Фанни Таърихи Чахон(Умум)

Маориф ва илми Византия дар асрхои IV – VI

МАКТАБ ВА МАОРИФИ ВИЗАНТИЯ

Махсусияти муҳимтарини маорифи Византияи индавраинаро бояд дар бо беш аз пеш иваз намудани низоми маорифи аз замони эллинистӣ меросмондаи бутпарастӣ ба низоми нави маориф, ки дар зери сарпарастии калисо ба манфиати мутлақият ташкил карда шуда буд. Кушиши калисо баҳри решакан кардани таҳсилоти бутпарастӣ ва онро ба таҳсилоти масеҳӣ иваз намудан, дар айни замон калисо усулеро, ки дар тули садҳо соли антиқӣ ва юнонӣ ташаккул ёфта буд, қабул мекунад. Арбобони зиёди калисовии асрҳои IV – V дар мактабҳои бутпарастӣ таҳсил карда буданд. Ҳамин тариқ, “падарони калисо” Василий Кесарийский ва Григорий, ки епископи шаҳри Назианза (назд.330 — 389) буд дар мактаби бутпарастии Афина таҳсил карда ва баъдтар бар зидди хурофотпарастиҳои масеҳиҳо нисбати адабиёти антиқии мубориза бурдаанд. Ба Василий Кесарийский рисолае тааллуқ дорад, ки дар он аз тариқи иқтибосҳои сершумор исбот карда мешавад, ки адабиёти антиқӣ аз бисёр ҷиҳат аз масеҳият пеш гузашта буд ва ақлҳоро барои қабули он тайёр карда буд. Византиягиҳои масеҳӣ аз он мефахриданд, ки онҳо дар нисбати варварҳо мероси Элладаро маҳфуз нигоҳ доштаанд ва аз ин рӯ, худро “ромеягиҳо” меномиданд. Аз ин дидгоҳ, аз бисёр ҷиҳат ба анъанаҳои кӯҳнаи классикии калисои такя карда, Калисои Византия нақши муайяни мусбатро иҷро намудааст.

Мактабҳои нахустини масеҳӣ ҳанӯз дар замони таъқиботи масеҳият ташкил ёфта буданд, вале дар айни замон онҳо ин вақт метавонистанд танҳо бо мактабҳои бутпарастӣ рақобат намоянд. Дар асри IV ҳамлаи фаъолонаи мактаби калисо ба мавқеи мактаби бутпарастӣ оғоз меёбад.

Таҳсилоти ибтидоӣ аз омӯзиши имло (орфография), арифметика ва грамматика иборат буд, ки он маънои шиносӣ ба асарҳои муаллифониро дар назар дошт, ва пеш аз ҳама бо “Одиссея” ва “Иллиада”-и Гомер. Бо гузашти замон дар баробари асарҳои Гомер китобҳои Аҳкоми Кӯҳна ва Аҳкоми Навро мехондагӣ мешаванд ва махсусан Псалтирро ҳаматарафа иеомӯхтанд, ки он дар тули асрҳои зиёд китоби якум барои хониш натанҳо дар Византия,балки дар Рус ҳам ба ҳисоб мерафт.

Баъди зинаи умумии ибтидоии таҳсил таҳсил дар мактаби олӣ сурат мегирифт. Илмҳои дунявӣ, ки дар вақташ низоми онро ҳанӯз Афлотун (дар “Республика” – “Ҷумҳурӣ”) пешниҳод карда буд, дар мактаби олӣ омӯхта шуда, ба ду гурӯҳ тақсим мешуд, аниқтараш: 1) “тривиум”, ки ба он грамматика, риторика ва диалектика дохил мешуданд, ва 2) “квадривиум”, ки аз арифметика, мусиқӣ, ҳандаса ва ситорашиносӣ иборат буд. Вале дар дар мактабҳои илмии Византия ба соҳаҳои донише, ки ба ин силсилаи фанҳо дохил мешуданд, маҳдуд намешуданд. Ғайр аз ин фанҳо ҳуқуқ, тиб, инчунин илоҳишиносии масеҳиро низ меомӯхтанд.

Муассисаҳои таҳсилоти олӣ аз тарафи ҳокимияти императорӣ назорат карда мешуданд. Мактабҳои хусусӣ низ мавҷуд буданд. Мувофиқи анъанаҳо, омӯзиш шифоӣ сурат мегирифт, дарс аз тарафи омӯзгор бо гуногунрангӣ (импровизатсия) андохтан ба он сурат мегирифт. Тахминан то асри V усули бо овози баланд хондани матни омӯхташавандаи аз замони Юнони антиқӣ қабулгардида боқӣ монда буд. Танҳо дар асри V дар робита бо паҳншавии роҳибӣ, ки хомӯш мондани яке аз некукорони олимартабаи месеҳӣ, ба зерилаб хондан мебарад. Усули муҳимтарини таълим усули шарҳдиҳӣ буд, яъне асарҳои барои омӯзиш интихобгардида тавзеҳ ва шарҳу эзоҳ дода мешуданд. Дар мавриди гузаштани “тривиум”, ғайр аз достонҳои Гомер, фоҷеаҳои Эсхил, Софокл, Еврипид, таърихнигорон – Геродот ва Фукидад, суханварон – Исократ ва Лисия дар иқтибосҳо омӯхта мешуданд. Дар мавриди гузаштани “квадривиум” асарҳои риёзишиносон – Архимед, Евклид, табибон – Гиппократ ва Гален шарҳ дода мешуданд. Ба шарҳдиҳӣ калимаҳои алощида ё пораҳои матни омӯхташаванда тааллуқ доштанд. Дар Византия адабиётҳои гуногуни шаҳрдодашуда маҳз бо он сабаб ниҳоят зиёд паҳн гардида буданд, ки онҳо ба усули асосии таълим мувофиқат мекарданд. Ҳамин хел ҳам рух медод, ки хонандагон аз паси омӯзгор шарҳи ӯро (аз овоз) менавиштанд ва баъд онҳоро аз тариқи рӯйхат паҳн менамуданд.

Табиист, ки омӯзишгоҳҳои илоҳишиносии масеҳӣ ин усулро қабул карда, онро дар омӯзиши китобҳои аҳкоми Кӯҳна ва аҳкоми Нав, ки офаридаҳои “падарони калисо” буданд, мавриди истифода қарор медоданд. Асарҳои сешшумори хати асримиёнагӣ, ки асарҳои муаллифони антиқиро шарҳу эзоҳ медоданд, аз қабили Инҷил, рисолаҳои илоҳишиносии масеҳӣ, ёдгориҳои ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва динӣ, маҳз ҳамчун курси лексияҳо ба миён омадаанд.ҳуқуқшиносон барои дастгоҳи давлатӣ хеле зарур буданд. Ҳуқуқ дар мактабҳои Афина, Искандария ва Бейрут яке аз фанҳои асосии таълим ба шумор мерафт. Аз ҳама мактаби машҳуртарини ҳуқуқшиносӣ дар Бейрут буд, ки он дар асри V ба давраи нашъунамотарини худ муваффақ шуда буд. Асоси таълимро дар мактабҳои олии ҳуқуқшиносӣ омӯзиши матнҳои ҳуқуқшиносони замони классикӣ ташкил мекарданд. Ҳуқуқи ҷиноятӣ ва истеҳсолоти судӣ омӯхта намешуданд.. Услуби асосии таълим бо пуррагӣ экзегетӣ, яъне тавсифӣ буда, он иллати бетартибӣ ва нопуррагӣ дошт. Дар натиҷаи чунин таҳсилот донишҷӯён ягон хел малакаи амалӣ ба даст оварда наметавонистанд. Вале талабот ба ҳуқуқшиносони соҳибмаълумоту таҷрибаи амалидошта дар империя хеле зиёд буд, маълумоти ҳуқуқӣ дар хизмати давлатӣ низ зарур буд. Зарурати ислоҳоти таҳсилоти ҳуқуқӣ баъди корҳо оид ба рамзгузории ҳуқуқ дар аҳди Қстиниан он ба миён омад. Ин ислоҳот аз қатъиян манъ карда шудани ҳама чиз, ғайр аз Corpus juris civilis иборат буд. Акнун маҳз ҳуқуқи нави рамзгузоришуда фанни ягонаи таълимӣ мегардад.

Дар мактабҳои Константинопол ва бейрут 4-нафарӣ вазифаи профессори ҳуқуқ таъсис дода шуд. ба ҷои курси чорсола курси панҷсолаи таълим ҷорӣ карда шуд. Дар тӯли тамоми ҳузхур дар мактаби олӣ донишҷӯён танҳо Институтсияҳо, Дигестҳо ва Кодекси Юстинианро меомӯхтанд. Дар асоси барномаи нав донишҷӯёни курси 1-ум Институтсия ва чор китоби аввали Дигестро меомӯхтанд. Солҳои дуюм, сеюми ва чоруми таҳсил пурра ба аз бар кардани Дигест бахшида шуда буданд. Дар курси панҷум донишҷӯён Кодекси Юстинианро аз бар мекарданд. . Хатмкунандагони ин курс унвони фахрӣ prolytae “ озодкардагон” аз гӯшкунии лексияро мегирифтанд. Дар аҳди Юстиниан профессорҳои ҳуқуқ Феофил, Анатолий, Фалалей аз Константин аз Константинопол, Дорофей ва Исидор аз Бейрут ва Иоанн Схоластик аз Антиохия маъруфияти калон пайдо намуданд. Онҳо на танҳо дар рамзгузории ҳуқуқ, инчунин ба таври васеъ ба фаъолияти педагогӣ низ машғул буданд.

Ислоҳоти таълими ҳуқуқ, ки дар аҳди Юстиниан сурат гирифта буд, аҷаб нест, ки баъзе натиҷаҳои мусбат ба бор меоварад. На танҳо доираи омӯзиши масъалаҳои ҳуқуқ аз тарафи донишҷӯён васеъ шуд, балки тадрис нисбатан мушаххас гардида, ба зарурати амалияи ҳуқуқӣ наздик карда шуд. Бо сабаби он, ки ҳуқуқи амалкунандаи ягона Corpus juris civilis шуд, табиист, ки барои додхоҳи соҳибмаълумот ва ё сафедкунанда (адвокат) дар фаъолияти амалии ӯ бояд маҳз ҳамин Маҷмӯи қонунҳоро аз бар мекард.

Дар бораи таълими таърих ҳамчун фанни мустақил дар муассисаҳои таълимии Византия маълумоти мустақим қариб тамоман боқӣ намондааст. Таҳо Феофилакт Симокатта дар сарсуханаш ба рисолаи худ таърихро дар баробари фалсафа дар сафи ягонаи ҳқуқ гузоштааст ва ишора мекунад, ки таърихро омӯзгорон дар Донишгоҳи Константинопол таълим медодаанд. Дар бораи омӯзиши таърих дар муассисаҳои таълимии Византия мумкин аст дар асоси иқтибосҳои кӯтоҳи сершумор аз таърих, ки дар дастнависҳои асримиёнагӣ боқӣ монда, эҳтимол ҳамчун китобҳои дарсӣ хизмат мекарданд, баҳо додан мумкин аст.

Дар зери таъсири масеҳият на танҳо ақида низбати рисолати таърих, балки мазмуни рисолаҳо оид ба таърихӣ низ тағйир касб кард. Асоси омӯзиши таърихро Инҷил ташкил менамуд. Ба маводи аз аз Инҷил ба дастовардаашонро муаллифони масеҳӣ, ки ҳамзамон худро меросхурони Элладаи қадим мешумориданд ҳам асотирҳо, ҳам гуфторҳоро аз достонҳои Гомер, ва ҳам нақлу қиссаҳоро аз асарҳои фоҷеанависони қадим низ илофа мекарданд.. Иншои таърих дар асоси талаботи калисо ба рисола аз таърих ворид кардани маълумот дар бораи ҳамаи халқҳои дар он замон дохил карданро оварда расонид, ки онҳо баррасии тақдирҳои тамоми инсониятро аз офаридани асотирии ҳазрати Одамро дар назар дошт.

Донишҳо аз таърих дар Византия на танҳо дар худи рисолаҳо аз таърих ё дар солномаҳо паҳн мегардиданд. Тафсирот ба достонҳои Гомер, ба Инҷил ва асарҳои дигаре, ки византиягиҳо омӯхта буданд, маълумотҳои сершумори таърихӣ, номҳои шахсиятҳои асотирии воқеан мавҷудбударо дар бар гирифта, онҳо ҳамчун шахсони зинда тасаввур карда мешуданд. Яке аз усулҳои муҳимтарин ва нисбатан паҳнҳудатарин шарҳи матнҳои инҷилӣ муқоисакунии қиссаҳо (ё гуфторҳо) аз Аҳкоми Кӯҳна ба воқеаҳое буданд, ки дар Аҳкоми Нав ёдовар шудаанд.

Омӯзиши гузаштаи Эллада ва бо ҳам муқоисакунии таърихи Аҳкоми Кӯҳна бо Аҳкоми Нав ба паҳншавии ақида дар бораи ҷараёни таърих ҳамчун бемайлон ҳаракат кардани ҷомеа мусоидат намуданд.

Рушди илмҳои филологӣ ба талаботи маориф зич алоқаманд буда ва он асосан дар ҷараёни омӯзиш ва шарҳу эзоҳи асарҳои адабиёти антиқӣ ва баъдтар омӯзиши адабиёти масеҳии барвақта низ ба амал омадааст.

Мафҳуми “филология” дар Византия вуҷуд надошт. Зери мафҳуми грамматика дар маънии имрӯзаи ин калима на танҳо грамматика дар назар дошта мешуд, инчунин лексиография ва метрика низ дар назар дошта мешуданд. Рисолаҳои махсуси грамматикӣ вуҷуд доштанд. Рисолаҳои нисбатан муҳими онҳо аз тарафи Георгий Хировоска навишта шуда, ӯ оид ба грамматика дар Донишгоҳи Константинопол лексия мехондffcn. Лексияҳои Хировоска боқӣ мондаанд, ки дар онҳо асарҳои грамматикашиносон Феодосияи Fktrcfylhbqcrbq ва Дионисий Фракийский (асри I п.а.м.) шарҳ дода шудаанд. Ба Хировоска рисолае оид ба орфография низ тааллуқ дорад.

Таъсири Хировоска ба грамматикашиносони минбаъдаи Византия начандон зиёд буд, вақте ки аз рисолаҳои ӯ истифода бурда, олими юнонӣ Константин Ласкарис ба Италия кӯчида рафта, грамматикаи забони юнониро мураттаб месозад. Ғайр аз ин рисолаҳои грамматикии Иоанн Филипона ва тавзеҳои таърихию грамматикӣ ба Инҷил маълуманд.

Лексиографияии давраи мавриди баён он замон чун дар замонҳои пеш на онқадар соҳаи муҳим гардида буд. . Дар ин соҳа луғатҳои дузабона (юнону лотинӣ, лотинию юнонӣ, коптию юнонӣ) нисбатан сифати баланд дошта, мувофиқи талаботи алоқаҳои васеи байналмилалии империя тартиб дода шуда буданд. Инчунин луғатеро низ бояд ном бурд, ки гӯё дастнависи он аз они патриархи Искандария Кирилл бошад. Ин луғат дар асри V ва ё дар оғози асри VI дар асоси луғатҳои кӯҳнаи начандон машҳур мураттаб сохта шуда будааст. Дар тамоми тули замони Византия луғати Кирилл дар фаъолияти мактабҳо мақоми калонро соҳиб буда, дар коркард ва мураттаб сохтани китобҳои дарсии нав оид ба лексикология дастури зарур шуда хизмат кардааст.

Дар тули асрҳои IV- V дар қаламрави империяи Рими Шарқӣ марказҳои маорифи бутпарастӣ, ки дар асрҳои гузашта ба вуҷуд омада буданд, боқӣ мондаанд. Мактабҳои масеҳӣ бештар дар дар чунин шаҳрҳо, ба монанди Искандария, Афина, Бейрут, Константинопол, яъне дар марказҳои кӯҳнатарини саводнокӣ ба вуҷуд меоянд. Ҳамчун унсури сазовори таваҷҷӯҳ қайд менамоем, ки дар байни ду маркази машҳур табодули олимон низ вуҷуд дошт. маъумоте вуҷуд дорад, ки мувофиқи он ҳатто дар асри VI “конгресс” баргузор гардида будааст, ки дар он файласуфони Афина ва Фива бо файласуфолни Константинопол вохурда будаанд.

Дар асрҳои аввали мавҷдияти Империяи Шарқии Рим донишгоҳҳои кӯҳнаи дар замони антиқӣ ва ё эллинистӣ бавуҷудомадаи Афина ва Искандария ҳанӯз обрӯю эътибори баланди пешинаи худро аз даст надода буданд. Мақоми ин донишгоҳҳо дар давраи мавриди баррасӣ қароргирифта на дар рушди эҷодии илм, балки дар маҳфуз нигоҳ доштани мероси гузашта, дар додани фарҳанги Юнон ва Рими бутпараст ба насли нав иборат буд, ки он дар рӯҳияи таълимоти дини масеҳӣ тарбия ёфтааст. Афина шаҳрест дуртар аз вилоятҳое, ки дар дини масеҳӣ тавлид ёфта, дар муқобил ба шаҳри Искандария, ҷое, ки омӯзишгоҳҳои илоҳишиносии масеҳӣ ба вуҷуд омда буданд, пушту паноҳи охирини бутпарастӣ боқӣ монда буд. Дар Искандария аллакай дар асри II о номи самти искандариягӣ илоҳишиносии масеҳӣ ба миён меояд. Шаҳри Искандария ба сифати маркази ақлонии империя, нисбат ба Афина, баъдтар соҳиб мешавад. Эҳтимол меравад, ки маҳз бо ҳамин сабаб донишгоҳи Афина дар соли 529 аз тарафи Юстиниан баста мешавад, Донишгоҳи Искандария бошад,нисбатан ҳаётӣ баромада, он то аз тарафи арабҳо ишғол кардани ин шаҳр арзи вуҷуд дошт. Дар донишгоҳи Афина бештар фалсафа омӯхта мешуд. Дар Афина бошад, дар асрҳои IV – V чун пештара, на танҳо назм ва фалсафаи бутпарастӣ нашъунамо ёфт, инчунин риёзӣ, ситорашиносӣ, тиб ва илоҳишиносии масеҳӣ низ..

Беш аз пеш ҳам нерӯҳои беҳтарини илмӣ ва ҳам ҷавонони мактабхон ба донишгоҳи пойтахд, шаҳри Константинопол меомаданд, ки он сорҳиби имтиёзҳои махсус буд ва то оғози асри VI дар байни муассисаҳои таълимии касбии дигари империя дар ҷои аввал қарор гирифта буд.

Донишгоҳ дар Константинопол дар соли 425 бо фармони Феодосияи II таъсис дода шуда буд. Ин донишгоҳ вазифадор буд на танҳо олимон, балки амалдорони давлатиро низ тайёр намояд. Аз ҷумлаи профессорони донишгоҳ Георгий Хировоска ва Стефан Александрийский нисбатан маъруфтар буданд.. Ҳардуи онҳо унвони “омӯзгорони умумиҷаҳонӣ”-ро доштанд.

Маркази таҳсилоти ҳуқуқӣ дар шаҳри Бейрут то соли 551 вуҷуд дошт, вақте ки шаҳр дар натиҷаи заминларза ба хок яксон мегардад. Мактаби ҳуқуқшиносии Бейрут дар охирҳои асри II ё дар оғози асри III асос ёфтааст. Дар он тадрис бо забони лотинӣ сурат мегирифт, танҳо дар охирҳои асри V ба он забони юнонӣ роҳ меёбад. “Маҷмӯаҳои синоӣ” ном маҳфуз мондаанд, ки онҳо тафсирҳои профессорҳои бейрутӣ оид ба баъзе ёдгориҳои қонунгузории Римро ташкил менамоянд.

Яке аздонишгоҳҳои аввалини Византия донишгоҳ дар шаҳри Нисибиси Сурия буд, ки дар охирҳои асри V таъсис ёфтааст. Педагогҳои зиёди мактаби Эдес, ки он дар соли 489 баста шуда буд, ба донишгоҳи Нисибис ба кор омада буданд. Статаи (қонуни, низомномаи) Нисибис дар якчанд таҳрир боқӣ мондааст, ки он аз низомномаҳои маълуми донишгоҳҳои кӯҳнатарини оғози асрҳои миёна мебошад.

Ғайр аз марказҳои номбурдаи маориф, инчунин мактаби олӣ дар Эдесса, мактаби суханварон ва софистҳо дар Ғазза, омӯзишгоҳи тиббӣ дар Нисибис, омӯзишгоҳҳои масеҳӣ дар Кессария, Омӯзишгоҳи ҳанӯз аз тарафи Ориген дар шаҳри суриягии Амида вуҷуд доштанд. Аллакай дар оғози асри IV, бешубҳа, мактаби илоҳишиносии масеҳӣ дар антиохия вуҷуд дошт,вале маълумот дар бораи он ниҳоят каманд. Ба ҳар ҳол, тамоми далелҳои асоснок вуҷуд доранд гуфта шавад, ки дар ин ҷо кори таълим хеле хуб ташкил карда шуда будааст ва он “Мактаби Антиохия” номида шуда,самти он илоҳишиносии масеҳӣ будааст.

Гузориши маориф дар империяи Византия дар асрҳои IV VI дар вақташ дар ҷаҳон васеъ маълум буд ва дар баробари маориф дар давлати Сосониён яке аз беҳтаринҳо шуморида мешуд. Дар ин бора метавон мувофиқи суханҳои Кассиодор, шахси бомаърифат ва арбоби калонтарини давлатии королии Остготҳо баҳо дод. Он соли 535 ният доштааст, ки дар Рим чунин мактабе кушояд, ки амсоли мактабҳои Искандария ва Нисибис бошад. Вале ин ният амалӣ нагардид, вале баъдтар дар мавриди аз тарафи Кассиодор бунёд гардидани дайр бо номи “Виварий”, дар байни китобҳои дарсии китобе мавриди истифода қарор гирифт, ки аз тарафи Нисибис мураттаб сохта шуда ва аз забони суриягӣ ба забони лотинӣ гардонида шуда буд.

Барои бомувафақона рушд додани илм дар ҳар кадом марҳалаи таърихӣ китобҳо ва маҳфузгоҳҳои китобҳо заруранд. Дар садсолаҳои аввали асрҳои миёна маҳфузгоҳҳои китобҳо бо устохонаҳои нусхабардорӣ сахт алоқаманд буданд, чунки китобҳо асосан аз тариқи нусхабардор кардани онҳо дастрас карда мешуданд. Ба сифати маводи навишт папирус ва пергамент истифода бурда мешуд. Дар қмҳои Миср пораҳои зиёди китобҳои папирусӣ маҳфуз мондаанд, ки онҳо мазмуни дунявӣ ва ё динӣ дошта, боқимондаҳои китобхонаҳои шахсиро ташкил намудаанд. Дар байни дастнависҳои маҳфузмондаи пергамении ин давра бешатарашон матнҳои ибодатӣ мебошанд. Дар назди ҳамаи муассисаҳоли олии таълимӣ, дар дайрҳо ва калисоҳо китобхонаҳо вуҷуд доштанд. Аз ҷумлаи китобхонаҳое, ки дар византия дар асрҳои IV — VI ташкил карда шуда буданд, танҳо як китобхона зарар надидааст – китобхонаи дайри Екатеринаи Муқаддас дар Сино, ки дар он дастнависҳои замони хеле баъдина боқӣ мондаанд. Лекин маълум аст, ки китобҳо аллакай дар қасри Диоклетиани воқеъ ждар Никомилия мавҷуд буданд. Вақте ки баъдтар Константин пойтахтро ба соҳили Босфор овард, дар айвони қасри император китобхона ташкил карда шуда, ки дар он қариб ҳафт ҳаҳор китоб мавҷуд буд.

Мувофиқи фармони император Валента аз соли 372 чор мирзои забони юнонӣ ва се мирзои забони лотинӣ таъйин карда шуда буд, ки вазифаи онҳо нусхабардорӣ кардани дастхатҳо барои китобхонаи император буд. Ин китобхона 120 ҳазор ҷилд иборат буд Ба маврид аст зикр карда шавад, ки дар байни китобҳои гуногун дар қасри император рӯйхати достонҳои Гомер нигоҳ дошта мешуд, ки онҳо дар пӯсти мор бо ҳарфҳои тиллоӣ навишта шуда буданд. Ҳамаи ин боигарӣ соли 476 дар натиҷаи сӯхтор ба доми оташ меравад.

Китобхонаи машҳури Искандария то асри VI вуҷуд дошта, китобхонаи калонтарин ва ба таври беҳтарин фаъолияткунандаи замони эллинистӣ ба шумор мерафт. Маҳфузгоҳҳои хусусии китобҳо низ вуҷуд доштанд, масалан китобхонаи епископи Искандария Георгийи соли 361 ба қатлрасида, дар он китобҳо оид ба фалсафа, оид ба суханварӣ, таърих ва илоҳишиносӣ мавҷуд буданд, ё ки китобхонаи олим Тихика, ки он аз асосан аз рисолаҳо оид ба риёзиёт ва астрология иборат буд. Сарфи назар аз пораҳои хурд иборат будани маълумоти сарчашмаҳо, бо боварии том метавон гуфт, ки шумораи номгӯйҳои китобҳо, чӣ дар пойтахти империя ва чӣ дар шаҳрҳои музофотӣ хеле зиёд буд. Ин хулоса аз тариқи бозёфтҳои сершумори папирусии мазмуни адабидошта тасдиқ мегарданд.

Дар асри VI ба ивази маводи навишти нисбатан паҳншудатарини антиқӣ – папирус – пергамен ба миён меояд, ки бо ин сабаб шакли китоб ҳам тағйир касб мекунад. . Папирус дар муддати дуру дароз, то аз тарафи арабҳо ишғол карда шудани Миср барои навишти санаду ҳуҷҷатҳо, мактубҳо, барои навиштҳои таълимӣ истифода бурда мешуд. Вале аллакай дар асри VI китоб дар шакли навори папирусӣ ҷои худро ба кодексии паргаменӣ дод. Мутаассифона, дастнависҳои асрҳои IV – VI хеле кам боқӣ мондаанд.

Аз дастнависҳои ин давраина, ки то ба рӯзҳои мо омада расидаанд, кодексҳои Ватикан ва кодексҳои Инҷили Синай, инчунин нусхаи Диоскориди Вена, Ватикан (аз рӯи ҷои маҳфузмонӣ) ва Синай (аз рӯи ҷои маҳфузмонӣ) мебошанд. Ин кодексҳо ба миёнаҳои асри IV мансуб санагузорӣ шудаанд. Ҳарду дастнавис бо хати махсус дар пергамен навишта шудааст.

Дар китоби худ Vita Konstantini Евсевий маълумот додааст, ки император Константин дар соли 331 мефармояд 50 нусхаи Инҷилро нависанд, ки барои ибодат ба калисоҳои нав бунёдкарда фиристодан лозим буд. Аз ин 50 нусха танҳо ду нусха боқӣ мондааст – мушаххасан кодексҳои Ватикан ва Синай.Нусхаи Диоскорида, ки , ки дар Вена маҳфуз аст, тахминан соли 512 санагузорӣ шудааст. Он бо хати шикаста навшта шуда ва он бо минётураҳои аълосифат оро дода шуда, дар онҳо растаниҳое тасвир карда шуда будаанд, ки дар матн сухан дар бораи онҳо мерафт. Инчунин якчанд нусхаҳои Евангелия маълум аст, ки дар пергамени арғувонӣ бо оби тилло ва нуқра навишта шуда ва бо минётураҳо оро дода шудаанд. Ин нусхаҳо низ ба асри VI мутаалиқ санагузорӣ шудаанд.

РУШДИ ИЛМ ДАР ВИЗАНТИЯ

Ҳамаи соҳаҳои дониш дар Империяи Византия асосан мероси классикии Юнони эллинистӣ ва замони Римро рушд медоданд ва ба ин мерос самтнокии илоҳишиносӣ дода мешуд ва ё он мутобиқ бо таълимоти масеҳӣ аз нав коркард карда мешуд. Вале рушди назарияи илм аз ҳаракат бозмонд: охир асоси илми антиқиро фалсафа ташкил намуда, дар садсолаҳои аввали солшумории милодӣ он ҷои худро ба илоҳишиносӣ медиҳад. Бо сабаби он, ки ҷаҳонбинии асримиёнагӣ моҳиятан таълимоти динӣ буд ва қолаби шахшудамондаи калисо нуқтаи ниҳоӣ ва асоси ҳаргуна тафаккур мебошад, одатан илмҳои дунявӣ дар Византия, чун дар ҳама ҷо, дар аввали асрҳои миёна, рӯҳияи таълимоти диниро мегирифт. Маълумот дар бораи табиатшиносӣ, ҷуғрофия, риёзӣ ва таърихро бисёр вақт дар рисолаҳои динӣ ёфтан мумкин буд. Махсусияти илми онвақтаи Византия дар он низ ифода меёфт, ки чун дар замони қадим қариб ягон олим, дар маънии васеи ин калима, танҳо бо омӯзишу таҳқиқи ягон соҳаи илми алоҳида маҳдуд намешуд. Аксарияти онҳо оид ба фалсафа, таълимоти динӣ, риёзӣ, тиб, яъне, оид ба як қатор илмҳо машғул мешуд, ки баъдтар онҳо тафриқа мешаванд.

Рушди назарияи риёзӣ дар Юнон то бавуҷудоии Империяи Шарқии Рим бозмонда буд. Дар давраи мавриди назар риёзӣ мувофиқи талаботи амалӣ рушд мекунад. Ғайр аз ин, омӯзиш ва тафсири муаллифони қадим, махсусан Евклид ва Архимед идома дошт.

Ҳисобҳои риёзӣ дар ситорашиносӣ, ки дар баҳрнавардӣ ва муайян кардани санаҳои тақвимӣ, масалан, барои ҳисоби андозбандӣ, инчунин барои солшумории калисоӣ зарур буданд, истифода бурда мешуданд. Барои солноманависон муҳим буд, ки соли “офариниши олам”-ро муқаррар намоянд, ки ҳисоби солшумории таърихи дунявӣ ва таълимоти динӣ аз оноғоз мешуд. Ғайр аз ин, аз рӯҳониён талаб карда мешуд, ки санаҳои дақиқи воқеаҳои асосии ҳаёти Исо ( таваллуди ӯ, ғусли таъмид ва ғайра)-ро донанд, ки ибодат дар калисо ва идҳо ба онҳо мувофиқ карда мешуданд. Аз идҳои охирин муҳимтарин иди писҳо (пасха) буд: мувофиқ ба он рӯзҳои иди воқеаҳои зиёди соли калисоӣ муқаррар карда мешуданд. Усулҳои махсуси ҳисоби вақти ин иди нисбатан барумандтарини дар тақвими калисо инъикосёфта хеле мураккаб буд. Онҳо бо коркарди ҷиддии натиҷаҳои мушоҳидаҳои ситорашиносӣ алоқаманд буданд.

Риёзишиноси номвари ин замон Феон. Падари Илатии машҳур буд. ки рисолаҳои риёзии қадим ва онҳое, ки дар Искандария тадрис мекарданд, тафсир намудааст Файласуф – афлотунчии нав Прокл (асри V) тафсири рисолаҳои риёзишиносони қадимро таҳия намудааст Домнин (асри V) оид ба арифметика рисола навиштааст. Профессори донишгоҳи Константинопол Стефан Александрийский дар Искандария таҳсил карда, оид ба фалсафаи Афлотун ва Арасту , оид ба арифметика, ҳандаса, ситорашиносӣ ва мусиқӣ лексия хондааст.

Он чӣ ки ба истифодаи амалии донишҳои риёзӣ дахл дорад, пас дар ин масъала такмили устурлоби (астролябияи) Синесий Киренский, ки ӯ дар бораи ин асбоби барои баҳрнавардӣ муҳимтарин рисолаи махсусе ҳам менависад. Рисолаҳо дар бораи сохт ва истифодаи устурлоби аз тарафи Стефан Александрийскийи дар боло номбурдашуда ва файласуф, профессори донишгоҳи Константинопол Иоанн Филонов (охири асри VI) таълиф карда шудаанд. Ва, ниҳоят, бояд ду нафар риёзишиноси машҳури асри VI Анфимий аз Тралл ва Исидораи Милетӣ ном бурд, донишҳои худро дар соҳаи меъморӣ дар сохтмони ибодатхонаи Сафияи Муқаддас дар Константинопол истифода бурдаанд. Анфимий ба таҳқиқоти назариявӣ низ майлу рағбат дошт, ки исботи ин гуфта рисолаи ӯ дар бораи оинаҳои оташбор мебошад. Аз ин рисола танҳо пораҳои алоҳида боқӣ мондаанд.

Рисолаҳои олимон оид ба ҷуғрофия дар назари византиягиҳо танҳо тасвири заминҳое буд, ки аз тарафи муаллифони антиқӣ мураттаб сохта шуда буданд, масалан, Страбон. Ин рисолаҳо дар тули тамоми таърихи Византия омӯхта ва тасриф карда мешуданд. Вале барои зарурати амалии давлат , калисо ва тиҷорат рисолаҳои шакли дигаре мураттаб карда мешуданд, ки ба тасвиру тавсифи замин ва давлату халқҳои ба он замон муосир бахшида шуда буданд. Як қатор асарҳо ба тоҷирон тааллуқ доштанд, ки мамлакатҳои дидаи худро тасвир намудаанд ва маълумотро дар бораи роҳҳои тиҷоратӣ ҷамъоварӣ намудаанд.

Дар миёнаҳои асри IV аз тарафи суриягии номаълуме “Шарҳи пурраи олам ва халқҳо”-ро мураттаб месозад, ки он маълумот дар бораи мамлакатҳо ва халқҳои Шарқ, дар бораи марказҳои барои савдо ва иқтисоди империя нисбатан муҳимро дар бар мегирифт. Ин асар танҳо дар тарҷумаи лотинӣ боқӣ мондааст.

Дар байни рисолаҳои ҷуғрофияшиносон ва космографҳои Византияи барвақта аниқ аст, ки ҷои махсусро дар тули тамоми асрҳои миёна асари Косма Индикоплов “Топографияи масеҳӣ” мегирад. Ин китоб, чун ҳаёти муаллифи он, ҳаматарафа пурихтилоф мебошад.. Косма дар ҳудудҳои тамомшавии асри V ва оғози асри VI таваллуд шудаст.. Овони ҷавонии жудро ӯ дар корҳои тиҷорат гузаронидааст. Косма имкон надошт, ки таҳсилоти хуб ба даст оварад, вале ӯ мамлакатҳои бисёреро дидан кардааст Дар овони камолот ӯ дар Искандария зистааст ва баъдтар, эҳтимол меравад, ки ба яке аз дайрҳо дар Синай дохил шуда, онро хатм намудаст.

Дар баробари маводи аҷоиби воқеии ҷуғрофию этнографӣ, “Топографияи масеҳӣ”-и ӯ дар худ тасаввуроти космогонӣ ва фалсафиро дар бораи кайҳонро низ дар бар гирифтааст, ки онҳо ба таълимоти динии масеҳӣ мувофиқ карда шуда буданд. Дар ин кор ҳам сайёҳи мутаваҷҷеҳ, ҳикоякунандаи бомаърифат ба сатҳи дуртар гузашта, ҷои аввалро ба тахайюлоти бардуруғу бесавол ва роҳиби маҳдуд медиҳад. Дар “Топографияи масеҳӣ”-и худ Косма кушиш ба харҷ медиҳад, ки аз кайҳоншиноси (космогония) антиқӣ даст кашида, онро бо консепсияи инҷилии кайҳонӣ иваз намояд. Дар асоси Инҷил ва падарони калисо Косма низоми космографии масеҳии Птоломейро муқобил мегузорад. Таълимоти Птоломейро на танҳо нодуруст, балки зарарнок ва хатарнок мешуморад. Косма чунин мешуморад, ки Замин шакли пуфакмонанд надошта, мисли аробаи шалақи Ноев шакли чоркунҷаи ҳамвор дошта, онро уқёнус иҳота кардааст ва он бо осмони кайҳон, ки дар он ҷо “ биҳишт мавҷуд мебошад, пӯшонида шудаст.

Дар ақидаҳои фалсафию таълимоти динии Косма таълимоти динии асрҳои IV – V Феодора Мопсуэстийский, инчунин яке аз олимон мактаби илоҳишиносии несториании Нисиб – Мар-Аби (Патрикия) таъсир расонидааст. Чизи аз ҳама муҳим дар таълимоти Косма таълимот дар бораи ду ҳолат мебошад. Мувофиқи ақидаи Косма худованд ҷидду ҷаҳд ба он мекунад, ки хиради худ ва аҳамияти офаридаҳои худро арз бикунад, вале тафовут дар байни офаридгор ва офарида чунон бузург аст, ки паҳншавии бевоситаи хирадмандӣ баҳри офаридан имконнопазир мебошад. Аз ин рӯ, худованд ду ҳолатро ба вуҷуд меоварад: яке фонию бебақо ва охирин, пур аз ихтилоф ва бо санҷишҳо фарогирифта, дигараш – абадият ва комил. Бо дарназардошти ин таълимот Косма ба фаҳмиши духелаи (дуалистии) тамоми мавҷудоти олам меояд. Кайҳон ба ду олам тақсим мешавад – заминӣ ва осмонӣ, таърихи инсоният бошад – ба ду давра: оне ки аз Одам (Адам) оғоз меёбад, дигаре, ки — аз Исо. Ғалабаи Исо бар марг барои инсоният баҳри ба даст овардани некуаҳволии абадӣ кафолат медиҳад. Дар масъалаҳои таълимоти масеҳӣ тасаввуроти муаллифи “Топографияи масеҳӣ” ба тасаввуроти несторианӣ, ки таъсири он дар асарҳои ӯ хеле пурзӯр ҳис карда мешавад, наздикӣ дорад.

Ақидаҳои космографӣ ва илоҳишиносию фалсафии Косма аз тарафи файласуфи муосири Косма аз Искандария Филолон аз бисёр ҷиҳат муборизаи фалсафию илоҳишиносиро дар Искандарияи асри зарбаи қатъӣ мерасонад, ки ӯ ақидаҳои антиқиро нисбати кайҳон, ки аз Арасту бармеомад муҳофизат мекард. Мубоҳисаи тезутунд дар байни Косма ва Филолон аз бисёр ҷиҳат муборизаи фалсафию илоҳишиносииро дар Искандарияи асри VI ифода менамояд.

Барои он марҳалаи гузариш хос мебошад, ки Косма сарфи назар аз фанатизми масеҳӣ ва назари бадбинӣ ба илми эллинистӣ то дараҷае аз зери таъсири фалсафаи арастуӣ ва таълимоти стоикҳо берун монда натавонист.

Дар маҷмӯъ тасаввуроти космографии Косма нисбат ба низоми Птоломей қадаме ақиб буда ва ба рушди илм дар бораи кайҳон зарари бузург расонид. Дар асрҳои миёна “Топографияи масеҳӣ” аз бисёр ҷиҳат на танҳо дар Византия, балки ҳам дар Ғарб ва ҳам дар Руси Қадим ба таври васеъ паҳн мегардад. Нақлҳои пуробу ранги Косма дар бораи мамлакатҳои гуногун хондани асари ӯро пурзавқ мегардониданд. Маъруфияти “Топографияи масеҳӣ” аз бисёр ҷиҳат аёнияти ниҳоят аҷоиб, баъзан дар сатҳи бадеияти баланд – минётура ва расмҳое, ки онро оро медоданд, мусоидат менамуданд. Махсусан миётураҳои нусхаи ватикан машҳуранд.

То ҳол маълум боиси баҳс аст, ки кадом расҳоро дар нусхаи аслии “Топографияи масеҳӣ” мавҷуд буданд ва оё онҳоро худи Косма Индикоплов ё рассоми дигар кашидааст. Дар матни асари худ Косма на танҳо расмҳоро ном мебарад, балки онҳоро шарҳ медиҳад. Шояд ба ҳақиқат наздик бошад, ки тасвири каркадан, ҳайкалча дар қасри шоҳ Аксума ва баъзе расмҳои дигар ба худи муаллиф тааллуқ доштанд. Расмчаҳое, ки бу худи космография тааллуқ доранд, шояд аз Мар-Аби (Патрикия) табодул гардида бошанд. Дар ҳар ҳолате ки набошад, дар расмҳои Косма (ё рассоми дигар) таъсири намунаҳои беҳтарини мактаби рассомии Искандария – кошинкорӣ, сурати рӯидеворӣ, ҳайкалча дар хонаҳои зеризаминӣ ва иморатҳои асримиёнагӣ ҳис карда мешавад. Минётура ва расмҳои “Топографияи масеҳӣ”-и Косма дар санъати Византияи асри VI мавқеи калонро ишғол менамоянд.

Дар асри VI Иерокл тавзеҳои ҷуғрофии Империяи Шарқии Римро бо номи “Зувехсблуос” таълиф менамояд, ки дар он 64 музофот ва 912 шаҳр номбар карда шудааст. Ин рисола дар рушди ҷуғрофияи сиёсии он марҳала дорои аҳамияти калон буд. Баъзе маълумотҳои моҳияти ҷуғрофидошта дар асарҳои таърихии асрҳои V – IV вомехуранд. Масалан. дар асарҳои Прокопий маводҳои ниҳоят муҳим оид ба ҷуғрофияи империя ва заминҳои ҳамҳудуд бо он мавҷуданд, аз он ҷумла оид ба Африқо, Италия, Испания ва Англияю Скандинавияи дурдаст, дар бораи нимҷазираи Балкан, Кафқоз ва давлату халқҳои зиёди дигар.

Дар Византияи индавраина як қатор асарҳо оид ба зоология ва ботаника таълиф карда шудаанд. Дар онҳо ё аҷоиботи олами ҳайвоноти мамлакатҳои дурдаст, аз қабили Ҳиндустон инъикос карда мешуданд ва ё маълумоте ҷиҳати зарурати амалӣ таъиншуда баён ёфта буданд, ки ба соҳаи кишоварзӣ алоқамандӣ доштанд. Чунин рисолаҳои нисбатан барвақта асар дар бораи олами ҳайвоноти Ҳиндустон буд, ки онро Тимофей Газский ()асрҳои V – IV) таълиф намудааст. Аз ин рисола танҳо пораҳои алоҳида боқӣ мондааст, ки он дар асоси муаллифони антиқӣ — Ктесия (асрҳои IV – V п.а.м) ва Арриан (асри II милодӣ) асос ёфтааст. Дар асри II аз тарафи муаллифи номаълум шарҳи ба таври воқеӣ вуҷуд доштани ҳайвоноти фантастикиро тартиб медиҳад: он дар асрҳои миёна низ бо номи “Физиолог” ба таври васеъ паҳн мегардад. Баъдтар бо мақсади мутобиқ намудани ин асар ба идеологияи масеҳӣ тафсирҳо мураттаб карда мешаванд, ки мувофиқи онҳо ба ҳар ҳайвони шарҳдодашуда ҷанбаи рамзӣ мансуб гардонида мешавад. хосияту моҳияти баъзе ҳайвонот аз тарафи некӯкорони масеҳӣ муқоиса карда ё, баракс, аз тарафи ахлоқи масеҳӣ иллату гуноҳҳои инсонӣ маҳкум карда мешуданд.

Дар ин давра танҳо амалияи ботаника маълум буд. Рисолаи ягона дар бораи растаниҳо, ки дар Византия паҳн гардида буд, асари Диоскорида (асри II) буд, ки дар он растаниҳо аз назари истифодаи онҳо дар тиб шарҳи худро ёфтаанд. Дастнависи ин асар боиси таваҷҷӯҳи махсус аст, чунки он бо тасвироти воқеии растаниҳо таъмин карда шудаанд.

Шарҳи ҳайвонот ва набототи алоҳида низ дар баъзе рисолаҳои музмуни ҷуғрофидошта, масалан дар рисолаҳои Косма Индикоплов ё дар рисолаи муаллифи асри V Филисторгия мавҷуд аст, ки дар бораи ҷазираи Сейлон (Шри Ланки) навиштааст. Инчунин рисолаҳои илоҳишиносии “шашрӯза” низ машҳуранд. Онҳо чунин унвонро аз қиссаи инҷилӣ дар бораи аз тарафи худованд офарида шудани олам гирифтаанд. . Шашрӯзаи нисбатан маълум, ки аз тарафи епископҳо Василияи Кесарийский ва Григорий Нисский навишта шудааст, мебошад. Мақсади муаллифони ин асарҳо ҳамоҳанг сохтани тасаввуроти табиию илмии антиқӣ бо дини масеҳӣ буд. Барои ин зарур буд, ки ба мақсад мувофиқ будани олам, ки гӯё мувофиқи бо андешаи офаридгор офарида шудааст, тасдиқ карда шавад. Вале, сарфи назар аз самтнокии илоҳишиносии шашрузаҳо , дар онҳо маълумотҳо дар бораи олами ҳайвонот ва наботот, ки ба таҷрибаи бисёрасраи наслҳои гузашта, ба мушоҳидаи табиати зинда асос ёфтааст, маълумот мавҷуд аст. Вале ин маълумот, эҳтимол аст, ки аз муаллифони рисолаҳои муаллифони нисбатан қадимтар гирифта шуда, аз ин рӯ натиҷаҳои мушоҳидаҳои худи ӯ набуданд.

Кимиё (химия) дар асрҳои IV – VI нисбатан самаранок рушд карда буд ва дар маънии истифодаи амалии он – аз ин рӯ барои омӯзиши таърихи он дастурҳо муҳим буданд, ки онҳоро косибон дар истеҳсолоти худ истифода мебурданд. Мутаассифона, навиштаҷотҳои ин дастурҳо дар забони юнонӣ қариб боқӣ намондаанд. Танҳо дастурҳо оид ба баъзе рангкунандаҳо ва дорувориҳо боқӣ мондаанду бас. Сарчашмаҳои суриягӣ дар бораи мавҷуд будани дастурҳои махсус ёдовар мешаванд, ки аз онҳо косибон истифода мебурдаанд. Назарияи кимиё (химия) дар доираи алкимиё (алхимия) рушд мекард. Алкимиё илми сиррӣ ва муқаддас дар бораи табдили филизҳо (металлҳо) бо мақсади истеҳсол ва ҳаҷми нуқраю тилло, инчунин дар бораи санги фалсафӣ буд – воситаи мӯъҷизанок таъсирасонандае, ки гӯё филизҳои дигарро бояд ба тилло мубаддал мекард ва ҳамчун дору барои табобати ҳама бемориҳо ба кор рафта, ба дарозшавии ҳаёт мусоидат мекардааст. Дар Византияи барвақта, бегуфтугу, нишонаҳои махсус барои ифодаи моддаҳои кимиёвӣ мавҷуд буданд. Ин нишонашо моҳияти сеҳрӣ надоштанд, вале онҳо формулаҳои кимиёвии ба мо маълумро иваз менамуданд.

Дастовардҳои нисбатан аълодараҷаи кимиёи амалии он замон ихтирои оташи юнонӣ буд, ки дар муддати дуру дароз дар задухурдҳои баҳрӣ афзалият медод. Оташи юнонӣ дар Константинопол аз тарафи меъмори суриягӣ Калинник пешниҳод карда шудааст.

Дар асри VI шахсе бо номи Синесий аз Искандария тафсирро оид ба рисолаи Псувдо-Демократ ( асри III) менависад. Ба Стефани Александрийскийи қаблан дар болотар номбурда, дар баробари асарҳои дигар, рисола бо номи “Дар бораи истеҳсоли тилло” тааллуқ дорад. Стефен Александрийский ҳамчун асосгузори алкимиё маъруф аст. Ба ӯ чор шоири алкимиё шамроҳ мебошад – Илиодор, Феофраст, Иерофей, Архелай, ки дар асарҳои худ рисолаҳои ӯро такрор кардаанд. Рисолаҳои алоҳидаи алкимиёвиро инчяунин ба император Юстиниани I ва Ираклий нисбат медиҳанд.

Асоси донишҳои тиббиро дар тули тамоми мавҷудияти Империяи Византия рисолаҳои ду табиби бузурги қадим — Гиппократ (назд.460 – 377 п.а.м.) ва Гален (солҳои 131 – 201) хизмат мекарданд. Иқтибосҳо аз рисолаҳои ин ду муаллифи антиқӣ ба куллиёти нав мураттабсохта дохил гардида ва онҳо дар нусхаҳои гуногун боқӣ мондаанд.

Дар замони эллинистӣ шумораи хеле зиёди дастурҳо оид ба тиб мураттаб сохта шудааст, ки ин ҷо баъзе муҳимтарини онҳоро ном мебарем. Ба асри VI фаъолияти табиб Оривасия (солҳои 325 — 403), дӯсти императори Юлиани Муртад мансуб аст; Оривисий зери унвони “Дастур барои табиб” маҷмӯаи нишондодҳои муҳимро аз рисолаҳои тиббии беҳтарини антиқиро мураттаб месозад.

Дар асри VI аз тарафи табиб аз Амида, ки дар Искандария таҳсил карда будааст, оид ба тиб рисолае иборат аз 16 китоб менависад. Аэтсий табиби масеҳии аввалин мебошад. Ин маълумот бевосита дар китоби ӯ зикр ёфтааст. Масалан, мувофиқи ақидаи табиб, барои бадар кардани чизҳои бегона аз гулӯ маслиҳат дода мешавад, ки кас бояд ба Власияи Муқаддас муроҷиат намояд.

Ҳамаи рисолаҳои номбурда моҳияти компилятивӣ (такроркунии дигарон) дошта, муаллифон танҳо ба дастовардҳои тибби антиқӣ баъзе мушоҳидаҳоеро ҳамроҳ мекарданд, ки ба аломатҳои бемориҳо ва дорушиноси (фармакология) дахл доштанд

ФАЛСАФАИ НАВАФЛОТУНИИ ВИЗАНТИЯ

Ба тафаккури фалсафии асрҳои IV VI Византия ду самти асосӣ холс аст: навафлотунӣ ва фалсафаи масеҳӣ, ки бо номи патристикаи (ватанпарастии) шарқӣ маълум буда, дар ин давра дар марҳалаи ташаккулёбӣ қарор дошт. Фалсафаи навафлотунӣ дар асрҳои III – II ташаккул ёфтааст, намунаи беҳтарини идеализми объективӣ ва мистикаро мемонд. Навафлотунӣ дастоварди калони охирини фалсафаи бутпарастии антиқӣ мебошад. Барои намояндагони асрҳои II – III, ки ба ин ҷумла Саккас, Плотин, Порфирий, Ямвлих мансуб мебошанд муносибати шадиди душманона нисбат ба масеҳият хос аст.. Сарфи назар аз ин, навафлотунӣ яке аз сарчашмаҳои ташаккулёбии фалсафаи масеҳӣ мегардад.

Навафлотунчигӣ дар асрҳои IV-VI инъикоси қонунияти тағйирёбии идеологии замони худ мегардад. Аз ин рӯ, дар мавриди омӯзиши он мо бояд ба пайвандияти андешаҳои фалсафии навафлотуни замони мазкур, инчунин ба муносибатҳои байниҳамдигарии ин андешаҳоро бо догматикаи мӯътакиди масеҳӣ ва баъзе нуқтаҳои таълимоти масеҳии барвақта таваҷҷӯҳ зоҳир намоем.

Навафлотунии асрҳои IV- VI дар шароити ниҳоят фавқулодда рушд кардааст. Дар асри IV дини масеҳӣ дар Византия ба дини ҳукмрон мубаддал мешавад. Сиёсати марказонидан ва бюрократикунонии дастгоҳи давлатиро пешгирифтаи Константин ва Констансия ва сиёсати барҳамдиҳии худидоракунии полисӣ дар баробари ҷидду ҷаҳд баҳри ташкили идеологияи ягонаи динию фалсафии расмӣ ба амал бароварда мешуд, ки дар он фалсафа ба илоҳияти масеҳӣ тобеъ карда шуда, он дар заминаи яккахудоӣ асос ёфта буд. Вазифаи ин идеология ба масеҳият дода шуда буд. Дини бутпарастӣ ва фалсафаи антиқӣ, ки дар худ теизм (таълимот дар бораи як ибтидо доштани тамоми ҳасти)-ро бо пантеизм (ягонагии худою табиат) ва монизмро бо плюрализм (гуногунӣ) инъикос менамуд, минбаъд ба манфиатҳои сиёсии давлат ҷавобгӯ набуд. Зеро маҳз бо шарофати ин сифатҳояш дини бутпарастӣ ва фалсафаи антиқӣ сарчашмаҳои ғоявии як қатор доктринаҳои фалсафию сиёсӣ гардида буданд, ки онҳо худидоракунии полисиро дар доираи империя ҳақ мебароварданд.

Мувофиқи ақидаи Афлотун, давлат – ин моҳиятан полиси идеалист. Суханвар ва файласуфи маъруфи замони Траян — Дион Христостом давлатро дар шакли микрокайҳон, яъне чун низоме тасвир карда буд, ки мутобиқи намунаи зинаҳои (иерархияи) динӣ тасвир карда буд. Ба Афлотун пайравӣ карда, Дион мутлақият (монархия)-ро бо истибдод (тирания) муқобил мегузошт ва онро намуди беҳтарини идораи мӯътадили мутлақият меҳисобад. Дар давлат бояд индивидуализм бо этатизм (дахолати фаъолонаи давлат ба ҳаёти иқтисодӣ ва сиёсии давлат) ҳамоҳанг бошад, он тавре ки зинаҳои (иерархияи) худоҳо дар асоси монотеизм ва пантеизм (таълимот дар бораи он, ки худо шакл надошта, берун аз табиат вуҷуд дорад ва бо он монанд аст, яъне худо дар табиат ҳазм шудааст) сохта шудааст.

Табиист, ки дар шароити нави режими сиёсии доминат монотеизми бутпарастӣ, ки бо пантеизм ҳамроҳ буд, қобили қабул набуд. Ба сифати идеологияи расмӣ танҳо низоми сахттарини яккахудоӣ (теистическая система) хизмат карда метавонист. Мақоми монотеизми месеҳӣ ҳамчун идеологияи режими доминат ба муосирони ин режим низ фаҳмо буд. Евсевий ғалабаи қатъии марказонии давлатро дар аҳди Константин бо эътирофи расмии мапсеҳият алоқаманд карда буд. . Мувофиқи ақидаи Евсевия, политеизм ба полиархия, яъне ба мустақилияти сиёсии давлат дар доираи низоми ягонаи сиёсӣ мувофиқат мекунад.

Аз замони Август ҷараёни марказонидашавие оғоз меёбад, ки он дар аҳди Константин ба анҷом мерасад, ки он бо пурзуршавии принсипи теистӣ (иоҳшиносӣ) сурат мегирифт. Дар шароити нав бутпарастӣ ба парчами муборизаи норизоҳо аз режими нави сиёсӣ мубаддал мегардад.. Ин пеш аз ҳама, аъёну ашрофи калони шаҳрӣ буданд, ки бо худидоракунии полисҳо ва иқтидори иқтисодию сиёсии худро аздастдода алоқаманд буд. Идеологҳои сиёсии он Ливия, Фемистий, Синесий, Зосим ва дигарон масеҳиятро эътироф намекарданд. Онҳо дар асарҳои худ ҳам режими нави сиёсиро, ки онро режими истибдодӣ меномиданд ва ҳам дини масеҳиро ба зери танқиди сахт гирифта, даъват ба он мекарданд, ки худидоракунии полисҳо барқарор ва бутпарастӣ аз нав эҳё карда шавад.

Фалсафаи антиқии ин давра – фалсафаи навафлотунӣ ба таври воқеӣ ба зарурати идеологии ашрофони шаҳрӣ, манфиатҳои сиёсии онҳоро тасаввуроти антиқӣ дар бораи ҳокимияти олӣ ҳамчун қудрате, ки дар назди ҷомеа ва дар бораи давлат, ҳамчун иттиҳоди полисҳо дар доираи империя ҳафикр буданд, ифода менамуданд.

Аллакай аз асри IV сар карда бутпарастӣ ба таъқибот гирифтор карда шуда буд. Танҳо давраи ҳукумати кӯтоҳмуддати Юлиан истисно мебошад. Вале агар дини бутпарастӣ ба таъқибот гирифтор шуда бошад, таҳсилоти бутпарастӣ, аз он ҷумла фалсафаи антиқӣ рушди фаъолонаи худро идома медоданд ва танҳо дар асри VI манъ карда шуданд. Ин бо он сабаб рух медиҳад, ки қолабҳои (догматикаи) масеҳии шахшудамондаи он, ки асосан дар охирҳои асри IV ба миён омаданд, дар зери таъсири сахти фалсафаи антиқӣ, ва пеш аз ҳама фалсафаи афлотун ва навафлотунӣ ташаккул ёфта буданд. Ҳанӯз дар асри III доктринаи фалсафию илоҳишиносии масеҳӣ маъруфтарин асосгузори илоҳишиноси масеҳӣ Ориген дар зери таъсири низомҳои файлсафии антиқӣ коркард шуда буд. Илоҳишиноси зиёди шинохтаи он замон дар мактаби фалсафии бутпарастӣ маълумот гирифта буданд. Ба таври дигар баён дошта бошем, агар дин ҳам барои барои режими нави сиёсӣ ва ҳам барои назариётчиёни масеҳӣ номатлуб мегардид, пас фалсафаи бутпарастӣ аз ҷониби назариётчиёни масеҳӣ бо мақсади асосноккунии фалсафии идеологияи масеҳӣ истифода бурда мешуд. Файласуфони масеҳӣ, табиист, ки аз навафлотунӣ танҳо он чизҳоеро мегирифтанд, ки ба принсипҳои асосии масеҳият мухолиф набошанд.

Дар навафлотунизми асрҳои IV –VI мумкин аст ду равияро муайян намуд. Яке аз онҳо,ки нисбат ба дигараш хеле заиф буд, асосан аз ҷониби мактабҳои навафлотунии Искандария ва Афина муаррифӣ мегарданд. Намояндагони ин мактаб ба рӯҳи оштинопазхир худ нисбат ба масеҳият содиқ буданд ва пайваста ғояҳои фалсафаи антиқӣ ва эътиқодҳои бутпарастиро ҳимоя мкарда, баъзе унсурҳои таълимоти масеҳиро қабул кардааст, ки он намунаи хоси давраи гузариши офариниши оламро аз фалсафаи антиқӣ ба масеҳиятро ифода менамояд.

Аз равияҳои номбурда аввалаш дар навафлотунии асрҳои IV –VI аз навафлотунии асрҳои II – III бо афзалияти баланди илоҳишиносӣ аз фалсафаи қаллобӣ тафовут дошт, дар ҳоле, ки дар фалсафаи навафлотунии асрҳои II – III масъалаҳои илоҳишиносӣ дар сатҳи хеле баланд дар мақоми тобеъгӣ қарор дошт (чунин буд, масалан, низоми ратсионалистии Плотин). Асосгузори равияи якум дар навафлотунии асрҳои IV –VI метавон Ямвалихро (охири асри III – оғози асри IV) ном бурд, ки барои низоми фалсафаи ӯ таваҷҷӯҳи бештар ба илоҳишиносӣ хос мебошад. Дар ҳалли як қатор масъалаҳои фалсафӣ Ямалих пешгузаштагони навафлотуниҳои зиёди асрҳои IV –VI буд, ва пеш аз ҳама машҳуртарини онҳо — Прокла Диадоха. Дар таълимоти фалсафии навафлотуниҳо масъалаҳои илоҳишиносӣ боиси таваҷҷӯҳи хоса мебошанд, ки сабаби асосии ин ҷидду ҷаҳди аз назари фалсафа асоснок кардани дини бутпарастӣ ва сохтани илоҳишиносии бутпарастӣ мисли илоҳишиносии масеҳӣ ва ба муқобили он буд.

Дар бораи моҳияти илоҳишиносии навафлотунии марҳалаи мазкур сухан ронда, дар навбати аввал бояд ба низоми фалсафию илоҳишиносии император Юлиан баҳо дод, ки онро ӯ ба илоҳишиносии масеҳӣ муқобил гузоштааст. Юлиан вазифаи асосии худро дар асосноккунии фалсафии эътиқодҳои бутпарастӣ ва асотирҳо медид. Юлиан худро пайрави Ямвлих шуморида, хизмати асосии ӯро дар пайвастани фалсафа бо асотирҳо мешуморид. Юлиан дар рӯҳияи Ямвлих ягонагии олии ҳамагониро – бунёд ва нахустсабаби тамоми мавҷудот эътироф менамояд. Юлиан ин ягонагиро бо худои офтоб – Гелиос яксон медонад. Гелиос маркази низоми илоҳишиносии Юлиан мебошад. Вале монотеизм дар таълимоти Юлиан, чун дар таълимоти навафлотунои дигар, бо пантеизми бутпарастӣ дар ҳолати пайвастагӣ қарор дорад. Юлиан кулли ҳамаи он худоҳои бутпарастиро эътироф менамояд, ки мувофиқи таълимоти ӯ натиҷаи табдилёбии худои Офтоб мебошанд

Аз рӯи ақидаи Юлиан, худоҳои гуногуни халқҳои гуногун бо тафовут дар байни худи ин халқҳо фарқ мекунанд. Беҳуда нест, ки Юлиан аз ҳимоятгарони (аппологетҳои) масеҳӣ тахаллуси Отступник (Муртад)-ро мегирад. Ӯ эътиқоди бутпарастиро пурра аз нав барқарор карда, ба он мақоми бузурги сиёсӣ дод. Доктринаи (таълимоти) динию фалсафии Юлиан ба эътиқодоти сиёсии ӯ пурра алоқаманд мебошад. Юлиан ифодакунандаи манфиатҳои қисмати муҳофизакори (консервативии) ашрофоне буд, ки бо худидолракуни алоқаманд буда, идеали сиёсии он (тавре ки дар боло гуфта шуд) дини бутпарастӣ ва фалсафаи антиқӣ, инчунин таълимоти (доктринаи) сиёсии ба онҳо асосёфта маъқул буда, давлатро ҳамчун иттиҳоди полисҳо, ки зинаҳои (иерархияи) худоҳои бутпарастиро мемонд.

Маҳз ҳамин тавр, ба Афлотун ва Дион пайравӣ карда, Юлиан ҳам давлатро ҳамин хел тасаввур мекард.

Дар охирҳои асри IV- V мактаби искандариягии навафлотиниҳо ба муваффақиятҳои калон ноил мешавад. Ба он Ипатияи машҳур – риёзишинос, ситорашинос ва файласуф сарварӣ мекард. Куллиёти Ипатия то ба мо омада нарасидаанд,номгӯи онҳо дар луғати Свида боқӣ мондааст. Дар бораи ақидаҳои фалсафии Ипатия хеле маълумоти кам вуҷуд дорад. Баъзе муълумотҳо дар ин бораи мукотибаи Ипатия бо шогирдаш Синесий, кпископи ояндаии Кирена маълумот медиҳанд. Чун аксарияти навафлотунҳои асрҳои IV- VI Ипатия давомдиҳандаи мактаби фалсафии Ямвлиха буд.

Баъди марги фоҷеавии Ипатия ки соли 415 аз тарафи анбӯҳи масеҳиён, ки епископҳои маҳаллӣ бар зидди ӯ иғво андохта шуда буданд, ваҳшиёна пора-пора карда мешавад, мактаби Искандария рӯ ба таназзул мениҳад. Сабаби асосии рӯ ба таназзул ниҳодан таъсири пурзӯри калисои дар искандария буд. Аз солҳои 30-юми асри VI, клири Искандария норозигии гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоии аҳолиро аз вазъи иқтисодию сиёсии ҳокимият дар константинопол устокорона истифода мебурд. Эҳтимол меравад, ки танҳо табақаи начандон зиёди зиёиён дар Искандария дар атрофи мактаби навафлотуниҳо муттаҳид шуда буданд.

Маркази дуюми навафлотуниҳо Афина буд – шаҳре, ки дар он анъанаҳои антиқӣ махсусан устувор буданд. Навафлотунии нисбатан маъруфи марҳалаи мавақеи омӯзиш қароргирифта файласуфи мактаби Афина Прокл Диадох (410/412 – 485) буд, ки ӯ воқеан ва умуман ҳамчун намояндаи охирини маъруфи фалсафаи антиқӣ шинохта шудааст.

Дар фалсафаи Прокл навафлотунӣ рушди минбаъдаи худро ифода намуд. Прокл низ ҳамон масъалаҳои метавфизикӣ, гносеологӣ в ахлоқиеро ба миён мегузорад, ки навафлотунҳои асрҳои II – III гузошта буданд ва онҳоро пайваста дар рӯҳияи идеализми воқеӣ ва мистикӣ, ки барои навафлотунӣ хос мебошанд, ҳал мекунад. Ҷанбаи асосии низоми фалсафии Прокл,чун аз Плотин,Порфирия,Ямвлих ва навафлотунҳои дигар , монизми фалсафӣ мебошад, ки он тасаввурот дар бораи ягонагии олӣ – оғози қотеъ ва беинтиҳо, асос ва нахустсабаби ҳамаи мавҷудот мебошад. Ягонагии олӣ дар фалсафаи Прокл, чун дар навафлотунҳои гузашта низ чун рӯҳи олии Афлотун – ин неъмати абстрактии аз нишонаҳои сифатӣ маҳрум мебошад, ки ба хирад дастнорас мебошад..Чунки ягонагии олӣ бесамар (иррационально), яъне берун аз ҳудудҳои дониш қарор дорад, он ҷудо қарор дорад. Бесамар ва ҷудо будани ягонагии олӣ аз як навъи “ашё дар худ”-и Кантро пешакӣ баён доштааст. Ғояи ҷудо будан аз ҳастии Прокл ва навафлдотунҳои дигар аз фалсафаи антиқӣ дарак медиҳад. Дар ақидаҳои Афлотун ғоя ба олами дидашаванда муқобил гузошта мешавад, дар ақидаҳои Арасту бошад, олами кайҳонӣ – ба замин. Дар ақидаҳои навафлотунҳо чизи мавҷудбуда ва чизи дар фикрбуда яксон ҳисобида мешаванд. Дар ҳамин зуҳур ёфтаааст асоси ратсионализми фалсафии онҳо. Ягонагии олӣ, ки берун аз ҳудудҳои дониш вуҷуд дорад, танҳо абстраксия ва потенсиали ҳар гуна ҳастӣ мебошад. Ин ғайриҳастӣ, ки ба фикр дастраснест, мумкин аст танҳо аз тариқи муқарраркуниҳои манфӣ баҳо дода шавад: он ягон хел сифати воқеӣ надорад, аниқаш — дорад, вале дар неруе, ки нахустасоси олами ҳастӣ мебошад.

Лекин беҳснопазир аст, ки худои масеҳӣ, чун он ибтидои беохири рӯҳонии абстрактӣ мебошад, бо ягонагии олии навафлотунҳо монандӣ надорад. Мувофиқи ақидаи Прокл,сарчашмаи ҳастӣ эманатсия, яъне гузашти моҳияти илоҳии ягонагии олӣ мебошад.Ин аманатсияи сеҳрнок аз рӯи зарурат дар зери таъсири неруи эҷодӣ ба амал меояд, ки дар ягонагии олӣ мавҷуд аст. Дар фаҳмиши Прокл ба вуҷуд омадлани ҳастии ниҳоӣ яке аз номувофиқатии қатъии ақидаҳои навафлотунии ӯ бо таълимоти масеҳӣ дар бораи пайдоиши олам инъикос ёфтааст.Тавре маълум аст, мувофиқи космогонияи масеҳӣ , олами ниҳоиро худо офаридааст, ки он дар болои олам қарор гирифтааст Ва ин офаридан на ҳамчун натиҷаи зарурати табиӣ фаҳмида мешавад, балки ҳамчун иқдоми иродаи худованд дар вақт тул кашидааст.

Баъди Прокл мактаби навафлотуниҳои Афина боз қариб счад соли дигари вуҷуд дошт. Вале он акнун дар ҳолати рӯ ба таназзул қарор дошт. Дар байни намояндагони он махсусан файласуфони машҳур набуданд. Аз ҷумлаи пайравони Прокл файласуфи нисбатан маълуму машҳуртар Сириан, Дамаскин, Симпликий ва Марин буданд, ки онҳо шарҳи ҳоли ҳаёт ва ақидаҳои Проклро боқӣ гузоштаанд. Файласуфони номбурда на аз рӯи асарҳои аҷоиби фалсафӣ, балки бештар бо шарҳу тавзеҳоти худ оид ба рисолаҳои файласуфони қадим маълуманд. ҳамаи онҳо таълимот дар бораи ягонагии олӣ, дар бораи монадҳо ва эманатсияи фосилавиро эътироф менамуданд. Пайравони Перокл нисбат ба ӯ ба масъалаҳои илоҳишиносӣ, бар зарари фалсафаи назариявӣ, таваҷҷӯҳ зоҳир менамуданд. Дар соли 529 Юстиниан маркази таҳсилоти бутпарастиро бар ҳам мезанад. Ин тадбир ба навафлотунӣ зарбаи сахт мезанад. Минбаъд навафлотунӣ ҳамчун мактаби фалсафӣ мавҷудияти худро аз даст медиҳад.

Намояндагони ҷараёни дуюм дар навафлотунӣ, дар ҳалли масъалаҳои фалсафӣ мавқеи навафлотунчигиро дастгирӣ кунанд ҳам, вале, бисёр вақт, бо догматикҳои масеҳӣ наздикӣ мекарданд. Чунин наздикшавӣ натиҷа ва ё мунтазам рафтор накардан ва ё кушиши бошуурона баҳри оштӣ додани навафлотунӣ бо фаҳмиши масеҳии олам буд.

Мутафаккири хеле номунтазам, вале асосан дастгирикунандаи ақидаҳои навафлотунҳо, вале баъзе чизҳоро аз фалсафаи масеҳӣ қабулкарда, Синесий Киренский буд. Баъди навафлотуниҳо Синесий дар як силсила асарҳои худ асоси ҳамаи мавҷудоти абстрактии беҳудуди неъмати олиро, ки на ирода дорад ва на авқу рағбат дорад, эътироф менамояд. Ин неъмати олиро Синесий баъзан худое меномад, ки ба дониш дастнорас аст ва аз ин рӯ аз ҳастӣ ҷудо қарор дорад, вале дар айни замон он барои олами дидашаванда ҳузур аён мебошад. вале дар асарҳои дигараш Синесий гӯё ки рӯ ба фаҳмидани худо дар рӯҳияи фалсафаи масеҳӣ меора. Ӯ дар бораи худо ҳамчун дар бораи мавҷудоти зинда ва амалкунандае менависадж, ки дар болои олам ҳамчун дар бораи офаридгори тамоми муҳити атроф истодааст. Сарфи назар аз ин тасаввуроти хоси навафлотунӣ дар бораи худо ҳамчун ягонагии олӣ дар Синесия, ки бо ҳастӣ ҳамранг мебошад, афзалият дорад.

Ғояи оҳиста-оҳиста болоравии мубаддалшавиим моҳияти худовандӣ дар Синесий дар таълимоти ӯ дар бораи монад (таълимот дар бораи ягонагӣ) инъикос гардидааст, ки бо худоҳои бутпарастӣ монанд карда мешаванд. Ҳамин тариқ. Синесий рӯ ба пантеизм меорад. Воқеан, таълимоти Синасия, ҳамин тариқ, рӯ ба пантеизм меорад, гарчанде ки дар космогония (таълимот дар бораи пайдоиши ҷисмҳои осмонӣ ва низоми онҳо)-и он дорои мақоми баланд мебошад ва ин дар бораи пайравии файласуф ба навафлотунчигие шаҳодат медиҳад, ки он аз ихтилофҳо орӣ нест. Ҳамин тариқ,Синесий бисёр вақт ақли олам ва ҷони оламиро якҷоя карда, онҳоро худо-писар ва рӯҳи муқаддас меномад ва дар айни замон мавҷукдияти мустақилонаи онҳоро рад карда, онҳоро танҳо ҳамчун худо-падар баррасӣнамуда, ҳамин тариқ, ба онтологияи масеҳӣ майл мекунед.Болоравии ҷон ба неъмати олӣ, ки маънии маърифати ҳақиқатро дорад, мувофиқи ақидаи Синесия, ки дар ин масъала ба навафлотунӣ мепайвандад ва ин ҳолат бо зарурати табии – бо сабаби имманентноки (сириштӣ, табиӣ, ботинӣ, яъне сабабҳои дохилӣ ) худоҳои ҷон ба амал меояд, на дар натиҷаи ваҳии худо, ки тавре месеҳият таълим медиҳад, дар болои олам истодааст. Масъала дар бораи сабабҳои бадӣ дар ҷаҳон ва имкониятҳои бартараф кардани он Синесия низ аз назари навафлотунӣ ҳал мекунад. Сарчашмаи бадӣ дар модда таҷассум ёфтааст, ки он офаридаи охирини неъмати олӣ мебошад, аз ин рӯ, хеле паст мукаммал нест. Мувофиқи ақидаи Синесия инсон қодир аст, ки бадиро худаш бо роҳи такомули сифатҳои беҳтарини ҷони худ бартараф намояд.

Ақидаҳои сиёсии Синесия махсусан боиси таваҷҷӯҳ мебошанд, ки онҳо манфиатҳои ашрофони полисӣ,декурионатҳои шаҳрҳои калонро ифода менамоянд. Чун ақидаҳои Прокл, ҷаҳонбинии сиёсии Синесия пеш аз ҳама аз таълимоти Афлотун дар бораи давлат ба миён омадаанд. Ба Синесия на як бору ду бор рӯ ба афлотун оварда, ӯро устоди худ мномад. Ба Синесия на камтар аз ин ақидаҳои Дион Хрисостом, ки ӯро Синесий арҷгузорӣ мекард, муроҷиат мекунад. Баъд аз Афлотун ва Дион Хрисостом Синесий мутлақият (монархия)-ро бо истибдод (тирания) муқобил гузошта ва охиринро сахт фош мекунад. Аз Афлотун Синесия ғоя дар бораи мақоми фавқулодда муҳими фалсафаро дар давлат ва дар бораи он, бояд файласуф бошад, қабул кардааст.

Ба таълимот дар бораи имманентии худо ба олами ҳастӣ ва ба мисли ҳамаи ҳастии худованд, Синесий императорро ба худо монанд мекунад, ин таълимот ки ба навафлотунӣ хос мебошад, Худованд ба император намунаи сарнавишти худро тақдим мекунад. Император дар нисбати давлат ҳамин хел сарчашмаи неъмат аст. тавре ки худованд нисбати олам.

Дарвоқеъ худованд ҳам сарчашмаи неъмат бо сабаби зарурати табиӣ мебошад (чунки ӯ дар худ неъматро таҷассум кардааст), итмператор бошад неъматҳоро бе ягон хел заҳмат тақсим мекунад, чунки онҳоро дар моҳияти худ маҳфуз доштааст. Бо ҳамин Синесий тасаввуроти Проклро дар бораи давлат дар микрокайҳон, дар нисбати ақидаҳои фалсафии ӯ, ки дар рӯҳи таълимоти сиёсии антиқӣ мувофиқ коркард шудаанд, қабул доштааст.

Дар фалсафаи давраи мазкур ақидаҳои Псевдо-Дионисия Ареопагит ҷои махсусро ишғол менамоянд.. Ақидаҳои ӯ як хел омезиши (синтези) қолабҳои (догмаҳои) масеҳӣ ва ҷаҳонбинии навафлотуниро ташкил медиҳанд. Дар маҷмӯъ Псевдо-Дионисий ба фалсафаи ҷараёни меҳанпарастӣ пайваста буда, сарчашмаи асосии ақидаҳои ӯ Каломи худо мебошад. Вале дар муқоиса бо аксарияти мутафаккирони баъдинаи масеҳӣ, Псевдо-Дионисий як қатор масъалаҳои асосии фалсафаро дар рӯҳияи навафлотунӣ ҳал менамояд. Дар баробари ин, агар навафлотунҳои мунтазам ҷидду ҷаҳд ба харҷ медоданд, ки дини бутпарастиро аз назари фалсафа асоснок кунанд, пас Псевдо-Дионисий кушиш мекард, ки асоснокии аҳкоми (догмаҳои) масеҳиро бо ёрии фалсафаи навафлотунӣ иҷро намояд.

Ҳамчун пайрави навафлотунӣ Псевдо-Дионисий ягонагии олиро. Ки неъмати олӣ ва нахустсабаби тамоми мавҷудот мебошад, эътироф менамояд.. Аз назари гносеологӣ ягонагии олӣ ҳамагонӣ мебошад, яъне барои маърифат дастрас нест. Ҳамчун асоси тамоми мавҷудот ягонагии олӣ ба олам яксон мебошад. Вале ӯ баъзан ба фаҳмиши масеҳии худл ва ҳодисаи офариниши олам майл мекунад. Дар робита бо шарҳи фаҳмиши ягонагии олӣ дар як вақт ҳам чун оғози ягонагӣ ва ҳам кулл дар асарҳои Псевдо-Дионисий илоҳишиносии позитивӣва негативӣ тафовут доранд. Якуми он, ягонагии олиро бо худо чун маркази бо ҳам пайвастаи ҳамаи сифатҳое, ки ба ҳастӣ хос аст, як медонад; дуюминаш он унсурест, ки барои муайянкунии шифоҳӣ дастнорас мебошад. Танҳо бо ёрии эпитетҳои мнфӣ моҳияти худоро фаҳмонидан мумкин аст.

Чун навафлотунҳо Псевдо+Дионисий зинабандии (иерархияи) оламро натиҷаи оҳиста-оҳиста табдилёбии худо,ки дар шакли шӯълапошии мунтазами равшаниро эътироф менамояд.. Вале, дар муқуоиса бо навафлотунҳо, як донистани монадҳоро бо худоҳои бутпарастӣ монанд мекунанд, дар асарҳои Псевдо-Дионисий зинаҳои (иерархияи) моҳияти рӯҳӣ дар шакли зинаҳои (иерархияи) фариштаҳо баён ёфтааст.Ғайр аз ин, ин чизи аз ҳама муҳим он аст, ки Псевдо-Дионисий дар фаҳмиши зинаҳои (иерархияи) худогӣ чизи дигарро чизи дигарро мегузорад, ки он аз навафлотуниҳо тафовут дошта, тоза мазмуни масеҳӣ дорад.

Агар Прокл ва Синесий, баъд аз Афлотун ва Дион Хрисостом сохтори давлатиро ҳамчун акси сохтори зинагии (иерархӣ) некруҳи худованд баррасӣ карда, бо ҳамин ҷидду ҷаҳд кардаанд, ки адолатпешагии мутлақияти маҳдудро асоснок намояд, пас Псевдо-Дионисий бо ёрии таълимот дар бораи сохтори зинаги(иерархи)-ро дар рӯҳияи масеҳӣ асоснок намояд. Ӯ мегуфт, ки низоми дар замин вуҷуддоштаи тобеият ба ашхоси дунявӣ ва рӯҳонӣ ифодакунандаи зинагии (иерархияи) неруҳои худованд мебошанд. Ҳамин тариқ, таълимот дар бораи эманатсияи худовандӣ, ки файласуфони антиқӣ коркард карда буданд ва онро ба догматҳои масеҳӣ муқобил гузошта буданд, барои асосноккунии зинаҳои (иерархияи) калисо истифода бурда мешаванд. Ин мисол ба таври аёнӣ нишон медиҳад, ки бо кадом роҳ фалсафаи антиқӣ ба сарчашмаи ташаккули ақидаҳои масеҳият мубаддал мегардад. .

Дар ҷаҳонбинии Псевдо-Дионисий назарияи маърифати худованд, ки дар ҳолати дар ҳолати ваҷд будан (экстаз) ба амал меояд, мақоми баландро соҳиб мебошад. Вале агар дар перокл ва намояндагони дигари навафлотунӣ тозакунии ҷон ва болоравии он ба ягонагии олӣ дар натиҷаи зарурати табиӣ, якхела будан, монандии ҷон ба ягонагии олӣ – ба худованд ба амал меояд, ки он барои такомули сифатҳои беҳтарин ҷидду ҷаҳди худи инсон кифоя аст, дар асарҳои Псевдо-Дионисий масъалаи такомули ахлоқию маънавӣ аз назари масеҳият ҳаллу фазл карда мешавад. Аз рӯи ақидаи Псевдо-Дионисий,мнсон худаш то дараҷаи маърифати ягонагии олӣ боло баромадан қодир нест. Ҷон метавонад худро аз бадӣ метавонад танҳо бо шарофати қурбонии фавқулоддаи Логос (калима, фикр, хирад қонун, ки дар аввал маънои қонуни ҳамагонӣ ва асоси оламро ташкил мекард) озод шавад. Вале, агар масъалаи ваҳииро Псевдо-Дионисий аз дидгоҳи масеҳият ҳаллу фазл мекарда бошад, пас масъала дар бораи сабабҳои бадиро дар ҷаҳон ӯ дар рӯҳияи навафлотунӣ ҳал мекунад. Бадӣ,мувофиқи ақидаи псевдо-Дионисий натиҷаи озодии иродаи озоди инсон мебошад, ки ӯ қодир нест дар интихоби озоди тасмимҳо ба хатогӣ роҳ надиҳад.

Чунинанд самтҳои асосии навафлотунӣ ва хусусиятҳои асосии навафлотунӣ дар асрҳои IV – VI . Тамоили асосии рушди навафлотунӣ дар оҳиста – оҳиста гузашткунӣ ба ҷаҳонбинии масеҳӣ ифода ёфтааст Дар асри VI беш аз пеш навафлотунӣ мавқеи худро бештар аз даст дода, ҷои худро ба фалсафаи масеҳӣ медиҳад, баъд ҳукмронии ягонаи он дар асрҳои зиёд муқаррар мегардад. Чӣ тавр бояд далелеро шарҳ дод навафлотуниеро, ки намояндагони он дар асрҳои II – III бо ҷиддияту бахилии том масеҳиятро рад мекарданд, минбаъд ба бо дини масеҳӣ,чӣ дар ақидаҳои намояндагони фалсафаи масеҳӣ ва чӣ дар ақидаҳои мутафаккирон дар ҳамзистии осоишта вуҷуд доштанд, гарчанде ки асосан дар таълимоти навафлотунӣ қарор гирифта буданд, вале бо догматикаи масеҳӣ оштикорона муносибат мекарданд. Фаҳмондани ин зуҳурот аҷаб нест, VI р он ҷустан лозим аст, ки сарфи назар ба фарқ кардани навафлотунӣ аз масеҳият дар ҳалли масъалаҳои асосии фалсафӣ ҷустан лозим аст, ки дар байни ин ду ҷараёни афкори ҷамъиятӣ бегуфтугу айният вуҷуд дорад. Ин айният аз моҳияти тасавввуфӣ (мистикӣ) ва худошиносии навафлотунӣ сарчашма мегирад.

Ҳақиқати олӣ дар фаҳмиши навафлотунҳо моҳияти тасаввуфӣ (мистикӣ) дошта, он бо маърифати худованд, шояд дар ҳолати ваҷд будан (экстаз) монанд дониста мешавад. Этикаи навафлотунҳо ба сифати некӯкорҳои олӣ дасткашӣ аз ҳамаи чизи заминиро дар назар дорад ва бо асетизм (машқ кардан — нигоҳдорӣ аз талабот ба истеъмол, дасткашии қотеъона аз нушу неъматҳо бо мақсади расидан ба идеали ахлоқӣ ва динӣ расидан)-и масеҳӣ ҳамоҳанг мебошад. Ҳамаи ин нишонаҳои навафлотунӣ ,ки онро ба фалсафаи масеҳӣ наздик мекунанд, ба он сабаб шуданд, ки навафлотунҳо и марҳалаи мазкур дар таълимоти худ нишондодҳои алоҳидаи фалсафаи масеҳиро мавриди истифода қарор медоданд, мутафаккирони масеҳӣ бошанд, аз навафлотунӣ ҳалли баъзе масъалаҳои метавизикиро қабул карданд.

Мутафаккирони машҳури масеҳӣ – Григорий Нисский, Эней Газский, Иоанн Филонов, Немиссий Ъепископи Эмеси) ва дигарон баъзе нишондодҳои фалсафаи антиқиро қабул мекунанд:. Масалан файласуфони зиёди масеҳӣ таълимоти навафлотунҳоро дар бораи роҳҳои пайвастани ҷонро ба тан, дар бораи тақсимоти ҷон ба қисматҳои хирад ва ғайрихирад, таълимоти Арастуро дар бораи материя ва шаклро қабул кардаанд. Дар баробари ин мутафаккирони масеҳии индавраина ба муқобили навафалотунҳо муборизаи қатъӣ мебурданд. Қаҳру ғазаби ҳимоятгарони (апологетҳои) масеҳиро махсусан космология ва онтологияи навафлотунҳо ба вуҷуд оварда буд Эней Газский, Захарийи епископи Метилена, Прокопий Газский, Иоанн Филопон ва дигарон бо пафоси баланди муколама даъво ба он мекарданд, ки оламро худо дар вақт офарида, олами дидашаванда абадӣ нест, абадӣ танҳо худованд аст, ки ба олам як нест, балки пурра ҷудо мебошад. Танҳо худованд комил аст, вале на офаридаҳои ӯ. Нисбат ба навафлотунҳо, ки инсонро ҳамчун ҷузъи муайян дар низомиэманитсияи худо баррасӣ карда, аз дигар субстансияҳои тафовут надорад, мутафаккирони масеҳӣ инсонро маркази кайҳон мешумориданд.

Ҳамлаҳои асосии идеологҳои масеҳият, дар навбати аввал ба космология ва онтологияи навафлотунҳо бесабаб набуд. Онҳо оштинопазирии тезутунди ҳам инҳо ва ҳам онҳоро дар масъалаҳое инъикос менамоянд, ки бо фаҳмиши гуногуни роҳҳои рушди минбаъдаи иҷтимоию иқтисодии империя ва моҳияти ҳокимияти давлатӣ алоқаманд мебошанд. Ғояи асосии фалсафаи онтологӣ ва космологии навафлотунҳо тасаввурот дар бораи имманентии ягонагии олии худованд нисбати олами дидашаванда, набудани муқобилгузории тезутунди худованд ва олам мебошад. Ин ғояҳое, ки аз доира кайҳон ба муносибатҳои воқеии заминӣ оварда шуданд, ба режими сиёсие, ки аз байн рафт ва режими мутлақияти мӯътадил ҳамчун асоснокӣ хизмат кард. Масеҳият, ки мақоми қотеъи ӯро эътироф мекунад, ба ҳамин восита хоҳони тартиботи марбутаро дар замин – мутлақияти қотеъи теократиро ҷонибдорӣ мекард.

Инчунин ҳамлаҳои тезутунди мутафаккирони масеҳӣ дар бораи ҳақиқати илоҳӣ дар натиҷаи якшавб бо худо дар ҳолати экстазро низ ба вуҷуд овард. Иоанн Филопон таъкид мекард,ки инсон мувофиқи иродаи худ ва бо шарофати хиради худ қодир нест, ки то худованд болло барояд. Ӯ метавонад ба худованд танҳо бо кӯмаки догмаҳои месеҳӣ ва калисои масеҳӣ расида метавонад ва ин догмаҳоро баланд бардоштан мумкин нест, балки онҳоро ҳамчун эътиқод қабул кардан мумкин аст.

Шикасчти навафлдотунӣ, ки ба афтидани маданияти антитқӣ ва маърифатнокӣ рост омадааст, амри тасодуф набуд. Сабабҳои онро танҳо таъқиботи бутпарастӣ ва оштинопазирии ғоявии масеҳӣ шуморидан нашояд. Аз дидгоҳи ғоявӣ сабаби тавлиди навафлотунӣ ҳамчун низоми фалсафии гузариш, моҳияти оштипазир доштани ин ҷаҳонбинӣ мебошад. Намояндагони навафлотунӣ масъалаи асосие, ки тафаккури фалсафии ҷомеаи онвақтаро гирифтори ҳаяҷон карда буд ҳал карда натавонис – масъала дар бораи таносуби худои абстрактии беохир ва олами ҳиссиётии мушаххасро. Навафлотунҳо дар мавриди ҳалли ин масъала монотезмро бо пантеизм дар рӯҳияи фалсафаи антиқӣ ҳамоҳанг мекарданд. Мутафаккирони масеҳӣ роҳи нисбатан “қуллайи” ҳалли масъаларо ёфтанд, ки он канорагирӣ аз ихтилоф бо навафлотунизм буд: тасаввуроти теологияи масеҳӣ дар бораи худли яккаю ягона маънии тасдиқи принсипи худои ягона буд.

Аз дидгоҳи иҷтимоию иқтисодӣ сабаби афтидани навафлотунизм дар пайваста тангшавии бунёди (базаию иҷтимоии ин фалсафа ифода ёфтааст. Омезиши (синтези) дастовардҳои асосии фалсафаи антиқӣ буда, навафлотунӣ манфиатҳои табақаи камшумори ашрофони кӯҳнапарасти (консервативии) ҳуломдориро ифода мекард, ки бо худидоракунии шаҳрӣ алоқманд буд. Дар тӯли садсолаҳо ин ашрофон беш аз пеш аҳамияти иқтисодӣ ва сиёсии худро аз даст медод, ва ин ҷараён табиист, ки дар баробари озодшавии афкори фалсафӣ аз зери таъсири навафлотунӣ сурат мегирифт. Вале навафлотунӣ танҳо мавқеи худро муваққатан ба масеҳият мседиҳад. Дар асрҳои охири мавҷудияти империя, дар замоне, ки он “Эҳёи Визанотия” ном дошт ва пурзӯршавии схоластикаи масеҳӣ, навафлотунӣ аз нав қувват мегирад.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Похожие статьи

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *