Чумхурии барвактаи Рим (солхои 509-264 то милод)

АФТИДАНИ ҲОКИМИЯТИ ШОҲ ДАР РИМ ВА БАРПОШАВИИ ҶУМҲУРӢ

Марҳалаи шоҳӣ дар Рим дуним аср идома дошт ва он соли 509 то милод. сарнагун карда шуда, ба ҷояш ҷумҳурӣ барпо гардид. Дар бораи ин воқеаи муҳими таърихӣ қиссаю ривоятҳои аҷоибу ғароиби воқеӣ вуҷуд доранд. Дар байни онҳо исми номвари римӣ Лукретсий низ ҳаст, ки марги фоҷеавии ӯ дар Рим сабабгори ҷанги римиҳо бар зидди золим (тирания) Тарквинияи Бовиқор ва ду маротибаи аввал интихоб шудани консули Ҷумҳурии Рими навташкил мегардад. Номҳои шоҳи этруски Порсенна, ки Римро муҳосира кардааст, ашрофи ҷавон Гай Мутсияи лақабаш “Сцеволой” (“Чапана”) буда, ба хотири корнамоӣ, номи консули аввал Лутсий Брут, ки барои озодии ватан ҳалок гардидааст, ва боз номҳои зиёди дигар маълуманд.

C:\Users\USER\Music\Гай Мутсий.jpg
C:\Users\USER\Music\лутсий Брут.jpg

Гай Мутсий Лутсий Брут

Санагузории худи воқеа шубҳаовар мебошад, вале як чиз боиси баҳс нест – ҳокимияти шоҳӣ дар Рим дар натиҷаи амали зуроварона афтидааст. Инро он далел низ тасдиқ менамояд, ки муносибати римиҳо ба ҳокимияти шоҳӣ дар тули панҷ садсолаи ҷумҳурӣ хеле манфӣ будааст, дар замони ҷумҳурӣ будани Рим гунаҳгоркунии ҳар кадом сиёсатмадор барои ҷидду ҷаҳди соҳибшавӣ ба ҳокимияти шоҳӣ оқибати марговар дошт.

Ҳокимияти шоҳ дар Рим бо ҳокимияти ду консули аз тарафи комитсияҳои сентурионӣ интихобшуда иваз карда шуд, ки эҳтимол дар аввал «преторҳо» («сарварҳо») номида мешуданд. Вале, дар амал ҳокимият дар ҷумҳурӣ дар дасти Сенат – пушту паноҳи ашрофони ҷамоавию патритсиягӣ буд. Маҳз кушиши патритсийҳо оид ба инҳисор намудани ҳуқуқҳои сиёсӣ ва моликият бар замин, плебейҳоро ба мубориза бархезонид.

МУБОРИЗА ДАР БАЙНИ ПАТРИТСИЙҲО ВА ПЛЕБЕЙҲО (СОЛҲОИ 494-287 П.А.М.)

Муборизаи табақавии патритсийҳо ва плебейҳо дар Рим зиёда аз ду аср давом карда, ба таъсиси ҳайати ягонаи гражданӣ – халқи Рим (populus Romanus) оварда расонид, ки он маҳаки асосии кулли рушди дохилии Римро дар марҳалаи аввали Ҷумҳурӣ ташкил менамуд. Агар масъалаи пайдоиши табақаҳо яке аз масъалаҳои мураккаби илм дар бораи Рими қадим бошад, пас вазъият оид ба муайян намудани самтҳо ва марҳалаҳои асосии муболриза дар байни патритсияҳо ва плебейҳо дар асрҳои V – IV пеш аз милод хеле хуб таҳқиқ шудааст. Ин мубориза дар се самти асосӣ сурат гирифта буд: 1) барои баробарҳуқуқии сиёсӣ; 2) барои бекоркунии аз қарз ғуломшавӣ ва сабук кардани қарзҳо; 3) барои иштироки баробар дар соҳиб будан ба заминҳои ҷамъиятӣ (ager publiсus).

C:\Users\USER\Music\2222.jpg
C:\Users\USER\Music\йцйц.jpg

Муборизаи плебейҳо бар зидди патритсийҳо

Дар тамоми давраи мубориза – аз ошӯби калони соли 494 пеш аз милод сар карда ва то ошӯби охирини ҷиддии соли 287 то милодро ба 4 марҳалаи муҳимтарин тақсим кардан мумкин аст:

1.Оғози асри V то милод – ба миён омадани маҷлиси халқии плебейҳо ва трибунҳои плебеӣ (халқӣ).

2.Миёнаи асри V то милод – таҳия ва қабули “Қонунҳои ХII ҷадвал”, ки бастани ақди никоҳро дар байни патритсийҳо ва плебейҳо иҷозат медоданд.

3. Солҳои 70-60 асри I то милод – қабули қонунҳои Литсиния – Секстия, ки ба плебейҳо ишғол кардани мансаби консулро иҷозат медоданд.

4. Охирҳои асри IV – аввали асри III то милод – бекор карда шудани ғуломгардонӣ аз рӯи қарз. Тасдиқи иштироки ҳатмии райъпурсӣ барои ҳамаи гражданҳо.

Марҳалаи аввали мубориза Муборизаи табақавӣ дар Рим амалан баъд аз муқаррар гардидани ҷумҳурӣ оғоз ёфт. Аз тарафи патритсийҳо инҳисор карда шудани ҳокимият (ба воситаи сенат ва магистратураҳо), роҳ надодани плебейҳо ба иҷораи заминҳои ҷамъиятӣ ва дар натиҷаи он яку якбора болоравии қарзи аксарияти аҳолӣ оварда расонид, ки ин ҳама ба таври ҷиддӣ вазъи сиёсии дохилиро дар Рим тезу тунд кард. Лабрезшавии қаҳру ғазаби халқ соли 494 то милод ба амал омад. Баъди бори навбатӣ рад карда шудани талаби плебейҳо оид ба сабук кардани ғуломдории қарзӣ, қисми зиёди плебейҳо бо яроқ дар даст Римро тарк карданд ва дар яке аз теппаҳо дар наздикии Рим ҷойгир мешаванд.

Дар шароити хатари доимии ҳарбӣ барои Рим, гумкунии қисмати зиёди артиши қобили ҷанг барои ҷумҳурӣ оқибатҳои ниҳоят вазнин дошт. Плебейҳо ҳимояи ҷумҳуриро то он вақте рад карданд, ки патритсийҳо талаботи онҳоро қонеъ нагардонанд. Бинобар ин, ба патритсийҳо лозим омад, ки ба плебейҳо гузашт кунанд. Қисми қарзҳои плебейҳо беэътибор карда шуда, ба плебейҳо иҷозат дода шуд, ки дар маҷлисҳои плебейии худ ҷамъ омада, ҳар сол магистратҳои плебейии худро интихоб намоянд, то ки ин мансабдорони интихобӣ онҳоро аз бедодгариҳои патритсийҳо ҳимоя кунанд.

Эҳтимол дар аввал ҳарсола ду трибуни плебейиро интихоб мекарданд, вале бо тезӣ шумораи онҳо то 10 нафар расида, минбаъд ин шумора ҳеҷ гоҳ тағйир наёфтааст. Ҳамин тариқ, соли 494 пеш аз милод бо муваффақияҳои нахустини плебейҳо ба даст омадаанд. Вале онҳо ягон мушкилоти заминдорӣ ва қарзро иҷро карда натавонистанд. Аз ин рӯ, ошӯбҳои плебейҳо тез – тез ба амал меомаданд, масалан дар солҳои 486, 460, 456 то милод.

Марҳалаи дуюми мубориза. Дар миёнаҳои асри V пеш аз милод мубориза дар байни патритсийҳо ва плебейҳо боз ҳам тезутундтар мегардад. Ин дафъа шиори асосии плебейҳо маҳдудкунии ҳокимияти консулҳо (преторҳо) бо роҳи васеъкунии коллегия то 5 ё 10 нафар ва навиштани қонунҳои Рим буд. Баъд аз муқовимати бисёрсола петритсийҳо гузашт карданд ва соли 451 то милод ба ҷойи ҳамаи магистратҳо дар ҳайати 10 нафар коллегия (децемвира – аз лотинӣ decem –“даҳ”) интихоб карда шуд.

https://encrypted-tbn2.gstatic.com/images?q=tbn:ANd9GcRz-gqZNhYkrplpGulSUjGrsaBRujKVSN0HIjzVEAxQT9d_fRkELA
C:\Users\USER\Music\12.jpg

Коллегияи даҳнафара (Децемвира) Қонунҳои XII ҷадвал

Вазифаи асосии онҳо аз таҳияи маҷмӯаи ҳуқуқи Рим иборат буд. Дар натиҷаи соли аввали фаъолият 10 ҷадвали қонунҳо (тахтаҳои биринҷие, ки дар болои онҳо матни қонунҳо кандакорӣ карда шуда, ба маърази мардум гузошта шуда) таҳия карда шуд. Вале дар зарфи як сол децемвирҳо кори худро ба охир расонида натавонистанд. Аз ин рӯ, онҳо ба соли ояндаи 450 низ интихоб карда шуданд. Рост аст, ки танҳо ҳайати коллегия каме тағйир ёфта бошад ҳам, ҳатман ба ҳайати патритсийҳо Аппий Клавдий дохил мешуд. Шояд гуноҳи ӯ дар он зуҳур ёфта бошад, ки ҳокимияти децемвирҳо ба ҳокмияти золим (тирания) мубаддал мегардад. Ин дафъа дар тамоми сол танҳо ду ҷадвали қонунҳо сохта шуд, ки дар яктои онҳо қонуне дохил карда шуд, ки никоҳро дар байни патритсийҳо ва плебейҳо манъ мекард. гузашта аз ин, децемвира бе ягон азнавинтихобшавӣ ҳокимиятро дар дасти худ дар тамоми соли 449 пеш аз милод ҳам нигоҳ доштанро идома доданд. Ин рафтори золимонаи детсемвираҳо ба қаҳру ғазаби мардум гирифтор шуд, чунки ҳокимияти онҳо ба ҳокимияти шоҳ монандӣ дошт. Маълумоти сарчашмаҳо дар бораи сарнагун кардани ҳокимияти детсемвира аз қис ва муборизаи аввали плебейҳо монандӣ дорад. Вале далели бечунучарои таърихиро метавон барқароршавии шакли дурусти идораи ҷумҳуриро дар Рим дар соли 449 пеш аз милод номид. Ҳамаи децемвирҳо ба ҷазоҳои гуногун гирифтор карда шуданд. Масалан, Аппий Клавдий ба зиндон партофта шуд, ки дере нагузашта дар он ҷо вафот мекунад. Дар баробари ин, “Қонунҳои ХII ҷадвал” на танҳо нест карда нашуданд, баракс, ба сарчашмаи муҳимтарини рушди ҳуқуқи Рим гардида ва ҳамеша аз тарафи римиҳо эҳтирому гиромӣ дошта мешуданд.

Қонунҳо марҳалаи гузариши ҳолати ҷомеаи Римро инъикос намуда, дар худ унсурҳои архаистиро бо принсипҳои наве, ки аз тарафи давлат ташаккул дода шудааст, пайваст намудааст. Ин ҳолат дар мисоли нигоҳдории, аз як тараф қоидаи “тальон” (чашм ба чашм, дандон ба дандон), аз тарафи дигар муқаррар кардани ҷазоҳо дар шакли ҷарима барои вайронкории шахсӣ. Меъёрҳои ҳуқуқи қарзӣ хеле золимона мебошанд, ки он имконият фароҳам меовард, ки қарздор ба ғулом табдил дода шавад ва ҳатто ба қатл расонида шавад. Дар байни қонунҳо ҳуқуқи ҷиноятӣ ҷазоҳои сахт барои ҷодугарӣ ва сеҳр фарқ карда меистоданд. Ҳуқуқи оилавӣ дар худ шадидан моҳияти патриархалӣ дошт, зеро ба падари оила ҳокимияти номаҳдуд дода буд.

C:\Users\USER\Music\12.jpg
C:\Users\USER\Music\21.jpg
C:\Users\USER\Music\3.jpg

Лутсий Валерий Марк Горатсий Аппий Клавдий

“Қонунҳои ХII ҷадвал” ва як қатор ислоҳоте, ки ҳамон замон баъди қабули онҳо ба амал бароварда шуда буданд, қадами муҳимтарин буданд дар роҳи ташкил намудани ҷамоаи муштараки Рим. Ба ин ислоҳот бояд қонунҳои Валерия – Горатсияро (соли 449 пеш аз милод) дар бораи ҳатмияти плебестсит нисбат додан мумкин аст, ҳуқуқи гражданҳо оид ба апелятсия ба халқ дар сурати ҳукми магистрат, инчунин Канулсия (соли 445 пеш аз милод) дар бораи иҷозати бастани ақди никоҳ дар байни патритсийҳо ва плебейҳо, ки дар “Қонунҳои ХII ҷадвал” манъ карда шуда буд. Муваффақиятҳои плебейҳо дар асри V пеш аз милод муваққатан ба пастравии муборизаи табақавӣ дар байни патритсийҳо ва плебейҳо оварда расонид ва ин ҳолат то соли 390 пеш аз милод давом кард.

Марҳалаи сеюми мубориза. Фоҷеаи алоқаманд ба галлҳо зиддиятҳои дохилии ҷомеаи Римро аз нав тезутунд кард. Бӯҳрони тезу тунди сиёсии дохилӣ қарибду даҳсола давом кард ва соли 367 пеш аз милод бо қабули се қонуни Литсиния Секстия ба охир расид.

Қонуни якум қарзҳоро аз он ҷиҳат сабук кард, ки фоизҳои пардохти қарзро аз ҳисоби худи қарз муқаррар намуд.

Қонуни дуюм ҳадди ниҳоии андозаи иҷораро аз заминҳои ҷамъиятиро муқаррар намуд.

Мувофиқи қонуни сеюм яке аз ду консул бояд аз ҷумлаи плебейҳо интихоб карда мешуд.

Дар баробари қабули ин қонунҳо табақи плебейҳо ба ғалабаи калон муваффақ гардида, минбаъд мавқеи худро дар Рим мустаҳкамтар мекарданд. Масалан, дар 30 соли оянда плебейҳо ба магистратураҳои Ҷумҳурӣ роҳ меёбанд. Аз он ҷумла, намояндагони онҳо ба диктатура низ дохил мешаванд. Соли 339 пеш аз милод қонуни Публия Филона қабул карда мешавад, ки он ҳуқуқи тасдиқи қарори халқро аз тарафи сенат ба расмият даровард.

Марҳалаи чоруми мубориза. Масъалаи охирини калон талаб дар бораи бетаъхир ҳал кардани ғуломшавии қарздорон буд. Дар охири асри IV пеш аз милод қонуниПетепия – Пепирия дар бораи барҳам задании ғуломгардонии қарздорҳо қабул карда шуд. Ҳамин тариқ, минбаъд римиҳоро ба ғулом табдил додан аз байн рафт ва давраи классики ғуломдорӣ дар рим оғоз ёфт. Акнун одамони қавмҳои дигарро ба ғулом табдил додан мумкин буд. Соли 300 пеш аз милод ба таври аниқ ҳуқуқи гражданҳоро ба аппелятсия ба маҷлиси халқиро ба қарори магистрат , ба қазои ҷисмонӣ ва ё қатл таҳдид мекард, тасдиқ намуд. Соли 287 пеш аз милод бошад, ҳатмияти плебессит барои ҳамаи гражданҳо тасдиқ карда шуд. Воқеаҳои соли 287 пеш аз милод марҳалаи охирин дар муборизаи табақавии байни плебейҳо ва патритсийҳо ба ҳисоб меравад.

СОХТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ РИМ

Дар марҳалаи муборизаи табақавии патритсийҳо ва плебейҳо дар як вақт ҷараёни ташаккули сохти давлатӣ дар Ҷумҳурии Рим сурат мегирифт. Дар оғози асри III пеш аз милод он бо нишонаҳои асосии худ ташаккул ёфт ва ин сохти сиёсӣ то охири Ҷумҳурии Рим бетағйир мондан гирифт, ки онро дар мақомоти ҳокимияти давлатии он мушоҳида кардан мумкин аст. Хусусиятҳои зиёд ва маккоронаи он, ҳатто зиддияту мухолифатҳо, аз як тараф, бо он сабаб вуҷуд доштанд, ки ташаккулёбии сохти давлатӣ муддати дуру дарозро дар бар гирифтанд, аз тарафи дигар, мубориза дар байни табақаҳо сабабгор шудаанд. Муваффақияти плебейҳо дар муборизаи табақавӣ ба тавлиди сохтори давлатии Ҷумҳурӣ лаҳзаҳои аҷоибро ба миён овардан сабаб мешавад, масалан, дастрасии куллии плебейҳо ба ҳамаи магистратурҳои Ҷумҳурӣ, дар баробари ин дастрас набудани баъзеи онҳо барои патритсияҳо. Сохти давлатии Ҷумҳурии Рим дар асоси се унсури таркибӣ ташаккул ёфтааст: маҷлиси халқӣ, магистратурҳо ва сенат.

Дар баробари ин, аз тарафи римиҳо ташкил карда шудани сохти давлатӣ чӣ ба нобасомониҳои дохилӣ ва чӣ ба хатарҳои хориҷӣ, хеле устувор баромад. Гузашта аз ин, устувории он дар асрҳои III – II пеш аз милод гарави нашъунамои Ҷумҳурии Рим гардида, имконияти натанҳо ба забткориҳои бузурги Рим, балки ба идораи шоҳаншоҳии бузург мусоидат кардааст. Мувофиқи таърихнигори қадим Полибия, сабаби устувории он дар ҳамоҳангсозозии моҳиронаи се намуди асосии сохти давлатӣ – мутлақият, ашрофӣ ва демократӣ ниҳон мебошад, Ҷумҳурии Рим ба таври аёнӣ нишон дод, ки танҳо ҳамоҳангии интихоби намудҳои гуногуни сохтори давлатдорӣ устувории онро таъмин менамояд.

Сохти давлатии Ҷумҳурии Римро се қисмати таркибии он ташкил намудаанд: Маҷлиси халқӣ, магистратурҳо ва сенат..

Маҷлисҳои халқӣ (комитсияҳо). Дар Ҷумҳурии Рим дар як вақт 4 намуди маҷлиси халқӣ фаъолият дошт:

1. Комитсияи куриантӣ. Маҷлиси халқӣ мувофиқи курияҳо дар Рим аз ҳама намуди маҷлисҳои халқӣ қадимтарин буд. Дар асри III то милод ин маҷлис бо ном вуҷуд дошт, зеро вазифаи ягонае, ки барои онҳо боқӣ монда буд, ин ба магистратҳои интихобшуда додани мақоми империя аз тариқи овозҳои 30 нафар диктор, ки курияҳоро намояндагӣ мекарданд.

2. Комитсияҳои сентуриягӣ. Гирдиҳамоии халқ мувофиқи сентурияҳо аҳамияти худро то охири Ҷумҳурӣ гум накарданд. Маҷлисҳои онҳо дар Майдони Марс баргузор мегардиданд ва масъалаҳои ҷанг ва сул, интихоби ҳамаи магистрҳои баландмақом, консулҳо, преторҳо ва сентзорҳоро интихоб карда, адолати судиро низ дар Ҷумҳурӣ баҷо меоварданд.

3-4 Комитсияҳои трибутӣ. Ин маҷлиси халқӣ ду намуд дошт: 1) Маҷлис мувофиқи трибҳои тамоми халқ; 2) Маҷлиси трибҳои плебейҳо. То соли 287 пеш аз милод ин ду маҷлис дар як вақт вуҷуд доштанд. Онҳо баъд муттаҳид шуда. Ба маҷлиси қонунгузори Ҷумҳурии Рим табдил ёфтанд. Дар маркази Рим – дар Форум ҷамъ меомаданд, қонунҳоро қабул мекарданд, квесторҳо, эдилҳо, трибунҳои халқиро интихоб мекарданд.

Маҷлисҳои халқии Рим наонқадар демократӣ буданд, масъалан, нисбат ба Афинаи асрҳои V – IV пеш аз милод. Мавридҳҳое вомехурданд, ки аҳамияти сиёсии маҷлисҳои халқии Ҷумҳурии Римро паст мекарданд, масалан:

– маҷлисҳои халқӣ аз рӯи зарурат ҷамъ меомаданд.

– онҳо мувофиқи табъу хоҳиши магистрат ҷамъ меомаданд.

– онҳо ташаббуси қонунгузорӣ доштанд.

– мафҳуми кворум вуҷуд надошт. Дар маҷлисҳо қисми ками шаҳрвандон иштирок мекарданд ва онҳое, ки бевосита дар Рим сукунат доштанд.

– сохтори комитсияҳо муҳофизакор (консервативӣ) буд, чунки аксарияти грибҳо деҳотӣ буданд

Магистратураҳо. Ҳамаи магистратҳои Рим як қатор хусусияти умумӣ доштанд:

– интихобӣ будан;

– муваққатӣ будан (чун қоида 1 сол);

– бемузд коркунӣ (магистратура ифтихорӣ шуморида мешуд. бинобар ин музди меҳнат барои онҳо бегона буд;

– дар ҳамдастӣ (коллегиявӣ) фаъолият мекарданд;

– масъулият.

Ҳамаи магистратҳо ба якчанд категолрия тақсим мешуданд:

1) Консулҳои ягона – консул-преторҳо, сензорҳо , класторҳо трибунҳои халқӣ эдиллҳо ва вестраординарҳо, диктаторҳо, десемвир ва коллегияҳои фавқулодда

2) Куриалиҳо (ҳақ доштанд дар ҷойи фахрӣ “курулнҳо” нишинанд) ва некуриалиҳо. Ба якумҳо консулҳо ю преторҳо , диктаторҳо сензорҳо, эдилҳои курилӣ ва триумвирҳо дохил буданд.

3) Бо империйҳо (ҳуқуқ медод, ки артишро сарварӣ намояд) ва бе империйҳо. Империйҳоро ҳамаи магистратҳои куриалӣ доштанд, истисно буданд танҳо сензорҳо ва эдисловҳо.

Магистратҳои яктогӣ. Консулҳо магистратҳои олии Рим буданд ва ҳар сол 2 нафар консул интихоб карда мешуд.

Преторҳо муовинони консулҳо буданд дар ҳамаи корҳо – чӣ шаҳрвандӣ ва чӣ ҳарбӣ.

Сензорҳо. Магистратура соли 443 пеш аз милод таъсис ёфта буданд. Римиҳо дар 5 сол як маротиба сензорҳороинтихоб мекарданд ва онҳо дар тӯли ҳамин мӯҳлат дар ин вазифа меистоданд. Қисми зиёди вазифаҳои худро дар 18 моҳи аввал иҷро менамуданд. Вазифаҳои сензор аз инҳо иборат буд:

– доир намудани баҳисобгирии шаҳрвандони Рим;

– тартиб додани рӯйхати сенаторҳо;

– назорат ба ахлоқи шаҳрвандон;

– роҳбарӣ ба амалиётҳои молиявӣ, супоридани андоз барои харидорӣ ва пудрат барои сохтмон.

C:\Users\USER\Music\цензор.jpg
C:\Users\USER\Music\2.gif
C:\Users\USER\Music\1.jpg

Сензорҳо Магистратҳои Рими Қадим

Сенат. Сенат зоҳиран дар назди магистрат монда, дар амал ба мақоми роҳбарикунандаи рим мубаддал гардид. Шумораи Сенат дар охирҳои марҳалаи шоҳӣ ба 300 нафар расид. Сенат ин шумораи аъзои худро то ислоҳоти Сулла нигоҳ дошт. Сенат мақоми намояндагии доимоамалкунанда буд. Баъди ҳар 5 сол сензорҳо рӯйхати Сенатро тартиб медоданд, ки ба он амалдорони собиқ – аз магистрҳо сар карда то квесторҳоро дохил менамуданд. Сенаторе, ки дар аввали рӯйхат омадаст, “принцепс (“princeps”) сенат”, яъне “сенатори аввал” ном мегирифт. Ҳуқуқи даъвати Сенат, раисиро дар он ва пешниҳоди масъалаҳо барои баррасии онҳоро консулҳо, преторҳо, эҳтимол трибунҳо (дар асрҳои II – I пеш аз милод) ҳам ва ҳамаи магистрҳои олимақом (экстраординарӣ) доштанд. Сенат мақоми доимоамалкунандаи Ҷумҳурии Рим буд ва он оид ба ҳамаи масъалаҳои асосии ҳаёти давлат қарор қабул мекард. Зери салоҳияти он буданд:

-қабул ва фиристодани сафорат, ташкили музофотҳо назорат ба тамоми сиёсати хориҷии Ҷумҳурӣ;

-роҳбарони олӣ оид ба амалиётҳои ҳарбӣ. Муайян намудани шумораиқӯшун, ҷудо кардани маблағ ба лашкаркашон, қарорҳо дар бораи мукофотонидан, аз он ҷумла дар бораи футуҳот ва ғайра;

-идораи тамоми молияи давлат. Назорат ба даромад ва харофоти хазина. Сикка задани танга ва ғайра;

-иазорати олӣ ба эътиқоди динӣ, ҷудо кардани замин барои сохтмони ибодатхонаҳо, иҷозатдиҳӣ ва ё манъкунии эътиқодҳои динии хориҷӣ;

-назорати тартиботи ҷамъиятӣ, эълони вазъи фавқулодда дар Ҷумҳурӣ, қарор дар бораи интихоби диктатор, баъдтар танҳо ба консул додани салоҳияти фавқулодда ва ғайра.

Ҳамин тариқ, Ҷумҳурии Рим аз назари табиати худ ҷумҳурии аристократӣ (сенаторӣ) буд. Сенат ба таври эътимоднок лаҷоми ҳокимияти давлатиро дар дасти худ нигоҳ медошт. Дар амал Сенат ба фаъолияти ҳамаи магистрҳо ва ҳатто маҷлисҳои халқӣ назорат мекард. Ин мақоми Сенат сабабҳои бисёр дошт:

1) барои маҷлисҳои халқӣ:

– ҳалли масъалаҳои ҷорӣ амали таъҷилиро тақозо дошт – дар маҷлисҳои халқӣ бошад, чунин кор имконнопазир буд;

– қабули қарор донистани вазъиятро талаб мекард – бисёр вақт римии оддӣ чунин дониш надошт;

– барои қабули қарори дуруст баррасӣ лозим буд – дар маҷлисҳои халқӣ иҷрои ин кор аз имкон берун буд.

2) барои магистратҳо:

– магистратураҳо кӯтоҳмуддат (одатан 1 сол) буданд – узвият дар Сенат бошад, бисёрсола буд.

-танҳо Сенат бетанафусии болоравии мансабдории сиёсировуҷуд меовард ва имконият медод, ки аз нав ба магистратура довталаб шавад;

– ба муассисаи худ итоат накардани сенатор –эксмагистрҳо хилофи мантиқ аст;

-Ҳар асри минбаъда корҳо мураккабтар мешуданд – аз тарафи як кас қабул кардани тасмим мушкил буд.

C:\Users\USER\Music\12.jpg
C:\Users\USER\Music\23.jpeg

Сенаторҳои Рими Қадим Консулҳо

МУТТАҲИДШАВИИ ИТАЛИЯ ДАР ЗЕРИ ҲОКИМИЯТИ РИМ. ФЕДЕРАТСИЯИ РИМУ ИТАЛИЯ

Ҷараёни муттаҳидшавии Италияро ба зери ҳокимияти Рим ба 4 марҳала тақсим кардан мумкин аст:

1. Солҳои 509 – 390 пеш аз милод (аз оғози ҷумҳурӣ то ҳуҷуми галлҳо) – давраи пастсуръат, лекин бемайлон болоравии иқтидори Рим.

2. Солҳои 390 – 343 пеш аз милод (аз ҳамлаи галлҳо ва то ҷангҳои Самнит) – марҳалаи азбарқароршавӣ ва вапсеъшавии минбаъдаи иқтидори Рим дар Италия.

3. Солҳои 343 – 290 пеш аз милод (ҷангҳои Самнит) – марҳалаи ҳалкунандаи мубориза барои ҳукмронӣ дар Италия.

4. Солҳои 290 – 265 пеш аз милод (тобеъкунии мустамликаҳои юнонӣ ва ҷангҳо бо Пирр) – марҳалаи ниҳоии муттаҳидшавии Италия дар зери ҳокимияти Рим.

Марҳалаи якум – солҳои 509-390 пеш аз милод. Барои марҳалаи аввал асосан ҷангҳои беист ва бисёр вақт бефоида бо ҳамсоягон – этрусскҳо дар шимоли мамлакат, эквҳо ва волскҳо дар ҷануб ва шарқ хос аст. Анъанаҳо дар бораи қаҳрамонию футуҳоти зиёди римиҳо нақл мекунанд – аз он ҷумла дар бораи ғалаба бар душманон, вале ин ба қиссаю ривоятҳои ниёгон мансуб аст. Дар байни қиссаҳои сершумор чандтои онҳоро, ки воқеӣ ба назар мерасанд, қайд кардан зарур аст.

Якум, дар соли 493 пеш аз милод баста шудани шартномаи Рим бо лотинҳо. Ин шартнома баробарҳуқуқу дифоӣ ва ҳамлакунанда буда, дар асоси он ҳамаи ғаниматҳо, заминҳои бадастомада ва ғайра бояд дар байни иттифоқчиён баробар тақсим карда мешуанд. Вале бояд таъкид кард, ки ин шартномаи Рим бо мақсади таъсиси федератсияи лотинҳо, ки 8 шаҳрро муттаҳид намудан баста шуда буд. Аз ин рӯ, ҳанӯз ҳамон вақт Рим дар ҳолати аз ҳар шаҳри дигари Лотин боло гузошта шуда буд.

Дуюм, ҷангҳои римиҳо бо шаҳри этрусскии Вей, ки бо муҳосираи даҳсолаи шаҳр ва соли 396 пеш аз милод ба ишғоли он анҷом ёфт. Агар мӯҳлати муҳосираи даҳсоларо ба кушиши римиҳо оид ба аз таърихи худ ёфтани футуҳоте чун Ҷангҳои Троянӣ нисбат диҳем, пас ворид намудани моҳонаи хизматӣ ба ҳақиқат наздик ба далели таърихӣ ҳисобидан мумкин аст. Ба даст даровардани шаҳри Вейро анъаноти Рим ба диктатор Марк Фурий Камилл нисбат медиҳанд, ки ӯ лашкаркаши шӯҳратманди Ҷумҳурӣ буд. Дар оғози асри IV пеш аз милод дар натиҷаи муваффақият дар тамоми ҷабҳаҳо баста шуда буд. Рим дар ҷанубии Италияи ба яке аз ҷамоаҳои зӯртарин мубаддал гардида буд. Вале дар соли 390 пеш аз милод ба худ зарбаи мудҳишеро қабул кард, ки дар натиҷаи он ишғолгариҳои Римро дар Италия ба мӯҳлати 50 сол боздошт.

C:\Users\USER\Music\11.jpg
C:\Users\USER\Music\212.jpg
C:\Users\USER\Music\212.jpg

Марк Фурий Камилл Ҷанги дуюми Самнит Шаҳри Умбрия

Марҳалаи дуюм – солҳои 390 – 343 пеш аз милод. Марҳалаи дуюми таърихи Ҷумҳурии Рим аз истилогариҳои машҳури галлҳо дар соли 390 пеш аз милод оғоз меёбад. Галлҳо ба шимоли Италия ҳамла мекунанд ва аз Алп сар карда то тамоми дарозии дарёи По сокин мешаванд. Ин воқеа дар асри V пеш аз милод рух дода буд. Лекин галлҳо ба заминҳои ишғолкардаи худ қонеъ нашуда, тохтутози худро акнун дар Этрурия ва Умбрия давом медиҳанд. Дар соли 390 пеш аз милод қӯшунҳои сершумори галлҳо дар зери фармондеҳии Бренн шаҳри этрусскии Клузийро муҳосира намуданд. Сокинони Клузий барои расонидани ёрӣ ба Рим муроҷиат карданд ва римиҳо сафирони худро фиристоданд, то ки онҳо воқеаи рухдодаистодаро ба маҷрои осоишта равон кунанд. Вале онҳо натанҳо рисолати худро иҷро накарданд, балки дар муҳориба аз тарафи Клузий иштирок намуданд. Он замон Бренн муҳосираи шаҳри Клузийро қатъ карда, бо ҳамроҳии тамоми қабилааш ба Рим раҳсипор шуд. Римиҳо ба пешвози галлҳо баромаданд, вале дар набарди дар соҳили дарёи Аллий (шохоби Тибр) аз тарафи галлҳо пурра торумор шуданд. Рӯзи муҳориба аниқ 18 июли соли 390 пеш аз милод муайян карда шудааст. Ин рӯз дар тули садсолаҳо рӯзи мотам, ёдоваории фоҷеаи шикастхӯрӣ дар назди Аллийи Рим ҳисобида мешуд. Баъд аз ғалаба галлҳо ба Рим зада даромада, танҳо, қалъаи шаҳр – Капитолийро ба даст дароварда натавонистанд. Муҳосира оғоз ёфт, ки дар бораи он қиссаҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, яке аз онҳо дар бораи чӣ тавр мурғобиҳо – паррандагони муқаддаси олиҳа Юнюна ибодатгоҳро, ки дар Капитолий воқеъгардида буд, наҷот додаанд, мебошад. Шабонгоҳ галлҳо ҷидду ҷаҳд ба харҷ доданд, то ки аз ҷойи мушкилгузаре ба болои қалъа хазида бароянд. Вале фарёди мурғобиҳоро шунида, ҷанговарони римӣ бо тезӣ ба он ҷо расиданд ва ин ҳиллаи галлҳо барои онҳо натиҷаи дилхоҳ надод.

Баъди муҳосираи 7-моҳа дар байни галлҳо ва Рим гуфтушунид оғоз ёфт. Галлҳо чунин шарт пешниҳод намуданд: ба ҳамон шарте муҳосираро аз байн мебардоранд, ки римиҳо ба ивази ин кор товон диҳанд. Тавре сарчашмаҳо нақл мекунанд, вақте ки аллакай товон ҳисоб карда шуда буд, Бренн назди тарозу омада шамшери вазнини худро ба болои сангҳои тарозу гузошт. Дар ҷавоб ба эътирози римиҳо сухани машҳури худро баён дошт: “Бадбахтӣ ба шикастхӯрдагон” (Vae victis)/

Ҳамлаи галлҳо барои римиҳо санҷиши вазнине буд. вале римиҳо онро бардошта тавонистанд ва дар даҳсолаҳои натанҳо обурӯи худро аз нав барқарор намуданд, балқи қаламрави давлаташонро васеъ карда, ҳукмронии худро дар қисми зиёди Италия муқаррар намуданд, Ба ин ду омил мусодат намуд: тдар қаламравҳои ишғолшуда ташкил намудани мустамликаҳо, ки онҳо қалъаҳои фатҳнашавандаи ҳокимияти рим гардиданд ва ба амал баровардани силсилаи дигаргунсозиҳои ҳарбие, ки шартан аз рӯи номи лашкаркаши машҳури Рим “ислоҳоти Камилл” номида шудааст. Ин ислоҳот натанҳо камбудиҳои ташкили артиши Римро, ки шикасти он аз тарафи галлҳо нишон дод, бартараф кард:

-Принсипи ҷойи ҷанговар (воҳиди ягонаи ҷангӣ дар артиши Рим) дар легион тағйир дода шуд. Ба ҷойи асоси амволӣ меъёр сину тол ва дараҷаи тайёрии ҳарбии ҷанговар гардид. Дар хати аввал аз ҷанговарон аз ҳама ҷавонтаринҳо меистоданд, дар хати дуюм –таҷрибаноку камолёфта, яъне онҳое, ки қобилияти баланди ҷангӣ доштанд. Дар хати сеюм – собиқадорон;

-Инчунин принсипи сохтор сафкашии легион низ тағйир дода шуд. Акнун легион ба 30 манитал – отрядҳо, ки ба легион серҳаракатию бо тезӣ ҷойивазкунӣ мебахшад ва тағйири сохти яклухти легион ба мисли фаланга;

-Аслиҳа – аз қабили тоскулоҳ, сипар, ҷавшан, найзаҳои паррон ва ғайра такмил дода шудаанд.

Марҳалаи сеюм – солҳои 343 – 290 пеш аз милод. Марҳалаи сеюм шартан – “ҷангҳои самнитӣ” номгузорӣ шудааст. Шартӣ бо он сабаб, ки дар ин 50-сол ба Рим зарур омад, ки бо этрусскҳо,галлҳо ва халқҳои дигари Италия ҷанг пш барад, вале рақиби пурхатари римиҳо самнитҳо буданд. Ин мароҳала замоне буд, ки оё Рим метавонад хуҷаини тамоми Италия шавад вҷа ин масъала ба фоидаи Рим ҳал шуд.

Бархурди нахустини римиҳо бо самнитҳо соли 343 пеш аз милод ба амал омад (“ҷанги якуми самнитҳо” – солҳои 343 – 341 пеш аз милод) буд, барои Капуя, шаҳри бойтарини вилояти Кампания. Самнитҳо тез-тез ба ба сарзамини самнитҳо тохтутоз мекарданд ва баъд соли 343 пеш аз милод аз Капуя ба Рим сафират омада, бастани иттифоқро пешниҳод намуд ва хоҳиш кард, ки ба муқобили самнитҳо аз онҳо пуштибонӣ намояд. Римиҳо сарфи назар хатари ҷанг бо самнитҳо ба ин розигӣ доданд. Вале ин вақт ҷанг оғоз нагардид, чунки ҳарду тараф ба ҳалли мушкилоти худ машғул буданд. Барои Рим масъалаи лотинҳо вуҷуд дошт. Римиҳо шартҳои қарордоди кӯҳнаро бо лотинҳо риоя намекарданд – ғаниматро аз заминҳои ишғолкарда бо онҳо тақсим намекард ва намояндагони онҳоро ба ҳайати фармондеҳии қӯшун роҳ намедоданд. Ҳамаи инҳо ба шӯриши лотинҳо (“ҷанги лотинҳо” – солҳои 341 – 338 пеш аз милод) оварда расониданд. Гарчанде ин ҷанг кӯтоҳмуддат буд, хеле пуршиддат сурат гирифта. Ба фоидаи рим анҷом ёфт. Нисбати лотинҳои шикастхӯрд римиҳо бори аввал принсипи машҳури худ – “ишғол куну ҳукмронӣ намо” (davide ef unpera)-ро истифода бурдаанд. – қисме аз лотинҳо ба ҳайати гражданҳои Рим қабул карда шуд, қисми дигар иттифоқчии (socu) халқи Рим эълон карда шуданд. Баъдтар ин принсип нисбати тамоми қаламрави Италия татбиқ мегардад.

Дар соли 328 пеш аз милод ҷанги самнитии ҳақиқӣ (“ҷанги дуюми самнитӣ” – солҳои 328 – 304 пеш аз милод) ба амал омад. Дар соли 327 пеш аз милодқӯшуни Рим дар зери фармондеҳии Пубдилия Филон Неаполро муҳосира намуд, ки дар онартиши самнит мустақар буд. Муҳосира тӯл кашид, аз ин рӯ, дар амалияи Рим бори нахуст ваколатҳои консулии Филон то соли оянда тамдид карда шуд. Ба сифати проконсул Филон дар соли 326 пеш аз милод муҳосираи Неаполро бо ғалаба анҷом дод. Вале баъди ин ғалаба римро шикасти шадид дар пеш интизор буданд. Соли 321 пеш аз милод артиши Рим дар мавзеи Клавдия ба муҳосира афтода, сахт шикаст мехӯрад. Танҳо баъди чор соли мубориза аз беобрӯгӣ баромада. Римиҳо муттасил ба самни0тҳо фишор оварда, ҳалқаи муҳосираи Самнияро тангтар мекарданд. Ҳамон вақт дар соли 310 пеш аз милод этрусскҳо бар зидди Рим баромаданд вале аз тарафи сарлашкари амалкунандаи римиҳо Фабия Руллиан бо тезӣ торумор карда шуданд. Баъди ин ғалабаи римиҳо аниқ гардид ва соли 304 пеш аз милод самнитҳо сулҳ хостанд.

C:\Users\USER\Music\121.jpg
C:\Users\USER\Music\пирр.JPG
C:\Users\USER\Music\21.jpg

Детсий Муса дар набард Шоҳи Эпир Пирр Бренн

Вале сулҳи 304 пеш аз милод ниҳоят кӯтоҳмуддат баромад. Аллакай соли 298 пеш аз милод амалиётҳои ҷангӣ (“ҷанги сеюми самнитӣ” – солҳои 298 – 290 пеш аз милод) аз нав оғоз ёфтанд. Аллакай дар солҳои аввали ҷанг самнитҳо сахт шикаст хӯрда, пойтахти онҳо – шаҳри Бовиан аз тарафи римиҳо ишғол карда шуд. вале боз ҳам ба ёрии самнитҳо этрусскҳо омаданд, ин дафъа – бо ҳамроҳии галлҳо. Боқимондаҳои қӯшуни самнитҳо ба тарафи шимол убур карда, бо иттифоқчиёнашон пайвастанд. Ҳарду артиши римиҳо дар зери фармондеҳии консулҳо Фабия руллиана ва Детсия Муса ба муқобили иттиҳоди душманон баромаданд. Дар муҳорибаи назди Сентин соли 295 пеш аз милод масъалаи салтанат дар Италия ҳал шуд. Рим ғалаба кард ва тақдири Самния муайян карда шуд: соли 290 пеш аз милод минтақаҳои охирини муқовимати самнитҳо барҳам дода шуданд.

Марҳалаи чорум – солҳои 290 – 265 пеш аз милод. Марҳалаи чорум аз ғалабаҳои нави Рим бар галлҳо ва этрусскҳо ва тобеъкунии муттасили мустамликаҳои юнонии Ҷануби Италия оғоз ёфт, вале нуқтаи баландтарин ин марҳала ҷанг барои Пергам (солҳои 280 – 275 пеш аз милод) буд. Пирр, шоҳи Эпир лашкаркаши шуҳратманди эллинистӣ Терентро ба Италия даъват кард. Мустамликаи аз ҳама пуриқтидори юнонӣ дар Италия Эпир буд. Терент бебозгашт будани пурзӯршавии Римро эҳсос намуда, бори охирин кӯшиш ба харҷ дод, то ки ин душмани пурзӯрро торумор кунад ва дар муқобили он артиши аз ҳар ҷиҳат пурзӯри давлати эллинистиро гузошт Воқеан ҷанг аз ғалабаи Пирр 280 – 279 пеш аз милод оғоз ёфт, ки дар он филҳои ҷангии барои римиҳо ғайримуқаррарӣ истифода шуда буданд, нақши калон бозӣ кардаанд.Вале ҳатто ин ғалабаҳо бо талафоти зиёди қӯшуни Пирр (“Ғалабаҳои Пирр”) анҷом меёфтанд ва музокирот оид ба сулҳ бомуваффақият сурат мегирифтанд. Аз бебарориҳои аввал ба худ омада, римиҳо ба ҳуҷум мегузаранд ва соли 275 пеш аз милод қӯшунҳои Пирро торумор намуданд. Бо боқимондаҳои қӯшунаш шоҳи Эпир Пирр ба Юнон бармегардад ва соли 272 пеш аз милод. Тарент ба Рим таслим мешавад. Ҳамин тариқ, мубориза барои тобеъкунонии Италия ба Рим анҷом меёбад.

Сабабҳои ғалабаи Рим аз ҷузъҳои зерин иборат буданд:

1. Вазъи фоиданок (аз назари ҳарбӣ ва иқтисодӣ)-и Рим дар маркази Италия, имконият доданд, ки душманони худро танҳо – танҳо торумор намояд.

2. То миёнаҳои асри IV пеш аз милод (то арафаи муборизаи қатъҳукмронӣ дар Италия) бештар ихтилофҳои дохилӣ бартараф карда шуданд, ки онҳо аслан моҳияти антагонистӣ надоштанд.

3. Дар таърихи ҷаҳонӣ воқеаи хеле кам рухдода – истифодаи устокоронаи ҳамоҳангсозии ҳаёти анъанавӣ бо кушода будани ҷомеаи Рим. Аз як тараф, бечуну чаро пайравӣ кардан ба қонунҳо ва урфу одатҳои ниёгон вазифа ва шаъну шарафи шаҳрвандӣ, хизмат ба давлат, тарзи зиндагӣ) ва, аз тарафи дигар, дохилшавӣ ба қатори шаҳрвандон шумораи зиёди хориҷиён ва қабулпазир будан ба ғояҳо – дастовардҳои халқҳои дигар (аз он ҷумла дар соҳаи ҳарбӣ).

4. Сиёсати оқилона нисбати халқҳои шикастхӯрда дар Италия, ки он аз тобеъгардонию пастзанӣ дур буд.

Федератсияи Риму Италия. Баъд аз Италияро истило намудани Рим тамоми аҳолии нимҷазираи апенин (ғайр аз Галлияи Тсизалпӣ) ба ду навъ тақсим карда шуд:

-Шаҳрвандони Рим (cives Romani) ва

-Иттифоқчиёни Рим (soсii)

Дар дохили ҳар яки ин гурӯҳҳо тақсимоти дохилии онҳо мавҷуд буд. Шаҳрвандони Рим ба шаҳрвандони пурра ва ғайрипурра тақсим карда шуда буданд. Ба гурӯҳи аввал бевоситасокинони худи Рим, округҳо, аҳолии мустамликаҳо, шаҳрвандони Рим ва сокинони мунисипий – – шаҳрҳои италиягӣ (ҷамоаҳо), ки ба онҳо ҳуқуқи пурраи граждании Рим дода шуда, вале идораи дохилии онҳо нигоҳ дошта шуда буд, дохил буданд. Ба гурӯҳи дуюм – сокинони шаҳрҳои Италия, ки ба онҳо ҳамаи ҳуқуқҳои шаҳрванди Рим дода шуда буданд, ғайр аз ҳуқуқи овоз додан дар маҷлисҳои халқӣ ва интихоб шудан дар магистратҳо (сivtates sine suflragio) –ро надоштанд. То миёнаҳои асри II пеш аз милод ҳамаи ин ҷамоаҳо ба гирифтани ҳуқуқҳои пурраи гражданӣ муваффақ шуданд.

Дар байни иттифоқчиён гурӯҳи имтиёзнок ҷудо шуда меистод, ки аъзои он дорои “ҳуқуқи лотинӣ” (ius Latii ) буданд. Инҳо сокинони баъзе ҷамоаҳои Латсия ва мустамликаҳои Лотин буда, дар сар то сари нимҷазира пароканда сукунат доштанд. Дар мавриди ба рим кӯчида омадан онҳо бечуну чаро дорои ҳуқуқи граждани Рим мегардиданд. Қисмати асосии иттифоқчиён “федератҳо” (аз лотинӣ – “foidus” – “қарордод”ташкил медод. Вале гурӯҳи начандон калони дигаре низ буд, ки “таслимшуда ё раият “dediticii” номида шуда буданд.

Мутобиқи меъёри соли 265 пеш аз милод муқарраркарда гражданҳои Рими (мардони аз 16-сола боло) 325300 нафар ва иттифоқчиён 423000 нафарро ташкил мекарданд.

Иттиҳоди сиёсии ташкилкардаи Рим дар маънии ҳуқуқӣ на федератсия буду на давлати унитарӣ.. Он бештар ба полисҳои юнониро ба хотир меовард (семахияи типи сарвар – гегемон), масалан, археи Афинаро. Фарқи асосӣ аз иттиҳодияҳои юнонӣ характери муносибатҳо дар байни ғолибон ва шикастхӯрдагон инъикос гардида буд. Италикҳо ҳаргиз ба Рим андоз намепардохтанд, чун қоида автономияи дохилӣ ва қисми зиёди заминро дар дасташон нигоҳ медоштанд. Дар айни замон онҳо пешбурди ҳархел счиёсати хориҷиро аз даст дода буданд. Гарчанде, ки Рим бо ҳар як ҷамоа қарордоди алоҳида ба имзо мерасонид, вазифаҳои умумии иттифоқчиён равон кардани аскар ба Рим барои қӯшуни ёрирасон. Сиёсати ӯҳдабароёнаи Рим, ки нақши падари сахтгир, вале ғамхорро бозӣ мекард, ба ин иттифоқ устуворӣ бахшид ва ба он оварда расонид, ки италикҳо қариб якбора на ба озодӣ аз Рим, балки ба суи баробарҳуқуқӣ бо ҳамроҳии гражданҳои Рим кушиш намуданд.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.