Рими барвакта

МУҲИТИ ТАБИИЮ ҶУҒРОФӢ ВА ТАЪРИХИИ РИМИ ҚАДИМ

Италия дар нимҷазираи Апенин воцеъ гардида, яке аз се нимыазирае мебошад, ки аз шимол то ҷануб ба даруни баҳри Миёназамин дар масофаи хеле дур воридгардида буд. Дарозии нимҷазираи Апенин тахминан 1000 километр ва бараш дар қисмати миёнаҷой на зиёдтар аз 150 километрро ташкил мекунад. Дар қисмати ҷануби идомаи табиии нимҷазира ҷазираи Ситсилия воқеъ гардида, он аз хушкӣ (материк) бо гулӯгоҳи Мессен ҷудошуда ҷой гирифтааст. Дар шимоли Италия қаторкӯҳҳои Алп воқеъ гардида, Италияро аз шамоли хунук муҳофизат менамояд. Аз шимол ба он водии дарёи По пайваст буда, аз тарафи хушкӣ бошад, бо камонаки Алп иҳота карда шудааст. Дар нимҷазира аз шимол ба ҷануб силсилакӯҳҳо то кӯҳи Апенин тул кашидааст. Дар шимол ва ҷануб кӯҳҳо ба соҳилҳои ғарбӣ ва қисмати марказӣ бошад, ба қисмати шарқӣ наздик ҷойгир мебошад. Нимҷазираи Апенинро баҳрҳои Адриатик, Ионӣ, Тиррен ва Лигурӣ иҳота карда, қисматҳои баҳри Миёназаминро ташкил менамоянд.

C:\Users\USER\Music\кара рима.gif

Сатҳи (релефи) замин дар қисмати зиёди нимҷазираро кӯҳҳои Апенин, ки теппаҳои начандон баланди бо набототонро римиҳо Галлияи Тсизалпӣ меномиданд (алҳол Ломбардия), ташкил медиҳад. Омили асосии ташкилкунандаи сатҳи (релефи) замин дарёи По бо шохобҳои сершумори он мебошад. Дар ин ҷо кӯлҳо ва заминҳои ботлоқдори зиёд воқеъ гардидаанд.

Италияи қадим, нисбат ба Юнон дорои масоҳати калони заминҳои ҳосилхез буд.. Барои кишоварзӣ нисбатан қуллай заминҳои вилоятҳои ғарбии Италияи Миёна – Этрурия (Тосканаи ҳозира), Латсия ва Каммпания, инчунин водии дарёи По дар Шимол ва дар ҷануб дар ҷазираи Ситсилия ба шумор мерафтанд. Заминҳои зиёди серҳосил ба ботлоқзор табдил ёфта буданд, лекин дар баробари кандани заҳбурҳои ботлоқхушккунӣ онҳо барои кишоварзӣ коромад мегардиданд. Заминҳои ҳосилхез зиёд дар навоҳии ҷануб низ мавҷуд буданд, махсусан дар заминҳои наздисоҳилии он. Вилоятҳои кӯҳӣ барои рушди чорводорӣ қуллай буданд. Дар Италия дарёҳо бисёранд; вале имрӯз бисёрии онҳо дар фасли тобистон камоб мешаванд, чунки ҷангалҳои зиёдро буридаанд ва дар натиҷаи ин бухоршавии об зиёд шуд, дарёҳо камоб гардидаанд.

Италияи қадим канданиҳои фоиданоки зиёд надошт. Дар ин ҷо мармару намудҳои дигари санги бинокорӣ ва хок барои кулолгарӣ истеҳсол мекарданд Дар резишгоҳи дарёи Тибр кони намаки ошӣ мавҷуд буд. Конҳои маъдан танҳо дар Этрерия мавҷуд буда, аз он ҷо асосан мис ва оҳан истеҳсол мекарданд.Захираи бойи маъдани оҳан дар ҷазираи Илваи (ё худ Элба) воқеъ дар соҳилҳои Этрурия низ мавҷуд буд.

Иқлими суптропикӣ ва заминҳои ҳосилхез Италияи қадимро барои зиндагии инсон қуллай буданд. Дар нимҷазираи Апенин инсонҳо ҳанӯз дар замони палеолит (асри санги қадим) сокин шудаанд. Дар ин бора бозёфтҳои бостоншиносон шаҳодат медиҳанд. Дар давраи асри нави санг (нэолит) сокинони нимҷазира зироатпарварӣ ва чорводориро аз худ карда, инчунин сохтани кӯлбаро бештар дар шакли заминкан ёд мегиранд. Аз ҳазорсолаи III пеш аз милод сар карда истифодаи мис оғоз меёбад ва дар ҳазорсолаи II пеш аз милод – тайёр кардан ва истифода бурдани биринҷиро ёд мегиранд. Аз техникаи биринҷӣ бинокорони маҳалҳои аҳолинишин истифода мебурдагӣ мешаванд. Чунин биноҳо дар болои сутунҳои дар замин кӯфташуда сохта мешуданд, ки онҳоро “палафитҳо” меномиданд ва дар соҳилҳои кӯлу дарёҳо бунёд карда мешуданд. Ин мардум барандагони маданияти “террамар” (“замини фарбеҳ”) меномиданд, ки пайдоиши онро ба нимаи аввали ҳазорсолаи II пеш аз милод нисбат медиҳанд. Маданияти Виллановҳо (наздики соли 1000-ум пеш аз милод) нисбатан қадимтар буд, барандагони ин маданият аз техникаи оҳанӣ истифода мебурданд.

Иқлими суптропикӣ, ки танҳо дар шимоли мамлакат ба иқлими мӯътадил мегузашт, заминҳои ҳосилхез, мавҷуд будани оби зиёд барои обёрӣ, олами бойи наботот ва ҳайвонот барои зиндаги одамони ибтидоӣ шароити мусоид фароҳам оварда буд. Аз ин рӯ, беҳуда нест, ки сукунати одамон дар Италия ҳанӯз дар замони палеолит оғоз ёфтаас, гарчанде, ки шароит барои дар Италия ба вуҷуд омадани ҷомеаи ғуломдорӣ дар ин давраи барвақт, яъне ҳазорсолаҳои III – II пеш аз милод кифоя набуд. Дар Италия бо анбӯҳи ҷангалзорҳои дарахтони сӯзанбаргу баргдор ва афзалият доштани заминҳои сахт рушди соҳаи кишоварзӣ то ба вуҷуд олотҳои меҳнати пулодин ва дар ин асос ба даст даровардани маҳсулоти изофае, ки барои мавҷудияти табақаҳо (синфҳо) зарур аст, имконнопазир буд. Гарчанде, ки барои истеҳсоли биринҷӣ аз мис ва қурғошими аз берун воридгарда дар Италия ҳанӯз дар ҳазорсолаи II п.а.м. оғоз ёфта буд, лекин аз рӯи сахтии худ аз пӯлод монданӣ надошта

бошад ҳам, хулаи ин металлҳои қамёб бо сабиби қиматии худ ба таври васеъ истифода бурда нашуд. Танҳо баъди мавриди истифода қарор гирифтани металле, ки дар табиат аз ҳама зиёдтар вомехурад – оҳан суръати рушди ҷамъиятии аҳолии ин мамлакатро амри воқеӣ гардонид. Асри оҳан дар Италия дар охирҳои ҳазорсолаи II – аввали ҳазорсолаи I пеш аз милод фаро расид. Истеҳсоли нисбатан зиёду оммавии олоти меҳнати аз оҳан тайёркарда дар шаҳрҳои этрускӣ дар арсҳои VIII – VII оғоз ёфтааст.

Нисбат ба Юнон дар масофаи дур аз ҷомеаҳои мутараққии Шарқи Наздик воқеъ будани Италия робитаҳои иктисодию мадании ин давлатро бо онҳо дар замони қадимтарин мушкил гардонида буд. Дуруст аст, ки тавре дар дасолаҳои охир маълум гардидааст, сокинони Шарқи баҳри Миёназамин – юнониҳою македониҳо бо Италия алоқаҳои худро ҳанӯз дар ҳазорсолаи II пеш аз милод ба роҳ монда будаанд.

ҲАЙАТИ АҲОЛИИ ИТАЛИЯ ДАР ҲАЗОРСОЛАИ III – АВВАЛИ ҲАЗОРСОЛАИ I ТО МИЛОД

Аҳолии нимҷазираи Апенин аз рӯи гуногунии этникию қавмии худ фарқ мекард, ки он ҳам натиҷаи кӯчиши замони барвақта ва ҳам замони баррасишаванда идомадошта буд. Дар ҷараёни ҳаракатҳои гуногуни ҷойивазкунӣ, омезишёбӣ ва таъсири байниҳамдигарӣ этносҳои (қавмҳои) нав ташаккул меёфтанд, ки ин воқеа аз он ҷумла ба римиҳо низ дахл дорад.

Сокинони қадимтарини Италия қабилаҳои лигурӣ буданд. Забони лигурҳо ба мо маълум нест, вале аз рӯи баъзе натиҷаҳои эҳтимолӣ онро ғайриҳиндуаврупоӣ номидаанд. Минтақаи сукунати онҳо дар шимолу ғарбии Италия – Лигурия ва баҳри ба он пайваста – Лигур номгузорӣ карда шудааст. Аммо минтақаи сукунати лигурҳо дар вилояти номбурда маҳдуд нашуда буд. Масалан, онҳо ҳамчун пешгузаштагони италикҳо дар Латсия ва, аз он ҷумла, бошандагони Рим маълуманд.

Ҷуғрофияи сукунати қабилаҳои Италия дар асри оҳан:

C:\Users\USER\Music\12.png

Лигурҳо

Венетҳо

Этрускҳо

Сабинҳо

Умбрҳо

Лотинҳо

Ускҳо

Мессапҳо

Мустамликачиёни юнонӣ

Эҳтимол меравад, ки дар ҳазорсолаи II пеш аз милод аз шимол – аз вилоятҳои назди дарёи Дунай ба нимҷазираи Апенин қабилаҳои италикҳо омадаанд. Забонҳои онҳо ба оилаи (гурӯҳи) забонҳои ҳиндуаврупоӣ дохил буданд. Дар нимҷазира ин вақт қабилаҳои сершумори италикҳо сокин мешаванд, аз он ҷумла, оско-умбрҳо, сабинҳо-саминтҳо, венетҳо ва ғайраҳо.. Венетҳо то замони наздик ба қабилаҳои илларӣ мансуб дониста мешуданд. Имрӯз баъзе муҳаққиқон пешниҳод менамоянд, ки забони венетҳо мустақили италиягии ба забони лотинӣ наздик ҳисобида шавад. Венетҳо дар анъанаҳои антиқа ёдовар мешаванд ва дар Италияи Миёна – дар Латсия, вале эҳтимол меравад, ки махсусан дар шимолу шарқии Италия ба таври таҳкимбахш муқимӣ шуда бошанд. Аҳолии сокини вилояти аз онҳо иборатбуда Венетсия номида мешавад. Ин номро шаҳр ҳам мегирад, ки он дар замони антиқаи бевақта бунёд ёфта буд.

C:\Users\USER\Music\лигуры.jpg
C:\Users\USER\Music\1.jpg

Лигурҳо Италикҳо

Италикҳо дар худ лигурҳоро омезиш додаанд, инчунин, шояд қабилаҳои дигари автохтонҳоро низ. Пелетҳо ва иллариҳо ба асоси этникии италикҳо ворид гардида, дар охири ҳазорсолаи II пеш аз милод дар Италия паҳн мегарданд. Юнониҳо пеластҳоро бе ин ном бошад ҳам, аҳолии ғайриюнонии архаистии наздисоҳилии қисмати шарқии баҳри Миёназамин меномиданд. Олимон ба онҳо калимоти сершумори ба забони юнонӣ воридгардидаро нисбат дода, ин забонро дар аввал наздик ба оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ ва баъд ба лаҳҷаҳои фракӣ мансуб донистаанд. Пеластҳо дар ягон ҷо ба таври дастаҷамъӣ сукунат надошта, бе бозгашт ба қабилаҳои дар ҳамсоягӣ сукунатдошта омехта шуда, бо ҳамин аз байн рафтаанд.

C:\Users\USER\Music\латины.jpg
C:\Users\USER\Music\келтщо.jpg

Лотинҳо Келтҳо

Иллариҳо бо забони ҳиндуаврупоӣ ҳарф мезаданд ва забонашон эҳтимол низ бо забони фракӣ наздикӣ дошта буд. Баъзе муҳаққиқон тахмин мекунанд, ки онҳо дар Италияи Миёна маълум будаанд, вале танҳо дар вилояти ҷанубу шарқии нимҷазираи Апенин.

Дар ҳазорсолаи II пеш аз милод дар Италия пайдошавии юнониҳои микенагӣ, ахейҳо оғоз мегардад. ки онҳо ба савдо машғул шуда, бошишгоҳҳои худро на танҳо дар Ҷануби Италия ва ҷазираҳои ба он наздик, балки дар Италияи Миёна, аз он ҷумла дар Латсия ҳам.

Этрусскҳо ҳанӯз то римиҳо дар Италия тамаддуни баландпояро бунёд сохтанд, он бештар ба меҳнати ғуломон асос ёфта, ба рушди Рими барвақта таъсир расонидааст. Аммо таърихи Этрури қадим дар рисолаҳои таърихие, ки махсус ба этрусскҳо бахшида шудаанд, ба мо ниҳоят кам маълуманд ва он навиштаҷоти этрусские, ки то ба замони мо омада расидаанд, то ҳол хонда нашудаанд.

Маълум гардидааст, ки қисмати зиёди аҳолии Италияи қадим ба гурӯҳи калони қабилаҳое тааллуқ доштанд, ки онҳоро италикҳо меномиданд. Дар байни онҳо қабилаи лотинҳо низ буд, ки ба оғози Рим асос гузоштаанд. Лотинӣ забонест, ки бо он римиҳо ҳарф мезаданд ва менавиштанд. Ин забон ба оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ дохил аст. Қабилаҳои дигари италиягӣ, ки дар ҳамсоягии римиҳо сукунат доштанд, сабинҳо, келтҳо, волскҳо, эквҳо ва терникҳо ва умбрҳо буданд, ки дар шимолу шарқии Италия сукунат доштанд, самнитҳои ҷанговар, ки дар мавзеҳои кӯҳсори Самний (дар Италияи Марказӣ) ва оскҳои ба онҳо хеши сокин дар Кампан, луканҳо ва брутиҳо, дар ҷанубу ғарбии Италия сукинатдошта дохил буданд. Ғайр аз ин, дар қисматҳои гуногунидар ҷазираи Ситсилия боқимондаҳои аҳолии қадимтарине, ки аз тарафи қавмҳои баъд ба инҷоомада, яъне италикҳои аз шимол, аз он тарафи қаторкӯҳҳои Алп ба Апенин муҳоҷиршуда фишор дода бароварда мешаванд. Инҳо лигурҳо (бо номи соҳил, дар он ҷое, ки дар оянда шаҳри Венетсия бунёд мешавад), япигҳо, лавнҳо ва массапиҳо (дар ҷануби Италия, дар Апулияи Калабрия) сикулҳо ва сиканҳо (дар ҷазираи Ситсилия) мебошанд.

C:\Users\USER\Music\роооооооооооооо.jpg
C:\Users\USER\Music\умбры.jpg

Этрускҳо (тасвири имрӯза) Умбрҳо дар набард

На дертар аз оғози ҳазорсолаи I пеш аз милод дар Италия (Тосканаи имрӯза, мумкин, ба Ломбардия), этрускҳо роҳ меёбанд, ки эҳтимол баромадашон аз Шарқ бошанд. Ҳамин тариқ, Наздики асри VIII пеш аз милод дар таърихи Италия давраи этрусскӣ оғоз меёбад. Дар асрҳои VII – VI пеш аз милод этрускҳо дар дар Италияи Миёна ва Шимолӣ ҳукмронӣ мекарданд. Дар ин давраи маданияти хоси этрусскӣ ба вуҷуд омада рушду нумӯъ мекунад. Дар бораи пайдоиши этрусскҳо дар замони қадим якчанд эҳтимол вуҷуд дошт. Як гурӯҳ олимон чунин мепиндоштанд, ки баромадашон аз Осиёи Хурд. Ба ин ҷумла Ҳеродот, Страбон, Плинийи Калонӣ ва Татсит дохил буданд. Гурӯҳи дигар онҳоро пеластҳо – сокинони таҳҷоии Ҷануби Балкан меномиданд; гӯё онҳоро эллиниҳо фишор дода бароварда будаанд ва дар Ҷануби Италия сокин шудаанд. Ин ақидаро бештар еланник, Лебосский ҳимоя менамуданд. Нафаре фикри хосаи худро дошт. Ин олим Диониси Галикарнас буда, этрусскҳоро сокинони Италия шинохтааст. Лекин аксарияти муаққиқони муосир нисбати пайдоиши этрускҳо нуқтаи назари Ҳеродотро дастгирӣ менамоянд.

Дар нимаи аввали ҳазорсолаи I пеш аз милод юнониҳо фаъолияти мустамликадории худро дар ҷазираи Ситсилия ва дар Ҷануби Италия мустаҳкам намуданд, ки бо мустамликачиёни финикӣ дар ҳолати ҳамҳудуд қарор доштанд. Финикиягиҳо дар Ситсилия, Сардиния, ва мумкин аст дар Корсика мустамликаҳои доимии худро доштанд. Маркази бузургтарини мустамликагардонии финикиҳо Карфаген буда, онро мустамликазабткунҳои баромадашон аз Тир дар асри IХ пеш аз милод дар соҳили шимоли Африқо бар зидди Ситсилия бунёд карда буданд.Юнониҳо дар асрҳои VII – VI пеш аз милод дар соҳилҳоиияи Италияи Ҷанубӣ ва ин минтақа “Юнони Бузург” номида мешавад.

C:\Users\USER\Music\21.jpg
C:\Users\USER\Music\12.jpg

Венедҳо

Шароити мусоиди иқлими Италия таваҷҷӯҳи муҳоҷиронро аз мавзеҳои дигари дунёи қадим ҷалб менамуд. Дар асрҳои VIII – VI пеш аз милод юнониҳою финикиҳо (карфагениҳо) дар соҳилҳои ҷанубӣ ва ҷазираҳои ҳамсоя – Ситсилия, Сардиния ва Корсика – мустамликаҳои сершумори худро ташкил намуданд, ки баъд ба шаҳрҳои гулгулшукуфон табдил меёбанд. Дар асри V пеш аз милод сар карда аз он тарафи Алп аввал ба шимоли Италия ва баъд ба водии дарёи По қабилаҳои олмонии галлҳо зада медароянд. Аз соли 390 ё 387 пеш аз милод сар карда, онҳо ҳатто шаҳри Римро ғорат мекунанд. Шимоли Италия, ки дар он ҷо қабилаҳои галлҳо сокин шуда буданд, “Галлияи он тарафи Алп” (Галлияи Тсзалпӣ) ном мегирад. Галлия ба ҳайати Италия дар нимаи дуюми аср 1 пеш аз милод дохил карда шудааст, вақте ки сокинони он ҳуқуқи шаҳрвандони Римро гирифтанд.

БУНЁДИ ШАҲР ВА ДАВЛАТИ РИМ

Дар қисмати маркази нимҷазираи Апенин қабилаи начандон калони лотинҳо сукунат доштанд, ки дар вилояти Латсияи ҳамҳудуд бо дарёи Тибр ҷойгир буд. Маҳз дар ҳамин ҷой дар соҳили чапи Тибр тахминан 20 – 25 километр аз резишгоҳ дуртар шаҳри Рим бино меёбад. Аз рӯи ривояти қадима ин воқеа дар миёнаҳои асри VIII пеш аз милод рух додааст Нависандагони қадим Тит Ливий, Дионисий Галикарнасский, Плутарх ва дигарон ривоятҳои гуногунро дар бораи бунёди Римро ёдовар мешаванд.

Ҳолати ҷуғрофии Рим аз бисёр ҷиҳат нафъовар буд. Он дар маркази Италия, дар соҳили киштигардии Тибр, дар наздикии резишгоҳи он. дар теппаҳое воқеъ буд, ки онҳо шаҳрро ба таври табиӣ ба муҳофизати шаҳр мувофиқ буданд.

Қиссаҳои римии бевақта бунёди Римро бо Ҷангҳои Троя алоқаманд мекунанд. Дар онҳо нақл карда менамоянд, ки замоне дар натиҷаи ин ҷангҳо Троя аз байн меравад, Баъзе троягиҳо дар зери роҳбарии Эней ном шахс ба киштиҳо савор шуда, ба Италия мегурезанд. Онҳо ба Латсий расида гирифта, Эней дар он ҷо шаҳри Алба Лонгаро бунёд намуда, худро шоҳи ин давлат эълон менамояд.

C:\Users\USER\Music\Romolo_e_remo.jpg
C:\Users\USER\Music\ромул ва рем.jpg

Ромул ва Рем ёфт шуданд. Ромул ва Рем

Ин қиссаҳо бо ривоятҳои дигар дар бораи ба вуҷуд омадани Рим печдарпеч гардидаанд. Мувофиқи он, шоҳ Алба Нумитор аз тарафи бародари худ Амулий сарнагун карда мешавад. Аз қассоси бачагон ва наберагони Нумитор тарсида, Амулий духтари Рея Силваро маҷбур месозад, ки коҳинаи бокираи ӯ шавад. Коҳинони олиҳа Веста, нигоҳдорандаи оташи хона буда, ҳуқуқ надоштанд, ки ба ақди никоҳ дароянд. Вале Рея Силвия аз худо Марс ду писари дугоник Ромул ва Ремро таваллуд мекунад. Барои он, ки аз Ромул ва Рем халос шавад, Амулий фармуд, ки онҳоро ба Тибр партоянд. Вале ин тифлон ба таври мӯъҷизанок наҷот меёбанд. Мавҷҳои дарё сабади дар он кӯдакон мавҷудбударо ба соҳил мебарорад ва тифоқо дар он ҷо модагурге пайдо шуда, онҳоро дида, аз пистонҳояш шир медиҳад.

Баъд ба тарбияи ин кӯдакон подабони шоҳ машғул мешавад. Оқибат бародарон Ромул ва Рем дар бораи пайдоиши худ огаҳӣ пайдо менамоянд. Амулийро ба қатл расонида, ҳокимиятро ба бобои худ бармегардонанд ва дружина ҷамъ карда, шаҳри худро дар теппаи Палатини воқеъ дар соҳили дарёи Тибр бунёд мекунанд. Шаҳр мувофиқи қуръапартоӣ аз рӯи номи Ромул номи Roma (Рим)-ро мегирад.

  • Ҳангоми сохтани шаҳр дар байни бародарон низоъ ба амал меояд ва дар ин низоъ Ромул Ремро ба қатл мерасонад. Ромул шоҳи нахустини Рим мешавад. Ӯ шаҳрвандонро ба патритсийҳо ва плебейҳо тақсим мекунад. Тамоми аҳолии Римро ба курияҳо тақситм намуда ва артишро ташкил менамояд.Мувоқиқи ин қисса римиҳо дар Капитолий ҳайкали биринҷии модагургро мегузоранд.
C:\Users\USER\Music\Рим.jpg
C:\Users\USER\Music\12.jpg

Рими барвақта Пули Тибр

Чанд даҳсола қабл аз ин олимон пайдоиши шаҳри Римро ба солҳои 754 ё 753 пеш аз милод нисбат медоданд. Имрӯз аниқ карда шудааст,ки ин воқеа соли 753 пеш аз милод ба вуқӯъ пайваста будааст. Баъдтар римиҳо ба шарафи Ромул ва Рем дар Капитолий ҳапйкали модагургро, ки Ромул ва Ремро наҷот дода, калон кардааст, гузоштаанд.

Қиссаҳои қадима шаҳодат медиҳанд, ки сокинони аввалини Рим ҷавонони аъзои дастаи Ромул будаанд. Қавмҳои он ҷо намехостанд, ки духтарони худро ба аскарони Ромул ба шавҳар диҳанд. Пас Ромул базме ташкил мекунад, ки дар барномаи он асптозӣ ҳам буд. Ромул ба ин базм сабиниҳоро, ки дар гирду атрофи рим зиндагӣ мекарданд, даъват мекунад. Ҳангоми базм римиҳои ҷавон аз аспҳо истифода бурда, духтарони меҳмонҳоро медузданд. Сабинҳо аз ин кирдори ҷавонони бебок ба хашму ғазаб омада, ба муқобили римиҳо ҷанг сар мекунанд. Вале духтарони сабинҳо, ки акнун зани ҷавонҳои римӣ шуда буданд, тавонистанд, ки падарону шавҳарони худро бо ҳам оштӣ бидиҳанд. Баъди ин Римро ду шоҳ – як нафар римӣ ва як нафар сабинӣ идора мекард. Ромул ва сабинӣ Тит Татсий (соли 748 ваф. кардааст) шоҳҳои аввалини Рим буданд.

C:\Users\USER\Music\силвия.jpg
C:\Users\USER\Music\12.jpg

Марс ва Силвия Дуздидани духтарони сабиниҳо

Олимони Рим кушиш ба харҷ доданд, то ки санаи асосгузории шаҳри Римро муайян намоянд. Варрон дар асри I пеш аз милод пешниҳод карда буд, ки санаи асосгузории Рим 21 апрели соли 753 пеш аз милод (мувофиқи солшумори мо) ҳисобида шавад. Ин санаро бо ташаббуси Варрон дӯсти ӯ – риёзишинос, файласуф ва ситорашинос – этруск Тарутий ҳисоб карда баромад. Рӯзи 21 апрел барои латинҳои қадим иди подабонҳо буд. Пешниҳоди санаи бунёди Рим, гарчанде ки достонӣ мебошад, то имрӯз дар илм ҳамчун “эраи Варрона” мавриди истифода қарор гирифтааст. Санаҳо мувофиқи “эраи Варроона” дар қисмати поёнии он ба ҳақиқат мувофиқат мекунанд, зеро бо рӯйхати ашхоси мансабдори Рим – консулҳо, ки расман аз асри V пеш аз милод оғоз ёфта буд, ҳамоҳанг карда шудаанд.

Қисмати зиёди аҳолии Рим ва ҳам тамоми Латсияро ташкил мекарданд,ки онҳо як шохаи қабилаҳои италикҳо мебошанд. Онҳо номи худро ба вилоятеро дар соҳилҳои чапи дарёи Тибр додаанд. Дар Латсия федератсияи шаҳру шаҳрчаҳои латиниро дар зери роҳбарии Алба Лонга ба вуҷуд меояд. Анъанаҳои то ба мо расида шумораи бошишгоҳҳои ин федератсияро то 30 адад инъикос намудаанд.

Омӯзиши махсуси қиссаю ёддоштҳо ва асотиру ривоятҳо дар бораи Рими барвақта сурат гирифта ва натиҷаҳои он бо бозёфтҳои бостоншиносон ва таҳқиқотҳои забоншиносӣ (лингвистӣ) муқоиса намуда, олимонро ба хулоса оварданд, ки маълумоти муаллифони антиқӣ дар маҷмӯъ қобили боварӣ мебошанд. Акнун чунин ҳисобида мешавад, ки анъанаҳои антиқӣ дар баробари дар онҳо тахаюлот ҷой доштан, ёдоштҳои воқеӣ дар бораи воқеаҳои таърихии воқеӣ ва шахсиятҳои воқеӣ низ ҷой доранд, ки ба онҳо бовар кардан мумкин аст. Масалан, маълумот дар бораи ҳайати қавмии (этникӣ) аҳолӣ дар қаламрави Рими оянда, дар бораи алоқаи ин аҳолӣ бо Шарқи баҳри Миёназамин, дар бораи вақти тахминии асосёбии Рим, дар бораи алоқаи муҳоҷирони нахустини бо Алба Лонга, дар бораи якшавии ҷамоаҳои латинҳо ва сабинҳо дар Рим, тасаввуроти умумӣ дар бораи фаъолияти шоҳҳои нахустини Рим, дар бораи ҳокимони этруски дар Рим дар охирҳои давраи шоҳӣ ва дар бораи далелҳои сершумори дигар асосан росту боэтимод мебошанд.

Барои илми муосир ҳақ баровардани анъанаҳо дар бораи Рими барвақта хосбуда, худ аз худ маълум аст, ки ба муносибати интиқодӣ бо далелҳои он дар ҳамоҳангӣ хос мебошад. Дар ин сул баъзе тарафҳои ҷараёни таърихӣ дар марҳалаи барвақтаи таърихи Рим боз ҳам дақиқтар мегарданд. Ин натиҷа дар асоси омӯзиши яклухти (комплексии) он ба даст оварда мешавад. Масалан, дар мавриди муқоиса кардани маълумотҳои афсонавӣ бо дастовардҳои бостоншиносӣ ва лингвистӣ, ба вуҷуд омадани Рим чунин ба назар мерасад. Омӯзиши яклухти (комплексии) сарчашмаҳо имконият дод, ки дар таърихи Рими марҳалаи қадимтарин муайян карда шавад, ки он пеш аз замони шоҳӣ гузаштааст.

Анъанаи антиқӣ, ки дар асарҳои муаллифони қадим ва асрҳои миёнаи барвақта қайд гардидаанд, ёддоштҳо дар бораи он зикр гардидаанд, ки римиҳо сокинони аввалини теппаҳои наздисоҳилӣ набудаанд. Пешгузаштагони ,автохонтҳои Латсияро, онҳо ҳамзамонҳои худоҳои Янус ва Сатурн меҳисобиданд. Бостоншиносон исбот кардаанд, ки сокиншавии одамон дар ҷойи Рими оянда, камаш аз миёнаҳои ҳазорсолаи II пеш аз милод оғоз ёфтааст. Инҳо одамони ибтидоӣ буданд, ки дар кулбаҳои оддии ибтидоӣ ва ғорҳо сукунат доштаанд. Баъзе олимон чунин меҳисобанд, ки ин инсонҳои ибтидоӣ сикулҳо, шохаи қабилаҳои лигуриҳо буданд, ки дар дар нимҷазираи Апенин дар замонинеолити бевақта ва энеолит сукунат доштаанд. Лигуру сикулҳо, аз рӯи ақидаи онҳо, қисмати поёнии дар илм маълуми қисмати аҳолии қадимтаринро дар қаламрави Рими оянда ташкил намуда буданд.

Дар маълумотҳои антиқӣ дар бораи ҷойи сукунати қаҳрамонхудо Геракл (Геркулес), дар ҷойи Рими оянда ва дар бораи аз тарафи юнониҳо-ахейҳо дар зери роҳбарии Эвандра бунёд карда шудани боршишгоҳ дар Палатин, теппае дар маркаи Рими оянда ёдоварӣ мешаванд. Мувофиқи ёддошт Эвандр аввалин шуда дар Италия говҳоро дар омоч (испор) қӯш кардааст.

C:\Users\USER\Music\бббббб.jpg
C:\Users\USER\Music\тарент.jpg

Ахейҳо Вайронаҳои Тарент

Бостоншиносон ва забоншиносон дар ин гёфтаҳо мавҷудияти маҳаки таърихии воқеаҳоро тасдиқ менамоянд. Аз асри ХVI пеш аз милод сар карда, тавре, ки бозёфтҳои сафолии Микена аз Италияи Ҷанубӣ ва аз ҷазираҳои Ситсилия Липар ва Иске шаҳодат медиҳанд, роҳ ёфтани савдои Микена ба Ғарб оғоз меёбад, ки ин вақт ба онҳо воридшава Шарқи баҳри Миёназамин дастнорас буда, зери таъсири Крит қарор дошт.

Замони нашъунамои савдои Микена ба Шарқ ва Ғарб муваққатан наздики соли 1400 пеш аз милод заиф мегардад. Ҷои робитаи бетанаффуси Италия бо Эгенда дар замони Микена то мустамликагардонии бузурги юнонӣ минтақаи назди шаҳри Тарент дар соҳилҳои ҷанубии Италия мегардад. Тахмин карда мешавад, ки маҳз тавассути он мубодилаи тиҷоратӣ дар байни Шимоли Италия ва олами Эгей сурат мегирифт. Юнону ахейҳоро, эҳтимол, фулузоти Этрурия ба тарафи худ мекашид. Дар баробари ин, онҳо эҳтимол аз Италия ғуломонро ба мамлакатҳои худ ворид месохтанд.

Қиссаҳои таърихӣ шаҳодат медиҳад, ки окинони аввалини Рим ҷавонон – ҳамсафон ва аъзои дружинаи Ромул буданд. Ҷамоаҳои ба ҳамсояҳои нав муҳоҷир шуда омада нобоварона назар карда, намехостанд, ки духтарони онҳо ба ин ҷавонон ба шавҳар бидиҳанд. Ин ҳолатро дида, Ромул базму бозӣ бо аспу аробатозӣ ташкил намуда, ба он ҳамсояҳои худ – сабинҳоро барои иштирок даъват намуд. Ҳангоми базму зиёфат римиҳои ҷавон духтарони сабинҳоро гирифта мегурезанд. Аз ин рӯ, сабинҳо бар зидди Рим ба ҷанг даромаданд. Вале, вале сабиндухтарон тавонистанд падарон ва шавҳарони худро оштӣ диҳанд. Дар натиҷаи ин ҳамроҳшавӣ давлати ягонаи Рим ба вуҷуд меояд ки онро ду шоҳ Ромул ва аз тарафи сабинҳо Тит Татсий сарварӣ мекард.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.