Чамоаи рим дар давраи шохи (солхои 753 –509 то милод)

АХБОРОТИ ТАЪРИХӢ ДАР БОРАИ ҲАФТ ШОҲИ РИМ

Мувофиқи сарчашмаю анъанаҳои таърихӣ давраи шоҳии Рим 224 сол давом карда, солҳои ҳукмронии 7 шоҳро дар бар гирифтааст: Ромул, Нума Помпилий, Тулл Гостилий, Анк Мартсий, Лутсий Тарквиний Приск, Сервий Туллий ва Тарквинияи Бовиқор. Барои ҷамоаи Рим ду шоҳи аввал соҳиби эътибори хеле калону муҳим буданд: Ромул ва Нума Помпилия.

Шоҳи якуми Рим Ромул (солҳои 753 – 716 то милод) буда (Тит Татий бо ҳамроҳии Ромул ҳамшоҳи Рим буд. Соли 748 то милод вафот кардаст), ӯ созандаи сохтори иҷтимоӣ ва ҳарбӣ будааст. Римро ба 3 триб ва 30 курий тақсим кардааст, барои патритсийҳою плебейҳо, сенатро ташкил дода, артиши пиёданизом ва савораро ташкил намудааст. Ромул бо ҳамсоягон ҷанг накард, вале ба римиҳо шуғл варзидан ба ҳаёти осоиштаро ёд дод, пеш аз ҳама шуғлварзӣ ба косибиро.

C:\Users\USER\Music\РОмул.png
C:\Users\USER\Music\Нума помпилий сах 12.jpg
C:\Users\USER\Music\Тулл Гостилий.jpg

Ромул Нума Помпилий Тулл Гостилий

Нума Помпиллий (солҳои 716 – 673 то милод) шоҳи дуюми Рим буд. Ин шоҳ асосгузори тамоми низоми ҳаёти динӣ ва иқтисодии ҷамоаи Рим ба ҳисоб меравад. Дар замони ҳукмронии ӯ коллегияҳои ашрофон ба вуҷуд омаданд, тақвим сохта шуд. ибодатгоҳҳои зиёд қомат рост карданд, ки машҳуртарини онҳо ибодатгоҳи Янус Нума буд.

C:\Users\USER\Music\Анк Мартсий сах 12.jpg
C:\Users\USER\Music\Тарквиний сах 12.jpg
C:\Users\USER\Music\Сервий.jpg

Анк Мартсий Лутсий Тарквиний Приск Сервий Туллий

Шоҳи сеюм Тулл Гостилий (солҳои 673 – 641 то милод) буда, сиёсати Ромулро идома дода, шапҳри Алба Лонгаро ба хароб карда, сокинони онро ба Рим кӯчонид.

Шоҳи чоруми Рим Анк Мартсий (солҳои 640 – 616 то милод) сиёсати ҷангҷӯиаи шоҳи сеюмро давом медиҳад. Дар дарёи Тибр пул месозад ва мустамликаи аввалини Рим – Остияро дар резишгоҳи Тибр месозад.

Аз шоҳи панҷум Лутсий Тарквиний Приск (солҳои 616 – 572 то милод) сар карда дар Рим ба таври осоишта шоҳҳои этрускӣ ба сари қудрат меоянд. Ин шоҳ дар Рим сирки аввалинро бунё. Дар ин давра муттасил пурзӯршавии ҳокимияти шоҳ сурат мегирад ва баъзе унсурҳои демократие, ки дар Рим ба вуҷуд омада буданд, ба хотири фаромӯшӣ дода шуданд. Инчунин кушише ба харҷ дода шуд, ки дар Рим мансаби шоҳӣ меросӣ бошад.

Шоҳи шашуми Рим Сервий Туллий (солҳои 571 – 535 то милод) мебошад. Ӯ ислоҳотҳои муҳими иҷтимоӣ гузаронида ва шаҳрро бо девори муҳофизатии сангин иҳота намуд.

C:\Users\USER\Music\Тарквиний Гордый сах 121.jpg
C:\Users\USER\Music\Церера.jpg
C:\Users\USER\Music\Посейдон.jpg

Тарквинийи Бовиқор Пуштибонони ҳосилот: Тсерера ва Посейдон

Шоҳи ҳафтум ва охирини Рим Тарквинийи Бовиқор (солҳои 534 – 509 то милод) буд. Дар сарчашмаҳои таърихӣ ӯ золим (тиран) ба қалам дода шудааст. Масалан, аз шаҳри Рим шаҳрвандони беҳтаринро пеш мекард ва ё ба ҷазо гирифтор мекард. Вале дар ин масъалаҳо фикри мардум ва сенатро ба ҳисоб намегирифт. Аз ҳамин сабаб мардуми шаҳр шӯриш бардошта, ӯро аз Рим пеш карданд. Бояд зикр кард, ки ин сабақ дар давраи ҷумҳурӣ будани Рим ба кор рафт.

СОХТИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ РИМ ДАР ЗАМОНИ ШОҲӢ

Мувофиқи далелҳои бостонӣ дар Рим ва вилоятҳои ба он наздики Этрурия ва Латсия дар замони неолит заминдории омочӣ ва чорводории ҳайвоноти ромкардашуда вуҷуд дошт. Дар охирои асри биринҷӣ ва оғози асри оҳан, яъне дар охирҳои ҳазорсолаи II – оғози ҳазорсолаи I пеш аз милод парвариши наск, ҷав, гандум, лубӣ, нахуд ток, зағир, чорводории хонагӣ – хук, гусфанд, буз, гов ва асп вуҷуд дошт. Кишоварзӣ ва чорводорӣ дар образҳои худоҳо, анъанаҳо ва идҳо инъикос ёфта буданд. Масалан, маълумот дар бораи қадимтарин худоҳо-пуштибонҳои зироатпарварӣ – Тсеррор, Юпитер- Пектра; дар бораи парастиши пуштибони асппарварӣ – Конса, ё Петтуна-Посейдона-Конника, дар бораи қурбоникунии ҳайвоноти хонагӣ боқӣ мондаанд. Аз он ҷумла, анъана оид ба одати ботантанаи аспи Октябр дар иди Консуалий нигоҳ доштааст. Мусобиқаҳои аробаҳои дучархаи ҷамоаҳои гуногун доир гардонида мешуданд, ва аспи тарафи рости аробаи ғолиб ба хотири худо Марс қурбонӣ карда мешуд. Мувофиқи ёддоштҳо, Ромул сабинҳоро маҳз ба чунин даъват карда буд. дар шакли гусфанд ва буқа подош (ҷаримаи додгоҳӣ) дар муқаррар карда буд. Римиҳои баъдтарин шубҳа надоштанд, ки халқи Рим аз чӯпонҳое оғоз ёфтааст, ки онҳо омада дар палатин сокин шуда будаанд.

Далелҳо дар бораи косибиҳои гуногун дар рими барвақта мавҷуданд. Ба шоҳи дуюми Рим, Нума Помпилия, ки ӯро олимони имрӯза шахсияти таърихӣ мешуморанд, анъанаҳо якдилона муассиси коллегияҳои косибӣ – иттиҳоди косибони як касб мешуморанд – мушаххасан асосгузори коллегияи устоҳои тиллокор, дуредгарон, рангуборкунон, кафдузон, мехсозон, мисгарон, кулолгарон. Ташкил намудани коллегияҳо дар бораи хеле пеш рафтани тақсимоти меҳнат дар косибӣ, дар бораи касбияти косибон шаҳодат медиҳанд. аълумоти анъанаҳо дар бораирешди косибиро асосан бостоншиносӣ тасдиқ менамояд. Дар қабрҳои дар Форум ва Палатин гуронидашуда, ки ба оғози замони шоҳӣ мутааллиқан, маснуоти зиёди сафолӣ ёфта шудаанд, чалаки ресмонресӣ ва мундариҷаи ҷузмакҳо ёфта шуданд, дар бораи решди косибии кулолгарӣ, ресмонресӣ, ва оҳангарӣ шаҳодат медиҳанд. муаллифони антиқӣ дар бораи сохтмони оммавӣ дар Рим аллакай дар замони шоҳҳои аввал маълумот медиҳанд: дар бораи манораҳои дидбонӣ ап ибодатгоҳи Юпитер – дар аҳди Ромул; дар бораи сохтмони пул аз болои Тибр, ибодатгоҳҳо ва қурбоникуниҳо – дар замони Нума.

C:\Users\USER\Music\Бог Марса.jpg
C:\Users\USER\Music\колесницы.jpg

Худ Марс Мусобиқаи дар аробаҳои дучарха

Рушди соҳаи кишоварзӣ, чорводорӣ ва косибӣ асоси мунтазами мубодилаи дохилиро ба вуҷуд овард. Ин далел бо маълумот дар бораи аз тарафи Ромул ва нума муқаррар карда шудани рӯзҳои бозор – нундин (рӯзи 9-ум) тасдиқ мегардад, вақте ки сокинони деҳаҳои гирду атроф метавонистанд ба шаҳр биёянд. Мӯҳраҳои қаҳрабогии аз қабрҳо пайдокарда дар бораи мубодила шаҳодат медиҳанд, аз ҷумла дар бораи робитаҳое, ки бегуфтугу ба воситаи миёнаравҳо бо Прибалтикаи дурдаст, қаҳрабо дар соҳилҳои баҳри Балтика ба вуҷуд меоянд.

Давраи шоҳӣ дар таърихи Рим (асрҳои VIII – VI то милод) давраи рӯ ба таназзул ниҳодани муносибатҳои ҷамоаи ибтидоӣ ва тавлиди синфҳо ва давлат дар ҷомеаи Рим мебошад. мувофиқи анъанаҳо , (populous Romanus) дар оғози таърихи худ иттиҳоди авлодию қабилавӣ буда, аз 300 авлод иборат буда, 30 курияро (ҳар кадом 10 авлодӣ) ва 3 триб (ҳар кадом 10 куриягӣ) иборат буд. Авлод аз оила (фамилия)-ҳо иборат буд Ҳамаи ин ташкилотҳои иҷтимоӣ – авлод, триб, ҳанӯз дар сохти ҷамоаи ибтидоӣ ба вуҷуд омада, арзи вуҷуд мекарданд, тағйиру меёфтанду дигаргун мешуданд, чунин буданд дар тули тамоми таърихи Рим. Номҳои онҳо – gens, Tribus, curi, familia – баромади лотинӣ доранд.

Анъанаи антиқӣ маълумот медиҳад, ки се триб ва сенздаҳ курийро ташкил намудааст. Мафҳуми “триба” маънои “қабила”-ро дорад. Масъала дар бораи ба вуҷуд омадани се триб баҳснок мебошад. Баъзе олимон бар он ақидаанд, ки 3 триб дар як вақт бо 30 курия дар замони Ромул ба вуҷуд омадааст. Ҳолате, ки мувофиқи он номҳои ҳарсе триб – Рамнҳо, Титсиҳо ва Лутсерҳо, тавре ки имрӯз эътироф менамоянд, этрусскӣ мебошанд. Ин олимон ҷидду ҷаҳд ба харҷ медиҳанд, ки ин дастовардро натиҷаи фаъолияти бошууронаи шоҳҳои этрусские, ки Римро дар асри VI то милод идора кардаанд ва муассисони як қатор муассисаҳои дигари ҷамъиятии Рим мешуморанд.

Курияро баъзан бо фратрияи юнонӣ шабеҳ медонанд, лекин эҳтимол меравад, ки онҳо бо ҳам монандӣ надоранд: фратрияҳо тамоми аъзои ба онҳо дохилбудаи авлодҳо, курияҳо – танҳо мардонро дар бар мегирифтанд. Пешгузаштагони курияҳои римӣ эҳтимол “иттиҳодҳои махяии мардон” буданд. Барои ҳар як курия умумияти замин, худоҳо ва расму оинҳо хос буданд. Барои маҷлисҳои худ курия хонаи махсус ё қитъа бо оташдон дошта, аъзо дар атрофи он ба иҷрои ибодат ҷамъ меомаданд. Дар баробари ин ҳам замини курия, ва ҳам ҷои маҷлиси аъзои он низ бо мафҳуми “курия” ном бурда мешуданд. Ашхоси махсуси амалдор, курионҳо, қурбонӣ мекарданд ва ба ҷузъу томҳои курия роҳбарӣ мекарданд Яке аз куриаонҳо сарвар буд ва корҳоро дар тамоми курия идора мекард, VI п.а.мз он ҷумла, тақвими диниро пеш мебурд. Дар мавриди ишғоли шаҳрҳои муҳоҷирон дар Рим одамон аз рӯи 30 курияи мавҷудатақсим мешуданд, на курияҳои навро ташкил менамуданд.

C:\Users\USER\Music\Дионисий.jpg
C:\Users\USER\Music\21.jpg
C:\Users\USER\Music\,,,.jpg

Диониси Галикарнас Фабий Рими қадимтарин

Сегонагии сохтори ҷомеаи Рим дар сатҳи пурраи он- 3 триб, 30 курия ва 300 авлод эҳтимол то охирҳо давраи шоҳӣ ба таври пурра ташаккул ёфта бошад.. Дар замони Ромул 3 триб ва 30 курий мавҷуд буд. Шумораи авлодҳо танҳо муттасил афзоиш ёфта, ба 300 адад расида, ба курияю трибҳои мавҷуда дохил мегардиданд.

Дар Рими асри VIII пеш аз милод нишонаҳои хоси демократияи ҳарбӣ, дар чунин ҷомеа бошад, талаботи ҳарбӣ ба тамоми сохторҳои давлату ҷомеа таъсир мерасонанд. Дар ин асос чунин ҳисобида мешавад, ки дар аҳди Ромул шумораи курнияҳо бо си адад мувофиқи се триби воқеии мавҷуда дар замони иттиҳоди сабинию римӣ маҳдуд карда шуда буд. Аскарони пиёданизом аз рӯи курияҳо таҳия карда мешуданд, ҷузъутомҳои савора бошанд, – мувофиқи трибҳо ва аниқ барои ҳамаи Рими қадим дар таносуби 10: 1 буданд. Диониси Галикарнас дар бораи бошишгоҳи аввалин ва артиши якуми Ромул ҳамчун дар бораи 3000 ва дар бораи 300 савора сухан меронад. Плутарх дар бораи ду баробар зиёд кардани шумораи пиёданизом ва аспсаворон баъди муттаҳидшавии ҷамоаҳои римӣ ва сабинӣ маълумот медиҳад, яъне мувофиқан дар бораи 6000 пиёданизом ва 600 нафар ҷанговарони савора. Ғайр аз ин, дар аҳди Ромул отряди махсуси гоплити савора – селетрҳо – муҳофизони шахсии шоҳ ташкил карда шуд, ки ӯро доимо ҳамроҳӣ мекарданд. Ин ҷанооварон ҳам пиёда ва ҳам савора дар набард буданд Дар аҳди Нума отряди тселерҳо барҳам дода мешавад. Ромул мусаллаҳшавии артишро аз рӯи намунаи юнонӣ ташкил намуд – найза, сипар ва ҷавшан дар намуди пераҳани газворӣ ё чармин бо нишонаи сарисинагии метал.

Дар Рими замони шоҳӣ авлодбадани зиндаи ҷамъиятӣ буд. Вай соҳиби дастаҷамъонаи замин ва натанҳо замини тақсимнашаванда буд, вале дар истифодаи ба он мувофиқи оила қарор дошт; баъзе ашёи умумӣ низ дошта, ба баъзе худидоракуниҳо соҳиб буда, метаонист бо қувваи худ мустақилона ҷангро пеш барад. Мисоли классикии (такрорнашавандаи) ҷанги Фабий бар зидди шаҳри этрускии Вей мебошад, ки он дар асри V то милод. Мувофиқи анъанаҳо он бо марги ҳамаи 306 нафар марди ин авлод анҷом ёфтааст, ғайр аз як нафар писарбача, ки ӯ авлодро идома медиҳад. Аъзои авлод пайдоиши худро аз ниёи умумии номи авлодӣ (масалан, Юлий, Клавдий, Фабий) ва эътиқоди динии умумӣ. оғоз мекард. Хешу таборон бо анъанаҳо ва ёрии байниҳамдигарӣ ва қассоси хунин алоқаманд буданд, вале ҳанӯз дар замони шоҳӣ қассоси хунин бо ҷарима иваз карда мешавад (масалан, дар мавриди куштори ғайрибарқасдона ва ғайриихтиёрӣ ба оилаи марҳум гусфандро медод). Авлод маҷмӯи оилаи калони патриархалӣ буд.

Дар асоси дастаҷамъии хос ба моҳияти авлод, дар навбати аввал дар моликияти дастаҷамъӣ ба замин ва меҳнати умумӣ ифода ёфтаст, баъзе муҳаққиқон оғоз замони шоҳии Римро ҷамоа мешуморанд. Дар баробари ин, ба он ишора мешавад, ки ҷамоаи Рими барвақта ба ҷамоаи барвақтаи ҳамсоя, на танҳо бо хешутабории байниҳамдигарии оила, балки бегонагоне, ки дар ҳамин қаламрав сукунат доштанд, низ муттаҳид мешуданд, наздикӣ доштааст.

Дар замони шоҳҳои нахустин ҷамоаи ташаккулёфтаистодаи римӣ ба афзоиши аҳолӣ манфиатдор буд. Дар ин бора қисса дар бораи дуздидани сабинидухтарон ва, хабари анъанаҳо дар бораи аз тарафи Ромул сохта шудани гурезгоҳ – азиля дар Капитолий, ки дар ин ҷо одамони номаълуму беаҷлод, аз он ҷумла ғуломон ҳам ҷамъ меомаданд ва онҳоро Ромул ба ҷамоаи худ қабул мекард, шаҳодат медиҳад. Аз ин рӯ, дар оғози замони шоҳӣ аҳолии шаҳрҳои латинӣ ва сабинии ишғолкардааи римиҳоро, ки ба авлодҳои бутун ва ё як қисми авлодҳо ба ҷумлаи сохторҳои авлодию қабилавии Рим ва дар баробари ин, ба ҷумлаи шаҳрвандони баробарҳуқуқ дохил менамуд. Шумораи авлодҳои римӣ афзоиш меёфт; шумораи аҳолии Рим дар натиҷаи афзоиши табии он ҳам зиёд мешуд. Аз авлодҳои пешина дар дохили ҷомеаи Рим авлодҳои нав ба миён меомаданд. Гарчанде, ки дар баробари ин саршумори баъзе авлодҳо кам мешуд ва базеи онҳо ҳамин тариқ аз байн мерафтанд, Рим бошад, колониячиёнро барои дар даст нигоҳ доштани заминҳои мамлакатҳои аз тарафи Рим ишғолкарда мефиристод. Дар маҷмӯъ, дар тули тамоми давраи шоҳӣ шумораи аҳолии Рим афзоиш меёфт. Дар Рими замони Ромул 20 – 25 ҳазор нафар одамон зиндагӣ мекарданд. Ин шумора аз он ба миён омадааст, ки шумораи умумии аҳолии шаҳр аз шумораи мардони қобили ҷанг 3 – 4 маротиба зиёд буд, авлодҳои навр сафарбаркунии нахустин 6000 нафарро ташкил менамуд. Дар замони ҳукмронии Туллия, дар охири замони шоҳии Рим аз рӯи тсензи синнусолӣ (рӯйхатгирии шаҳрвандон ва амволи онҳо) ҳамагӣ 80 ҳазор нафарро ташкил мекард. Ин вақт ҳоло заминҳои ишғолкардаи умумиримӣ (ager Romanus) барои додан ба авлодҳо, омадагиҳо ва маҳаллӣ кифоя буданд ва то он замоне, ки барои ҷамоаи шаҳрвандии Рим лозим буд. Вале аҳолию шумораи авлодҳо дар дохили курия ва трибҳои мавҷуда зиёд шуд, ва барои ҳамин заминҳои нав лозим шуданд.

Вале болоравии ҷамоаи Рим, дар ҳар кадом ҷамоаи дигар, қонунияти зудудҳои охирини худро дошт, ки он бо зарурати риояи таносуби муайян дар байни шумораи шаҳрвандон ва ҳаҷми замин дар шароити истеҳсолоти заифрушдкарда ва таъмини мӯътадили фаъолияти ҷамъиятию сиёсии ҷамоа, авлодҳои нав, авлодҳои нав аз он ҷумла имконияти мавҷуд будани вақти кифоя барои ҷамъ кардани шаҳрвандон ба корҳои ҳарбӣ ва корҳои дигар, вобастагӣ дорад. Вақте ки шумораи авлодҳо ба 300 расид, ин дар замони шоҳӣ рух дода, ҷомеаи Рим сарбаста мешавад. Ин ҳолат маънои анҷоми ташаккулёбии он ва сифати ҷамоаи шаҳрвандиро дар оғози онро дар назар дошт. Шумораи 300 бесабаб нест: он бо си курия ва се триб и мавҷуда ҳамоҳанг мебошад.

Ҷузъи асосии истеҳсолӣ дар дохили ҷамоаи ибтидоӣ оилаи калони патриархалӣ оила – фамилия мешавад, ки он ба “хонадон” дар Шарқи қадим монандӣ дошт. Сардори патриархалии агнатикии) ҷамоаи оилавӣ paper familias “падари оила” ном дорад. Фамилия дар худ сардори оила ва зану бачаҳо ва наберагони сардори оила, зан ва кӯдакони писарон ва наберагон, инчунин ба он метавонистанд шахсҳои тобеъ – клиентҳо ва ғуломон дохил бошанд. Занҳое, ки ба шавҳар мебаромаданд, алоқаи худро бо ҷамоаи оилавӣ гум мекарданд ва ба оилаи патриархалии шавҳарашон дохил мегардиданд, вале дар баробари ин, онҳо номи то ба ақди никоҳ даромадани авлодии худро нигоҳ медоштанд. Pater familias ҳокимияти калон, вале бар аъзои оила ҳокимияти номаҳдуд надошт. Махсусан низоъҳои ҷиддии оилавӣ дар маҷлисҳои хушу таборон мавриди баррасӣ қарор мегирифтанд. Ҳамин тариқ, зани бадахлоқро шавҳар шахсан ҷазо медод, вале бо иштироки аъзои авлод. Ин далел дар бораи он шаҳодат медиҳад, ки оила ҷузъи авлод ҳисобида мешуд. Аъзои фамилия (оила) на ҳама вақт дар як хона мезистанд, балки метавонистанд дар якчанд кулбае зиндагӣ кунанд, ки дар наздикии ҳамдигар воқеъ гардидаанд.

C:\Users\USER\Music\12.jpg
C:\Users\USER\Music\ыы.jpg

Оилаи патриархалии Рими Қадим Курия ва триб

Асоси иқтисодии фамилия (оила) соҳибияти дастаҷамъона бар замин буд, ки аз авлод гирифтааст. Замин барои оилаҳо ҷудо карда мешуд, эҳтимол ба воситаи қуръапартоӣ ва ба ҳисоби майдони ду югерӣ (баробар аст ба ¼ ҳиссаи га) ба ҳар сари марди бавоярасида. Минбаъд, на барвақттар аз асри VI пеш аз милод, вақте ки масоҳати мулкҳои Рим ниҳоят васеъ мешавад, андозаи ҳиссаи замин то ҳафт югер зиёд карда шуд, ки ин қариб ба 0, 83 га баробар мебошад. Ғайр аз замини мулки меросӣ, ки барои боғу полиз ва ё кишти ғалладона истифода бурда мешуд, ҳар як оила аз чарогоҳ (ager compascuus), ҷангал ва заминҳои дигаре низ, ки соҳиби дастаҷамъонаи онҳо авлод буд,, истифода мебурд.

C:\Users\USER\Music\3.jpg
C:\Users\USER\Music\2222222222222.jpg

Оилаҳои падаршоҳӣ (Pater familias)

Дар бораи аҳамияти ҷамъиятии оила аҳамияти калоне, ки ба он қонунҳои шоҳҳои аввал додаанд, шаҳодат медиҳад. Барои шикастани меъёрҳои оилавӣ келин, писар ва набера ба худоҳои падарӣ қурбонӣ карда мешуданд. Ба зан тарк кардани хонаи шавҳар манъ карда мешуд. Шавҳар метавонист бо ҳамроҳии хешу таборон зани худро ба марг ҳукм кунад, масалан барои нӯшидани шароб. Дар баробари ин, фурӯхтани зани кас ба ғуломӣ манъ карда шуда буд. Вайронкунандагони ин қисмати қонун ба шавҳар қурбонишавӣ дар назди худоҳои зеризаминӣ таҳдид мекард. Қатли кӯдаконе, ки синашон то сесолаанд, бо истиснои аз ҳад аён будани маслуқӣ зиштрӯй, аблаҳӣ, ва ҷиннӣ (дар забони русӣ “урод” омадаст), ки панҷ нафар ҳамсоя гувоҳӣ додаанд, маҳдуд карда шгуда буд. Ҷалб кардани ҳамсоягон ба шоҳидӣ, ишораи муҳим мебошад дар ҳамзистӣ дар дар деҳаҳои авлодии барвақтаи римӣ ва робитаҳои территориявӣ.

Бо мурури замон оила дар дохили авлод точанде мустақилият ба даст меовард, вале дар замони шоҳӣ ин ҷараён ҳанӯз аз анҷомёбии худ хеле дур буд. Дар ин бора, аз он ҷумла мавҷуд набудани когнаменҳо –номҳои меросии фамилиягӣ шаҳодат медиҳанд.

Воҳиди асосии қаламрав дар Италияи қадимтарин паг(pagus) буд. Чунин номида мешуд аввал қаламрави хешу табор ва баъд ҷамоаи авлодӣ ва худи ҷамоаи ҳамсоя ҳамчун бадани махсуси иҷтимоию иқтисодӣ. Паг дар худ деҳа (uici) қисман шаҳрчаҳои ба истеҳкомдор (appida) шабоҳатдошта, инчунин заминҳо, аз он ҷумла чарогоҳҳои (compasua)j, ки дар истифодаи умумии якҷоя ва ё деҳаҳои алоҳида, ё тамоми ҷамоа қарор дорад. Роҳбарӣ ба пага ба зимаи систратҳо гузошта шудааст, ки онҳо иҷроиши корҳои ҷамъиятӣ ва иҷрои эътиқодҳои диниро ба зери назорат мегиранд. Дар сурати вазни қиёсии баланд доштани чорводорӣ дар хоҷагиҳои Рими барвақта соҳибияти дастаҷамъонаи заминҳои ҷамоавӣ дорои аҳамиёти оқибатҳои иҷтимоӣ буданд Он ҷамоаҳои авлодиро худ иттифоқ мекунонид, ки онҳо аз заминҳои дар масофаи дур қарордоштаро истифода мебурданд. Чандин ҷамоа аз инҳо метавонистанд авлодӣ бошанд, дигарон – ҳамчун ҳамсоя, ки онҳо дар натиҷаи тақсими заминҳои шоҳӣ ва ё давлатӣ ба миён омада буданд. Ҳамин тариқ, тақсимоти авлодию ҷамоавии халқи Рим ҳанӯз хеле барвақт пурратар шудан мегирад, ва минбаъд аз тарафи пагҳо ҷамоаҳои қаламравӣ (территорияви)-ро фишор дода мебароранд. Маҳз дар натиҷаи муттаҳидшавии пагҳо Рим ба вуҷуд меояд. Заминҳои ҷамоавии пагҳо яке аз унсурҳои ташаккули фонди заминҳои умумихалқӣ ва давлатӣ (ager pablicus) гардиданд.

C:\Users\USER\Music\1111111111.jpg
C:\Users\USER\Music\12.jpg

Патритсийҳои Рими Қадим

Аъзои ташкилоти авлодии Рим “авлод – курия – триб” табақаи имтиёзноки патритсийҳоро ташкил намуданд. Дар аввали давраи шоҳӣ мафҳуми “патритсийҳо” ба мафҳуми “халқи Рим” (papules Romanus) ҳаммаъно буда, баъд ба мафҳуми нави тавлидёфтаи “гражданҳо” (шаҳрвандон) низ. Баъдтар номи “патритсийҳо” танҳо дар ашрофони авлодӣ боқӣ мемонад. Лекин дар маънои маҳдуди калима патритсийҳо гуфта сарварони пуриқтидори авлодҳо – patres –ро меномиданд, ки амволи умумиро ҷамоаҳои авлодии рӯ ба таназзулниҳода ва пеш аз ҳама замин, инчунин қисмати зиёди ғаниматҳои ҳарбиро аз они худ мекардагӣ мешаванд. Тибқи гуфтаҳои Дионисия,сарвари пуриқтидори авлодӣ – patres шоҳҳо онҳоро бо кӯмаки ҷарчиён, ки ҳар кадомро бо номашон ном мебурданд, ба маҷлис даъват мекарданд, вале халқи оддиро ба ин ҷамъомад – аз тариқи садои карнай. Маълумоти Дионисия дар бораи ҷудошввӣ (диффференциация) дар papules Romanus шаҳодат дода, paper familias дар айни замон дар бораи иштироки оммаи авлодии шаҳрвандон дар корҳои ҷамъиятӣ ишора менамояд.

Баъди пӯшидани дари ҷамоаи шаҳрвандии Рим воридшавӣ ба коллективҳои авлодӣ маҳдуд гардонида мешавад. Акнун хориҷиёне (иммигрантҳое), ки ихтиёрӣ ё маҷбурӣ ба кучонида ба Рим оварда сокинкарда ва оилаҳои зиёдатӣ аз ҷумлаи papules Romanus аллакай ба сохтори “авлод – курия – триб” дохил карда намешуданд, аз ҳамин сабаб баробарҳуқуқии гражданӣ намегирифтанд, бинобар ин плебей мешуданд. Дар баробари ин баъзе авлодҳои плебеӣ номҳои худро, ки бо номҳои авлодҳои патритсиҳо умумӣ буданд, нигоҳ медоштанд, чунки аз ҳамин авлодҳо сарчашма гирифта буданд. Plebs-и Римӣ замони шоҳҳо ба метокҳои афинагӣ шабоҳат доштанд. Плебейҳо табақаи сершумори шахсан озодбударо ташкил намуданд, на одамони баробарҳуқуқро. Онҳо дуюгерӣ (0,5 га) пораи замин ба сифати моликияти хусусӣ мегирифтанд, ки он дар сарчашмаҳо клери шоҳӣ, ё ки замини умумиавлодӣ (ager publicus) номида мешуд.

C:\Users\USER\Music\лл.gif
C:\Users\USER\Music\11111111111112.jpg
C:\Users\USER\Music\222222222.jpg

Плебейҳо Мардуми озоди Рими Қадим

Тавре ки дар болотар низ зикр карда шуд, ду югер ин меъёри анъанавӣ ҳиссаи сарикасии анъанавии пораи замин дар Рими барвақта буд. Гарчанде ки шояд мавҷудияти алоқаҳои авлодӣ дар плебейҳо низ вуҷуд дошта бошанд, вале асоси ташкилиро дар байни онҳо аллакай ҷамоаи ҳамсоя ташкил менамуд. На танҳо муҳоҷирони нав дар заминҳои нав ташкил ёфта буданд, балки деҳотиҳо низ, ки дар ҷойҳои аввала дар вилоятҳои ишғолкардаи Рим монда буданд., зеро римиҳо ташкилоти анъанавии авлодиро дар байни аҳолии тобеъкардаашон инкор мекарданд. Дар миёнаҳои давраи шоҳӣ , дар аҳди Тулл Гостилий ва Анк Мартсий, римиҳо ба ҳайати populas худ танҳо ашрофони шаҳрҳои ишғолкардаро дохил намуданд, вале ҳолии қатории деҳотиро дар ҷойи аввала мононданд, акнун дар заминҳои римиҳо. Бояд зикр кард, ки римиҳо натанҳо муҳоҷиронро қабул мекарданд, populasлки худашон низ мустамликачиёнро ба он ҷойҳо мефиристониданд, то ки ҳокимияти худро дар дар заминҳои ишғолкарда мустаҳкам кунанд., ва минбаъд бошад, барои кам кардани шумораи аҳолӣ дар ҷамоаи граждании Рим. ғайр аз пораҳои сарикасии замн плебейҳо, бечуну чаро, аз заминҳои ҷамоавӣ низ истифода мебурданд. Баъзе плебейҳо ба косиӣб, савдо шуғл меварзиданд, дигарон худро зери ҳимояи патронҳо ворид гардида, ба клиентҳои онҳо мубаддал мегардиданд. Дар охирҳои замони шоҳӣ , зангоме ки плебейҳо аз рӯи шумораи худ аллакай аз патритсийҳо хеле зиёд мешаванд, онҳо бар зидди патритсийҳо баҳри муваффақ шудан ба ҷамоаи гражданӣ (шаҳрвандӣ) ба мубориза оғоз мекунанд.

Хеле барвақт аз ба вуҷуд омадани плебейҳо дар ҷомеаи Рим муносибатҳои патронат – клиенталҳо ба миён меояд. Онҳо дар дохили оммаи populas дар натиҷаи ҷудошавии (дифференциацияи) иҷтимоию иқтисодии он тавлид ёфта ва ин раванди иҷтимоӣ дар бавуҷуд омадани табақаи сершумори тобеъ – клиентҳо сабаб мешавад. Одамоне, ки муфлис шуда буданд ва ё робитаҳои авлодии худро аз даст дода бу пуштибонӣ эҳтиёҷ доштанд ба сифати шахсони тобеи патриархалӣ ба оилаҳои бой ва патритсийҳои бонуфуз рафта, пуштибонӣ мехостанд. Ин одамони ихтиёран тобеъшуда клиентҳо ва пуштибонҳои онҳоро патронҳо меномиданд. Минбаъд оммаи клиентҳо аз ҷумлаи плебейҳо ва ба озодӣ ҷавобшудагон низ пайдо мешаванд. Эҳтимол авлодҳои пуриқтидор клиентҳои хеле зиёд доштаанд. Ҳамин тариқ, мувофиқи гуфтаи Феста, 306 Фабиев ба ҷанги зидди этрускҳо 5 ҳазор клиентҳои худро сафарбар менамоянд. Клиентҳои Рими барвақта ашхоси тобеи патриархалиро мемонад, ки ба хоҷагии “хонадонҳои” бой ва аъёну ашроф кашида шуда буданд, Клиентҳо ба авлодҳои патронҳо қабулкарда мешуданд, номи авлодии ӯро доштанд, дар идҳои умумии оилаи патрони худ иштирок мекарданд, клиентҳо дар гуристони оилавии патронҳо дафн карда мешуданд. Мувофиқи гуфтаҳои Дионисия клиентҳо кишоварз, чӯпон косиб буданд. Онҳо заминро аз аз патронҳои худ мегирифтанд, ки онро метавон тахмин кард, ки он аз ҳисоби фонди замини авлод мегирифт, инчунин метавонист аз ager pablicus бо пардохт бигирад.

C:\Users\USER\Music\1.jpg
C:\Users\USER\Music\12.jpg

Ғуломони Рим

Шартҳое, ки клиентҳо мувофиқи онҳо аз заминҳои патрон истифода мебурданд, натанҳо барои давраи шоҳӣ маълум нестанд, балки дар замони ҷумҳурӣ низ ҳамин тавр. Клиентҳо вазифадор буданд, ки патронҳои худро эҳтиром кунанд, ба онҳо хизмат кунанд, дар лашкаркашиҳои онҳо иштирок намоянд, дар баъзе мавридҳо онҳоро аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ кунанд, масалан патрон ва писарони ӯро аз гаравгонӣ ва қарздиҳандагонаш харида гиранд, хароҷоти патронро дар мавриди ба шавҳар додани духтарашро ба зима гиранд. Патрон, аз тарафи худ, вазифадор буд, ки клиентҳоро бо нуфузу таъсири худ дастгирӣ ва ҳимоя кунад, масалан, дар додгоҳ. Клиентҳо дар маҷлиси халқӣ иштирок карда, мувофиқи гуфтаи патрони худ овоз медоданд. Овоздиҳӣ дар рими замони шоҳӣ, ва ҳам хеле баъдтар, ошкоро буд. баъзе олимон чунин мешумориданд, ки клиентҳо крепостной будаанд, дигарон – ғуломони патриархалӣ. Аз назари сеюм танҳо як эҳтимол бешубҳа ба назар мерасад: дар замони шоҳӣ ташаккулбии табақаи нави одамони тобеъ оғоз меёбад, ки онҳо ғулом набуданд.

Дар сарчашмаҳо баъзе далелҳо дар бораи мавҷудияти ғулдомдорӣ дар Рими замони шоҳӣ мавҷуданд. Гарчанде тахмин мекунанд, ки римиҳо алифбоиюнониро аллакай дар аҳди Нума, дар охирҳои асри VIII – аввали асри VII пеш аз милод истифода мебурданд. Ба асри VII пеш аз милод навиштаҷотҳои барвақтаи лотинӣ мансубанд. Маълумотҳои хеле барвақтаи ҳуҷҷатӣ дар бораи ғуломдорӣ дар асри VII пеш аз милод танҳо дар қонунҳои ХII ҷадвал инъикос гардиданд, ки дар миёнаҳои асри V навишта шудаанд. Забони архаистии ин қонунҳо исбот менамоянд, ки онҳо тартиботи ҷамъиятии ва давраи гузаштаро инъикос кардаанд. Қонунҳои ХII ҷадвал дар бораи чунин сарчашмаҳои ғуломдорӣ шаҳодат медиҳанд, ба монанди асир, худқурбонкунӣ ва ХII ҷадвални аъзои оил аз тарафи сардори он.

C:\Users\USER\Music\21.jpg
C:\Users\USER\Music\2121.jpg

Иди Сатурналий Худо Сатурн

Дар асарҳои муаллифони антиқӣ дар бораи ғуломдорӣ дар замони шоҳии Рим хеле кам ёдоварӣ карда шудааст. Деонисий мегӯяд, ки Нумитор набераҳояшро дар шаҳри нав ҷамъ карда, ба онҳо нон, аслиҳа, чорво ва ғуломонро дод. Ливий на як бору ду бор ёдовар мешавад, ки Ромул бе фарқият одамонро ба ҷомеа аз халқҳои ҳамсоя, аз он ҷумла ғуломонро қабул мекард. Баъзе қонунҳо бо номи Ромул алоқаманд карда мешаванд, ки ба ғуломон дахл доранд: рисолати онҳо оид ба баъзе корҳои косибӣ; қоидаи тақсими ғанимати ҷангӣ – замин, ХII ҷадвалмвол ғуломон; манъи фурӯши зан, тавре ки аллакай дар болотар гуфта шуд; то ки ӯ зани ғулом нашавад, таъсиси иди Сатурналий дар бораи гузашта баробарии ҷанобон ва ғуломон.дар замони асотирии Сатурн. Дар замони Сатурналий ғуломонро дар паси як миз ҷанобон мешинониданд ва ҷанобон ба онҳо хизмат мекарданлд. Дар қонунҳои ХII ҷадвал барои ифодаи вобастагӣ мафҳумҳои гуногун истифода бурда шудаанд – servi (ғуломон), liberti (ба озодӣ ҷавобшудагон) ва ғайра.

Ҳамин тариқ, сарчашмаҳо далели мавҷудияти ғуломдориро дар замони шоҳӣ ва пайдоиши онро исбот менамоянд. Он чӣ ки ба таносуби манбаъҳои гуногуни ғуломдорӣ дахл дорад, бояд зикр кард, ки то миёнаҳои асри V пеш аз милод ғуломон – қарздорон вуҷуд доштанд, ки ба ҷумлаи онҳо бо сабаби худгаравмонӣ ва фурӯши аъзои оила аз тарафи чсакрдори он дохил буданд. Маълумоти дигари муфассал дар бораи ғуломдорӣ дар Рими онвақта маълум нестанд. Аз ин рӯ, муҳаққиқон чунин мешуморанд, ки , ки ғуломдорӣ ҳанӯз ба таври васеъ паҳн нагардида буд. Вале аллакай пайдоиши худи бо сатҳи муайяни иҷтимоию иқтисодии ҷомеаи Рим алоқаманд буда, он ба дифференсиасияи минбаъдаи амволӣ ва иҷтимоӣ мусоидат намудааст.

СОХТИ СИЁСИИ РИМ ДАР ЗАМОНИ ШОҲҲО

Муаллифони антиқӣ Римро ё бо мафҳуми юнонии полис ё бо синоними лотинии “цинтас» ифода мекарданд. Дар замони шоҳӣ туҳкурсии римии civilas дар шакли ҷамоаи гражданӣ гузошта шуд, ки он дар шакли антиқии моликият бар замин асос ёфта буд, ки моҳияти он дар ҳамоҳангӣ ва ба ҳамдигар табдилёбии моликияти хусусӣ ва давлатӣ ба замин ифода ёфт буд. Оғози ҷамъшавии захираи фонди заминҳои умумихалқӣ, умумигражданӣ ва давлатӣ ager publicus аз тарафи римиҳо дар рафти ҷангҳои сершумор, ки дар натиҷаи онҳо вилояти ба Рим наздиктарин – Латсияро ишғол намуданд, гузошта шудааст.

Сохти сиёсии ҷомеаи Рими замони шоҳҳо, нисбат ба сохти иҷтимоии Рими архаистӣ, дар байни муҳаққиқон баҳсу мунозираи зиёдро ба миён овардааст. Дар ин давра дар Рим аллакай сегонаи (триадаи) ҳокимият дар ҳайати маҷлиси халқӣ (комитсияҳои куриянӣ), шӯрои куҳансолон (сенат) ва ашхоси мансабдор ташаккул меёбад. Дуруст аст, ки қисмати охирини таркибии он ҳанӯз таҳким наёфта буд, чунки тамоми ҳокимияти иҷроия дар ихтиёри шоҳ қарор дошт.

Шоҳи Рим (reх) дар як вақт ҳам сарфармондеҳи лашкар, ҳам саркоҳин ва ҳам додхоҳи олии ҷамоа буд. Ҳокимияти ӯ якумра вале на меросӣ буд. Аз ин рӯ, усули дақиқи интихоби интихоби шоҳ коркрд карда шуда, он аз якчанд марҳала иборат буд:

1. Эълони байнишоҳӣ (interregnum)баъд аз марги шоҳ, ки дар ин вақт сенаторҳо номзадҳоро ба тахту тоҷи плдшоҳӣ муайян менамоянд.

2. Дастгирии номзадҳо дар Маҷлиси халқии Рим.

3. Инавгуратсия (mauguratio) – дар вазъияти ботантана аз тарафи коҳинон пурсида шудани иродаи худоҳо.

Мумкин аст баъди анҷом ёфтани ин марҳалаҳо, халқ аз нав даъват карда мешуд, то ки ба шоҳи империя (imperium) ҳокимияти олии ҳарбӣ ва додхоҳиро супорад ва дар интиҳои ин кор ҳамаи ин тартибот (процедура) аз тарафи сенат тасдиқ карда мешавад. Дар аҳди шоҳҳои этрусскӣ ин усули қонунии (лигитимии) интихоби шоҳ шикаста мешуд.

C:\Users\USER\Music\Сенат.jpg
C:\Users\USER\Music\мачлис.jpg

Сенати Рим Маҷлиси халқии Рим

Сенат (senatus)–мувофиқи анъанаҳо, ки аз тарафи Ромул ташкил карда шуда, он аз 100 аъзо иборат буда, шумораи он то охири давраи шоҳии Рим ба 300 нафар расида буд. Дар амал сенат шӯрои шоҳ буда, пурра ба ирода шоҳ тобеъ буд. Вазифаи он аз пешниҳоди фикру андеша ва баррасии масъалаҳое иборат буд, ки онҳоро шоҳ пешниҳод намудааст. Сенат танҳо дар давраҳои байни шоҳҳот дар ҷамоаи Рим ҳокимият пайдо мекард.

Маҷлиси халқӣ komutia curiata). Шакли ягонаи ҳокимияти халқӣ дар Рим (то ислоҳоти Сервий Туллий) Маҷлиси халқӣ комитсияҳои курианӣ, яъне маҷлисҳои халқӣ аз рӯи курияҳо буд. Онҳоро шоҳ даъват карда, ба дастгирии онҳо тасмимҳои худро пешниҳод менамуд. Онҳо нақши арзишмандро дар мавриди интихоб шоҳ иҷро менамуданд.

ИСЛОҲОТИ СЕРВИЙ ТУЛЛИЙ ВА АҲАМИЯТИ ОН

Анъанаҳои таърихӣ ба шоҳи шашуми Рим Сервий Туллий доир намудани ислоҳотҳо ё ки маҷмӯи ислоҳотҳоро нисбат медиҳанд, ки онҳо аҳамияти муҳимтарини сиёсӣ ва ҳарбӣ доштанд. Мақсади ислоҳотҳо, дар баробари тақсимоти ҷомеа, тақсимоти авлодии ҷомеа, тақсимот аз рӯи нишонаҳои маъмурӣ (қаламрав) ва молумулкӣ буд. Ислоҳоти Сервий Туллий аз якчанд қисматҳои ба ҳам алоқаманд иборат буд.

Қисмати якум. Сервий Туллий тамоми қаламрави зери ҳокимияти Римро ба округҳои шаҳрӣ ва деҳотӣ – трибҳо (tribus) тақсим кард (ин тақсимкуниро бо трибҳои ҷамоаҳои авлодӣ набояд монанд кард). Рим ба 4 триби шаҳрӣ тақсим карда шуд. Вале шумораи трибҳои деҳотӣ аниқ муайян нест – онҳо дар оғози ҷумҳурӣ 17-торо ташкил менамуданд, дар асри III бошад, ба 31 адад мерасад.

Қисмати дуюм. Сервий Туллий ҳамаи аҳолии озоди Римро ба 5 синф (klassus)-и моликиятдор тақсим кард. ки ҳар кадом шумораи муайяни аҳолиро дошт. Ба синфи аввал одамоне дохил кардаf шуданд, ки на камтар аз 100 ҳазор асс (сиккаи мисин –воҳиди асъори аз ҳама хурдтарини Рим), ба синфи дуюм онҳое дохил буданд, ки 75 ҳазор, асс, ба синфи сеюм онҳое дохил буданд, ки 50 ҳазор асс, ба синфи чорум онҳое дохил мешуданд, ки 25 ҳазор асс ва ба синфи панҷум онҳое дохил буданд, ки 12,5 ҳазор асс тангаи мисин дороӣ доштанд.

Қисмати сеюм. Мувофиқи мақоми молумулкӣ шаҳрвандон бояд ӯҳдадории

ҳарбиро иҷро мекарданд. Намояндагони аз ҳама бойи синфи аввал бояд дар лашкари савора (аспсавор) хизмат мекарданд, ва аслиҳаи вазнин доштанд. Дигарон бошанд, дар лашкари пиёданизом хизмат карда. тоскулоҳ, сипар, ҷавшан, шамшер ва найза доштанд. Шаҳрвандони синфҳои дигар танҳо дар ҷузъу томҳои лашкари пиёданизом хизмат мекарданд. Пролетарҳо ба хизмати ҳарбӣ роҳ дода намешуданд. Барои ҳар як синф Сервий Туллий шумораи сентурийҳоро муайян намуд, ки бояд ба хизмати ҳарбӣ пешниҳод менамуданд. Синфи якум бояд 18 сентурияи савора ва 80 сентурияи пиёдагардро пешниҳод мекард; синфҳои дуюм, сеюм ва чорум – ҳар кадомашон 20-нафарӣ ва синфи панҷум 30-нафарӣ ва илова бар ин 4 сентурҳои мусиқачӣ ва косибон, инчунин як сентурион ба сифати клерк сафарбар менамуд. Ҳамин тариқ, шумораи умумии сентурион ба 193 мерасид. Тақсимоти сентурияҳо дар байни синфҳо нишон медиҳад, ки унвони онҳо “саднафара” ба воқеияти шумораи сентурияҳои синфи якум мувофиқат намекунад. Шумораи сентурияҳои синфи якум нисбат ба сентурияҳои синфҳои дигар хеле кам буд.

Қисмати чорум. Дар асоси тақсими ҷомеа ба синфҳо ва сентурияҳо Сервий Туллий дар Рим шакли нави Маҷлиси халқиро таъсис дод – комитсияҳои сентуриягӣ (komitia centuriata). Дар он ҳар як сентурия танҳо як овоз дошт. А аз ин рӯ, синфи якум афзалият дошт, чунки аз 193 овози имконпазир 98 овоз дошт, ки ин зиёда аз нисфи овозҳоро ташкил мекард.Дар ҳолати якдилона овоз додан синфи якум қарори ниҳоиро қабул мекард. Дар баробари ин иродаи намояндагони синфҳои дигар ба назари эътибор гирифта намешуд. Оҳиста – оҳиста ҳамаи вазифаҳои муҳимтарин ба ихтиёри комитсияҳои сентурионӣ мегузаранд. Ҳамин тариқ, самтнокии сиёсии ислоҳот қотеан фаҳмост – додани аҳамияти ҳалкунанда на ба аъёну ашроф будан, балки ба сарватмандӣ.

Дар чунин шакл то ба мо расидааст ислоҳоти Сервий Туллия. Табиист, ки на ҳама дар он бе баҳс аст. Махсусан ин гуфтаҳо ба муайян кардани вазъи молумулкии гражданҳо (шаҳрвандон) дар ченаки пулӣ. Ба ҳақиқат бештар мувофиқ аст, ки сатҳи зарурии (сензи) пулӣ на барвақттар аз асрҳои IV III пеш аз милод ҷорӣ шудааст. Дар аввал бошад, ченаки асосии боигарӣ замин буд. Ташкили аълодараҷаи низоми устувори тақсимоти шаҳрвандон ба синфҳо ва сентурияҳо, ки баҳисобгирии мунтазами аҳолӣ ва вазъи молумулки онҳоро тақозо дорад, шубҳаовар ба назар мерасад.

Гарчанде анъанаҳо ишора ба он мекунанд, ки чунин сатҳ (сенз)-гузорӣ аз охирҳои асри VI пеш аз милод сар карда оғоз ёфта будааст. Маълум аст, ки магистратураи махсусе барои баҳисобгирии ҳолати молумулкӣ дар панҷ сол як маротиба гузаронида мешудааст. Масалан чунин баҳисобгирӣ дар соли 443 пеш аз милод доир гардида будааст. Инчунин шубҳанок аст, ки ислоҳоти Сервий Туллий ба ислоҳоти Солон ва Клисфен дар Афина, ки низ дар VI пеш аз милод гузаронида шудааст, монандӣ дорад. Ва, ниҳоят, нисбати ҷанбаи ислоҳоти ҳарбии ислоҳот фикру андешаи ягона вуҷуд надорад. Аз як тараф, бостоншиносӣ паҳншавии яроқу аслиҳаи гоплитӣ дар Италия аллакай дар асри VI пеш аз милод исбот намуд, аз тарафи дигар, сарчашмаҳо сершумори бостоншиносӣ дар асри яки ҷумҳурӣ аз тарафи Рим пеш бурдани ҷанг на ба воситаи ихтиёриёни гоплитӣ, балки ба воситаи авлодҳои алоҳидаи патритсиягиро исбот намудааст.

Дар баробари ин, зимнан гуфтаҳои болоӣ ба пурра рад кардани ислоҳоти Сервия Туллия асос шуда наметавонанд. Бешубҳа дар ёддоштҳо маҳаки таърихӣ вуҷуд дорад,ки моҳияташ дар он ифода меёбад, ки дар охирҳои давраи шоҳӣ дар Рим дигаргунсозиҳои муҳими давлатӣ ва ҳарбӣ гузаронида шудаанд, ки ба паст кардани аҳамияти ашрофони авлодӣ, роҳ додани плебейҳо ба ҳуқуқҳои сиёсӣ ва хизмати ҳарбӣ равона карда шуда буданд. Вале пурзуршавии патритсийҳо дар даҳсолаҳои аввали ҷумҳурӣ ҷараёни дигаргунсозиҳоро камсуръат гардонида, иҷрои онро ба охирҳои асри V – аввали асри IV пеш аз милод ақиб мепартояд.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.