Сохтори ичтимоию сиёси ва ташкилии маъмурии империяи Византия дар асрхои IV – V

СОХТИ СИЁСИИ ИМПЕРИЯ

Империяи Византияи асрҳои IV – V мутлақияти марказонидашудаи ҳарбию бюрократӣ мебошад. Он нишонаҳои асосии сохтори давлатии империяи Рими Бевақтаро ҳамчун мерос қабул карда, анъанаҳои сохтори давлатии Римо бо унсурҳои истибдоди шарқӣ ҳамоҳанг намудааст. Ҳокимони Константинопол дар “шахси” Византия ҷойгири империяи Римро медиданд. Дар асри V сарфи назар аз тақсимоти воқеӣ, ҳарду давлат – Рими Шарқӣ ва империяи Ғарбии Рим – ҳанӯз қисмҳои торкибиии давлати ягона ҳисоб мекарданд. Ин тасаввурот дар консулати ягона (ҳар империя аз ду консул якашро интихоб мекард), қонунҳои умумии барои ҳарду империя аз номи ҳарду император нашршуда, дар дастгирии байниҳамдигарии онҳо зуҳур ёфта буд. Гарчанде, ки Византия он вилоятҳоеро дар бар мегирифт, ки дар онҳо забони юнонӣ ҳукмрон буд, забони давлатии Византия дар асрҳои IV – V ва то барҳамхӯрии империяи лотинӣ забони давлатӣ мондан гирифт.

Византия қонунгузории Римро қабуд карда буд: он асоси маҷмӯаи авваали ҳуқуқи худии Византия – Кодекси Феодоси яро ташкил намуд.

Аз рӯи сохтори маъмурии худ империя дар асри IV ти Диоклетиан у Константинро нигоҳ медошт. Он ба ду воҳиди калони маъмурию қаламрав – префектураҳо тақсим шуд: Шарқ, ки вилоятҳои Шарқро бо марказаш шаҳри Константинополро дар бар мегирифт, ва Иллирика, ки ба он заминҳои Балкан, бо марказаш шаҳри Фессалоника, дохил буданд. Аз ҳама калон префектураи Шарқ ба ҳисоб мерафт, ки он 4 диотсез иборат буд: 1) Шарқ – 15 музофот; 2) 2) Осиё – 10 музофот; 3) Понт – 10 музофот ва 4) Фракия – 6 музофот. Ба префекти Иллирика де диотсез дохил буд: 1) Македония – 6 музофот ва 2) Дакия – 5 музофот. Миср вилояти (диотсези) алоҳидаи маъмуриро ташкид карда, сарварии идороаи онро префект – августал ба зима дошта, қароргоҳи ӯ дар шаҳри Искандария воқеъ буд. Дар империяи византия ҳамагӣ 7 диотсез ва 50 музоофт вуҷуд дошт.

Аз рӯи моҳияти иҷтимоии худ давлати Византия диктатураи мулкдорони ғуломдори калон ва бойи табақаи болоии савдоию судхуриро ташкил менамуд, ки дар шароити бӯҳрон ва рӯ ба таназзулднҳии ҷомеаи ғуломдорӣ онҳо дар атрофи ҳокимияти император муттаҳид шуда буданд.

СОХТИ ИҶТИМОИИ ИМПЕРИЯ

Ҳамаи аҳолии озоди империя аз ғуломон сахт ҷудо карда шуда ва онҳо ба табақаҳо (ordines) тақсимбандӣ гардида буданд, ки ҳар кадом қатъиян ҳуқуқу озодиҳои муайяни худро доштанд. Мисли пештара табақаи нисбатан аз ҳама беҳуқууи берун аз ҳаёти расмии ҷомеаии Византия мондагӣ, ғуломон мондан гирифтанд. Гарчанде. ки ғулом мисли пештара моликияти пурраи хуҷаини худ ҳисоб меёфт, дар қонунгузорӣ ва дар ҳаёти амалӣ ӯ акнун натанҳо ҳамчун “ашё”, балки “инсон” ҳам эътироф шуда буд. Ҳуқуқи ҷаноб ба қатли ғулом а муносибати аз ҳад зиёди золимона бо ӯ маҳдуд карда шуда буд. вале ҳуқуқи ҷаноб дар додани ҷазо ба ғулом қариб номаҳдуд боқӣ монда буд. Марги ғулом, агар дар натиҷаи ҳангоми рафти иҷрои ҷазо ва ё баъди он рух дода бошад, ҳамчун қатли барқасдонаи ӯ мавриди баррасӣ қарор намегирифт. Дар баробари ин давлат ба озодӣ ҷавоб додани ғуломонро ҳавасманд мекард ва дар баъзе мавридҳо мустақиман дастур медод, ки асирони ҳарбӣ ба ғуломӣ нею якбора ба колонҳо табдил дода шаванд. Инчунин расмиёти ба озодӣ ҷавоб додани ғуломон сабуктар карда шуда буданд.

Дар асрҳои IV – V унсурҳои ҳуқуқдории молоумулкии ғуломон, ки қиисман дар музофотҳои шарқии империяи Рим аллакай барвақттар вуҷуд доштанд таҳким дода шуданд. Робитаи ғуломон бо пекулийҳо, ҳуқуқи соҳибӣ кардан, кор фармудан, аз он ҷумла, ҳамчун мерос ба каси дигар додан ва ғайра таҳким ёфтанд. Дар амал ҳуқуқи оиладор будани ғулом эътироф карда шуд.

Дар баробари ҳуқуқдории амволӣ ҳуқуқдории қонунии (юридикии) ғуломон нисбати шахсони сеюм то як дараҷа баландтар мешавад. Ғуломони хазина ва императорметавонистанд аз номи худ ба муқобили ба муқобили одамони озод оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва шаҳрвандӣ мурофиаҳои додхлҳӣ дошта бошанд. Вале ғулом ҳақ надошт,ки бо ҷаноби худ амалҳои додгоҳи дошта бошад, ғайр аз ҳолатҳое, ки шикоятҳо оид ба муносибати аз ҳад зиёди золимона мансубанд. Ғуломон на танҳо бар зидди ҷанобони худ, балки бар зидди одамони озоди дигар ҳам ҳуқуқи баромад карданро надоштанд, истисно буданд танҳо парвандаҳо дар бораи ҷиноятҳо бар зидди давлат ва ҳзокимияти императорӣ.

Тағйирёбӣ дар вазъи ғуломон аз назари воқеӣ онҳоро то як дараҷа ба оммаи асосии одамони озод наздик мекард. Аз ин рӯ, ақди никоҳи ҳам инҳо ва ҳам онҳо на онқадар ба таъқибот гирифтор карда мешуд. Мувофиқи қонуни соли 319 чунин никоҳҳо дигар манъ карда намешуданд, гарчанде, ки “қонунӣ” ҳам шуморида намешуданд, вале кӯдакони аз чунин никоҳ таваллудшуда, чун дар замони қаблӣ мақоми модари худро мегирифтанд.

Вале ба ғуломон роҳ ба сӯи ҳамаи вазифаҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ баста шуда буд. Чун қоида, хизматиғуломон қӯшун низ манъ карда шуда буд. На танҳо аз ҷиҳати ҳуқуқ ва низоми ҷазо барои ҷиноятҳои гуногун қонунгузорӣ ғуломонро бо тамоми қатъият аз “бо сазовори озодӣ зинатёфта”-гон ҷудо карда буд. Шиканҷаи золимона, сӯзонидан дар оташ, ба назди ҳайвонҳои партофтаню, бурридани дасту по, сарро аз тан ҷудо кардан, чунинанд ҷазоҳои муқаррарие, ки нисбати ғуломон оид ба ҷиноятҳои зидди давлат ва ғуломдорон ба кор бурда мешуданд.

Дар асрҳои IV – V наздикшавии амалии маълуми ғуломон ва категориҳои дигари аҳолии тобеи империя ба амал меояд. Ҳудуд дар байни озодӣ ва беҳуқуқӣ хеленоустувор гардид. Агар имконияти гузаштан аз ҳолати ғуломӣ ба тобеияти дигар ё ҳолати озодӣ васеъ ва нисбатан осон шуда бошад, пас роҳҳои ба ғуломӣ табдил ёфтан барои одамони озод ҳам хеле осон шуда буд.

Колонҳо-энапографҳои сершумори рӯйхатӣ қариб пурра беҳуқуқ буданд. Онҳо ҳамчун ғуломони меросии замин (servi terrae) шуморида мешуданд. Ҳатто ашёҳои шахсии энапографҳо (рӯйхатӣ) моликияти шахсии ҷанобҳои ғуломон ҳисобида мешуд. никоҳ озодагон ва никоҳ бо одамони ба ҷанобони дигар тобеъ манъ карда шуда буд. Дар асрҳои IV – V колонҳои озод қисми зиёди қобилияти ҳуқуқдории пештараи худро аз даст медиҳанд,он ҳуқуқҳоеро, ки дар тули асри IV муттасил ба замин вобаста карда шуда буданд. Ҳуқуқи расмӣ беш аз пеш колонҳоро дар муқобили озодагон мегузошт. Ҳамин тариқ, қисмати зиёди аҳолии империяки дар асрҳои IV – V аз колонҳо иборат буд, қариб оммаи беҳуқуқ буданд. Дар низоми ҷазодиҳӣ давлат колонҳо ва махсусан колонҳои рӯйхати (энапографи)-ро бештар ба ғуломон баробар карда буд.

Аҳолии озоди империя дорои ҳуқуқҳои муайяни сиёсӣ ва шаҳрвандӣ буд. табақаи поёнии онро дар Византия табақаи плебейҳо – ords plebeius ташкил мекард.

Қисме аз аҳолии савдою косибии шаҳрҳо дар тули асри IV ҳамчун меросӣ ба касбҳои худ вобаста карда шуда буд. шахсоне, ки бо аъзои коллегияашон ба ақди никоҳ даромадаанд, ба коллегиатҳо марбут дониста мешуданд. Лекин вобастакунӣ танҳо он касбҳоеро дар бар мегирифт, ки ба онҳо сдавлат махсусан манфиатдор буд. Оммаи асосии косибон вобаста карда нашуда буданд. Плебейҳои озод низ дар назди додгоҳ аз чунин имтиёзҳо истифода намебурданд, қонунгузорӣ плебейҳоро ба ғуломон наздик мекунонид. Плебейҳоро беш аз пеш ба шиканҷа гирифтор мекардагӣ мешаванд, тӯъмаи даррандагон мекарданд. ба сӯзонидан ҳукм мекарданд, барои конҳо муваққатӣ ё якумра ғулом мекарданд.

Табақаи дигар, ки он дар ҷои дуюм меистод, заминдорон – куриягиҳои (ordo curialum) миёнаи шаҳриро муттаҳид мекард. Курягиҳо аз як қатор имтиёзҳо барбадарға гӯшаю канораҳои дурдасти империя буд.

Дар баробари маҳдудияти табақавии ҳуқуқҳои сиёсӣ барои доираҳои васеи аҳолӣ маҳдудиятҳое низ вуҷуд доштанд, ки асоси онҳоро сабабҳои этникӣ ва динӣ ташкил мекарданд. Масалан, аллакай дар асри V ба бутпарастон, яҳудиҳо, самаритҳо, намояндагони мазҳабҳои динии демократӣ, ишғоли вазифаҳои давлатӣ манъ карда шуда буд. Мулҳидони зиёд дар ҳуқуқҳои додгоҳӣ ва амволӣ маҳдудият эҷод карда буданд.

Табақаи аз ҳама баландтарин дар империя табақаи сенаторҳо – ordo senatorius буда, ба ҳайати он якчанд садҳо оилаҳои заминдорони калонтарин , намояндагони аъёну ашрофи ҳарбӣ дохил мешуданд. Даромади сенаторҳо дар як сол ба даҳҳо ҳазор либр тилло рост меомад. Пуррашавии табақаи сенаторӣ натанҳо бо сабаби мансубияти меросии ӯ ва ё ба воситаи ба баъзе шахсиятҳои сазовор тӯҳфа кардани мақоми сенаторӣ ва ё аз ҷониби ҳокимияти императорӣ барои хизматҳо дар назди давлат дода мешуданд, сурат мегирифт. Дар оғози асри V одамони ба аъёну ашроф тааллуқ надоштае,ки ба хизмати давлатӣ ва ҳарбӣ пешбарӣ карда шуда буданд, ба табақаи сенаторӣ ворид гардиданд.

Дар асри V ҷараёни ҳамроҳшавии аъёну ашрофи нави сенаторӣ ва ҳарбию мансабдорон ба анҷом расид. Ашрофони бонуфузи хизматчиёни давлатӣ низ ташаккул меёбад.

Намояндагони табақаи сенаторӣ аз имтиёзҳои фавқулоддаи андоз, V сиёсӣ истифода мебурданд.

Нобаробарӣ дар назди додхоҳ ба нобаробарии табақавӣ ҳам мувофиқат мекард. Барои ҷиноятҳои якхела намояндагони табақаҳои олии ҷомеа (honestiores) нисбат ба humiliores ба ҷазои хеле сабук гирифтор карда мешуданд. Бе иҷозати сенат ва император ҳабс кардан ва ё ба зиндон партофтан сенаторҳо мумкин набуд.

СОХТИ СИЁСИИ ДОМИНАТ ДАР ВИЗАНТИЯ

Дар асрҳои IV – V сохти сиёсии Византия ба рушди минбаъдаи режими доминат монандӣ дошт, ки он дар Империяи Рим дар асри IV ташаккул ёфта буд, ки он ҳокимияти пурра дар дасти император марказонида шуда буд. Мувофиқи он император ифодакунандаи ягонаи истиқлолият, ирода ва ҳуқуқҳои ҳамаи “халқи Римро” ба ҳисоб мерафт. Император (василевс) заминдори калонтарин ва бойтарини, меросгири ҳокимияти императорони Рим ва монархҳои эллинистии Шарқ ҳисобида мешуд, ҳокими номаҳдуд ва ҷаноби мутлақ (dominus)-и раияти худ буд. Ҳокимияти номаҳдуди қонунгузорӣ ва иҷроияро ихтиёрдорӣ карда, ӯ сарчашмаи ягонаи ҳокимият ва қонун, қонунгузори олӣ ва додхоҳ, барандаи ҳокимияти олии ҳарбӣ, “интихобкардаи худо” ва дар ҳамин мартаба ҳимоятгари олии ва пуштибон, сарвари дунявии ҳокимияти императорӣ.бкд. Назарияи пайдоиши илоҳии ҳокимияти императорӣ аз тарафи “худованд соҳиби тоҷу тахт” карда, рамзи зиндаи ба император шоҳигариро тӯҳфакардаи худоро тасдиқ намуда, императорро хиргоҳи муқаддас иҳота карда, ӯро девори касногузар аз “бандаҳои мурандаи” дигар ҷудо мекунад. Ҳар намуд хизмати давлатӣ хизмат ба император ҳисобида мешуд ва ҳамаи амалдорони давлатӣ – ҳамчун хизматголрони ӯ. Мурофиаҳои бодабдабаи ҳаматарафа коркардшудаи дарборӣ бояд бузургию дастнорас будани ҳокимияти императорро ифода менамуданд. Асодасти тиллогини бо марворид ва сангҳои қимматбаҳо, сару либоси арғувонранги дароз ва музаи орододашуда нишонаҳои фарқкунандаи ҳокимияти император буданд. Император бе ягон истисно ба ҳамаи манбаю ва воситаҳои империя ихтиёрдорӣ мекард.

Дар назди император сена, ё худ синклит тмақоми маслиҳатӣ ба шумор мерафт. Сенат масъалаҳоеро баррасӣ мекард, ки ба он император пешниҳод менамуд, ки онҳо баъди аз тарафи император тасдиқ кардан қувваи қонунро мегирифтанд Бо супориши император сенат вазифи олии судӣ ва шикоятиро иҷро менамуд. Дар Византия консулат нигоҳ дошта шуд: консулт унвони олии ифтихорӣ буд, ки онро сенат тӯҳфа мекард. Ба консултҳо вазифаи аз ҳисоби худ барои сокинони пойтахт ташкил намудани тамошоҳо дода шуда буд. Претура боқӣ монд, ки он ба хароҷот барои ташкили иду тантанаҳо барои сокинони пойтахт алоқаманд буд. Дар Империяи Шарқӣ ҳамагӣ ҳашт претор фаъолият дошт.

Претура ба табақаи сенаторҳо роҳ мекушод. Ҳамаи барандагони мансабҳои олии давлатӣ (illustres, spectabiles, ё klarissimi) бегуфтугу ба дараҷаҳои гуногунисенаторӣ шарафманд гардонида мешуданд.

Дар охирҳои асри IV шумораи сенаторҳо ба ду ҳазор нафар расид. Сенаторҳо ба зинаҳо (разрядҳо) тақсим карда шуда буданд, ки намояндагони ҳар кадоми онҳо ҳуқуқҳои гуногун доштанд. Дар асри V сенаторҳои зинаи (разряди) олӣ – Illustres – наздики 600 арбоби фаъоли давлатие иборат буд, ки аз имтиёзҳои баландтарин истифода мебурданд. Illustres вазифадор буданд, ки ба таври доимӣ дар константинопол истиқомад кунанд.

Император, ки узви сенат буд дар он оид ба масъалаҳои муҳимуасосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ маслиҳат мекард. Чунин низом, аз як тараф, ташаббус ва суръати амалҳои ҳокимияти императорро боз намедошт, аз тарафи дигар, сатҳи зарури иштироки доираҳои болоии империяро дар роҳбарӣ ба корҳои давлатӣ кафолат медод.

Омили муҳиме, ки таъсири сенатро дар сиёсати императорҳо таъмин мекард, интихобӣ будани онҳо . Барои он, ки тахту тоҷро ба писарони худ диҳад, императорҳои асри IV одатан ба онҳо пешакӣ унвони ҳамҳокимӣ (ҳамимператорӣ) дода мешуд. Лекин интихоботи оянда онҳоро ба императорҳои “қонунӣ” мубаддал мегардониданд. Аз тарафи сенат, қӯшун ва “халқ” тоҷгузорӣ кардани император, дар асри V бошад,дар баъзе мавридҳо аз тарафи патриарх тоҷгузорӣ амали зарури “конститутсионии” тасдиқи “қонунии” ҳокимияти ӯ ҳисобида мешуд. Дар сурати норозигӣ аз сиёсати император, сенат, қӯшун ва “халқ” метавонистанд ӯро аз ҳокимият дур кунанд Ҳамин тариқ, ҳокимияти император дар Византия воқеан бо имтиёзҳо ва ҳуқуқҳои табақаи болоии ҳокимият маҳдуд карда шуда буд, ҳолат императорро маҷбур месохт манфиат ва хоҳишҳои онро ба назари эътибор бигирад.

Тавре, ки аллакай дар боло гуфта шуд, императорро зоҳиран сенат, қӯшун ва “халқ”. яъне димаҳо интихоб мекарданд. Дар амал бошад, мақоми ҳалкунанда ба сенат ва роҳбарияти қӯшун тааллуқ дошт, ки онҳо номзадии императори навро пешниҳод мекарданд.

Он чӣ ки ба “халқи Константинопол” дахл дорад, дар ин ҷо мавқеи муайянкунанда ба мавқеи роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ ва, пеш аз ҳама, ба ҳизбҳои венетҳо ва прасинҳо, ки дар нимаи аввали асри V ба вуҷуд омада. аз намояндагони худи ҳамон доираҳои ҳукмрони империя иборат буд, вобастагӣ дошт.

Бармегардем ба димҳо. Димҳо ҳизбҳои сирк буда, дар Византияи асрҳои V – VI нақши муҳимро иҷро менамуданд. Димҳо дар натиҷаи рушди дохилии ҳаёти сиёсии ҷомеаи Византия дар асри IV – оғози асри V ба вуҷуд омада буданд. Дар ин вақт дар доираи базму тамошоҳо дар шаҳрҳо як навъ ҳизбҳои варзишӣ – факсҳо ба вуҷуд омада буданд, ки ба ин ва ё он факсия “мухлисӣ” карда ва онҳо дар ипподром ҷойҳои нишасти худро дошта, факсияи худро бо хайркунӣ дастгирӣ мекарданд. Номи факс ва мухлисонро бо ҳам унвони якхелаи онҳо зич алоқаманд карда буд. дар ҳар шаҳри каму беш калон чортогӣ ҳизбҳои варзишии сиркӣ мавҷуд буданд: мувофиқи ранги либос ва аробакаш ба левкҳо (сафедҳо), русиҳо (сурхҳо, ҷигарӣ), прасинҳо (сабзҳо) ва венетҳо (кабудҳо, осмониранг) тақсим шуда буданд.

Вале болоравии таваҷҷӯҳ ба намоишу базмҳо дар асри IV на танҳо моҳияти варзишӣ дошт. Агар дар қисмати ғарбии империяи рим факсияҳо то ба охир тоза иттиҳодияҳзои варзишӣ монда. Дар баробари таназзули шаҳрҳо аз байн рафта бошанд, пас дар Византия тақдири онҳо дигар хел сурат гирифт. Дар ин ҷо факсияҳо аз ташкилотҳои варзишӣ ба ташкилотҳои сиёсии аҳолии шаҳр, ба як хел ҳизбҳои сиёсӣ мубаддал мешаванд. ар ташаккулёбии ҳизбҳои сиёсӣ фармони император Константин дар бораи aoclamationes ба аҳамияти муҳим молик буд. Дар инсанад гуфта мешуд, ки аҳолии шаҳр ҳуқуқ дорад ҳангоми базму намоишҳо дастгирӣ ва дастгирӣ накардани фаъолияти ҳукуматдоронро баён намоянд. Дар охирҳои асри IV – оғози асри V факсҳо ба худ моҳияти бараъло намоёни сиёсӣ пайдо менамоянд.

Димҳо ба дифоъи пойтахт ҳам ҷалб карда мешаванд; дастаҳои пулисҳои шаҳрҳоро мувофиқи димҳо ташкил мекарданд. Ҳукумат маҷбур шуд. ки нисбати димҳо ҳуқуқҳои муайян – ҳуқуқ и иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва ҳуқуқи мусаллаҳ буданро эътироф намояд. Аммо шумораи димҳое,ки аз ин ҳуқуқҳо истифода мебурданд. эҳтимол на онқадар зиёд буд. Димотҳои “ҳарбӣ”, ки дар рӯйхатҳои махсус – каталогҳо навишта шуда буданд, ҳамагӣ якчанд ҳазорро ташкил менамуданд. Роҳбарии димҳоро димархҳои аз тарафи ҳукумат расман эътирофшуда ва патронҳо (простатҳо)-и ҳизбҳо, аз ҷумлаи ҷонибдорони нисбатан бонуфуз ба ҷо меоварданд.

Дар асри V ҳизбҳои пойтахт нерӯи нисбатан “конститутсионӣ2 ҳисобида мешуданд. Онҳо ҳақ доштанд дар ипподромҳо ҷамъ оянд, ки дар он ҷо “ҷойҳои” худро дошта, дар мурофиаҳо, иду тантанаҳо иштирок карда, фикру андешаҳояшонро баён дошта, талаботи худро ба ҳокимияти императорӣ манзур мегардониданд. Димҳо сиёсати императорҳоро дастгирӣ мекарданд ва ё ба зери танқид қарор медоданд. Дар асри IV ҳизбҳо дар шаҳрҳои дигар низ ташкил ёфта, бо гузашти вақт ба як навъ ташкилотҳои умумиимперӣ мубаддал мегардиданд, Ivмдигар зич алоқаманд буданд.

Аз чор ҳизби сиркӣ танҳо ҳизбҳои прасинҳо ва венетҳо аҳамияти муайяни сиёсӣ пайдо намуданд. Левкҳо одатан бо венетҳо ва русиҳо бо прасинҳо муттаҳид мешуданд. Дар атрофи ин ҳизбҳо, вобаста ба ин ва ё он манфиатҳои сиёсӣ ва ё робитаҳо табақаю оммаҳои васеи аҳолии шаҳр дастабандӣ мешуданд.

Ҳизби венетҳо ҳамчун ҳизби ашрофони заминдори юнонию римӣ ташкил ёфта буд, Ҳизби прасинҳоро доираҳои болоии тиҷоратию судхурӣ роҳбарӣ мекард. Ин ҳизб такягоҳи асосии худро дар шаҳрҳои бои тиҷоратии Шарқи империя дошт.. Венетҳо бошанд, дар звилоятҳои кишоварзии Осиёи Хурд ва музофотҳои Балкан ҷонибдорони зиёд дошт.

Дар асри V ҳукумат беш ез пеш дар сиёсати худ маҷбур мешуд, ки бештар ба манфиатҳои яке аз ин ҳизбҳо амал намояд. мубориза дар байни ҳизбҳо ба мубориза барои таъсир ба ҳокимияти императорӣ табдил меёбад. Венетҳо мехостанд ба маҳдудкунии пардохтҳо аз кишоварзон ва бештар гардонидани андоз аз савдогарону косибон муваффақ шаванд. Прасинҳо барномаи баракси венатҳоро пешниҳод менамуданд. Ҳамаи ин дар табақаҳои муайяни аҳолии шаҳрро атрофи ҳизбҳо муттаҳид месохтанд, онҳое ки ба сабук кардани андозҳои вазнини ба гардани онҳо гузошташуда манфиатдор буданд.

Дар баробари он, ки давлат қудрате надошт, ки бо фаъолнокии балвнди якхела дар ҳамаи сарҳадҳои империя амал кунад, бинобар ин, ихтилоф дар байни ҳизбҳо оид ба масъала дар бораи самти асосии сиёсати хориҷӣ точанде тезутунд мегардид. Бархурдҳо махсусан дар асри V дар робита ба бадшавии вазъи Империяи Ғарбии Рим пурзур мешаванд. Ҳизби венетҳо ки доираҳои ҳукмрони он.бо ашрофони рими Ғарбӣ сахт алоқаманд буданд, дар мавқеи ҳамаҷониба фаъолгардонии сиёсат дар Балка, баҳри кӯмаки фаъолона ба Империяи Ғарбии Рими дар ҳолати аз байн рафтани он истода буд.

Ҳизби прасинҳо бошад, дар мавқеи ба Шарқ баргардонидани маркази фаъол гардонидани нокии сиёсати хориҷӣ – ба доираи манфиати доираҳои тиҷоратии музофотҳои шаркӣ меистод.

Дар ҷараёни пайваста ташаккулёбии “барномаҳои” сиёсӣ тақсимшавӣ аз рӯи нишонаҳои динӣ ҳам ба вуҷуд меояд. Парчами венетҳо масеҳияти расмии “никеӣ” мегардад, ки он дар калисои Рими Ғарбӣ ҳукмрон буд. Прасинҳо бошанд, пушибони таълимоти нави дар асри V дар музофотҳои шарқии Рим бавуҷудомада (монофистизм) буданд. мубориза дар байни ҳизбҳо моҳияти динию сиёсӣ пайдо мекунад. Дар нимаи дуюми асри V ин мубориза шаклҳои хеле тезу тунд пайдо карда, баъзан дар ипподром ва кӯчаҳои пойтахт ва дар шаҳрҳои дигар ба бархурдҳои мусаллаҳона табдил меёфт.

Фаъолияти амалии ҳизбҳоро пурра роҳбарони сарватманди болоии онҳо равона месохтанд. Дар асри V ба ин мубориза беш аз пешоммаҳои халқи шаҳрҳо кашида мешаванд, ки онҳо ҳамин тариқ норозигии худро ба сиёсати ҳокимияти императорӣ ва синфи ҳукмрон ифода менамуданд. Бинобар ин, муборизаи ҳизбҳо, бар хилофи манфиатҳо вҷа майлу хоҳиши роҳбарони болоии онҳо, ба ошӯбҳои ҳақиқии халқӣ сабзида мерасиданд.

Сарвари идораи марказии давлатии империяи Византия Шӯрои давлатӣ (consistorium sacrum) – консисторий буд. Он аз доираи танги амалдорони олии шаҳрвандӣ ва ҳарбӣ иборат буд, ки онҳоро император таъин мекард. Ин мақом салоҳияти машваратӣ дошта ва бо салоҳдиди император даъват карда мешуд.

Идораи империя ба воситаи дастгоҳи сершохаи бюрократие, ба амал бароварда мешуд, ки он из тарафи император ташкилкарда ва ба он амалдорони олии империя, ки дар консистория муттаҳид карда шуда буданд, ба амал бароварда мешуд. Дар баробари ашхоси амалдору унвондор унвонҳои фахрие низ вуҷуд доштанд, ки ба ишғоли ягон мансабу вазифа алоқаманд набуданд. Чунин мансубу унвонҳоро император ҳадя мекард ва онҳо ба кас воқеан имтиёзҳои калони ҷамъиятӣ (озодӣ аз вазифаҳои мунисипалӣ, ҷазоҳои ҷисмонӣ дар додгоҳ ва ғайра) медоданд. Мақоми шахсоне, ки дар хизмати давлатӣ буданд ва таносуб дар байни мансабҳои шаҳрвандӣ ва ҳарбӣ дар оғози асри V мувофиқи ҷадвал дар бораи вазифаҳо (Notitia dignitatum omnium tarm civilium quam militarium, in partibus orientis et occidentis) муқаррар карда шуда буд.

Сохтори идораи давлатӣ (militia) пурра ба низоми Диоклетиан – Константин асос ёфта буд. Ҳокимияти шаҳрвандӣ аз ҳокимияти ҳарбӣ ҷудо карда шуда буд. Хизмати давлатӣ (militia), шаҳрвандӣ, ҳарбӣ (militia armata) ва дарборӣ (palatina) тақсим карда шуда буд. Идораи шаҳрвандиро ду префекти претория (praefecti praetorium) роҳбарӣ мекард, ки онҳороимператор таъйин мекард. Инҳо ҳокимони олии шаҳрвандие буданд, ки ҳокимияти асеи маъмурӣ,додгоҳӣ ва молиявӣ доштанд. Онҳо ёрдамчиёни наздиктарини император дар соҳаи идораи шаҳрвандӣ уданд. Префектҳои претория идораи умумии диотсезҳо ва музофотҳо, мукотибаи император, сохтмон ва таъмини ободонии биноҳои ҷамъиятӣ, назорат ба соҳаи савдо,ҷамъоварии андозҳо ва пардохтҳо, пардохти маош ба кормандони диотсезҳо, таъин ва сабукдуш кардани викариҳо ва ҳокимон ва корҳои шаҳрҳоро ба зима доштанд. Пешбурди кори хазинаи префектура, сафарбарии рекрутҳо (маҷбурии) барои қӯшун, таъмини он, силоҳхона ва устохонаҳо низ тобеи префектҳо буданд. барои аҳолии вилоятҳои ба онҳо тобеъ, префектҳои претория додхоҳҳои зинаи олӣ ба ҳисоб мерафтанд. Онҳо ҳақ доштанд оид ба масъалаҳое, ки унсурҳои идора ва қонунгузорӣ дахл доштанд, эдиктҳои (санадҳои ҳуқуқӣ) интишор намоянд.

Ҳокимони шаҳрвандии диотсезҳо–викариҳо (vikarii) дар зери роҳбарии бевоситаи префектҳои пиретория қарор доштанд. Ҳокимияти онҳо асосан назоратию додгоҳӣ ва шикоятӣ буд.. Онҳо назорати умумиро аз болои фаъолияти ҳокимони музофотҳоро,ки дар низоми идораи шаҳрвандӣ ҷузъи асосӣ шуда хизмат мекарданд, ба амалмебароварданд. Ба ҳокимон низ ваколатҳои калони маъмурӣ, андозбандӣ,додгоҳӣ ва нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ дода шуда буданд. Онҳо дар як сол ду маротиба ба префектҳои претория дар бораи ҳолати музофотҳо ва дар бораи фаъолияти худ ҳисобот манзур мегардониданд. Дарбаробари ин онҳо дар ҳамаи парвандаҳои шаҳрвандӣ ва ҷиноятӣ низ додхоҳҳои зинаи аввал (аз ин унвони дуюм – iudeх додхоҳ- бармеояд) ба шумор мерафтанд. Ҳокимони диотсезҳо дар ихтиёри худ қароргоҳ доштанд, ки он дар шаҳри асосии музофот воқеъ будадар ихтиёри ӯ штати кормандони зиёди ба шӯъба – дафтар (канселярия)-ҳо тақсимшуда фаъолият мекарданд.

Аз назари маъмурӣ ҳамаи шаҳрҳо бо қаламрави онҳо ва заминҳои беруназшаҳрӣ, ки ба ҳайати музофот дохил буданд, ба ҳукуматдорони музофотҳо тобеъ буданд. Дар асри IV курияҳо ба хизматгори дастгоҳи бюрократии империя табдил меёбанд. Ҷамоаҳои деҳотӣ низ дар ҳамин ҳолат қарор доштанд.

Константинопол бо ҳамроҳии навоҳии наздиктарин (то 100 мил) ба он ҳамчун воҳиди мустақили қаламрав аз ҳайати идораи префектҳои претория бароварда шуда буд. Ҳокими шаҳрвандии шаҳр префекти (эпарх) он ба ҳисоб мерафт, ки бевосита ба император итоат мекард. Ӯ ба идораи шаҳрвандии пойтахт роҳбарӣ меккард, назоратро аз болои фаъолияти корхонаҳои тиҷоратию косибӣ, ободонии шаҳр, таъминоти он, назорат аз болои тартиботи ҷамъиятӣ ба воситаи мақомоти пулисиии пойтахт, ки ба ӯ тобеъ буд, иҷро мекард. Префект дар қаламрави Константинопол ва навоҳии гирду атрофи он дорои ҳокимияти олии додгозӣ дошт. ҳамчун ҳокими Константинопол ӯ масъули дарбори император ва нигаҳдории хазинаи давлатӣ буд ва ҳамчун намояндаи сенат ҳимоятгари расмии ҳуқуқҳои сенат ва сенаторҳо буд.

Идораи марказии империя дар Қаср (sacrum palatium) воқеъ гардида буд. Яке аз мансабҳои муҳимтарин дар идораи марказӣ магистри оффитсий – сардори қаср ва мақомоти хизматрасониӣ) ба ҳисоб мерафт. Ӯ дар ихтиёри худ штати калони амалдорон ва тарҷумонҳо дошта, ба сиёсати хориҷии давлат роҳбарӣ мекард ,ба ташкили қабули сафирон ва робита ба сафиронро ба ҷо меовард, ки он ба воситаи дафтари қабул ба ҷо оварда мешуд. Вазифаи дигари муҳими магистри оффитсий ҳимояти бехатарии император ба шумор мерафт, сардори гурди дарбор, масъули ҳифзи шахсии император ва силоҳхонаҳои Константинопол буд. Дар аробари ин магистр сарварии идораи пулисро низ ба зима дошт.Назорат ба фаъолияти идораи дарбор ва маъмурияти амалдорон (дар ҳар диотсез ва музофот princeps – сардори дафтари ҳоким, ки бевосита ба магистри оффитсий алоқаманд буд) аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини магистр ба шумор мерафт.

Ба салоҳияти магистри оффитсий инчунин ташкили почтаи давлатӣ низ мансуб буд. “Фабриаҳои” силоҳистеҳсолкунӣ дар зери назорати ӯ қарор дошт. Аз соли 443 сар карда ба зимаи магистри оффитсий вазифаи инспектори қӯшунҳои сарҳадӣ – лимитанҳо дода мешавад; ба ӯ ҳуқуқ дода шуд, ки лашкаркашҳо ва афсарҳои округҳои наздисарҳадиро ба додгоҳ кашад ва маҳкум кунад.

Амалдори дигари олии империя квестори қасри муқаддас (quaestor sacri palatii), раиси консистория ва сардори нотариҳо ба ҳисоб мерафт. Аҳамияти ин вазифа дар асри V пайваста меафзуд. Квестори қасри муқаддас вазифаи мураттаб кардан ва фиристодани фармонҳои император иҷро мекард. Квестор ҳамчун сарҳуқуқшиноси империя ҳокимияти додхоҳӣ низ дошт.

Баъди ин дар зинаи олии амалдорони давлатӣ ду кумита оид ба молия – comes sakrarum largitonum ва comes rerum privatarum буд. Яке ба корҳои хазина – ҳамаи даромадҳои пулӣ аз андозҳо, пардохтҳо ва гардиши мол масъул буд, дигере – ба ҷамъоварии даромадҳо аз шахсҳои хусусӣ ва амволи императорӣ, қасрҳо, заводҳои асппарварӣ.

Ба муассисаи комитҳои молия намояндагони қисмати болоии тиҷорату судхурии империя ба таври васеъ ҷалб карда мешуданд, чунки таҷрибаи молиявии чунин одамон барои давлат зарур буд.

Нақши калонро дар ҳаёти дарбор муассисаи осоишу сукунати (sacrum cubiculum) императорӣ иҷро менамуд, ки он бехатарӣ ва ҳамаи зарурати шахсии император ва маликаро таъмин менамуд.

Шумораи умумии амалдорони империяи Византия ниҳоят бузург буд. Аз рӯи ҳисоби муҳаққиқон дар префектураҳои шарқ ва Иллирика на камтар аз 10 ҳазор амалдорони шаҳрвандӣ фаъолият доштанд. Хизматгорони зиёд дар дарбор ҳам зиндагӣ мекарданд. Дар миёнаҳои асри IV дар қасри император танҳо риштарошон 1000 нафарро ташкил мекарданд, қосидон – 10 ҳазор нафар.

ҚӮШУН ВА СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ ҲАРБӢ

Тавре аллакай гуфта шуд. ташкилоти ҳарии империя аз ҳокимияти шаҳрвандӣ ҷудо карда шуда буд. Дар аввали асри V артиши Византия якчанд сад ҳазор нафарро ташкил мекард. Як қисми қӯшунҳо аз ҳисоби фарзандони собиқадорони ҳарбие, ки соҳиби пораҳои замини мулкӣ буда, аз назари андоз имтиёз дошта, ӯҳдадор буданд, аз синни 18-солагӣ сар карда дар зарфи 20 – 25 сол дар артиш хизмат кунанд.. Қисми дигари қӯшун аз тариқи даъвати рекрутӣ (шакли даъват ба артиш, ки маҷбурӣ буд) пурра карда мешуд. Бо сабаби камшавии аҳолии озоди деҳотӣ ва пурзуркунии вобастакунонии аҳолии шаҳрҳо (ordo lebeus) ба коллегияҳо, ҳукумат маҷбур мешавад. ки ба хизмати ҳарбӣ ҳатто колоннҳро ҳам даъват кунад Дар асри IV дар Византия гузариш аз даъвати рекрутӣ ба артиш ба аъзоҳақии пулӣ (барои як рекрут аз 25 то 36 номисм) оғоз мешавад ва маблағи аз ин пардохт ҷамъомада барои киро кардани аскар сарф карда мешуд.

Аллакай ҳамон вақт дар қӯшуни Византия ҳайати баромадашон варварӣ ба мақоми баланд соҳиб мешавад. Бисёр вақт онҳо аз ҷумлаи дружиначиёни кирошудаи халқҳои варвари ҳамсоя ва бештар сокиншуда ё федератҳо (foederati)-иаз тариқи шартнома (foeuus) кирошуда, дар қаламрави наздисарҳадӣ омезиш ёфта, бо музди пулӣ ва ё озуқа дар қӯшунҳои империяи Византия хизмат мекарданд. Федератҳо ҷузъу томҳои мустақили ҳарбиро ташкил намуда, дар зери фармондеҳии қумандонҳо ва пешвоёни худ қарор доштанд. То охирҳои асри IV – аввали асри V артиши варварӣ шумораи ниҳоят калонро ташкил медиҳад. Варварҳо қувваи асосии натанҳо қӯшун, балки гурди наздидарбори (palatini)-ро ташкил мекард, ки ҳифзи қаср ва императорро баҷо меовард. Ввае дар Византия ҷузъу томҳои зиёди аҳолии маҳаллӣ, асосан аз ҷумлаи иллирийҳо ва исаврҳо мавҷудияти худро давом медоданд, ки ин қӯшунро боэътимодтар ва ба ҳукумат гапдаротар мекард.

Аскари пиёдаи яроқвазнин. Ки пеш аз ҳама асоси қӯшуни Римро ташкил мекард бо мурури замон аҳамияти худро аз даст медод. Дастаҳои аскари саволра аз аскарони пиёданизом ҷудо карда шуда буданд: ин аскаронро аз легионҳо бароварда, ба воҳиди мустақили низомӣ табдил доданд, ки он дере нагузашта ба қувваи асосии қӯшун табдил меёбад. Қисми бештари ҷузъу томҳои пиёданизомро аскарони тезҳаракати силоҳсабук ташкил мекарданд. Дар асрҳои IV – V дар ҷузъу томҳои пиёданизоммахсусан мақоми камонварон меафзояд. Шумораи ҷановарон дар легионҳо то 1 – 2 ҳазор нафар кам мешавад, дар қисмҳои савора бошад – то 300 – 500 савора, ки дар зери фармондеҳии префект ва трибунҳо қарор доштанд.

Ташкили қӯшун бо нишонаҳои асосии худ ҳамон тавре бюоқӣ мондан гирифт, ки дар замони Диоклетиан ва Константин буд. Он ба ҷузъу томҳои сарҳадӣ тақсим шуда буд, ки дар вилоятҳои мустақар буданд, ва артиши серҳаракати амалкунанда. Шумораи умумии қӯшун дар оғози асри V аз 550 ҳазор нафар иборат буд.

Тамоми қаламрави Византия ба 13 округи наздисарҳадӣ тақсим карда шуда, сардорб ба онҳо ба зимаи duces гузошта шуда буд, ки намояндагони олии ҳокимияти ҳарбӣ дар ин округҳо буданд. Фармондеҳии олии қӯшун дар дасти панҷ magistri militum буд. Ду нафари онҳосарфармондеҳои қӯшуни амалкунанда буданд: як нафараш фармондеҳи артиши пиёданизом (peditum), дигараш фармондеҳи артиши саворагон (equitum) буда, ҳарду дар Константинопол буданд. Се магистри боқимондаба лашкарҳон фармондеҳӣ мекарданд, ки дар се округи ҳарбӣ – Шарқ, Иллирика ва Фракия мустақар буданд.

Ғайр аз ин, дар баробари магистрҳо 2 кумита rei militaris буданд, як як нафари онҳо сарвари ҷузъу томҳое буд, ки дар Ҷануби Миср мустақар буданд, дигараш – дар испания. Оммаи асосии қӯшунҳои сарҳадӣ дар Дунай ва Фурот ҷойги р буданд.

Дар ҳолати хурд – хурд тақсим будани артиш дар онҳо хатари суиистеъмолкуниро паст мекард, гарчанде,ки на ҳама вақт дар пешбурди амалиётҳи ҳарбӣ таъсири мусбат мерасонид.Таъминоти моддӣ ва мусаллаҳкунии қӯшун на дар дасти маъмурияти ҳарбӣ, балки дар дасти маъмурияти шаҳрвандӣ қарор дошт. Аз асри V дар қӯшунҳои Византия дружинаҳои шахсии лашкаркашон нақши муайянро иҷро мекардагӣ мешаванд. Императорон, ғайр аз гурди онҳо, дастаҳои хусусӣ – савора ва пиёданизом низ доштанд. Заминдорони калон ва амалдорон низ дастаҳои аскарон ва пулисҳои худро доштанд. Вале ҳукумат чунин ҷузъу томҳоро манъ мекард.Вале бо сабаби он, ки дар қӯшун шумораи кироя афзун меёфт. Азбасти дар артиш шумораи кироягон афзоиш ёфт, барои истифода бомуваффақонаи чунин оммаи гуногунтабор ва беинтизом, ба лашкаркашон лозим буд, ки дружинаҳои шахсӣ дошта бошанд. Ин ҷузъу томҳои шахсӣ қисмати аз ҳама боэътимоди қӯшунол ташкил мекарданд.

Дар асрҳои IV – V флоти ҳарбии Византия ба сифати нерӯи мустақили вуҷуд надошт. Аз замоне, ки баҳри Миёназамин ба “кули Рим” табдил меёбад ва роҳзанони баҳрӣ (пиратҳо) барҳам дода шуданд, зарурат ба ягон хел флоти калон аз байн меравад. Дар сурати зарурӣ киштиҳои навикулярҳо мусаллаҳ ва истифода бурда мешуданд. Вале таъсисёбии давлатҳои варварӣ ва баъдтар, аллакай дар асри VI тохтутозҳои баҳрии славянҳо, аз тарафи арабҳо забт карда шудани музофотҳои ғарбӣ. Ҳукумати Византияро водор намуд, ки флоти доимии ҳарбиро ташкил диҳад.

Аскару афсарҳои қӯшуни Византия ба таъминоти давлатӣ фаро гирифта шуда буданд. Лекин маоши ҳарбиён хеле паст буд, бисёр вақт ҳукумат пардохти онро саривақт иҷро2 намекард, ки ин дар қӯшун яке аз сабабҳои асосии норозигӣ, ошӯб ва исёнҳо мегардид. Гуногунтаборӣ ва бисёрзабонии қӯшун, ки бо мухолифатҳои этникӣ заиф, қӯшуни беинтизом, идорааш дар майдони ҷангмушкил ва дар натиҷаи хиёнати доимии иттифоқчиёни варварӣ хеле беэътимод гардида буд.

Сарфи назар аз ин камбудиҳо, ташкили бонизоми ҳарбӣ, ҳайати фармондеҳии сершумор (махсусан дар зинаи поён) аслиҳаи ба таври олӣ такмилёфта, аз он ҷумла мошинҳои гуногуни муҳосиракунӣ ва тирпарронӣ, дурнамо ва усули амалии (стратегия ва тактикӣ) ҳаматарафа коркардшуда ба артиш қобилияти ҷангии басандаро таъмин менамуд.

СИЁСАТИ ДАВЛАТИИ АНДОЗБАНДӢ ДАР ВИЗАНТИЯ

Тамъминоти дастгоҳи бузурги амалдорон ва артиши бузургтарин дар асоси низоми андозбандии давлатии мумтозона ба амал бароварда мешуд. Андози асось аз замин хироы – аннона (annona militaris et civilis) буд, ки ҳар сол аз тамоми аҳолии империя рӯёнида мешуд. Асоси ин андозбандиро воҳиди махсуси фиксалӣ (igum) мекард, ки дар мавриди муайян кардани он ҳам ҳаҷми масоҳат (инчунин сифат ва зироат), ҳам шумораи кормандонбаҳисобгирифтамешуд.

Дар Византия чун дар Империяи Рими Бевақта, андозбандии мураккаб вуҷуд дошт, ки он з маҷмӯи (комбинатсияи) аз андози сарикасӣ ва аз замин (iugato – capitatio) иборат буд. Баъди ҳар 5 сол барӯйхатгирии умумии ҳамаи аҳолӣ ва амвол гузаронида мешуд, баъди ҳар 15 сол бошад (ин низом аз соли 312 сар карда амал мекард), – азнавбинии куллии андозбандӣ(indictio). Барои 15 соли наздиктарин кадастри нав (census) артиб дода мешуд. Андоз аз замин, чун қоида, ба таври аслӣ (озуқа, чорво) ҳар сол дар се мӯҳлат (1 сентябр, 1 январ, 1 май) ҷамъоварӣ карда мешуд. Воридоти андозӣ дар амборҳои давлатӣ (publica) ғун карда мешуд. Дар асри V андоз бештар дар шакли пулӣ ғун карда мешуд.

Дар асри V барои ҳамаи кишоварзон иловаи вазнин ба андози замин “тахминкунӣ” (эpibolэ) а шумор мерафт, ки онҳои давлатӣ дахл дошт: ҳамдеҳотиён вазифадор буданд, ки оид ба қитъаҳои замини бекорхобида ва холии дар ҳамсоягибуда низ андоз пардохт намоянд.

Пардохти асосии пулие, ки ба аолии озоди ғайрикишоварзии империя бор карда шуда буд, хрисаргир ном дошт. Он аз ҳамаи шахсоне рӯёнида мешуд, ки ба ҳар касбу кор машҳғул буданд, ғайр аз кишоварзӣ. Хрисагир дар 4 – 5 сол як маротиба пардохта мешуд.. Ғайр аз хрисаргир пардохтҳои гуногуни тиҷоратӣ вуҷуд доштанд.

Дар баробари ин андозҳои асосӣ пардохтҳои табақавӣ низ вуҷуд доштанд. Андозҳои ғайримуқаррарӣ ва фавқулодда низ вуҷуд доштанд.

Ғайр аз андозҳо ба византиягиҳо ҳар гуна ӯҳдадориҳои амволӣ ва шахсӣ бор карда шуда буданд.Дар маҷмӯъҳамаиин андозҳо ва пардохту ӯҳдадориҳо барои аксарияти аҳолии империя бори ниҳоят гарон буданд.

Қисме аз маблағҳои пулии аз андозҳои асосӣ ғуншуда ба хазинаи давлатӣ ворид мегардид. Пардохтҳо аз савдои дохилӣ ва хориҷӣ ба хазинаи император ирсол мешуданд; ин маблағҳо дар ихтиёри шахсии император қарор доштанд.

Мавҷуд будани ҳаҷми бузурги маҳсулоте, ки дар шакли андози аслӣ, инчунин маблағҳои калони пулӣ ворид мегардиданд, ба Византия имконият фароҳам меоварданд, ки захираҳои моддии басанда дошта бошад.

Даромадҳо аз амволии шахсии худ ва пардохтҳо ҷамъкардаро дар дасти худ гирд оварда, мақоми давлатӣ (пардохт барои мансабҳои ҳарбию амалдорӣ ва дарборӣ) табиист,ки доираи болоии ҳукмрон дар атрофи ҳокимияти императорӣ муттаҳид мешуд. Ин табақаи хеле васеи истисморгар (заминдорони калон-сенаторҳо амалдорони ҳарбӣ, клир) аз имтиёзҳои андоз ва пардохтҳои калон истифода мебурданд, вале оммаи халқ бошад, дар зери бори гарони андозу пардохтҳо ва ӯҳдадориҳои дигари дар асрҳои IV – V беист боломерафтагӣ аҳволи табоҳ доштанд. Бино ба шаҳодати Фемистия , дар 40 соли пеш аз фароррасии ҳукмронии Валента, андозҳо ду баробар афзудаанд. Фемистий ин императорро барои он таърифу тавсиф мекунад, ки дар замони ӯ андозҳо зиёд карда нашуданд. Лекин ин муаллиф онро фаромӯш карда будааст, ки Валент ба ҷои зиёд кардани андозҳо ба роҳи дигар ворид мешавад – бераҳмона рӯёнидани қарзҳо аз андоз ва пардохтҳое, ки ҳагнӯз аз охирҳои асри III ҷамъ шуда буданд. Аз нимаи дуюми асри IV сар карда пардохтҳои фавқуулодда ва ғайримуқаррарӣ бо тези меафзуданд. Зиндонҳо ҳамеша аз қарзлрони андоз пур буданд. Мувофиқи қонун баъзан андозу пардохтҳо ба воситаи нерӯи ҳарбӣ рӯёнида мешуданд.

Бори андозҳо боз барои он вазнинтар шуд, ки дар Византия сӯиистеъмолкунии амалдорон ва андозғундорон барои он нашъунамо ёфт, ки ба ин ҳам дастгоҳи ҳаматарафа худкомаи амалдорон ва беҳуқуқии аҳолӣ ва ҳам дар асри V беш аз пеш афзоишёбии ба ҳукми анъана даромадани фурӯши мансабҳо мусоидат кард. Ба ин зуҳурот вазъияти амалдори оддӣшароит муҳаё сохт: амалдорони олӣ, миёна ва дарборӣ маошҳои хеле бузург доштанд, оммаи бузурги намояндагони бюрократии зинаи поёнӣ музди хеле ночиз мегирифтанд ва бештар аз ҳисоби “иловагиҳо” аз аҳолӣ рӯёнидашуда руз мегузарониданд. Чунин тартибот дар қӯшун низ вуҷуд дошт, ки дар он ҷо дар баробари моҳонаи ниҳояд баланди қумандонҳо, ба аскарон музди ночизе медоданд, қисми зиёд ин маоши сарбозонро ҳам қумандонҳо аз худ мекарданд. Маоши ночиз, ки мунтазам пардохта намешуд, дуздигарии қумандонҳо – ин ҳама аскаронро маҷбур месохтанд, ки мавҷудияти худро асосан ба воситаи ғораткунии аҳолӣ таъмин намоянд.

test

Добавить комментарий