Диктатураи Сезар (солхои 48 – 44 то милод)

Дар тҳокимияти худ Сезар ба Сулла пайравӣ кард: баъди Фарсал ӯ ба мӯҳлати номуайян диктатор эълон карда шуд, баъди Мунда бошад, – диктатори абадӣ (dictator perpetuus) эълон карда мешавад. Ғайр аз ин, соли 48 то милод Сезар ба таври доимӣ вазифаи консулиро иҷро карда меомад, ҳокимияти якумраи трибунро мегирад, сензор ва понтифик (сарвари динӣ) низ буд. Унвони император (Imperator Gaius Julius Caesar).қисми таркибии номи Сезар мегардад. Ҳамин тариқ, режиме, ки Сезар ташкил намуд, мутлақияти ҳарбӣ дар асоси конститутсияи Ҷумҳурӣ буд.

Такягоҳи ҳокимияти Сезар инҳо буданд:

-ҳизби шахсии ӯ, ки аз ҷиҳати таркиб гуногун буд, вале асоси онро ашрофон аз сенат (сенатро Сезар то 900 нафар зиёд кард) ва саворагон ташкил менамуд;

-шумораи артиш 100-ҳазор легионерро ташкил менамуд;

-плебейҳои шаҳрие, ки Сезар ба воситаи қисман бахшидани қарзҳои ва Бозиҳои боҳашамат харидоришуда;

Тақдир ба Сезар барои доир намудани сиёсати ислоҳоти ҳамагонӣ вақти кам муқаррар карда буд, вале сиёсатмадори генеалӣ фурсат ёфт дар ин соҳа низ корҳои зиёдро анҷом бидиҳад. Қисмати муҳимтарини ислоҳоти Ҷумҳурии Римро ба мамлакати абарқудрати Баҳри Миёназамин табдил додани он ва дасткашӣ аз аз ҳолати инҳисорӣ доштани Рим ва римиҳо ташкил менамуд:

-додани ҳуқуқҳои васеъ ба сокинони музофотҳо (дар Галлия, Испания, Африқо ва Ситсилия);

-мустамликагардонии васеъ ва римигардонии музофотҳо – зиёда аз 80 ҳазор собиқадорони Сезар дар музофотҳо замин гирифтанд;

-қисман бекор кардани низоми харидории ҷамъоварии андозҳо, оғози ташаккулёбии идораи давлатии андоз;

-қабули қонунҳои нави муносипалӣ, ки дар амал Римро ҳамчун яке аз шаҳрҳои Италия дар назар доштанд.

Марги Сезар (15 марти соли 44 то милод). Оғози соли 44 то милод ба муқобили Сезар сӯиқасд ба амал омад. Ба ҳайати сӯиқасдчиён ҳам собиқ помпейчиён ва ҳам баъзе ҳамсафони худи Сезар, онҳоро тарси тамоили мутлақиятхоҳӣ (монархӣ) дар сиёсати Сезар, кушиши ӯ ба ҳокимияти шоҳӣ муттаҳид сохта буд. Сарварии сӯиқасд дар дасти помпейчиён Марк Брут, Гай Кассий, Детсим Брут ва муҳофизи Сезар буд. 15 март Сезар кушта шуд. Сӯиқасдчиён ба диктатор дар бинои сенат дарафтоданд. Сезар аввал хост, ки муқобилият нишон диҳад, вале вақте ки дар байни сӯиқасдчиён Марк Брутро дид, ки шояд писари ғайриақдии ӯ буд. Сезар хитоб кард: “Ту ҳам Брут дар зери таъсири зарбаи қотилон мондӣ!?”.

C:\Users\USER\Music\212.jpg
C:\Users\USER\Music\122.jpg

Гай Кассий Детсим Брут

Аҳамияти таърихии Сезар. Сезар, бечунучаро инсони аз ҳама машҳуртарин дар

таърихи Рим мебошад. Ҳеҷ вақт баҳс дар бораи нақшу мақоми ва аҳамияти ӯ дар тамаддуни аврупоӣ қатъ намегарданд. Баъзе муҳаққиқон (В.Друманн, Т.Моммзен) ӯро монархи демократӣ ва шахси нобиғаи фавқулоддаи эҷодӣ, наҷотдиҳандаи тамаддуни антиқа номидаанд, дигарҳо (Г.Ферреро) – нобиғаи моҷароҷӯйе, ки паиҳам хатогиҳо содир кардаст. Баъзе муҳаққиқон (Р.Сайн, Ж.Каркопино) дар ӯ муҳофизакор (консерватор)-ро дидаанд, ки рӯҳияи анъанаҳои римиро нигоҳ доштааст, дигарон (Эд –Мейер, С.И.Ковалёв) – инъикосгари ғайрибунёдкор буд, ки кушиш мекард, то ки дар Рим шакли эллинии мутлақиятро ташкил намояд. Як чиз бе баҳс аст, ки Сезар ба ашрофони ( аристократияи) Рим зарбаи ҳалокатовар зад, ки Римро дар зарфи се аср идора мекард, дар амал Ҷумҳурии Римро нест кард. Вале марги Сезар нишон до, ки биное, ки Сезар дар харобаҳои Рим бунёд карданӣ буд, аксарияти римиҳоро қонеъ намекунонд. Сезар роҳи баромад аз бӯҳронро идома дод, вале ба ҷойгирони ӯ лозим буд, ки аз болои ислоҳи хатоҳои ӯ корро идома диҳанд.

МУБОРИЗА БАРОИ ҲОКИМИЯТ ДАР РИМ ВА САБАБҲОИ АФТИДАНИ ҶУМҲУРӢ

Умеди сӯиқасдчиён дар бораи он, ки аз ин воқеа ҳама хушу хурсанд мешаванд,рост набаромад. Вақте ки 16 март Марк Брут дар назди халқ дар бораи барқарор шудани озодӣ бо нутқи шӯълавар баромад кард, халқ хомӯширо ихтиёр кард. 17 март сенат ҷамъ омад, ки бо пешниҳоди Сисерон қарорҳои муҳим қабул кард:

-ба қотилони Сезар авф эълон карда шуд;

-ҳамаи қарорҳои Сезар қобили иҷро эълон гардиданд, ҳам онҳое, эълон карда шуда буданд ва ҳам онҳое. ки алҳол дар болои коғаз буданд;

-таҳлили коғазҳои Сезар ба консул Марк Антоний (соли 44 то милод) супорида мешавад;

19 март дафни Сезар баргузор гардид. Васияти ӯ ошкоро қироат карда шуд, ки дар он гуфта мешуд: диктатор додарзодаи наберааш Гай Октавияро писар хонда меросхури худ эълон доштааст, меросхурони сатҳи дуюм Марк Антоний ва Детсим Брут буданд. Мувофиқи вҷасияти Сезар ҳамаи легионерҳо ва шаҳрвандони Рим маблағҳои начанд зиёди пулӣ гирифтанд. Кайфияти халқ бо тезӣ тағйир ёфт: набудани таваҷҷӯҳ ба сӯиқвсдчиён ба нафрати зидди онҳо иваз шуд. Анбӯҳи мардум даст ба хароб кардани манзилҳои сӯиқасдчиён заданд, вале онҳо аз ин огаҳӣ ёфта, пешакӣ Римро тарк карданд. Вазъиятро дар шаҳр Марк Антоний, яке аз ҳамсафони Сезар, ба ихтиёри худ гирифт.

C:\Users\USER\Music\Марк эмилий лепид.jpg
C:\Users\USER\Music\панса.jpeg
C:\Users\USER\Music\Гиирций.jpg

Марк Эмилий Лепид Панса Гиртсий

Дар аввал ӯ сиёсати ваҳдатро пеш гирифт, аз он ҷумла қонуне қабул карда шуд, ки мувофиқи он дар Рим диктатура ҳамешагӣ манъ карда шуд. Вале дере нагузашта гӯё такя ба тасмими Сезар, ки дар коғазҳояш будааст, Антоний қарорҳоро баровардан гирифт, ки қатъиян барои пурзур кардани ҳокмияти худ нигаронида шуда буданд: Брут ва Кассий бояд Римро тарк карда. музофотҳои дуюмдараҷаро дар Шарқ идора мекарданд. Детсим Брут вазифадор буд. ки Галлияи Тсзалпӣ ва артиши дар он ҷо мустақарбударо ба зери идора ва итоати Антоний супорад.

Вале нақшаҳои Антоний дар баробари ба Рим омадани Гай Октавияи 18-сола вайрон карда шуданд. Ӯ тахаллуси Гай Юлий Сезар Октавийро қабул карда, қисмати мероси худро тақозо кард. Антоний бо писархонди Сезар дағалона рафтор кард ва аз ба ӯ додани маблағ саркашӣ кард, вале қисме аз легионҳо ва собиқадорогни Сезар ба тарафи Октавиан мегузаранд. Аз ба амал омадани ҷудоӣ дар байни сезариён истифода бурда, дар сенат оппозитсия сар бардошт, ки ба он Сисерон роҳбарӣ мекард. Дар байни ӯ ва октавиан бар зидди антоний иттифоқ баста шуд. Аз сентябри соли 44 то соли 43 то милод суханвари бузург бар зидди Антоний 14 бор нутқи шӯълавар эрод мекунад. Ин замон Сисерон дар амал сарвари Ҷумҳурии Рим буд.

Ин вақт Антоний бо ҳамроҳии қӯшунҳои ба ӯ содиқ ба Галлияи Тсзалпӣ меравад ва бар зидди Детсем Брут ҷангро оғоз кард, чунки ӯ супоридани музофот ва қӯшуни дар онҷобуда ба Антоний саркашӣ карда буд. Дар оғози соли 43 п.а.м. ба ёрии Брут консулҳои соли 43 то милод Гиртсий ва Панса, инчунин Октавиан дар вазифаи пропретор ба он ҷо рафтанд. Вақте ки моҳи апрели соли 43 то милод Марк Антоний дар ду муҳориба дар наздикии Мутина торумор карда мешавад, ҳамин хел ба назар расид, Сисерон баҳри барқароркунии Ҷумҳурӣ тантана карда истодааст, лекин ҳама бо тезӣ тағйир ёфт. Дар муҳорибаи назди Мутина ҳарду консул ҳалок гардиданд ва сарварии ҳамаи артиш ба ихтиёри Октавиан гузашт. Ба ҷои думболагирии Антоний ӯ аз сенат тақозо кард, ки ӯро консул эълон кунад, ҷавоби рад гирифта. Октавия артишро ба тарафи Рим равона сохт. Баъди он, ки Рим аз тарафи қӯшунҳои Октавия ишғол карда шуд, қонунҳо дар бораи консул интихоб шудани Октавиан ва бекор кардани авф нисбати қотилони Сезар қабул карда шуданд. Ин вақт Антоний аз шикаст ба худ омада, аз Галлия кӯмак гирифта, боз бо яке аз ҳамсафони Сезар, Марк Эмилий Лепид иттифоқ мебандад.

ТРИУМВИРАТИ ДУЮМ (СОЛИ 43 ТО МИЛОД)

Дар байни Октавиан, Антоний ва Лепид музокирот оғоз ёфтанд, ки, ки онҳо ба таъсиси триумвирати дуюм анҷом ёфтанд. Нисбат ба триумвирати аввал триумвирати дуюм моҳияти ғайрирасмӣ дошт. Моҳи октябри соли 43 то милод қонун дар бораи ба Октавиан, Антоний ва Лепид ба мӯҳлати 5 сол дар корҳои сохтори давлатӣ (triumviri publicae konstituendae) ваколатҳои номаҳдуд додан қабул кард. “Сохтани давлатро” триумвирҳо мисли Сулла аз таъқиботи оммавӣ оғоз намуда, рӯйхати проскрипсия (қатлмешудагон)-ро овехтанд. Мувофиқи истодагарии Антоний ба ин рӯйхат яке аз аввалинҳо шуда Сисерон дохил карда шуд ва 7 декабри соли 43 то милоод суханвари бузург ба қатл расонида шуд. Проскрипсияи триумвирҳо аз суди суллагӣ пеш гузашт, дар амал оппозитсия нест карда шуд танҳо ба баъзеҳо муяссар шуд, ки ба Шарқ фирор кунанд, ки дар он ҷо Марк Брут (Детсим Брут тоистони соли 43 то милод ҳалок шуд) ва Кассий лашкари калон ҷамъ карда буданд.

C:\Users\USER\Music\Антоний баъд октавиан.jpg
C:\Users\USER\Music\Лепид.jpg

Антоний Октавиан Лепид

Баҳори соли 42 то милод артиши 100-ҳазорнафара дар зери фармондеҳии Антоний ва Октавиан ба муқобили ҷумҳурихоҳон лашкар мекашад. Дар муҳорибаи назди Филиппҳо (октябри соли 42 то милод) ба ҷумҳурихоҳон шикаст дода шуд. Брут ва Кассий ҳалок шуданд. Муҳорибаи назди Филипҳо саҳифаи охирини таърихи Ҷумҳурии Римро пӯшонид. Акнун ҳалли масъалаи кӣ бояд сарвари давлати нав шавад,истода буд. Довталабон ду нафар – Сезар Октавиан ва Марк Антоний (Лепид бошад, аз аввал ба ҷои дуюм фишор дода шуд).

Марк Антоний (солҳои 83 – 30 то милод) – лашкаркаши соҳибистеъдод, ҳамсафи вафодори Сезар. Ӯ ба он насли римиҳо тааллуқ дошт, ки принсипҳо ва ғояҳои зиёди наслҳои гузаштаро як тараф партофта, танҳо барои ҳокимият ва сарватмандшавии худ кушиш кушиш мекарданд. Садоқат ба кори Сезар ва қобилияти бечунучарои сарварӣ ва сарлашкар бисёриҳоро ҷонибдори ӯ карданд, вале мухолифати оштинопазир дар байни хоҳиши дар як вақт сарвари Рим ва шоҳи шарқӣ шудан, ӯро ба шикаст ва маҳвшавӣ дучор кард. Соли 41 п.а.м. Антоний бо Клеопатра вомехурд. Нияти сиёсатмадор ва ишқ ба зан ӯро ба Миср бурд, ки ба Антоний барои корнамоиҳои нав умед мебахшид, вале ин ният оқибат ӯро ба марг дучор кард.

Гай Юлий Сезар Октавиан (соли 63 то милод –соли 14 милодӣ) – инсони золим, дорои ақли расо ва нафъҷӯй, лашкаркаши беҳунар, вале сиёсатмадори нобиға ва арбоби давлатӣ. Маҳз ба ӯ муяссар шуд, ки маводи Ҷумҳурӣ ва ва хатоҳои асосии пешгузаштаи худро ислоҳ карда, дар ҷои тозакардаи Сезар бинои нави империяи Римро созад. Ҳаёт ва фъолияти минбаъд азони давраи нав – давраи Империя нест. Барои ҳамин, ин ҷо бо тавсифи мухтасар маҳдуд мешавем.

Дар солҳои 42 – 40 то милод ба зимаи Октавиан санҷишҳои мураккаб пеш омаданд: муҳосираи Рим аз тарафи Секст Помпей, ки Ситсилияро забт мекунад, исёни Лутсий Антоний, бародари триумвир ва ғайраҳо. Вале хушбахтона ба ӯ муяссар шуд, ки аз ӯҳдаи ин мушкилиҳо сарбаландона барояд. Дар солҳои 40 – 38 то милод дар байни Октавиан ва антоний ду қарордод ба имзо расид, кимувофиқи онҳо ваколатҳои триумвирҳо то 1 январи соли 32 то милод тамдид карда мешавад Ҳамаи музофотҳои ғарбии Рим ба зери идораи Октавиан гузаштанд, ба зери ҳокимияти Антоний бошад – ҳамаи музофотҳои шарқӣ. Октавиан бояд бар зидди Секст Помпей ва Антоний бар зидди Порт ҷанг мекард.

Соли 36 п.а.м. лашкаркаши нобиға Октавиан Марк Агриппа Секст Помпейро торумор кард ва Октавиан тавонист Ситсилияро ишғол намояд, вале лашкаркашии Антоний ба Порт бебарор анҷом ёфт. Мухолифат дар байни онҳо беш аз пеш тезутунд мешуд ва таваҷҷӯҳи римиҳо беш аз беш ба тарафи Октавиан нигаронида мешуд.

Ҷанги Октавиан ва Антоний (солҳои 31 – 30 то милод). Дар соли 32 то милод дар байни Антоний ва Октавиан ҷудоӣ ба амал омад. Антоний Октавианро ба сӯиистеъмол кардани ҳокимият гунаҳгор мекард. Октавиан бошад. Антонийро барои хиёнат бар манфиатҳои Рим муттаҳам мекард. Бо амри Октавиан дар сенат васияти Антоний қироат карда шуд, ки дар он ӯ хоҳиш карда буд, ки вайро дар Искандария дафн кунанд ва музофотҳои шарқии Римро ба фарзандони худ аз Клеопатра васият карда буд. Сенат ба Клеопатра ва Антоний ҷанг эълон кард. Ҳарду тараф барои муҳорибаи ҳалкунанда артиш ва флоти калон тайёр намуданд. 2 сентябри соли 31 то милод дар димоғаи Аксия дар соҳили ғарбии Юнон флоти Октавиан дар зери роҳбарии Агриппа бар флоти Антоний ва Клеопатра пурра ғалаба кард. Дар лаҳзаи ҳалкунандаи муҳориба Клеопатра, шояд огаҳ шуда бошад, ки баъзе киштиҳо аз флоти Антоний ба Октавиан гузашта истодаанд, киштии худро ақб гардонида, рӯ ба гурез ниҳод. Антоний аз ақиби ӯ рафт. Баъди якчанд рӯз артиши 100-ҳазорнафараи Антоний, ки онро ӯ ба ҳоли худ гузошта буд, ба Октавиан таслим шуда, бо ҳамин ҷараёни набард пешакӣ ҳалли худро ёфт. Тобистони соли оянда қӯшунҳои Октавиан, қариб бе муқовимат, ба Миср ворид гардиданд. Аввал Антоний ва баъд Клеопатра худкушӣ карданд. Миср (соли 30 то милод) музофоти Рим эълон карда шуд. Ҳамин тариқ давраи ҷангҳои шаҳрвандӣ дар Рим, дар баробари ин тамоми марҳалаи Ҷумҳурии Рим ба анҷом мерасад.

Сабабҳои аз байн рафтани Ҷумҳурӣ. Ҷумҳурии Рим бо сабабҳои зерин аз байн рафт:

-сабаби асосӣ табдилёбии Рим ба қаламрави давлати бузург буд, ки механизми нави идораи давлатиро тақозо мекард;

-мондашавии ҷомеаи Рим аз ҷангҳои беохири шаҳрвандӣ, таназзули ҷомеаи Рим, ба вуҷуд омадани шумораи бузурги унсурҳои маҳаллигардида;

-таназзули ахлоқию маънавии аристократияи Рим, аз ҳад зиёд афзоиш ёфтани нафсу даъвои шахсии баъзе ашрофон;

-вайроншавии мувозинат дар байни пояю арзишҳои анъанавии ҷомеа ва таъсири бегонагон.

test

Добавить комментарий