Рушди шахрхо ва муносибатхои ичтимоию иктисоди дар Византия

РУШДИ ШАҲРҲОИ ИМПЕРИЯИ ВИЗАНТИЯ

Яке аз хусусиятҳои муҳимтарини Византияи асрҳои IV – V мақоми бузурги шаҳрҳо дар ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣ ва мадании он мебошад. Дар муқоиса ба қисмати ғарбии империяи Рим, ки дар он ҷо ин вақт ҳаёти шаҳрӣ рӯ ба таназзул ниҳода, ҳаёти шаҳрӣ хомӯш мегардид, иқтисод бо тезии том ба кишоварзӣ мубаддал мегашт ва маркази ҳаёти иқтисодӣ аз шаҳр ба деҳа мекучид, дар Византия ҳамаи ин ҷараёнҳои ба ҷомеаи ғуломдории таназзулёфта хосбуда хеле сусттар сурат гирифта, таназзули ҳаёти шаҳрӣ на он қадар баланд ба назар мерасид. Бино ба ҳисоби баъзе муҳаққиқон, дар асрҳои V – VI дар ин ҷо наздики қариб 1000 шаҳр мавҷуд буд. Шумораи ҷамоаҳои-полисҳои шаҳрӣ бошад, эҳтимол меравад, ки хеле зиёд бошад Гарчанде шаҳрҳо шаҳрҳо дар қаламрави Византия нобаробар ҷойгир буданд, дар маҷмӯъ он “мамлакати шаҳрҳо” ном гирифтааст, ки онҳо бо шабакаи зичи худ вилоятҳои асосии мамлакатро пӯшонида буданд. Дар баробари шумораи зиёди шаҳрҳои хурд дар Византияшаҳрҳои хеле калон низ мавҷуд буданд: аҳолии онҳо даҳҳо ҳазор нафарро ташкил мекард. Дар як қатор марказҳои калон аҳолии шаҳрҳо аз 100 ҳазор нафар ҳам бештар буд. Дар Константинополи дар асрҳои IV – V аз рӯи ҳисоби хоксорона дар охири асри IV аҳолии шаҳр 100 ҳазор нафар ва дар охири асри Vто 150 ҳазор нафарро ташкил мекард. Дар шаҳрҳои қадими Шарқ – Антиохия ва Искандария – аҳолии боз ҳам бештар зиндагӣ мекард: дар асрҳои IV – V дар Антиохия то 250 ҳазор нафар ва дар Александрия то 300 ҳазор нафар. Шаҳрҳои зиёди калон, аз қабили Фессалоникҳар кадом дорои аз якчанд даҳҳо ҳазор сар карда, то садҳо ҳазор сокин буданд.

Сабабҳои усутвории боэътимоди шаҳрҳои Византияи барвақта дар рушди хусусиятноки иҷтимоию иқтисодии қисмати шарқии империя дар тули садсолаҳои қаблӣ асос ёфта буд. Шаҳрҳои барвақтаи Византия дар асрҳои IV – V асосан аз бисёр ҷиҳат ҳанӯз полиси антиқии ғуломдорие буд, ки на маркази косибӣ ва савдо, балки шаҳре буд, ки ба моликият бар замин ва кишоварзӣ асос ёфта буд. Нисбат ба шаҳри феодалӣ шаҳри ғуломдорӣ бо қаламрави деҳотии худ (territorium civitatis region) як воҳиди муштаракро ташкил мекард, ки дар қисмати деҳотии он ҳуқуқи моликият бар заминро танҳо шаҳриён доштанд. Дар баробари замин, ки моликияти хусусии онҳо буд, қисми зиёди қаламрави шаҳр моликияти умумии дастаҷамъонаи шаҳр буд, ки ба шаҳриҳо иҷора дода мешуд.

Моликияти шаҳр бар замин яке аз сарчашмаҳои асосии даромади ҷамоаи шаҳрӣ ба ҳисоб мерафт. Ҳамаи шаҳрвандон, пеш аз ҳама заминдорон ва ихтиёрдорони заминҳои шаҳрӣ вазифадор буданд, ки ҳаргуна ӯҳдадориҳои мунисипалиро иҷро намоянд. Ҳамчун тани ҷамъиятӣ полис шакли асосии ташкилии ҷомеаи ғуломдорӣ ба ҳисоб мерафт.

Заминдорон-ғуломдорони шаҳрии бой, ки аксарияти заминҳои хусусии атрофи шаҳрро дар дасти худ мутамарказ гардонда, бо ҳамин ҳокимияти худро дар шӯроҳои курияҳо муқаррар карда буданд, дар асрҳои I – II барои зарурати мунисипалӣ, сохтмон, харидории камбағалони озоди аз моликияти хусусӣ маҳрум маблағҳои бузург сарф мекарданд.

Дар шароити бӯҳрони ҷомеаи ғуломдорӣ, ки ба иқтисодиёти полисӣ таъсири калон расонид, ашрофони мунисипалӣ дигар ба эҳтиёҷоти шаҳр чун пештара маблағҳои калон сарф карда наметавонистанд. Асоси паст шудани таваҷҷӯҳи онҳоро ба эҳтиёҷоти мунисипалиро сабабҳои иқтисодӣ – таназзулёбии ғуломдорӣ, рушди колонат ташкил мекард, ки онҳо дар муносибатҳои байни соҳибони замин кишоварзон, сорҳибони замин ва ҷамоаи шаҳрӣ тағйироти хеле чашмрас ворид месохтанд. Дар асри III заминдорони сарватманди мунисипалӣ беш аз пеш кушиш ба харҷ медоданд, ки заминҳои худро аз ихтиёри шаҳр берун созанд ва ҳамин тариқ аз вазифа ва ӯҳдадориҳои вазнин халос шаванд.Ҳукумат беш аз пеш сенаторҳо, амалдорон ҳарбиёнро аз андозу ӯҳдадориҳо мунисипалӣ бар замин озод мекард. Масоҳати ин заминҳои аз андоз озод дар асри III бо тезӣ зиёд мешуд, мулкҳои полиси антиқӣ бошанд, кам мешуд. Дар ин давра ҷараёни аз кор баромадани полисҳои ғуломдорӣ, ки барои ҳаёти шаҳрии Византияи асрҳои IV – V хос буд, оғоз меёбад.

Аз охири асри II камшавии шумораи полисҳо нобаробар сурат мегирифт, дар ғарб – бо тезӣ, дар Шарқ – нисбатан сусттар, дар ин ҷо нуқтаи пасттарини худро дар ин ҷода дар замони таназзули сохти ғуломдорӣ дар охири асри VI ишғол кард. Таназзули полисҳо аз ҳама барвақттар дар вилоятҳои кӯҳнаи нисбатан рушдёфтаи ғуломдорӣ ошкор гардид, ки он ба сабаби воқеаҳои тезу тунди асри III – ҳаракатҳои халқӣ, ҷангҳои шаҳрвандӣ, мусодиракунӣ, товонситонӣ, вабоҳо суръат касб карданд.

Империяи Рими аз бӯҳрони асри III баромада акнун на иттиҳоди полисҳо, балки давлати мулкдорони калон бар замин буд. Дар чунин шароит шаҳрҳое пурбардошт ва устувор баромаданд, ки марказҳои истеҳсолоти молӣ буданд. Дар баробари марказҳои косибию ҳунармандӣ дар Византия шаҳрҳои зиёди савдоие мавҷуд буданд, ки дар роҳҳои муҳими савдоии хушкӣ ва баҳрӣ воқеъ гардида буданд. Дар ҳаёти иқтисодии онҳо натанҳо кишоварзӣ, балки тиҷорат низ дар ҷои аввал меистод. Дар натиҷаи пайваста таназзул кардани фаъолнокии тиҷоратию косибии шаҳрҳои хурд, махсусан ҳамон он шаҳрҳое, ки дар қисматҳои дохилии вилоятҳо воқеъ гардида буданд, аҳамияти хоҷагии марказҳои калони тиҷоратию косибӣ баланд мешуд. Дар байни онҳо махсусан шаҳри Константинопол махсусан фарқ мекард – аз рӯи мақоми худ дар музофотҳои Балкан ва Осиёи Хурди империя, Антиохия – шаҳре, ки аз он ҳамаи корвони тиҷоратӣ ба Шарқ ҳаракат мекард, ва Искандария – маркази муҳимтарини истеҳсолотикосибӣ дар ҷануби империя ва маркази асосии тиҷорати баҳрӣ бо мамлакатҳои шарқӣ ба шумор мерафт.

Дар асрҳои IV – V аҳолии шаҳрҳои калонтарин аз ҳисоби оммаи халқи шаҳрҳои хурд таназзулёфта ба таври чашмрас афзоиш ёфт.

Омили муҳими таназзули шаҳрҳои наздисарҳадии империя дар асри VI ва махсусчан дар асри V зада даромадани варварҳо ба қаламрави империя мешавад. Дар шароити тохтутози доимии варварҳо полисҳои хурди зиёд хароб карда шуданд, аҳолии онҳо рӯ ба гурез ниҳода ва дар шаҳрҳои калон панаҳ бурданд. Қисми зиёди полисҳо хурди вилоятҳои наздисарҳадӣ ба қалъаҳо ва бунгоҳҳои истеҳкомӣ табдил ёфтанд, ки дар онҳо гарнизонҳои наздисарҳадӣ мустақар гардида, чунин полисҳо сохтори мунисипалии худро аз даст дода буданд.

Нишонаи хоси иқтисодиёти як қатор вилоятҳо (Осиёи Хурди дохилӣ ва шимолӣ), музофотҳои Дунай), ки дар асрҳои IV – V рушди муносибатҳои молию пулӣ идома доштанд, арзи вуҷуд кардани марказҳои махсуси тиҷоратӣ – эмпориҳо, бозорҳое буданд, дар маънии ин калима шаҳрҳо набуданд. Инҳо аз нуктаҳои савдо ва мубодила бештар набуда, чунки онҳо аҳолии зиёди муқимӣ надошта, танҳо дар рӯзҳои бозор, ҳангоми ба ин ҷоҳо ҷамъ омадани савдогарон ва аҳолии гирду атроф серодам мешуданд.

Таназзули полисҳо нобаробар сурат мегирифт. Тапназзул бо суръати том дар ҳамон ҷойҳое сурат мегирифт, ки сохти антиқии полис ба рушди пурраи худ ноил гардида буд.

Болоравии маълуми ҳаёти иқтисодӣ ва сиёсии империя дар асри IV ба баъзе полисҳо имкон фароҳам овард, ки бӯҳрони асри III-ро паси сар кунанд ва ба маҷрои устуворшавӣ ворид гарданд. То чоряки асри VI дар ин қабил полисҳо авҷгирии муайяни фаъолияти савдоию косибӣ ва мунисипалӣ ба мушоҳида расид. Вале дар охири асри IV рӯ ба таназзулёбии полисҳои хурд аз нав пурзур мешавад ва дар асри V ин тамоил камсуръат ҳам бошад ҳам, пайваста идома ёфт..

Шаҳрҳои нав, чун қоида дар асри V на ҳамчун полисҳо, балки ҳамчун марказҳои тиҷоратию ҳунармандӣ ва маъмурӣ ба вуҷуд меомаданд.

Баъзан симои берунаи шаҳри асрҳои IV – V ҳанӯз хусусиятҳои пештараи антиқии худро нигоҳ медошт..Кӯчаҳои росте, ки ба таври амудӣ ҳамдигарро бурида мегузаштанд, бо тахтачаҳои сангин болопӯш карда шуда, айвонҳо (портикҳо), майдонҳо, чорроҳаҳо бо ҳайкалчаҳо худоҳои антиқӣ ва шаҳрвандони машҳур оро дода шуда буданд.Хиёбони асосии васеъ, ки тамоми шаҳрро бурида мегузашт, дар ду тарафи он биноҳои равшани ду -ва сеошёнаи сарватмандон қомат рост карда буданд. Дар ин ҷо инчунин дуконҳо ва идораҳои тоҷирони сарватмандтарин, судхурон ва биноҳои ҷамъиятӣ ҷойгир буданд. Масалан, дар антиохия “кӯча бо айвонҳо”4 километр тул кашида, кӯчаи марказии Апамея ду километр дарозӣ (паҳнои 23, 5 метр) дошт. Майдони асосӣ – агора(форум), ки дар мобайни воқеъгардида буд, бо биноҳои муҳимтарини ҷамъиятӣ иҳота карда шуда буд. Дар ин ҷо одатан шӯрои шаҳрӣ – курия (булевтерий) , иморатҳои гуногунимунисипалӣ, мактаби мунисипалӣ, хонаҳо барои машғулиятҳои варзишӣ, ибодатгоҳи худоҳои буддоии дар байни халқ нисбатан маъруф воқеъ гардида буданд. Ибодатгоҳҳои зиёд дар асри IV, дар баробари ғалабаи масеҳият, ба хок яксон карда шуда буданд, ё ки ҳамчун калисо ва ё ҳамчун муассисаҳои джавлатӣ навсозӣ карда шуданд. Майдони асосӣ, бисёр вақт дар майдони махсуси савдоӣ растаҳои дарози дуконҳои сангин сохта шуда буданд. ЯЧк қисми айвонҳо (эмволҳо) бо мақсади тиҷорат ба иҷора дода мешуданд.

Театр, ки одатан дар доманаи теппа сохта мешуд ва он якчанд ҷои нишаст дошт, сирк ё ипподром, ки дар он мусобиқаҳои варзишӣ доир мегардиданд, бо ҳам ҷанг андохтани дарандагон, базму тантана ва ҷашнҳои расмӣ, ҳаммомҳои муъҷизасони зимистонаю тобистона, обамбору фаввораҳо, аҳолиро аз об таъмин менамуданд, низоми хуби таъмини об ва халоҷоттозакунӣ (канализақия) тозагии обро дар шаҳр таъмин менамуданд, дар асрҳои IV-V унсурҳои ҷудонопазири рӯзғори шаҳрро ташкил менамуданд.

Дар маркази шаҳр қасрҳои боҳашамат ғарқи боғоти сарсабз воқеъ буданд, хонаҳои сарватмандон бо санги мармар ҳотамкорӣ карда шуда сутунҳо ва ҳайкалчаҳо ва фарши онҳо ба таври рангоранг ва хушзавқ кошинкорӣ карда шуда буданд.

Дар кӯчаҳои зиёд аз биноҳои ду-сеқабата, ки ё барои дукон ва ё ба иҷора ба мардуми савдогару косибон, хонаҳои якқабата бошанд, ба осибону савдогарони хурд ба иҷора дода мешуданд, хеле зиёд буданд. Дар чунин хонаҳо дар баробари косибону савдогарон, соҳибони заминҳои обчакорию боғдорон ва сабзавотпарварони наздишаҳрӣ зиндагӣ мекарданд. Баъзан косибон мувофиқи касбу корашон дар шаҳрчаю кӯча ба таври дастаҷамъона сокин мешуданд. Чун қоида, устохонаҳои оҳангарӣ, рангуборкунӣ ва чармкоркунӣ дар канораҳои шаҳр , дар наздикиҳои обамборҳои табиӣ ҷойгир буданд – об барои истеҳсолоти онҳо зарур буд. Дар худи ҳамин ҷо, дар дарёҳо осиёбҳои шаҳрӣ низ сохта мешуданд.

Дар кӯчаҳои танг устохонаю дуконҳои косибон ва садогарон, ошхонаю нонпазӣ ва дуконҳои хӯрокворӣ мавҷуд буда, дар атрофи онҳо ҳар гуна нӯшу неъматҳо фурӯхтаю харидорӣ карда мешуданд. Дар худи ҳамин ҷо мусиқачиёни оворагард, найрангбозон, сарварони ҷонварони ромкарда баромад мекарданд, ба ин ҷо занҳои сабукпой ни омаду рафт джоштанд. Косибон, савдогарони хурд, иҷоракорону хизматгорон фароғати худро дар буҷулбозӣ сарф мекарданд, дар ин ҷо онҳое ҳам ҷамъ меомаданд, ки аз кор дар сохтмон, дар боғу полизҳои наздишаҳрӣ, дар боркашонӣ, ва онҳое, ки орзуи аз ҳисоби садақа ё хӯроки пасмондаи муштариёни ягон ошхона қути лоямуде яфта шикам сер карданӣ буданд, ҷамъ меомаданд.

Шаҳриёни осудаҳол дар дуконҳои риштарошон, дуконҳои атторӣ, ҳаммолон, дорухонаҳо, ки онҳо чун як навъ клуб хизмат мекарданд, ҷамъ меомаданд. Дар ин “клубҳо” мумкин буд аз ғайбату возаҳои охирини шаҳрӣ иттилоъ ба даст овард дар бораи нарху наво , обу ҳаво ҳосили зироату боғоти гуногун, фиребу найрангҳои “падарони шаҳр” – куриалҳо ва беадолатии амалдорон сӯҳбат кунанд, сӯҳбатҳои олимон ва баҳсу мунозираи файласуфу сиёсатмадорони маҳаллиро гӯш кунанд.

Берун аз дарвозаҳои шаҳрӣ, ки онҳоро посбонони мунисипалӣ посбонӣ мекарданд, мавзеи наздишаҳрӣ оғоз меёфт. Дар ин ҷо барои савдогарони аз ҷойҳои дигар омада корвонсаройҳо ва меҳмонхонаҳо; дар худи ҳамин ҷо майдонҳои боғу полизҳои шаҳриён паҳн мавҷуд буданд, ки бозорҳоро аз сабзавоту меваҷоти тару тоза таъмин менамуданд; аз роҳҳо дуртар бустонсароҳои беруназшаҳрии сарватмандон намудор буданд. Як қадар дуртар аз деворҳои шаҳр бисёр вақт майдонҳои барои машқҳои ҳарбӣ, ҷой барои қатл таъйингардида мавҷуд буд. Дар худи ҳамин ҷо, дар ҳамсоягӣ ҷои ахлотпартоии шаҳрӣ ташкил карда шуда буд.

КОНСТАНТИНОПОЛ ҲАМЧУН ПОЙТАХТИ ИИМПЕРИЯ

Дар асри V шаҳри калонтарину зеботарини империя пойтахти он Константинопол буд, ки он дар ҷои хушманзараи теппадор дар соҳили нимҷазираи Босфор воқеъ гардида буд. Дар ҷои шаҳрчаи начандон калони Византия шаҳри бузурги тамоман нав қомат рост кард, ки онро Константин ҳамчун пойтахти империя аз рӯи нақшаи пешакӣ мураттабсохта бунёд кардааст. Аллакай дар аҳди Константин шаҳри Константинопол бо девор иҳота карда шуда, қисми зиёди шаҳр сохта мешавад, биноҳои асосии ҷамъиятӣ бунёд карда шуданд: бино барои сенат, қисми зиёди қасри император, кӯчаи асосии шаҳр – Меса (Миёна), Форуми нав барои маҷлисҳои ҷамъиятӣ, айвонҳои сершумор, ипподроми бузург, сиккахона, ҳаммомҳои ҷамъиятӣ ва қубури оби нӯшокӣ, фаввораҳо ва обдонҳо, биноҳои калисоҳо ва ғайраю ва ҳоказоҳо сохта шуданд. Константин барои сенаторҳо даҳҳо қасрҳо месозад, ки мақсад дошт, ки ба ин васила онҳоро аз Рим ва шаҳрҳои дигари империя ба тарафи худ кашад. 11 майи соли 330 ботантана кушодашавии пойтахти нав баргузор гардид, ки баъди ин тантана ва мақоми нав он боз ҳам босуръаттар рушду нумӯъ кард. Дар асри V деворҳои Константинопол аллкай аҳолии аз ҳад зиёдшудаи шаҳрро ғунҷонида наметавонист. Бинобар ин, Феодосийи II маҷбур шуд, ки ҳудудҳои онро васеъ намуда. онро бо деворҳои нав иҳота кунонад,ки он ин дафъа заминҳои наздишаҳриро низ дар бар мегирад. Вале дере нагузашта дохили ин деворҳо низ тангӣ кард. Бино бар гуфтаҳои Зосима, дар асри V дар Константинопол “сершумории одамон ва тангӣ” ҳукмрон буд, ва дар қисмати наздисоҳилӣ бо сабаби нарасидани замин биноҳоро дар болои сутунҳо бунёд мекарданд.

Мувофиқи маълумоти Notia urbis Constantinopolitana, дар Константинопол дар баробари даҳҳо иншоотҳои ҷамъиятӣ, 4488 биноҳои сангини ашрофон, 52 айвон, 8 ҳамоми ҷамъиятӣ ва 153 ҳамоми хусусӣ, 20 нонпазхонаи ҷамъиятӣ ва 120 нонпазхонаи хусусӣ, 5 амбори ғалла, 5 қассобхона, 14 калисо, бандар, бозор ва театр мавҷуд буд. Шаҳр ба 14 ноҳия-минтақа ва 322 маҳалла (квартал-гитоний) тақсим карда шуда буд. Идораи пойтахт дар дасти эпарх ва ёрдамчии ӯ – никтэпарх (“эпархи шабона”) марказонида шуда буд. Кураторҳои минтақаҳо ва кварталҳо, пва сӯхторнишонҳои шаҳрӣ ба онҳо тобеъ буданд. Эпарх ба бехатарӣ ва тартибот, кашонидани озуқа ва фаъолияти тиҷоратию косибии аҳолӣ масъул буд. Дар таъминоти захираҳои озуқа Константинопол ҳанӯз дар замони ҳукмронии Константин аз ҳамон имтиёзҳои истифода мебурд, аз онҳо Рим бархурдор буд. Қисми зиёди аҳолии он аҳолии он – бепул нон мегирифт. Хӯронидани пойтахтро аз нон Миср таъмин мекард. Аз он ҷо ба Константинопол соле 8 миллион артаб ғалла кашонида мешуд. Дар Константинопол 117 нуктаи тақсим нон мавҷуд буд.

Масъалаи шумораи аҳолии Константинополро дар асри V наметавон аниқу бехато муайян намуд. Ҳисобҳои муҳаққиқон дар байни 100 – 700 ҳазор нафар мекалавад.

Маркази расмии ҳаёти сиёсии пойтахт ноҳияе буд, ки онро майдони асосӣ – Августеон иҳота карда буд. Ба он Қасри Калони император ва бинои сенат дохил буд. Дар наздикӣ преторияи эпархи шаҳр ва ипполдром ҷойгир буданд. Қасри калони император дар ноҳияи якуми пойтахт, дар доманаи теппаи ба баҳр пайваст сохта шуда, маҷмааи мураккаби биноҳоеро ташкил менамуд, ки дар масоҳати бузург, дар байни чакалакзору боғот паҳн гардида буданд. Дар худи ҳамин ҷо манзили шахсии императору малика, толорҳои тахту тоҷ ва қабул, биноҳо барои зиёфатороӣ ва фароғат ва калисо, трибунал, бино барои консистория, хобгоҳи гурди дарборӣ, аҳли хизматгорони дарбор ва саисхона мавҷуд буданд. зинаҳои то соҳили баҳр давомёфта ба бандарҳои император роҳ мекушоданд.

Қаср бевосита бо ипподром, сирки бузурги дарозиаш баробар ба 370 метр ва бараш баробар ба 180 метр ҳам пайваста буданд. Саҳнаи он 170 метр ва дарозиаш 35 – 40 метрро ташкил мекард. Аз як тараф минбари император ва нишастгоҳ (ложа)-и ашрофони маъруфи империявии ба қаср пайвасткарда воқеъ буданд. Дар поёни минбар (трибуна) дар роҳраве ба монанди пешдолоне, ки бо сутунҳо оро ёфта буданд, ҷондорҳои императорӣ ҷойгир буданд. Минбари император бо гузаргоҳҳои болопӯшида ба қаср пайваст карда шуда буд, ҳамон тавре, ки дар сурати зарурӣ мумкин буд аз тариқи фирор наҷот ёфт. Қисми дигари тамошогоҳ (арена) ба зинаҳои 30-қатораи сангин иҳота карда шуда буданд, ки дар онҳо тамошобинон менишастанд. Дар болои қатори охирини зинаҳо пешайвон (галерея) ҷойгир буда, бо ҳайкалҳо оро дода шуда буд. Қариб тамоми тамошогоҳро аз байнаш девори начандон баланди сангин бурида мегузашт, ки он “Пушт” ном дошта, дар болои он асарҳои беҳтарини санъати антиқӣ, сутунҳо ва ҳайкалҳо гузошта шуда буданд. Ипподром зиёда аз 40 ҳазор тамошобинро меғунҷонид. Он дар амал маркази ҳаёти ҷамъиятии пойтахт буд. Дар ин ҷо иду тантанаҳои расмии давлатӣ, мусобиқаи аробасаворон ва намоишномаҳои театрӣ гузаронида мешуданд, ки онҳо ҳазорон шаҳриҳоро ба худ ҷалб мекарданд.

Аз ипподром ба воситаи тамоми шаҳр хиёбони аз ҳама васеи Константинопол – Меса тул кашида, он бо тахтасангҳо рӯйпуш карда шуда, бо айвончаҳои дуқабата ва сутунҳо иҳота гардида, майдонҳои калонтарин – форуми Константин, Тавр, Анастасия, Аркадия бурида гузашта, то ба Дарвозаи Тиллоӣ рафта мерасид. Дар ҳамин ҷо воқеъ буданд биноҳои ҷамъиятии дар боло номбаршуда – сенат, преторияи эпархи шаҳр, инчунин палатаи архиэпископи калисои Константинопол, ҳамомҳои ҷамъиятӣ, қасрҳои амалдорони олимақоми империя, воқеъ гардида буданд. Дар баробари ин, Меса ва майдони он маркази ҳаёти тиҷоратии пойтахт буданд Аз Августеон, қасри император ва калисои Софияи Муқаддас то форуми Константин дуконҳои савдогарони калонтарин ҷойгир буда, дар онҳо молҳои атторию хушбӯй ва газворҳо чун торҳои тортанак тунуку ҳарир ва либосҳои қиматбаҳои бо торҳои лиллою нуқра зардӯзишуда фурӯхта мешуданд. Дар ҳамин ҷо идораҳои саррофон-дастурхончиён воқеъ буданд. Савдои пуравҷи хурокворӣ дар майдонҳои шаҳр сурат мегирифт. Дар бинои Капитолий Донишгоҳи Константинопол, ки он соли 425 асос ёфтааст, воқеъ гардида, яке аз манбаъҳои асосии саводнокии Визангтия маҳсуб мешуд. Манбаи дигар Basilica буд, ки аз 150 ҳазор ҷилд иборат буда, онро ба китобхона Юлиан тақдим карда буд ва бо ҳамин китобхона ба маркази омӯзиши қонунҳо мубаддал мегардад.

Дар даҳҳо кӯчаҳои нисбатан хурдтари васеъгиашон на бештар аз 5 метр биноҳои се- ду- ва якошёнаи ашрофон ва савдогарон сохта шуда, бо айвонҳои (портикҳои) якқабата оро дода шуда буданд. Дар ин айвонҳо-эмволҳо дуконҳои нисбатан савдогарони на онқадар сарватманд ҷойгир шуда буданд ва дар ин ҷо низ хариду фурӯш дар авҷ буданд.Дар тангкӯчаҳои сангфаршнашуда хонаҳои зиёди хусусии баъзан дорои то нӯҳошёна барои даромад сохта шуда буданд. Дар онҳо зазорон косибон, тоҷирон, баҳрнавардон ва кормандони кироя фаъолият ва зиндагӣ мекарданд.

Дар наздикии деворҳои шаҳр қароргоҳи дуюми император – қасри Евдом воқеъ гардида буд; ба он майдони васеи ҳарбӣ барои азназаргузаронии ҳарбӣ пайваста буд. Дар наздикиҳои пойтахт боғҳои сершумор бунёд карда шуда буданд; дар худи ҳамин ҷо хоҷагиҳои наздишаҳрии император ва ашрофон ва дайрҳои зиёд ҷойгир буданд. Соҳилҳои шимолии нимҷазира ва соҳилҳои осиёгии Босфор навоҳии бустонсароҳои олиҷаноб, қароргоҳҳои тобистонаи ашрофони Константинопол буданд. Қисмати зиёди соҳилҳои Шохи Тиллоӣ ва Босфор аз бандару таваққуфгоҳҳо иборат буд, дар он ҷо киштиҳо ва қисқҳо борҳои ба Константинопол овардаи худро холӣ мекарданд, ки баъди ин борҳо ба воситаи роҳи хушкӣ ба соҳили осиёгии Босфор оварда мешуданд. Дар худи ҳамин ҷо амборҳои молҳо воқеъ будандж. Ин ҷо қисмати савдоии шаҳр буд, ки дар он ҷо қисмати асосии савдогарон ва косибон қарор доштанд.

Таъмини Константинопол аз об аз ҷумлаи масъалаи мураккаб ба ҳисоб мерафт. Об, ки ба воситаи қубурҳо ба шаҳр аз кӯҳҳо расонида мешуд, низ дар обамборҳои пӯшидаю кушода ҷамъ карда шуда ва дар моҳҳои гарми тобистон, ҳамон вақте, ки воридшавии об кам мегардид, истифода бурда мешуд. Вале нарасидани об дар Константинопол як воқеаи муқаррарӣ ба ҳисоб мерафт.

Иншоотҳои асосии пойтахт – деворҳои Феодосия, ки шаҳрро аз тарафи хушкӣ ва деворҳои аз тарафи баҳр сохташуда дар асри V бунёд карда шуда буданд. Дар баробари деворҳои кӯҳна, ки Константин сохта буд, онҳо ҳалқаи девори бузурги муҳофизатиееро ташкил карда буд, ки 16 километраи дорои 400 манора мустаҳкам карда шуда, Константинополро дар тули садсолаҳои зиёд боэътимод муҳофизат мекарданд. Деворҳои Феодосия муҷтамаи мураккаби иншоотҳои муҳофизатӣ буда, бо истифода аз навгониҳои техникии ҳамон замон сохта шуда буданд.

Дарозии ин деворҳо 5, 5 километр буда, онҳо тамоми нимҷазираро, аз як соҳил то соҳили дигар бурида мегузаштанд. Ин деворҳо дар амал аз се қатор (девор) иборат буда ва 96 манора доштанд. Наздикшавӣ ба деворҳоро хандақи сангини чуқуриаш 10 метр ва васеъгияш 20 метр ҳимоя мекард. Аз тарафи дохилии хандақ девори (протейхизм) баландиаш 5-метра қомат рост карда буд. Баъд, дар масофаи муайяни дуртар аз он қатори дуюми деворҳои васеъгии 2-3-метра ва баландии 10-метраи бо манораҳои баландиашон 15 метрӣ мустаҳкамкарда воқеъ буданд Дар масофаи 20 – 25 метри баъди ин девор деворҳои боз ҳам ғафстар – то 6 – 7-метраи бунёд ёфта буданд, ки онҳо низ бо манораҳои бузурги ҳашт-, шаш- ва чоркунҷаи баландиашон аз 20 то 40-метраи ҳар кадомашон дорои ду майдонча мудофиавӣ муҳофизат карда шуда буданд. Наздикиидеворҳо ва манораҳо хеле мустаҳкам карда шуда, асосҳои онҳо то даруни замин то 10 – 12 метр рафта мерасиданд, ки ин зери онҳо нақб канда гузаштани душманон кушиши бефоида буд. Панҷ дарвозаи ба воситаи манораҳо ҳимояшуда ба касро ба шаҳр роҳ мекушоданд. Ғайр аз ин, панҷ дарвозаи оҳанини начандон калон низ мавҷуд буд. Дар сурати таҳдиди хатар пулҳои сабуки чӯбин болои хандақи пур аз об бардошта ва ё сӯзонида мешуданд.

Баъди 25 соли ба анҷом расонида шудани сохта шудани деворҳои Феодосия сохтмони деворҳои баҳрии Константинопол низ, ки дар як қатор сохта шуда бо манораҳо мустаҳкам карда шуда буданд, ба анҷом расонида шуданд. Ин деворҳо шаҳрро аз баҳр ба таври эътимоднок ҳимоя мекарданд. Шояд ягон шаҳри он замон аз назари иншоотҳои мудофиавӣ ба Константинопол баробар шуда наметавонист.

Дар Константинопол заминдорони калонтарини империя, намояндагони машҳури табақаи болоии тиҷоратию судхӯрӣ, бюрократияи маъмурию ҳарбӣ аҳли бузурги дарбор, инчунин ашрофон ва плебейҳои аз тарафи давлат дастгирии молиявӣ дошта зиндагӣ мекарданд. Константинопол ба шаҳри бузургу боҳашамат, ки аз ҳисоби истисмори империя карда, маркази бузурги истеъмолкунандаи буд, мубаддал мегардад. Миср Константинополро аз ғалла (нон), аз он ҷумла дарбору артишро, муассисаҳо бешумори идораҳои императориро аз папирус таъмин мекард. Сурия ва Фаластин ба он ҷо равған, газворҳои тунуки зағирпоягӣ, шароб, маснуоти устохонаҳои шоҳибофӣ медаровард. Музофотҳои Осиёи Хурд ба пойтахт шароб, меваҷот, чарм ва маснуоти муина, Фракия – нон ва чорво мефиристод. Вале Константинопол натанҳо шаҳри истеъмолкунанда буд. Дар он роҳҳои бузургтарини байналмилалии тиҷоратӣ ҳамдигаро бурида мегузаштанд. Он ба нуқтаи асосии асосии табодулот, бозори бузургтарини тиҷоратӣ мубаддал гардид. Баҳри Миёназамин, ки дар он маснуоти Шарқ ва Ғарб бо ҳам вомехурданд, молҳои босифатӣтарини худи Византия ҷамъ оварда шуда буданд.

Дар асрҳои IV- V Константинопол инчунин маркази муҳими косибии Византия ҳам буд. Дар ин ҷо на танҳо устохонаҳои сершумори императорию давлатие воқеъ гардида буданд, ки ба дарбор, маъмурияти марказӣ ва артиш, устохонаҳои хонагии ашрофон хизмат мерасониданд, балки он дорои истеҳсолоти васеъ ва сордиркунандаи маҳсулот низ буд. Ба ин ҷо ашёи хоми қимматбаҳо ва маснуоти косибии беҳтарин аз тамоми империя ворид гардида, дар ҳамин ҷо бархурда, шавқу завқ, ҳавасу рағбат, услубу воситаҳо ва маҳорати баланди байниҳамдигарӣ онҳо ғанӣ мегардиданд. Чунин шаҳр наметавонист маркази калонтарини истеҳсоли ашёҳои бошукӯҳу ҳашамат ва бо карруфару бодабдаба нашавад. Константинопол ҳанӯз дар ҳамон вақт ҳамчун “устозонаи кайҳонӣ” , “устохонаи пурмӯъҷиза” машҳуру маъруф гардида, бо ҳамин маъруфият он барои Аврупо ва Шарқ дар тӯли садсолаҳои зиёди охирин хизмат кардааст. Дар Константинопол нисбат ба шаҳрҳои дигар дар шакли маҷтамаъ хусусиятҳои асосии шаҳри Византияи барвақта – рушди косибӣ ва савдо, махсусан истеҳсоли ашёҳои бо карруфар ва бодабдаба, сарватмандии ашрофон ва қашшоқии мардум, унсурҳои муайяни худидоракунӣ ва марказонидашваии қавӣ, тезутундии зиддиятҳои иҷтимоӣ инъикос гардида буданд.

КИШОВАРЗӢ, КОСИБӢ ВА САВДО ДАР ШАҲРҲО

Дар тули асри IV моликияти шаҳрӣ бар замин хеле кам шуд. Қисми зиёди заминҳои шаҳрӣ дар нимаи аввали асри IV аз тарафи ҳокимияти императорӣ мусодира карда шуда, ба ихтиёри мулкдорони озоди шаҳрӣ бар замин мегузаранд. Чунин тақдир нисбати заминҳои маъбад низ рух дод, ки ин заминҳо ба ихтиёри ҳокимияти калисо гузашта, ба заминдории пурзӯри калисою дайрҳо асос мегузорад. Ба ин мусодиракунӣ баҳо дода истода, Ливаний навиштааст,ки шаҳрҳо аз қисмати зиёди заминҳои пешинаи худ маҳрум гардида, асоси иқтисодии шаҳри антиқиро ҷиддан заиф хароб мешавад..

Ҳатто мулкҳои замини начандон калони дар ихтиёри шаҳрҳо боқимонда асосан на аз тарафи мулкдорони хурди шаҳрӣ ва куриалҳо, балки аз тарафи заминдорони калон ба иҷора гирифта мешуданд. Ин ҳолат дар муносибатҳои иқтисодии қаблӣ дар байни шаҳр ва қаламрави деҳотӣ тағйироти калон ворид месохт. Аллакай дар асри IV таъминоти шаҳр аз гурӯҳи заминдорони маҳаллии сарватманд вобаста буд, ки дар бозори шаҳрӣ ҳукмронӣ мекарданд.

Болоравии заминдории калон имкониятҳои васеътари хоҷагии натуралӣ, рушди истеҳсолоти мулкӣ ва хонагӣ, савдо ва ярмаркаҳои мулкӣ ва деҳотиро мекушод, ки онҳо аҳамияти бозори шаҳриро заиф мегардониданд. Дар вилоятҳои асосии Византия истеҳсолоти молӣ, ҳунармандии шаҳрӣ ва муносибатҳои молию пулӣ мисли пештара мустаҳкам мондан гирифтанд. Хоҷагии деҳқонӣ дар шарқ то як дараҷа бо шаҳр алоқаманд буд. Дар асрҳои IV – V ин иртибот ҳанӯз боқӣ монда буданд. Дар нақши муқарнаси кошинкоришуда аҳ Яктои Антиохия (асри V) деҳқонон дар дарвозаи шаҳрӣ пурҷило инъикос карда шудаанд, ба ҷониби Антиохия барои ҷамъоварии “маҳсулот аз заминҳо” рафта истодаанд. Ахбороти Иешу Стилит (охири асри V) низ дар бороаи савдои деҳқонони гирду атроф дар бозори шаҳрӣ маълумот медиҳанд. Тавре қонунгузорӣ шаҳодат мекунад, на танҳо деҳқонони озод, балки колонҳо ҳам маҳсулоти худро дар шаҳр мефурӯхтанд. Ин гуфтаҳо ба савдои хусусии маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ аз тарафи заминдорони калон низ дахл дорад.

Барои рушди муносибатҳои молию пулӣ сатҳи баланди тақсимшавии (дифференсиатсияи) косибӣ дар шаҳрҳо аҳамияти калон дошт.Дар қисмати шарқии империя он нисбат ба Ғарб дар ҳаҷми камтар буда, ба меҳнати ғуломон асос ёфта ва аз бӯҳрони тарзи ғуломдории истеҳсолот камтара зарар дида буд. Дар ин ҷо сатҳи баландтари тахассусгардии баъзе вилоятҳои алоҳида ва мубодилаи нисбатан васекъи байни онҳо вуҷуд дошт. Ҳамаи ин рушди истеҳсолоти хонагӣ ва мулкиро бозмедошт,

Чун қоида, магнатҳои византиягӣ на дар мулк, балки дар шаҳр сукунат доштан ва танҳо баъзан ба мулкҳои деҳотии худ омаду рафт доштанд..Қасрҳои калони шаҳрӣ ва иморатҳои ашрофон бо хонаю манзилҳои сершумор, саисхона, ҳаммом, садҳо хизматгорон як навъ “шаҳр”-ро мемонданд, аниқтараҳ – маркази мулкҳои дар шаҳр воқеъбуда, ки ба ташкилоти музофотӣ (мунисипалӣ)тобеъ набуданд.

Вале ҷараёнёбии аграришавии полисҳои кӯҳна ба рушди истеҳсолоти молӣ бетаъсир намемонданд. Гарчанде дар музофотҳои шарқии империяи Рим дар асрҳои IV – V техникаи косибӣ дар сатҳи хеле баланд қарор дошт. Ашёҳои сершумори кофтуковҳои бостоншиносии даҳсолаҳои охир он хулосаро тасдиқ мекунад, ки дар ин вақт таназзули истеҳсолоти косибҷ идома дошт. Ин ҳолат на танҳо дар камшавии шумораи он ифода меёфт,балки дар пастшавии сифати маснуот низ ифода ёфта буд. Аз ҳам дуршавӣ дар байни сифати маснуоте, ки барои истеъмолкунандагони васеъ истеъмол карда мешуд ва онҳое,. . Пастшавии сифати коркарди ашёи хоми техникаи косибӣ дар асрҳои IV – V махсусан дар истеҳсолоти кулолӣ, шишабарорӣ. Коркарди филиз, истеҳсолоти бофандагӣ бараълотар намоён буд. Ҳамаи ин дар ороиши берунаи маҳсулот бараъло ба назар мерасид. Пастсифатӣ ва соддагии ин маҳсулот яке аз нишонаҳои хосу асосии рушди косибӣ дар асрҳои IV – V буд. Дар баробари ин, дар истеҳсоли номгӯи начандон зиёди ашёҳои карру фар сифати баланди коркарду ороиш бештар боқӣ монда буд.

Чунин ҷараёнёбиро мо дар истеҳсоли масолеҳи сохтмон низ мушоҳида карда метавонем.Сифати хишт, черепитса ва новаҳои кулолии об – маводе, ки барои истеҳсоли оммавӣ заруранд, пасттар мешавад. Дар баробари ин, қасрҳои императорӣ, муассисаҳои давлатӣ, қасрҳои ашрофон, биноҳои калисоҳое, ки дар асрҳои IV – V бино карда шуда буданд, мувофиқи ҳамаи қоидаҳои санъати меъмории замон сохта шуда буданд. – аз санги мармар, хишт ва ё болорҳои сангии хубу коркардшуда сохта мешуданд. Дар сохтмони ин иншоотҳо тахтасангҳои мармарии хеле шаффоф суфташуда ва сутунҳои яклухти мармарӣ истифода бурда мешуданд.

Агар як соҳа и косибӣ рӯ ба таназзул мениҳод, пас такмили соҳаҳои дигари он идома меёфт ва дар ҳолати рӯ ба рушд қарор дошт. Баъзе пешравиҳо такомул ва рушд коркарди санг ва мармар ба назар мерасид, ки дар ин кор барои ороишу нақшу нигор пармаи хурд истифода бурда мешуд. Усулҳои гудозиш ва коркарди пулод , суфта кунонидани маснуоти филизӣ беҳтар мешавад. Эҳтимол то дараҷае дар натиҷаи таҳким ёфтани робита ба Шарқ, техникаи истеҳсолоти газворҳо, тарзу усулҳои рангуборкунӣ ва истеҳсоли худи рангҳо пешравӣ дида мешуд. Иоанн Златоуст дар бораи ким – кадом дастгоҳи ҳаракатдиҳандадор (педалдор) нақл мекунад, ки ба воситаи он дар замони ӯ расмҳо дар дар либос нусхабардорӣ мекардаанд. Сифати баланди газворҳои тунуку шаффоф ва қимматбаҳои византиягӣ талаботро ба он дар мамлакатҳои Шарқ ва Ғарб хеле зиёд карда буд.

Такмил ва паҳншавии минбаъдаи механизмҳои гуногунро таъмин намуданд, ки дар замони антиқа маълум буданд: иншоотҳои обхоликунию оббардор, масалан, дар Мисру Сурия истифода бурда мешудагӣ ва осиёбҳои обӣ. Вале ҳамаи ин муваффақиятҳо дар соҳаҳои алоҳида дар заминаи пайваста заифшавӣ дар рушди косибӣ ва техникаи он ба амал меомаданд.

Косибии шаҳрӣ на танҳо ба талаботи шаҳриҳо, балки ба талаботи аҳолии деҳот низ хизмат мекард. Тавре ки Иоанн Златоуст менависад, дар асри IV агар оҳангар ба кишоварз, бел, поза (оҳани испор), дост, табар ва асбобҳои зиёди дигаре, ки барои кишоварзӣ заруранд, намедод, агар дуредгар барои ӯ омоч намесохт, юғ ва аробаи ғаллакӯбӣ, чармгар бошад, тасма тайёр намекард, онҳо ба кори худ тамоман машғул шуда наметавонистанд. Гарчанде ки дар асрҳои IV – V аҳамияти истеҳсолоти деҳотӣ ва ва мулкдорӣ то дарафае баланд мешавад ва деҳаҳои зиёд аз шаҳр кам истифода мебурданд, шаҳр мисли пештара дар таъминоти деҳоти гирду атроф аз маснуоти косибӣ мақоми муҳими худро нигоҳ дошта буд.

Яке аз гурӯҳҳои нисбатан сершумори косибон дар шаҳр устоҳо оид ба истеҳсоли масолеҳи сохтмон буд. Дар баробари ин дар асрҳои IV – V шумораи мутахассисон оид ба коркарди санг камтар шуда, вале шумораи косибони бинокор зиёд мешавад. Баъди ин гурӯҳи филизчиён – гудозандагон-қолабгарон, ба зами онҳо устоҳо оид ба истеҳсоли облулаҳои сурбӣ ва қисматҳо барои фаввораҳо, оҳангароне меистоданд, ки ба истеҳсоли олотҳои кишоварзӣ ва косибӣ месохтанд; мутахассисон доир ба коркарди тафсон ва хунуки филизҳо; аслиҳасозон – устоҳои ҷавшансоз ва тоскулоҳсоз, пайкон ва тири пайконсоз, шамшерсоз, ханҷарсоз, кордсоз, мехсоз, симсоз, қулфсоз, лаҷомсоз ва устоҳои зиёди дигар фаъолият мекарданд

Дар ҳаёти хоҷагии шаҳр истеҳсоли маснуоти сафолӣ – на танҳо хишт ва черепитса, балки зарфҳо низ нақши калонро иҷро менамуданд. Зарфҳои гилин – гулдон, коса, табақу лаълӣ, куза, хумҳо барои нигоҳдории озуқа (ғалла, шароб, равған), зарфҳои сафолӣ, шаъмҳо аз тарафи шаҳриён васеъ истифода бурда мешуданд – ҳам дар хонаҳои ашрофону сарватмандон ва ҳам дар хонаҳои камбағалон.

Дар шаҳрҳои зиёд истеҳсоли маснуоти шишагӣ рушд карда буд. Устоҳои шишабарор гурӯҳи махсуси косибонро ташкил менамуданд. Аксарияти куллии онҳо дар истеҳсоли зарфҳои шишагӣ, обдон, шиша барои омехтаҳои бӯи муаттардор тахассус доштанд. Зарфҳои шишагӣ нисбатан арзон буданд ва дар асрҳои IV – V бештар дар музофотҳои шарқӣ паҳн гардида буданд.

Дар шаҳрҳо бофандагони зиёд зиндагӣ ва фаъолият мекарданд: ба ин ҷумла дохил будандпашмтозакунандагон ва бофандагони касбу кори гуногун – бофандагон моҳут ва газворҳои зағирпоягӣ, тайёркунандагони матоъҳои дурушт барои қаиқҳои бодбондор ва халтаю ҷувол, инчунин атласбофҳо. Дар байни косибони шаҳрӣ рангуборчиён гурӯҳи намоён маҳсуб мешуданд. Рангубокунии яккаратаи на онқадар устувор ва бисёркаратаи газворҳо истифода бурда мешуд. Рангуборкунандагони византиягӣ устоҳои бомаҳорати кори худ буда, аз рангҳои маъданӣ (минералӣ) ва набототӣ истифода мебурданд.

Ба бофандагон наздик, дар баробари гилембофон, қамчинбофон ва арғамчинбофон меистоданд. Тайёркунии арғамчину лангар дар шаҳрҳои наздибаҳрӣ ва тиҷоратӣ касбу кори паҳнгардида буд. Муҳимияти истеҳсолоти чармтайёркунӣ аз ин пасттар набуд. Дар баъзе шаҳрҳо шумораи чармгарон ва уосибони мӯина хеле зиёд буд. Истеҳсолоти чармгарӣ, ба ҳар ҳол дар шаҳрҳои калон, хеле тафриқанок буд.

Дар ҳар як шаҳр косибони касбҳои нисбатан камнуфуз низ мавҷуд буданд: аттороне, ки молиданиҳои хушбӯй ва муаттар тайёр мекарданд, собунпазҳо, дорусоз, мирзоҳои нусхабардор ва ғайра.

Дар шаҳрҳо чеварон низ кам набуданд. Аксарияти аҳолии шаҳрҳо сару либосро на аз рӯи фармоиш медузониданд, балки аз дукондорон ва ё аз бозор дар шакли тайёр мехариданд.

Гурӯҳи хеле калони аҳолии тиҷоратию косибӣ ба таъминоти шаҳр аз сӯзишворӣ алоқаманд буд: сухан дар бораи дарахтбурҳо ва ангиштсангканҳо меравад, ки ҳезуму ангиштсангро тайёр карда ва ба шаҳриён оварда мерасониданд, онҳо инчунин ҳамомҳои ҷамъиятӣ ва нонпазхонаҳоро низ аз сӯзишворӣ таъмин менамуданд.

Дар натиҷаи ба шаҳрҳои калон омадани аҳолӣ аҳамияти савдогарони озуқа меафзояд. Онҳо дар ба шаҳрҳо кашонидани ғалла, еӯшт, равған, шароб, моҳӣ, сабзавоту меваҷот тахассус доштанд. Дар байни онҳо ҳам савдогарони яклухт ва савдогарони нисбатан хурд мавҷуд буданд, ки молҳои худро ҳамчун чакана мефурӯхтанд.

Фисади баланди сокинони марказҳои наздибаҳриро моҳигирон ва баҳрнавардон ташкил менамуданд.

Тахассусбандии қаблан ташаккулёфта дар шаҳру вилоятҳои алоҳида оид ба истеҳсоли маснуоти н ва молҳои муайя дар асрҳои IV – V ба нигоҳдории алоқаҳои пурҷӯшу хуруш дар байни шаҳр ва музофотҳои алоҳидаии империя мусоидат намуданд.

Миср ба навоҳии дигар ҳаҷми калони ғалла, газворҳои зағирпоягӣ, маснуоти шишагӣ ва папирус содир мекард. Осиёи Хурд равғани зайтун, шароб ва инчунин чарм, мӯина, оҳан ва маснуот аз онҳоро мебаровардпгӣ, газворҳои тунуки моҳутӣ аз Сурия, Финикия, Фаластин бошад бо гандум, равған, шароби хуштамъ, газворҳо, рангҳо, ашёҳои карруфар, махсусан бо маснуоти аз нуқра, ки ба шаҳрҳои калонтарини империя содир карда мешуданд, машҳур буд, соҳилҳои Финикия бошад, яке аз навоҳии моҳигириро ташкил менамуд. Юнон яке аз таъминкунандагони асосии шаҳрҳо аз асал ба шумор мерафт, ҷазираҳо – санги бинокорӣ ва мармар медоданд. Македония оҳан ва сурб, баъзан панирҳои гуногун ҳам ба фурӯш мебаровард Ҳатто Далматсияи дурдаст ҳам чӯби бинокорӣ ва оҳан содир менамуд.

Ба ростӣ, шаҳрҳои зиёди вилоятҳои дохилии империя ба савдои умумиимперӣ ва музофотӣ хеле суст ҷалб карда шуда буданд. Сарфи назар аз ин, роҳҳои асосии чорсӯи хушкигарди савдоӣ хеле обод буданд. Савдои баҳрӣ аз ин ҳам пурҷӯшу хуруштар сурат гирифта, бо савдои хушкӣ бомуваффақият рақобат мекард.

Муаррихи византиягӣ Ливаний дар бораи ватани худ–Антиохия чунин навиштааст: “Ҳар кадом киштии боркаше, ки ба ҳар тараф ба роҳ мебароянд, – ба Либия, Аврупо, Осиё, ҷазираҳо, қитъаҳо рафта, ва ҳамаи он чизи беҳтарине, ки дар он ҷойҳо мавҷуданд, ба ин ҷо меоранд ва мо аз осорҳои тамоми замин истифода мебарем.

САВДОИ ДОХИЛИЮ ХОРИҶИИ ВИЗАНТИЯ ДАР САМТҲОИ ШАРҚ ВА ҒАРБ

Роҳҳои баҳрӣ ва хушкӣ Сурия ва Фаластинро бо Искандария, шаҳрҳои Осиёи Хурд ва Константинопол мепайвастанд. Роҳи баҳрии рост Искандарияро бо пойтахт мепайваст. Мубаддалшавии Константинопол ба пойтахти империя аҳамияти роҳҳои тиҷоратии Осиёи Хурдро ва Балканро баланд кард. Роҳ ба Анқара Константинополро бо вилоятҳои дохилии Осиёи Хурд пайваст. Се роҳи асосӣ нимҷазираи Балканро бурида мегузаштанд: роҳ аз Виндобона (Вена) ба сарҳади Дунаи Ғарбӣ ба воситаи Сингидун – ба Константинопол; Вия Егнасияи машҳур, ки Балканро аз ғарб ба шарқ бурида мегузашт – аз Диррахия дар соҳилҳои Адриатик то Фессалоника ва баъд то Константинопол; роҳи сеюм аз Сангидун, қадқади қадқади соҳилҳои шарқии Балкан тулкашида аз ин камтар набуд. Дар асрҳои IV – V аҳамияти роҳҳои соҳилҳои ҷанубии баҳри Сиёҳ, ба музофотҳои шимолии Осиёи Хурд, ба Арманистон ва Қафқоз боз ҳам бештар мешавад.

Тавре ки аллакай гуфта шуд, ин вақт аҳамияти тиҷорати баҳрии нисбатан арзон ва бехатар беш аз пеш аҳамияти калон пайдо кардан мегирад. Яке аз марказҳои калонтарини дар он замон ҷазираи Кипр ба шумор мерафт, ки дар чорроҳаи асосии роҳҳои баҳрии ҳамдигарро бурида гузаранда воқеъ гардида буд. Шаҳри дигари киштисозӣ Искандария буд, ки дар ин истеҳсолот аз чӯби оварда истифода бурда мешуд. Киштиҳои зиёд дар дар бандарҳои Осиёи Хурд, Финикия, дар константинопол ва соҳилҳои Адриатик сохта мешуданд. Киштиҳои ғунҷоишашон гуногун мавҷуд буданд – аз киштиҳои дохилашон ҳамворе, ки дар масофаҳои начандон дуру кашонидани бори кам коромад буданд ва то киштиҳои бузурги ғунҷоишашон то даҳҳо тонна.Киштиҳои андозаашон миёна одатан аз 60 то 100 белзан дошт.

Чун қоида, тоҷирон соҳибони киштиҳо набуданд. Соҳибони киштиҳо (навикулярҳо) асосан бо кашонидани молҳо маҳдуд мешуданд, онҳо бисёр вақтҳо киштиҳои худро ба иҷора медоданд. Дар байни соҳибони киштиҳо намояндагони ашрофон кам набуданд. Соҳиби киштиҳои зиёд калисои Искандария низ ба шумор мерафт. Баҳрнавардӣ дар тули бештари сол давом мекард. Он танҳо аз миёнаҳои моҳи ноябр сар карда то 10 моҳи март – бо сабаби тӯфонҳои зимистона қатъ мегардид.

Дар нигоҳдории аҳамияти тиҷоратию косибии шаҳрҳои зиёди Византия воқеъ будани онҳо дар роҳҳои тиҷорати байналмилалӣ мавҷуд нақши калонро карда буданд. Константинопол “пули тиллоӣ” дар байни Шарқ ва Ғарб буд. Византия бо Арабистон ва шоҳигарии Аксум (Ҳабашистон), Эрон ва Ҳиндустон, Сейлон (ҷазираи Тапробан) ва Чин муносибатҳои тиҷоратӣ дошта, аз он мамлакатҳо маҳсулоти гуногун, аз он ҷуумла ба мамлакати худ газворҳои абрешимию пахтагӣ, пилла, қаламфур ва гиёҳҳои доруворӣ, устухони оҷ ва филизоти гуногун, қаҳрабо, сангҳои қимматбаҳо, бӯйнок ва рангкунанда, моддаҳои доруворӣ ва заҳр, мӯҳра ва дарахти сиёҳ ворид мекарданд.

Роҳи тиҷоратӣ Искандарияро бо Ҳабашистон ва Арабистон, Ҳиндустон ва Сейлон мепайваст, ба тарафи ҷануб – ба халиҷи Форс ва ба ҷониби Шарқ – ба Эрон мебурд. Шоҳроҳҳои Осиёи Хурд дорои аҳамияти калон буда, ба тарафи шаҳрҳои Байнаннаҳрайн мебурданд, ки ба воситаи он роҳи савдо ба ҷониби Осиёи Миёна ва Марказӣ, Ҳиндустон, Ҳиндустон тул кашида буд. Аз ин ҷо ба воситаи Эрон ва Суғд “роҳи абрешими” машҳур мегузашт. Роҳи корвонгузар аз Чин то Византия 10 ҳазор километрро ташкил мекард. Корвонҳо аз Чин ба сарҳадҳои Эрон дар зарфи 150 рӯз ва ба воситаи Эрон ба сарҳадҳои Византия дар зарфи 80 рӯз тай менамуданд. Марказҳои муҳими тиҷоратӣ бо Эрон шаҳрҳои Бобул ба шумор мерафтанд.

Нақши муайянро дар савдо бо Шарқ ба роҳҳое ҳам тааллуқ дошт, ки қадқади соҳилҳзои ҷанубии баҳри Сиёҳ воқеъ буда, ба Арманистон ва аз он ҷо ба роҳҳои тиҷоратии Осиё мебурданд. Тиҷорати аз ҳама пурҷӯшу хуруш дар шаҳрҳои сарҳадӣ сурат мегирифт, дар ҷойҳое, ки дар мӯҳлатҳои муқарраргардида тоҷирони Византия ва хориҷӣ вомехурданд.

Қисмати бештари молҳои шарқӣ ба Византия дар шакли ашёи хом ворид мегардид, ки баъд онҳо аз тарафи косибони шаҳрҳои Византия ба маҳсулоти тайёр мубаддал гардонда мешуданд. Устохонаҳои зиёд дар шаҳрҳои Сурия, Фаластин, Искандария ва Осиёи Хурд дар асоси ашёи хоми шарқии воридшуда кор мекарданд.

Ашёҳои карру фаре, ки дар устохонаҳои косибони Византия истеҳсол карда шуда буданд, на танҳо дар худи Византия, балки берун аз он ҳам харидорони зиёд доштанд. Аз Византия ба Шарқ ҳаҷми калони ғалла ва оҳан (махсусан ба Эрон), чарм ва маснуоти чармин. Газворҳои зағирпоягӣ ва моҳут, маснуоти шишагӣ ва шароб, моддаҳои мухадар ва папирус, сангҳои қиматбаҳо ва маснуот аз нуқра ва тилло содир карда мешуданд.

Робитаҳои савдоии Византия бо ғарби баҳри Миёназамини пурҷӯшу хуруш буданд. Дар асрҳои IV – V роҳҳои баҳрӣ Константинопол, Антиохия ва Искандарияро бо Италия – Неавпол ва Рим, инчунин бо Карфаген, Масилия ва Испания мепайвастанд. Ба Ғарби Византия роҳҳои тиҷоратӣ ба Балкан мепайвастанд: яке аз онҳо ба воситаи Фессалоника ба воситаи Диррахий ба бандарҳои Адриатик ва дигаре ба Италия рафта мерасид; роҳи дигар ба Сармий, ба Дунай ва вилоятҳои шимолии Италия мебурд.

Византия ба Аврқпои Ғарбӣ газворҳои шарқӣ ва чарм, шароби суриягӣ ва маснуоти нуқрагин, папирус ва маснуоти атторӣ, сангҳои қиматбаҳо, газворҳои абрешимӣ ва зағирпоя, маснуоти шишагӣ ва гулдузӣ мебаровард. Аз он ҷо филизот (аз он ҷумла нуқра ва қурғошим), чӯб – аз соҳилҳои Адриатик, асп – аз Испания. Дар роҳи ёфтани қалъагӣ тоҷирони византиягӣ то ба Британия ҳам рафта расида буданд.

Дар савдои Византия ҷои калонро савдо бо ҳамсояҳои шимолӣ ва Дунай – қабилаҳои варварҳо, инчунин савдо дар ҳавзаи баҳри Сиёҳ ишғол менамуд. Дар ин ҷо дар содиркунии Византия низ маҳсулоти тайёр ва маснуот афзалият доштанд: газворҳо ва ашёҳои гуногуни филизӣ, зебу зинат, ашёҳои бо карру фар, яроқ, инчунин ғалла, шароб, равған, моҳии намакхурда. Аз он ҷо ба Византия ворид карда мешуданд асосан чарм, мӯина, мум, чорво, асал ва моҳӣ. Дар савдои баҳри Сиёх дар асрҳои IV – V Херсон нақши калонро иҷро мекард. Натиҷаҳои ковишҳои бостонӣ дар бораи он шаҳодат медиҳанд, ки дар Херсон шароббарорӣ ва моҳигирӣ рӯ ба боло рафта будааст.

МУНОСИБАТҲОИ ПУЛИЮ МОЛӢ, АНДОЗБАНДӢ ВАМАХСУСИЯТҲО КОСИБӢ ДАР ВИЗАНТИЯ

Савдои дохилию хорҷӣ қисмати болоии тоҷирони Византияро сарватманд мегардонид. Даромад аз савдо аз ягон амалиёти савдоӣ аз 100 % камтар даромад намедод. Тоҷирони сарватманд дар ҳаёти иқтисодии шаҳрҳо ба мақоми баланд соҳиб буданд. Дар шаҳрҳои византиягии асрҳои IV – V судхурӣ ҳам нашъунамо ёфта буд. Фурӯши амволу ашёҳо, бисёр вақт фурӯши худи қарздоршудагон ба ғуломӣ дар он замон хеле паҳн гардида буд. Нашъунамои судхурӣ бо рушди тиҷорати калони дохилӣ ва байналмилалӣ дастгирӣ карда мешуд. Гирифтани қарз дар фаъолияти амалии судхурон, ки ба амалиётҳои калону фарогир даст мезаданд, як зуҳуроти муқаррарӣ буд. Дар асрҳои IV – V хариду фурӯши мансабҳо аз тарафи ашрофони нави ҳарбию амалдорие, ки аз оилаҳои на чандон бой баромада буданд, рӯ ба боло меравад. Ин ҳолат намояндагони зиёди мансабдорон, аъёну ашроф ва ҳарбиёнро ба муштариҳои доимии судхурон мубаддал гардонида буд. афзоиши талабот ба қарз, махсусан дар байни табақаҳои камбағалтарини аҳолӣ, ба болоравии фисад гардид, ки он дар асри IV баъзан то 50 % маблағи қарзро ташкил мекард.

Ба судхурӣ ашрофони заминдор ва калисо ҳам машғул буданд. Вале аксарияти судхурон ба табақаи болоии тиҷоратию судхурии шаҳрӣ тааллуқ дошт, ки қисми зиёди аҳолии савдоию косибии онро дар тобеияти худ нигоҳ медошт.

Муносибатҳои пулию молӣ дар Византияи дар асрҳои IV – V хеле рушд ёфта буданд. Қисме аз андозҳо ва пардохтҳоро ба заминдорон бештар дар шакли пул адо мекарданд. Ҳамаи андозу ӯҳдадориҳои косибон ва савдогарон низ аз тариқи пул пардохт карда мешуданд. Амалдорон, ҳарбиён ва хизматчиёни мунисипалӣ қисми зиёди маоши худро бо пул мегирифтанд; дар ҳамаи амалиёту қарордодҳо пардохтҳо ва ҳисобу китоби пулакӣ дар назар дошта буданд.

Исслоҳоти сикка, ки Константин дар шароити муайяни устувории ҳаёти иқтисодӣ дар нимаи аввали асри IV гузаронида шуд, ки он ба низоми асъори тиллоӣ асос ёфта буд, муваққатӣ мубодилаи пулиро мустаҳкам кард. Валу рӯ ба таназзул ниҳодани муносибатҳои молию пулӣ дар пайваста камшавии сикказани тангаҳои нуқрагӣ ва дар рушди тамоили дар ганҷ – вазни қиёсии тилло аз тарафи заминдорони калон барои тайёр кардани асбобу анҷоми рузғор, ҳайкалчаҳои тиллоӣ ва нуқрагӣ, барои ороиши калисою дайрҳо сарф карда мешуданд.

Менигарем ба масъала дар бораи моҳият ва ташкили косибии шаҳрӣ дар асрҳои IV V. Дар шаҳр, ҷое ки мумкин буд, меҳнати шумораи зиёди ғуломон ба кор бурда шавад, истеҳсмолоти майдамолӣ ҳукмронӣ мекард. Устохонаҳои хурду калоне, ки даромади калон медоданд, уситонахонаҳои ғуломмон танҳо дар шаҳрҳои калон мавҷуд буданд. Вале барои косибии византиягии барвақта, ки барои бозор кор мекард ва устохонаҳое, ки ба ягон қадар васеъ истифода бурдани меҳнати кироя асос ёфта буданд, хос нест. Устохонаи хурди барои он замон муқаррарибуда, ки дар он худи хуҷаин-косиб меҳнат мекард, ёрдамчии ӯягон нафар аз аъзхои оилаи ӯ буд – баъзан – ғулом, корманди кироя, шогирд.

Чун қоида, омӯзонидани косибиро аз овони кӯдакӣ оғоз мекарданд. Супоридан ба таълиму омӯзиш бо қарордоди махсус ба расмият дароварда мешуд. Шогирд метавонист ба назди омӯзгор биёяд ва ё дар хонаи ӯ зиндагӣ кунад. Вобаста ба ин волидони шогирд барои 1-2 соли аввали таҳсил ба омӯзгор маблағи муайянро пардохт мекард. Омӯзгор шогирдро таълим медод, мехуронид ва мепӯшонид (соле 1 хитон). Шогирд вазифадор буд, ки доимо дар назди устод бошад. Дар баробари ба даст овардани малакаҳои зарури корӣ (одатан баъди 1 – 2 сол) ӯ аз устод дастмузди баландтар мегирифт, ки он то охири мӯҳлати омӯзиш, баъди 4 – 5 сол, ба маоши корманди кирояшуда баробар шуда, ӯ барои сохтани устохонаи худ маблағ ҷамъоварӣ намуда, баъд ба мақсад расида, косиби мустақил мешуд.

Қисме аз косибон бо ҳуқуқи моликиятдор на танҳо соҳиби олоти меҳнати худ, балки соҳиби хона шуда. дар он кор мекард, яъне соҳиби дукони косибӣ мешуд. Устохонаи косибӣ эргастирий номида мешуд. Эргастирий одатан дар як вақт ҳам дукон буд ва ҳам устохона вҷа ҳам манзили усто. Устоҳои зиёд манзил ва устохонаи худро надошта, дар хонаҳои иҷорагирифта зиндагию кор мекарданд, ки онро аз шаҳр ва шахсҳои хусусӣ иҷора гирифта буданд. Бисёр вақт соҳибони устохонаҳо заминдорони шаҳрии бойе буданд, ки онҳоро ба ба косибон иҷора дода буданд. Ҳамин тавр тифоқ меафтод, ки дар як хона якчанд косиби ихтисосҳои гуногун зиндагӣ ва кор мекарданд. Нарху навои хонаҳо дар шаҳрҳои калон хеле баланд буданд, аз ин рӯ, қисме аз косибон, ки имконияти иҷораи устохонаҳоро надоштанд, дар кулбаҳои назарногире, ки дар кӯча ва айвону долонҳо (портикҳо) сохта шуда буданд, зиндагию кор мекарданд.

Косибон молҳои худро барои бозор ва фармоиш тайёр мекарданд. Дар истеҳсоли молҳои арзони “истеъмоли васеъ” кор барои бозор афзалият дошт ва дар тайёр кардани асбобу анҷоми рӯзғор ҳиссаи кор аз рӯи фармоиш меафзуд. Ҳатто косибони осудаҳол на ҳама вақт имконият доштанд, ки аз ашёи хоми худ маснуотро аз рӯи дархости сарватмандон ва калисо тайёр кунанд. Кор дар хонаи фармоишгар хеле васеъ паҳн мегардад, барои ин ба ихтиёри усто миз ва манзил дода мешуд.

Ҷараён ёфтавни омадани косибон аз полисҳои начандон калон, ки рӯ ба таназзул оварда буданд, ба марказҳои нисбатан калонтари тиҷоратию косибӣ, метавон гуфт, ки онҳо дар ин ҷо истеҳсолоти майдаро пурзур карда, рақобатро дар байни меҳнати озод ва ғуломон тезутунд кард. Ҳар хеле ки набошад, дар касбҳои “паст”-е, ки барои бозори маҳаллии шаҳрӣ маснуоти арзон истеҳсол мекарданд, дар асрҳои IV – V эҳтимол меравад, ки аз назари иқтисодӣ бефоида будани истифода бурдани меҳнати ғуломон фаҳмида мешуд. Ба ҳақиқат наздик аст, ки дар истеҳсоли молҳои рӯзғор, ки ба шаҳрҳо ва музофотҳои дигар, инчунин ба бозорҳои беруна бароварда мешуданд, меҳнати ғуломон хеле васеътар истифода бурда мешуд.

Ғуломони косиби хусусӣ ва ҳатто дар шаҳр баъзе заминдорони осудаҳол низ устохонаҳои хусусӣ доштанд. Вале куриалҳо чунин ғуломони хонагидошта хеле кам вомехурданд. Косибии хонагӣ дар манзилҳои мулкдорони калони шаҳрӣ ва заминдорони сарватманд хеле зиёд паҳн гардида буд. Дар ин ҷо ҳам баъзе ғуломон-косибони касбу кори гуногунро дидан мумкин буд ва ҳам устохонаҳои бутун, асосан устохонаҳои бофандагиро. Ин устохонаҳои ғуломон, пеш аз ҳама, ва асосан талаботи хоҷагии хонаи магнатро иҷро менамуданд. Вале қисме аз зарурати худро ба ин ва ё он маснуот хонаи шаҳрии магнат бо моли аз бозор харидоришуда, инчунин иҷрои корҳои зарурӣ киро кардани устоҳо қонеъ мекунонид. Ҳатто дар мулкҳои бойтарин меҳнати устоҳои кироя истифода бурда мешуд, аммо на танҳо ғуломон.

Устохонаҳои даромад дар асри IV ва махсусан дар асри V ба калисо тааллуқ доштанд. Гузариши косибон ба клир, рафтани онҳо ба дайр ба болоравии косибии калисою даврӣ мусоидат кард.

Устохонаҳои нисбатан калон дар шаҳри византиягии барвақта устохонаҳои давлатӣ ва императорӣ буданд, ки дар асри IV хеле зиёд сохта шуда буданд. Қариб ҳамаи онҳо дар пойтахт ва дар баъзе шаҳрҳои дигари калони империя воқеъ гардида буданд. Қисми зиёди кормандони устохонаҳои давлатӣ, махсусан бофандагӣ, ғуломон буданд.

Дар бисёр мавридҳо устохонаҳои давлатӣ дар маънии аслиаш истеҳсолоти калон набуданд: бисёр вақт дар онҳо косибон дар хонаю устохонаҳои худ сукунат дошта ва кор карда, ашёи хоми марбута гирифта, ҳар кадоми онҳо теъдоди муайяни маҳсулотро истеҳсол мекард ва онро ба давлат месупорид ва давлат ба усто музди меҳнати ӯро дар шакли аслӣ (натура) ва пулӣ пардохт мекард..

Дар шаҳрҳо, ки ҳам сиккахона, ҳам устохонаҳои аслиҳабарорӣ ва ҳам устохонаҳои бофандагӣ доштанд, шумораи чунин косибони ба давлат тобеъкардашуда мумкин буд хеле зиёд бошад. Дар баробари он ки давлати чи тавр як қатор соҳаҳои косибиро инҳисор карда, ба таъмин намудани эҳтиёҷоти артиш ва дарбор вобаста намуд, аҳамияти истеҳсолоти давлатӣ меафзояд. Ҳамин тавр буд, истеҳсоли аслиҳа, оҳиста-оҳиста ҳамаи аслиҳасозон ба фабрикаҳои (fabricae) давлатӣ ва аслиҳахонаҳо вобаста карда шуданд. Истеҳсол вҷа тайёркунии рангҳои арғувонӣ, рангубори арғувонии газворҳо инҳисори давлатӣ ба шумор мерафтанд.

Дар ҳаёти шаҳр мақоми муҳим дар истеҳсолот, ки таъминоти шаҳрро ба ҷо меовард, пеш аз ҳама нонпазхонаҳо, инҳисори давлатӣ буд. Дар пойтахт, ки як қисми аҳолии он нони бепул истеъмол мекард, ҳам нонпазхонаҳои давлатӣ ва ҳам нонпазхонаҳои хусусӣ вуҷуд доштанд. Нонпазҳо нонҳои сифаташон гуногунро мепӯхтанданд , вале дорои вазн ва шакли муайяни дақиқро. Нони аз ҳама арзонтарин нони ҷавин буд, ки барои аксарияти шаҳриён хуроки асосӣ ба шумор мерафт. Нони тозаи гандумӣ қиммат буд. Нонро одатан дар нонпазхона мефурӯхтанд, ки он ҳамчун дукон хизмат мекард.

Дар шаҳр, махсусан савдоӣ, ошхонаю дуконҳои ғизо, саройҳо – меҳмонхонаҳои зиёд мавҷуд буданд. Муассисаҳои даромад дар шаҳрҳои калон биноҳои оммавӣ низ буданд. Дукону ошхонаҳо асосан на онқадар калон буда, дар он оилаи меҳмонхонадор кор мекард ва ба ӯ як-ду ғулои ва ё корманди кироя ёрдам мекарданд. Мағозаҳои калони монанд ба “хонаи ламп”-и машҳур дар константинопол, кам буданд. Тоҷирон одатан барои дукон дар ошёнаҳои якуми биноҳо манзил ба иҷора мегирифтанд, ки чунин биноҳо дар ҷойҳои серодами кӯчаҳо ё дуконҳои мунисипалӣ дар майдонҳои савдоӣ воқеъ гардида буданд. Савдогар ғуломи ёрдамчӣ дошт, ки супориҳои корчаллониро иҷро мекард. Овардани молҳо ба воситаи нақлиёти иҷора, аз тарафи кормандони кироя иҷро карда мешуд. Аз тарафи тоҷир киро кардани корманд, боркаш – зуҳуроти муқаррарӣ буд дар дар шаҳри Византияи барвақта.

Кормандони кироя ба сифати кормандони дар сохтмон, дар боғу полизҳои наздишаҳрӣ истифода бурда мешуданд. . Дар шаҳрҳои наздибаҳрӣ шахсони зиёди меҳнати кироя дар боркунию борфурорӣ аз киштиҳо ва ба киштисозӣ машғул буданд. Чун қоида, кормандони кироя баҳрнавардони сершумори марказҳои наздишаҳрӣ буданд. Белзанҳо дар киштиҳо асосан ғулоион буданд, гарчанде ки дар байни онҳо белзанҳои кироя низ вомехурданд. Қариб ҳамаи ин корҳо моҳияти мавсимӣ доштанд, ва дар мавсими зимистон одамони зиёд бе даромад мемонданд.

Қисми бештари аҳолии савдогару косибони шаҳрҳои Византия аз рӯи ихтисосашон дар ширкатҳо муттаҳид шуда буданд. Ҳатто дар шаҳри начандон калон ҳам. чун қоида, 15 – 20 ширкат мавҷуд буд, ки косибон ва савдогаронрои касбҳои нисбатан маъмул – кулолгарон. Бофандагон, чармгарон, рангуборчиён, мӯзадузҳо, чеварон, оҳангарон,устоҳои тиллою нуқракор, биносозон, атторон, нонпазҳо, . обчакор, соҳибони дуконҳои хӯрокворӣ, ошхонаҳо ва корвонсаройҳо, савдогарони ғалла, гӯшт, равған, шароб, сабзавот, моҳӣ, газвор ва либоси тайёр, намояндагони ихтисосҳои озод мавҷуд буданд.

Дар аввал коллегияҳо иттиҳодияҳои ихтиёрӣ буданд, ки на барандаи номи истеҳсолию андозпардозӣ , балки моҳияти динӣ доштанд. Дар баробари шиддат гирифтани бӯҳрони ҷомеаи ғуломдорӣ дахолати давлат ва ҳокимияти мунисипалӣ ба фаъолияти коллегияҳо, ки дар асри IV ба авҷи тараққиёти худ расида буд, баландтар шудан мегирад. Ҳукумат беш аз пеш унсурҳои ширкатҳо ва масъулияти андозбандиро, ки ба косибӣ ҳамчун меросӣ вобаста карда буд, пурзӯр мекард.

Коллегияҳо косибони озодро, ки ба зимаи онҳо вазифаҳои муайян гузошта шуда буданд ва онҳо ҳуқуқҳои муайян низ доштанд, муттаҳид карда буданд. Фаъолияти ширкатҳо аз тариқи низомномаҳое, ки ин ҳуқуқу вазифҳо, муносибатҳои коллегиатҳоро бо ҳамдигар, харидорону супоришдиҳандагон, шаҳр ва давлат муқаррар мекарданд, ба низом дароварда шуда шуда буданд. Ширкатҳо мақомоти интихобӣ ва ё сарварони таъиншудаи худро доштанд, ки фаъолияти онҳо аз тарафи онҳо иҷро карда шудани ӯҳдадориҳо, ҷамъоварии андозҳои давлатиро ба зери назорат гирифта буданд. Ҳолати ширкатҳои гуногун якхела набуд. Аммо дар ҳар ҳолат онҳо вазифадор буданд, ки пардохти андози (хрисаргираи) “тиллою нуқраги”-и соли 314 ҷорикардаро таъмин намоянд ва ӯҳдадориҳои мунисипалию давлатиро иҷро кунанд.

Ширкатҳои Византияро ба якчанд гурӯҳ тақсим кардаанд. Пеш аз ҳама, ширкатҳое, ки косибонро аз устохонаҳои давлатӣ муттаҳид карда буданд. Чунин косибон ба касби худ якумра тобеъ карда шуда буданд ва ин вобастакунӣ меросӣ буд.Ба баъзеи онҳо – монетарияҳо, аслиҳасозон тамға зада шуда буд: дар дасти онҳо бо мӯҳри оҳанини тафсон аломатҳои махсус – стигматҳо сӯзонида мешуданд. Дар сурати фирор кардани ин устоҳзо онҳоро боздошта, ва бармегардонида мешуданд. Косибони давлатӣ аз андозу ӯҳдадориҳо озод карда шуда буданд. Сарварии устохонаҳои давлатиро амалдор ва нозироне ба зима доштанд, ки аз тарафи ҳукумат таъйин карда шуда буданд.

Баъди ин бояд ширкатҳое ном бурда шаванд, ки косибони соҳибистиқлол муттаҳид карда буданд: ба ҷои пардохти андозҳо ва иҷрои ӯҳдадориҳо онҳо бояд як қисми маҳсулоти истеҳсолкардаи худро ба давлат супоранд.

Вобастакунии меросӣ ва назорати сахти давлатӣ на танҳо ба косибон, балки ба ихтисосҳои тиҷоратӣ низ дахл дошт. Соҳибони – навикулярияҳо дар ширкати алоҳида муттаҳид карда шуда, вазифадор буданд, ки дар тули вақти муайяни сол борҳои давлатиро ба пардохти маблағи паст кашонанд.

Дар асри IV назорати давлат ва ҳокимияти мунисипалӣ аз болои ширкатҳои муҳимтарин, ки шаҳрҳоро аз маҳсулоти асосии хӯрокворӣ , – ба ширкатҳои нонпазҳо, сабзавотпарварон, боғдорҳо ва ғайра пурзӯр карда мешавад.Одатан шахсони мансабдори олии чунин ширкатҳоро ҳукумат ё ҳокимияти маҳаллӣ таъйин мекард.

Ширкатҳои боқимонда нисбатан озодтар буданд. Онҳо сардорони интихобшудаи худро доштанд. Фаъолияти онҳо аз тариқи оинномаҳои муқаррар карда шуда буд. Дар ин кор маҷлисҳои косибон мақоми калонро соҳиб буданд. Аз ширкат баромадан ва ба он дохил шудан ихтиёрӣ буд. Назорати давлатӣ ва мунисипалӣ бо пардохти андозҳо ва иҷрои ӯҳдадориҳои дар назди давлат ва мунисипалӣ (хизматрасонии ҳатмии ройгон ба давлат, супоридани шумораи муайяни маснуот ё озуқа, иштирок дар корҳои давлатӣ, қабули ҷанговарон дар хона барои зист ва ғайраҳо) маҳдуд карда шуда буд.

Баъзе савдогарон ва косибон дар ширкатҳо муттаҳид нашуда буданд; ҷамъоварии андозҳо ва рӯёнидани ӯҳдадориҳоро дар ин маврид давлат мувофиқи ҷои истиқомат иҷро мекард.

Ҳайати иҷтимоии аҳолии шаҳри Византия дар асрҳои IV – V ниҳоят гуногунтаркиба буд. Табақаи сершумори он, ки дар зинаи поёнии норбони иҷтимоӣ қарор дошт, ғуломон ташкил мекарданд. Шумораи ғуломоне, ки дар соҳаи косибӣ шуғл меварзиданд, хеле зиёд буд. Меҳнати оммаи ғуломони шаҳрӣ дар соҳаи хизматрасонӣ низ истифода бурда мешуд. Тавре як куриали кирена бо номи Синесийи византиягӣ менависад, “Дар ҳамаи оилаҳое, ки осудаҳол буданд. ғуломон дастурхон (миз)-ро мепароянд ва дар болои он ғизо муҳайё месозанд, , хӯрок тайёр мекунанд, шароб ба қадаҳҳо мерезанд…замбарҳоро мебаранд”. Одамони бойтарини шаҳриҳо – сенаторҳо, ашрофон, қумандонҳои ҳарбӣ, куриалҳои бой дорои қисми зиёди ғуломон буданд. Дар хонаҳои шаҳрии онҳо то чкчанд садҳо ва баъзан то ҳазор нафар ғуломон ҳам мавҷуд буданд, аксарияти онҳо аз навкару нукарон иборат буданд. Гарчанде, ки шумораи умумии ғуломон дар шаҳр муттасил кам мешуд. ба ҳар ҳол ғуломон аз 10//1 то аз 4/1 ҳиссаи аҳолии шаҳрро ташкил менамуданд.

Табақаи нисбатан сершумори шаҳриҳо плебейҳо, сокинони озоди шаҳр – люмпен-пролетарҳо, косибон, заминдорони калони шаҳрӣ ба ҳисоб мерафтанд. Аҳолии плебей бо гуногунии худ апз дигар гурӯҳҳо тафовут дошт. Аз як тараф, табақаи плебейҳои бемоликият ва камбағал, камбағалони шаҳрӣ, аз тарафи дигар, – гурӯҳи начандон калони судхурон ва савдогарони бой фарқ карда меистоданд.

Барои ҳаёти шаҳрҳои Рими Шарқии асрҳои IV – V болоравии люмпен-пролетарҳо хос аст, ки аз ҳисоби сабақаҳои бойҳою калисо, даромади тасодуфӣ ва дуздӣ руз мегузарониданд. Вале дар Византия анъанаҳои люмпен-пролетарӣ ягон хел мустаҳкаму устувор набуданд. Дар ин ҷо ҳеҷ вақт дидгоҳ нисбат ба меҳнат ҳамчун шуғли носазовор барои одами озод паҳн нагардида буд. Муаллифи маълуми асар бо номи “Мактубҳои Адриан”, ки ба Искандария ҳанӯз дар оғози солшумории мо омада буд, он чиз ниҳоят ҳайрон кард, ки “ҳама кор мекунанд, вале ҳеҷ кас осудаҳол зиндагӣ намекунад”. Иоан Златоуст менависад, ки ба меҳнати ин хизматгорони камбағал “ҳам бинокорони хонаҳо ва ҳам кишоварзон ва ҳам баҳрнавҷардон эҳтиёҷ доранд. Тавре, ки барои сарватмандон майдонҳои кишт, биноҳо ва сарчашмаҳои дигари даромад, пас барои камбағалон тани худ, ҳамаи даромади онҳо – аз дастони худ ва на аз ягон ҷо бештар”. Эҳтимол, дар “кори “сиёҳ” – дар кишоварзӣ, сохтмон, дар боркунӣ ва борфурорӣ дар баробари меҳнати ғулом меҳнати кироя низ васеъ истифода бурда мешуд.

Вале дар шароити рушди истеҳсолоти майда имконияти бакорбарии меҳнати кироя дар косибӣ низ маҳдудият дошт.Аз ин рӯ, камбағалони зиёд барои рӯзгузаронӣ маблағ намеёфтанд. Иоан Златоуст дар бораи анбӯи гуруснагоне, камбағалони урёне сухан меронад, ки дар кӯчаҳои шаҳрҳо истиқомат доранд дар ҷоҳои пиёдагарди кӯчаҳо, назди деворҳои биноҳо мехобиданд. Ин табақаи қашшоқу бекори норозиро қисми болоии сарватманди шаҳрӣ, мехуронид. Харидорӣ мекард в ба манфиати худ истифода мебурд.

Дар асрҳои IV – V оммаи асосии аҳолии плебейҳои шаҳрӣ косибон ва савдогарони майда ташкил менамуд. Қисмати зиёди онҳо аз ҳисоби меҳнати худ рӯз гузаронида ғулом надоштанд. Моликияти шахсии косиб олотҳои начандон мураккаби меҳнат буданд, ки онҳоро чун гавҳараки чашм муҳофизат мекард. Ҳамаи ашёҳо оилаи ӯ аз деге, ки хурок мепухтанд, зарфҳои кулолӣ ва латтапораҳое, ки рахти хобро ташкил медоданд, иборат буданд. Либоси ягонаи плебей куртаи оддии кӯтоҳиу тунуки газворӣ буд. Кӯдакон бепойафзол мегаштанд. Хурок ниҳоят камбағалона буд: лубиёгӣ, сабзавот, нони ҷавӣ, дар шаҳрҳои наздибаҳрӣ – моҳии арзон – чунин буд номгӯи ғизои ҳаррӯзаи косибон. Онҳо на ҳама вақт имконият доштанд равғани зайтун харидорӣ кунанд, гӯшт бошад, таоми лазиз шуморида мешуд. Аз субҳ то шом кор карда, онҳо барои мавҷудияти худ базур қути лоямут меёфтанд. Акрияти чунин одамон ягон хел пасандоз надоштанд, ва нобасомониҳои хурдтарини зиндагӣ ба хонахароб шудани оилаи плебей таҳдид мекарданд.

Дар асри IV вазнинии андозҳо вазъи зиндагии плебейҳоро ниҳоят паст мекард. Махсусан ба он хрисаргир бори гарорн буда, оназ ҳамаи онҳое ситонида мешуд, ки ба ягон хел косибӣ ё кори дигар машғул буд. Хрисаргир, ки ба давлат даромади бузург медод, плебейҳоро дар ҳолати қашшоқӣ нигоҳ медошт. . Аз замони ҷорӣ кардани хрисаргир аз тарафи косибон ва савдогарони хурд фурӯхта шудани кӯдакони худ ба ғуломӣ зуӯуроти паҳншудатарин мешавад. Дар асрҳои IV – V қарзҳои напардохта аз рӯи хрисагир афзоиш меёбанд, ва рӯйхати дуру дарози қарздорон дарҳои аксарияти дукон ва устохонаҳоро зебу зинат медоданд.

Дар баробари хрисагир, ба аҳолии тиҷоратию косибии шаҳр ҳамаи вазнинии доимо афзояндаи ӯҳдадориҳо дар назди давлат ва мунисипалӣ бор карда шуда буданд. Курияҳои шаҳрӣ кушиш ба он мекарданд, ки қисми зиёди хароҷот ва корҳоро оид ба қонеъ кардани эҳтиёҷоти умумишаҳрӣ ба зимаи ширкатҳо бор кунанд. Дахолати маъмурияти ашрофӣ ва курияҳо ба фаъолияти ширкатҳо андозаҳои ниҳоят васеъро ба миён овард. Вазъи воқеии доираҳои болоии савдоию судхурии шаҳрҳои Рими Шарқӣ ҳокимияти худро дар ҳаёти иқтисодии шаҳр то як дараҷа мустаҳкам кард.

То асри IV нақши пешбарандаро дар шаҳр доираҳои болоии заминдорон – ашрофони мунисипалӣ ишғол мекард. Акнун бошад, курияҳо ба думравони дастгоҳи империи амалдорону бюрократӣ мубаддал гардида, қариб дар ҳамаи масъалаҳои фаъолияти худ он ба ҳоким ва маъмурияти ашрофӣ вобаста буд. Куриялҳои муфлисшуда кушиш ба харҷ медоданд, кушиш ба харҷ медоданд, ки қисме аз вазнинии ба зиман аҳолии шаҳр боршударо гирифта партоянд Сӯиистеъмолкунии куриалҳо, пурофатии онҳо, ва порагирӣ ба ҳолати доираҳои плебейии шаҳр таъсири калони манфӣ мерасониданд. Ба гурӯҳҳои алоҳида ҷудошавии (дифференсиатсияи) молумулкӣ ва дохилии табақаи куриалҳо пурзӯр мешавад. Сарватмандон ва шахсони бонуфуз кушиш мекарданд, ки ӯҳдадориҳои нисбатан муфлискунандаро ба зимаи на он қадар сарватманд бор кунанд ва ин муфлисшавии чунин одамонро метезонид.

Дар тули асри IV қисми асосии куриалҳо камбағал шуда, ба қашшоқони куриалӣ мубаддал гардида, бо мушкилии зиёд бори гарони ӯҳдадориҳои мунисипалиро мебардоштанд. Аз тарафи дигар, қисмати болоии куриалҳо ташаккул меёбад, ки ба таври пурра дар шӯроҳои шаҳрӣ ҳукмрон буданд ва пайваста ба заминдорони калон ҳамроҳ мешуданд, дар ҳоле, ки боқимондагон аз рӯи ҳолати моликиятдории худ беш аз пеш ба плебейҳо наздик мешуданд. Это ҷараён дар натиҷаи он васеътар шудан мегирад, ки барои пурра кардани одамон аз курияҳо ҳукумат ба онҳо ба таври васеъ куриалҳои осудаҳолро ворид месохт. . Шумораи беш аз пеши куриалҳо аз вазифаҳои даст кашида, ба сафи ширкатҳои савдоию косибӣ дохил мегардиданд.

Ҳамин тариқ, дар асрҳои IV – V дар Византия заифшавии ашрофони мунисипалӣ – яке аз табақаҳои асосии синфи ҳукмрони ҷомеаи ғуломдорӣ – ба амалме омад. Куриалҳои як вақтҳо дорои имтиёзҳои каклон, акнун барои напардохтани андозҳо ва ӯҳдадориҳои мунисипалӣ дар назди мардум бо қамчинҳои курачадор қамчинкорӣ мекарданд. Дар яке аз шаҳрҳо чунин куриал, ки ба фаъолият намудани ҳаммоми ҷамъиятӣ масъул буд, бо сабаби надоштани маблағ худаш оташдонро гирён мекард ва худаш муштариёнро шустушу мекард.

Дар полисҳои моҳиятан нимаграрӣ дар баробари таназзули табақаи куриалҳо ҳаёти мунисипалӣ низ бозистода буд. Дар шаҳрҳое, ки ғолибан моҳияти марказҳои савдоию косибӣ доштанд дар ҳаёти шаҳрӣ мақоми калон ба доираҳои болоии савдоию судхурӣ мегузашт. Дар шаҳрҳои калон, дар баробари нуфузи қисмати болоии савдоию судхурӣ таъсири магнатҳои заминдон афзун мешавад.

Гурӯҳи ба онҳо наздикро амалдорони сершумор ва ҳарбиён ташкил менамуданд, ки аз имтиёзҳои калон баҳравар буда, ва аз ӯҳдадориҳои мунисипалӣ озод буданд. Дар натиҷаи ислоҳоти охирҳои асри II – IV дастгоҳи маъмурию молиявӣ ва қӯшун хеле афзоиш меёбад. Ашрофони сершумори музовотӣ пайдо мешаванд. Шаҳрҳои калон ба марказҳои музофотҳо табдил меёбанд. Мулкдорони маҳаллии мунисипалӣ, аз он ҷумла куриалҳо ҳам, ҳайати мансабдорон ва қумандонҳои қушунро пурра мекарданд.

МАҚОМИ КАЛИСО ДАР ҶОМЕА ВА ҲАРАКАТҲОИ ИҶТИМОӢ ДАР ВИЗАНТИЯ

Калисо аз ташкилоти антиқии мунисипалӣ озод буд. Ҳолати имтиёзноки рӯҳониён ба намояндагони зиёди он имконият фароҳам меовард, ки амвҷоли худро нигоҳ дошта, ва машғулиятҳои пештараи худро идома диҳанд. Дар байни иерархҳои калисоӣ заминдорон бой ва ашхосе, кидар гузашта ба косибӣ ва савдо машғул буданд, кам набуданд. Рӯҳониён дар асрҳои IV – V дар ҳаёти иқтисодӣ ва сиёсии шаҳрҳо нақши калонро иҷро мекардагӣ шуданд, ки аксарияти онҳо марказҳои епархияҳо ҳам буданд.

Дар тули замони баррасишаванда вазифаҳои зиёди андозҷамъоварии курияҳо ба дастгоҳи амалдорон мегузаранд. Ҳукумат ба ин кор то чанде ба таври васеътар мулкдолрони озоди шаҳрӣ, калисо ва клирро ба баррасӣ ва қабули қарорҳо дар бораи корҳои шаҳр ҷалб мекардагӣ мешаванд. Ҳамин тариқ, мақоми нави худидоракунӣ (бештар на мунисипалӣ, балки маҳаллӣ) – маҷлиси намояндагони аъёну ашроф, сенаторҳо, амалдорон ва ҳарбиёни дар истеъфобуда, заминдорони дар шаҳрҳо сокинбуда, куриалҳо ва рӯҳониён ташаккул меёбад. Аз охирҳои асри IV роҳбарӣ ба корҳои мунисипалӣ беш аз пеш дар ихтиёри епископҳо ва аъёну ашрофи маҳаллӣ марказонида мешавад.

Қадами муҳим дар дар ин самт дар соли 368 таъсис намудани институти (идораи) дефенсорҳо – “ҳимоятгарон”-и аҳолии шаҳр буд. Дефенсор магистрати аввалини мунисипалӣ буд, ки на аз ҷумлаи куриалҳо, балки аз ҷумлаи намояндагони аъёну ашрофи маҳаллӣ интихоб карда шуда ва аз тарафи ҳукумат тасдиқ карда мешуд. Ӯ бо мурури замон вазифаҳои хеле васеъ – назоратӣ, додгоҳӣ (юрисдиксияи хурд), фиксалӣ (сиёсати андоз), пулисӣ (назорат ва роҳбарӣ ба пулиси мунисипалӣ) мегирад. .

Ба ҳаёти маҳаллии шаҳр, ки маркази эпархия нисбатан зичтар бо калисо алоқаманд буд. Муассисаҳои калисо корхонаю муассисаҳои аромаднок месохтанду ташкил мекарданд, ба савдо машғул мешуданд, додгоҳии худро доштанд , танхоҳ мегирифтанд. Дар баробари рӯ ба таназзул ниҳодани курияҳо маҳз калисо, ки дар савдо ба мақоми калон соҳиб шуда буд, ҳукумат назоратро ба бозори шаҳрӣ танзим мекардагӣ мешавад.. Калисо беш аз пеш ҳуқуқи назорат аз болои соҳаи маорифро пайдо мекунад. Ба ивази шаклҳои кӯмаки мунисипалӣ ба шаҳрвандон эҳсонкории калисо ба миён омад, ки ба таълимоти масеҳӣ дар бораи раҳму шафқат асос ёфта буд. Аз маблағҳои худ ва садақаи калони шахсони алоҳида, калисо камбағалон, хонаҳои мусофирон, гурезгоҳҳо барои пиронсолон ва беморон, беморхонаҳо, таваллудхонаҳо ва хобгоҳҳо барои хурдсолонро дастгирӣ мекард. Калисо дар мушоҳида барои ҳолати тозагии шаҳрҳо, хизмат дар таъмини доруворӣ иштироки ҳалкунанда пайдо мекардагӣ мешавад. Он инчунин ғамхорӣ дар бораи ободонии шаҳрҳоро низ ба зима гирифт.

Дар шароити мубориза бар зидди бутпарастӣ ва ҳаракати мулҳидон, баъзе чораҳои ҷазодиҳӣ низ ба ихтиёри калисо мегузаранд.. Бо мурури замон епископҳо ҳуқуқ ба додхлҳиро ба даст медароранд – дар мавридҳое, ки корафтодагон хоҳиш дошта бошанд, ки парвандаҳои онҳо дар чунин додгоҳҳо баррасӣ карда шаванд. Ихтилофҳои зиёд, ки қаблан дар курияҳо, аз тарафи магистратҳо. синдикамҳо баррасӣ карда мешуданд, акнун маҳз дар додгоҳи епископҳо мавриди баррасӣ қарор мегирифтанд.

Аллакай дар асри IV епископ ҳуқууи ба ҳукуматдорони шаҳрвандӣ ва худи император дар бораи корҳои ҷамъиятию дунёвӣ муроҷиат карданро пайдо менамоянд. Ба даст даровардани ин ҳуқуқ то дараҷае епископи маҳаллиро бо курия дар ҳолати баробар мегузошт. Дар тули асри V епископ дар амал дар вазифаи роҳбари худидоракунии шаҳрӣ қарор дошт.

Таназзулёбии асосҳои бунёдии ғуломдорӣ дар шаҳрҳо дар шароити муборизаи тезутунди иҷтимоию сиёсӣ сурат мегирифт. Ғуломон на танҳо дар шӯришҳои халқие, ки дар шаҳрҳои калон рух медоданд, иштирок мекарданд, балки аз усулҳои хоси муборизаи худ бар зидди ҷанобон низ истифода мебурданд. Аз тарафи ғуломон кушта шудани хуҷаинони нисбатан золим, дастгирии варварҳо дар мавриди зада даромадан ва шаҳрҳоро ишғол кардани онҳо. фироркунии аз хуҷаинон, иштирок дар дастаҳои ғоратгар – аз ҳаминҳо иборатанд шаклҳои асосии муборизаи ғуломон дар ин марҳалаи таърихии Византия.

Зуҳуроти паҳншудатарин фирор кардани ғуломон буд. Ҳукуматдорони мунисипалӣ пайваста ба ҷустуҷӯи ва дастгиркунии гурезаҳо машғул буданд. Ғуломон беш аз пеш бо ҳамроҳии колонҳо, ки баромад мекарданд.

Ҳукумат ҳарҷониба кушиш мекард. ки ба ягон хел иштироки ғуломон дар ҳаёти иҷтимоӣ ва сиёсии шаҳрҳо роҳ надиҳад. Ҳаминтариқ, эдикт аз 11 сентябри соли 404 муқаррар карда буд, ки “Агар ягон ғуломдор дар пойтахт ба он роҳ диҳад, ки ғуломон дар ҷамъомадҳои манъшуда иштиорок кардаанд, ӯ бояд донад, ки барои ҳар иштироокчӣ дар ҷамъомадл 3 либрии тиллоӣ ҷарима пардохт менамояд, дар баробари ин худ аз худ маълум аст, ки ғуломон ба ҷазо гирифтор карда мешаванд”.

Яке аз қувваҳои асосии ҳаракатҳои иҷтимоӣ дар шаҳр оммаҳои плебейҳо буданд. Сарчашмаҳои ин давра дар бораи шаклҳои гуногуни ин ҳааркатҳо, ки дар норозигии табақаҳои поёнии шаҳриён ифода ёфта буданд, шаҳодат медиҳанд. Дар ин ҷо ҳам ошӯбҳои кормандони кироя ва ҳам косибон дар назар дошта шудааст: саркашӣ аз кор кардан, баъзан корпартоии ҳақиқӣ (чун корпартоии бинокорон дар сердах дар миёнаҳои асри V), ва қаҳру ғазаби кормандони устохонаҳои давлатӣ, ки баъзан ба шӯришҳои ҳақиқӣ табдил ёфта, баъзан ба ба хок яксон кардани устохонаҳо, қатли амалдорон онҳоро сарварӣ мекарданд ва посбонони онҳо табдил меёфтанд (чунин воқеаҳо дар асри IV дар сиккахона ва “фабрикаи” аслиҳасозҳои Искандария рух дода буд). Вале бо сабаби он, ки дар асрҳои IV – V оммаи асосии аҳолии шаҳрро косибону заминдорони хурд ва тоҷироне, ки дар зери бори вазнини андозу ӯҳдадориҳои вазнин хонахаробшуда ташкил мекарданд, ҳаракати шаҳриён асосан моҳияти зидди андозбандӣ равона карда шуда буданд. Баъди ҷорӣ карда шудани хрисаргир ошӯбҳо ва шӯришҳо бар зидди сиёсати андоз як зуҳуроти иҷтимоии муқаррарӣ мегардад.

Яке азбаромадҳои нисбатан калони мардум шӯриши соли 387 дар Антиохия буд, ки он дар натиҷаи ҷорӣ кардани андозҳои нав косаи сабри халқ лабрез шудан ба амал омадааст. Камбағалон мусаллаҳ шуда, қасри ҳокимро мусодимра карданд; қасри ӯро хароб карда, ҳайкалу суратҳои императорро несту нобуд карда, онҳо кам кардани ҳаҷми андозро тақозо намуданд. Дере нагузашта баромад бар зидди ҳукумат ба қаҳру ғазаби шӯришчиён бар зидди доираҳои болоии амалдорони маҳаллӣ сабзида мерасид. Мардум хонаҳои бойҳои антиохиро оташ заданд. Ин шӯриши стихиявӣ ва номуташаккил и оммаи халқи Антиохия. Ҳамин, ки ҳукуматдорони маҳаллӣ ва бойҳо аз ҳолати тарсу ваҳм ба худ омада, нерӯ ҷамъ карда ин шӯришро ғарқи хун карданд. Чунин баромадҳо дар чоряки охирини асри IV дар музофотҳои дигари шарқӣ низ ба амал омада буданд: мавҷи ошӯбҳою шӯришҳо зидди андоз то Константинопол, Фессалоника, Искандария рафта мерасанд. Онҳо дар тамоми асри V чунин баромадҳои мардум давом карданд; дар охири ин аср ҳақиқатан “ҷанги плебеӣ” (bellum plebeium) сар зад ва ҳукумат маҷбур шуд, ки хрисаргири хонумонсӯзро бекор кунад.

Ошӯбҳои ниҳоят фарогиру калон бар зидди қимматӣ ва исёнҳои гуруснагон буданд. Қаҳру ғазаби камбағалон бевосита ҳам ба муқобили қаллобон, ҳам ба муқобили ҳукуматдорони онҳоро пуштибон мекардагӣ ва ҳам амалдорон равона карда шуда буд. Масалан, дар соли 354 антиохиягиҳои аз қаллобӣ ва қимматӣ ба ғазабомада хонаи сарвари заминдорони маҳаллӣ Евбуларо ба хок яксон карданд: ӯ фирор карда, базӯр наҷот ёфт; ҳоким Феофил, ки бар зидди қаллобӣ тадбир андешиданӣ набуд, аз тарафи анбӯҳи одамон ба қатл расонида шуд.

Тавре, ки таърихи шаҳрҳои Фракияи асри V нишон медиҳад, аҳолии қашшоқи шаҳрҳо, кормандони устохонаҳои косибии давлатӣ дар якҷоягӣ бо ғуломон ба варварҳои ҳамкорӣ намуда, дар забт кардани шаҳрҳо ва ҷазо додани амалдорону заминдорон ёрӣ мерасониданд.

Норозигии аҳолии савдогару косибон аз вазъи худ, зулми андоз, бедодгарии мақомот ва курияҳорафтани мардум ба патронат, инчунин ба клир ва дайр инъикос гардидааст, ки дар он ҷо аз зери бори андозҳо ва суиистеъмоли ҳукуматдорон халос шуда, ба касби худ шуғл варзиданро идома медоданд.

Дар баробари ғалабаи масеҳият ҳаракати иҷтимоӣ дар шаҳр моҳияти ғояи динӣ мегирад ва он дар шакли ҳаргуна мулҳидӣ ифода меёёад; ғояҳои иҷтимоии масеҳияти барвақта парчами аксарияти онҳо буданд.

Кушиши куриалҳо, ки тарзи ташкилии мунисипалии антиқиро истифода бурда, некуаҳволии рӯ ба таназзулёфтаи худро аз ҳисоби плебейҳо боло бардоштан, ба муқобилият дар байни курияҳо – булэ ва “демос” оварда расонид. Дар мавриди ҷумбишҳои халқӣ куриалҳо руқшди воқеаҳоро интизор нашуда, аз шаҳрҳо ба мулкҳои худ мегурезанд. Мувофиқи гуфтаи Ливания, дар замони ӯ дар мавриди ошӯбҳои халқӣ ба куриалҳо, агар онҳо аз оташ наҷот ёфтан мехоста бошанд, пас “на пой”, балки бол доштан лозим буд. Оммаи плебейҳои шаҳрӣ аз курияҳо баромада, барои ҳимояи манфиатҳои худ шаклҳои нави ҳимояол ҷустуҷӯ мекарданд.

Аз замони аз байн рафтани маҷлисҳои халқӣ ипподром маркази ҷамъиятии шаҳр шуд, ки дар он ҷо иду ҷашнҳои расмӣ гузаронида ва қарору декретҳо эълон карда мешуданд. Дар ин ҷо тамошобинон аз тариқи додзанӣ муносибати худро нисбати сиёсати амалдорон ва ҳокимон, ба фаъолияти куриалҳо ифода менамуданд. Беш аз пеш дар атрофи базму тамошоҳо дао ипподром, махсусан ҳангоми мусобиқа бо аробаҳои дучарха як навъи хоси ҳизбҳои сиёсӣ – димҳо ташаккул ёфтан мегиранд.

Дар асрҳои IV- V шакли ҳаёти ҷамъиятию сиёсие, ки барои шаҳрҳои антиқӣ хос буда, ба муттаҳидшавии он дар атрофи курияҳо мусоидат мекард, тағйир меёбад. Дар баробари аз байн рафтани бутпарастӣ, эътиқодҳои (култҳои) маҳаллӣ ва мунисипалӣ низ аз байн мераванд.. Иду ҷашнҳои шаҳрӣ, ки бо базмҳои умумӣ барои дастгирии ватанпарастии мунисипалӣ низ моҳияти мурофиавии худро аз даст медиҳанд. Суханронии риторҳои шаҳрӣ дар байни омма дар мавзӯҳои ҷамъиятию сиёсӣ дар замони қаблӣ монданд. Театрниз аҳамият ва моҳияти ҷамъиятии ештараи худро аз даст медод. Фоҷеаҳо ва мазҳакаҳо дар он як вақтҳо ба саҳна гузошта мешуданд, дар дастгирии идеологияи полисӣ мақоми муҳимро соҳиб буданд. Дар асрҳои IV – V онҳо аз саҳна берун мемонанд. Онҳоро баромадҳои ҳунармандони имову ишора (мимҳо), найрангбозҳо, ҳзофизон, раққосон, акробатҳо ва ғайраҳо, яъне намудҳои нисбатан дағал ва соддауслубӣ фишор дода мебароранд. Дар ҳолати болоравии аксарияти аҳолии шаҳрӣ калисо бо ғояҳои умрашон ба охиррасидаи антиқӣ бомуваффақият рақобат карда, ба онҳо ғояҳои масеҳииитоату фурӯтанӣ, баробарии умумро дар назди худо ва ҳокимияти давлатӣ ва ғайраро муқобил мегузошт.

Аз бисёр ҷиҳат ба калисо муяссар гардид, ки ҳаёти маънавии шаҳрро ба зери назорати худ бигирад. Ба ҷои театр ибодатгоҳ омад: дар ибодат ворид кардани унсурҳои театрикунонидашуда, ороиши мусиқавӣ пурзур карда мешуданд. То охирҳои асри V суханрониҳои риторҳо бо пуррагӣ қатъ гардиданд. Онҳоро вазъгӯии калисо иваз кард.

Вале на ҳамаи шаклҳои ҳаётӣи ҷамъиятии шаҳри антиқӣ моҳияти дунявии худро аз даст дод. Аз ҷумлаи унсурҳои боқимондаи он, пеш аз ҳама, мусобиқа бо аробаҳои дучарха мебошад, ки дар Шарқ аз замонҳои қадим баропо мегардиданд ва дар асри IV махсусан оммавӣ мегардад. Афзоиш ёфтани аробатозӣ дар ин вақт вооқеан умумихалқӣ мегардад. Вақте ки мусобиқаҳои асптозӣ оғоз меёфтанд, калисоҳо хорлӣ мемонданд. Ипподром, ки дар он оммаи бузурги одамон ҷамъ меомаданд, тавре кеи дар боло гуфта шуд, ӣа маркази асосии фаъолнокии сиёсӣ мубаддал мешавад. Дар ин ҷо муборизаи гурӯҳҳои гуногуне сурат гирифта, онҳо мухолифатҳои гуногунро дар байни аҳолии шаҳр ва курияҳоро инъикос менамуданд.

Вале дар асри IV куриалҳо ва гурӯҳҳои дигари шаҳрҳо ҳанӯз бараъло ҳамчун нерӯи сиёсӣ ташаккул наёфта буданд. Гурӯҳҳои гуногуни куриалҳо ва ашрофони маҳаллӣ, ки ба онҳоро иҳотакарда такя мекарданд, люмпен-пролетарҳои хиёнаткор мубориза мебурданд. То охирҳои садсола ба ин мубориза доираҳои васеи плебейҳои аз вазъи мавҷудаи худ норизо кашида мешаванд. Дар баробари таназзули аҳамияти курияҳо, ки дар атрофи худ табақаҳои дорои плебейҳоро муттаҳид месохтанд, тақсимоти ҳизбҳои мубуоризабаранда ба гурӯҳбандиҳои заминдорӣ ва косибӣ ташаккул ёфтан мегиранд, ки вобаста ба манфиатҳояшон дар ин ва ё он лаҳзаҳо оммаи шаҳриҳо низ ба онҳо мепайвастанд. Муборизаи ҳизбҳои калисоӣ, ки то оғози асри V тавлид меёбад, аз ҳамин вақт сар карда яке аз махсусиятҳои хоси ҳаёти сиёсии шаҳр мегардад.

Дар баробари таназзули полиси антиқӣ симои берунии он ҳам тағйир медиҳад. Шаҳр хусусиятҳои хуби гузаштаи худро аз даст дода, хусусиятҳои нав пайдо мекард, ки онҳоро ба шаҳрҳои асримиёнагӣ наздик мекарданд. Ба ҷои муассисаҳои мунисипалӣ қасрҳои ҳокимон сохта, канселярияҳо амалдорони додхоҳӣ ва андоз, идораҳои ҳарбӣ, қасрҳои мулкдорони калони маҳаллӣ сохта шуда, дар маркази шаҳр қарор гирифта буданд. Дар ҷои ибодатгоҳҳои ва театрҳо калисоҳо бино карда шуданд. Вобаста ба мураккабшавии ҳолати ҳарбӣ принсипҳои кӯҳнашудаи ободонии шаҳр вайрон карда шудан гирифтанд. ТО асри IV қисми зиёди онҳо бо деворҳо иҳота карда шуданд. Ҳангоми азнавбарқароркунаии шаҳрҳои харобгардида пеш аз ҳама имконияти муҳофизати онҳо, дар он тарафи деворҳо ҷобаҷокунии тамоми аҳолӣ ба назар гирифта мешуд.

Беш аз пеш сохтани майдонҳои марказии ниҳоят васеъ ва хиёбонҳои ростхатаи кӯчаю хиёбонҳо қатъ мегардад. Онҳо бештар тангтар мешаванд ва биноҳо зичтар бунёд карда мешуданд. Иншоотҳои бинокории зиёди дар асри V дар шаҳрҳо саросемавор дар ҷойҳои танги барои дифоъ қуллай сохта шуда буданд ва на шаҳрҳои васеи антиқӣ, балки бештар шаҳр-қалъаҳои асримиёнагиро мемонданд.

test

Добавить комментарий