Таъсисёбии византия. Каламрав, шароити табии ва ахоли

МАФҲУМИ “ИМПЕРИЯИ ВИЗАНТИЯ”

Империяи Византия номи худро аз номи мустамликаи қадими Мегар, шаҳрчаи начандон калони Византия гирифтааст. Дар он ҷо дар солҳои 324- 330 император Константин пойтахти нави империяи Рим –Константинополро бунёд карда буд, ки он баъдтар пойтахти Византия мешавад..Номи “Византия” бапъдтар ба миён иеояд Византиягиҳо бошанд, худро римӣ – “ромейҳо” ва империяашонро “Ромея” меномиданд. Императорони Византия расман худро “императорҳои ромейҳо” ном мебурданд ва пойтахти империя муддати тулонӣ “Рими Нав” ном дошт. Дар натиҷаи парокандашавии империяи Рим дар охири асри IV ва ба нимаи мустақили шарқии он табдил ёфта, Византия аз бисёр ҷиҳат идомаи империяи Рим буд, дар худ анъанаҳои ҳаёти сиёсӣ ва сохти давлатии онро нигоҳ дошта буд. Аз ин рӯ, Византияи асрҳои IV- V, ки низ таърихи дунёи қадими ин давлатро ташкил медиҳад, бисёр вақт Империяи Шарқии Рим ном бурда мешуд.

Тақсимоти Империяи Рим ба Ғарбӣ ва Шарқӣ, ки дар натиҷаи он таъсиси Византияро ба миён овард, махсусиятҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҳарду қисмати империя ва дар маҷмӯъ бӯҳрони ҷомеаи ғуломдорӣ тайёр карда буд. Вилоятҳои шарқии империя, ки аз қадим боз бо ҳамдигар бо умумияти таърихию мадании рушди худ ба вуҷуд омадаанд, аз мероси хосе, ки онҳо аз замони эллинистӣ мерос гирифта буданд, фарқ мекард. Дар ин вилоятҳо ғуломдорӣ ба мисли Ғарб на онқадар васеъ паҳн гардида буд; дар ҳаёти иқтисодии деҳот мақоми асосӣ дар дасти аҳолии озод ва тобеъ буд – деҳқонони ҷамоавӣ, дар шаҳр бошад, оммаи косибони озод боқӣ монда буданд. ки меҳнати онҳо бо меҳнати ғуломон дар ҳолати рақобат қарор дошт. Дар ин ҷо чун дар қисмати Империяи Ғарбии Рим тафовут дар байни ғуломон ва аҳолии озод на онқадар зиёд – ҳар гуна шаклҳои тобеияти мобайнии гузариш вуҷуд доштанд. Дар низоми идора дар ҷамоаи деҳот ва мунисиипалии шаҳрҳо унсурҳои зоҳирии демократӣ бештар боқӣ монда тавонистанд. Бо ҳамин сабаб аз бӯҳрони асри III, ки асосҳои иқтисодии империяи ғуломдории Римро ноустувор гардониданд, музофотҳои шарқӣ нисбат ба музофотҳои ғарбии Империяи Рим бештар зарар диданд. Ин бӯҳрон дар Шарқ ба шикасти бунёдии шаклҳои қаблии сохти хоҷагидорӣ оварда нарасонид. Деҳа ва мулкҳо робитаҳои қаблии худро бо шаҳр нигоҳ доштанд, ки аҳолии савдою косибии сершумори он талаботи бозори маҳаллиро таъмин мекард, нигоҳ доштанд. Шаҳрҳо чун дар Ғарб пастравии иқтисодии худро на онқадар вазнин аз сар гузарониданд.

Ҳмаи ин шароити мусоид фароҳам овард, ки вазни асосии ҳаёти иқтисодӣ ва сиёсии империя ба ҷамоаҳое майл дошта бошанд, ки нисбатан бой буданд, яъне ба музофотҳои Шарқ, ки онҳо ба бӯҳрони ҷомеаи ғуломдорӣ гирифтор нашуда буданд.

Тафовут дар ҳаёт дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодии музофотҳои шарқӣ ва ғарбии империя ҳамеша рӯ ба ба ҷудошавии ҳарду қисмати империя мерафтанд, ки он ба ҷамъбасти ниҳоӣ ва ҷудоии сиёсӣ тайёр кард. Аллакай дар давраи бӯҳрони асри III, музофотҳои шарқӣ муддати тулонӣ дар зери ҳокимияти императорони гуногун қарор доштанрд. Инвақт дар Шарқ анъанаҳои маҳаллӣ ва эллинистии аз тарафи ҳокимияти Рим пахшкардашуда аз нав эҳё мешаванд. Дар охири асри III – оғози асри IV муваққатан аз бӯҳрон баромадани империя ва мустаҳкамшавии ҳокимияти марказӣ ба барқароршавии ягонагии давлат оварда нарасониданд. Дар аҳди Диоклетиан ҳокимият дар байни ду август ва ду сезар (тетрархия – чорҳокимиятӣ) тақсим карда шуда буд. Дар баробари асосгузории шаҳри Константинопол барои музофотҳои шарқӣ маркази ягонаи сиёсӣ ва маданӣ пайдо мешавад.

ТАҚСИМОТИ ИМПЕРИЯИ РИМ

Таъсиси сенати Константинопол ваҳдати қисмати болоии табақаи ҳукмрон – табақаи сенатро ба вуҷуд овард. Константинопол ва Рим ба ду маркази ҳаёти сиёсӣ – Ғарби “лотинӣ” ва Шарқи “юнонӣ” мубаддал мегарданд. Дар авҷи мубоҳисаи калисоӣ аз ҳам чудошавии калисоҳои ғарбӣ ва шарқии масеҳӣ низ бюа назар мерасид. То охирҳои асри IV ҳамаи ин ҷараёнҳо беш аз пеш то он дараҷае ошкоротар гардид, ки дар соли 395 ҷудошавии империя дар байни ду меросхури императори охирини Империяи ягонаи Рим Феодосий – Гонорий, ки дар Ғарб ҳокимият ба даст даровард ва Аркадий, ки императори нахустини Шарқ шуд, як воқеаи табиӣ қабул карда шуд. Аз ҳамин вақт сар карда,таърихи ҳар кадом давлати таъсисёфта бо роҳи худ пеш мерафт. .

Тақсимшавии империя имконият фарорҳам овард, ки махсусиятҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии Византия ба таври пурратар кушода шаванд. Константинопол ҳамчун пойтахти нави “масеҳӣ” сохта мешуд, ки он аз бори кӯҳнаи худ озодшуда, ҳамчун маркази давлати дорои ҳокимияти нисбатан пурзури императорӣ ва дастгоҳи самараноки идора сохта мешуд. Дар ин ҷо иттиҳоди нисбатан зияи ҳокимияти императорӣ ва калисо тшкил меёбад. Константинопол дар ҳудудҳои ду марҳалаи бузурги ърихӣ – антиқаи гузаштаи рафтаистода ва тавлиди асрҳои миёна ба вуҷуд омадааст. Ба ҳамин муносибат Ф.Энгелс навишта буд, ки бо “болоравии Константинопол ва афтидани Рим дунёи қадим ба охир мерасад”. Ва агар Рим рамзи антиқаи мурдаистода бошад. пас Константинопол бошад, гарчанде ки анъанаҳои зиёди онро қабул карда, худ ба рамзи империяи тавлидёфтаистодаи асри миёна табдил меёфт.

Ба ҳайати Византия тамоми нимаи шарқии аз Империяи Рим ҷудошуда дохил буд. Он аз нимҷазираи Балкан, Осиёи Хурд, ҷазираҳои баҳри Эгей, Сурия, Фаластин, Миср ва Киренаика, як қисми Байнаннаҳрайн ва Арманистон, баъзе навоҳии Арабистон, ичунин мулкҳои такягоҳӣ дар соҳилҳои ҷанубии нимҷазираи Қрим (Херсон) васоҳилҳои Қафқоз иборат буд. Сарҳадҳои Византия танҳо дар қисмати шимолу ғарбии Балкан бо тезӣ муайян карда нашуда буданд, дар ҷое, ки барои он мубориза дар байни Византия ва Империяи Ғарбии Рим барои Иллирик ва Далматсия давом дошта, онҳо танҳо дар нимаи дуюми асри V ба ихтиёри Византия мегузаранд.

ШАРОИТИ ТАБИӢ, ХОҶАГӢ ВА ЭТНИКИИ ВИЗАНТИЯ

Қаламрави империя зиёда аз 2 миллиону 750.000 километри мураббаъро ташкил карда, дар шимол қад-қади дарёи Дунай то резишгоҳи баҳри Сиёҳ ва то ба соҳилҳои Қрим ва Кафқоз тул мекашид; дар Шарқ бошад, сарҳадҳои Византия аз кӯҳҳои Иберия ва Арманистон сар карда, ба сарҳадҳои ҳамсояи шарқии Византия – Эрон рафта мерасиданд, баъд ба воситеи даштҳои биёбони Байнаннаҳрайн, Даҷла ва Фуротро бурида гузашта, қад-қади дашту биёбонҳое, ки дар шимолии онҳо қабилаҳои араб сокин буданд, бурида мегузашт; дар ҷануб бошад, қаламрави Византия то харобаҳои Палмираи қадим рафта расида ва аз он ҷо ба воситаи биёбони Арабистон то ба сарҳади Айла (Акаба) тул мекашид, яъне то ба соҳилҳои баҳри Сурх тул кашида буд. Дар ин ҷо, дар ҷанубу шарқ, дар охирҳои асри III – оғози асри IV ҳамсоягони Византия – давлатҳои араб ва давлати қабилаҳои ҷанубии Аараб бо номи “Шоҳигарии Ҳимёрҳо” ё худ “Арабистони Хушбахт” воқеъ буданд. Сарҳади ҷанубии Византия аз соҳилҳои аз соҳилҳои африқоии баҳри Сурх оғоз ёфта, қад-қади берун аз сарҳадҳои шоҳигарии Аксум (Ҳабашистион)-ро бо вилоятҳои бо Миср ҳамсарҳад, ки дар он ҷо аҳолии нимкӯчманчии влеммиҳо (онҳо дар ҷараёни болои дарёи Нил, дар байни Миср ва Нубия сукунат доштанд), ва дар тарафи ғарб, аз тариқи наздикиҳои биёбони Либия ва Киренаика тул мекашид, дар ҷое, ки ба Византия қабилаҳои ҷанговари мавритании авсуриҳо ва макетҳо ҳамсарҳад буданд.

Империя вилоятҳои дорои шароити гуногуни табиӣ ва обу ҳаворо дар бар мегирифт. Иқлими мӯътадили баҳри Миёназамин, ки баъзе ҷойҳояш суптропикӣ, ба иқлими навоҳии наздисоҳилӣ торафте ба иқлими континенталии навоҳии ба онҳо хоси пасту баландшавандаи ҳарорат, тобистони гарму хушк (махсусан дар ҷануб ва шарқи мамлакат) ва минтақаи зунуку сербарф (Балкан ва қисман Осиёи Хурд) ё иқлими гарму сербориш (Сурия, Фаластин ва Миср) дар зимистон иваз мешу.
Қисмати зиёди қаламрави Византияро вилоятҳои кӯҳсор ва теппадор (Юнон, азон ҷумла Пелопоннес, Осиёи Хурд, Сурия ва Фаластин) ташкил менамуданд. Фазои нисбатан паҳновари дашт дар баъзе навоҳии назди Дунай воқеъ гардида буд: резишгоҳи Дунай, водии зархези Фракияи ҷанубӣ, ки бо буттаҳои камёфт ва кӯҳсори пурталу теппаи дохилии Осиёи Хурд бо нимдашту нимбиёбони шарқи империя иваз мешуд. Сатҳи замини (релефи) ҳамвори маҳалл дар ҷануб – Миср ва Киренаика афзалият дошт.

Қаламрави империя асосан аз вилоятҳои дорои маданияти баланди зироатпарварӣ иборат буд. Дар аксарияти онҳо заминщои ҳосилхез имконият фароҳам меоварданд, ки дар як сол 2 -3 ҳосил ба даст оварда шавад. Вале зироатпарварӣ қариб танҳо дар заминҳое имконпазир буд, ки обёрӣ карда шуда бошанд. Дар ҳамон заминҳое, ки шароити табиӣ мусоид буд, зироатҳои ғалладона – гандум ва ҷав кишт карда мешуд. Дар заминҳои дигари обёришаванда зироатҳои полезӣ ва боғдорӣ парвариш мекарданд; дар заминҳои бештари лалмӣ бошанд, ток ва зайтун парвариш мекарданд. Дар ҷануб хурмопарварӣ паҳн арида буд. Дар чарогоҳҳои наздикӯҳӣ, асосан дар доманаҳои кӯҳҳои буттаю ҷангалпуш, дар чарогоҳҳои баландкӯҳ ва нимдашту нимбиёбони Шарқ чорводорӣ тараққӣ карда буд.

Шароити табиию иқлим ва об тафовути муайяни симои хоҷагидориро дар вилоятҳои гуногуни империя муайян менамуд. Минтақаи асосии истеҳсоли ғалла Миср буд. Аз асри IV счар карда макони дуюми зироатпарварӣ Фракия мешавад. Қисми зиёди истеҳсоли ғалларо водиҳои ҳосилхези дарёҳои Македония ва Фессалия, пурталу теппаиВифания. Вилоятҳои назди баҳри Сиёҳ, заминҳои обёришавандаи Оронт ва Урдун, Шимоли сурия,Фаластин ва инчунин Байнаннаҳрайн медоданд.

Юнон. Ҷазираҳои Эгеида, соҳилҳои Осиёи Хурд, Сурия. Фаластин асосан минтақаҳои парвариши боғу зироатҳои полезӣ ва токпарварӣ буданд. Ҳатто Исаврияи боғҳои аз бошукӯҳ ва заминҳои ҳзосилхез барои кишти ғалладона хеле бой буд. Яке аз марказҳои калонтарини токпарварӣ Киликия ба шумор мерафт. Токпарварӣ масоҳати калони заминро дар Фракия низ дар бар мегирифт. Юнон, қисмати ғарбии Осиёи Хурд, навоҳии дохилии сурия ва Фаластин ҳамчун марказҳои асосии зайтунпарварӣ хизмат мекарданд. Дар Киликия ва махсусан дар Миср дар ҳаҷми хеле зиёд зағер, инчунин зироатҳои нахуду лубиёгӣ. Ки қисмати асосии хуроки халқи оддӣ буданд, парвариш карда мешуданд. Юнон, Фессалия, Македония ва Эпир о асали худ машҳур буданд. Фаластин бошад, – бо дарахтони нахл ва писта.

Дар вилоятҳои ғарбии Балкан, дар ракия4. Ноҳияҳои дохилии Осиёи Хурд, дар даштҳои беканори Байнаннаҳрайн,Сурия. Фаластин, Киренаика чорводорӣ васеъ паҳн гардида буд. Дар доманаи кӯҳҳои Юнон ва соҳилҳои Осиёи Хурд бузҳои ангор (маҳинпашм) парвариш карда мешуданд. Навоҳии дохилии Осиёи Хурд (Каппадоқия, даштҳои Халкидика, Македония)минтақаҳои гӯсфандпарварӣ буданд, Эпир, Фессалия. Фракия,Каппадоқия – асппарварӣ, вилоятҳои талу теппадори Осиёи Хурди Ғарбӣ ва Вифания бо ҷангалҳои булут минтақаҳои асосии хукпарварӣ ба шумор мерафтанд. Дар Каппадоқия, дар даштҳои Байнаннаҳрайн,Сурия ва Киренаиказотҳои беҳтарини шутур ва хачири корӣ парвариш мекарданд. Дар наздикиҳои сарҳадҳои шарқии империя шаклҳои гуногуни нимкучманчигӣ ва кучманчигии парвариши чорвои калони паҳн гардида буд.Шӯҳрати Фессалия, Македония ва Эпирро панири дар ин ҷойҳо тайёркарда ташкил менамуд,ки он “дларданӣ” номида шуда буд. Осиёи Хурд яке аз минтақаҳои асосии истеҳсоли пӯст ва маснуоти чармӣ ба ҳисоб мерафт. Сурия,Фаластин ва Миср бо газворҳои пахтагию заҳирпоягӣ ва пашмин машҳур буданд.

Византия бо захираҳои табии худ низ бой буд. Обҳ баҳрҳои Адриатика ҷвав Эгей, соҳилҳои баҳри Сиёҳ, махсусан Понт, Финикия, Миср аз моҳӣ бой буданд. Ҷангалзорҳо хеле зиёд буданд. Дар Далматсия ҷангалзорҳои дорои дарахтони аълодараҷаи коромад барои сохтани киштӣ мавҷуд буданд. Дар вилоятҳои зиёди империя захираи зиёди лой (хока) мавҷуд буд, ки аз он кулолгарон маснуоти сафолӣ тайёр мекарданд., инчунин қуме, ки аз он шиша истеҳсол карда мешуд. Аз чунин қум махсусан Миср ва Финикия бой буданд. Империя аз санги бинокорӣ, мармар (махсусан дар Юнон, ҷазираҳои дар баҳрҳои он воқеъбуда ва Осиёи Хурд) сангҳо барои кошинкорӣ (Осиёи Хурд) низ бой буд. Империя манбаҳои хеле бои канданиҳои фоиданок дошт. Оҳан дар Балкан, Понт, Осиёи хурд, дар кӯҳҳои Тавр, дар Гурҷистон, дар Кипр истеҳсол карда мешуд, мис – дар конҳои Фенни воқеъ дар Арабистон, сурб – дар Пергам ва дар Халкидика – руҳ, – дар Троада. Намаки натрий ва даҳани фаранг ё худ замч – дар Миср. Хазинаи асосии маъданҳои фоиданок музофотҳои Балкан буданд, ки дар он ҷойҳо қисмати асосии тилло, нуқра, оҳан ва миси барои империя зарур истеҳсол карда мешуд. Канданиҳои фоиданок зиёд дар вилоятҳои Понт ва Арманистони Византия мавҷуд буданд. Вале қалъагӣ ва қисман нуқра камӣ мекард, бинобар ин, лозим мекомад, ки онҳо аз Британия ва Испания ворид карда шаванд.

Дар соҳилҳои Адриатика, аз кӯлҳои шури Осиёи Хурд ва Миср намак ҳосил карда мешуд. Дар Византия дар ҳаҷми кифоя намудҳои гуногуни ашёи хоми минералӣ ва растанӣ мавҷуд буд. ки аз онҳо маводи рангуборкунӣ, қатрон хушбӯй тайёрм екарданд. Дар ин ҷойҳо растаниҳои имрӯз ба нестирасидаи силфий, заъфарон, решаҳои ширинбуя ва растаниҳои гуногуни доруворӣ истеҳсол карда мешуданд. Дар соҳилҳзои Осиёи Хурд ва Финикия туқумшулукҳои mureх ҷамъоварӣ карда мешуданд, ки онҳа ҳамчун мавод барои тайёр кардани ранги арғувони машҳур лозим буданд.

Резишгоҳ ва соҳилҳои дарёи Нил дар ҳавзаи баҳри Миёназамин минтақаи асосии сабзиши буттаҳои папирус буд, ки имрӯз дар болооби ин дарё хеле кам вомехурад. Аз папирус маводи муҳимми навишти он замон – папирус тайёр карда мешуд. Коғази папирусӣ дар Ситсилия низ истеҳсол карда мешуд..

Византия талаоти худо қариб дар ҳамаи маҳсулоти асосӣ таъмин карда метавонист. Захираи баъзе маводи он чунон буд ва дар ҳаҷме истеҳсол карда мешуд, ки ҳатто имкон дошт миқдоре аз онҳо, аз қабили ғаллаона, равған. Моҳӣ,газвор, филизот ва маснуоти филизиро ба хориҷи кишвар ҳам ба фуруш барорад. Ҳамаи ин устувории муайяни иқтисодииро дар империя ба вуҷуд меовард. Ин ҳолат имконият фароҳам меовард ба хориҷа ҳам маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳам маснуоти косибӣ ба фурӯш бароварда, ба дохили империя асосан маҳсулоти карру фар вҷа бошукӯҳ ва ашёи хоми пурқиммати шарқӣ, растаниҳои дорувории шарқӣ.бӯйнок ва абрешимӣ ворид сохта шаванд. Мавқеи ҷуғрофии империя Византияро дар асрҳои IV – V дар байни Ғарб ва Шарқ ба миёнарави инҳисорӣ мубаддал гардонида буд.

Аз рӯи ҳисобҳои баъзе муҳаққиқон аҳолии Империяи бузурги Византия ба 50 – 65 миллион расида буд Аз нигоҳи этникӣ Византия иттиҳодияи омехтаи даҳҳо қабилаю халқиятҳое буд. ки онҳо дар сатҳҳои гуногуни рушд қарор доштанд

Қисмати зиёдтари аҳолии империяи Византияро юнониҳо ва аҳолии маҳаллии вилоятҳои ғайриюнонии эллинишуда ташкил менамуданд. Забони юнонӣ забони аз ҳама паҳншудатарин буда ва юониҳо дар амал халқияти ҳукмрони ин мамлакати паҳновар буд. Дар баробари ҷануби нимҷазираи Балканаз рӯи аҳолӣ тоза юнонӣ ҷазираҳо, қисмати зиёди соҳилҳои африқоии Византия ва Осиёи хурди Ғарбӣ ба шумор мерафтанд Унсури юнонӣ дар македония ва Эпир ниҳоят калон буд. Юнониҳои зиёд дар қисмати шарқии Балкан, дар соҳилҳои баҳри Сиёҳ, дар Осиёи Хурд,Сурия, Фаластин ва Миср сукунат доштанд,ки онҳо дар ин ҷойҳо фоизи баланди аҳолии шаҳрҳоро ташкил менамуданд.

Аҳолии лотинӣ дар нимаи шарқии собиқ империяи рим бо шумораи хеле ками худ фарқ мекард. Ин аҳолӣ танҳо дар минтақаҳои нимҷазираи Балкан, дар соҳилҳои адриатикаи Балкан ва қадқади сарҳадҳо дар Дунай ва то Дакия бо пуррагӣ хеле сершумор буд.Римиҳои хеле зиёд дар шаҳрҳои Осиёи хурд сукунат доштанд. Дар вилоятҳои боқимондаи нимаи шарқии империя романикунонӣ хеле заиф буд. ва ҳатто намояндагони қисмати нисбатан бомаърифати аъёну ашрофи маҳаллӣ одатан забони лотиниро намедонистанд. Гурӯҳҳои начандон калони римиҳо – аз якчанд даҳҳо нафар, баъзан садҳо оилаҳо дар марказҳои нисбатан калони маъмурӣ ва савдою косибӣ ҷамъ омада буданд. Римиҳои бештар дар Фаластин сукунат доштанд.

Дар вилоятҳои муҳимтарини империя аҳолии яҳудӣ хеле зиёд ва васеъ паҳн гардида буданд. Дар як ҷой ба таври дастаҷамъона дар Фаластин зиндагӣ карда, яҳудиҳо ва самартяниҳо, ки аз ҷиҳати рғзғору тарзи зиндагӣ ва эътиқодоти динӣ ба яҳудиҳо монандӣ доштанд, дар музофотҳои ҳамсояи сурия ва Байнаннаҳрйн,Антиохия ва шаҳрҳои дигар низ сершумор буданд. Яҳудиҳо тарзи зиндагии хоси этникӣ, дин ва забони хзудро нигоҳ дошта буданд. Дар замони империяи Рим бо забони яҳудӣ адабиёти мазмуну мӯҳтавои тавротидошта ба вуҷуд меояд.

Гурӯҳи калони аҳолии Византияро онҳое ташкил мекарданд, ки иллирийҳои дар шимолу ғарбии Балкан сукунатдошта ташкил менамуд. Онҳо бештар ба романикунонӣ гирифтор шуда буданд, ки ие ба паҳншавӣ ва муқаррар гардидани забон ва алифбои лотинӣ оварда расонид. Аммо дар асри IV иллирииҳо нишонаҳои маълуми этникии хоси худро нигоҳ дошта гузоштанд, махсусан дар навоҳии деҳотӣ ва кӯҳсор. Онҳо асоан озодӣ ва ташкилоти пурзури ҷамоавӣ, рӯҳи озодихоҳии худро нигоҳ дошта буданд. Қабилаҳои ҷанговарииллирийиҳо ба қӯшунҳои Византияи бевақта ҳайати беҳтарини аскаронро медоданд. Забони илларийӣ,ки он дар забони гуфтугӯӣ истифода бурда мешуд. баъдтар дар ташаккули забони албанӣ нақши муайян гузоштаст.

Дар қаламрави Македония македониҳо сукунат доштанд, ки онҳо сершумор буда, кайҳо боз гирифтори бошиддати эллинб ва романикунонӣ гардонида шуда буданд.

Дар нимаи шарқии нимчҷазираи балкан фракийҳо – аз назари шумора яке аз халқиятҳои нисбатан калони нимҷазираи балканро ташкил менамуданд. Деҳқонони сершумори озоди Фракия дар ҷамоаҳо зиндагӣ мекарданд. ки онҳо низ баъзе муносибатҳои авлодии худро нигоҳ дошта буданд. Сарфи назар аз эллинӣ ва романикунонии бошиддатиФракия . аҳолии он дар асри IV то ҳамон дараҷае аз аҳолии эллинистикунонидашудаи вилоятҳои Шарқ фарқ мекарданд, ки нависандагони Рими Шарқӣ баъзен Фракияро “мамлакати варварҳо” ном бурдаанд. Заминдорон ва чорвопарварони озоду қадбаланд, пурқувват ва обовари фракӣ дар қатори ҷанговарони беҳтарин империя шуҳратманд гашта буданд.

Баъди он, ки империя тамоми Дакияи он тарафи Дунайро аз даст дод, дар қаламрави Византия шумораи дакиҳо хеле кам монд: онҳо ба навоҳии наздисарҳадии Мизия кӯчонида оварда шуданд.

Аз миёнаҳои асри III сар карда дар ҳайати этникии музофотҳои Дунай тағйиротҳои калон ба амал омаданд. Аз ҳамин вақт сар карда дар ин ҷо қабилаҳои ба империя ҳамсояи вҷарварҳо – готҳо, карпҳо, сарматҳо, тайфалҳо, вандалҳо, аланҳо, певкҳо, боранҳо, бургундҳо, тервингҳо, гревтунгҳо, герулҳо, гепидҳо, бастарнҳо сокин шудан мегиранд. Дар асрҳои IV – V ба он ҷо омада сокиншавии варварҳо суръат касб мекунад. Ӯанӯз то ин вақт, дар асрҳои III – IV дар қабилаҳои германӣ ва сарматҳои империяи римро иҳотакарда, ки дар зинаҳои гуногуни таназзулёбии муносибатҳои ҷамоаи ибтидоӣ қарор доштанд, муносибатҳои истеҳсолӣ ба таври чашмрас рушд ёфта, иттиҳодияҳои пуриқтидори қабилавӣ ба вуҷуд омаданд, ки ин ҳолат имкон ба варварҳо имкон дод, то ки вилоятҳои империяи рӯ ба таназзулёфтаи империяи Римро ишғол намоянд.

Яке аз иттиҳодҳои нисбатан калон иттифоқи готҳо шуд, ки он дар охирҳои асри III – оғози асри IV қабилаҳои нисбатан пушрафтаи кишоварзӣ, қабилаҳои муқимӣ ва ниммуқимӣ сукунатдоштаи назди Баҳри Сиёҳро муттаҳид сохт, онҳо аз сохти ҷамоаи ибтидоӣ ба ҷомеаи синфӣгузашта буданд. Готҳо королҳо ва аъёну ашрофи худиро доштанд, дар ин иттифоқҳо ғуломдорӣ вуҷуд. Нависандагони Рими Шарқӣ аз варварҳои шимолӣ онҳоро аз ҳама пешрафта ва бомаданият ҳисобидаанд. Аз охири асри III – оғози асри IV дар байни готҳо дини масеҳӣ паҳн шудан мегирад.

То миёнаҳои асри IV иттифоқи қабилаҳои вандалҳо, готҳо, сарматҳоба камол расида ва боқувват мешаванд. Дар баробари рушд ёфтани заминдорӣ ва косибӣ лашкаркашии онҳо ба империяаллакай натанҳо барои ғанимат ва ба даст овардани асирон, балки акнун бештарзабт кардани заминҳои серҳосиле буд, ки барои зироатпарварӣ қуллай буданд. Ҳукумат, ки дигар дигар қудрати гирифтани пеши роҳи варварҳоро надошт, маҷбур мешавад, ки ба онҳо заминҳои таллаву тороҷшудаи наздисарҳадиро додо, ба ин муҳоҷирон ҳимояи сарҳадҳои давлатиро вогузор мекунад. фишори готҳо махсусан дар сарҳадҳои дунаии империя дар нимаи дуюми асри IV пурзур мешавад ва бештар дар солҳои 70-уми ҳамин аст, вақте ки онҳоро кӯчманчиёни нимваҳшӣ – гуннҳои аз Осиё ба ин ҷо омада фишор додан гирифтанд. Готҳои торуморшуда, сарматҳо, аланҳои кӯғчманчӣ ба ҷониби Дунай ҳаракат мекунанд. Ҳукумати Рим ба онҳо иҷозат мседиҳад, ки аз сарҳад гузашта, дар вилоятҳои холии наздисарҳадӣ маскан гиранд. Даҳҳо ҳазор варварҳо дар Мизия, Фракия, Дакия ҷой дода шуданд. Баъди чанде онҳо ба Македония ва Юнон низ роҳ меёбанд,қисман дар вилоятҳои Осиёи Хурд – дар фригия ва Лидия низ сокин мешаванд. Остготҳо дар навоҳии ғарбии назди Дунай (Паннония), вестготҳо – дар навоҳии шарқии назди Дунай (Фракияи Шимолӣ) сокин мешаванд.

Дар асри V гуннҳо ба сарҳадҳои ғарбии Империяи Рим рафта мерасчанд. Дар ин ҷо онҳо халқҳои зиёди варвариро ба худ тобеъ ва иттифоқи пурзӯри қавбилаҳоро ташкил намуданд. Гуннҳо дар тули якчанд даҳсола ба муофотҳои дар Балкан воқеъбудаи империя ҳамла карда. то Фермопил. Фракия, Македония ва Иллирика рафта расида, онҳоро талаю тороҷ ва ба хок ясон карданд.

Ба таври авӣ ада даромадан ва сокиншавии варварҳо дар заминҳои Балкан ба хеле камшавии юнониҳо ва аҳолии юнониию романикунонидашудаи ин музофотҳои Византия оварда расонид, ғайр аз ин, ин раванд ба муттасил аз байн рафтани халқияти македонию фракӣмусоидат мекард.

Бо мухолифатҳои дохилии худ гирифтор шуда, итифоқи гуннҳо дар солҳои 50-уми асри V (баъд аз марги Аттила) аз байн меравад. Боқимондаҳои гуннҳо ва қабилаҳои зери тобеияти онҳо буда дар қаламрави империя монданд. Гелидҳо дар дакия сокин мешаванд, готҳо – дар Паннония. Онҳо як қатор шаҳрҳоро ишғол намуданд, ки ба империя наздиктарини онҳо Сирмий ва дуртаринаш Виндомина, ё ки Виндобона (имрӯз Вена) буд. Гуннҳо, сарматҳо,скирҳо ва готҳои зиёд дар Иллирика ва Фракия сокин кунонида шуданд.

Дар охирҳои асри V ба мулкҳои Византия қабилаҳое низ сар даровардан мегиранд, ки дар наздикии сарҳадҳои империя қарор доштанд: аҷдодони кӯчманчии пешазуркҳо ва булғорӣ. Ин кӯчманчиён давраи рӯ ба таназзул ниҳодани муносибатҳои ҷамоаи ибтидоӣ ва қабилаҳои кишоварзи славяние, ки бошишгоҳҳои онҳо дар охирҳои асри V дар сарҳадҳои воқеъ дар Дунайи империя пайдо мешаванд.

То замони таъсиси Византия ҷараёни эллиникунонии аҳолии муқимӣ дар вилоятҳои дохилии шарқии Осиёи Хурд ҳанӯз ба анҷом нарасида буд. Муаллифони асрҳои IV – V нисбати рӯзғор ва тарзи зиндагии сокинони ин вилоятҳоро ҳамчун ақибмонда хунукназарона ба қалам медиҳанд. Вале забонҳои маҳаллии ин ҷо аҳамияти худро аз даст надода буданд. Лидиягиҳо,ки дар гузашта тамаддуни баркамол ва давлат доштанд, дорои алифбои худ ҳам буданд. Забонҳои маҳаллӣ дар Карий ва Фригия паҳн гардида буданд. Дар асрҳои V – VI забони фрагийӣ ҳамчун забони гуфтугӯй вуҷуд дошт. Сокинони Галатия ва Исаврия махсусияти хоси этникии худро нигоҳ дошта буданд, ки аҳолии онҳо танҳо дар асрҳои IV – V ба зери ҳокимияти Византия дохил шуда буд. Дар Каппадоқия эллиникунонӣ танҳо табақаҳои болоии аҳолии маҳаллиро дар бар гирифта буд. Оммаи асосии сокинони деҳот дар асри IV ҳарфзании худро бо забонҳо маҳаллии арамеӣ идома медод, гарчанде, ки зебони юнонӣ забони расмӣ ҳисобида мешуд.

Дарқисмати шарқии Понт, дар Арманистони Хурд ва Колхида қабилаҳои гуногуни маҳаллӣ сокин буданд: тсанҳо (лазҳо), албанҳо, абазгҳо. Дар байни қабилаҳои зиёде,ки дар навоҳӣ ва вилоятҳои Осиёи Хурд зиндагӣ мекарданд, ҳанӯз баъзе боқимондаҳои муносибатҳои авлодӣ арзи вуҷуд доштанд.

Ҳанӯз дар асрҳои IV – V қабилаҳои ҷанговари исаврҳо дар қабилаҳо (кланҳо) сукунат дошта,ба доҳиёни авлодӣ ва қабилавии худ итоат мекарданд ва ба ҳокимияти ҳукуматдорон эътиборе намедоданд.

Баъди он, ки дар соли 387 Араннистои Аршакиҳо ду тақсим мешавад, ба ҳайати Византия тахминан танҳо чоряки он дохил мешавад: Арманистони Ғарбӣ (Хурд), Арманистони Дохилӣ ва князиҳои мухтори арманӣ, ки то ин давра роҳи бисёрасраи таърихии худро тай карда, дар асрҳои IV – V давраи рӯ ба таназзул ниҳодани муносибатҳои ғуломдорӣ ва пайдоиши муносибатҳои феодалиро аз сар мегузарониданд.Дар охирҳои асри IV аз тарафи Месроп Маштотс алифбои арманӣ мураттаб сохта шуда ва дар асри V рушди фаъолонаи адабиёт, санъат ва театри арман сурат мегирад. Аз паҳншавии дини масеҳӣ дар Арманистон истифода бурда, Византия кушиш ба харҷ медод, то ки ҳамаи занҳои арманҳоро ба даст дарорад, барои он заминҳое, ки бо Эрон мубориза мебурд..Дар асрҳои IV – V аҳолии арман дар вилоятҳо ва шаҳрҳои дигари империя пайдо мешавад. вале Византия, ба баъзе нуқтаҳои дигари соҳилҳои Қафқоз так карда таъсири худро дар Гурҷистон таҳким мебахшид, ки дар ин ҷо низ дини масеҳӣ паҳн мешуд. Гурҷистон тариқи ағбаи Лих ба ду давлат ҷудо мешавад: дар Ғарб – Лазика (Колхидаи қадим) ва дар Шарқ – Картли (Иберияи қадим). Гарчанде,Эрон дар IV – V.ҳокимияти худро дар Иберия мустаҳкам кард, дар Гурҷистони Ғарбӣ бошад, давлати лазҳои бо Византия алоқаманд таҳким ёфт. Дар Қафқози Пеш , дар соҳилҳои баҳрҳои Сиёҳ ва Азов . Византия дар байни қабоили адигею черкесӣ нуфуз дошт.

Дар ноҳияҳои ба Каппадоқия ва Арманистон наздикбудаи Мовароуннаҳр арамейҳо сокин буданд, дар вилояти Осроена бошад, – қабилаҳои арамеию суриягӣ, аз он ҷумла, кӯчманчиёни араб сукунат доштанд. Аҳолии Килликия ҳам бо қабилаҳои сурияю юнонӣ омехта буданд. Дар сарҳадҳои Осиёи Хурд ва Сурия, дар кӯҳҳои Лубнон, қабилаҳои сершумори мардаитҳо зиндагӣ мекарданд.

Аксарияти куллии сокинони Сурияи византияро семитҳо – суриягиҳо ташкил мекарданд, ки забон ва анъанаҳои маданию таърихии худро доштанд. Танҳо қисми ниҳоят ками суриягиҳо ба каму беш эллиникунонии васеътар гирифтор шуда буданд. Юнониҳо дар ин ҷо танҳо дар шаҳрҳои калон зиндагонӣ мекарданд. Дар деҳаҳо ва марказҳои аз онҳоу асоси аҳолии шаҳрҳои калонр низ суриягиҳо ташкил мекарданд. Дар асри IV марҳалаи ташаккулёбии халқияти Сурия давом карда, забони адабии суриягӣ ташаккул ёфта. адабиёти пурмазмун ва хосаи он ба вуҷуд меояд. Маркази асосии маданӣ ва динии аҳолии сурия шаҳри адесса мешавад.

Дар вилоятҳои наздисарҳадии ҷанубу шарқии Византия, дар шарқтари Сурия,Ю Фаластин ва Байнаннаҳрайни Ҷанубӣ, аз Осроена сар карда ва баъди он қабилаҳоараб сукунат доштанд, тарзи зиндагии кчманчигӣ ва нимкӯчманчигӣ доштанд. Як қисми онҳо дар ҳудудҳои империя каму беш мустаҳкамтар ҷойгир шуда, ба зери таъсири дини масеҳӣ монда буд, қисми дигари арабҳо дар наздикиҳои сарҳад кӯчманчигии худро давом дода, ҳар сари чанд вақт ба қаламрави Византия зада медаромаданд. Дар асрҳои IV – V ҷараёни ваҳдат ва муттаҳишавии абилаҳои араб ба амал омада, халқияти араб, забон ва алифбои он ташаккул меёфтанд. Дар ин вақт иттиҳодияҳои каму беш калони – давлатҳои Ҳассаниҳо ва Лаҳмиҳо ба вуҷуд меоянд. Эрон ва Византия барои таъсир ба онҳо мубориза мебурданд.

Дар Киренаика табақаи ҳукмроне, ки дар шаҳрҳо ҷамъ омада буданд, юнониҳо ва қисмати болоии аҳолии маҳаллии эллинишудаи ва шумораи наонқадар зиёди римиҳо буданд. Як қисми муайяни савдогарон ва косибонро яҳудиҳо ташкил мекарданд. Аксарияти куллии сокинони деҳотро аҳолии таҳҷоии мамлакат ташкил менамуд.

Аҳолии Мисри Византия низ аз назари этникӣ ниҳоят гуногунтаркиба буд. Дар ин ҷо мумкин буд римиҳо, суриягиҳо, либиягиҳо, киликиҳо, ҳабашҳот, арабҳо, бохтариҳо, скифҳо, германҳо, ҳиндуҳо, форсҳо ва ғайраҳоро вохурдан мумкин буд, вале оммаи асосии аҳолии ин ҷоро мисриҳо ташкил намуда, онҳоро одатан коптҳо меномиданд ва аз рӯи шумораи коптҳо хеле кам – юнониҳо ва яҳудиҳо буданд. Забони коптӣ воситаи асосии робитаи аҳолии таҳҷоӣ буда, аксарияти мисриҳо забони юнониро намедонистанд ва ё донистан ҳам намехостанд. Дар баробари паҳншавии дини масеҳӣ адабиёти коптии аз рӯи мазмун динии ба табъи халқ мутобиқкарда пайдо мешавад. Дар баробари ин, санъати хоси коптӣ рушд меёбад, ки он ба ташаккули санъати Византия таъсири калон мерасонад. Коптҳо давлати византияи истисморгарро чашми дидан надоштанд Дар шароити таърихии онвақта ин антагонизм ба худшакли диниро мегирифт: аввал коптҳои масеҳӣ ба ашолии эллинишуда – бутпарастон муқобил меистоданд баъд – коптҳои монофиситҳо ба юониҳои православӣ.

Ҳайати аҳолии бисёрқабилавии Византия ба моҳияти дар ин ҷо бавуҷудоии муносибатҳои иҷтимоию сиёсӣ таъсири муайян мерасониданд. Дар ин ҷо омилҳои ташкилёбии халқияти ягонаи “византиягӣ” вуҷуд надоштанд. Баракс, гурӯҳҳои дастаҷамъи этникие, ки дар империя сукунат доштанд, худашон халқиятҳо (суриягиҳо, коптҳо. Арабҳо ва ғайра)-ро ташкил намуда. Барои таъсир ба ин давлатҳор ҳолати рушду бакамолрасӣ қарор доштанд. Ин аст,ки дар баробари фарогиртар шудани бӯҳрони тарзи истеҳсолоти ғуломдорӣ дар баробари тезутундшавии муносибатҳои иҷтимоӣ муносибатҳои этникӣ низ тезутунд мешуданд муносибатҳо дар байни қабилаю халқиятҳои дар империя сукунатдошта аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарини дохилии Византия буд. Аъёну ашрофи юнонию римии ҳукмрон ба умумияти унсурҳои муайяну маълуми сиёсӣ ва мадание такя мекарданд, ки онҳо дар давраҳои эллинизм ва империяи Рим ба вуҷуд омада буданд. Болоравии эҳёи анъанаҳои эллинистӣ дар ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва маънавӣ ва паиҳам таназзулёбии таъсири анъанаҳои римӣ яке аз зуҳуроти ваҳдати Империяи Шарқии Рим ба ҳисоб мерафтанд.

Аз умумияти манфиатҳои синфии табақаҳои ҳукмрони қабилаю халқиятҳои гуногун,инчунин анъанаҳои эллинистӣ ва масеҳӣ истифода бурда, аъёну ашрофи юнонию римӣ кушиш мекард, Византияро мустаҳкам кунад. Дар айни замон сиёсати аланга додани оташи ихтилофҳоро дар байни хвлқиятҳои гуногун ба амал барорад, то ки ба ҳамин восита онҳоро дар зери тобеияти худ нигоҳ дошта тавонад. Дар тули ду – дуюним аср ба Византия муяссар гардид, ки ҳукмронии худро бар коптҳо, семитҳо – суриягиҳо, яҳудиҳо ва арамеиҳо нигоҳ доранд. Вале дар қаламрави сукунати юнониҳо ва халқҳои эллинишудае, ки ба таври доимӣ ба ҳайати Империяи шарқии Рим дохил буданд, муттасил маҳаки асосии этникии Византия ба вуҷуд меомад.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.