Вазъи дохили ва хоричии давлати Византия дар асри IV

ТАҚСИМОТ БА ДУ ДАВЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИЯТИ ВИЗАНТИЯ. ҲУКМРОНИИ КОНСТАНТИН

Ғуломдории мурдаистода ҳанӯз имкон дошт рушди муносибатҳои нави ҷамъиятиро боздорад. Ин нишондод дар дарки моҳияти дохилии сиёсати империяи Рим дар асрҳои IV – VI муайянкунанда мебошад. Синфи ҳукмрон дар шароити рӯ ба таназзул ниҳодани шаклҳои қаблии ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ҳам аз ҳуқуқҳои амволии худ ҳеҷ гоҳ даст кашиданӣ набуд. Он кушиш ба харҷ медод, ки унсурҳои нави муносибатҳои ҷамъиятиро,ки дар ҷанини сохти ғуломдорӣ рушд меёфтанд ба низоми ҳуқуқҳои амалкунанда ворид сохта, монеаҳои иҷтимоии ҷомеаи ғуломдориро нигоҳ дорад.

Кушиши рушди босуботе, ки ба он Диоклетиан (284 – 305) даст зада буд бебарор баромад: танҳо ислоҳотҳои ҳарбию маъмурӣ барои таҳкими тартиботи умрашон ба охиррасида кифоя набуд.

Дар вазъияти қатъ нагардидани рақобати байниҳамдигарии дастаҳои амалдори ҳарбӣ ошубҳои халқӣ бо қувваи нав идома меёфтанд. Даср соли 314 Литсиний (308 – 324) ва Констӣантин (306 – 337) империяи римро дар байни худ тақсим карданд6 ба Константин қисмати ғарбӣ, инчунин Юнон, Эпир, Мезияи Болоӣ,Македония, яъне қисми зиёди нимҷазираи Балкан мерасад. Вале аз 18 сентябри соли 324 дар империяи Рим яккаҳокимиятии Константин ҳукмрон мегардад.

Ин вақт Константин ҳамагӣ 40-сола буд. Забони модарии Константин лотинӣ буд. Нисбати гузаштаи Рим эҳтиром дошта бошад ҳам, агар барои татбиқи ғояҳои худ – муқаррар кардани ягонагии ҳокимият ва мустаҳкам кардани тартибот, ки тобеъгардонии пурраи иқтисодӣ, сиёсӣ ва иделологӣ ифода ёфта буданд ифода ёфта буд, зарур бошад, аз шикастани анъанаҳои он рӯй наметофт. Император дар қабули тасмимҳои худ эҳтиёткорӣ карда, ба воситаҳои аёрона даст заданро нағз медид, метавонист бо ҳамин роҳ арбобони самту ақидаҳои гуногунро ба тарафи худ кашад. Ба мушкилиҳои ғайричашмдошт вохурда. Баъзан ӯ ба қаҳру ғазаб меомад – дар ин сурат золимии ӯ ҳадду канор надошт. Дар бораи Дар бораи ҳиллаю найранги Литсиний огаҳӣ ёфта, ӯ аҳду паймон ва савганди худро фаромӯш карда, мефармояд. Ки ӯ қатл карда шавад. Аз рӯи гумонбарӣ бо ҳамсари ҷавонаш Константин писари худ – Криспро қатл мекунад ва фармуд, ки ҳамсарашро буғи кунанд Константин ба таълимоти масеҳӣ сидқан боварӣ дошт, вале ҳиссиёти динии худро ба сиёсат тобеъ менамояд. Константин ғуслди таъмидро масеҳшавиашро чанде пеш аз маргаш қабул менамояд ва дар тули тамоми умр аз ҳуқуқи сарварӣ ба эътиқодҳои бутпарастӣ даст накашида буд.

Тамоми фаъолияти дохилии ҳукумати Константин ва меросхури ӯ дар шарқ – Константсия (337 – 361) ба он равон карда шуда буд, ки муносибатҳои ҷамъиятиро дар ҳолати устувории бардавом нигоҳ дорад, зеро дар асрҳои III – IV он бо ёрии диктатураи ниҳоят золим шикаста буд. Вале барои самаранокӣ ва устувории ҳокимият мустаҳкамкунии марказонии сиёсӣ, бюрократикунонии пайвастаи дастгоҳи давлат ва ворид намудани якрангии идеологӣ тақозо карда мешуд. Иҷрои ин вазифа бе ҷалби ҳамаи захираҳои моддии империя имконнопазир буд.

Мустаҳкамӣ ва самаранокии марказиятнок гардонидани мимперия табақаи бонуфузи ашрофон таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд, зеро марказонидан, пеш аз ҳама, ба ин табақаҳам фоидаи моддӣ ва ҳам сиёсӣ оварда метавонист. Инро ба ҳисоб гирифта, Константин ва баъд меросхурони наздиктарини ӯ сиёсати унсурҳои сарватманди ашрофонро дар атрофи пойтахти нав – Константинопол пеш мегиранд. Бо ҳамин Шарқи аз ҷиҳати иқтисодӣ рушдёфта ба маркази асосии ҳукумати императорӣ табдил меёбад.

Марказонидан ва бюрократигардонии империяро гузаронида, ин императорон кушиш ба харҷ медиҳанд, ки амали ҳуқуқи маҳаллӣ ва анъанаҳоро аз шаҳрҳои Шарқ фишор дода бароранд. Ҳуқуқи Рим дар худ сиёсати зулми иҷтимоиро ифода намуда ва бар зидди баромадҳои халқӣ акси худро ёфта буд. Онҳо тавассути террори мудҳишҳтарин пахш карда мешуданд.

Константин ва Константсий муттасил ҳуқуқи Римро ворид мекарданд. Ҳокимият дар маҳалҳо аз дасти ашрофони шаҳрӣ гирифта шуда ва ба дафтари идора (канселярия) дода мешуд. Вазифаи курияи шаҳриро аз фармонфармоӣ ба иҷроия гардонида, вазифаи онро бо ҷамъоварии андоз ва иҷрои ӯҳдадориҳо маҳдуқд гардониданд.

МУБОРИЗАИ ИҶТИМОИЮ СИЁСӢ ДАР ВИЗАНТИЯ ДАР ЗАМИНАИ МАЗҲАБҲОИ ДИНӢ

Дар империя вазъияти тезутунде ҳукмрон гардид, ки дар он ҳар замон ҳар кадом баромади халк,сарфи назар аз сабаби рухдиҳии он, барои синфи ҳукмрон хатарнок буд. Иқтидори ҳокмияти императолрӣ имкон намедод, ки ҳаракатҳои халқӣ ба шӯришҳои пурзӯр сабзида расанд; танҳо фишори варварҳо, вазъи дохилии мамлакатро тезутунд карда, қувваҳои қаҳру ғазабро мекушоданд, вале ин зуҳурот натанҳо дар натиҷаи раҳму шафқат ба варварҳо, балки бадбинии ҳукумат ба амал меомаданд. Ҳар кадом тохтутози варварҳо захираҳои молиявии давлатро пуршиддат мегардониданд, ки ба пастзании он зури халқ намерасид. Баъзан чунин ҳам рух медод, ки кишоварзон бо варварҳо буданро аз дар зери ҳокимияти мансабдорон буданро афзалтар медонистанд.

Эътирози иҷтимоию сиёсӣ, чун қоида, ёдар шакли ошӯбҳои моҳияти динидошта, ё дар ҳаракатҳои ҷудоихоҳӣ ва баъзан дар шакли хиёнати мустақим ба давлат (гузаштан ба тарафи варварҳо, форсҳо) ифода меёфт.Дар деҳот ошӯбҳо асосан бар зидди андозбандӣ равона гардида буданд. Баъзан аз хазина қарздорбудагон ғоратгар ва роҳзан (пират) мешуданд; амалҳои онҳо барои ҳамаи тартиботи ғуломдорӣ хатар ба бор меовард. Ҳукуаат онҳоро бераҳмона пахш мекард; ғоратгарон ва ҷамоаи онҳо – бо ҳамроҳии зану кӯдаконашон несту нобуд карда мешуданд.

Дар асри IV муборизаи иҷтимоии шакли нисбатан тезутунд муборизаи динӣ буд. Ҳамаи зуҳурони зидди сохти мавҷуда, ҳамаи ҷустучӯҳои баромадан аз ҳолатҳои вазнин онҳо хоҳ иртиҷоӣ бошанд ва ё пешқадам, ҳам воқеӣ бошад, ё утопиявӣ, ба худ мазмуни динӣ мегирифт. Дар навоҳии гуногуни империяи Рим ҷамъятҳои гуногуни амал мекарданд, ки моҳиятан дар амал бештар иттиҳодияҳои душманони ҳукмронии Рим буданд. Дар чунин шароит танҳо дин метавонист барои эътиқодмандон таълимоти ҳатмиро муқаррар намояд. Шаклгирии чунин дин барои паст кардани таркишҳои иҷтимоӣ дар давраи ҷомеаи ғуломдорӣ зарур буд. Барои ба тартибу интизом устуворӣ бахшидан. Ки он ба моликияти хусусӣ асос ёфтааст ягонагии ҷаҳонбинӣ ҳамон тавре муҳим буд, ки ягонагии меъёрҳои ҳуқуқи шаҳрвандӣ. Таҳкими сохти истисморгарӣ бе ҳукмрон гардидани ғояҳои синфи ҳукмрон имконнопазир аст.

Табиист,ки ар сиёсати Константин ва ҷойгирони ӯ масъалаи динӣ нисбатан ашвишовартар гардид ва он ҳалли таъхирнопазирро тақозо мекард. Калисо бояд худаш ва бо дастгирии ҳукумат пеши роҳи ҳамаи зуҳуроти барои синфи ҳукмрон хатарноки кайфияти оммаи халқро мегирифт.

Ба ёрии бутпарастӣ назорат кардан ба ҷаҳонбинӣ имконнопазир буд: бутпарастӣ таълимоти устувор, қоидаҳо ва китобҳои муқаддас надошт, ба он бур зидди мулҳидон шинос набуд. Он ба сифати дини ҷаҳонӣ ба кор намерафт. Калисои масеҳӣ, баракс, аллакай то ин вақт таҷрибаи якасраи мубориза барои “тозагии” эътиқод, таҷрибаи фанатикии таъқиботи эътиқодмандони дигарро дар пайравони худро дошт. Масеҳият унсурҳои синкрети (якҷоя кардани назария ва фикрҳои бо ҳам зид)-и эъхтиқодҳои кӯҳнаи маҳаллиро хеле осон қабул карда, ба ҷаҳонбинии ягонаи нав дохил менамуд. Вале то замони таъсиси давлати барвақтаи Византия коркарди аҳкоми дини масеҳӣ (дозматизми динӣ) ҳанӯз ба охир расонида нашуда буд.

Тамоми стантин ва ҷойгирони ӯро дар асри IV мубоҳисаҳои худошиносӣ, ки бо “мулҳидии” ариявӣ алоқаманд буданд, пурра кардаанд. Ариячигӣ дар Искандария, дар шароити мураккаби мухолифатҳои дохилии маркази калонтарини истеҳмолоти бозории дунёи қадим тавлид ёфтааст. Иқтидори иқтисодии Искандария ба аҳолии аз дидгоҳи сиёсӣ барканормонда тамоман монандӣ надошт. Шаҳриёни Искандария.ҳамчун олоти ба дастории мухторият дар роҳбарӣ ба корҳои маҳаллӣ, хоҳиши истифодв аз калисои масеҳиро доштанд.

Нақши калонро дар ташаккули самтҳои калисо муборизаи иҷтимоӣ дар шаҳр ҳам бозӣ мекард. Аҳолии заҳматкаши он дар зери зулми ашрофони худӣ монда буданд. Дар оғози асри IV доираҳои демократии Искандария бар зидди ашрофон бармехезанд, ва маҳз ин ҳаракат ба ҷои аввал мебарояд. Арий – пресвитер аз ҷамоаҳои динии демократӣ бар зидди архиепископи Искандария мебарояд, ки ӯро қисмати болоии бои Искандария интихоб карда буд; Арий ҷидду ҷаҳд ба он мекард, Ivр халқ дастгирӣ ёбад.. Сурудҳои (гимнҳои) навиштаи ӯ ба баҳрнавардон, боркашҳо ва косибон нигаронида шуда буданд. Дар вазъгӯиҳои худ Арий аҳкоми дин калисои Искандарияҳамла кардан мегирад. Ӯ епископ Александрро ба мулҳидӣ гунаҳгор кард. Александр, дар навбати худ, бо мулҳидӣ Павели Самосатро гунаҳгор кард. Ҳам Арий ва ҳам рақибони ӯ – Александ ва Афанасий илоҳишиносони донишманд буданд ва дар асоси фалсафӣ баҳс мекарданд.Арий аз мавқеи мактаби антиохия баромад мекард, ки он аз ҷиҳати ирсӣ бо Павел Самосат алоқаманд буд; рақибони ӯ дар мавқеи мактаби Искандария истода буданд. Ҳам арийчиён ва ҳам пайравони таълимоти динии расмӣ – православие – ҳамдигарро дар баёни ғайримантиқӣ гунаҳгор мекарданд: барои баҳси онҳо муроҷиат ба хирад хос буд.

Вазифае, ки дар назди Константин меистод, дар он ифода ёфта буд, ки ба калисои ҳукмрон дар коркарди асосҳои барои тафаккури илоҳишиносӣ барои табақаҳои ҳукмрон қобили қабул мусоидат карда шавад. Ӯ аз он нигаронӣ дошт, ки дар калисо ягонагӣ вуҷуд надорад. Калисо императорро ҳарчӣ зиёдтар бовар мекунонид, ки дар кашмакашиҳои иерархҳо оммаҳои васеи аҳолӣ ширкат варзидаанд.

Мувофиқи ташаббуси Константин 20 маи соли 325 дар Никея анҷумани (собори) ҷаҳонӣ даъват карда шуд. Он бодабдабаю намоишкорона гузашт. Сарфи назар аз он, ки худи император Константин ҳанӯз аз ғуслди таъмиди масеҳӣ нагузашта бошад ҳам, нақши роҳбариро дар анҷуман (собор) иҷро намуд. Баъди баъзе калавишҳо Константин мавқеи душманонаи зидди Арийро мегирад: шояд ӯро пайдоиши демократии ариячигӣ нафорида бошад. Ариячигӣ маҳкум карда мешавад. Анҷумани (собори) Никей асоси “рамзи эътиқорд”-ро коркард намуд. Масеҳият ба пайравонаш дар замонҳои оянда ба он расмиёте омадааст, ки ба ин маънӣ онро анҷумани (собори) Никей қабул кардааст: ин анҷуман мақоми дини масеҳиро ба дини давлатӣ мувофиқ намуд. Ҳукумати Константин корҳои диниро ба дасти худ мегирад. Арий бадарға карда мешавад. Рисолаҳои ба сӯзонидан маҳкум карда мешаванд Аз ҳамин вақт сар карда, дар ҳамаи корҳои худошиносӣ дар Византия ҷинояти давлатӣ ҳисобида мешуд. Иттифоқ дар байни калисо ва давлат ҳамин тавр баста мешавад. Епископҳо амалдорони империя ва император сархудошинос шуданд. Давлат иттифоқчии пурзуреро оид ба таъсиррасонӣ ба оммаҳои халқро пайдо менамояд.

Маълумот дар бораи таъқиботи арияҳо, ки дар ёдгориҳои қонунгузор боқӣ мондаанд, он муборизае, ки дар аҳди Константин дар атрофи таълимоти Арий бурда мешуд, инъикос наменамояд. Дастаи пурзӯри дарбориён аз он имтиёзҳое, ки.епископҳо гирифта буданд, ба ғазаб омада буд. Баъди бадарға карда шудани Арий, аз болои клири худкомаи Миср норозигӣ ба миён омад. Император тасмим гирифт, ки аз нав соборро даъват намояд, вале гурӯҳи епископҳои православӣ дар душман будан ба Арий қатъӣ будани худроо баён сохтанд, ва Константин, ба сулҳи калисоӣ муваффақ шуда, аз ин ниҳоят норозӣ буд. Ӯ беш аз пеш боварӣ ҳосил мекард, ки барои автократия нисбат епископҳои православӣ, ки ба худидоракунии шаҳрӣ алоқаманд буданд, епископҳои арийгиҳо бештар қобили қабуланд.

Ин вақт дар мисрдигаргуниҳои ҷиддӣ ба амал омаданд. Маъди вафоти Александр соли 328 Афанасий архиепископи Искандария мешавад, ки ӯ авомфиреби моҳир хушгуфтор ва дар баҳсу мунозираҳо абулвоҳимаи моҳир буд. Ӯ дар мубориза бар зидди рақибони худ аз истифодаи гон роҳу воситаҳо истифода мебурд. Ҳамеша дар бадарғагӣ дар байни хавфу хатар зиндагӣ карда, дар айни замон ӯ нерӯи бузург доштани худро нишон дод. Маҳз ба константин лозим омад, ки ба ҳамин одам сару кор дошта бошад.

Аз соли 332 сар карда, Миср ба пойтахт гандум медаровард ва дар ҳаҷмниҳоят бузург. Дар Искандария қаҳру ғазаби бар зидди ашрофони худӣ бо ошӯбҳои Константинопол, ки мамлакатро ғорат мекард, иваз мешавад. Епископ Афанасий низ дар мавқеи оппозитсия қарор мегирад. Император дар ҳолати қаҳру ғазаб ӯро бадарға ва Арийро сафед мекунад, вале ӯ дере нагузашта вафот мекунад. Баъди ин воқеаҳо Константин ошкоро ба тарафи епископҳои арийчӣ мегузарад, ки онҳоро “ба қонун итоаткортар“ дарёфта буд. Константин пеш аз маргаш ғуслди таъмид (крешение)-ро аз аз епископи арианӣ қабул мекунад. Арийанчигӣ ҳамин тариқ рааман эътироф шуда, православие бошад ба ҷарайни оппозитсионӣ табдил меёбад. Он дар Миср самтнокии ҷудоихоҳиро пайдо менамояд, епископҳои арийчиён таъинкардаҳои император мегарданд, ки онҳо аз худ кардани боигариҳои шаҳрро оғоз мекунанд. Лекин таъсири арийчигӣ бо тезӣ таназзул меёбад. Обрӯ ва эътибори Афанасий, баракс, баланд мешавад: ӯ доимо аз тарафи ҳокимияти мавҷуда таъқиб карда мешуд дар баробари ин обрӯи православия афзудан мегирад.

22 майи соли337 император Константин вафот карда, аз худ се писар боқӣ мегузорад. Империяи Рим дар байни онҳо тақсим карда мешавад. Шарқро Констансий идора мекунад, Галлияро – Константини II Хурдӣ (337 – 340), Италияро – Констант (337 – 350).

Констансий дар Константинопол хунрезии бемислу монандро ташкил намуда, ҳамаи бародарон ва ҷонибдорони Константинро ба қатл мерасонад. Дар байни писарони ӯ барои ҳокимият дар империя муборизаи дуру дароз оғоз меёбад. Ин мубориза ба худ моҳияти динӣ мегирад. Констант эътиқоди никеиро дастгирӣ мекард. Баъд аз марги Константини II иқтидори ҳокимияти Констант меафзояд, аз ин рӯ. ба Констансия лозим меояд, ки таъқиботи никеиҳоро суст кунад.

Констансий як намуд императори бюрократро мемонд. Дар амалҳои худ ӯ хеле эҳтиёткор буд. Дар дарбор дар амал препозит – хоҷасчаро Евсевий ҳукмронӣ мекард. Ҳамаи шахсони амалдор ба зери назорати сахт гирифта шуда буданд. Режими хабарбарии пинҳонӣ нашъу намо ёфта буд. Зиндагии бо каруфар, хазинадуздӣ ва порахурӣ дарбор ба ҳадди охирини худ расида буд

Баъди н, ки дар оғози соли 350 Констант аз тарафи ғосиб Магнентси (350 – 353) ба қатл расонида мешавад, низоъҳо дар байни Шарқ ва Ғарб ба ҷанги ошкоро мубаддал мегарданд. Усулҳои муборизаи ҳарду давлат ба вазъи аҳолии онҳо таъсири манфӣ расониданд: ба қаламрави рақиб варварҳоро ба ҷанг иғво меандохтанд. Аз император ёрӣ гирифта, варварҳо мислаш диданошуда ғорат мекарданд.: даҳҳо ҳазор одамонро ба асорат мегирифтанд,шаҳрҳо оташ зада мешуданд. Дар ҷангҳои хунини байни Констансий ва Магнентсий қисми зиёди қӯушунҳои беҳтарини Рим талаф ёфтанд.

Дар замони ҳукмронии Констансий масъалаи аз ҳама масъалаи тезу тундтарин калисо ба шумор мерафтИмператор чунин мешуморид, ки роҳбарӣ бар калисоро дар ҳамон вақте муқаррар кардан мумкин аст, ки агар он аримянӣ шавад.Вале бо сабаби он, ки дар аҳкоми дин ифода ёфта буд, ҳамаи кушишҳои Констансий баҳри ҳалли масъалаи динӣ бебарор мебаромаданд. Оғбҳои аз ҳама пурғавғо дар шаҳрҳо ба амал омаданд Куриалҳо бо мақсадҳои сиёсӣ анъанаҳои бутпарастиро дастгирӣ дастгирӣ мекарданд. Дар атрофи епископҳои никеӣ косибон ва савдогарони бойшуда, соҳибони манзилҳо ва судхурон муттаҳид шуда буданд. Ин нерӯҳо кушиш мекарданд, ки бо ёрии епископҳо худидоракунии шаҳрро ба даст дароранд.Арийчиён ва баъзе намояндагони ашрофони музофотӣ, ки ба муқобили таъсири аъёну ашрофи шаҳрӣ баромад мекарданд, ба тарафи амалдорони олимақом мегузаранд. Вале базаи асосии иҷтимоии арийчигӣ хизматгорҳои косибии поёнии шаҳр, соҳибони камбағали қитъаҳои замини наздишаҳрӣ, одамоне, ки истисмори табақаи болоии бойи шаҳрро аз сар гузаронида, ташкил менамуданд. Ҳамин тариқ. арийчиён дар байни аҳолии шаҳрии шарқ кам набуданд.

Констансий епископҳои православиро аз Константинопол ва Искандария пеш кард. Дар Искандария епископи арийяӣ тавассути нерӯи ҳарбӣ шинонида шуд. Афанасий бошад, соли 341 аз калисо маҳрум карда шуд. Дар Рим маҳрумкунии ӯро ғайриқонунӣ ҳисобиданд. Дар соли 342 дар мавриди интихоби епископ дар Константинопол кор ба бархурдҳои хунин табдил ёфт қӯ\шунҳои ҳукуматӣ номзади арийчиҳоро дастгирӣ кард. Сокинони пойтахт ҳангоми бархурдҳои кӯчагӣ биноҳоро оташ мезаданд. Дар натиҷаи ин фармондеҳи ҳарбӣ Гермоген кушта мешавад. Констансий никеиҳоро пахш карда, константинополиҳоро бо ду баробар кам кардани таъмин аз нон ҷазо медиҳад. Калисочиёни тамоили православӣ даст ба усулҳои авомфиребона зада, амалҳои золимонаро фош карда, бо ҳамин дар байни оммаи васеъ обрӯи худро баланд карданд.

Констансий ба зинаҳои (иерархияҳои) православӣ нерӯи муташаккили арийчиҳоро муқобил гузошта натавонист, чунки онҳо на аз ҷиҳати иҷтимоӣ ва на аз ҷиҳати аҳкоми дин ягона набуданд. Дар соли 353 Констансий ҳокимиятро дар дар тамоми империя қабул кардаба таъқиботи муттасили никеиҳо шурӯъ намуд. Сисати пуштибонии Констансий дар Миср қаҳру ҷанги ҳақиқии шаҳрвандиро ба вуҷуд овард, ки дар он ҷо халқи меҳнаткаши оддӣ аз истисмори золимона азият мекашид. Афанасий бар зидди ҳукумат баромад мекард.. Констансий маҷбур шуд, ки ҳамаи гегионҳои маҳаллиро ба кор барад: қӯшунҳои император ба Искандария ҳамчун ба шаҳри душман медароянд. 9 феврали соли 356 Афанасий аз нав ба бадарғагӣ фиристонида мешавад. Констансий хост, ки иродаи худро пурра ба калисо бор кунад, лекин ба ӯ на православиҳо – никеиҳо ва на арийчиён итоат накарданд. Якчанд анҷуман (собор) ба “аниқкунии” таълимоти Ария машғул мешавад. Ва, ниҳоят, анҷумани (собори) арийчиён дар Римини консепсияи илоҳишиносиро таҳия намуд, ки он баъдтар тавбакунии эътиқодии (исповедь) расмии калисои ариягӣ мегардад.

Ҳукумати Констансий ҷидду ҷаҳд ба он мекард, ки пешвоёни дружинаҳои варварҳоро, ки дар хизмати император буданд ва дар шаҳрҳо супоришщои моҳияти маҳвкунидоштаро иҷро мекарданд, ба тарафи худ ҷалб намояд. Агар арийанчигӣ ҳамчун дини расмӣ пайваста такягооҳи худро дар байни оммаи халқ аз даст медода бошад, пас ҳамин тариқ он дар байни кирояҳои германӣ пайравони зиёдро пайдо менамуд.

Нисбати бутпарастон сиёсати Констансий ва ҷойгирони ӯ пайваста душманона буд. Мусодираи заминҳои бодатхонаҳои бутпарастон бо аз тарафи кишоварзони озод ишғол намудани қитъаҳои замини ибодатхонаҳое, ки онҳо дар инҳо кор мекарданд, сурат мегирифт. Вале ба ҳукумат зарур меомад, ки оппозитсияи бутпарастиро ба эътибор гирад. Деҳқонон – ҷамоачиёни ибодатхонаҳо ва ашрофони маҳаллии шаҳр ба тадбирҳои ҳукуматӣ муқовимат мекарданд.

Ба оппозитсияи бутпарастӣ зиёиёни шаҳрҳои калон низ пайваста буданд. ғалабаи масеҳият, табдилдиҳии он ба идеологияи маҷбуркунӣ барои илм ва санъати антиқии поёнӣ фоҷеаи ҳақиқӣ мубаддал мешавад. Ҳамин аст сабаби опппозитсионӣ будани зиёиёни он замон.

Нисбати тадбирҳои Констансия маркази оппозитсия Италия буд, ҷое ки сенати ашрофони Рим, ки ба ҳолати тобеияти Рим ба империя оштинопазир буд, ба бутпарастон садоқати махсус зоҳир менамуд. Охир роҳи зидди бутпарастиро пешгирифтаи Констансий ба ҷидду ҷаҳд баҳри муқаррар кардани ягонагии империя равона карда шуда буд. ки дар ин кор бояд ба Шарқ тааллуқ дошта бошад..

СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ ВИЗАНТИЯ ДАР АҲДИ ЮЛИАН ВА ВОРИСОНИ Ӯ

Вале ин масъала ғайар аз динӣ ба масъалаи муносибатҳои Византия ба готҳо сахт алоқаманд мебошад. Дар асри IV муносибатҳо бо готҳо ва бо ин алоқаманд вазъият дар шимолтар аз Дунай, воқеан масъалаи мураккаби сиёсати хориҷии Византияро ташкил менамуд. Готҳо точанде ба ҳамсояҳои хатарнок табдил меёфтанд. Империяи Рим ин вақт дар дунай аллакай аз сиёсати истилогарона даст кашида буд. Вале рушди хоҷагидории қабилаҳои готҳо дар дохили онҳо ҷудошавиҳои дохилии иҷтимоиро ба миён овард: аз байни онҳо ашрофон ҷудо мешаванд ва баҳри забткориҳо дар вилоятҳои соҳибмаданӣ ва бойи нимҷазира Балкан талош мекарданд. Дар соли 332 ба готҳо сахт шикаст дода мешавад ва корол дар майдони ҷанг мефавтад. Готҳо маҷбур мешаванд, ки сулҳ банданд, ки мувофиқи он дружинаҳои онҳо бояд ба хизмати император мегузаштанд: онҳо бояд дар ҳама лашкаркашиҳо иштирок намуда,сарҳадҳоро дар дунай муҳофизат намоянд. Дар навбати худ Византия ӯҳдадор шуд, ки ба готҳо маблағ пардохт мекунад. Як қисми готҳо дини масеҳиро дар шакли арианӣ қабул мекунад. Наздики соли 340 епископи онҳо Вулфил мешавад. Ӯ алифбои готиро ихтироъ мекунад ва китобҳои масеҳиро ба забони готӣ тарҷума мекунад. Готщо ариявӣ мешаванд, барои он ки ин вақт ариаият дини давлатии Империяи Ғарбии Рим буд.Як қисми готҳо дар минтақаи Никополи воқеъ дар шимолии нимҷазираи Балкан сокин шуданд.

Вазъият дар Шарқ бо сиёсати ҳамлакоронаи Эрон мураккаб мегардид, ки онкушиш дошт ба баҳри Миёназамин ворид гардад. Арманистон дар байни Византия ва Эрон тӯъмаи рақобат қарор дошт, ки дар он ҷо масеҳӣ дар асри IV ба дини давлатӣ табдил ёфта буд. Давлати Сосониён ҷидду ҷаҳд дошт, ки дар Арманистон дини Зардуштияи Авасторо ҷорӣ кунад. то ки ин мамлакатро ба зери таъсири худ дарорад. Дар соли 338 Констансий ба тахти шоҳии Арманистон писари аршак Тигранро мешинонад, ки ӯ аз сулолаи арманӣ буд. Ҷанг бар зидди форсҳо баъзан муваффақона ва баъзан бо шикаст мегшузашт. Сосониҳо се маротиба Нисибисро бе натиҷа муҳосира карданд. Ба хотири дахолат ба корҳои дохилии Сосониён Византия ин корро дар зери шиори ғамхорӣ дар ҳаққи масеҳиҳо мекард, ки гӯё онҳо барои эътиқодашон гирифтори таъқиб гардидаанд.

Қабилаҳои араб, ки қадқади сарҳадҳои Сурия ва Фаластин сукунат доштанд, дар он замон ягон хатари ҷиддиеро ба бор оварда наметавонистанд. Барои ҳамин чӣ ҳукумати Византия ва ҳам ҳукумати Эрон ҳаракат мекарданд, онҳоро ба доираи таъсири худ дохил намоянд. Аз нимаи дуюми асри IV сар карда масеҳикунонӣ шакли асосии сиёсати Византия бар зидди қабилаҳои араб шуда хизмат мекард. Вале, дини масеҳиро қабул карда, пешвоёни ин қабилаҳо намехостанд клир дошта бошанд, ки ӯро калисои давлатӣ таъин мекард. Аз ин рӯ, мазҳаби прославии дар он вақттаъқибшаванда мепайванданд.

Дар пуштибонҳои “худоҳои ватанӣ” император Юлиан (361 – 363) мақоми махсус дошт. падари ӯ бародари Константин, соли 337 бо супориши Констансия ба қатл расонида мешавад.и Юлиан ҳам ҳамин тавр кушта мешавад. Барои ҳамин ягона зурёти сулолаи Константин ин шахс буд. Юлиан дар назди файласуфони Афина таҳсил карда буд. Меросхур надошта, Констансий Юлианро ба хоҳари худ ба ақди никоҳ медарорад ва 6 ноябри соли 355 ӯро қайсар – бо ном ҳамҳокими Галлия эълон мекунад. Юлиан қобилияти баланди ташкилотчигӣ ошкор карда, тавонист дар қӯшун тартибу низом ҷорӣ намуда, бар варварҳо як қатор ғалабаҳо ба даст даровард. Дар натиҷаи ин корҳои наҷиб обрӯй ва эътибори Юлиан чунон боло рафт, ки 1 феврали соли 360 қӯшун ӯро Юлиан Август эълон менамояд.

Юлиан ҷонибдори дини эллинию римӣ буд. Дар айни замон тасаввуроти бутпарастӣ дар шуури ӯ бо ғояҳои фалсафастоикӣ ва ватанпарастии кӯҳнаи рим печдарпеч буданд. . Юлиан мефаҳмид, ки таназзулёбии сиёсӣ, ҳарбӣ ва маънавии ҷомеаи замони ӯ то кадом дараҷаи ниҳоӣ паст шудааст. Ӯ ба хотири ҷудошавӣ аз идеалҳои пуршарафи кӯҳнаи Рим, ки онҳоро барои шаҳрванди Рим носазовор ҳисоб мекард, сидқан нафрат дошт, чунки он аз пайравонаш тобу тоқати ғуломонаро талаб мекард. Юлиан мехост, ки дини эллинию римиро дар асоси фалсафӣ ислоҳ намояд ва таҷрибӣаи масеҳиятро истифода бурда, илоҳишиносии бутпарастиро ба вуҷуд биёрад. Вале сарфи назар аз таваҷҷӯҳи худ ба бутпарастӣ Юлиан ба динҳо то дараҷае тоқатпазир буд. Мақсади асосии сиёсати ӯ бузургдошти империяи Рим буд. Асоси онро дар табақаи пурқуввати шаҳрӣ медид. Ӯ идеолог ва сиёсатмадори низоми полисии умраш ба охиррасида буд.

Ҳангоми лашкаркашӣ ба империяи рими Шарқӣ б Юлиан танҳо қисмати поёнии шаҳрҳои Балкан муқовимат кард, ки дар байни онҳо Констансий обруманд буд. Вале Констансий ғайричашмдошт вафот мекунад ва юлиан бе ягон мамониат ба тахти императорӣ соҳиб мешавад. Ӯ дар бораи қатъи таъқиби дини бутпарастӣ фврмон баровард. ҳамаи дурру ҷавоҳироте, ки аз ибодатхонаҳои бутпарастӣ мусодира карда шуда буданд, баргардонида шуданд. Дар баъзе шаҳрҳо ошӯбҳо ба амал омаданд. Махсусан воқеаҳо дар Искадария тезутунд сурат гирифтанд.ки дар он ҷо ҳокими воқеӣ епископи арианӣ Георгий буд, ки ӯ истеҳсолоти асосиро дар Миср аз они худ карда буд ва аҳолии Искандария ӯро чашми дидан надошт. Баъди ба сари ҳокимият омадани Юлиан, епископ Георгий аз тарафи анбӯҳи одамон дастгир карда шуда, ба тани шутур баста бо ҳамроҳии он сӯзонда мешавад. Ин воқеаи мудҳиш эътирози омма буд бар зидди истисмори калисои ариании ҳукмрон. Епископ Епифаний Кипрӣ эътироф мекунад, ки Георгий на аз рӯи он аз халқ зарар дид, ки ба исои масеҳ тавба накардааст, барои он зарар дид, ки ҳангоми епископии худ нисбати шаҳр ва халқ зуровариро бакор бурдааст.

Юлиан мехост.ки қисмати болоии шаҳриёнро мустаҳкам кунад. Ӯ заминҳоеро, ки дар асри IV аз шаҳрҳо мусодира карда буд, ба ихтиёри курияҳо месупорад. Вале ин маънои онро надошт, ки Юлиан худидоракунии курияҳоро онҳоро пурра аз нав барқарор мекарда бошад.

Зоҳиран дар аҳди Блиан бар зидди калисо ба ягон хел таъқибот роҳ дода нашуд; ҳамаи епископҳои мазҳаби 8никеӣ, ки Констансий бадарға карда буд, аз бадарғагӣ баргардонида шуданд. Вале масеҳиҳо аз ҳокимият дар канор монданд. Юлиан аз оммаи халқ метарсид. Ӯ онҳоро тав8ассути чорабиниҳои авомфиребона ҷалб намуда, кеушиш ба харҷ медод, ки онҳоро бар зидди варварҳо ташвиқот мекард. Асоси иҷфтимоии Юлиан хеле заиф буд. Ӯ метавонист танҳо ба диктатураи ҳарбӣ умед баста метавонист.лиан ҳангоми лашкаркашӣ бар зидди форсҳо 26 июни соли 363 ҳалок мешавад.

Императори нав Иовиан (363 – 364) ҷонибдори тавбакунии (исповедание) никеӣ буда, ҳамаи амру супоришҳои императори пешинаро бекор карда, асоси сиёсати императорҳо аз нав иттифоқ бо масеҳият мегардад. Баъд аз Иовиана ба тахти императорӣ ҷонибдори ашаддии арианӣ Валент (364 – 378) менишинад, ки ӯ сиёсати Констансияро идома медиҳад. Ин вақт мамлакат ҳолати нобасосониҳои ҳамиатарафа вазнин бо сабаби чорабиниҳои Юлиан ва ғайричашмдошт бекор кардани онҳо қарор дошт. Музофотҳои Балкан махсусан дар ҳолати ногувор буданд; онҳоро тохтутозҳои бетанаффуси варварҳо ба ташвиш меандохтанд. Андозҳо ва бедодгариҳои ҳукуматдорон заминҳои деҳқононро ба харобазор мубаддал мегардониданд.

Бекоркунии фармонҳои Юлиан дар бораи ба шаҳрҳо баргардонидани заминҳо ашрофони шаҳрро низ бедор мекард. Легионҳои Галлия низ, ки Юлианро ба тахт шинонида буданд, ҳозир ҳам дӯстдоштаи ӯ набуданд. Ин легионҳо бар зидди Валента шӯриш бардоштанд ва 28 сентябри соли 365 додарзодаи Юлиан Прокопийро император тоҷгузорӣ карданд.

Ба Прокопий муяссар шуд, ки Константинополро ишғол намояд. Асоси сиёсати Прокопий дастгирии курияҳои шаҳрӣ буда, ба императори нав обрую эътибор овард. Маҳвсозии амалдороне, ки Валента таъин карда буд, оммаҳои васеи халқро ҳаводори ӯ карда, чун дар Фракия ва ҳам дар музофотҳои ғарбии Осиёи Хурд бо ӯ пайвастанд. Прокопийро аҳолии деҳоти Фракия низ дастгирӣ карданд, ки мавқеи бутпарастӣ буданд.

Вале маҳз иштироки ин унсурҳои иҷтимоӣ дар шӯриши Прокопий ба он оварда расонид, ки ашрофони шаҳрӣ ва сенаторҳо ба тарафи Валента гузаштан мегиранд. Сиёсати мусодиракунӣ нафрати ашрофонро нисбати Прокопий пурзур менамояд. Ӯ ба қӯшунҳои худ ҳатто ғуломони гурезаро ҳам дохил мекунонид, ки ин табақаҳои бонуфузро аз ӯ тела медоданед,муқобилон бошанд. ӯро ба Спартак шабеҳ меномиданд. Аз ҷумлаи иттифоқчиёни Прокопий варварҳои барои аҳолии шаҳрӣ нафратзада низ дохил буданд.. Прокопий аз табдилёбии шӯриш ба ҳаракати васеи халқ метарсид ва бо розӣ кунонидани манфиатҳои куриялҳои шаҳрӣ ва легионҳо маҳдуд шуд.

Зимнан Валенткаме арвттар з аршавии шӯриш бар зидди фасоди (коррупсия)-и амалдорон тадбирҳои сахттарин андешид Муваққатан таъқиботи никеиҳо қатъ карда мешавад. Табақаҳои сарватманд ба тарафи Валента мегузаранд. Қӯшуни Прокопий кам шудан мегирад, сарварони он хиёнат карданд. Ҳамин тариқ, 27 майи соли 366 Прокопий дастгир карда, ваҳшиёна ба қатл расонида мешавад. Баромадҳои халқӣ баъди муқовимати дуру дароз пахш карда шуданд.

Аз солҳои 70-уми асри IV сар карда. дар маркази ҳаёти сиёсии империя масъалаи варварҳо ба миён меояд. Аз рӯи моҳияти худ масъалаи варварҳо ки худ хоса масъалаи хориҷӣ буд, ба масъалаи дохилии сиёсӣ ва иҷтимоӣ табдил меёбад. Ва муқовиматҳои антагонистӣ дар байни истисморшудагон ва истисморкунандагон ва мубориза дар дохили табақаҳои ҳукмрон ва задухурдҳои динию мазҳабӣ – ҳамаи ин дар заминаи муносибатҳои империя бо варварҳо маънии махсусро пайдо намуданд.

Аз ҳамин вақт сар карда вазъияти берунаи Византия хеле мураккаб мешавад. Ба ҳукумат лозим меомад, ки дар ҳамаи сарҳадҳои империя амалиётҳои ҳарбӣ барад. Сосониён дар Арманистон ва навоҳии қабилаҳои сукунатдоштаи араб сиёсати боз ҳам таҷовузкронатарро пеш гирифтанд. Византия дар Сурия ба сиёсати мудофиакорона мегузарад, вале дар арманистон тадбирҳои фаъолонаро пиёда мекард. Қабилаҳои араб, ки муттаҳидшавии онҳо ҳанӯз муяссар нашуда буд, гоҳ ба музофотҳои Византия ҳамла мекарданд ва гоҳ ба империя алоқаҳои дустона ба роҳ мемонданд. Аммо самти асосии сиёсати хориҷии Византия нимҷазираи балкан мегардад. Готҳо бо баҳонаи озод кардан 3 ҳазор асире, ки қаблан аз ҷониби Прокопий ҷанг мекарданд ва акнун дар дасти Валента буданд. соли 367 ба Фракия зада медароянд. Ҳамла зада гардонида мешавад. Валент истиқлолияти қабилаҳои готҳоро дар шимолии Дунай эътироф мекунанд,готҳо, дар навбати худ ваъда медиҳанд, ки аз ин дарё6 намегузаранд.

Дар соли 375 вестготҳо.ки аз тарафи гуннҳо фишор дода мешуданд, бо иҷозати Валента бо оилаҳои худ ва шумораи зиёди ғуломон аз дарёи Дунай гузашта. Валента дар назар дошт, ки готҳоро бо ҳуқуқи муҳоҷирони ҳарбӣ бо он мақсад сокин кунонад, ки онҳо заминҳоро коркард карда, ба зироатпарварӣ машғул шуда,ба артиш аскар сафарбар намоянд. Ба кишоварз табдил ёфта ва хоҷагии деҳқонӣ ташки карда, готҳо тамоми вазниниҳои низоми андозбандии Византияро аз сар мегузарониданд: баъзан ба онҳоозим меомад, ки фарзандони худро фурӯхта, барои зиндагӣ маблағ пайдо намоянд. Кишоварзии барои готҳо ғайримуқаррарӣ онҳоро маҷбур кард, ки ошӯб бардоранд. Маъмурияти Рим бошад, аз ҷониби худ кушиш ба харҷ медорд, ки аз мушкилиҳои ба онҳо пешомада истифода баранд. Қаҳру ғазаби готҳоро дида истода, магистри ҳарбии Рим тасмим гирифт, ки қабилаҳои онҳоро сар занад. Яке аз онҳо, ки Фритигер ном дошт, наҷот меёбад ва дружинаи ӯ то охирҳои соли 376 даст ба амалиётҳои ҳарбӣ мезанад. Готҳо ба мулкҳои римиҳо ва мағозаҳои давлатӣ ҳамла мекарданд. Дружинаҳои дигари варварҳо низ аз дарёи Дунай гузаштанд. Нерӯҳи ҳукуматӣ аз ӯҳдаи шикастдиҳии онҳо баромада наметавонистанд. Унсурҳои норозии аҳолӣ ва пеш аз ҳама ғуломон, ки бештари онҳо баромади готӣ доштанд, колонҳои маҳаллӣ, махсусан кормадони конҳое, ки аз они давлат буда, дар онҳо асосан бадарғашудагон кор мекарданд, низ ба тарафи готҳои Ба тарафи Фритигерн баъзе ҷузъу томҳои римии асосан аз кирояҳои германӣ иборат буданд низ ба тарафи готҳои шӯришгар гузаштанд. Дар охирҳои соли 377 ба онҳо муяссар гардид, ки дар наздикии Маркианопол ба қӯшунҳои Рим шикаст диҳанд. Вазъияти барои ҳукумати Византия точанде хатарноктар мегардид.

Тобистони соли 378 артиши Рим ба ҷониби Адрианопол ҳаракат кард. Валента бо Фритиггерн гуфтушунидро оғоз намуд. Шартҳое,ки охирин пешниҳод кард, хеле сангин буданд. Ӯ тақозо намуд, ки Фракия ба готҳо дода шавад, то ки дар он ҷо готҳо ҳуқуқ дошта бошанд мардуми маҳаллиро талаю тороҷ кунанд. 9 августи соли 378 фаромонро интизор нашудаҷузъу томҳои аспсавори готҳо ба римиҳо ҳамла карданд: муҳорибаи умумӣ ба амал омад ва қӯшунҳои император пурра торумор карда шуд, худи Валент ҳалок гардид.

Ин воқеаҳо барои империяи Византия фоҷеа буданд. Дар амал тамоми нимҷазираи Балкан беҳимоя монд. Мардуми деҳотӣ эҳтимол ба шӯриш пайваста бо ҳамроҳии варварҳо мулкҳои заминдорони калонро талаю тороҷ ва ба хок яксон карданд. Готҳо ба Константинопол наздик шуданд. Ҳамсари бевамондаи Валента, фармад, ки ба сокинони пойтахт силоҳ диҳанд ва шаҳриҳо бо ёрии арабҳои кироя варварҳоро аз пойтахт дур партофтанд.

Торумори қӯшуни императорӣ дар саросари империя воҳимаро ба миён овард. Ҳукуматдорони Осиёи Хурд,аз шӯриши ғуломон тарсида куштори мислаш диданашудаи ваҳшиёнаи гаравгонон ва ғуломони пайдоишашон готиро ташкил намуданд. Аз вафоти Валента Гратсиан (375 – 383) барои пахш кардани шӯриши готҳо ба шарқ лашкаркаш Феодосийро мефиристонад, ки баромадаш ашрофи ҳарбии испанию римӣ буд. 19 январи соли 379 ӯро император эълон мекунанд. Император Феодосий шахси 33-сола, қумандони ҳарбии ҷасур ва дипломати моҳир буд. Дар назди ӯ вазифаи мушкил меистод: зарур буд, ки дар шароити шӯриш қӯшуни нав ҷамъ кунад. ФеодосияИттифоқ бо германҳо барои Вивазнин меафтид: онҳо бар аҳолии қаламрави муайяе ҳокимият ба даст медароварданд; и I (379 – 395) мефаҳмид, ки ӯ такягоҳро танҳо дар байни аҳолии шаҳр ёфта метавонад. Ӯ сарварии қӯшунро ба зимаи намояндаи ашрофони Константинопол – Сатурин вогузор намуд. Ба шаҳриҳо имтиёзҳои зиёд ҳадя карда шуданд.

Феодосийи I мавқеи худро дар шаҳрҳо мустаҳкам карда, баъди ин бо пешвоёни грманиҳо ба гуфтушунид оғоз мекунад. Охирин номбурдаҳоро он чиз ҳавасманд мекард, метавонистанд ба ҳайати ашрофони Византия дохил шаванд. Ба дружинаҳои остготҳо ҳуқуқ дода шуд, ки дар Паннония ва вестготҳо дар Фракия сокин шаванд. Ҳамин тариқ, ба Феодосийи I муясссар шуд, ки натанҳо аҳолии шӯришбардоштаро аз готҳо дар ҷудоӣ қарор диҳад. Дар баробари ин, ӯ тавонист дар шахси пешвоёни грмании фурӯхташуда ва дружиначиёни онҳо қиркунандагони золимеро ёбад, ки императори нав метавонист онҳоро ба пахши баромадҳои халқӣ фиристонад. Ба ин иттифоқчиён такя карда. Феодосий ният дошт, ки дар дохили мамлакат аз нав сулҳу суботро муқаррар намояд.

Иттифоқ бо германҳо барои Византия ниҳоят вазнин меафтид: онҳо бар аҳолии қаламрави муайян ҳокимият ба даст меоварданд. Дар варварҳо ташкилоти ҳарбии табақавии варварҳо пурра нигоҳ дошта шуда буд; онҳо аз андозҳо озод карда мешуданд; ба онҳо маблағи калонипулӣ ва ҳаҷми калони озуқаваорӣ дода мешуд ба ивази ин пешвоён ӯҳдадор мешуданд, ки ба сифати иттифоқчиён – федератҳо нерӯҳои ҳарбӣ диҳанд. Дар баробари ин, варварҳоа ҳам ба сифати аскарони қаторӣ ва ҳам ба сифати афсарон ба ҷузъу томҳои артиш дохил мешуданд. Ҳамин тариқ, Артиш варварӣ кунонида мешуд. Ба готҳо иҷозат дода шуд, ки ба мазҳаби ари анӣ эътиқод дошта бошанд. Сарбозони готӣ худро дар шаҳрҳо ҷаноб ҳис карда, даст ба ғорат мезааднд; дар ҳар гуна низоъ бархурдҳо Феодосий аз готҳо дифоъ мекард. Барои қатли гот ҳамаи шаҳриҳо ҷарима пардохт мекарданд.

Бо варварҳо муносибат барқарор карда, дар баробари ин Феодосий ба сиёсати дохилӣ диққати калон медод. Баъд аз оромшавии нисбӣ, музофотҳои Балкан аз нав ба вазъи ногувор дучор шуданд: киштзорҳо холӣ буданд, конҳо дар кӯҳҳо воқеъбуда ба ҳоли худ гузошта шуданд. Аҳолии деҳот рӯ ба шаҳрҳо ниҳоданд.

Ҳукумат пеш аз ҳама баҳри баргардонидани ғуломон ба хоҷаҳои худашон тадбирҳои зарурӣ андешид. Нисбати он заминдороне, ки ғуломони гурезаро қабул мекарданд тадбирҳои ҷазодиҳиро пурзур намуданд, чунки асосан аз хуҷаинҳои худ барои он мегурехтанд, ки иҷоракоронизаминдорони дигар шаванд. Масъааи холӣ мондани масоҳати бузурги заминҳои хусусие, ки соҳибонашон партофта рафта буданд (ин заминҳо солҳои сол киштукор карда намешуданд), яке аз масъалаҳои тезутундтарин буд. Заминҳои давлатӣ низ киштукор карда намешуданд.

Тадбири аввалини ҳукумат ин маҷбуран ба заминҳои вобасташудаашон баргардонидани колонҳо буд Мувофиқи фармони префекти претория Татиан, ҳар ззироатпарвар (культор) метавонист заминеро, ки соҳибаш партофта рафтааст бигирад ва агар ӯ дар муддати ду сол барнагардад, пас аз замин ва моликият маҳрум мешавад. Ин тадбир ба паҳншавии заминдории хурд мусоидат кард.

Яке аз сабабҳои устуворшавии хоҷагӣ дар асри V зиёдшавии нисбии шумораи заминдорони хурди озод буд. Ба онҳое, ки ба косибӣ машғул мешуд, имтиёзҳои махсус дода мешуд. Ба таври пурра ба воситаи меҳнати зиндониёну бадарғашудагон барқарор кардани маъданканӣ дар кӯҳҳо муяссар намешуд. Ба префект Флор лозим омад амр диҳад, ки шуғлварзӣ ба истеҳсолоти кӯҳӣ пурра озод мебошад, ба шарте, ки аҳяк ба хазина ва даҳяк ба заминдори ҳамин қаламрав супорад. Шояд аз ин амр як қисми колонҳои гуреза истифода бурда бошад.

Барои он, ки дастгирии табақаи сенаторҳо ва махсусан сенаторҳои музофотҳо давом дода шавад, Феодосий вазифаи “дефенсораи сенаторҳо”-ро таъсис дод. Ӯ вазифадор буд, ки мулкҳои сенаторҳоро ҳам аз зуроварии амалдорон ва ҳам аз кушиши куриалҳо барои ҷамъоварии андоз аз заминҳое, ки азони сенаторҳо буданд.. Дар натиҷаи ҳамаи ин тадбирҳо моликияти хусусии заминдорони калон хеле таҳким ёфт, ки қаблан аҳолии озодро маҷбур мекарданд, ба зери патронати онҳо дароянд.

Дар сиёсати Феодосий масъалаи муносибат ба дин яке аз масъулаҳои фавқулоддаи ҷомеа мегардад. Тибқи ақидаи император, арианӣ мебоист дини кирояҳои варварӣ мондан гирад, раияти империя бляд пайравони дини православии никеӣ бошанд, зеро дар тули 40 соли дар оппозитсия буданон таваҷҷӯҳу ҷонибдории шаҳриёнро ба вуҷуд овард ва нисбат ба арианчигӣ нуфузи калонтар пайдо намуда буд. 27 феврали соли 380 Фодосий эдикт (de fide catholica) баровард, ки муввфи он ҳамаи раияти мператор бояд ба мазҳаби православӣ эътиқод дошта бошанд, Ғалабаи православия дар анҷумани (собори) дуюми умумиҷаҳонии дар Константинопол соли 381 баргузоршуда ба расмият дароварда шудааст. Аммо ғалабаро ба никеиҳо таъмин намуда, Федосий дар баробари ин кушиш мекард, ки калисоро пурра ба ҳокимияти император тобеъ намояд, ки ин ӯро борҳо ба бархурдҳо ба дараҷадорони (иерархҳои) калисо оварда расонида буд

Анҷумани (србори) дуюми умумиҷаҳонӣ қариб танҳо барои муқаррар намудани ҳуқуқҳои епископи Константинопол даъват карда шуда буд. Дар анҷуман зикр карда шуд. ки Константинопол Рими Нав аст, аз ин рӯ, бояд мартабаи епископи он обрӯю шаъну шарафи ва баҷоории эҳтироми ба ин шаҳр сазовор дошта бошад. Аз ҳамин вақт сар карда калисои Осиёи хурд ва Фракия дар амал ба доираи ҳуқуқии (юрисдиксияи) епископи калисои Константинопол дохил шуда , ва Константинопол на танҳо пойтахти империя, инчунин маркази калисо низ мешавад.

Нисбат ба роҳибгарӣ Веодосий дар аввал сиёсати Валентаро идома дод. Дар шаҳрҳо ҳузур доштани роҳибҳо манъ карда шуда буд. Вале.вақте фаҳмида шуд, ки роҳибон дар дасти ҳукумат қувва шуда метавонад. Феодосиё эдикти худро бекор мекунад. Ҳукумат нисбати бутпарастӣ бештар муқобил буд. Дар соли 392 қонуне қабул карда мешавад, ки мувофиқи он иҷрои анъанаҳои бутпарастӣ нисбати ҷаноби олӣ таҳқир ҳисобида мешуд. Таъқиботи зидди зиёиёни бутпараст пурзур мешавад, зеро онҳо беш аз пеш бар зидди ҳокимияти ашрофон (автократия) ва махсусан бар зидди иттифоқи ҳокимияти император бо варварҳо баромад мекарданд.

Таърихшиносони православӣ ба Феодосий барои он унвони Бузургро додаанд, ки православияро муқаррар кардааст. Лекин ҳукумати ӯ на онқадар маъруфият дошт. Иттифоқ бо варварҳо хеле қиммат афтид. Дар шаҳрҳо пайваста ошӯбҳои зидди андоз ба амал меомаданд. Онҳо ба таври номуташаккил сар зада, шикаст мехурданд ва баъди шикст одатан қатлкуниҳои оммавӣ сурат мегирифтанд. Яке аз чунин воқеаҳои хос баҳои соли 390 дар Фессалоника рӯй дода буд. Ҳангоми ошӯбҳои халқӣ сардори кирояҳои варварӣ – Бутерих кушта мешавад Феодосийи ба ғазабомада ба готҳо ҳуқуқи қассосро медиҳад. Ӯ ба Фессалоника дастаи пурзури варварҳоро мефиристонад ки онҳо бо фармони император ғайричашмдошт ба тамошобинони беяроқи сирк ҳамла карда, то 7 ҳазор одамро аз дами теғ гузарониданд.

Аз афзоиш ёфтани сардарории варварҳо ба Византия тамоми аҳли ҷомеа ба нигаронӣ оварда буд. Қисме аз варварҳо аз вазъи зиндагии худ розӣ буда. ба император содиқона хизмат мекарданд. Вале дар муҳити лашкаркашони қабилаҳои варварӣ лоиҳаҳои барпо кардани ҳокимияти варварҳо дар империя вуҷуд доштанд. Пайвастан ба сарварони ҳарбии варварҳоро унсурҳои муайяни ашрофони феодалшуда дастгирӣ менамуданд, чунки аз назари онҳо варварҳоро нисбат бюрократияи императорӣ, ки дар маҳалҳо ба рушди ҳокимияти шахсӣ халал мерасонид, барои пахш кардани ошӯбҳо қувваи коромадтар мепиндоштанд. Намояндагони дигари ашрофие, ки аз даромадҳо аз идора ва истифодаи хоҷагиҳои молии Константинопол истифода мебурданд,қатъиян зидди варварҳо баромад мекарданд. Табақа тиҷоратию косибӣ ва судхурӣ низ дар ҳамин мавқеъ қарор дошт.

Муносибат ба варварҳо дар деҳот духела буд: халқ ба онҳо аз ҷону дил ёрб мерасонид, ки мулкҳои ашрофонро хароб кунанд,вале дар айни замон онҳоро барои он бад медиданд, ки хорҷӣ буданд.

Дар солҳои 90-уми асри IV дар муносибатҳо бо варварҳо бӯҳрон ба амал омад. Ин вақт рақобат дар байни империяҳои Ғарбӣ ва Шарқии Рим рақобат пурзур мешавад. Вазъият махсусан баъди он пуршиддат мешавад, ки лашкаркаш Арбогаст ҷонибдори бутпарастӣ Евгений (392 – 394)-ро ба тахти Рими Ғарбӣ шинонид,ки ӯ самти сиёсии Юлианро давом медод. Феодосий бар зидди Евгений қӯун мефиристонад. Баъди чандин муҳорибаҳои хунин Феодосий ғалаба мекунад.

17 январи соли 395 Феодосий вафот мекунад, ва империя аз нав ба ду империя тақсим мешавад. Дар Ғарб шахси худкомаи сӯзони ҳаёт Гонорий (395 – 423) император мешавад ва дар Шарқ – Аркадий (395 – 408), ки сусӣирода буд. Гонорий ба духтари пешвои франкҳо – Евдоксия хонадор мешавад, ки ин зан ниҳоят чустку чолок ва ошиқи ҳокимият буд. Ҳангоми тақсими империя як қисми Илларика (Македония бо ҳамроҳии Фессалоника) ба ҳайати давлати Аркадий дохил шуда буд.

Баъд аз вафоти Феодосий масъалаи варварҳо боз ҳам тезутундтар мешавад. Вестготҳо, ки дар Балкан сукунат доштанд, дар хизмати император ҳисобида мешуданд. Ба онҳо Аларих Балта сарварӣ мекард. Ӯ бо баъзе намояндагони аъёну ашрофи маҳаллӣ алоқа карда, ба Пелопоннес зада даромада, халқро золимона торумор мекунад.

Таъсири варварҳо ҳам дар Рим ва ҳам дар Константинопол хеле пурзур буд. Атрофиёни ҳарду император асосан аз варварҳо иборат буданд. Дар Ғарб дар амал ҳоким magister militum вандал Стилихон буд. Қувваҳои ҳарбии Византия низ дар зери роҳбарии варварҳо қарор доштанд. 27 ноябри соли 395 дар такя ба ашрофони шаҳрӣ роҳбари идораи шаҳрвандии баромадаш аз Галлия – Руфин аз тарафи аскарони варварҳо ба қатл расонида мешавад. Бояд зикр кард, ки онҳодар байни аҳолии шаҳр ҷонибдорони худро пайдо намуданд. Ҳокимияти воқеӣ аз болои артиш ба дасти Гайнаи гот меафтад. Сарвари ҳукумати шаҳрвандӣ собиқ ғулом, хоҷасаро Евтропий мешавад, ки дар аҳди ӯ қисмати болоии тиҷоратию косибӣ ва судхӯри бои Константинопол нуфузи калон дошт.р авал Евтропий кушиш ба харҷ дод, ки дар итифоқ ба ашрофон ҳукмронӣ кунад. Вале минбаъда ашрофон нисбати Евтропий мавқеи душманонаро ишғол менамояд. Мансабҳо ба одамони бой фурӯхта мешуданд. Дар ҳукумат одамони баромадашон “паст” ҷой мегиранд.Тъминотии крояҳои варварӣбарои мамлакат бори гароне буд. Даромадҳои мунтазам намерасиданд. Лозим меомад,ки даст ба мусодираи молу сулки ашрофони музофотӣ зада шавад. Баҳона барои мусодираи замин вайрон кардани қонунҳо дар бораи манъи патронатсия (пуштибонӣ) буд.

Евтропий кушиш кард, ки бо Тайна дар ҳолати ихтилоф қарор надошта бошад, вале бар зидди ӯ қувва тайёр кард. Аврелиан префекти претория таъин карда мешавад ва гурӯҳи зиддиготӣ дар атрофи ӯ муттаҳид мешавад. Бо мусоидати Евтропия архиепископи Константинопол арбоби муълуми калисо – душмани Антиохия – Иоанн Златоуст мешавад,ки ӯ бар зидди арианчигӣ муборизаи қатъӣ бурд. Ба вазифаи консул баромада, Евтропий бар зидди варварҳо амалҳои боз ҳам қатъитарро пеш мегирад. Варварҳо бо шӯриш ҷавоб гардониданд. Роҳбарии шӯришро сарвари гарнизонҳои готҳо дар Фригия Трибигилд ба ӯҳда дошт. Ҳамоно замон ба Трибигилда готҳои асирони ҳарбибуда – ғуломони аз хоҷаҳояшон гурехта мепайванданд.

Шӯриш бо тезӣ Вифания, Галатия ва Писидияро фаро гирифт.Дар аввал он ба муваффақияти калон соҳиб шуд. мардуми норизо аз ҳама ҷо ба сӯи Трибигилда равон шуданд. мулкҳои заминдорони сарватманд ғорат карда мешуданд ва заминдорони ҷон ба саломатбурда ба муборизаи шӯришгарон тоб наоварда, ба ҷазираҳо гурехта мерафтанд. Вале шӯриш ба инқилоби халқӣ сабзида расида наметавонист. Танҳо ғанимати ба дастовардаи худро ҳифз намуда, , варварҳо мамлакатро ба харобазортабдл доднд Готҳои шӯришбардошта худашон ба ғуломдор табдил ёфтанд.ин зҳурот дар шуури омма гардишро ба вуҷуд овард. Кишоварзон, ки аз дружиначиёни беномуси Трибилда азоб мекашиданд. Бар зидди ғоратгарон даст ба муқовимат мезананд. Дар зери роҳбарии шахсе бо номи валентин, ки дар кори ҳарбӣ таҷриба андӯхта будааст, деҳқонон Трибигилдаро дар кӯҳҳои касногузар муҳосира карда,онҳоро сангборон карданд ва қӯшуни ӯро ба ботлоқзор фишор дода, ба ҳалокат дучор намуданд. Худи Трибигилд бошад, бо ҳамроҳии дастаи хурде базур ҷон ба саломат бурд.

Вале ин вақт Валентин ошкоро Гайнаро дастгирӣ менамояд. Ӯ Истеъфои Евтропияро талаб кард, зеро аз ӯ ашрофони Константинопол норозо буданд. Дар моҳи августи соли 399 Евтропий аз вазифааш дур карда мешавад. Ба ҷои ӯ роҳбари аъёну ашрофи Константинопол Аврелиан меоян. Дӯсти Аврелиан ритор Синесий дар назди дарбориёни Аркадий баромад карда, пешниҳоди намуд, ки ҳамаи қуввваҳои зидди готҳо муттаҳид карда шаванд. Дар баробари ин ӯ таъкид кард, ки муттаҳидшавии ғуломон бо роҳбарони ҳарбии варварҳо барои византия хеле хатарнок аст.ва ба Аркадий маслиҳат дод, ки аз ҳисоби византиягиҳо бо тезӣ қӯшун ташкил карда шавад.. Аз тайёрии душманонаи аъёну ашроф бохабар шуда, ба сабукдуш кардани Аврелиан ва ва пешвоёни дигари гурӯҳи зидди готҳо муваффақ мешавад. Худро ҷонибдори гарму ҷӯшони арианӣ вонамуд карда, Гайна кушиш ба он мекард, пойтахтро ба даст орад. Қариб буд, ки Константинопол тӯъмаи готҳо афтад. Вале ба мубориза шаҳриҳо ҳамроҳ шуда, 12 июли соли 400 варварҳоро аз Константинопол преш карданд. Ҳамин тариқ, ҳокимият ба дасти ашрофони пойтахт мегузарад.

+ + +

Ин аст, он чӣ ки мо мехостем дар бораи вазъи дохилӣ ва хориҷии давлати Византия дар асри IV баён дошта бошем. Идомаи нақл, ин дафъа бо номи сиёсати дохилӣ ва хориҷии Византия ва ҳаракатҳои халқӣ дар нимаи аввали асри V дар боби оянда сурат мегирад.

test

Добавить комментарий