Лашкаркашии Сезар ба Галлия ва Рим дар солхои 58 – 51 асри 1 то милод)

Соли 58 то милод Сезар Римро тарк карда ва ба Галлияи Нарбон раҳсипор мешавад. Худи ҳамон сол, аз кушиши гелветҳо, яке аз қабилаҳои галлӣ, истифода бурда, ба воситаи заминҳои музофоти Рим гузашта, Сезар ба ишғоли бо ном Галлияи Ҷингиламуй (Косматый) (Gallia comata) оғоз кард, ки он аз соҳилҳои уқёнуси Атлантика то Рейн паҳн гардида буд. Мухолифати байни худи галлҳоро устокорона истифода бурда. Сезар то соли 56 п.а.м. тамоми Галлияро ишғол карда, шумораи легионҳои худро то 10 адад расонид. Дар соли 55 п.а.м. аз рӯи қарордоди триумвирҳо салоҳияти Сезар дар Галлия то моҳи марти соли 49 п.а.м. тамдид карда мешавад, дар як вақт таҳкими ҳокимияти худ дар Галлия ва пахши ҳар гуна муқовимати халқи маҳаллӣ Сезар ду маротиба ба Рейн ва ду маротиба ба Британия лашкар мекашад,гарчанде ки барои васеъ кардани салтанати Рим аҳамияти начандон калон дошт. вале дар Галлия норозигӣ бар зидди римиҳо пухта мерасид ва соли 52 то милод дар зери роҳбарии пешвои арверинҳо Версингеторис шӯриши ҷамъиятӣ сар зад.

Дар ин лаҳзаи барои ӯ мушкил Сезар сифатҳои беҳтарини лашкаркашии худро намоиш дода, бо амалҳои босуръату боҷуръатонааш бо галлҳо имконият фароҳам овард, ки легионҳои Римро дар алоҳидагӣ торумор кунанд, баъд артиши худро дар як ҷо ҷамъ карда, ба галлҳо якчанд маротиба шикаст дода, Версингеторисро маҷбур месозад, ки таслим шавад. Соли 51 п.а.м. манбаҳои охирини шӯриш хомӯш карда шуд.

Истилои Галлия ҳам барои Рим ва ҳам барои худи Сезар аҳамияти калон дошт. Рим музофоти калонтаринро ба даст даровард. Садҳо ҳазор ғуломон бозорҳои ғуломфурӯшии Баҳри Миёназаминро пур карданд. Сезар акнун дар ихтиёри худ артиши дар ҷангҳо обутобёфтаи ба ӯ содиқ, афсарҳои беҳтарин дошт, ки дар байни онҳо Тит Лабиен,Марк Антоний ва Детсим Брут фарқ мекарданд, инчунин хазинаи пурсарват, ки ба ӯ имконият медод аскаронро ҳавасманд гардонад.

Рим ҳангоми лашкаркашии Сезар ба Галлия. Ба Галлия рафта истода, Сезар дар Рим трибуни плебеӣ Публия Клодий (соли 58 то милод)-ро, ки сафсатагӯи гузаро буда, ба ҳаргуна иғво қодир аст, ҷосуси худ мемонад. Мақсади ҳамаи амали ӯ ноором кардани вазъият дар Рим, ба вуҷуд овардани беҳокимиятӣ дар шаҳр буд. Клодий якчанд қонунро гузаронид, аз он ҷумла тақсими ройгони нон ба камбағалон, инчунин муваффақ ба он шуд, ки Сисеронро ҳамчун гунаҳгор дар қатли шаҳрвандон бе ҳукми суд аз шаҳр пеш карда шавад. Ягон кас – на Помпей, на Красс ва на дигарон аз Сисерон пуштибонӣ накарданд ва суханвари бузург ба муддати якуним сол Италияро тарк кард, вале Помпей чунин иттифоқчӣ аз ҷумлаи Клодийро намефаҳмид ва қабул ҳам намекард. Ӯ бо тезӣ пеши роҳи Клодийро тавассути трибуни плебеӣ гирифт (соли 57 то милод). Анния Милона, ки ба Клодий баробар буд, низ бо ҳамин усул фаъолият мекард. Клодий ва Милона дастаи ҷонибдорони худро ҷамъ оварда, Римро ғарқи хун мекарданд.

C:\Users\USER\Music\Gallia_est_omnis_divisa_in_partes_tres.png
C:\Users\USER\Music\12.JPG

ХаритаиГаллияиқадим Клодий

Тобистони соли 57 то милод Сисерон имконият пайдо кард, ки ба Рим баргардад, вале дар сиёсат фаъолона ширкат наварзид. Соли 56 то милод дар Лукаи, воқеъ дар Шимоли Италия, вохурии триумвирҳо доир гардид, ки дар он тасмимҳои муҳим қабул карда шуданд:

-салоҳияти Сезар дар Галлия то 1 марти соли 49 то милод тамдид карда шуд;

-Крас ва Помпей соли 55 то милод консул интихоб гардиданд;

-баъди маслиҳат Помпей ба муҳлати 5 сол идораи Испания ва Красс бошад, идораи Сурияро ба зима мегиранд.

Ҳамаи қарорҳои қабулгардида дар амал татбиқ карда шуданд. Баъди маслиҳат помпей ба Испания нарафта, дар Рим мондан гирифт, вале Красс ба Сурия раҳсипор шуд ва соли 54 то милод ҷто милод бо қатли Красс анҷом меёбад. ин вақт дар рим беҳокимияти ба сатҳи баландтарини худ расид. Дар шаҳр дастаҳои Клодий ва Мелона бедодгарӣ мекарданд ва дар яке аз бархурдҳо соли 52 то милод Клодий ҳалок мешавад. Ҳангоми дафни Клодий дар интиихоби консулҳо дар тули як сол имконнопазир гардид. Дар ин вазъият сенат Помпейро консули бе ҳамкор (колега) таъйин кард. Помпей дар Рим бо тезӣ тартиботу оромиро таъмин намуд ва мӯҳлати ваколати Помпей ба охир расид. Бояд гуфт, ки Помпей ба тамдид кардани ваколатҳои худ ба мӯҳлати боз панҷ сол муваффақ шуда, вале ваколатҳои Сезар тамдид карда нашуданд.

9.МУБОРИЗАИ СЕЗАР БО ПОМПЕЙ (СОЛҲОИ 49 – 48 ТО МИЛОД)

Тавре дар болотар ҳам гуфта шуд, соли 60 то милод Сезар, Помпей ва Красс дар байни худ дар бораи ҳалли вазифаҳои мушаххас қарордод ба имзо расонида буданд. Вале маълум буд, ки иттифоқи се сиёсатмадор ва лашкаркаши худкома дуру дароз давом карда наметавонад. Баъди муваффақшавӣ ба вазифаҳои аввал дар байни онҳо мухолифат ба миён омада, дар ниҳояти кор аз ҳамдигар ҷудошавӣ онҳо ба амал омад.

Бо марги Красс соли 53 то милод Триумвирати якум пароканда шуд ва ихтилоф дар байни Помпей ва Сезар дар амал ногузир мешавад. Соли 52 то милод наздикшавии бемайлони Помпей бо сенат ва амалдорони Рим сурат мегирад. Болоравии шӯҳрат ва иқтидори Сезар Помпейро ба иттиҳод бо сенат тела медиҳад, сенат бошад, аз бадтаринҳо бади безарартар, яъне ба Помпеи нисбат ба Сезар шахси гапдаро ва кордон такя мекунад.

C:\Users\USER\Music\1.jpg
C:\Users\USER\Music\2221.jpg

Муҳорибаҳои Сезар бо Помпей

Соли 50 то милод дар Сенат оид ба масъалаи вақти баанҷомрасии ваколатҳои консулии Сезар баҳсу мунозира авҷ мегирад, мувофиқи қарордод дар Лука он бояд 1 марти соли 49 то милод ва 1 январи соли 48 то милод ӯ бояд консул мешуд. Ҳамин тариқ, муҳлати 10-моҳа ба миён меомад, ки дар ин вақт Сезар шахси хусусӣ мегардид ва бояд ба Рим ҳамчун шаҳрванди оддӣ бармегашт. Ҷонибдорони ӯ хуб мефаҳмиданд, ки ин ба сезар чи хатар ба бор оварда метавонист, аз ин рӯ. онҳо аз сенат талаб карданд, ки ваколатҳои Сезарро то 1 январи соли 48 то милод тамдид намояд ва ё ки ба ӯ имконият дода шавад, ки ба вазифаи консулӣ номзадии худро ғоибона пешниҳод намояд. Сенат ин пешниҳодро қатъиян рад кард, баъд трибуни плебеӣ Гай Курион пешниҳоди муросовиро манзур гардонид: Сезар ва Помпей аз ваколатҳои худ бояд дар як вақт даст кашанд. Бо ин пешниҳод сенат розигӣ дод, қарордодле Помпей аз итоат ба сенат саркашӣ кард. 1 январи соли 49 то милод дар Сенат мактуби Сезар бо гузашткуниҳои минбаъда қироат карда шуд. Аксарияти сенаторҳо хоҳиш надоштанд, ки ихтилоф пурзур шавад, вале Помпей ва пайравони ӯ ба чунин қарори сенат муваффақ шуданд, ки дар он аз Сезар талаб карда шавад, ки бетаъхир артишро пароканда карда, музофотро ба ихтиёри шахси навтаъиншуда супорад. Трибунҳои плебеӣ Марк Антоний ва Квинт Кассий ба қарори сенат “veto” (“рад”) гузоштанд. Баъди ин 7 январ сенат Ҷумҳуриро дар зери хатар эълон кард ва ба Помпей супориш дод, ки ба артиш дар Рим сафарбаркунии аҳолиро таъмин намояд, то ки Рим аз Сезар дифоъ карда шавад.

Оғози ҷанги шаҳрвандӣ (соли 49 то милод). Дар бораи воқеаҳои Рим бохабар шуда, Сезар барқосо амал карда, шаби аз 10 ба 11 январ танҳо ба як легион роҳбарӣ карда, дарёи Рубиконро, ки Италияро аз Галлияи Тсизалпиро ҷудо мекунад, убур намуд. Қуръа партофта шуд – Сезар артиши худро ба муқобили Ҷумҳурӣ бурд. Муқобилони Сезар ба ин амалҳои фаврии ӯ тайёр набуданд. Помпей дар Италия чизеро ба Сезар муқобил гузошта натавонист, аз ин рӯ, римро тарк кард ва ба Юнон рафт. Қисми зиёди ашрофони Рим, азон ҷумла Катон ва Сисерон ба помпей пайравӣ карданд, вале гуфтан мумкин аст, ки Сезар дар амал бар Помпей яку якбораиғалабаи сиёсӣ кард. Нисбат ба Мария ва Сулла, Сезар бо муқобилони худ ниҳоят мулоим рафтор карда, ба онҳо раҳму шафқат (clemental) зоҳир наму, ки ин шиори асосии сиёсии ӯ буд.

Қувваҳои асосии Помпей дар Юнон ва Испания мустақар буданд, аз ин рӯ, пеши роҳи таъқиби Помпейро гирифта, тобистоӣни соли 49 то милод Сезар ба Испания лашкари иборат аз 7 легионро маҷбур сохт,ки яроқҳояшонро ба замин гузоранд. Ба Рим баргашта, Сезар интихоби худро ба консулӣ барои соли 48 то милод ташкил намуда, бо ҳамин фаҳмониданӣ шуд, ки амалҳои ӯ қонунианд.

Сезар муқобили Помпей (соли 48 то милод). Сарфи назар аз ғалаба дар соли 49 то милод вазъияти Сезар: помпейчиён дар музофотҳои шарқӣ ва дар Африқо ҳукмронӣ мекарданд, флоти онҳо Италияро дар муҳосира нигоҳ медошт. Бисёриҳо мисли пештара Сезар ҳамчун (золим) ва душмани Ҷумҳурӣ мешинохтанд. Вале ҷуръатнокии Сезар ва таваккалито милод ӯ бо лашкари начандон бузург ба Юнон. Помпей бар зидди Сезар баромад, вале ба ӯ муяссар нашуд, бо Сезар муҳорибаи генералӣ ташкил намояд. Баҳорон кӯмак гирифта. Сезар худаш ба ҳуҷум мегузарад, вале дар бархурди назди Диррахи шикаст мехурад. Вале Помпей дар ин дафъа низ сустӣ нишон дода, рақибашро то ба охир торумор накард. Сезар ба Фессалия ақибнишинӣ карда, дар он ҷо артиши худро ба ҷузъу томҳои нав боқувват кард ва Помпейро музориба генералӣ маҷбур сохт.

C:\Users\USER\Music\Секст.jpg
C:\Users\USER\Music\Гай касий.jpg
C:\Users\USER\Music\Деций Юний Брут.jpg

Секст Гай Кассий Детсий Брут

Бархурд дар назди Фарсал (9 августи соли 48 то милод) аз бисёр ҷиҳат тақдири ҷанги шаҳрвандиро ҳал кард. Нерӯҳои Помпей аз нурӯҳои Сезар хеле зиёд буданд, махсусан аз ҷиҳати аспсаворон. Бо дар назардошти ин ҳолат.Сезар бори нахуст дар таърихи башар аз захираи эҳтиётии стратегӣ истифода бурда, дар ақибгоҳ фланги рости худро иборат аз 3 ҳазор легионерҳоро мустақар намуд. Вақте ки саворагони Помпей фланги Сезарро рахна кард. ногаҳон ба он ба воситаи дастаи эҳтиётӣ зарба мезанад.Саворагон рӯ ба гурез ниҳод, ки ин ба Сезар имконият дод дар тамоми фронт ба ҳуҷум гузашта, пурра ғалаба кунад. Помпей ба Миср гурехта, дар он ҷо 28 сентябри соли 48 то милод хоинона кушта мешавад. Ҳамин тавр ҳаёти лашкаркаши шӯҳратманди Ҷумҳурӣ ба таври фоҷеанок ба охир мерасад. Вале аҳамияти шахсияти Помпей бузург аст, ӯ чун Сезар кушиш ба ҳокимияти шахсӣ дошт, вале нисбат ба рақиби худ, чунин ҳокимиятеро меписандид, ки ба сохти мавҷудаи давлат ва идеологияи Ҷумҳурӣ такя карда, ба воқеияти мавҷудаи ҳаёт мувофиқ кунонида шуда бошад.

Баанҷомрасии ҷанги шаҳрвандӣ (солҳои 48 – 45 то милод). Сезар Помпейро думболагирӣ карда, ба Миср рафта, барои худ ногаҳон дар он ҷо 9 моҳ мемонад. Сабаби асосии дуру дароз дар Миср мондани Сезар на сабабҳои ҳарбӣ, балки ишқи ӯ бо маликаи Миср Клеопатра буд. Тирамоҳи соли 47 то милод Сезар ба Рим бармегардад, вале дар он ҷо онқадар дер наистод, чунки ба ҷанги нав дар Африқо раҳсипор шуд. маҳз дар он ҷо қувваҳои асосии помпеиҳо мустақар буданд, ки онҳоро шоҳи Нумидия дастгирӣ мекард. Моҳи апрели соли 46 то милод Сезар дар муҳорибаи назди Тапс помпейчиёнро торумор мекунад, Марк Порсий Катон худкушӣ кард. Бояд гуфт, ки бо ин ҷанги шаҳрвандӣ ба охир нарасид. Писарони Помпей Гней ва Секст бо замроҳии собиқ ҳамсафони Сезар Титум Лабиен, ки дар оғози ҷанг ба тарафи Помпей гузашта буданд, дар испания охирин пушту паноҳи муқовимат бо диктаторро ташкил намуданд. Марҳалаи ниҳоии мубориза ба зимистону баҳори соли 45 то милод рост омад. 17 март дар муҳорибаи назди Мунда Сезар дар ҷанги шаҳрвандӣ ғалабаи ниҳоӣ ба даст даровард. Дар ин набард Тит Лабиен ва писари калонии Помпей Гней ҳалок гардиданд.

C:\Users\USER\Music\img_1-14
C:\Users\USER\Music\332.jpg
C:\Users\USER\Music\200px-Portrait_Brutus_Massimo.jpg

Тит Лабиен Гней Помпей Марк Брут

test

Добавить комментарий