Чанги шахрванди дар Рим (солхои 133 – 30-юми то милод). Барпошавии диктатураи Юлий Сезар

ШӮРИШИ ҒУЛОМОН ДАР СИТСИЛИЯ (СОЛҲОИ 136-132 ВА 104 – 100 ТО МИЛОД)

Оқибати муҳими гулгулшукуфии муносибатҳои ғуломдорӣ дар Рим ва дар як вақт ифодаи буҳрони ҷумҳурии Рим ҷангҳои ғуломон шуданд. Шӯришҳои ғуломон дар таърихи дунёи қадим бисёр рух додаанд, III то милод вале ба он дараҷае, ки дар Ҷумҳурии Рим дар II – I то милод рух доданд, на пеш ва на баъди онҳо ба амал наомадаанд. Дар муддати кӯтоҳ дар ҷазираи ситсилия ду шӯриши пурзури ғуломон ба амал омад. Сабабҳои ин шӯриш инҳо буданд:

-шумораи бузурги ғуломон дар қаламрави нисбатан на чандон калони ҷазира;

-усулҳои золимонаи истисмори ғуломон, ки асосан дар соҳаи кишоварзӣ меҳнат мекарданд;

-шароити ниҳоят вазнини мавҷудияти ғуломон, III то милод хобгоҳҳои (казармаҳои) бузург зиндагӣ мекарданд;

-аз тарафи ғуломдорони маҳаллӣ шикастани принсипи муҳимтарини якҷоя ҷойгир накунонидани ғуломон танҳо аз як қабила. Дар Ситсилия бошад, дар асри II то милод қисми зиёди ғуломон аз Шарқи Наздик ва пеш аз ҳама суриягиҳо буданд.

C:\Users\USER\Music\Евн.jpg
C:\Users\USER\Music\Афинеон.jpg
C:\Users\USER\Music\загружено.jpg

Евн Афинеон Вайронаҳои шаҳри Агригент

Шӯриши якуми Ситсилия (солҳои 136-132 то милод). Шӯриш дар шаҳри Энне, оғоз шуд, ки дар маркази ҷазира воқеъ гардида буд. Барангезандагони шӯриш ғуломони заминдори калон Дамофил шуданд, ки ӯ бо золимии худ ном бароварда буд, Ба шӯришгарон суриягӣ Евн роҳбарӣ кард, ки ӯ бо шарофати истеъдоди баланд ва малакаи мӯъҷиза офаридан тавонистан дар байни ғуломон шуҳратманд гардида буд. Масалан, пучоқи чормағзро ба даҳон андохта, аз даҳонаш алангаи оташро пуф мекард. Аҷаб нест, ки Евн дар вақташ бо эътиқодоти суриягиҳо ким-кадом хел муносибат доштааст ва акнун моҳирона аз донишу малакаҳои худ истифода мебурд. Дар рузи муайянгардида сӯиқасдчиён ба шаҳр зада даромада, мардумро қатлиом карданд. Танҳо ба онҳое раҳм карданд, ки ягон зарра ба эътиқодот ва худоҳои суриягиҳо ягон хел муносибат ва нисбат ба ғуломон раҳму шафқат дошганд, масалан духтари Дамофилл. Шӯришгарон Евнро бо номи Антиоха ҳамчун шоҳ тоҷгузорӣ карда.

Хабар дар бораи шғриш бо тезӣ дар тамоми ҷазира паҳн мегардад ва шаҳру маҳалҳои нав ба навро фаро мегирад. Ҳамин тариқ. Манбаи ҳаракати ғуломон дар наздикии шаҳри Агригент сар зад. Роҳбарӣ ба 5 ҳазор дастаи ғуломонро роҳзани (пирати) килиягӣ Клеон буд ва дере нагузашта ёрдамчӣ ва лашкаркаши Евн (Антиоха) эълон карда мешавад. Дере нагузашта қисми зиёди ҷазира, шаҳрҳои калони зиёди Ситсилия ба зери ҳокимияти шӯришгаром медароянд, ки шумораи онҳо мувофиқи сарчашмаҳо, ба 200 ҳазор нафар расид. Дар зарфи се сол римиҳо аз ӯҳдаи пахши шӯриши ғуломони ҷазира баромада натавонистанд, якчанд лашкари римиҳо аз ғуломон шикаст мехуранд ва танҳо соли 132 п.а.м. консул ба Публий Рутилий муяссар шуд, ки шӯриши ғуломонро дар ҷазираи Ситсилий пахш кунад.. Клеон дар набард ҳалок шуд ва Евн асир афтида, баъди чанде дар зиндон даргузашт.

C:\Users\USER\Music\12.jpg
C:\Users\USER\Music\загружено.jpg

Шӯриши ғуломон дар Ситсилия Ғуломдорони Ситсилия

Шӯриши дуюми Ситсилия (солҳои 104 – 100 п.а.м.). Баъди си сол сипарӣ шудан аз вақти шӯриши якум, вазъ дар ҷазира дар амал тағйир наёфт. Римиҳо аз ин шӯриш хулосаи зарурӣ набароварда, дар ин ҷо шаклу намуд ва услҳои ғуломдории қаблиро нигоҳ доштанд. Баҳонаи шӯриши дасткашии ноиби музофот аз рӯйхати ғуломон шуд, ки дар байни онҳо косибони озодтаваллудшудагон ва иттифоқчиёни онҳо хеле зиёд буданд. Ин дафъа шӯриш дар ҷанубу ғарбии ҷазира оғоз ёфт. Якчанд даҳнафараҳои ғуломон,ки хуҷаини худро ба қатл расонида буданд, дар кӯҳ истеҳкоми пурзур бунёд кардаанд ва дере нагузашта ба он ҷо сатҳо ғуломон гирехта омаданд, кушиши ноӯҳдабароёнаи ноиби музофот баҳри нест кардани шӯришгарон натиҷаи дилхоҳ надод. Ғуломон Салвия, мумкин низ суриягиро, зеро ӯ ба пешгузхаштаи худ пайравӣ карда, номи шоҳи суриягӣ – аз ҳокимият сӯиистеъмолкарда Трифонро қабул мекунад. Шӯриши мазкур мисли шӯриши якуми Ситсилия сурат гирифт: дар қисматҳои гуногуни ҷазира шӯришҳои нав ба нави ғуломон сар мезаданд, шӯриши аз ҳама калон – дар наздикии шаҳри Лилибей дар зери роҳбарии киликиягӣ Афинеон сар зад, ки ӯро низ ғуломон шоҳи худ эълон намуданд. Вале Афинеон ба Трифон итоат кард ва баъди марги ин шоҳ (дар соли 102 то милод) меросхури Трифон мешавад.

C:\Users\USER\Music\12.jpg
C:\Users\USER\Music\2222221.jpg
C:\Users\USER\Music\2111111.jpg

Консул Маний Аквилий Қасри Афинеон Секст Помпей

Римиҳо қарор доданд, ки хатои пештараи худро дигар такрор накунанд ва аллакай дар соли 103 п.а.м. претор Лукултнанесс ба шӯришчиён шикасти сахт дод, вале онҳоро пурра пахш карда натавонист. Шӯришгарон ба худ омада, сафҳои худро пурзӯр намуда, аз нав қариб тамоми ҷазираро ишғол мекунанд. Танҳо дар соли 101 п.а.м. ба лашкаркаши таҷрибанок консул Маний Аквалий муяссар шуд, ки ин шӯришро пахш намояд.. Афинюн дар ҷанг ҳалок гардид. Аз он вақт сар карда ба музофоти ороми Рим табдил меёбад. Ягона давлати нимпиратӣ ва нимғуломдории аз тарафи Секст Помпей дар қаламрави Ситсилия солҳои 40 – ум – 30 – юми асри I то милод ташкилкардаро метавон акси садои шӯришҳои машҳури ғуломон номид.

ИСЛОҲОТИ БАРОДАРОН ГРАКХҲО (СОЛҲОИ 133-121 ТО МИЛОД)

Бо баромади бародарон Гракхҳо таърихи Рими давраи ҷангҳои шаҳрвандӣ оғоз меёбад. Албатта мубориза дар атрофи ислоҳоти Гракхҳоро алҳол аз назари маънии пурраи ин мафҳум ҷанг гуфтан мушкил аст; вале ин муқовиматистии ошкоро шаҳрвандон бо қурбониҳое мебошад, ки дар натиҷаи бӯҳрони иқтисодӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва идеологии ҷомеаи Рим ба амал омада буд.

Бӯҳрони иҷтимоию сиёсии асрҳои II – I то милод. Бӯҳрони иҷтимоию сиёсии дар гиреҳбанди мураккаби тезутундшавии зиддиятҳо дар байни синфҳои гуногун, табақаҳо, гурӯҳҳои аҳолии Ҷумҳурии Рим зуҳур ёфта буд:

-дар байни озодагон ва ғуломон;

-дар байни шаҳрвандон ва иттифоқчиён (пеш аз ҳама италикҳо);

-дар байни саворагон, аз як тараф, люмпен-пролетарҳо ва плебейҳои шаҳру деҳоти муфлисшуда, аз тарафи дигар;

-дар байни табақаҳои дигари ҷомеаи Рим

Ҳамаи ин зиддиятҳо муқовимати шаҳрвандиро боз ҳам мураккабтар карда, ба он шӯриши ғуломонро, ҷанги иттифоқчиён ва мушкилоти сиёсии берунаро низ бояд ҳамроҳ кард.

C:\Users\USER\Music\3.jpg
C:\Users\USER\Music\1.jpg

Гай Гракх Тиберий Гракх

Бӯҳрони идеологии асрҳои II – I то милод. Маҳаки асосии ҳар кадом муқовимати шаҳрвандӣ муборизаи идеологӣ мебошад. Ҷустуҷуи роҳи нав рушди коллективи шаҳрвандии Рим ва давлати Рим дар асоси ду самти асосии идеологӣ дар ҷомеаи Рим ташаккул ёфтааст:

1. Консервативию миллӣ;

2. Либералӣ (ё худ “эллинӣ”).

Принсипҳои асосии самти аввал унсурҳои зерин буданд:

-дифои ҳама чизе, ки ба мафҳуми “анъанаҳои ниёгон” (mos mauonum);

-мақсади ҳаётии шаҳрванд – хизмат ба давлат ва халқ – ҳамаи respublica;

-шакли беҳтарини идора – ҷумҳурии сенат;

Принсипҳои асосии самти либералӣ ва ё эллинистӣ дар унсурҳои зерин таҷассум ёфтаанд:

-сари таъзим фуруд овардан ба тарзи ҳаёти юнонӣ ва тафаккур, ҳимоя накардлани анъанаҳои миллӣ;

-мақсади ҳаёт дар хизмат на ба ҳамаи халқ, балки танҳо ба беҳтаринҳо он – ба партия;

-шакли беҳтарини идора – мутлақият (монархия), ки дар он монарх доҳӣ – сарвари эътирофшудаи партия мебошад.

Ҷангҳои шаҳрвандӣ дар Рим дар ҳамон замоне ба охир расиданд, ки ғояҳои муҳофизакор ғолиб баромаданд, вале шакли нави ҳокимиятро эътироф намуданд.

Тиберий Гракх (солҳои 163 – 133 то милод. Тиберий ва Гай Гракхҳо мансуби авлоди қадима ва машҳури Семирониҳо буданд. падари онҳо ду маротиба консул – сензор буд. Модари Гракхҳо Корнелия духтари ғолиби Ганнибал, Стсипиони Африқоӣ буд. Тиберий Гракх давроаи ҷавонии худро дар қӯшун гузаронида, дар зери фармондеҳии Стсипион Эмилиан , ҳамсари хоҳараш ҷангидааст. Ба Рим баргашта, соли 134 п.а.м. ӯ номзадии худро ба трибуни плебеӣ гузошта, дар як вақт лоиҳаи ислоҳоти аграриро таҳия менамояд. Тиберий ба интихоби Трибун муваффақ шуда, ба баррасии Маҷлиси хал қонуни аграриро манзур гардонид. Мувофиқи ин қонун:

1. Ба на зиёдтар аз 500 югер (125 га) замини ҷамъиятӣ (ager pablicus) иҷозат дода шуд. дар сурати чор писар доштан ба ин замин 250 югер барои ҳар нафари он илова карда мешуд, вале дар ин сурат майҳони умумии оила аз 1000 югер набояд зиёд шавад.

2. Замини зиёдатӣ гирифта ва ба камбағалон қитъаҳои начандон калони иборат аз 30 югерӣ дода мешуданд ва фурӯхтани онҳо манъ карда шуда буд.

3. Комиссияи иборат аз се нафар барои амалӣ намудани қонун ташкилкарда мешуд.

Мақсади ислоҳоти аграрӣ боздоштани безаминшавии деҳқонони Рим, васеъкунии имкониятҳо барои ташаккули артиши Рим буд. Моҳияти муҳофизакоронаи ислоҳот таваҷҷӯҳи баъзе сенаторҳоро ба тарафи худ ҷалб намуд, вале бисёриҳои онҳо ба ин қонун сахт муқобил баромаданд. Коллегаи Тиберий оид ба трибунат Марк Октавий ба лоиҳаи қонун “veto” (“рад”) гузошт. Дар ин сурат Тиберий маҷлиси хзалқиро даъват намуда, дар назди он чунин масъала гузошт: “оё шахсе, ки муқобили манфиатҳои халқ амал мекунад, метавонад трибуни халқӣ бошад”. Халқ ҷавоби манфӣ дод ва,мувофиқи пешниҳоди Тиберий маҷлиси халқӣ марк Октавияро, сарфи назар аз ҳамаи қонунҳои давлати Рим, аз трибунӣ маҳрум сохт. Рӯзи дигар лоиҳаи қонуни аграрӣ қабул карда шуд. Тиберий. Падараруси ӯ Аппий Клавдий ва бародараш Гай барои амалӣ кардани қонун комиссия ташкил намуданд.

Аз қадамҳои нахустини худ комиссия ба мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ шуд. Якум, дар аксар мавридҳо дар амал имконнопазир буд муайян карда шавад, ки дар куҷо моликияти хусусӣ бар замин ба охир мерасад ва моликияти ҷамъиятӣ бар замин оғоз мегардад. дуюм, қонун ба камбағалон додани заминро муқаррар намуда буд, вале барои ташкили хоҷагӣ ягон хел кӯмаки пулӣ намедод. Тиберий кушиши ислоҳи ин вазъиятро карда, пешниҳод кард, ки баҳри иҷрои ин мақсад хазина шоҳигарии Пергам истифода бурда шавад, ки навакак мувофиқи меросгузории шоҳи Пергам ба тобеияти ҳокимияти Рим гузашт. Тиберий Гракх ин масъаларо ба баррасии комитсия , пешниҳод кард, ки ин қаҳру ғазаби бепоёни сенаторҳоро ба вуҷуд овард, чунки чунин масъалаҳо ҳамеша ба салоҳияти сенат тааллуқ доштанд. Сенаторҳо Тиберийро ба он муттаҳам карданд,ки к ӯ ба ҳокимияти подшоҳӣ даст задааст. Ин вақт замони интихоботҳои нав фаро расида буд ва Тиберий номзадии худро ба трибуни плебеӣ ба мӯҳлати соли оянда гузошт. Ростӣ, қисми зиёди ҷонибдорони ӯ – плебейҳои деҳотӣ Римро тарк карданд, вале эҳтимоли интихоби ӯ калон буд. Аз ин рӯ, дар рӯзи интихобот сенат дар ҳамсоягии бо Форум маҷлис мегузаронид, ки дар он ҷо ҳамаи халқ ҷамъ омада буд. Вазъият дар байни ҷонибдолрон ва муқобилон Тиберий Гракх ба авҷи баланди худ расида, занозанӣ сар шуд. Тиберий гирди сари худ бо даст ҳаракат карда, бо ҳамин ишора ба он кард, ки ба ӯ хатар таҳдид мекунад, вале ба сенаторҳо эълон доштанд, ки Тиберий тоҷи шоҳӣ мехоҳад. Ба кӯча давида баромада, сенаторҳо бо ҳамроҳии клиентҳои худ муҳорибаи хунин ташкил намуданд, ки дар он Тиберий Гракх ва 300 нафар ҷонибдорони ӯ кушта шуданд.

Гай Гракх (солҳои 154 – 121 то милод). Давомдиҳандаи кори саркардаи Тиберий додари ӯ Гай буд, ки парчами муборизаро ба даст даровард, ки аз дасти бародараш Тиберий афтида буд. Ростӣ, то соли 124 то милод то лаҳзаи трибуни плебеӣ интихоб шудан, агар иштирок дар комиссияи аграриро ба назар нагирем, пас ӯ дар ҳаёти сиёсии Рим нақши чашмрасро иҷро намекард. Гай аз назари истеъдод ва қобилият аз акаи худ афзалият дошт, ӯ суханвари беназир буд, ҷаҳонбинии васеи сиёсӣ дошт. Қодир буд аз камбудиҳои дигарон сабақ бардорад. Ду сол паиҳам (солҳои 1123 ва 1122 то милод) ӯ трибуни плебеӣ буд ва ин вақт ислоҳоти таърихиро дар Рим пиёда намуд. которая состояла из следуюҳих направлений:

-аграриро, ки ислоҳоти акаашро тасдиқ ва инкишоф дод;

-ғаллагиро – фурӯши нонро ба камбағалон бо нархҳои арзон дар назар дошт;

-додгоҳиро – истеҳсолоти судиро аз дасти сенаторҳо гирифта ба саворагон медиҳад;

-андозро, ки ба музофоти Осиё дахл дошт, андози даҳяк дар музофоти нави Осиё ҷорӣ карда шуд, ки дар собиқ шоҳигарии Пергам ташкил ёфта буд ва андози ҷамъоварда барои харидорӣ ба Рим супорида мсешуд.

Тавассути ин ислоҳот ва қонунҳои зиёди дигар Гай барои худ иттиҳоди пуриқтидори ҷонибдорон ва саворагонро , табақаҳои шаҳрию деҳотии плебейҳо ташкил намуд, ки интихоби такрории трибуни плебеӣ бе ягон мушкилот ба иҷро расид. Баъди ин Гай лоиҳаҳои қонунҳои радикалӣ ва боҷуръатонаро пешниҳод намуд:

-дар бораи мустамликаҳои шаҳрвандони берун аз ҳудудҳои Италия, аз он ҷумла на месте Карфагени ба хок яксонкардашула;

-дар бораи ба италикҳо додани ҳуқуқи шаҳрвандӣ;

Ин лоиҳаҳо ҳатто ҷонибдорони Гай Гракхро ба таҳлука андохтанд: шаҳрвандони Рим ҳатто Италияро тарк кардан намехостанд, гузашта аз ин, ҳуқуқи гаржданиро бо италикҳо дар баробарӣ дидан намехостанд. Сарфи назар аз ин. қонун дар бораи мустамликаҳо ба ҷойи Карфаген, ки Юнония ном гирифта буд, , гузашт. Вале муқовимат ба лоиҳзаҳои Гай Гракх точанде меафзуд. Трибуни дигари плебеӣ , рақиби ӯ, якчанд таклифи популистӣ пешниҳод намуд: 12 мустамлика аз қаламрави Италия бароварда шавад, манъ кардани ҷазоии ҷисмонии лотинҳо аз тарафи лашкаркашон. Ин тағйирот аз тарафи маҷлиси халқӣ дастгирӣ карда шуданд. Дар ин лаҳза Гай Гракх ба камбудии ҷиддии сиёсӣ роҳ дод – ӯ аз аз Рим ба африқо рафт, то ки шахсан ба сохтори мустамликаҳо мушоҳида намояд. Бо ин ӯ қонунҳои римро шикаст, ки онҳо тарки трибун шаҳри Римро манъ карда буданд – ӯ театри асосии муборизаи сиёсиро аз даст дод. Вақте ки ӯ ба Рим баргашт, вазъият яку якбора тағйир ёфт.

Обрую эътибори ӯ якбора паст шуд ва Гай ба ҳайати трибунҳои плебеӣ барои соли 121 п.а.м интихоб нагардид. Баъди ин дар маҷлиси халқӣ дар бораи барҳам задани Юнония масъала гузошта шуд. Гай Гракх ва ва ҷонибдорони ӯ аз Форум мусаллаҳ омаданд, сенаторҳо низ чунин карданд, ки дар ҳамсоягӣ маҷлис доштанд. Яке аз дикторҳо и консул аз тарафи гракхчиён кушта мешавад. Дар ин сурат сенат дар Рим вазъияти фавқулодда эълон кард ва ба консул Лутсия Олимия ваколатҳои фавқуулодда медиҳад.. Гай Гракх ва ҷонибдорони ӯ дар Апенин худро мустаҳкам ҷойгир кунониданд. Ин замон Олимий ба легионерҳо фармуд, ки ба штурм оғоз намоянд. Дар кӯчаҳои Рим задухурди ҳақиқӣ ба амал ома. Ки дар он то 3000 нафар одамон ҳалок гардид, ки дар байни онҳо Гай Гракх ҳам буд Ин фоҷеа моҳи январи соли 121 п.а.м рух додааст.

Тақдир ва аҳамияти ислоҳоти бародарон Гракхҳо. Аксарияти қонунҳое, ки Гай Гракх гузаронида буд, қувваи худро нигоҳ доштанд. Ин ба судҳо, тақимоти ғалладона, харидорӣ аз Осиё ва ғайраҳо дахл дорад. Қонунҳои аграрӣ бекор карда нашуданд, вале ба таври ҳамагонӣ тафтиш (ревизия) карда шуданд ва баъд (тахминан соли 111 п.а.м.) қонун қабул карда шуд, ки мувофиқи он ҳамаи қитъаҳои заминҳо моликияти хусусӣ эълон карда шуданд, ки ин ҳаргуна тақсимоти минбаъдаи ин заминҳоро истисно мекард. Аз назари иқтисодӣ ислоҳоти Гракхҳо нишон дод, ки имконияти нигоҳ доштани уклади кӯҳнаи заминдорӣ дар Италия вуҷуд дошта наметавонад. Барои ба вуҷуд овардани моликияти хусусӣ дар шаҳрҳо низ шароити ҳуқуқӣ муҳайё карда шуд. Аз назари сиёсӣ таҳким бахшидани мавқеи саворагон муҳим буд. Ҳаракати Гракхҳо зуҳуроти равшантарини ҳуҷуми самтнокии эллинӣ ва муборизаи идеологӣ бо хусусияти барои он хос баҳри додани ҳокимияти воқеӣ ба маҷлиси халқӣ, ташкили гурӯҳбандии ҳизбӣ ва муайянкунии мақоми доҳӣ буд.

БӮҲРОНИ СИЁСИИ ОХИРИ АСРИ II ТО МИЛОД

Баъди воқеаҳои тезу тунди солҳои 30-юм ва 20-уми асри II п.а.м. дар ҳаёти дохилии Рим то муддате оромӣ ҳукмрон гардид, вале дар сиёсати хориҷӣ Рим ба мураккабии ҷиддӣ рӯ ба рӯ шуд, ки онҳо низ оқибатҳои бӯҳрони шадид ҷомеаи Рим буданд.

Ҷанги Югуртин солҳои 111-105 п.а.м. Аллакай лашкаркашиҳои миёнаи асри II п.а.м. (ҷангопаня ва Балан, Ҷанги Сеюми Пунӣ) нишон ҳаракати артиши Рим, ки дар таназзули рӯҳияи ҷангӣ ва интизом, дар фасодӣ дар байни афсарон, надоштани майли иштирок дар лашкаркашиҳо, ки ғанимати зиёдро оварда наметавонист ва ғайраҳо, ифода ёфта буд. Вале мушкилии нисбатан вазнин дар натиҷаи зиддият дар байни талаботи ҳарбии артиши бузурги давлати Рим ва артиши кӯҳнаи Рим буд, ки аз рӯи принсипи ихтиёриёни халқӣ ташкил карда мешуд. Бо тамоми зиддиятҳояш ин мушкилот дар охирҳои асри II п.а.м. дар ҷараёни ҷанги Югуртин ошкор гардид ва ин ҳолат тақозо намуд, ки ташкилоти ҳарбии Рим бозсозӣ карда шавад.

C:\Users\USER\Music\2.jpg
C:\Users\USER\Music\12.jpg
C:\Users\USER\Music\2222221.jpg

Шоҳи Нумидия Мария Шоҳ Югурта Шоҳ Сулла

Ҷанги Югуртин номи худро аз номи шоҳи Нумидия гирифт, ки ба муқовимати халқии зидди Рим сарварӣ карда буд. Нумидия давлати начандон калон дар шимоли Африқо, дар байни мавритания ва Карфаген воқеъ гардида буд. Он муддати дуру дароз дар зери ҳокимияти пуниҳо буд ва аз охирҳои Ҷанги 2-юми Пунӣ иттифоқчии содиқи Рим шуд. Ҳамин тариқ то соли 146 п.а.м. то нест кардани душмани умумӣ – Карфаген давом кард. Баъди ин муносибатҳои байни онҳо ба маҷрои зиддият ворид гардиданд, чунки ба Рим дар африқо дигар мушовир лозим набуд. Тоҷирони Рим, судхурон, соҳибкорони дигар беш аз пеш ба Нумидия ворид шуда, мамлакатро ба зери манфиатҳои худ тобеъ мекарданд. Вале то давраи муайян бархурди ҳарбии Рим бо Нумидия ба амал намомад.

Соли 118 п.а.м. баъди вафоти шоҳ Митсиписа Нумидия дар байни меросхурон ба се қисмат тақсим карда шуда, яке аз он ҳиссаҳо ба додарзодаи Югуртс расид. Югурта ҷанговари нотарс ва инсони бо нангу номус, дӯстдоштаи нумидиҳо буд. Дар солҳои ҷавонӣ ӯ дар ҷузъу томҳои артиши ёрирасони Рим хизмат карда буд. Аз ин рӯ, ҷиҳатҳои зурӣ ва заифии артиши Римро хеле хуб медонист. Ҳамчун ҳамҳукмрони амаки худ ва баъдтар ҳамчун шоҳи Нумидия ӯ худро ҳамчун сиёсатмадори маккор ва хатарнок нишон дод. Аз яке аз писарамакони худ ба воситаи қотилони зархарид халос шуд, дигарашро дар пойтахти Нумидия шаҳри Тсирта мононд (соли 113 п.а.м.). Рим чунин ҳисобид, ки дахолат лозим аст ва ба Африқо комиссияи сенаториро фиристонид, вале ба Югурта фурӯхта шуда, комиссия ба Рим бо дастони холӣ баргашт. Чунин рух дод бо чандин сафорати аз Рим равонкардашуда низ. Ин замон Тсирта таслим мешавад ва Югурта фармуд, ки ҳамаи аҳолии марди шаҳр қатл карда шавад, аз он ҷумла писарамак ва ҳамаи римиҳое, ки дар шаҳр буданд. Баъди ин воқеаҳо Рим ба муқобили Югурта (соли 111 п.а.м.) ҷанг эълон кард.

Артиши Рим ба соҳили Африқо лангар партофта, бомуваффақият ҷангкунон ба пеш ҳаракат кард. Вале ба Югурта муяссар гардид, ки аз консул сулҳро харидорӣ намояд. Баъди ин шоҳи Нумидия ба Рим даъват карда ва ба ӯ дахлнопазирии шахсӣ дода мешавад. Шоҳ Югурта ба Рим (соли 110 п.а.м.) омад. , вале вақте ки дар маҷлиси халқӣ ба ҷавобгарӣ кашидани ӯ барои амалҳояш ба миён гузошта шуд, трибуни плебеии аз тарафи Югурта харидоришуда ба ин тасмими маҷлиси халқӣ veto гузошт. Дере нагузашта маълум гардид, ки Югурта дар куштори охирин вориси тахту тоҷи подшоҳии Нумидия, ки дар Рим зиндагӣ мекар, даст доштааст. Ба Югурта фармон дода шуд, ки римро тарк кунад.

C:\Users\USER\Music\21.jpg
C:\Users\USER\Music\загружено.jpg

Квинт Метелл Консул Гай Марий

Соли 109 п.а.м. артиши Рим ҳуҷуми худро ба муқобили нумидиягиҳо оғоз меёбад.вале Югурта ба он пурра шикаст дод ва онро ба ҷазои анъанотии пасткунанда қадру қимати инсонӣ – гузаштан аз зери тавқи бандагӣ гирифтор намуд. Чунин шармандагиро артиши Рим кайҳо боз аз сар нагузаронида буд. Сарфармондеҳи артиш Квинт Метелл (соли 109 п.а.м.) таъйин карда мешавад, лашкаркаши аввалине, ки ба порахӯрӣ аз Югурта дода нашуд. Ӯ бо қатъияти том ба ҳуҷуми зидди нумимбиягиҳо мегузарад, вале Югурта ба ҷанги партизанӣ мегузарад ва ба дастаҳои артиши римиҳо ҳамла карда, талафоти калон ба бор меовард. Ҷанг тул кашид. Соли 107 п.а.м. консули Рим Гай Марий интихоб карда мешавад., фармондеҳи артиш бошад, Метелла таъйин мешавад. Ӯ дар вазифаи сарфаромндеҳии артиш собиқ сарфармондеҳи худрпо иваз кард, вале бо худи ҳамон мушкилиҳое рӯба рӯ шуд, ки пешгузаштаи ӯ рӯ ба рӯ шуда буд. Барои ҳамин ба ёрии Марий Лутсий Корнелий Сулла меояд, ки дар артиш квастор шуда хизмат мекард. Шӯҳрати афсари ҷасур ва ҳаргиз глумеднашаванда бо тезӣ дар гирду атроф паҳн мегардад. Ин вақт Югурта дар хонаи падараруси худ шоҳи Мавритания Бокка пинҳон шуда буд. Ӯ дид, ки домодаш ҷангро бохтааст, аз ин рӯ, ваъда кард, ки Югуртаро ба Марий медиҳад, вале бо як шарте, ки агар барои шоҳи Нумидия Сулла биёяд. Марий аз маккории шоҳ метарсид, вале Сулла ӯро бовр кунонид, ки таваккал кунад. Бокха ба ваъдааш вафо кард ва Югуртаро ба Сулла (соли 105 п.а.м.) супорид. Ҷанг дар Африқо ба охир расид ва Гай Марий, барои соли 104 п.а.м. ғоибона консул интихоб шуда буд, ӯро корҳои наву боз ҳам шарафмандтар интизор буданд.

Мубориза бар зидди кемарҳо ва тевтонҳо (солҳои 113 – 101 п.а.м.). Ҳангоми ҷанги бешарафи Югурта Рим ба таҳдиди ҷиддӣ аз шимол дучор мешавад. Ин хатар на аз тарафи қабилаҳои варварҳо, балки эҳтимол аз тарафи кимерҳо ва тевтонҳои пайдоишашон германӣ ба миён омада буд. Бо сабабҳои номаълум ин халқҳо аз Олмон ба кӯчиш ба самтҳои Галдлия ва Италия оғоз намуданд. Дар солҳои 113, 109 ва 105 п.а.м. дар ҷануби Галлия ба чаҳор артиши Рими дар пеши роҳи онҳобуда шикаст доданд. Италияро аз хатари зада даромадани варварҳо мантиқи аҷиби кимарҳо ва тевтонҳо ба ҷои ҳамла ба Италияи беҳимов ба сӯи Испания раҳсимор шуданд. Ин иқдом ба Гай Марийи ба театри амалиётҳои ҳарбӣ ҳозиршуда имконият фароҳам овард, ки артиши навро хуб ба ҷанги зидди кимарҳо ва тевтонҳо омода созад. Вақте, ки варварҳо аз нав пайдо шуданд, римиҳо ба муҳориба аллакай омодагӣ гирифта буданд. тобистони соли 102 п.а.м. дар муҳорибаи назди обҳои Секстий (дар ҷанубии Галлия) римиҳо. Сарфи назар аз бартарии шуморавии душман ба тевтонҳо пурра шикаст доданд. Рости гап, ки ба кимарҳо муяссар шуд, ки кӯҳҳои Алпро убур карда, ба шимоли Талия ворид шаванд, вале на ба муддати тулонӣ. Тобистони соли 101 п.а.м. Гай Мария , ки бори чорум паиҳам консул интихоб гардид, кимарҳоро дар муҳорибаи назди Вертселла торумор кард. Ҳарду қабилаи варварӣ пурра нест карда шуданд. Даҳҳо ҳазори онҳо кушта шуда ва ё ба ғуломӣ фурӯхта шуданд. Шӯҳрати Марий ба авҷи аълои худ расид, ӯро наҷотдиҳандаи Рим, Ромули сеюм (Фурий Камилли дуюм) меномиданд.

Ислоҳоти ҳарбии Гай Мария (107 – 101 п.а.м.). Ғалабаҳои шӯълавари Мария аз бисёр ҷиҳат аз ислоҳоти ҳарбие ба даст оварда шуда буданд, ки онро ҳанӯз дар ҷангҳо бар зидди Югурта оғоз карда ва дар замони мубориза бар зидди варварҳои шимолӣ ба анҷом расонида шуда буд.. Ин ислоҳот ҳамаи тарафҳо ва ҷанбаҳои фаъолияти низоми ҳарбии Римро дар бар гирифта буд:

-ба ҷои даъват аз рӯи варақҳои тсензӣ, принсипҳои ташкили (комплектатсияи) артиш, ҷалби (вербовкаи) ихтиёрии , аз он ҷумла пролетарҳо ҷорӣ карда шуд;

-Марий ба таври васеъ ба сифати қӯшунҳои ёрирасон ҳайати иттифоқчиёни ғайрииталикҳои Рим ва музофотиҳоро истифода бурд;

-яроқу аслиҳа тағйир ёфт: легионерҳо, найзаҳои ҳаводиҳанда (pilum) такмил дода шуданд, шамшери испанӣ, сипари росткугҷа мавриди истифода қарор гирифт. Ҷузъу томҳои сабукяроқи пиёдагард ва дастаҳои қӯшуни савора акнун танҳо аз ҳисоби иттифоқчиён ташкил карда мешуданд;

-тақсимот ва сафкашии нави легионҳо ҷорӣ карда шуд: легион ба 10 когорт (500-600 ҷанговарӣ), когорта ба се манипула, манипула ба ду тсентура (100 ҷанговарӣ) тақсим мешуд;

Аҳамияти ҳарбӣ ва сиё1сии ислоҳот хеле баланд буд:

-якум, сифати ҷангии легионери алоҳида ва артиш дар маҷмӯъ беҳтар шуд;

-дуюм, дар артиш тафовут дар байни шаҳрвандон ва ғайришаҳрвандон аз байн рафт;

сеюм, аз ихтиёриёни халқб артиши Рим ба артиши касбии қарордодӣ (профессиональная наёмная армия) табдил дода шуд. Вобастагии аскарон аз лашкаркаши мушаххас бо тезӣ афзуд ва, мувофиқ ба ин. робитаи артиш ба давлат хеле заиф гардид. Лашкаркаши фотеҳ (imperator) дар байни аскарон таъсири бузург пайдо кард, чунки маҳз муваффақияти лашкаркаш аз некуаҳволии аскарон вобасчта буд. Ислоҳоти Мария ба дар Рим барои ба вуҷуд омадани низоми диктаторҳои ҳарбӣ замина тайёр кард.

Ҳаракати демократӣ дар Рим (солҳои 103 – 100 п.а.м.). Бӯҳрон дар сиёсати берунӣ ва дере инагузашта сар задани шӯриши ғуломон дар ситсилия аз нав вазъи сиёсии дохилиро дар Рим тезу тунд кард. Аппулей Сатурнин ва Сервилий Главсия сарварони нави ҳаракати демократӣ шуданд. Марҳалаи нави муборизаи ҳизбӣ аз силсилаи мурофиаҳои овозадор ба муқобили ашрофон оғоз ёфт, ки дар шикасти артиши Рим дар ҷанги Югурта ва ҷанг бар зидди варварҳо (солҳои 108 – 104 п.а.м.) гунаҳгор дониста мешуданд. Аз муваффақиятҳо сарбаланд шуда, сарварони популарҳо ба амалҳои қатъитар даст заданд. Дар соли 103 п.а.м. Сатурнин трибуни плебейҳо шуда, якчанд қонунро мегузаронад:

-дар бораи даҳ баробар паст кардани нарх ба нон барои камбағалон, ки дар амал маънии ройгон тақсим кардани нонро дошт;

-дар бораи додани қитъаҳои замини 100 югер ба собиқадорон Мария дар Африқо;

-“Дар бораи таҳқири бузургии халқи Рим”-қонуни машҳуре, ки тақдири дуру дароз ва мушкиле дар таърихи Рим пеш интизор буд. Ба зери амали он ҳамчун гуноҳ ҳамаи шаҳрвандоне фаро мегирифтаанд, ки соҳибмансаб аст: шикаст дар ҷанг. Итоат накардан ба қарори халқ. Амалҳои ӯайриқонунӣ нисбати иттифоқчиён ва ғайраҳо.

Дар соли 101 п.а.м. Иттиҳоди Сатурнин, Главсия ва Мария. Иттифоқчиён, сарфи назар аз муқовимати оптимҳо , ба интихоби ба интихоби одами худӣ ба соли оянда муваффақ шуданд. Мариё бори 6-ум консул шуд, Сатурнин бори дуюм трибуни плебеӣ, Главсия претор интихоб шуд. Худи интихобот ва воқеаҳои баъди онҳо ба миёномада бо истифода аз қувва сурат гирифтанд, дар кӯчаҳо занозанӣ шуданд, қисми номзадҳо ҳалок гардиданд. Рим қариб дар ҳолати анархия (беҳокимиятӣ) қарор гирифт. Ин вақт Сатурнин қонуни навро гузаронид, ки он ҳамаи собиқадорони Мария, аз он ҷумла шаҳрванд набудагиҳо низ дар музофотҳо қитъаҳои замин гирифтанд. Ҳавобаландии Сатурнин ва Главсия беш аз пеш меафзуд. Якумаш барои бори навбатӣ соҳибшавӣ ба трибуни плебеӣ тайёрӣ медид, дуюм бошад. Мехост консул бошад. Муқобилони Сатурнин ва Главсияро дар кӯчаҳо ва дар хонаҳои худашон кушта меёфтанд. Марияи дар сиёсат соҳибтаҷриба дар ин ҳолат сару калобаашро гум карда, намедонист чи кор кунад. Дар ин ҳолат сенат дар амал дар шароити ҷанги шаҳрвандии оғозгардида дар Рим вазъияти фавқулодда эълон мекунад ва ба консул Мария супориш медиҳад, ки дар Рим бетартибиҳоро барҳам занад. Мария баъди баъзе каловишҳо мавқеи сенатро интихоб мекунад. Мария Сатурнин ва Главсия зидди легионерҳо истодагарӣ карда наметавонистанд. Баростӣ лашкаркаш ҷидду ҷаҳд ба харҷ дод, то ки собиқ иттифоқчиёни худро наҷот диҳад, вале зураш ба ин кор нарасид ва онҳо бо ҳамроҳии ҷонибдоронашон ҳалок шуданд.

Ҳаракати Сатурнин ва Главсия заифшавии тамоилҳои демократиро дар Рим ва пурзуршавии унсурҳои анархия (беҳокимиятӣ) ва пайдоиши нерӯи нав – собиқадорони ҷангро нишон дод.

test

Добавить комментарий