Триумвирати якум (соли 60 то милод) ва консулгарии Сезар (соли 59 то милод)
Муваффақияти аълодараҷаи сиёсии Сисерон дар соли 63то милод дар як вақт ҳам қонунидошт ва ҳам тасодуфӣ буд. Қонуният аз ҳамон сабаб дошт, ки Сисерон дар баробари Красс, Помпей, Сезар, Катаном ба он насли сиёсатмадорон ва арбобони Ҷумҳурии Рим тааллуқ дошт, ки ба мавдони Ҷумҳурии дар солҳои 70 – 60 асри I то милод баромаданд. Тасодуфӣ ба он сабаб аст, ки “аслиҳаи” ягонаи Сисерон сухан буд. Муваффақият суханвари бузургро рӯҳбаланд кард ва ӯро маҷбур сохт бовар кунад, ки шамшерҳо назди ту хам шудаанд, лекин ин аз хаёл бештар набуд. Вақт наздиктарин оянда нишон дод, ки обрӯи воқеӣ ва ҳокимият дар ҷомеаи Рим дар ихтиёри касе мебошад, ки артиш киро пуштибонӣ мекунад, касе, ки дар майдони набард шуҳратманд гардидааст.
Триумвирати якум (соли 60 то милод). Тобистони соли 60 то милод Красс, Помпей ва Сезар дар байни худ тафоҳумномаи пинҳонӣ қабул карданд, ки он “Триумвирати якум” ном мегирад. Вазифаи дурнамои он ниҳоят аниқ муайя буд: дар Ҷумҳурӣ набояд ягон воқеае рух бидиҳад, ки бар хилофи нафъи ҳар кадоми ин се нафар бошад. Барои фаҳмидани он, ки чӣ ин сиёсатмадоронро ба иттиҳолд тела дод. зарур аст, ки мухтасаран шарҳи ҳоли онҳоро баён сохт.



Помпей Гай Веррес Клавдий
Марк Литсиний Красс (солҳои 115 – 53 то милод) аз оилаи машҳур баромадааст, ки он ба Рим консулҳои зиёд додааст. Падари ӯро мариансҳо қатл карда буданд. Худи Красс базӯр аз марг наҷот ёфт ва соли 83 то милод ба Сулла пайваст. Дар ҷанги шаҳрвандӣ Красс худро афсари олиҷаноб нишон дод. Маҳз амалҳои моҳири ӯ ба Сулла дар муҳорибаи ҳалкунандаи назди деворҳои Рим ғолибият овард. Красс эҳтимол ба одами сарватмандтарини Рим табдил меёбад., беҳуда нест, ки ӯ лақаби “бойбача” (dives)-ро мегирад. Солҳои 72 – 71 то милод Красс бар зидди Спартак баромад. Соли 70 п.а.м. консул интихоб мешавад, соли 65 п.а.м. бошад – сензор. Бо шарофати сарвати бузург Красс дар Рим таъсири бузург дошт, махсусан дар байни саворагон, маҳз Красс ба Сезар маблағи фантастикии 800 таланти нуқрагӣ кӯмак расонид, то ки ӯ қарзашро пардохт намояд. Бояд гуфт, ки қарздодагон намегузоштанд, ки Сезар ба музофот равад. Красс сиёсатмадори баланд набуд. Лекин ҳамеша ҷидду ҷаҳд ба харҷ медод, ки дар ҳокимият даст дошта бошад ва барои ҳамин мақсад ӯ тайёр буд нисфи сарвати худро барои ин харҷ намояд.
Гней Помпей Бузург (magnus) (солҳои 106 – 48 то милод). Аллакай дар 16-солагӣ дар зери роҳбарии падараш бар зидди италикҳо ҷанг кардааст.Дар 23-солагӣ сарфармондеҳи артиши падараш мешавад. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ Помпей истеъдоди лашкаркашии худро намоиш дода, Ситсилия ва Африқоро аз марианчиён тоза мекунад. Болоравии Помпей дар солҳои 70-ум идома дошт, солҳои 77 – 72 то милоад шӯриши Квинт Серторияро дар Испания пахш мекунад, соли 71 то милод боқимондаҳои артиши Спартакро несту нобуд сохт, солҳои 70 то милод бори нахуст консул интихоб мешавад. Шаъну шарафи Помпей дар даҳсолаҳои оянда боз ҳам бештар шуд. Соли 67 то милод ба ӯ ваколатҳои бузург дода шуда, фармондеҳии флотро иборат аз 500 киштӣ ва артиши 100-ҳазорнафараро барои мубориза бар зидди роҳзанони баҳрӣ ба ихтиёри худ мегирад. Дар зарфи 80 рӯз Помпей ҳамаи Баҳри Миёназаминро аз роҳзанон озод карда, зиёда аз 800 киштии онҳоро несту нобуд ва 100 қалъаи онҳоро забт кард. Соли 66 то милод Помпей дар ҷанги зидди Митридати VI империяи олиро мегирад. Ӯ Митридатро торумор карда, шоҳигарии онро бо Рим ҳамроҳ кард, ба Қафқоз лашкар мекаша ва то ба Фаластину Яҳуд рафта расида, Сурияро ба музофоти Рим табдил дод.
Баргаштани Помпейро ба Италия римиҳо бо изтиробу нигаронӣ интизор буданд, бисёриҳо чунин мепиндоштанд, ки ӯ мисли Сулла амал менамояд ва ҳокимиятро дар Рим ғасб мекунад. Вале соли 62 п.а.м. Помпей ба Брундзи омад ва ҳамчун лашкаркаши Ҷумҳурӣ артиши худро хона ба хона ҷавоб медиҳад. Сенат ӯро бо триумфи дурахшон мукофотонид, вале тасдиқ кардани чорабиниҳои ӯро дар Шарқ ва додани заминро ба собиқадорон рад кард. Помпей ранҷида роҳу воситаҳоеро ҷустуҷу кард. то ки сенатро маҷбур созад, ки пешниҳодҳои мазкурро қабул намояд ва чунин восита дар шакли иттифоқи Сезар ва Красс ёфт шуд.
Гай Юлий Сезар (солҳои 100 – 44 то милод). Лашкаркаши бузурги ва диктатори Рим нисбат ба ҳамкорҳои худ дар триумвират ӯ ба маринчиён наздикӣ дошт, зеро холаи ӯ ҳамсари Гай Марий буд, Сезар бошад, ба духтари Синний хонадор шуда буд. Вақте ки Сулла аз Сезар талаб кард, ки аз ҳамсари худ ҷудо шавад, ӯ ҷуръат кард, кард, ин пешниҳоди диктаторро рад кунад. Танҳо баъди пуштигариҳои хешовандон Сезарро аз марг наҷот медиҳад. Пайдоиш ва воқеаҳои даврони ҷавонӣ ҳамеша Сезарро ҷонибдори популярҳо мегардонад, баростӣ, мансабдории сиёсии ӯ дар аввал на онқадар хуб пеш мерафтю, вале бо шарофати кушодарӯй ва саховатмандиаш ӯ дар байни мардуми Рим обрӯи кало пайдо менамояд. Ҳамчун сарпараст Сезар соли 65 п.а.м. барои халқ Бозиҳои аҷоиб ташкил намуд, ки дар натиҷа нисбати худ таваҷҷӯҳи римиҳоро ба вуҷуд овард, вале дар натиҷа маблағи ниҳоят бузург қарздор шуд. Соли 62 то милод ӯ претор мешавад.соли оянда бошад, роҳбарии музофоти дурдаст – Испанияро ба зима мегирад. Лекин агар кафолати Красс намебуд, қарздорҳо ӯро намегузоштанд, ки ба он ҷо равад. Дар он ҷо он нахустин бор истеъдоди лашкаркашии худро намоиш медиҳад ва бори навбатӣ сифатҳои беҳтарини худ – ҷуръатнокӣ ва кушиши қатъӣ дар роҳи иҷрои мақсади худро нишон медиҳад. Соли 60 п.а.м. ба Рим баргашта, Сезар номзадии худро ба мансаби консул пешниҳод менамояд, вале барои муваффақ шудан ба ин вазифа барои ӯ иттифоқчиёни бонуфуз ба мисли Красс ва Помпей лозим буданд.


Гай Юлий Сезар Гай Марий
Ҳамин тариқ, соли 60 то милод Сезар, Помпей ва Красс ҷидду ҷаҳд баҳри муваффақшавӣ ба мақсадҳои байниҳамдигарӣ ҷидду ҷаҳди худро муттаҳид карданд. Муваффақияти нахустини триумвирҳо дар соли 59 то милод консул интихоб шудани Сезар мебошад.
Консулгарии Сезар (соли 59 то милод). Бо мушкилоти зиёд ба оптимумҳо муяссар гардид, ки дастнишондоди худ Марк Бибулро ҳамкори (коллегаи) Сезар оид ба консулат гардонанд. Вале аз рӯзҳои аввали соли консулӣ Бибул дар амал аз корҳо яктарафа карда шуда буд. Барои ҳаминримиҳо бешухӣ соли 59-ро соли консулии Юлий Сезар меномиданд. Сезар – консул муваффақ ба он шуд, ки якчанд қонуни муҳим қабул карда шавад:
-тасдиқи ҳамаи чорабинию тадбирҳои Помпей дар Шарқ;
-паст кардани иҷорапулӣ барои харидорон;
-ба собиқадорон додани замин ба воситаи қонун дар бораи қаллобӣ;
Ҳокимияти номаҳдуди триумвирҳо имконият фароҳам овардСезар ба сифати проконсул ба зери ҳокимияти худ якбора се музофотро бигирад – вилояти Тсизалпи Галлия, вилояти Нарбони Галлия (қисми ҷанубии Галлияи Трикалп) ва вилояти Илирикро, қайд бояд кард, ки якбора ба муддати 5 сол. Чунин таъин кардан ба манфиатҳои Сезар ва помпей ҷавобгӯ буд, ки дар байни онҳо аллакай муборизаи ниҳонӣ барои нақши аввал дар Ҷумҳурӣ оғоз ёфта буд. Помпей ҷидду ҷаҳд мекард, ки Сезарро ҳаддалимкон аз Рим дур созад ва то ҳадде ба мӯҳлати дуру дароз. Барои амалишавии ин мақсадҳо аз Галлияи Нарбон қуллайтар ҷое вуҷуд надошт, зеро вазъият дар Галия дар арафаи ҷанг қарор дошт. Вале ба Сезар ҳам чунин ҷараён доштани қонеъ мекард, зеро ӯ кушиш ба ҷанги калон мекард. ки он ба ӯ шуҳрати лашкаркаши ғолиб, сарват ва лашкари содиқ медод.