувор гардонида мешуд.

Дар ҳар кадоми онҳо хусусиятҳои пешқадам ва муҳофизакорӣ мавҷуд буданд. Дар баробари “холҳои модарзоди” идеологияи ғуломдорӣ, ки хоси аз ин ҷараёнҳо якум, – бадбинӣ нисбати ғуломон ва оммаҳои халқ, хурофоти табақавӣ, шуҳратмандгардонии беҳамтогии римӣ ва муносибати калонгирона нисбат ба халқҳои варвар буданд, таваҷҷӯи ғайриошкорона ба бутпарастии нестшудаистода, идеализатсияи Рими қадим, ноумедӣ, ки хоси табақаҳои ҷамъиятӣе буда, аз саҳнаи таърих нест мешуданд, ҳамаи онҳоро дар маҷмӯъ неруи ҷозибаи тамаддуни антиқа ба тарафи худ мекашиданд. Таърихшиносоне, ки ба ин самт тааллуқ доштанд, фаҳмиши илмии олам, дониши хуб дар бораи ҳаёти қабила ва халқҳои ҳамсоя, тасаввуроти фалсафии антиқӣ, санъати баланди суханварӣ, тозагии забони юнонӣ боқӣ монда буданд.

Дар баробари ин, таърихнигории тавлидёфтаистодаи асримиёнагӣ,дар баробари хусусиятҳои пешқадам – дасткашӣ аз идеологияи ғуломдорӣ, гузариш аз консепсияи фавқулоддаи римӣ ба инъикоси ҷараёнёбии таърихи умумиҷаҳонии ( танҳо дар рӯҳияи инҷилӣ) “баробаркунӣ” ба таърихи ҳамаи халқҳо – дар худ мӯҳри ғояҳои шахшудамондаи (догматизми) калисо, тоқатнопазирии динӣ, беэҳтиромӣ нисбати илми антиқро инъикос менамуд. Дар асарҳои таърихнигорони ин ҷараён тамоили иваз намудани хирад ба эътиқод мушоҳида карда мешуд, ки дар худ хатари паст шудани сатҳи донишҳои таърихиро дошт, ба имконияти тантанаи хурофоти ҷаҳолатпарастӣ, тобеияти шахсияти инсон ба ғояҳои шахшудамондаи (догматизми) калисо ниҳон карда буд. Дар марҳалае, ки як навъ ҳудуд дар байни ду олам буд, табиист, ки хусусиятҳои ҳарду самти идеологии бар зидди ҳамдигар муборизабаранда эҷодиёти худи як муаллиф ба таври аҷоибу ғароиб печдарпеч кам набуданд.

Марҳалаи Византияи барвақта, махсусан дар асрҳои IV – VI одатан давраи нашъунамои таърихнигории Византия ҳисобида мешавад. Аммо ин давра дар як вақт замони оғози аз байн рафтани парвози охирини таърихнигории антиқӣ буд, ки аллакай дар худ нишонаҳои рӯ ба таназзулёбӣ дошт. Дар адабиёти таърихни беш аз пеш ҷои намоёнро намояндагони равандҳои нав ишғол мекардагӣ шуда ва пайваста жанрҳои нав – намудҳои куллиёти таърихӣ, солномаҳои умумиҷаҳонӣ, агиография – намудҳои куллиёти таърихӣ ки дар Византияи асримиёнагӣ, ҷои аввал насиби онҳо шуда буд, афзалият пайдо менамуданд. Маҳз дар ҳамин марҳала дар таърихнигорӣ самти масеҳию ҳимоякунанда(апологетия) ташкил меёбад, ки пеш аз ҳама дар солномаҳои умумиҷаҳонии дар асрҳои миёна машҳур инъикос гардида буд.

ТАЪРИХШИНОСОНИ ВИЗАНТИЯ

Бо ҳамагуна тафовут дар ақидаҳои сиёсӣ, музмуни таҳсилот, эътиқодҳои динӣ, дар сатҳи огаҳӣӣ муаллифон ва, ниҳоят, дар маҳорати навишти таърихшиносони асрҳои миёнаи барвақтаро баъзе хусусиятҳои умумӣ муттаҳид месохтанд. Пеш аз ҳама, онҳо бевосита дар асоси намунаҳои беҳтарини таърихнигории Византия тарбия ёфта буданд. Муаллифони византиягӣ натанҳо рисолаҳои Геродот, Фукидад ва Полибийро хуб медонистанд ва ба онҳо баҳо дода метавонистанд, балки баъзан ба пешгузаштагони бузурги тақлид ҳам мекарданд. Вале ин маънии тақлиди ғуломонаи нусхабардорӣ набуд. Дар асарҳои таърихшиносони Византия. робитаи таркибии илми таърихи антиқӣ ва Византияи барвақта, ки зодаи ҳамаи ҷаҳонбинии ин таърихшиносон буд, инъикос гардида, дар назди тамаддуни антиқӣ сари таъзим фуруд овардан гӯё, ки бо ҳамроҳии шири модар ҷабида гирифтааст. Аксарияти муаллмфони Византияи давраи барвақта, ки маълумоти васеъро дар зери ғояҳои антиқа ба даст оварда буданд, таърихнигории юнону македонӣ қуллаи тафаккури эҷодӣ ба ҳисоб мерафт; лекин, сар фуруд кардан дар назди таърихнигорони шуҳраманди гузашта, онҳо дар равшан сохтани воқеаҳои таърихӣ фикру андешаҳои навгонию аҷоиби худро низ ворид месохтанд. Ба андешаи мо баъзе таърихнигорони Византия, аз қабили Аммиан, Марселлин, Прокопий, Агафий, Феофилакт. Симокатта ва дигаронро метавон бо ҳамроҳии муаллифони антиқӣ дар як саф гузошт.

Нишонаи дигари фарқкунандаи таърихшиносони дигари асрҳои IV – VI дар ҷозибаи онҳо ба замони муосир ифода ёфта буд. Дар асарҳои худ ҳамаашон дар нисбат ба о солноманависҳо, тавсифҳои воқеаҳоро аз “офаридани олам” сар карда, марҳалаи нисбатан кӯтоҳи таърихиро равшан сохта, диққати асосиро дар навишти воқеаҳои муосири худ муттамарказ мекунониданд. Дар ин ифода ёфта буд, афзалияти калони онҳо бар солноманависҳо. Асарҳо онҳо, чун қоида, дар асоси санадҳо, нақли шоҳидон ва таҷрибаи шахсӣ навишта шуда буданд. Ҳамин тариқ, асарҳои таърихшиносон нисбат ба асарҳои солноманависон лаззат ва бӯи муаттари давру замонро бештар нигоҳ доштаанд. Онҳо шаҳидиҳои ҳамзамонҳоро ифода менамоянд, ки ин арзишмандии онҳоро ҳамчун сарчашмаи таърих хеле баланд мебардоранд.

Дар баробари ин, маҳз наздик будан ба замони муосир асарҳои таърихшиносонро махсусан ҳамон вақте ғаразнок (тенденциозный) мекунад. ки онҳо гирифтори зери таъсири муборизаи иҷтимоию сиёсӣ ва идроки субъективии ҳақиқат бошанд. Ҳамаитаърихшиносони Византияи асрҳои IV – VI, чун қоида, аз байни табақаҳои ҳукмрон ба воя расида буданд: инҳо ё амалдорони олии давлатӣ буданд, ё дипломатҳо, хизматгорони дарбор, ки дар байни ҷӯшу хуруши воқеаҳои таърихии замони худ қарор доштанд, ва ё зиёиён – сафедкунандагон (адвокатҳо) ва риторҳо. Ҳамаи онҳо, гарчанде ки дар бораи корҳои давлатӣ дар сатҳи гуногун бохабар буданд ва дар корҳои худ ба таърихи хориҷии Византия. ба бозиҳои мураккаби дипломатӣ, ҷангҳо бо халқҳои гуногун, ихтилофҳои дарборӣ ва муборизаи ҳизбҳои сиёсӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир мекарданд. Аз ин камтар таваҷҷӯҳи онҳоро воқеаҳои таърихии дохилӣ ҷалб мекарданд, аммо зиндагии , бо баъзе истисноҳо, қариб тамоман аз майдони таваҷҷӯҳи онҳо дур мемонд.

Таваҷҷӯҳ ва бетаваҷҷӯҳии таърихшиносон гуногун буданд: онҳо баъзан нисбат ба режими мавҷуда кайфияти мухолифона (оппозитсионӣ) ва баъзан ба ҳокимияти вақт зиддият надоштанд. Муаллифони кайфияти мухолифидошта бар зидди автократияи (яккаҳукмронии) императорон ва бедодгариҳои сиёсӣ ва зулми молиявӣ, бар зидди аз боло ба таври зурӣ маҷбуркунии идеологияи масеҳӣ баромад мекарданд. Вале танқиди тартиботи мазкури ҷамъиятию сиёсӣ на аз рӯи мавқеи демократӣ, балки бештар аз мавқеи муҳофизакорӣ сурат мегирифт. Идеали рушди ҷамъиятии худро чунин таърихшиносон дар лдами даргузаштаистодаи ғуломдорӣ меёфтанд; онҳо на танҳо ба маданият ва дини антиқа, балки нисбат ба давлатдории Рим низ ҳамду сано мехонданд.

Дар асри IV ва қисман дар асри V дар байни таърихшиносони Византия намояндагони мухолифини бутпаратон низ вомехурданд. Ин вақт бутпарастӣ пайравони худро нигоҳ дошта буд ва пеш аз ҳама дар байни ашрофони ғуломдор. Баъдтар, дар баробари заифшавии таъсири бутпарастӣ ва ҷараёнёбии мухолифон нисбати ин эътиқод, дар таърихнигорӣ рангу бори бутпарастии худро аз даст медиҳад. Дар асарҳои таърихшиносони ин давра таваҷҷӯҳ ба бутпарастӣ ҷ ба мавқеи худро аз даст дода. ба ҷои дуюм мегузарад. Ба ҳар ҳол дини масеҳӣ расман эътироф карда мешавад. Барои асарҳои таърихии он замон, бо истисноҳои хеле кам, дар масъалаҳои эътиқод беилтифотӣ (индифферентизм), бепарвогӣ ба таърихи калисо ва баҳсу мунозираи динӣ хос буд. Вале баъдтар аллакай воридшавии идеологияи масеҳӣ ба асарҳои таърихшиносон низ оғоз меёбад, лекин он дар баробари сари таъзим фуруд овардан дар назди маданияти антиқа арзи вуҷуд мекард. Дар маҷмӯъ ҳамаи асарҳои таърихшиносони Византияи асри IV ва қисман дар асри VI қариб асосан моҳияти дунявӣ дошта, таърихи Византияи ин асрҳо дар алоқамандӣ ва пайдарҳам навишта мешуд.

Аз рӯи ҷаҳонбинии фалсафӣ аксарияти таърихшиносони Византияи индавраина ақидаҳои назариявии бепринсипи бисёр вақт зидди ҳамдигар (эклектикӣ) дошта, тасаввуроти худро аз фалсафаи антиқии самтҳои гуногун мебардоштанд. Ратсионализми онҳо бисёр вақт бо агноститсизм, эътиқод ба хиради инсон – бо хурофотҳои дағалтарин печдарпеч буда Вале, сарфи назар аз ин, онҳо дар прагматизми худ аз солноманависон, ки барои онҳо фаҳмиши ратсионалистии олами атроф як сару гардан болотар меистоданд. .

Ақидаҳоииҷтимоию сиёсии муаррихони Византияи марҳала дар бисёр мавридҳо бо он муайян карда мешуд, ки ин муаллифон ё аз рӯи аҷдод ашрофон, ҷонибдорони идораи ашрофӣ буданд, ё ки аз назари “хирад ашфроф” буда, сохти идеалии сиёсии давлатро дида буданд, ки он аз тарафи интихобшудагон, хирадмандон ва файласуфҳо идора карда мешуданд. Ҳам инҳою ҳам онҳо нисбат ба оммаи мардум бо нафрат ва нобоварии якхела муносибат мекарданд ва ҳаракатҳои халқиро дар ҳолати тира тасвир менамуданд.

Ба рисолаҳои муаррихони Византияи давраи барвақта хос боз як нишонаи хос мавҷуд аст, ки зодаи ин марҳала мебошад. Ҳамаи онҳо,гарчанде бо андезаи гуногун, ба чунин масъалаҳои ҳаётан муҳими муосир, чун муборизаи олами Риму Византия ва варварҳо таваҷҷӯҳ доранд. Баъзеи онҳо мефаҳманд, ки ин барои давлати Византия масъалаи ҳаёт ё мамот мебошад. Баъзеҳо бо бо гарданбаландии аҷдоди римиҳои матин ҷидду ҷаҳд ба он доранд худ ва хонандагони худро бовар кунонанд, ки хатари варвар на онқадар на онқадар даҳшатовар аст ва дар ин набард, ки якчанд садсола боз тул кашида истодааст, фотеҳ хоҳанд шуд. Қисме аз таърихшиносон ба варварҳои бемаърифат ва ваҳшӣ бо нафрат назар мекунанд, дигарон бошанд, на танҳо қувваи онҳо, балки афзалияти онҳоро ҳам мефаҳманд; қисми дигари муаррихон сохти ҷамъиятии варварҳоро ҳамчун намунаи беҳтарин меписандиданд. Вале ягон нафар муаррих аз бархурди фоҷеавии ду олам дар канор намемонданд.

Бо шарофати проблемаи барои Византия муҳими муносибатҳои он бо варварҳо асарҳоитаърихшиносони Византияи асрҳои IV – VI оид ба таърихи халқҳои зиёди варварҳо, ки бо онҳо империя дар ин солҳо бархурд бархурда буданд, асари беҳтарин ва шояд ягона бошад: гуннҳо, готҳо, аланҳо, гепидҳо, франкҳо лангобардҳо, славянҳо, антҳо, аварҳо, тюркҳо. Дар тасвири варварҳо (рӯзғор, усули ҳарбӣ, сохти ҷамъиятии онҳо) на ҳамаи муаррихон воқеъбинона ва ҳақиқатҷӯёна рафтор кардаанд, масъалаю паҳлуҳои зиёди таърихи Византияро ё дидаю дониста ғаразнок, ё бо сабаби нокифоя будани маълумоти муаллифон нодуруст равшан намудаанд. Аммо агар он чизро ба ҳисоб гирифт, ки ин халқҳои варвар ӯанӯз худашон муаррих надоштанд (ғайр аз Иордани гот), пас лозим меояд эътироф карда шавад, ки нависандагони Византияи асри IV – нимаи аввали асри VI тақдири халқҳои варварҳоро, ки ба Византия низ сар дароварда буданд, бо давраи зич муҳосира карда буданд, ба илми таърих хизмати қимматбаҳо кардаанд.

Қиммати муҳими асарҳои зиёди таърихии муаллифони давраи барвақтаи Византия, дар онҳо мавҷуд будани маводи таърихӣ, ҷуғрофӣ, топономикӣ, этнографӣ дар бораи зиндагии халқҳои гуногуни империя ва мамлакатҳои бо он ҳамсоя ифода ёфтааст. Ин маълумот аз ҳамдигар асосан бо дақии боэътимод фарқ мекунанд ва бо кашфиётҳои бостоншиносии ба мо наздиктарин тасдиқ гардидаанд. Ин албатта маънои онро надорад, ки асарҳои таърихшиносони Византия аз хатоҳое орӣ мебошанд, ки бо сабабҳои гуногун рух додаанд. Вале, тавре ки таҳқиқотҳои навтарин муқаррар менамоянд, дар маҷмӯъ ба аксарияти муаллифон нисбати солшуморӣ (хронология), шарҳи далелҳо ва маводи гуногуни мушаххаси таърихие бовар кард, ки дар асарҳои онҳо гирд оварда шудаанд.

Дар услуби адабии аксарияти муаррихони Византия марҳалаи омӯхта мешудагӣ ҷидду ҷаҳди тоза нигоҳ доштани забони юнонии Аттика хос мебошад ва на поёнтар аз сифати намунаҳои машҳури худ – муаллифони антиқӣ. Таърихшиносони Византия асосан барои доираи танги аъёну ашроф, одамони бомаърифат менавиштанд. Онҳо бештар аз усули хушобу ранг, суханпардозӣ, маҷозӣ ва муқоисакунӣ истифода мебурданд, ки онҳоро аз асотирҳо ва адабиёти антиқа мегирифтанд. Вале дар услуби муаллифони асрҳои IV – VI аллакай нафаси замони нав ба машом мерасид: ба забони онҳо баъзан ибораҳои зиёди варварӣроҳ меёфтанд, баъзан мафҳумҳои догматикӣ (шахшудамондаи) – калисоӣ вомехурданд, баъзан ҳанӯз дар сатҳи кам бошад ҳам, таъсири нутқи халқии гуфтугӯӣ ҳис карда мешавад.

Ҳамин тариқ. дар ҷаҳонбинии таърихнигорони индавраинаи Византия мухолифатҳои замон ба таври бараъло инъикос меёфтанд. Дар ҳақиқат онҳо дар мавқеи муҳофизакорона истода, олами рӯ ба фанорафтаи ҷомеаи ғуломдори ва тамаддуни мурдаистодаи антиқиро муҳофизат мекарданд. Дар баробари ин ин таърихшиносон ҳамчун барандагони анъанаҳои беҳтарини илми таърихи антиқӣ баромад мекарданд. Аз рӯи васеъгии фарогирӣ, аз рӯи ғанигии донишҳои позитивӣ, аз рӯи шакли олиҷаноби иншо онҳо аз солноманависони муосири масеҳӣ як сару гардан болотар меистоданд. Маҳз ҳамин, таърихшиносонро дар таърихнигории барвақтаи Византия ба ҷои аввал мегузорад. Бе асарҳои онҳо аз нав барқарор кардани таърихи асрҳои IV – VI Византия имконнопазир мебуд.

Муаррихи нисбатан маъруфи Византияи асри IV юнонии зодаи Антиохия Аммиан Марселлин (наздики солҳои 330 – 400) буд. Аммиан Марселлиан пайрави Юлиан Муртад (Отступник) буда, бо ӯ дар лашкаркашии зидди форсҳо иштирок карда. ва аз нав барқароркунии дини буддоиро ҷонибдорӣ мекард, дар овони пиронсолӣ бо забони лотинӣ бо номи «Res Gestae» «Корномаҳо» оид ба таърих асаре менависад. Мувофиқи андешаи муаллиф ин асари бисёрҷилда давоми асари машҳури таърихии Татсит шуда, аз замони идораи император Нерва то охирҳои асри IV-ро дар бар мегирад. Аз ин асари Аммиан Марселлин танҳо 18 китоб (китобҳои 14 – 31) боқӣ монда, ба воқеаҳои солҳои 353 – 378 бахшида шудааст, ки худи муаллиф ҳамзамон ва баъзан иштирокчии воқеаҳое буд, ки дар онҳо шахсан иштирок кардааст.

Симои Аммиан Марселлин дар назди мо на ҳамчун як шахси талфифгар (компилятор), балки таърихшиноси соҳибтафаккуре ҷилвагар мешавад, ба тақдири давлати Рим бетараф набуда, ҷидду ҷаҳд дорад воқеаҳои замони худро поквиҷдонона ба қалам диҳад. Дар асари ӯ воқеӣ будани далелҳои мавод боиси таваҷҷӯҳ ва эҳтироми нисбат ба муаллиф мебошад, зеро аксарияти онҳо аз тарафи муаллиф бо маълумотҳои сарчашмаҳои сершумори дигар муқоиса карда шудаанд. Асоси воқеъбинонаю рост будани нақл дар таърихи навиштаи Аммиан Марселлинро мушоҳидаҳои ҳаётии ӯ ва нақлҳои шоҳидони воқеаҳо ташкил медиҳанд.

Аммиан Марселлинро бештар ҳамчун таърихшиноси охирини бузурги Рим меҳисобанд. Ин мулоҳиза қисман дуруст аст. зеро дар байни таърихнигории замони антиқии бевақта ва Византияи барвақта “ҳудуди касногузар” гузоштан мумкин нест; баракс, дар байни рисолаҳои таърихшиносониРим ва Византия алоқамандии ҳамдигарии мустақим вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, агар Аммиан Марселлин намояндаи охирини таърихнигории антиқӣ ва якумин таърихшиноси бузурги Византия шуморида шавад. Ӯ натанҳо ба муаллифони Рим, балки ба муаллифони Византия (Прокопий, Агафия, Вефилакт, Симокатт) низ наздик буд, чун Аммиан Марселлин аз ҳар ҷиҳат ҳанӯз дар заминаи илми таърихи антиқӣ қарор доштанд.

Аз рӯи ҷаҳонбинии худ Аммиан Марселлин ҳаводори маданият, дин ва фалсафаи интиқӣ буд. Ҳамчун пайрави бутпарастӣ онро маҳкум мекард, вале, ба ҷиҳатҳои зоҳирии эътиқоди бутпарастӣ бештар машғул буд. Ба ӯ зуҳуроти дағали бутпарастии маймунҳои одамшакл (антропоформизм) бегона буд. Ӯро бештар фалсафаи тасаввуфи (мистика) навафлотунҳо, махсусан Плотин ба худ ҷалб мекард. Аммиан Марселлин тамоми умр идеалисти гузаро буда, ба беҳудудии афзалияти хирадро бар бадан, дар абадзиндагии ҷон боварӣ дошт.

Аммиан Марселлин фалсафаи антиқӣ дар сатҳи хеле баланд гузошта ва худ асарҳои мактабҳои гуногуни фалсафи афлотунчиён ва афлотунчиёни нав, инчунин, Арасту,Гераклити Эфесӣ.Демокрит()-ро хеле хуб медонист. Ӯ бо ҳастаӣ (атомистика) шинос буд; ӯ дар бораи шуғл варзидан ба натурфалсафа ва илмҳои табиӣ бо хурсандӣ ва таърифу баҳогузорӣ мекунад. Вале дар бораи Аммиан Марселлин бо дарду алам дар бораи таназзули илми антиқа дар замони худ ҳарф мезанад. Одамони ашроф “аз илм чун аз заҳр” метарсанд. Ба ҷои шуғл варзидан ба илм донистани халқ онҳо бо тамоми ҳастиашон ба мусобиқаҳои асптозӣ машғул мешаванд; имову ишоранамо, масхарабозон, раққосаҳои танфурӯш дар назди мардум хеле машҳур мебошанд –дари китобхонаҳо чун тобут абадӣ баста шудаанд. Аммиан Марселлин бар зидди таъқиботи илм ва фалсафаи бутпарастӣ мехезад, ки баъд аз шикасти ислоҳоти Юлиани Мартад (Отступник) аз нав оғоз ёфта буд, ҳукеуматро барои мурофиаҳои намоишкоронае, ки дар онҳо файласуфони бутпарастро бо гуноҳномаҳои бофтаи дуруғин барои ҷодую афсунгарӣ муттаҳам мекарданд, маҳкум мекунад. Таърихшинос марги олимони бутпараст – махсусан файласуфон Пасифил ва Симонидро, ки сабабгори он золимони ба хашмомада сурат гирифта буд, оби дида мерезад; онҳо маргро ҷавонмардона қабул карда, ҳатто дар зери шиканҷаи сахттарин ҳам нахостанд одамони дигари бегуноҳро тӯҳмат кунанд ва руҳи ниҳоят мустаҳками худро ифода намуданд. Аммиан Марселлин вандализми ҷаллодонро, ки мувофиқи амри император Валента дастнависҳо ва китобҳои пурқиммати муаллифони антиқиро, ки аз хонаҳои бутпарастони маҳкумшуда кашида гирифта буданд, фош мекунад.

Ба илм ва таҳсилоти антиқа баҳои баланд дода, Аммиан Марселлин аз хурофотпарастии замони худ орӣ набуд: ӯ ба пешгӯӣ, ҳокимияти Фемида ки сарнавишт ба он роҳ мекушояд, боварӣ дошт. Ӯ ҳатто ҷидду ҷаҳд кард, ба ҳаргуна фолбиниҳо тавсифи фалсафӣ диҳад.

Ақидаҳои ахлоқии Аммиан Марселлин дар зери таъсири бевоситаи фалсафаи антиқӣ ташаккул ёфтаанд. Ӯ сифатҳои маънавии инсонро аз ҳама баланд гузошта, менависад, ки “Мувофиқи муайянкунии файласуфҳо.чор некукорони асосӣ вуҷуд доранд: мӯътадил, хирадманд, одил, нотарс”. Дар асари Аммиан мо як силсила портретҳои арбобони сиёсӣ – Юлиани Муртад (Отступник), Валента, Валентиниани 1 ва ғайраро дида метавонем. Шарҳи ҳоли онҳо аз рӯи ҳамаҷонибагии таҳлили равонӣ , ҳақиқати бузурги ҳаётӣ фарқ мекунанд.

Бо пуррагӣ дар иҳотаи ғояҳои антиқӣ монда, Аммиан Марселлин дар баробари ин нисбати масеҳият муносибати дугона зоҳир менамяод. Дар асари ин таърихшинос муносибати интиқодӣ ба зинаҳои калисо бо ихтилофҳои беохири дохилӣ бо эҳтиром ба худи дини масеҳӣ ва тоқатпазирии эътиқодӣ дар ҳамзистӣ вуҷуд доранд.

Аммиан Марселлин сурати ниҳоятдараҷа реалистиро офарида, иллатҳои рӯҳониятро дар Рим ба зери танқид мегирад. Нақли ӯ ҳангоми тасвири мубориза барои тахту тоҷи Папа, ки ин вақт довталабон одамони оддиро ба шӯриш бархезонда, заминро ғарқи хун мекунанд, ба неруи камёбтарини фошкунӣ пайдо менамояд. Ба зиндагии бо карру фар ва ҳавобаландии амалдорони калисо Аммиан Марселлин фақр ва ба тақдир тан доданирӯҳониёни музофотиро муқобил мегузорад.

Ихтилофҳоро дар байни масеҳиҳоро, ки бо рушди мулҳидӣ алоқаманд буданд, маҳкум карда, дар баробари ин Аммиан Марселлин бе ягон хайрхоҳӣ дар бораи бархурдҳои масеҳиҳо бо бутпарастон нақл мекунад.

Ҷонибдори тоқатпазирии эътиқодӣ, ки ҳамзистӣ ва парастиши Адонис, ва ҳам парастишҳои Мисри қадим, ҳам масеҳиро чизи хуб шуморида, Аммиан Марселлин масеҳиятро ҳамчун яке аз динҳои баробар мешуморад. Иисус Христос барои ӯ на худо, балки яке аз устодони хирад, асосгузори дини нав, “рақиби Юпитер” мебошад.

Идеалҳои сиёсии Аммиан дар зери таъсири ҳам муборизаи иҷтимоию сиёсии замони ӯ ва ҳам дар зери таъсири ҷараёнҳои файласуфони антиқӣ ташаккул ёфтаанд.. Ӯ ҷонибдори ҳокимияти пурзур ва адолатпешае буд, ки ба ёрдамчиёни хирадманд ва бедодгарии шахсӣ бегона такя мекунад.

Мувофиқи ақидаи ӯ ҳокимият як навъ ғамхорӣ барои некуаҳволии каси дигар мебошад. Ҳокими нексиришт бояд моликияти худро маҳдуд созад, бар зидди тезу тундӣ ва қаҳру ғазаб мубориза барад ва донад, ки ёдоваршавии золимӣ барои пиронсолӣ такягоҳи бад аст.

Ҳокими номаълуми тасвиркардаи Аммиан Марселлин , дар ихтилофи шадидтарин ба ҳақиқат қарор дошт ва инро худи таърихшинос хеле хуб мефаҳмид. Ва қувваи Аммиан Марселлин на дар сохтори мусбати (позитивии) идеали зокимияти давлатӣ, балки дар хеле тезутунд фош кардани сохти мавҷудаи ҳокимият ифода ёфтааст.

Аммиан Марселлин ҳангоме, ки ӯ дар борI 1 ҳикоят мекунад, эҳсоснокии он ба сатҳи бузурги шиддатнокӣ рафта мерасад. Бояд гуфт, ки далелҳои шаръии фошкунандаи бар зидди онҳо аллакай барои таърихшинос, ки дар замони ҳукмронии Феодосияи I навишта буд ва вақте, ки танқиди шоҳигарии пешин аз тарафи ҳукумати нав ҳавасманд карда мешуд, аллакай хатарнок набуд.

Таърихшинос барои фош кардани сиёсати Валента ва валентиниан 1 аз ягон калимот ва ибораҳои сахттаринро дареғ намедошт. Дар як вақт ҳам Феодосияи I-ро ба оғзи таърифу тавсиф гирифта, корнамоиҳои ӯро ҳаматарафа шуҳратманд менамуд.

Аммиан Марселлин ифодакунандаи ақидаҳои оппозитсияи бутпарастӣ буд: ӯ бар зидди таъқиботи императорони “масеҳӣ” ба аъёну ашрофи авлодии патритсиягӣ эътироз менамояд. Дар баробари ин сабабнокии эътиқодии ӯ нақши аввалро иҷро намекунанд ҷонибдории сиёсӣ ва ё ихтилоф ба ин ва ё он ҳоким на онқадар муҳим мебошад. Худи таърихшинос ҳолати мудҳиштарини таназзули ахлоқи аристократияи Римро тасвир намуда, ин корро баъзан бо рӯҳияи баланди фошсозӣ ба ҷо меорад.

Аммиан нисбати аъёну ашрофи шаҳрии миёнаҳол ва ба куриалҳо дигар хел муносибат мекунад. Ӯ аз таназзул кардани курияҳо ғам мехурад ва зуран ба онҳо ҷалб кардани куриалҳоро маҳкум мекунад. Муносибати хайрхоҳонаи Аммиан ба куриалҳои шаҳри азизи худ Антиохия то ба он дараҷае бузург буд, ки таърихшинос ҳангоми ихтилоф бо император Юлиан бо сабаби паст кардани нархҳо ба озуқа, ки онро Юлиан бо халқи Антиохия авомбозӣ карда, гузарониданӣ буд, таърихшинос онҳоро ҷонибдорӣ мекунад.

Ҳамаи ин маҷбур мекунад тахмин карда шавад, ки Аммиан Марселлин, ки баромадаш аз байни аъёну ашрофи мунисипалии Антиохия буда, то дараҷаи муайяне кайфияти куриалҳоеро ифода менамуд, ки нисбат ба ашрофони олимартаба ва идораи баъзе императорон, махсусан Валента ва Валентиниани 1 дар оппозитсия буданд.

Иллатҳои ашрофони олимартабаро фош кардани Аммиан Марселлин бо муносибати нафратангез нисбати оммаи халқ дар ҳолати ҳамоҳангӣ қарор дошт.Люмпен-пролетарҳои Рим, ки ӯ онҳоро аз косибон, тоҷирони хурд ва кормандони ихтисосҳои гуногун ҷудо намедонад, аз Аммиан Марселлин гирифтори ҳамлаҳои сахт мешаванд. Аз паси фошкунии таназзули ахлоқи аъёну ашроф Аммиан бо ҳамин шаст иллатҳои “фақри бекорхуҷаю танбали Рим”-ро ба зери тозиёнаи танқид қарор медиҳад.

Аммиан Марселлин дар бораи ғуломон одатан дар якҷоягӣ бо масъалаҳои дигар сухан меронад. Барои ӯ воқеоти рузғор сазовори номбарии махсус нестанд.

Дар асари Аммиан Марселлин бо неруи диққатҷалбкунанда сурати муборизаи иҷтимоии тезутундтаринеро барқарор мекунад, ки ондар асри IV ҳам империяи Ғарбӣ ва ҳам империяи Шарқиро фаро гирифта буд.Ба заракати патронҳо ва нисбати дигар шӯришҳои халқӣ Аммиан Марселлин бо бадбинии оштинопазир ва бадбинии ҳақиқии синфӣ муносибат карда, онҳоро “анбӯҳи иштирокчиёни аз гуруснагӣ бағазабомада ва ноумедшуда” меномад.

Барои шарҳи ҳоли ақидаҳои иҷтимоию сиёсии Аммиан Марселлин муносибати ӯ ба шӯриши Прокопий (солҳои 365 – 366) хеле гуворост. Мақсадҳои сиёсие, ки дар аввал Прокопий дар назди худ гузошта буд – барҳам задани режими бадкини Валента ва ҳимояи манфиатҳои шаҳриҳо ва дар навбати аввал куриалҳо, то дараҷае ба Аммиан маъқул шуда буд. Вале табдилёбии ин суиқасд ба муқобили император ба ҳаракати васеи умумихалқӣ, аъёну ашроф ва шаҳриҳои осудаҳолро аз ин ҳаракат дур сохт, дар баробари ин мавқеи таърихшиносро тамоман тағйир дод. Ӯ мухолифати худроо нисбат ба Прокопий тамоман пинҳон намедорад, зеро ӯ то дараҷае ба оммаи халқи Константинопол, ба аскарони оддӣ ва готҳои варварҳо такя мекард.

Дар маҷмӯъ Аммиан шӯриши Прокопийро ҳамчун исён баҳо медиҳад, ки он ба давлат харобиҳои зиёд ба бор овард.

Аммиан Марселлин дар бораи ҳаракати бузурги замони худ – шӯриши вестготҳо, ки дар Дунай дар солҳои 70-уми асри IV ба амал омада, Империяи Шариқии Римро ба вартаи ҳалокат наздик карда буд, маълумотҳои нодирро мисол меорад. Аз он ҷумла, ахбороти Аммиан Марселлин дар бораи он, ки колонҳо, ғуломон, кӯҳканҳои Фракия ва Македония вестготҳоро дастгирӣ карданд, бениҳоят қимматанд. Нақли Аммиан дар бораи муҳорибаи Андрианопол қисми муҳимтарин дар асари ӯ буда, муаллиф дар он тасвири саҳнаҳои мудҳиши муҳорибаро ниҳоят гуворою дастрас ва ҳаётӣ тасвир намуда, муаллифро воқеан ба баландиҳои ҳақиқии устоди сухан мебардорад, инчунин дар бораи он шаҳодат медиҳад, ки Аммиан ин манзараро, агар аз рӯи мушоҳидаҳои шахсии худаш набошад ҳам, аз рӯи нақли иштирокчиёни бевоситаи муҳориба ба қалам додааст.Албатта раҳму шафқати муаллиф ба ҷониби римиҳо равона карда шудааст. Торумори Адрианопол барои ӯ фоҷеаи миллӣ шикастест, ки ба давлати Рим, ба ифтихори миллии Рим зарба задааст.

Аммиан нағз мефаҳмид, ки хатари варварҳо барои империя чи тавр бузург аст. Ягон муаррихи дигари Византияи марҳалаи барвақта муборизаи Рим ва варварҳоро ин қадар боварибахшу паҳновар ва ҳаматарафа нишон надодааст. Аммиан фишои варварҳоро ҳамчун туфони харобиовар ба қалам додааст; тохтутозҳои онҳо ғоратгарона ва харобиовар буда ва мубориза бар зидди онҳо – вазифаи меҳанпарастии ҳар як римӣ мебошад. Дар ин мубориза ҳамаи воситаҳот хубаднд, ва Рим маданияти худро ҳимоя мекард, аз ин рӯ, онҳамеша ҳақ аст.

Аммиан дар бораи гузаштаи пуриқтидори Империяи Рим бо дарду алам сухан ронда, нисбати халқҳои дигар, аз он ҷумла нисбати варварҳо ва халқҳои ғайриварва, махсусан халқҳои ваҳшии кӯчманчӣ – гуннҳо ва аланҳо беэҳтиромона ҳарф мезанад. Аммо ҳатто форсҳо, ки онҳоро Аммиан халқи бузургу мутамаддин мешиносад, аз тарафи таърихшинос дар ҳолати манфӣ тасвир менамояд. Муносибати нафратомезона ва ғаразноки таърихнигор ба халқҳои ба империя ҳамсоя шаҳодати он аст, ки мавсуф пайрави идеалҳои муҳофизакоронаи давлати Рим ва ҷаҳондавлатии беҳамтои Рим будааст. Дар баробари ин сайри қавмшиносӣ (этногеографӣ) ва ҷуғрофии Аммиан, ки ба мамлакатҳо ва халқҳои гуногун – Миср, Форс, Осиёи Хурд ва ғайра дахл доранд, аз дидгоҳи фарогирии донишҳо ҳам аз рӯи мушоҳидаҳои шахсӣ ва ҳам аз рӯи сарчашмаҳои арзишманд аз дигар муаллифон тафовут дошта, ва сатҳи илм илми замони ӯро инъикос менамоянд.

Маркази тамоили нақли Аммиан бештар дар инъикоси таърихи сиёсӣ қарор гирифтааст; ҳаёти дохилӣ ва иҷтимоию иқтисодии давлати Рим дар асри IV дар асарҳои ӯ хеле кам инъикос гардидааст. Вале маводи ғункардаи Мапрселлиан дар бораи муфлисшавии музофотҳо, шӯришҳои халқӣ, вапрваришавии артиш, вайрорншавии ахлоқи ашрофон, ноустувории ҳокимияти императорӣ ва муборизаи беист барои тахту тоҷ дар бораи ҳақиқати воқеии бӯҳрони ҷомеаи ғуломдорӣ шаҳодат медиҳанд, ки он ҳам Империяи Ғарбӣ ва ҳам Империяи Шарқии Римро фаро гирифта буд.

Дар таърихи муборизаи синфии онвақта ҳаракати багаудҳо ва латронҳо, шӯриши Прокопий ва махсусан шӯриши востготҳо дар Дунай дар асари Аммиан сарчашмаи беҳтарин аст. Далелҳои Марселлиан дар бораи таърихи ҳарбии империя дар асри IV низ дақиқ мебошанд.

Кайфияти оппозитсионӣ нисбат ба императорҳои масеҳӣ дар асарҳои Евнапия, Олимпиодора, ва махсусан дар асарҳои Зосима инъикос ёфтааст.

Эвнапий (345 – 420) аз Сард (Лидия), таърихшинос ва суханвар (ритор), пайрави фалсафаи неоплатонӣ ва ҳимоятгари матини бутпарастии аз байн рафтаистода буд. Ӯ таҳсилотро дар Афина аз софист ва файласуфи неоплатонӣ Прозресия гирифтааст. Ақидаҳои файласафии таърихшинос аз пайвастан эклетикии (аз байни ақидаҳои гуногун “интихоб мекунам”) неоплатонизм бо тасаввуроти мистикии (маънояш “асрор”, дар ақидаҳои динӣ ба воқеият асосёфта) пайдоиши шарқиёфта ба миён омадааст Ба қалами Евпатий асари таърихие дар бораи ҳимояи ҳаёти файласуфони неоплатонии асри IV “Еувпаттио Запбиавой латопиас…” буда, давраи аз соли 270 то соли 414-ро дар бар гирифта, танҳо дар маҷмҳаҳои патриарх Фотий (асри IХ) маълум аст.

Китобдори машҳур ва донишманд, Фотий ба наслҳои нав маҷмӯаи бузурги иқтибосҳоро аз 280 муаллифони юнонӣ боқӣ мондаанд, ки он ҳамчун “Китобхона” (“Библиотека”) ё худ “Бисёркитобӣ” (“Многокнижие”- “Myriobiblon”)-ро машҳур гардонидаанд. Бо шарофати ин асари безавол ба наслҳои оянда симои ҳақиқии асарҳои бебозгашт аз дастрафтаи асарҳои таърихшиносон ва сорлноманависони Византия, аз он ҷумла Евнапия нигоҳ дошта шудааст. Асари Евнапия то замони мо дар шакли аз ҳад зиёд коркардшуда омада расидааст. Муаҳррири бомаърифат ҳамаи маводи хашмгинона ва ҳамлаҳои оштинопазири муаллифро бар зидди масеҳият равонкардаро асар берун месозад, то ки ба нафси пайравони дини масеҳӣ бадл нарасад. Ғояи асосии фаъолияти таърихшиносии Евнапий барқароркунии бутпарастӣ ва зарурати муқовимат бар зидди паҳншавии масеҳият буд.

Дар маркази асосии нақли ӯ идораи император Юлиан Муртад меистод, ки ӯ дар зери тозиёна танқид қарор гирифта буд Асари Евнапия аз ғояи мубориза идеологиии бутпарастӣ ва масеҳӣ саршор мебошад; муаллиф бутпарастонро ба зинаи баланди таърифу тавсиф бароварда ва душман будани худро нисбати масеҳият ифода менамояд. Сарфи назар аз суханпардозӣ будани услуби навишти худ, ин таърихшинос маҳорати баланди тасвири шарҳи ҳоли воқеият.аз он ҷумла бераҳмона фош кардани иллатҳои ҷомеаи муосири худ ҳақиқатнигор буд.

Ба ақидаҳои сиёсии Евнапия муносибати ӯ ба ҳокимияти императорӣ нишондиҳандаи асосӣ шуда метавонад. Ӯ чунин мешуморид, ки он барои ҷомеаи оянда зарур аст, лекин дар он вақте ки ҳокимияти сиёсӣ дар кадом дасти сазовор бошад: аз назари Евнапия ба ин ҳукмронии Юлиан балели боэътимод шуда метавонад. Агар ҳокимияти императорӣ дар дасти шахси бадахлоқ бошад, ба давлат бадбахтиҳои калон ба бор меоварад. аз рӯи ақидаи Евнапияи файласуф, дар тахту тоҷ императори масеҳӣ Феодосияи I илофи Юлиан, мебошад. Ҳақ будани андешаҳои қадимиён дар бораи бад будани ҳокимиятро исбот карда, дар баробари ин Евнапия иллатҳои онро низ баён месозад.

Чун Аммиан Марселлин, аз тарафи Евнапия танқид карда шудани идораи императорони масеҳӣ дар робита бо муносибати душманона нисбат ба оммаи халқ баён карда мешавад. муаррих аз он сабаб қаҳру ғазаби худро баён мекунад, ки дар замони ҳукмронии меросхурони Феодосияи I, вақте ки ҳокимият дар дасти Руфие буд, одамоне баруманду болонишин шуданд, ки ду-се рӯз пештар аз дуконҳо берун баромада буданд, зин месохтанд ё ки фарш рубучин мекарданд. Акнун бошад, онҳо пераҳани зебои дорои камарбанди тиллоӣ дар тан ва дар ангуштҳояшон мӯҳрҳои бо тилло рӯйпушкарда доштанд.

Асари Евнапия фошкунии боҷуръатонаи иллатҳои империя дар замони идораи Феодосияи I ва меросхурони наздиктарини ӯ буд. Евпатия ҷидду ҷаҳди сиёсии зиёиёни бутпарасти Империяи Шарқии Рими асрҳои IV – V-ро, ки бо ашрофони кӯҳнаи Рим ва оппозитсияи нисбати идораи императорони масеҳӣ дар ҳолати влоқамандӣ қарор доштанд, ифода мекард.

Ҳамзамони хурд ва давомдиҳандаи кори Евнапия юнонӣ Олимпиодор (асри V), зодаи Фиваи воқеъ дар Миср буд. Олимпиодор ҳаёти худро ба машғулиятҳои адабӣ бахшида буд. Ҳамчун нависанда (шояд ӯ шоир ҳам бошад) ва муаррих ӯ дар ватанаш хеле маъруфият дошт Ҳангоми дар Афина зиндагӣ карданаш Олимпиодор ба мактаби фалсафии Афина ва файласуфони сершумори шуҳратманди замони худ шиносоӣ пайдо мекунад. Қисми ҳаёти худро ӯ дар Империяи Ғарбии Рим гузаронида, бисёр саёҳат мекард, урфу одату анъанаҳои халқҳои гуногуни варвариро мушоҳида мекард, аз он ҷумла вестготҳо ва гуннҳоро, ки дар он ҷо соли 412 буд, ҳамон вақте, ки ӯ дар ҳайати сафорати Византия ба он ҷо рафта будааст. Нақл дар бораи ин сафорат яке аз ёддоштҳои барвақта дар бораи қабилаҳои гуннҳо дар Аврупо мебошад.

Рисолаи Олимпиодор “Таърих” (“История”), ки муаллиф ба император Феодосияи II бахшидааст ва он танҳо дар маҷмӯаҳои Фотий боқӣ мондааст, аз 22 китоб иборат буда, 18 соли мавҷудияти империяи Римро дар бар гирифтааст – аз соли 407 то соли 425. Гарчанде Фотий асари Олимпиодорро аз ҳад зиёд кӯтоҳ кардааст, сарфи назар аз ин, ӯ на танҳо далелҳои муҳимтарини таърихии дар асар мавҷуда, инчунин фикру андешаҳои муаллифро низ инъикос намудааст. Худи Фотий дар додани баҳо ба асари Олимпиодора хеле сахтгир ба назар мерасад. Ҳамчун мухлиси услуби зарофатгӯии муаллифони қадим, ба Фотий пеш аз ҳама забони оддии халқии ин муаррих – фаҳмо бошад ҳам, вале гуворо набудан ва аз нерӯ маҳрум будани он маъқул набуд. Дар усули Олимпиодор воқеан то дараҷае дасткашӣ аз услуби сунъӣ ва тақлидкории муаллифони зиёди Византияи замони барвақта ва тавлиди ҷанинҳои усули нави иншои асар ба назар мерасад, ки он мумкин аст як навъ наздикшавӣ ва ҳамзистӣ ба олами варвариро ифода менамуд.Эҳтимол меравад, ки маҳз ин услуби “халқӣ” махсусияти асосии асари Олимпиодораро ташкил медодаст.

Нақли Олимпиодор асосан ба тақдири Империяи Ғарбии Рим дар давраи ҳукумати Гонорий дахл дорад. муаллиф ба қисмати шарқии давлати Рим нисбатан кам таваҷҷӯҳ зоҳир менамояд.

Дар асари Олимпиодор аз назди таваҷҷӯҳи хонанда воқеаю ҳодисаҳое ҷилвагар шуда, гузашта мераванд, ки дар Ғарб дар замони ҳукмронии Гонорий (395 – 423) ба амал омадаанд: муборизаи императорон барои тахту тоҷи ноустувор, болоравии каммуҳлат ва ҳамин тавр бо тезӣ сарнагуншавии ғосибон (узурпаторҳо), дахолати худкомаи пешвоёни варварҳо ба корҳои империяи фартутшуда. Варварҳои абарқудрат – Стилихон, Аларих, Атаулф бештар ҳалкунандаи тақдири Империяи Ғарбии Рим ба назар мерасанд. Дар маркази нақли Олимпиодор яке аз бархурдҳои охирини олами юнонию римӣ бо варварҳо – лашкаркашиҳои Аларих ба Италия меистад. Муаррих ҳолати тарсу ваҳмеро ба қалам медиҳад, ки дар Рим пеш аз тохтутози варварҳо, ки дар муқобили онҳо на қӯшунҳои Рим, ва на деворҳои шаҳрҳои қадим истодагарӣ карда натавонистанд, ҳукмрон буд. Олимпиодор воридшавии варварҳоро ба дохили Империяи Рими як вақтҳо бузургро ҳамчун ҳодисаи ногузир қабул мекунад.

Рисолаи Олимпиодор хонандаро ба фазои муборизаи шадиди ҳизбҳои римӣ ва варварӣ (ҳамчун нерӯҳо дар назар дошта мешавад) дар Империяи Ғарбии Рим ворид месозад. Шояд таваҷҷӯҳи сиёсии муаррих ба он ҳизбе равона бошад, ки он ҷонибдори иттифоқ бо королиҳои ҷавони варварии дорои пешвоёни пурзӯри дружинаҳои варварӣ . Ин ҳизб, ба нерӯи варварҳо ва афзоиши заифшавии империяро аз рӯи ақлу хирад баҳо дода, роҳи наҷоти давлати Римро дар ҷанг андохтани як гурӯҳи варварҳоро бо гурӯҳи дигари варварҳо медид.

Дар рисолаи Олимпиодор, ҳамчун дар шакли ихтисори аз тарафи Фотий додашуда, образҳои зиндаи муосиро – Галла Пласидия, лашкаркаши дисқан ба ӯ содиқ, ҳокими Африқо Бонифатсия, ки бо империя иттифоқ баста буд, Констансияи III ғамгин ва сахзтгиру бадқавоқ, ба мӯҳлати кӯтоҳ тоҷу тахтро бо император Гонорий тақсим мекунад, ҷилвагар мешаванд. Олимпиодор нисбати малика Галла Платсидия эҳтироми самимона дошта, сиёсати ӯро, ки ба наздикшавӣ бо варварҳо равона карда шуда буд, ҳақ мешуморад. Ӯ дар назди Стилихон сари саҷда фуруд оварда ва Гонорийро барои он маҳкум мекунад, ки ӯ лашкаркаши боистеъдодро барои ҷонибдори ҳизби римӣ буданаш ба қатл расонидааст.

То дараҷае ҷонибдори меҳанпарасти рим ва мухлиси тамаддуни юнонию римӣ монда истода, дар баробари ин Олимпиодор яке аз нависандагони Византия буд, ки хуб фаҳмид: бе иштироки варварҳо империя қудрат надорад, ки бар варварӣ дастболо шавад. Хизмати бечуну чарои Олимпиодор дар он ифода меёбад, ки ӯ нисбат ба аксарияти дигар муаллифони Византия бархурд ду олам – Юнону Рим ва варварҳоро ба таври хеле воқеию объективона тасвир намудааст.

Кайфияти нисбатан равшани оппозитсияи бутпарастии асри V дар рисолаи “Таърихи нав”-и Зосим инъикос гардидааст. Фошсозии пурҳаяҷони сохти мавҷуда аз тарафи ин муаллиф бо ҳамлаҳои пурқаҳру ғазаб бар зидди масеҳият равонгардида дар ҳолати омезиш қарор дошт. Дар бораи ҳаёти Зосим он чизи на онқадар зиёде маълум аст, ки худи муаллиф дар асараш баён доштааст. Зосим дар нимаи дуюми асри V ҳаёт ба сар бурдааст. Ӯ мансабҳои баланд – узви комита ва экс-адовокати фиск (андоз) будааст, ки ин дар бораи маълумоти ҳуқуқӣ доштанаш шаҳодат медиҳад.

“Таърихи нав”, ки баъди вафоти муаллиф ба олами ҳастӣ ворид шудааст, дар замони ҳукумати император Анастасия (1491 518). Аниқтараш тахминан соли 498 таълиф карда шудааст.Дар ин асари паҳновар, ки бо забони дақиқ ва фаҳмо навишта шудааст, таърихи давлати Рим аз замони дар соли 410 ба тахт нишастани Август тасвир ёфтааст. Нақл дар бораи воқеаҳои то соли 270 моҳияти маҷмӯӣ ва талфифӣ (компилятивӣ) буда, танҳо давраи аз соли 270 то соли 210-ро муфассалтар дар бар гирифтааст.

Сарчашмаҳое, ки Зосим барои равшан сохтани воқеаҳои нисбатан барвақт ба амаломада истифода бурда шудаанд, номаълуманд. Барои асрҳои IV- V ӯ асосан асарҳои аз байнрафтаи Евнапия ва Олимпиадора буданд.

Манзараи асосӣ дар рисолаи Зосим, чун аз пешгузаштагони ӯ , муборизаи оламҳои римӣ ва варварӣ буд. Муаррих бо афсуси зиёд чизе аз бузургии пешинаи Рим намонданро эътироф намуда истода, дар назди худ вазифа мегузорад, ки сабабҳои ин ҳодисаро кушода диҳад. Дар асари Зосим консепсияи муштараки таърихию фалсафӣ бараъло намоён мебошад. Аз рӯи эътиқодҳои динӣ ҳамчун бутпараст ва аз рӯи ақидаҳои сиёсӣ муҳофизакор (консерватор) Зосим сабаби асосии рӯ ба таназзул ниҳодани Империяи Рими як вақтҳо пуриқтидорро дар ба хотири фаромӯшӣ додани динҳои ниёгони эллинию римӣ мебинад. Тохтутози варварҳо, шӯришҳои халқҳои фатҳшуда, исёнҳои ғуломон, парокандашавии дохилии давлат – ҳамаи ин харобиҳое, ки ба сари империя дар асри Ivва оғози асри V омаданд,тибқи консепсияи ӯ – ин он ҷазои худоҳо мебошад, ки бо сабаби хиёнат ба дини қадимаи бутпарастӣ ва қабули масеҳият рух додааст.

Муносибати душманонаи Зосим ба дини масеҳӣ дар фошсозии ҳокимони бадху ва пеш аз ҳама “императорони масеҳӣ” – Константини I ва Феодосияи I ошкор мегардад, ки ба онҳо санами (кумири) ҳамаи оппозитсияи бутпарастӣ – Юлианти Муртад муқобил гузошта мешавад.

Маводе, ки Зосим ҷамъ овардаааст, хеле бузургмебошад. Маълумоти ӯ дар бораи қабилаҳои варварӣ, махсусан дар бораи готҳо ва гуннҳо пурарзиша мебошад. Маълумоти Зосим дар бораи дастгирии варварҳое, ки ба империя зада даромадаанд, аз тарафи оммаи халқ , бо маълумоти ба ин монанди пешгузаштагони ӯ ҳамоҳанг мебошад.

Дар байни нависандагони дигари оппозитсионии асри V Зосим ҳам чун муаррихи садои оштинопазир нисбати мукобилони сиёсии худ ва ҳам пурмаълумот будани нақли ӯро аз дигарон фарқ мекунонанд. Аз ин дидгоҳ асари ӯ яке аз сарчашмаҳои пурарзиши асри V мебошад, ки он тамоми шиддатнокии муборизаи идеологиро дар байни бутпарастии аз байн рафтаистода ва масеҳияти дар ҳолати тантанабударо инъикос менамояд.

Аз назари ҳаётӣ ва ҳақиқӣ будани сурати бархурди оламҳои римию варварӣ дар замони муҳоҷирати бузурги халқҳо дар асари сайёҳ ва дипломати юнонӣ Приски Паний дар сатҳи ниҳоят баланду гувороинъикос гардидааст. Ӯ дар нимаи аввали асри V дар шаҳри Паний, воқеъ дар Фракия таваллуд шуда, таҳсилоти аълодараҷаи фалсафӣ ва риторӣ (суханварӣ) гирифтааст, ки дар ин бора на танҳо тахаллуси ӯ – софист ва ритор, балки донишҳои воқеан чуқуру ҳаматарафа ва маърифати ҳаматарафаи ӯ шаҳодат медиҳанд.

Таҳсилотро ба охир расонида, Приск ба хизмати давлатӣ ба кор медарояд. Дар аҳли рикоби ашроф Максимин, ки дар аҳди император Феодосияи II дар мансабҳои баланди давлатӣ фаъолият дошт, Приск дар сафорати Византия ба ҳокими гуннҳо Атилла иштирок кардааст. Дар зарфи тамоми сафар ва ҳузур дар Византия дар қароргоҳи Атилла Приск рӯзнома мебурд ва он асоси рисолаи машҳури “Готория Византия хай та хат Аттилав” (аз хати византиягӣ навишта шуда, шояд каме хато бошад), ки аз он танҳо дар пораҳои алоҳида боқӣ мондааст. Ягон сафари дипломатии ӯ ба Рим, Димишқ, Искандария аз рӯи аҳамияти худ бо ташриф ба қавроргоҳи Атилла баробар шуда наметавонад. Маҳз тасвири қабилаи пурдаҳшати гуннҳо таваҷҷӯҳи ниҳоят баландро нисбат ба асари таърихии Приск ба вуҷуд овард.

Доираи хронологии асари ӯ дақиқан давраи аз соли 411 то соли 472-ро дар бар гирифтааст. Приск тахминан баъди соли 472 вафот кардааст.

Арзишмандии асари Приски Паний пеш аз ҳама аз он иборат аст, ки он аз тарафи шоҳиди воқеаҳо навишта шудааст. Шояд Приск мукотибаи дипломатӣ, маълумотҳои сафирони византиягӣ ва ҳуҷҷатҳои дигарро аз китобхонаи императорӣ, ки ба ӯ дастрас буд, истифода бурда бошад.

Приск соҳибақлу хирад ва мушоҳидакори нозукфаҳм буд, ӯ бо сафирони давлатҳои ғарб, ки дар як вақт ба дарбори Аттилла ташриф меоварданд, вохурда ва аз онҳо дар бораи олами варварҳо маълумоти муҳим ба даст овардааст. Ба Приск муяссар мегардад, ки рисолаи таърихии воқеан бузургро на танҳо бо шарофати истеъдод ва зеҳни мушоҳидакории баланд нависад: чашмони ӯро ватанпарастии дуруғини римӣ ва нафрат нисбат ба варварҳо чун абри тира хира нагардониданд. Ба ӯ муяссар шуд дар шахси Иттила ва доҳиёни дигари варварӣ одамони зиндаро бо афзалиятҳо ва камбудию норасоиҳои онҳо бубинад. Дар нақли ӯ дар бораи ҳаёт, рӯзғор, урфу одатҳои гуннҳо ҳавобаландӣ ва ифтихор аз римӣ будан, ки худро ба варварҳои бесаводу ақибмонда муқобилгузошта ба назар намерасад.

Аз рӯи тозагии маълумот ва бевосита маълумоти Приск дар бораи мамлакати гуннҳо, тарзи зиндагии онҳо, забон, муносибат ба халқҳои таслимкарда, инчунин дар бораи муносибат бо халқҳои гуногуни Шарқ ва Ғарб арзиши фавқулодда доранд. Нафаре аз ҷумлаи нависандагони муосир портрети воқеии ҳокими гуннҳо Аттиларо чун Приск аз худ боқӣ нагузоштааст.

Ҳикояи Приск дар бораи вохӯрӣ бо юнонии асири ҳарбӣ, ки дар империя зиндагӣ бо гуннҳоро афзалтар донистааст, дорои аҳамияти калон мебошад.Муколама дар байни Приск дар бораи ва юнонии асир дар амал баҳс дар бораи яке аз ду олам мебошад – римӣ ва варварӣ. Танқиди сохти ҷамъиятии империяи Византия, ки аз забони юнонии гуреза гуфта мешавад, то дараҷае ақидаҳои сиёсии худи Прискро инъикос менамояд, ки иллатҳои ҷомеаи Византияро фош мекунад. Ба ин танқид ӯ дар айни замонтаърифу тавсифи тартиботро дар давлати Рим муқобил мегузорад. Приск манзараи орому осоиштагии анъанаи қонунҳои мутамаддинро дар империя тасвир менамояд; Византия аз тарафи ӯ дар рӯҳияи давлати идеалии афлотун тасвир ёфтааст. Муносибатҳои байниҳамдигарии ғуломдорон ва ғуломон, ки мувофиқи гуфтаҳои Приск римиҳо нисбат бо варварҳо мулоимтар муносибат мекарданд, аз ҳақиқат дур аст. Ҷанобон метавонанд ғуломонро ба озодӣ на танҳо дар ҷараёни тамоми ҳаёташон ба озодӣ ҷавоб медиҳанд, балки пеш аз марг ҳам. Тасмими фавтидаистода оид ба моликияти ӯ ба қонун баробар аст. Дар мавриди ин суханҳои Приск, гӯё ки юнонии гуреза гирякунон хитоб карда бошад: “Қонунҳо хубанд ва ҷомеаи Римаълодараҷа сохта шудааст, вале ҳокимон онро вайрон ва бесару сомон мекунанд, на он тавре рафтор мекунанд, ки қадимиён мекарданд”.

Дар ин гуфторҳои Прискдухурагии маълуми ҷаҳонбинии ӯ ошкор мегардад: ӯ ҳам иллатҳои сохти империяро ва ҳам афзалиятҳои рӯзғори варварҳоро медид, вале ҳамчун римиягӣ мондан гирифта, б атанқиди тартиботи мавҷуда, ки аз ҷониби гуреза ба миён омадааст, розӣ шуда наметавонист.

Ба Приск муносибати хайрхоҳона на танҳо нисбати гуннҳо, балки нисбат ба халқҳои дигари варварӣ, аз он ҷумла нисбати славянҳо низ хос мебошад.

Барои ақидаҳои иҷтимоию сиёсии Приск душмании ӯ нисбати ҳаракатҳои халқӣ, ки баъзан ба худ шакли динӣ мегирифт, падида (симтом) мебошад. Ҳангоми шӯриши дар Искандария дар соли 543 Приск, бино бар нақли Евагрия, худро ҳамчун амалдори масъул , дипломати сипоҳ, масеҳии православӣ нишон медиҳад, ки ба ҳукумат ҷиҳати мубориза бар зидди ҳаракати халқӣ кӯмак мерасонид. Вале дар рисолаи худ Приск аз худ ягон хел ягон хел диндориро изҳор намекунад: ӯ оид ба масъалаиҳои динӣ дахл дорад, хеле кам иттилоъ медиҳад.

Чун дигар нависандагони соҳибмаърифати он замон ба Приск низ талошу ҳавас ба арзишҳои антиқа дошт. Дар бораи ҳаракати халқҳои Шарқ ва дар бораи марги Аттила нақл карда, Приск монандии онро дар геродот меёбад. Геродот барои ӯ намунаи беҳтарин буда, маҳз ба ӯ тақлид мекард. Таъсири геродот на танҳо ба забон ва услуби рисолаи Приск, балки дар истифодаи монандиҳои (аналогияҳои) таърихӣ дар фаҳмонидани воқеаҳои муосир дида мешавад.

Приск аз тамоили қадимкунонии адабиёти антиқӣ ва Византияи барвақта озод набуд: масалан, ӯ гуннҳоро скифҳо меномад. Забони ӯ баъзан қадимӣ (архаистӣ) буд.

Сарфи назар аз ин Приск дар рисолаи худ нақли пуробуранги аҷоиби ҳаётиро дар бораи сафорати византиягиҳо ба Аттила додааст. Аз назари ҳақиқатнигорӣ ва соддагии бузургтасвирӣ он метавонад ба саҳифаҳои таърихнигории антиқӣ баробар бошадБарои византиягӣ беҳамтогии воқеият нисбати варварҳо, фаҳмиши амиқи аҳамияти таърихии ҳаракати оммаи бузурги одамон (кӯчиши бузурги халқҳо). Донистани зиндагӣ, малакаю маҳорати ҷамъбасткунию мавод ва хулосабарорӣ аз он ва аз он ҷудо карда гирифтани чизи асосӣ асари Прискро дар байни сарчашмаҳои таърихии асри V ба яке аз ҷойҳои аввал мебарорад. Беҳуда нест, ки дар марҳалаҳои минбаъда рисолаи Прискро ҳамаи муаллифони византиягӣ мавриди истифода қарор медоданд. Ёддоштнависони муосири ғарбӣ аз ӯ дар ҳолати хеле дур қарор доштанд. Онҳо танҳо маълумоти хурдро дар бораи он воқеаҳо медоданд, ки Приск аллакай бо санъати баланд тасвир карда буд.

Давомдиҳандаи кори Приски Паний суриягӣ Малхи Фмладлелфӣ (асри V), зодаи шаҳри Филаделфияи воқеъ дар Фаластин, аз рӯи ихтисос суханвар буда, ӯ ҳамчун софист маъруф гардида ва устоди фалсафа ва санъати суханварӣ шуда дар Константинопол фаъолият кардааст. Бас қалами Малх рисолаи таърихӣ “Дар бораи воқеаҳо ва корҳои византиягиҳо” тааллуқ дошта, низ танҳо шакли иқтибосҳои нависандагони баъдтарин боқӣ мондааст.

Эҳтимол меравад, ки рисолаи Малх ҳамагӣ 7 соли таърихи Византияро (солҳои 474 – 480) дар бар гирифта, аз 7 китоб иборат буд. Дар маркази нақли муаллиф фошкунии иллатҳои император Зинон, бепарвогӣ ва ҷиноятҳои ӯ меистанд ва ин корро бо ҷуръати ҳайратовар иҷро менамояд: Инро муҳаққиқон дар он мебинанд, ки асари Малх баъд аз маргши Зинон, дар замони идораи император Анастасия таълиф гардида буд. Малх нисбати пешгузаштаи Зинон – император Лев на камтар аз Зинон аз дидгоҳи танқид муносибат карда, ӯро барои манфиати шахсӣ ва тороҷ кардани раият, пеш аз ҳама шаҳриён маҳкум кардааст, ки онҳоро аз некӯаҳволии пештараашон маҳрум сохтааст.

Мумкин аст ҳимояи манфиатҳои шаҳриҳоро дар бораи таваҷҷӯҳи Малх ба ашрофони мунисипалӣ, ки адатан зиёиёни шаҳрҳои шарқӣ зич алоқаманд буданд, шаҳодат медиҳанд.

Дар асари худ Малх ба тасвири ҳаракатҳои халқӣ дар аҳди Зинон аҳамияти калон медиҳад. Ин ҳокимро бад дида, таърихнигор нисбати халқ низ хайрхоҳ ба назар намерасад. Барои ин таърихшинос халқ ҳамеша “кормадони исёнбардошта” мебошад. Малх дар бораи бадбинии сокинони Константинопол нисбати исаврҳо ва кушиши пешвои готҳо Теодорих истифода бурдани одамони норозии пойтахт барои забти шаҳр маълумоти арзишманд медиҳад.

Аз рӯи эътиқодҳои динии худ Малх бутпараст набуд, вале маълумоте вуҷуд дорад, ки мувофиқи он ӯ зоҳиран масеҳӣ бошад ҳам, хайрхоҳи бутпарастон будаст.

Фотий ба асари таърихии Малх баҳои баланд медиҳад. Ӯ менависад, ки “нақли таърихии ӯ олиҷаноб аст. Ҳиҷоҳои он тоза, табиӣӣ, фаҳморангоранг, ибораҳои истифодамебурдагиаш бурро ва муҳим буда, дар маҷмӯъ он намунаи беҳтарини рисолаи таърихӣ мебошад”. Аз рӯи пораҳои боқимонда дар бораи асари аз байнрафтаи Малх баровардани мулоҳизаю хулосаҳои ниҳоӣ корест хеле мушкил. Вале қисме аз муаррихон бар он ақидаанд, ки Фотий арзиҳмандии ин асари Малхро аз ҳад зиёд баланд баҳо додааст. Ин таърихшиноси бовиҷдон кам бошад ҳам, аз рӯи зеҳн ва зарофагӯӣ аз пешгузаштаи худ Приски Паний дар ақибтар қарор дошт.

Замони пуртаҳлукаи аз замони таххту тоҷ соҳибшавии Леви I (457-474) ва то оғози ҳукмронии Анастасия (соли 491) дар асари аздастрафтаи Кандида Исавра тасвир ёфта буд, ки пораҳои он танҳо дар “Китобхонаи Фотий” боқӣ мондааст. Кандида аз рӯи ихтисос мирзо, аз рӯи эътиқодоти динӣ православ буда, ба сулолаи Исаврҳо аз сидқи дил хизмат карда, дар ин ҷода вазифаи асосии худро дар шуҳратманд гардонидани ин мазҳаби масеҳӣ медид. Арзишмандии асари Кандида асосан дар он ифода ёфтааст, ки дар он далелҳое боқӣ мондаанд, ки онҳо дар бораи муборизаи тезутунди варварҳо-исаврҳо ва готҳо (Аспара ва писарони вай), шаҳодати пурзӯршавии варварҳо дар Империяи Ғарбии Рим ҳам дар нимаи 2-юми асри V ифода ёфтааст. Дар маркази нақли Кандида шоҳигарии Зинон ва муборизаи ин император бо ғосибони гуногун меистад.

АДАБИЁТИ МУБОҲИСАВӢ ВА ПУБЛИТСИСТӢ

Дар байни сарчашмаҳои ёддоштию ҷомеашиносии Византия адабиёти мубоҳисавӣ ва публисистӣ мақоми махсус дорад: нутқҳои суханварон ва файласуфон, суханҳои ҳамду сано бо шарофати ягон арбоби сиёсӣ ё воқеаҳо, мактубҳои мазмуни публисистидошта ва ғайра. Ин адабиёти публисистӣ акси садои воқеаҳои муҳимтарини замон буда, дар он ба таври равшан муборизаи тезутунди ғоявию сиёсӣе, ки ҳаёти ҷамъиятиро дар Византия пур мекард, инъикос мегардид.

Файласуфи дар сари тахту тоҷбуда, император Юлиани Муртад дар асри IV яке аз аввалинҳо буд, ки таълифи чунин асарҳои публисистиро нишон дод. Ситоиши ҷаҳонбинии кӯҳнаи эллинистӣ дар онҳо бо ғояҳои эҳёи пурзуру ҷангҷӯёнаи Империяи Рим, ки халқҳои варвариро ба ғуломӣ табдил дод, пайваста шудааст. Ба назари Юлиан замони гузашта барои инсоният пуриқтидор ва хушбахтиовар намуд. Бадбинии ӯ нисбат ба тартиботи нав ва идеологияи нав – масеҳият табиӣ ва сидқан буд.

Суханвари асри IV Фемистий, мухлиси фарҳанги бутпарастӣ, аз тариқи нутқҳои хушомадгӯёнаи худ ба шарафи императорон ба мартабаҳои баланд соҳиб шуд шахсони олимақоми Константинополро инъикос менамуданд.

Аз рӯи ҷаҳонбинии худ ба Фемистий суханвари дигари асри IV – Ливаний (314 – 393) наздик буд. Зодаи Антиохия, ӯ ба ашрофони маҳаллии шаҳрӣ тааллуқ дошт. 155 нутқ ва мактубҳои батабърасидаи Ливаний кайфияти ин гурӯҳбанди ашрофонро дар чунин шаҳри калон, чун Антиохияро, ки ҳанӯз аз мубориза баҳри нигоҳ доштани таъсири иқтисодӣ ва сиёсӣ даст накашида буд, ифода менамояд. Аз рӯи рисолаҳои Ливаний мо метавонем дар бораи рӯзғор ва урфу одатҳои ҷомеаи музофотии онвақта тасаввурот пайдо намоем. Ҳолномаи Ливаний низ сарчашмаи муҳим мебошад. Ливаний намояндаи оппозитсияи бутпарастӣ буд, ки пайравии худро ба дини эллинию римӣ идома медод ва гузаштаро таърифу тавсияф карда, душмани марказонидани давлат буд.

Нутқҳои Ливаний пур аз ноумедӣ буданд: ӯ эҳсос мекард, ки имтиёзҳои курияҳо, таъсири муассисаҳои табақавӣ ба бутпарастӣ, умри ҳуқуқи маҳаллии муқаррарӣ ба оНоумедӣ дар суханронии ӯ ифода ёфтаст: “Боз кадом чиз боқӣ мондааст? Ба худоҳо ибодат.намоем, то ки онҳо ҳам ба муқаддасот, ҳам ба кишоварзон, ҳам ба курияҳо ва ҳам ба забони юнонӣ дасти ёрӣ дароз кунанд”

Мутафаккири бузург ва суханвари соҳибистеъдод Синесий Киренский (назд. 370 – назд.413) ҳамасри Ливаний буд. Ҷаҳонбинии Синесий дар тули тамоми ҳаёташ эволютсияи ҳаматарафаро аз сар гузаронидааст. Ашрофи олимансаб, дар асоси анъанаҳои фарҳанги бутпарастӣ тарбия ёфта буд. Синесий аз ғояҳои оппозитсияи бутпарастӣ дилмонда шуд ва епископии масеҳиро дар Птолемаидаи воқеъ дар Шимоли Африқоро касб кард. Дар кайфияти Синесий мақсадҳои нав ба вуҷуд меоянд: ӯ имконияти шикасти ҷомеаи мавҷударо дар маҷмӯъ мебинад; Аз рӯи ақидаи Синесия хатари асосӣ барои империя на масеҳият ва марказиятнокии бюрократӣ, балки варварҳо ва ногузирии шӯриши ғуломон-варварҳо мебошанд.

Барои наҷоти давлат ӯ зарур мешуморид, ки қӯшунро аз ҳисоби шаҳрвандон ташкил кардан лозим аст ва варварҳоро на ба вазифаҳои ҳарбӣ ва на ба мансабҳои маъмурӣ роҳ додан мумкин нест. Дар акси ҳол, “баҳонаи камтарин кифоя аст, ки варварҳои мусаллаҳ ба хоҷаҳои шаҳрвандон мубаддал гарданд”. Синесий бар зидди шаклҳои золими (деспотии) идора баромад мекард. Идеали сиёсии ӯ ба ғояи давлати идеалии Афлотун яксон буд. Аз рисолаҳои Синесий мактубҳо, нутқи аҷоиб дар бораи вазифаҳои император ва баъзе асарҳои моҳияти публисистидоштаи ӯ боқӣ мондааст.

Дар асрҳои IV – V дар муборизаи ғоявӣ публисистикаи динӣ ба мақоми баланд соҳиб буд: вазъгӯӣ, мулоҳизаҳои мубоҳисавӣ, рисолаҳои худошиносӣ, мактубҳои арбобони калисо. Марҳалаи ташкилии масеҳият ҳамчун дини ҳукмрон адабиёти бузургу сершумори илоҳишиносиву мубоҳисавии ин динро ба вуҷуд овард. Дар рисолаҳои олимони илоҳишинос, иерархҳои калисовӣ, роҳибҳо, ки бо муқобилони ғоявии худ пуршиддат баҳс мекарданд, маълумотро дар бораи ҳолати онвақтаи ҷомеа, дар бораи воқеаҳои муборизаи синфӣ, ки дар зери шиорҳоитаълимотҳои гуногуни мазҳабӣ ба амал меомаданд, пайдо кардан мумкин аст.

Сарчашмаҳои муҳимтарини ин намуд дар асри IV рисолаҳои Афанасийи Искандариягӣ буд, ки ақидаҳои оппозитсионии ашрофони Миср дар муборизаи онҳо бар зидди императорони арианиро муҳофизат мекард.

Сарчашмаҳои муҳим, асосан барои таърихи муборизаи динӣ, рисолаҳои Василийи Бузург, архиепископ Кесарийский (330 – 379), бародари ӯ Григорий Нисский (331 – 394), ки бо илми антиқӣ хуб шинос буда ва кушиш ба харҷ медод, ки мероси антиқиро ба манфиати илоҳишиносии масеҳӣ истифода барад, инчунин Григорий Назианзин Богослов (328 – 389) хизмат мекунанд. Ҳамаи онҳо ҳам иерархҳои намоёни калисо буданд ва дар айни замон арбобони сиёсӣ ва асосгузорони илоҳишиноси ортодоксалии масеҳӣ.

Рисолаҳои осебнорасидаи иерархи Антиохия ва баъд архиепископи Константинопол Иоанн Златоуст (назд.347 -407), ки худ суханвари матин, вазъгӯи калисо буд, сазовори таваҷҷӯҳи бештар мебошанд. Дар вазъгӯӣ ва шарҳу эзоҳ оид ба аҳкоми дин Златоуст қариб ба ҳамаи тарафҳои ҳаёти ҷамъиятии замони худ дахл карда буд. Ҷиҳати ба тарафи калисоби православӣ ҷалб кардани оммаи халқ Иоанн Златоуст баъзан иллатҳои синфи ҳукмронро сахту бераҳмона фош мекард ва ҳатто дар бораи он фикр баён мекард, ки азнавтақсимкунии боадолатонаи амвол зарур аст. Вале ӯ ҳаргиз халқро ба баромадҳои фаъолона даъват намекард.

Ҳайти дохилии ҷомеа дар яке аз марказҳои музофотии империяро дар Миср дар мактабҳои худ Исидор Пепусиот инъикос намудааст.

Аз рисолаҳои лотинии арбобони калисо дар таърихи Византия асарҳои Иероним ва Амвросия, архиепископи Медиолан, ки ӯ аз рӯи бадбинии оштинопазираш ба бутпарастӣ маълум аст, аҳамияти калон доранд. Ӯ бар зидди ҳимоятгарони дини эллинию римӣ тезутунд мубоҳиса дошта, оммаи халқро бар зидди арианҳо ташвиқот мекард; дар айни замон Амвросий калисочии ҷанговар буда, кушиш ба харҷ медод, ки калисоро аз ҳокимияти давлатӣ болотар гузорад, чунки, мувофиқи ақидаи ӯ, калисо бояд додхоҳи худи императорон бошад ва вазифадор аст, ки барои кирдорашон худи онҳоро ба маҳкама кашад.

Аз асри IV рисолаҳои зиёд боқӣ мондаанд, ки ғояҳои тасаввуфи масеҳиро тарғиб карда. оммаи халқро аз муборизаи иҷтимоӣ дур месохт. Аз асосгузорони тасаввуф аз иерархҳои асри IV Вазсилийи Кабир ва Евагрия Понтийский (346 – 399)-ро ном ӣурдан мумкин аст.

Барои таърихи калисои Византия, инчунин муборизаи сиёсӣ ва идеологӣ дар Византияи барвақта санадҳо (актҳо)-и анҷуманҳои умумиҷаҳонӣ ва маҳаллӣ дорои аҳамияти калон мебошанд. Қарордодҳои анҷуманҳо боқӣ модаанд ва оид ба баъзе анҷуманҳо – санадҳо (актҳо); махсусан санадҳо (актҳо)-и анҷумани Халкидон дар соли 451.

Калисои ғалабакардаи масеҳӣ рисолаҳои рақибони ғоявӣ – мулҳидонро бо кушиши том ва бераҳмона несту нобуд мекард. Бо ин сабаб асарҳое, ки аз они мулҳидон буданд (ғайр аз рисаолаҳои несторӣ ва манофиҳо, ки онҳо калисоҳои худро бунёд сохтанд), аз байн рафтаанд. Танҳо дар Мисри Шимолӣ тасодуфан дар маҳаллаи Хенобоскион сандуқе ёфта шудааст, ки дар он 44 маҷмӯаи ҳар гуна рисолаҳои гностикҳо мавҷуд буд, ки бо шарофати онҳо ҳам донишҳои асотирӣ ва ҳам ҷаҳонбинии гноститсизми оғози асри IV маълум гардиданд, ки онҳо бо забони коптӣ навишта шуда буданд.

Калисо жанри нави адабиёт – тасвири щаёт ва азобкашии ба шиканҷа гирифторшудагон ва зоҳидон – ҳаёти муқадасонро васеъ истифода мебурд. Сарфи назар аз моҳияти ситоишгарӣ доштан, сершумории мӯъҷизаҳо ва ғайра, ин ёдгориҳо аслан сарчашмаҳои таърихӣ мебошанд, чунки дар онҳо манзараҳои зинда тасвир ёфтаанд, ба ҳаёти ҳаррӯзаи табақаҳои гуногуни ҷамъиятӣ баҳо дода шудааст. Дар Византияи барвақтамаҷмӯаҳои калони чунин зиндагиномаҳоро мураттаб месохтанд. Махсусан маҷмӯаи зиндагии Палладия – “Левсаик” пур аз манзараҳои ҳаётӣ мебошад, ки дар он корномаҳои ашхоси муқаддасе, ки баромадашон аз роҳибони Миср аст, тасвир ёфтаанд. Шумораи зиёди зиндагиномаҳо дар маҷмӯаи Мосха “Луг Духовний” дода шудааст.

Зиндагиномаҳои суриягию коптӣ махсусан барои фаҳмидани кайфияти оммаи халқи асри V-и баъди анҷумани Халкидон муҳим мебошад. Аз ёдгориҳои зиндагиномаҳои лотинӣ, ки ба калисои шарқии асрҳои IV – V бахшида шудааст, метавон “Таърихи гӯшанишин”-и Руфин (асри V)-ро ном бурд. Барои нахусттаърихи роҳибӣ зиндагиномаи Антонийи Кабир, ки аз тарафи Афанасийи Искандариягӣ навишта шуда, вале ӯ ба ҷои ҳаёти воқеии Антонийро офаридан, бештар образи роҳиб – гӯшанишини идеалиро офаридааст. Барои таърихи пайдоиши роҳибии мисрӣ зиндагиномаи Пахомия боиси таваҷҷӯҳи муайян мебошад, ки он дар таҳрирҳои гуногун – бо забонҳои юнонӣ, лотинӣ, суриягӣ ва коптӣ боқӣ мондааст.

РИСОЛАҲОИ МАЪМУРӢ, ҲАРБӢ, ҶУҒРОФӢ ВА ЁДГОРИҲОИ ҚОНУНГУЗОРӢ

Якнавъ сарчашмаи хеле боэътимод оид ба таърихи барварқтаи Византия рисолаҳои маъмурӣ, ҳарбӣ ва ҷуғрофӣ буданд. Ба ин ҷумла асарҳои илмӣ, хотираҳои сайёҳон, харитаҳо ва ҳоказоҳо дохиланд.

Барои омӯзиши сохти маъмурии империя дар асри V сарчашмаи баландсифаттарин рисолаи муаллифи номаълум “Маълумот дар бораи мансабҳо ва муассисаҳои шаҳрвандӣ ва ҳам ҳарбӣ дар вилоятҳои Шарқ ва Ғарб” мебошад, ки дар он мансабҳои давлатӣ, штатҳои муассисаҳои марказӣ ва музофотӣ, нишонаҳои фарқкунии мансабҳо, ки ба ашхоси мансабдор дар Шарқ ва Ғарби империя дода мешуданд, муфассал номбар карда шудаанд.

Ҷиҳати таърихи иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсии дохилии Византияи асри V рисолаҳои Иоанн Лаврентий Лида (назд.соли 490) “Дар бораи магистратҳо” (муаллиф дар шаҳри Филаделфияи воқеъ даро музофоти Лидия таваллуд шудааст, дар ҳамин ифода ёфтаст тахаллуси Лид ё Лидиягӣ) аҳамияти аввалиндараҷа дорад.

Иоанн Лид овони ҷавонии худро ба мансаб дар Константинопол, дар префектураи преторий бахшида, то ба вазифаҳои баланд соҳиб шудааст. Баъдтар ихтилофи назарӣ бо ашхоси олимансаби префектураи претория сабабгори истеъфои ӯ мегардад. Ранҷиши дар шуури ӯ чуқур ниҳонбуда Иоанн Лидаро ба мавқеи ашрофони кайфияти оппозитсионидошта овард, ки ҷуръат намекардандошкоро баромад карда ва рӯирост идораи Юстинианро ба зери танқид гирфанд. Дар соли 552 Иоанн Лид аз хизмати ҳизмати давлатӣ дур шуда танҳо ба фаъолияти адабӣ машғул мешавад.

Таълифи рисолаи “Дар бораи магистрантҳо” (“De magistratibus Populi Roman») соли 559 анҷом ёфта, аз се китоб иборат буд. Иоанн Лид дар асоси сарчашмаҳои гуногуни антиқии баъдтар аз байн рафта ва алҳол муқаррарнашуда тасвири сохтори маъмурӣ, дохилӣ ва дар сатҳи камтар, таърихи давлати Римро аз замонҳои қадимтарин то ҳукумати Юстинианро дар бар мегирад. Рисола “Дар бораи магистратҳо” дар ҳамон қисмате, ки муаллиф ҳамчун шоҳиди воқеаҳо ва донандаи ташкилоти воқеии идораи марказӣ ва музофотӣ навиштааст, ёдгории пурбаҳотарини таърихӣ мебошад. Маълумоти Иоанн Лид аз рӯи таърихи дохилӣ . махсусан таърихи маъмурии империяи Византияи асри VI, аз бисёр ҷиҳат ба маълумотҳои “Таърихи махфӣ”-и Прокопий мувофиқат мекунанд ва дар айни замон баъзан маълумоти ин муҳаққиқро дақиқтар мекунанд.

Чун Прокопий, Иоанн Лид низ иллатҳои маъмурияти Византияро бераҳмона фош сохта, вазъи вазнини аҳолии империяро нишон медиҳад, вале, дар айни замон, нисбати ҳокимияти императорӣ мавқеи оштипазирро ихтиёр карда, масъулияти идораи аҳмақонаи империяро ба гардани амалдорони олимансаби фурӯхташудаю беҳунар бор мекунад. Забони Иоанн Лид ба забони гуфтугӯӣ наздик, вале нисбат ба солноманваисони византиягии асри VI адабитар буд.

Маълумотҳои пурқиммат дар бораи ташкили артиши Византия дар асрҳои V – VI дар рисолаҳо дар бораи санъати ҳарбӣ, ки бо номи “Стратегиконҳо” ё “Тактикаҳо” маълуманд , инъикос ёфтаанд. Онҳо тавсияи умумии назариявии таҷрибаи артиши Рим ва дар як вақт дастури амалӣ барои пешбурди амалиётҳои ҷангӣ буданд.

Дар байни чунин рисолаҳо рисолаи “Стратегикон”-и Псевдо-Маврикия маъруфияти бештар дорад. Шахсияти ин муаллиф ва ҳам замони таълифи “Стратегикон” махфӣ боқӣ мондааст. Оид ба ин масъалаҳо дар илми таърих баҳси дуру дароз идома дорад. Мансубияти рисола ба император Маврикия мавриди баҳсу шӯбҳа қарор гирифтааст ва ин ҳолат мутахассисонро маҷбур сохтааст, ки онро шартан “Стратегикон” номгузорӣ кунанд.

Арзишмандии калони таърихии “Стратегикон”-и Псевдо-Маврикия пеш аз ҳама аз он иборат аст, ки ин рисола таҳлили муқоисавии тактикаи ҳарбии византиягиҳо ва дигар халқҳоро додааст: форсҳо, аварҳо ва варварҳо, туркҳо, франкҳо, лангобардҳо ва славянҳо. Ин ҳолат имконият медиҳад, ки дар бораи сатҳи нисбии рушди кори ҳарбӣ ва махсусиятҳои санъати ҳарбии қабилаҳо ва халқҳои гуногуни давраи муборизаи пуршиддати империяи Византия бар зидди олами варварҳо баҳо дода шавад.

Псевдо-Маврикий на танҳо дар бораи тактикаи ҳарбии халқҳо бо Византия дар ҳамсоягӣ сокинбуда нақл мекунад, балки дар бораи махсусияти сохтори сиёсӣ, урфу одат ва анъанаҳои онҳо низ маълумоти пурқиммат медиҳад. Ӯ иброз медорад, ки тарзу усулҳои пешбурди ҷанг ва урфу одатҳои чунин халқҳоеро тасвир кардан лозим аст, ки дар замони ӯ барои империя хатари бештар доштанд.

Бо мақсади оид ба санъати ҳарбӣ мураттаб сохтани дастури амалӣ муаллиф қисми асари худро ба тасвири артиши Византия мебахшад: сафарбаркунӣ ва таълими он. ташкил ва сафороии қӯшунҳо, тартиби ҷобаҷокунии онҳо ҳангоми набардҳо. Усули (тактикаи) ҷанг, найрангҳои ҳарбӣ, ҳамлаҳои ногаҳонӣ, тохтутоз, ба ақибгоҳи душман гузаштан, муҳосираи қалъаҳо ва ғайраҳо мебахшад. Ин дастур дар асоси таҷрибаи ҳарбӣ, аз он ҷумла аз рӯи таҷрибаи шахсии худи муаллиф ва ба асарҳои нависандагони қадим асос ёфтааст, ки асарҳои онҳоро (Асклепиодот, Элиан, Арриан ва махсусан Онасандра ва Вегетия) ба таври васеъ истифода мебараад. Маслиҳатҳо ба сарфармондеҳ боиси таваҷҷӯҳи махсус буда, онҳо тамоми таҷрибаро оид ба фармондеҳии олӣ, ки римиҳо ва византиягиҳо дар тули асрҳои ҷамъ карда буданд гӯё ки ҷамъбаст менамояд.

Қоидаи рафтори сарфармондеҳиро чӣ аз назари тадбирҳои тоза ҳарбӣ ва ҳам сиёсие, ки бояд барои пешбурди бомуваффақонаи ҷанг роҳандозӣ менамояд, дар ҳолати муштарак баён сохта, дар ин асос, аз назари византиягии он замон образи идеалии лашкаркашро тасвир менамояд. Псевдо-мварикий чунин мешуморад, ки он шахсе сарфармондеҳи беҳтарин на он нафарест, ки авлодаш беҳтарин аст, балки оне беҳтарин аст, ки дар санъати ҳарбӣ соҳибтаҷриба аст. Муаллифи “Стратегикон” худаш чун масеҳӣ, нисбати сарфармондеҳ низ чунин шарафмандиро тақозо мекунад. Ӯ бояд ҳаргуна шӯриш ва исёнро дар қӯшун пешгирӣ намояд ва пахш кунад. Мақсаднокӣ дар пайвастагӣ бо ҷуръатнокӣ, мувофиқи ақидаи муаллиф, зебу зинати беҳтарини лашкаркаш буда, аз ӯ инчунин эҳтиёткорӣ ва дар мавриди пиёда кардани корҳои муҳиму наҷиб риояи махфиятро тақозо мекунад. Аҳкоми асосии лашкаркаш – эҳтиёткорӣ ва малакаи истифодаи сипоҳияти ҳарбӣ мебошад. Душманро нисбат бо қувваи ҳарбӣ дида бо ақлу хирад ва санъати ҳарбӣ мағлуб кардан бехатар ва фоиданоктар мебошад. “Стратегикон”и ПРсевдо-Маврикий як навъ кодекси аҳдшиканона мебошад, ки дар он маслиҳатҳо дар бораи тарзи фиреб додани душман инъикос гардидаанд.

Мақсади марказии иёсии муаллифи рисола аз он иборат аст, ки барои ноилшавӣ ба мақсад дар ҷанг аз ҳар гуна воситаро истифода бурдан мумкин аст. Беҳуда нест, ки баъдтар “Стратегикон”-и Псевдо-Маврикий барои рисолаи машҳури Николо Макиавелли ҳамчун асос ва ба як навъ барномаи сиёсати бебунёд ва тактикаи ҳарбии марговар мубаддал гардидааст.

Оид ба ҷуғрофияи таърихӣ дар асри IV маълумоти зиёде дар рисолаи “Тасвири пурраи ҳамаи ҷаҳон ва халқҳо”-и муаллифи номаълум боқӣ мондааст. Тасвири муфассали империяи Византия дар “Роҳнамои сайёҳ” (соли 535)-и Иерокл ба аҳамияти калон молик буда, баъд онро Георгийи Кипрӣ аз нав коркард намудааст. Дар ин асар маълумотҳо дар бораи тақсимоти маъмурии Византия дар ҳудудҳои асрҳои V – VI оварда шуда, дар он ҳамаи музофотҳо, инчунин шаҳрҳо дар ҳар кадоми онҳо номбар карда шудаанд. Барои омӯзиши ҷуғрофияи таърихии Византия бештар нусхаҳои баъдинаи харитаи империяи Рим мавриди истифода қарор мегирад, ки он ҳанӯз дар асри III тартиб дода шуда, вале бо иловаҳо (Tabula Peutin geriana) дар асри V аз нав мураттаб гардонида шудааст/

Аз навиштаҳои ҷуғрофии сайёҳони замони барвақта мумкин аст саёҳати Егериро ба Фаластин дар охири асри IV ном бурд, ки бо забони лотинӣ навишта шудааст.

Дар байни рисолаҳои ҷуғрофӣ “Топографияи масеҳӣ”-и Косма Индикоплов ҷои махсусро ишғол менамояд. Тоҷири чусту чолок, баҳрнаварди нотарс, шуҷоатмандона бо ҳамроҳони сершумори худ ба мамлакатҳои дурдаст ва ношиноси Арабистон, Африқои Шарқӣ ва ба Сейлон сафар кардааст. Бо ҳамин сабаб ҳамзамонҳояш ӯро “Шинокунанда ба Ҳиндустон” номгузорӣ кардаанд, ки гӯё ӯ ба ин мамлакати афсонавӣ низ сафар карда будааст. Косма дар киштиҳои тиҷоратӣ баҳрҳои Сиёҳ, Миёназамин ва баҳри Сурхро тасвир намуда, то ба халиҷи форс рафта расида будааст Ӯ ҷойҳои бисёрро бо чашмони худ дид, бисёр медонист ва чизҳои зиёдро тасвир кардааст. Донистани ҳаёт, таҷрибаи бузург ва мушоҳидакорӣ кӯмак расонид, ки, сарфи назар аз набудани донишҳои мактабӣ, ӯ мамлакатҳо ва халқҳои дидаашро ниҳоят дақиқу воқеӣ, хубу гуворо ва бо забони оддии халқӣ тасвир намояд.

“Топографияи масеҳӣ”-и Косма Индикоплов дар бораи савдо пурнашъунамои Византия дар асри VI, ки ба воситаи Миср бо Ҳабашистон (Аксум) , ҷазираи Сейлон (Тапробана),Ҳиндустон ва Чини дурдаст, маълумот медиҳад. Асоси тасвироти Космаро, пеш аз ҳама, мушоҳидаҳои шахсӣ ва баъд нақли тоҷирон ва сайёҳони шиноси ӯ ташкил намудаанд. Аз ин рӯ, ҳамаи он чӣ ки тасвири бевоситаи мамлакатҳо ва халқҳо аз тарафи Косма дахл дорад, чун қоида, рост буда, бо унсурҳои ҳаётӣ пуранд ва онҳо боварибахшанд. Рисолаи Косма дар вақташ хеле машҳур буд, аз он ҷумла берун аз Византия низ бо чандин забонҳо тарҷума шудааст.

Ҷиҳати омӯзиши ҳаёти дохилии империяи Византияи асрҳои IV – VI ёдгориҳои қонунгузорӣ аҳамияти аввалиндараҷа доранд. Дар онҳо маводи пурқимматтарин дар бораи муносибатҳои иҷтимоию иқтисодии ин давра, дар бораи сохтори давлатӣ ва маъмурии империя, дар бораи муносибатҳои байниҳамдигарии синфҳо, табақаҳо, гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ ва мақоми ҳуқуқии онҳо, дар бораи сохти ташкилии калисо ва амволи он, дар бораи сиёсати императорони гуногун инъикос гардидаанд. Маводи пурарзиш дар сарчашмаҳои ҳуқуқӣ оид ба ҳуқуқи байналхалқии асрҳои IV – VI вомехуранд.

Асосҳои ҳамаи ёдгориҳои ҳуқуқии асрҳои IV – VI ҳуқуқи Рим ташкил медиҳад. Лекин дар асрҳои IV – V бо номи ҳуқуқи баъди классикӣ, дар рушди тафаккури ҳуқуқӣ таҳаввулоти муҳим ба амал меояд. Он дар натиҷаи беш аз пеш бюрократӣ гардида, муназзамӣ ва равшании марҳалаи классикии худро аз даст медиҳад, бисёр вақт дар пургӯиҳои ҳамду санохониҳо ва таърифҳои ботантана нисбати императорон фано мегардид.

Эволютсияи ҳуқуқи баъди классикӣ ба ҷониби ба як шакл даровардан равона карда шуда, бо ҳамин роҳ мустақилияти парокандаи эҷодиёти ҳуқуқшиносон ба манфиати ҳокимияти марказӣ тобеъ карда мешуд. Бараъло чунн менамуд, ки оғози тамоили табдилёбии тамоми ҳуқуқ ба қонуни навишташуда ва дар шароити пурзуршавии ҳокимияти номаҳдуди мутлақа ба қонуни императорон ба назар мерасид. Кушиши қонуни аллакай навишташударо аллакай ба дараҷаи доктринаи мавҷудаи юридикӣ баровардани ҳуқуқ ба ҳамин алоқаманд буд. Дар як вақт кушиш ба харҷ дода шу, ки қонунгузорӣ соддаю фаҳмо ва устувор гардонида шавад. Ин зуҳурот дар тамоили бартараф кардани зоҳиргардонии илми ҳуқуқи лассикӣ ифода ёфта, мақсади ин кор аз мероси бузург ва парокандаи ҳуқуқшиносони классикӣ ва императорони Римро дастраси муосирон гардонида буд, то ки истифодаи он дар амалияи кори додгоҳӣ мумкин гардад.

Ҳамаи ин ба кушиши аввалин ва ҳанӯз номукаммали рамзгузории (кодификатсияи) ҳуқуқ ва мураттабсозии се кодекси мастақили қонунҳои Рим оварда расонид, ки он пеш аз ислоҳоти қонунгузории Юстиниан сурат гирифта буд. Корҳои рамзгузорӣ (кодификатсия) аз ба низомдарорӣ ва якхелагардонии (унификатсияи) конститутсийҳои императорие оғоз карда шуданд, ки оид ба масъалаҳои гуногуни ҳуқуқӣ ба чоп гардида буданд. Аллакай дар охирҳои асри III- оғози асри IV ду маҷмӯаи хусусии ҳуқуқшиносони намоён ба миён меоянд: 1) Codex Gregorianus, ки дар охири асри III аз тарафи ҳуқуқшинос Грегормураттаб сохта шуда буд ва қонунҳои муҳимтарини императорон, ки дар солҳои 196- 297 рӯи чопро дида буданд; 2) Codex Hemogenianus, ки идома ва илова ба кодекси Григорий буда, ба он қонунҳои императории якчанд соли оянда дохил гардида буданд. Ҳардуи ин кодексҳо то ба мо дар шакли иқтибосҳои баъдтарин омада расидааст.

Кодекси сеюм, ки он дар Империяи шарқии Рим соли 438 дар аҳди Феодосияи II ба чоп расида ва аз номи ӯ “Кодекси Феодосия” ном гирифтааст, бегуфтугу ёдгории беҳамтои тафаккури ҳуқуқӣ мебошад. Ин кодекс аз 16 китоб иборат буда, дар онҳо зиёда аз се ҳазор қонунҳои ихтисоркарда ва аз нав коркардашудаи императорони Рим, аз Константини I сар кардаро дар бар мегирифт.. Ин маҷмӯаи ҳуқуқӣ нисбат ба кодексҳои пешин бештар на танҳо эволютсияи ҳуқуқи дар боло зикргардида, балки тағйироти воқеии муносибатҳои ҷамъиятиро дар бар мегирифт, аз он ҷумла болоравии заминдории калони намуди нав, рушди колонат, варварикунонии артиш ва идораи давлатӣ. Дар асрҳои V – VI тафаккури ҳуқуқии Рим ва амалияи додгоҳӣ беш аз пеш дар худ меъёрҳои ҳуқуқӣ ва урфу одатҳои халқҳоеро таҷассум менамуд, ки дар қаламрави империя сукунат доштанд, махсусан аз они юнониҳоро. Ин омил ҳам дар “Кодекси Феодосия” ёфта буд. Дар баробари ин ба Шарқ бурдани маркази империя ба паҳншавии ҳуқуқи Рим дар музофотҳои шарқӣ мусоидат кард.

Қариб дар ҳамаи империяи Рим дар баробари қонунгузории римӣ муддати тулонӣ анъанаҳои маҳаллии ҳуқуқӣ, ки асосан ба соҳаи муносибатҳои хусусии ҳуқуқӣ дахл доштанд, истифода бурда мешуданд. Мисоли нисбатан равшани чунин меъёрҳои ҳуқуқ ёдгории чоряки охирини асри V – “Қонунномаи Сурия” буда метавонад. Ин маҷмӯаи қонунгузории фавқулодда аз тарафи ҳуқуқшиноси мактаби ҳуқуқии Бейрут тартиб дода шуда буд. Асоси онро муқаррароти ҳуқуқии римии то замони Юстиниан, ки аз ким-кадом маҷмӯаи юнонии то ба мо расида гирифта шуда ва ба забони сукриягӣ барои зарурати аҳолии маҳаллӣ гардонидашуда ташкил мекард. Вале ба меъёрҳои ҳуқуқии римӣ дар рӯҳияи ҳуқуқи муқаррарӣ тағйиротҳои муҳим дохил карда шуда буданд, ки онҳо дар бораи паҳншуда ва умрдароз будани институтҳои ҳуқуқии маҳаллии суриягӣ, махсусан дар соҳаҳои муносибатҳои молумулкӣ ва ҳуқуқи мерос шаҳодат медиҳанд. Қонунномаи Сурия сарчашмаи аълотарин мебошад дар омӯзиши ҳаёти иҷтимоию иқтисодии музофотҳои шарқии империя дар асри V.

Ёдгориҳои қонунгузории марҳалаи Византияи барвақта ҳам чун асарҳои таърихшиносон, солноманависон, ҳамаи соҳаҳои ҳаёти муборизаи кӯҳнаро бо нав, анъанаҳои олами ғуломдориро бо ҷанинҳои феодализм, ки пайваста ҳамроҳӣ мекарданд, инъикос намудаанд. Барои таърихшиносон онҳо аҳамияти фавқулодда доранд, чунки на танҳо имконият медиҳанд, ки манзараи ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии империяро дар асрҳои IV – VI дар гуногунрангӣ ҷилвагар намоянд, инчунин ба муқаррар намудани он, ки кадом меъёрҳои ҳуқуқи шаҳрвандӣ метавонанд ба ташкили рушди муносибатҳои нави ҷамъиятӣ шароит муҳаё месозанд ва ё монеъа эҷод мекунанд, кӯмак мерасонанд.

6.МАЪЛУМОТИ ПАПИРУСӢ, ЭПИГРАФӢ, БОСТОНШИНОСӢ ВА СИККАҲОИ ВИЗАНТИЯИ БАРВАҚТА

Мо имрӯз ягон қисмати таърихи Византияи асрҳои IV – V-ро бе дар назардошти маълумотҳои папирусҳо, ки санадҳои ҳақиқии замонро ташкил менамоянд, омӯхта наметавонем. Папирусҳо асосан дар Миср ва қисман дар Италия боқӣ мондаанд. Онҳо сарчашмаи махсусе мебошанд, ки нисбати ҳақиқӣ будани онҳо шубҳа кардан истисно аст. Чизи ягонае, ки нисбати папирусҳо баҳспазир буда метавонад, дуруст хонда тавонистан ва фаҳмидани чунин сарчашмаҳо мебошад. Бояд қайд кард, ки мумкин аст, баъдтар воқеаҳои дар папирусҳо аввала инъикосёфта аз дидгоҳи нав баён ёфта ва ё аз ҷониби нусхабардорони баъдина дидаю дониста моҳияти матнро тағйир дода бошанд. Папирусҳои византиягӣ бо забони юнонӣ навишта шуда буданд, гарчанде, ки папирусҳо ба забони лотинӣ, инчуни н бо забони коптӣ ҳам навишта мешуданд. Шумораи папирусҳои ёфташуда даҳҳо ҳазорро ташкил менамояд. Нашр кардани чунин шумораи санадҳо, ки дар баробари кашф ва хондани папирусҳои дар маҷмӯаю маҷаллаҳои гуногун дар ҳолати парокандагӣ қарор доштанд, коре буд ниҳоят мушкил.

Аз папирусҳои мисрӣ барои таърихи Византия папирусҳое муҳиманд, ки аз соли 297 оғоз меёбанд, вақте ки Диоклетиан Искандарияро ишғол менамояд ва сохтори маъмурии Миср тағйир дода мешавад, ки он баъд дар ҳамин шакл дар замони тамоми мавҷудияти Византия ва дар асрҳои аввали забткориҳои арабҳо боқӣ монда буд. Дар ин папирусҳо қарору ҳукмномаҳои додгоҳӣ, санадҳо, номаҳзо, асарҳои адабӣ ва маводи дигар дарҷ гардида, онҳо яке аз сарчашмаҳои асосӣ ҷиҳати фаҳмидани моҳияти муносибатҳои заминдорӣ на танҳо дар худи Миср, балки дар тамоми империяи Византия мебошанд.

Папирусҳо аз бойгонии оилавии заминдорони калони Миср – Анионҳо ва Аврелий Исидора боқӣ мондаанд, ки дар онҳо манзараи ташкили хоҷагиҳо дар мулкҳои калони мисрӣ маҳфуз мондаанд; дар байни папирусҳо шартномаҳо сершумор дар бораи иҷораи қитъаҳои замин, санад дар бораи рӯёнидани пардохти иҷорапулӣ ва иҷрои ӯҳдадориҳои аслӣ (натуралӣ) вомехуранд. Дар папирусҳо махсусан маълумотҳое қимматбаҳоанд, ки вазъи косибӣ ва корхонаҳои косибиро дар Миср тасвир менамоянд. Дар ин папирусҳо шартномаҳо дар бораи шогирдистӣ дар назди косибон, иҷораи бино барои устохона, қароркунии кормандон вомехуран. Ҳуҷҷату санадҳо дар бораи вазъи муомилоти молию пулӣ, дар бораи нарху навои молҳо, аз он ҷумла, поёнравии арзиши талант ва драхми мисрӣ муҳим мебошанд.

Дар папирусҳо маводи ғанӣ оид ба таърихи дохилии шаҳрҳои марказӣ дарҷ ёфтааст, вале дар бораи ҳаёт дар пойтахти Миср – Искандария нисбатан маълумоти камтар инъикос гардидааст.

Папирусҳо имконият фароҳам меоваранд, ки як қатор масъалаҳои солшумор – хронологӣ (масъалан, дар бораи пайдоиши фиксалӣ – андозбандии “индикта”), топографӣ ва ҷуғрофияи таърихии Миср, инчунин пайдо намуждани тасаввурот дар бораи сохтори маъмурии мамлакат дар замони Византия ҳал карда шавад. Санадҳои хеле зиёде низ маҳфуз мондаанд, ки ба низоми андозбандӣ хос (ҳуҷҷатҳо дар бораи пардохти маблағҳои андоз, ҳисоботи ҷамъоварандагони андозҳо ва пардохтҳои гуногун ва ғайраҳо) буда ва онҳо дар бораи зулми вазнини андозбандие, ки дар Мисри замони Византияи барвақта вуҷуд дошт, тасаввуроти амиқ боқӣ гузоштаанд. Маводҳои папирусҳо нишон медиҳанд, ки нисбат ба сарчашмаҳои ҳуқуқии хаттии (кодексҳо ва шаҳрҳои ҳуқуқшиносон) чӣ римӣ ва чӣ ҳуқуқи муқаррарии маҳаллӣ дар амалияи воқеии он замон мавриди истифода қарор гирифта будаанд.

Маълумотҳои папирусҳо барои таърихи калисо ҳам дорои аҳамияти калон мебошанд. Мавоҳо дар бораи ҳолатисохторҳои хоҷагии калисо ва дайрҳои асрҳои IV – VI дорои аҳамияти калон мебошанд. Санадҳои ҳадякунӣ ва васиятҳо ба фоидаи калисо ва дайрҳо боқӣ мондаанд. Ғайр аз ин , дар папирусҳо маълумотҳои гуногун дар бораи муносибатҳои байниҳамдигарии калисо ва аҳолии маҳаллӣ мавҷуданд. Папирусҳо манзараи равшани рӯзғори ҷамъиятӣ ва хусусиро дар Мисри Византия тасвир менамоянд: номаҳои оилавӣ, мукотибаи ҷинсҳо ва коргузорӣ безарар боқӣ мондааст. Маълум аст, ки бозёфтҳои папирусӣ моҳияти тасодуфӣ дошта, папирусҳои зиёд ба асри IV ва махсусан ба асри V – IV тааллуқ доранд.

Ғайр аз папирусҳои Миср барои давраи Византияи барвақта папирусҳо аз Фаластин Ҷанубӣ ва папирусҳо аз Равенна низ муҳиманд. Папирусҳои Равенна бо забони лотинӣ навишта шуда буданд. Дар онҳо маводҳои ҳуҷҷатӣ мавҷуд буданд: меросмонӣ, санадҳои ҳадякунӣ, рӯйхатҳои санадҳо дар бораи сарпарастӣ, , санадҳои ба озодӣ ҷавобдиҳии ғуломон, санадҳои савдоӣ ва ғайраҳо. Ҳамчун сарчашмаи таърихӣ онҳо афзалияти бо ягон чизи дигар ивазнашвандаро доштанд: дар онҳо муносибатҳои ҳақиқии ҳаётие счабт гардида буданд, ки дар формулаҳои ёдгориҳои қонунгузорӣ ба санги сахт табдил наёфта аз тасвири кунҷковона дар адабиёти ҳуқуқӣ озод мебошанд. Папирусҳои равеннӣ пардаро аз рӯи воқеияти зиндаи Италияи асрҳои IV – VI кушода, муносибатҳои амволӣ, категорияи аҳолии тобеъ, ҳайати этникии ғуломон ва колонҳоро нишон дода, дар муқоиса бо дигар сарчашмаҳо кӯмак мерасонанд фаҳмида шавад, ки асноди ҳуқуқӣ дар кадом сатҳ ба шароити ҳаёти воқеии он замон мувофиқат мекарданд. Барои таърихи Италия дар зери салтанати Византия папирусҳои Ровенна ва Миср барои таърихи Мисри Византияи барвақта, ҳамчун маводи ҳуқуқӣ дар сатҳи кам бошад ҳам, барои таърихи асрҳои миёнаи классикӣ ҳамон нақшро иҷро кардааст.

Аз назари ҳуҷҷатнокӣ будан ба сарчашмаҳои папирусӣ наздиктар остраконҳо – лавҳаҳои гилини ба косахона монанди навиштаҷотдор буданд. Бо сабаби он ки папирус барои номанависӣ маводи қиммат буд, дар байни аҳолии камбағали Мисри Византия мисли пештара лавҳаҳои гилин (остраконҳо) дар истифода қарор дошта, дар онҳо баъзе сандаҳои дорои аҳамияти дуюмдараҷаро менавиштанд. Остраконҳои аз замони Византия боқимонда ҷиҳати аниқ кардани баъзе унсурҳои муносибатҳои молумулкӣ ва андозбандӣ дар Миср кӯмак мерасонанд.

Ҳамин гуфтаҳо ба эпиграфика низ дахл доранд Аз ин рӯ, маводи эпиграфӣ дар таҳқиқот оид ба таърихи иқтисодми Византияи барвақта мақоми баландро ишғол мекард. Дар аксарияти навиштаҷотҳои замони Византия болоитобутӣ ва ба шахсе ва ё чизе бахшидашуда мебошанд, ки дар мавриди сохтмони коху ибодатгоҳҳо ва биноҳои дигари ҷамъиятӣ мураттаб гардонда шуда буданд. Навиштаҷотҳои моҳияти сиёсидошта хеле кам вомехуранд. Баъзе ёдгориҳои эпиграфӣ, масалан, дар навиштаҷотҳо аз шаҳрҳои Корика ва Сард ёфташуда дар бораи ҳаёти ҷамъиятии шаҳрҳои Византияи барвақта маълумоти муҳим медиҳанд.

Бозёфтҳои бостонии, махсусан дар даҳсолаҳои охир, маводи аълодараҷа, вале то ба охир таҳқиқнашуда дар бораи таърихи иқтисодии ҷомеаи Византияи барвақта муҳайё намудааст. Бо шарофати ковишҳои Ж.Чаленко дар Сурияи Шимолӣ дар назди олимон бошишгоҳҳои деҳотӣ ва бустонсароҳои асрҳои IV – V Сурия ҷилвагар шуданд. Дар асарҳои бостоншиносон шаҳрҳои як вақтҳо нашъунамоёфта аз нав зинда мегарданд. Дар асоси бозёфиҳои нави археологӣ мумкин аст симои Афина, Филипп, Эфес, Коринф ва шаҳри Стобиро аз нав эҳё кард.

Ёдгориҳои бостонӣ аз бисёр ҷиҳат маълумоти сарчашмаҳои хаттии замони Византияи барвақтаро тасдиқ менамоянд. Ҳамин тариқ, агар баъзе сарчашмаҳои ҷуғрофӣ ва қонунгузории асрҳои IV – VI дар бораи рӯ ба таназзул ниҳодани иқтисоди Византия сухан ронанд, пас маводи бостоншиносӣ дар бораи сатҳи баланди рушди хоҷагии империя ва махсусан шаҳрҳо шаҳодат медиҳанд.

Маълумоти сиккашиносӣ (нумизматикӣ) дар якҷоягӣ бо натиҷаҳои ковишҳои археологӣ, макон ва замон (ареали)-и сиккаҳои бозёфтшударо муайян менамоянд, дар даҳсолаҳои охир дар таҳқиқот оид ба таърихи иқтисодии Византия беш аз пеш мақоми баландтарро ишғол мекардагӣ шуданд. Масалан, чунин бозёфтҳо ҷиҳати муайян намудани сатҳи рушди хоҷагиҳои молию пулӣ ва шиддатнокии ҳаёти шаҳрӣ дар Византияи барвақта муҳим мебошанд.

Дар маҷмӯъ метавон ба таври амиқ гуфт, ки маводҳои папирусӣ, эпиграфӣ, бостоншиносӣ (археологӣ) ва сиккашиносӣ (нумизматикӣ) дар таҳқиқотҳои навтарини византияшиносон, махсусан дар асарҳое, ки ба таърихи иҷтимоию иқтисодии Византияи асрҳои IV – VI бахшида шудаанд, нисбат ба ёдгориҳои нерративӣ ва қонунгузолрӣ беш аз пеш мақоми баландтарро ишғол карда истодаанд. Маҳз ҳамин маводҳо, гарчанде ки онҳо ҳам сарчашмаҳои дигарро иваз карда наметавонанд, бо шарофати кашфиётҳои нав имконият фароҳам меояд, ки тасаввуроти моро дар бораи ҳаёти ҷомеаи Византия дар асрҳои мазкур хеле васеъ гардонад.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Похожие статьи

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *