Муборизаи Мария ва Сулла. Диктатураи Сулла(солхои 82 – 79 то милод)

Муборизаи Мария ва Сулла марҳалаи ҳудуди марҳалаи нав гардид дар рушди давлати Рим. Он бори нахуст ба ҷанги ҳшаҳрвандии ҳақиқӣ оварда расонида, дар он артиши сершумор истифода бурда шуд, ки дар Ҷумҳурӣ ба режими ҳокимияти шахсӣ оварда расонид ва дар натиҷаи ин одамони зиёд қурбон шуданд.

Гай Мария (наздики солҳои 155 – 86 п.а.м.). Баромади Гай Мария аз оилаи оддии деҳотӣ буд, вале бо шарофати қобилияти баланд, устуворӣ дар роҳи интихобкарда, омӯзиш ва меҳнати самаранок ба мансаби баланди сиёсӣ но ил мегардад. Ростӣ, ҳар як зина дар ин мартабаи сиёсӣ ба мария ба осонӣ ба даст намеомад. Танҳо дар 40-солагӣ ӯ ба преторӣ ноил мешавад. Бори аввал ба сифати консул (соли 107 п.а.м.) ҳамон вақте интихоб гардидааст, ки синаш ба 50 расида буд. Вале Гай Мария ба ситораи бахти худ боварӣ дошт. Пешгӯии паёмбаронаи дар овони кӯдакӣ нисбати ӯ гуфташуда, ки гӯё ҳафт маротиба консули Рим мешавад. Сахт боварӣ дошт. Дар ҳаёт ҳама чизро Мария бо меҳнат ва нерӯи худ ба даст меовард, аз ин рӯ. ӯ аз овони ҷавонӣ ашрофонро бад медид, ки онҳо тавассути робитаҳои оилавӣ соҳиби мансаб мешаванд. Ниҳоят вақти баромадани ситора Гай Мария фаро расид. Аз соли 104 то соли 100 п.а.м. 5 маротиба паиҳам консул – натиҷотдиҳандаи Рим интихоб мешавад. Вале ҳамаи бурдбориҳои дар майдони ҷанг. Кушиши аввалин баҳри муваффақ шудан ба мартабаи сиёсӣ. Бебарор анҷом меёбад. Популарҳо хиёнати ӯро бахшидан ва оптиматҳо хоҳиши дар сафҳои худ будани ӯро намехостанд. Аз ин рӯ, ҳамоно баъди пахши исён Сатурнин ва Главусия Марий бо баҳонаи иҷрои назру ниёз ва тавби муқаддас, ки ҳангоми мубориза бар зидди варварҳо ваъда дода буд,ба Шарқ меравад. Вале Марияи шӯҳратпараст намехост ва наметавонист ба тақдир тан диҳад, ки мансабдории (карераи) сиёсии ӯ ба охир расидааст, зеро мувофиқи пешгӯиҳои паёмбарӣ бори ҳафтум ноилшавӣ ба мансаби консулӣ ҳанӯз дар пеш буд.

Лутсий Корнелий Сулла (наздики солҳои 138 – 78 то милод)

Лутсит Корнелий Сулла аз назари иҷтимоӣ хилофи баромади Гай Марий буд. Ӯ аз оилаи ашроф вале на онқадар сарватманд ва аз авлоди патритсиании Корнелийҳо баромада буд. Ашрофи нозукфаҳм, дустдоштаи хонумҳо , шух ва ширинкору аскиягӯй, ӯ бо осонии зоҳирӣ ба мақсадҳои дар назди худ гузошта муваффақ мешуд. Мансабдории сиёсии Сулла дар соли 107 п.а.м. оғоз ёфтааст, вақте ки ба сифати квестор ӯ дар артиши Мария буд. Дере нагузашта, корнамоии машҳури худ ноил гардид, ки аз он болоравии обрую эътибор ва дар як вақт душмании бемислу монанди Мария нисбати ӯ оғоз меёбад. Тавре аллакай гуфта шуд, , маҳз Сулла Югуртаро ба асирӣ гирифт ва бо ҳамин ҷанги барои Рим шармандаворро ба анҷом расонида, бо ҳамин шуҳрати зиёдро дар ин ҷанг аз дасти Мария гирифт. Баъди ин Сулла дар зери роҳбарии Мария бомуваффақият бар зидди кимариҳо ва тевтонҳо ҷанг кард ва боз ҳам афсари ҷасур будани худро исбот намуд. баъди ин роҳҳои онҳо аз ҳамдигар ҷудо шуданд, то ки дар солҳои санҷиши барои Рим сангин роҳҳои онҳо аз нав бо ҳам вохуранд.

Ҷанги иттифоқӣ (солҳои 91 – 88 то милод). Масъала дар бораи ба италикҳо додани ҳуқуқи шаҳрвандии Рим, кайҳо боз пухта буд, вале римиҳо ҳеҷ ҷуръат намекарданд, ки ба ин масъалаи барои рушди тамоми давлати Рим иқдом бигиранд. Аз бо роҳи қонунӣ ноил шуда натавонистан ноумед шуда, италикҳо тирамоҳи соли 91 п.а.м. бар зидди Рим шӯриш бардоштанд. Тамоми нимҷазираро ҷанг фаро гирифта буд, дар як вақт якчанд ҷабҳа ташкил меёбад. Иштироки ҳамаи лашкаркашони пуртаҷрибаи Рим нолозим шуданд, ки дар байни онҳо Марий ва Сулла ҳам буданд. Дере нагузашта римиҳо фаҳмиданд, ки бе гузашткуниҳо ба италикҳо ғалаба ба даст овардан ниҳоят мушкил аст. Аз ин рӯ, дар солҳои 90 ва 89 п.а.м. ду қонун қабул карда шуд, ки мувофиқи онҳо ҳамаи италикҳо ҳуқуқи шаҳрвандии Римро гирифтанд, вале бо як маҳдудият – ҳама шаҳрвандони нав ба рӯйхати ҳамаи 35 гриб навишта нашуда, 8 нафари тақсим карда мешуданд. Ба муқобили онҳое, ки баъди ин гузаштҳо аз аслиҳаро ба замин гузоштан намехоҳад, Рим ҳамлаи бераҳмонаро пеш гирифт ва то оғози соли 88 п.а.м. шӯриш қариб дар ҳама ҷо пахш карда шуд. Сулла дар ин ҷанг дар ҳама кор аз Марияи пиршуда пеш гузашт ва бори нахуст (соли 88 п.а.м.) ба мансаби консул интихоб мешавад.

Лашкаркашии Сулла ба Рим (соли 88то милод). Сарфи назар аз анҷоми Ҷанги иттифоқӣ вазъи Ҷумҳурии Рим мураккаб мондан гирифт. Аз ин ҳолати Рим истифода бурда, шоҳи Понт Митридати IV мулкҳои Римро дар Осиёи Хурд ишғол намуда, қӯшунҳои худро ба Балкан фиристонид ва Македонияи Юнонро ишғол кард. Афина бошад, ба тарафи шоҳи Понт мегузарад. Мувофиқи қуръапартоӣ дар байни конс трибуни плебеӣ Сулпитсий Руф якчанд лоиҳаи қонунҳоро пешниҳод намуд, аз он ҷумла тақсимоти шаҳрвандони нав дар ҳамаи 35 гриб ва дар бораи додани вазифаи фармондеҳӣ дар лашкаркашии шарқӣ ба Марий. Кушиши оптимҳо баҳри роҳ надодан ба ба қабули қонунҳои Сулпитсия ба натиҷаи дилхоҳи онҳо оварда нарасонид, чунки дастаҳои мусаллаҳи ҷонибдори трибуни плебеӣ Римро террор мекарданд. Қонунҳо қабул карда шуданд. Дар ин вазъият Сулла дар назди аскарон лашкари худ, ки дар Кампания мустақар буданд, баромад карда, иброз дошт, ки онҳо бояд ғаниматеро, ки метавонистанд аз лашкаркашӣ ба Шарқ ба даст дароранд, фаромӯш кунанд, чунки Мария артиши худро дорад. Аскарони ба қаҳру ғазабомада талаб карданд, ки Сулла ҳамаи онҳоро ба Рим барад ва Сулла ин талаби аскаронро иҷро кард.

C:\Users\USER\Music\Марий.jpg
C:\Users\USER\Music\Луций Корнелий сеника.jpg
C:\Users\USER\Music\Марк Красс.jpg

Марий Лутсий Корнелий Сенека Марк Красс

Бори нахуст дар таърихи Рим дар соли 88 то милод Рим аз тарафи артиши худ ишғол карда шуд. Сулнитсий ҳалок шуд. Мария фирор кард ва баъди оворагардии зиёд ба Африқо расида гирифт. Сулла қонунҳои Сулитсийро бекор эълон кард. Сенатро аз ҷонибдорони худ пур кард. Қоидаҳои қадимаи пешниҳоди ҳаргуна қонунҳоро ба маҷлиси халқӣ баъди онро дастгирӣ кардани сенатро аз нав барқарор кард. Баҳори соли 87 то милод Сулла ба ҷанги зидди Митридат меравад. Ин ҷанг на онқадар осон баромад, вале артиши Рим бори дигар афзалият худро бар артишҳои шарқӣ исбот намуд ва Сулла бори навбатӣ лашкаркаши фавқулодда будани худро намоиш дод.Баъди муҳосираи дуру дароз моҳи марти соли 86 то милод. Афина бо ҳамла гирифта шуд ва танҳо эҳтироми маданияти эллинӣ сулларо нагузошт, ки Афина пурра ба хок яксон карда шавад. Дере нагузашта артиши Митридат торумор карда шуд ва артиши Рим ба Осиё рафт. Баъди ин шоҳи Понт аз сулла сулҳ пурсид. Дар соли 85 то милод дар шароити барқароркунии муносибатҳои пешазҷангӣ status quo қарордоди сулҳ ба имзо расид. Чунин шартҳои мулоими пешниҳодкардаи Сулла ба воқеаҳои нохуши дар Рим суратгирифта алоқаманд буданд, ки бо тезӣ ба Рим баргаштани ӯро талаб мекарданд.

Идораи мариячиҳо дар Рим (солҳои 87 – 84 то милод). Дар замоне, ки Сулла дар Шарқ меҷангид, дар Рим аз нав Марий ва ҷонибдорони ӯ ба сари қудрат омаданд. Популярҳо сарвари нави соҳибистеъдод пайдо намуданд, ки ӯ Лутсий Корнелий Сенека ном дошт, консули соли 87 то милод. Дар баробари рафтани Сулла ба Шарқ Сенека қонун дар бораи тақсими шаҳрвандони нав дар байни ҳамаи грибҳоро пешниҳод кард. Ҳангоми овоздиҳӣ дар Рим дар байни суллачиёну муқобилони онҳо муҳориба ҳақиқӣ ба амал омад, ки дар он ҳазорон римиҳо дар майдонҳо ва кӯчаҳои шаҳр ҳалок шуданд. Дар ин ҷанг суллачиён ғолиб баромаданд. Синика аз Рим фирор карда, барои ёрӣ ба италикҳо муроҷиат кард. Дере нагузашта Рим бо қувваҳои иттиҳоди зиддисуллагӣ муҳосира карда шуд, ки ба он Синика ва Марияи ба Италия баргашта ва аз ҳисоби собиқадорон ва ғуломони гуреза артиш ҷамъкарда роҳбарӣ мекарданд. Сенат таслим шуд (тобистони соли 87 п.а.м.). қӯшуни популярҳо ба Рим даромада, мардумро қир кард. Дар ин қатлиом қотилони Мария бераҳмии бемислу монанд нишон дода, бо фармони ӯ садҳо ашрофони Римро ба қатл расониданд.Мария тантана мекард ва барои соли 86 то милод бори 7-ум консул интихоб мешавад. Вале консулии 7-ум танҳо ду ҳафта насиб кард, чунки дар миёнаи моҳи январ вафот мекунад. Синика дар амал ҳокими ягонаи Рим мешавад. Се сол паиҳам (солҳои 86 – 84 п.а.м.) консул интихоб мешавад. Қонунҳои Сулла бекор карда шуданд. Шаҳрвандони нав ба ҳамаи грибҳо тақсим карда шуданд. Тақсими нон зиёд карда шуд ва ғайра. Вале дар набарди оянда бо Сулла мавқеи популярҳо мустаҳкам набуд, чунки такягоҳи асосии онҳо италикҳо буданд. Ин зуҳурот ҳангоми тайёрӣ ба ҷанг ба миён омад: аскароне, (соли 88 п.а.м.). ҷанг кардан намехостанд, шӯриш бардошта, Синкро қатл мекунанд (баҳори соли 84 то милод) . Ҳамин тариқ, популярҳо доҳии асосии худро аз даст доданд.

Ҷанги шаҳрвандӣ (солҳои 83-82 то милод). Баҳори соли 83 то милод артиши 40-ҳазорнафараи Сулла дар ҷанубии Италия фуромад. Қӯшунҳои мариячиҳо 200 ҳазор нафарро ташкил мекард, вале онҳо дар тамоми Италия пароканда ҷойгир буданд. Дар баробари ин, онҳоро лашкаркашони беҳунар сарварӣ мекарданд. Дар ҷангҳо обутобёфтаи артиши Сулларо паиҳам шикаст медод. Аксарияти ашрофон ба тарафи Сулла мегузаранд. Дар байни афсарони ҷавон махсусан Марк Красс ва Гней Помпей худро хуб нишон доданд. Ин ҷанги шаҳрвандӣ аз ҳарду ду тараф ҳам бо золимии бе ҳадду канори худ аз ҷангҳои дигар тафовут дошт ва он 1-уми ноябри соли 82то милод ин ҷанг дар назди деворҳои Рим сурат гирифта, пагоҳии рӯзи дигар бо ғалабаи Сулла анҷом ёфт.

Диктатураи Сулла (солҳои 82-79 то милод). “Барои баровардани қонун ва нигоҳдории тартибот дар давлат” Сулла диктатор эълон карда шуд. Ҳамин тариқ, Сула диктатураро эҳё карда, моҳияти онро комилан дигар кард – ҳокимияти бемӯҳлат ва шахсӣ. Баҳри дар мамлкат ҳукмрон гардидани тартибот Сулла аз террори оммавӣ оғоз кард. Дар тули ним сол қариб 5 ҳазор нафар ба қатл расонида шуд. Моликияти онҳо мусодира карда ба суллачиён дода шуд. Заминҳои шаҳрҳои зиёди Италия низ мусодира карда шуданд ва дар он ҷойҳо 120 ҳазор собиқадорони сокин кунониданд, ки онҳо такягоҳи муҳимми режими ӯ буданд. Танҳо баъди ин Сулла ба бароардани қонунҳо шурӯъ мекунад, маҷмӯи онҳо “конститутсияи Сулла” номгузорӣ шудааст:

-қонунҳое, ки ба таҳкими ҳокимияти сенат равона карда шудаанд, сенати зарардида бо 300 ҷонибдори Сулла пурра карда шуд: судҳо ба ихтиёри сенат гузаштанд, ҳамаи лоиҳаҳои қонунҳо бояд аз тарафи сенат дастгирӣ ёбанд;

-тадбирҳои зидди демократия; тақсимоти нон бекор карда шуд, трибунҳои халқӣ аз ҳуқуқи дар оянда ишғол кардани мансабҳои калон маҳрум карда шуданд;

-ташкили пайдарҳамии амиқ дар ишғоли вазифа: квестор (на зиёдтар аз 30-сола), претор, консул (на барвақттар аз 42-сола). Бори дуюм ишғол намудани мансаби консулӣ мумкин буд на барвақттар аз 10 сол;

–сохтори маъмурии Италия: Сулла тақсимоти шаҳрвандони навро ба 35 трибро нигоҳ дошт, сарҳадҳои шимолии Италияро аниқ муайян намуд – то соҳилҳои дарёи Рубикон, ба ҳамаи ҷамоаҳои Италия ҳуқуқи мунисипалӣ дод.

Ҳамчун сиёсатмадори бечунучарои ғоявӣ, Сулла он ваақте, ки вазифаҳои худро оид ба бунёди ҷумҳурии сенатии ашрофӣ иҷрокарда ҳисобид, ихтиёрӣ (соли 79 п.а.м.) аз диктатура даст кашид. Сулла баъди як сол аз касалии табобатнашаванда вафот мекунад.

test

Добавить комментарий