Принсипати Август (солхои 30 – 14 то милод). Таъсиси хокимияти оли

Марги Антоний ва Клеопатра дар Миср тобистони соли 30-юми то милод Октавиан Августро дар тамоми давлати Рим ба шоҳи ҳокимияташ номаҳдуд табдил медиҳад, вале дар айни замон, бо тамоми ихтилофаш масъалаи ташкили ҳокимиятро ба миён гузошт. Дар баробари ин меросхӯри Юлий Сезар бо роҳи ташкили ягон хел мансаби нави фавқулодда нарафта, ки ба диктатори якумра баробарвазн бошад, вале ҷидду ҷаҳд ба харҷ дод, ки ҳокимияти худро дар дохили низоми сиёсии мавҷуда созад.

C:\Users\USER\Music\250px-Augustus_30-20BC_Louvre_Ma1278.jpg
C:\Users\USER\Music\1.jpg
C:\Users\USER\Music\21.jpg

Окватиан Август Клеопатра Марк Эмилий Лепид

13 январи соли 27 то милод дар маҷлиси сенат Октавиан бо тантана эълон дошт, ки ҷангҳои шаҳрвандӣ ба охир расид ва Ҷумҳурӣ барқарор карда шудааст, бо хоҳиши сенаторҳо (ки шояд ин пешниҳодро худаш ба сенат бор карда буд) розӣ шуда, ҳокимияти худро дар як қисми музофотҳо – Миср. Галлия, музофотҳои Испания ва Сурия нигоҳ дошт. Қӯшунҳои Рим, ки шумораи онҳо баъди ба анҷом расидани ҷанги шаҳрвандӣ ниҳоят зиёд кам карда шуда буданд (ҳадди аққал аз 50то 28 легион), дар зери фармондеҳии Октавиан монданд. Октавиан ҳарсола то соли 23 то милод ба мансаби консул интихоб карда мешуд ва аз баъзе имтиёзҳо ва ҳуқуқҳои трибунҳои халқӣ, ки қаблан ба ӯ дода шуда буд, истифода мебурд. Он чӣ ки ба сенат, магистратҳо ва маҷлисҳои халқӣ дахл дорад, низ моҳиятан ваколату ҳуқуқҳои ӯ дар ин мақомот нигоҳ дошта шуданд, гарчанде, ки ҳаёти воқеии сиёсӣ қариб дар як замон ба зери назорати император даромад (ин унвонро чун Сезар ба худ дар асоси доимӣ қабул кард). Аксарияти кулли римиҳо аз ин хурсанд буданд. Баъди санҷишҳои сангин, ки дар солҳои ҷанг ба сари сокинони “шаҳри абадӣ” омада буданд, сулҳ дар бораи муқаррар кардани он эълон гардида буд, барои онҳо аз доктринаи торики сиёсӣ, шиорҳои абстрактии бебунёд ва ҳамаи ҳуқуқҳои сенат ва халқ дар якҷоягӣ арзиши бештар дошт. Ин аст, ки борони ҳамду санохонӣ, ки ба сари Октавиан рехта буд, қисман аз ҳисси шахсии аҳолиии Италияро фарогирифта ба миён омада буд.

Дар байни ин ҳамду санохонӣ ва унвонҳои ифтихорӣ, ки римиҳо саросемавор “наҷотдиҳандаи давлатро” мукофотониданд, бояд махсусан қайд кард, ки аз тарафи меросхӯри Сезар унвони “Император Сезар Август”-ро қабул кард. Дар он ҳар як калима аломатнок буд: компоненти якум номи – Imperator – ба аскарон равона карда шуда, маънии Октавиани мағлубнопазирро дошт. номи дуюм – Cacsar –алоқамандиро бо Юлий Сезар нишон медод, ки баъди маргаш расман дар қатори худоҳои римӣ номнавис шудаст ва, ниҳоят, номи сеюм – Augustus (аз augeco – “ман афзун мегардонам”) нақши ӯро ҳамчун “диҳандаи неъматҳо” (сулҳу осоиш ва ғайраю ва ҳоказоҳо), хусусияти олию муқаддаси ҳокимияти ӯро таъкид мекард. Акнун ин ном дар ҷои аввали рӯйхати сенаторҳо истода, баъди ӯ номҳои муқобилону ғолибон дар назди Аксиум ва онҳое меистоданд, ки аз рӯи пайдоиш ва хизматҳои худ ҳеҷ гуна ҳуқуқ надоштанд дар маҷлиси курия иштирок намоянд. Ҳамин тариқ, Октавиан сенатори аввалин (princeps snatus) шуд ва маҳз унвонсолорӣ (титулпринсенста) минбаъд дар маънии нисбатан васеъи баробар ба барандаи ҳокимияти олӣ дар давлат (princeps civitats)-ро пайдо менамояд.

Асосҳои низоме, ки соли 27 то милод гузошта шуда буд, баъд аз чор сол дар соли 23 то милод такмил дода шуд.. империии Август олӣ эътироф карда шуд ва (imperium majus yjv ubhbanf ном гирифта, ҳокимияти трибунӣ бошад, ҳамон замон аз тарафи ӯ бо пкррагӣ қабул карда мешавад. Ҳокимияти олии ҳарбӣ (imperium majus) ва ҳокимияти трибуни халқӣ (inbumicia potcstas) минбаъд базаи (асоси) ҳуқуқии сарварии сиёсӣ мешавад. ки ин музаффарияти Август мебошад бо яроқ дар даст ва он асоси ҳокимияти войгирони ӯ – императорҳои асрҳои I – II солшумории милодӣ мешавад. Илова ба онҳо дар соли 12 то милод Август дар соҳаи дин вазифаҳои муҳимро ба даст даровард: баъди марги Марк Эмилий Лепид , ки коллегаи (ҳамкори) ӯ дар триумвирати дуюм буд, ӯ мақоми пантифики олиро гирифта, бо ҳамин сарварии ташкилоти коҳинони Рим соҳиб мешавад.

СИЁСАТИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ АВГУСТ

Режими сиёсие, ки Октавиан Август дар Рим барпо карда буд, расман “Барқароркардаи Ҷумҳурӣ” (Respublica restituta) номида мешуд. Дар бораи он. ки дар зери ин овеза дар амал ба Рим ҳокимияти мутлақият (монархӣ) ворид мешавад. аллакай дар болотар гуфта шуд. Вале сиёсатмадорони “республиканизми” (“таълимоти ҷумҳурияхоҳии”) Август ба таври пурра як чизи бебунёде набуд: кушиши рад намудани одатҳои кӯҳнаи римӣ (monesmajorum) бо номи ӯ алоқаманд аст, гарчанде мувофиқи ақидаи римиҳо сабаби асосии нашъунамои Ҷумҳурӣ ҳамин одатҳои кӯҳна буданд. Кушиши эҳё кардани тамоили ишғолгариҳо дар сиёсати хориҷии Рим низ ба Авугуст тааллуқ дорад.

Қонунгузории Август. Ислоҳоти урфу одатҳо ва боло бардоштани таваллуди кӯдакон (агар талафот дар ҷанги шаҳрвандӣ ба назар гирифта шавад, вазифаи муҳими рӯз аст) бояд ба мақсади қонунҳое хизмат мекарданд, ки солҳои 18 – 9 п.а.м. қабул қабул шуда буданд. Онҳо, якум, ба масъалаҳои оила ва никоҳ дахл дошатнад: аз ин вақт сар карда,никоҳ барои шаҳрвандони Рим вазифаи шаҳрвандӣ ҳисобида мешуд, барои сарпечӣ аз он ба онҳо дар шакли маҳдуд кардани қобилияти ҳуқуқи васоят ҷазо таҳдид мекард, оилаҳои серфарзанд, баракс, имтиёзҳои зиёд гирифтанд: мардҳо дар мавриди тай намудани роҳи иззату иэҳтиром (cursus honorum), яъне зинаҳои хизматӣ, занҳо бошанд – дар кори соҳибӣ кардан ба моликияти худ. Дуюм, қонунҳои Август ба муносибатҳои дохилиоилавӣ дахолат карда, барои содиқ набудани заношавҳарӣ ҷазоҳои бераҳмона муқаррар карда буданд. Зани сабукпо, талоқ мегирифт ва суд нисбати ӯ ҳукми бадарға ба ҷазираро мебаровард. Инчунин, шавҳар ва падари зани гунаҳгор ҳуқуқ доштанд, маҳбуби зан ва ё духтари худрор ба қатл расонанд, ба шарте, ки маҳбубро дар ҷои гунаҳ дарёӣанд. Ғайр аз ин падар ҳақ дошт, духтари худро бикушад. Бо ҳамин Август анъанаи кӯҳнаро аз нав барқарор кард, то замони ӯ он кайҳо боз аз байн рафта буд. Ва ниҳоят, сеюм, қонунҳои Август бар зидди карру фар рвон карда шуда, ҳаҷми ниҳоии басандаи хароҷотро барои тӯй, дафн базм ва чорабиниҳои дигарро муқаррар карда буданд.

Ғамхорӣ дар бораи симои ахлоқии шаҳрвандии Рим, дар сиёсати Август бо ғамхорӣ дар ҳаққи нигоҳдории тозагии хуни римӣ ҳамоҳанг буд. Мувофиқи қонунҳои солҳои 4 – 2 то милод ба озодӣ ҷавоб додани ғуломон, чӣ ҳангоми дар қайди ҳаёт будани соҳибаш ва чӣ аз рӯи васият, маҳдуд карда мешуд. Масалан, бо як васият мумкин набуд, ки беш аз сад ғулом озод карда шавад. Соли 10 то милод қонуне тасдиқ карда шуд, ки аз рӯи он бояд ҳамаи ғуломони ҳангоми бо зурӣ кушта шудаи соҳибашон дар хона ҳузурдошта бояд қатл карда мешуданд.

Эҳтимол меравад, ки соли 17 то милод қонуни судии Август пайдо шудааст, ки шакли хеле гарону кӯҳнаи мурофиаи шаҳрвандии Римро бекор кардааст, ки он leges actions ном дошта, барои рушди бештари шаклҳои мукаммали истеҳсолоти судии муосир роҳи васеъ кушодааст.

Аз тадбирҳои дигари дохилии сиёсии Август бояд барномаи васеи сохтмонро зикр кард, ки дар натиҷаи татбиқи он Рим, ниҳоят, намуди зоҳириеро қабул намуд, ки ба аҳамияти пойтахти ҷаҳон будани он мувофиқат мекард. Бо амри ӯ ба шаҳрвандони камбағал тез – тез хӯрокворӣ ва маблағ тақсим карда ва барои онҳо сабабҳои гуногун базмҳои хурсандибахши (набардҳои гладиаторӣ, бозиҳои сирк, муҳорибаҳои баҳрӣ ва ғайраҳо) доир гардонида мешуданд. Дар робита ба ин, бояд дар алоҳидагӣ бозиҳои секулярӣ ва садсолагиро (speculum – аср) таъкид намуд, ки Август соли 17 то милод 100-солагии навбатии мавҷудияти Римро бо тантана қайд кард. Суруде (гимне), ки дар ин Бозиҳо иҷро карда шуд, аз тарафи шоир Горатсий эҷод гардид, ки ӯ дар баробари Вергилий ва Овид адиби машҳури замони Август буд.

Назми Рими охирҳои Ҷумҳурӣ ва замони Август. Замони Август ба ростӣ асри тиллоии назми лотинӣ меноманд, ки болоравии он ҳанӯз дар замони қаблӣ – ҷангҳои шаҳрвандӣ оғоз ёфта буд. Ин болоравӣ бо фаъолияти махфили шоирони ҷавон бо дасти сабуки Сисерон алоқаманд мебошад, ки дар таърих бо номи “неотерик” машҳур аст. Дар тарҷума ин калима айнан маънии “ҷавонон”-ро дорад, вале дар маънии номбурда он бештар ба “модернисти” муосир наздиктар аст. Ба ин махфил, аз он ҷумла грамматикашинос Валерий Катон. Шоирон Литсиний Калв ва Валерий Катулл (наздики охирҳои соли 87 – баъди соли 54 то милод) мансуб буданд.

C:\Users\USER\Music\валерий катул.jpg
C:\Users\USER\Music\ПУблий Клодий.jpg
C:\Users\USER\Music\Локон Бериника.jpg
C:\Users\USER\Music\каллимах.jpg

Валерий Катулл Публий Клодий Локон Береника Каллимах

Асарҳои Катула то замони мо омада расидаанд, вале маҳсули эҷодийти “неотерикҳо” пурра аз даст рафтаанд. Ба хонандаи муосир шеърҳои Катула боиси таваҷҷӯҳи бештар аст, ки мавзӯи онҳо муҳаббат ба ҳамшираи сафсатагӯи машҳур Публий Клодий буд. Шоир бонуи дӯстдоштаи худро зери номи сохтаи Лесби васф мекунад, вале баъд канда шудани муносибати байни онҳо ишқи ӯ ба Лесби ҳамон тавре, ки дӯст медошт,ҳамон тавр ба нафрат иваз мешавад. Аз мавзӯҳои дигари шоирӣ, ки дар эҷодиёти Катула вомхӯранд бояд мавзӯи дӯстиро қайд кард: дар қисми зиёди шеърҳои баморасида ӯ ба дӯстони шоир бахшида шудаанд. Дар шеърҳои ӯ ҳамла ба арбобони намоёни замони ӯ, аз он ҷумла ба Сезар ва наздикони ӯ – Ватини ва Мамурр вомехӯранд. Катулл ба тарҷума аз забони юнонӣ низ машғул шудааст, аз он ҷумла ӯ достони “Калимаха”-и Локон Береника ва шеъри машҳури Сапфо ”Ба худоҳо баробар будагон хушбахтиам ба назар мерасад…”. Ниҳоят як қатор асарҳои Катула (достонҳои “Аттис”, “Тӯи Пелей ва Фетид”), тақлид ба шоирони Искандария – Каллимах ва шоирони дигари Мисри птоломеӣ мебошад.

Саҳми Катулла дар рушди шеъргӯии лотинӣ ба таври ҳақиқӣ дар замони атиқа баҳо дода шуд. Овҷиди, ки яке аз шоирони асри Август мебошад, гуфта буд, ки ватани Катулла – шаҳри Верона метавонад аз ӯ чун ба Манту Вергилий ифтихор дошта бошад.

Публий Вергилий Марон (солҳои 70 – 19 то милод) натанҳо аввалин шоири замони худ, балки дар маҷмӯъ шоири бузургтарини Рим мебошад. Вергилий ягона касе буд, ки рӯҳи марҳалаи муосирашро бо хусусияту кайфияти хоси худ дарк карда тавонистааст: идеализатсияи рӯзғори оддии деҳотӣ ва меҳнати кишоварзӣ, анъанаҳои кӯҳнаи гузаштаи пуршаъну шарафи Рим. Ин мавзӯҳои шоирӣ асоси мазмуни асарҳорҳоо Вергилий – “Букол”, “Георг” ва “Энеида”, дар айни замон асоси идеологияи принсипати Августро ташкил менамуданд.

C:\Users\USER\Music\Квинт Горатсий Флакк.jpg
C:\Users\USER\Music\Публий Вергилий Марон.jpg
C:\Users\USER\Music\гай цильний меценат.jpg

Публий Вергилий Гай Силний Метсенат Квинт Горатсий Флакк

Эҳтимол, яке аз тарафҳои ғайриоддии навгонидори фаъолияти Август маҳз аз он иборат буд, ки ӯ тавонист истеъдодҳои бузурги замони худро ба манфиати режим тобеъ намояд. Ба воситаи дӯсти худ Гай Силний Метсенат ӯ арбонони адабиёт ва санъат чун шоирон Вергилий Марон ва Горатсий Флакк ва таърихнигор Тит Ливийро сарпарастӣ мекард. Август ва Метсенат ба адибон ёрии моддӣ расонида, дар як вақтба ҳаёти фарҳангии Рим роҳбарӣ карда, онро ба маҷрои зарурӣ мебурданд. Баъзан онҳо ба адибон мавзӯҳоро барои асарҳо ба онҳо луқма пешниҳод менамуданд, ҳамин тавр асари Вергилий “Энеида” – достони эпикӣ дар бораи саёҳату сарсониҳои Эней дар роҳ аз Троя ба Италия тавлид мебад. Аҷибаш он аст, ки муаллиф пеш аз маргаш дастнависҳои достонро нест карданӣ шуда, нусхаи дар дасташбударо месӯзонад. Вале нусхаи дастхати анҷомётаи достон дар шакли рӯйхатҳо аллакай дар Рим паҳн шуда буд. Бо фармони Август ин рӯйхатҳо дар матни достони “Энеида”гирд оварда шуда, ҳамитн тариқ, он барқарор карда мешавад.

C:\Users\USER\Music\Вергилий.jpg
C:\Users\USER\Music\марк агриппа.jpg
C:\Users\USER\Music\загружено.jpg

Вергилий Марк Агриппа «Энеида» – и Вергилий

Шоири дигари барҷастаи замони Август Квинт Горатсий Флакк (солҳои 65 – 8 п.а.м.)-и дар боло ҳамчун муаллифи “Сурудҳои ҷашнӣ”-и номбурдаи мо буд. вале ҳамасари хурдии Виргилий, ба жанрҳои дигар даст зада, на асарҳои фарогири эпикӣ дар зери рӯҳияи “Энеида”, балки аз ҷиҳати ҳаҷми худ на чандон калонишеърҳои лирикиро меофарад. Эҷодиёти Горатсий бо маҷмӯаҳои шеърҳои “Қиссаҳо” (“Оды») «Эподҳо” “Сатираҳо” (аз лот.” Sermones“ – “Суханҳо”) ва “Паёмҳо” ё “Номаҳо” то ба мо омада расидаанд. Дар ин асарҳои лирикаи лотинӣ ниҳоят бо тамоми шӯълаварии гуногунии андозаҳо ва шаклҳои шоирӣ ҷилвагар мешаванд, ки дар вақташ аз тарафи лирикҳои юнонӣ коркард шуда буданд. Гузашта аз ин, Горатсий на танҳо шоир, балки назариётчии санъати шоирӣ низ буд.. Номаи 3-юм, ки ба Пизон равона карда шуда буд, дар ӯ ба рисолаи (трактати) калони “Илми назм” (“Dearte poetica”) сабзида мерасад. Собиқ сарбози аротиши ҷумҳурӣ Брут Кассий, бо ҳамроҳии Горатсий дар наздикии Филиппҳо набардкарда, шеърҳои зиёде баҳри шӯҳратманд кардани Август ва режими ӯ бахшидааст. Дар шеърҳои ӯ император ҳамчун некӯкори ватан, нигоҳдорандаи сулҳу ваҳдат ва пуштибони некукорон ба қалам дода шудааст. Дӯсти наздики Метсенат, ба ӯ дар кӯҳҳои Сабин мулки начандон калоне дода, ӯ аз пуштибони худ каме зиёдтар умр ба сар бурдааст. Метсенат дар моҳи сентябри соли 8 п.а.м. аз дунё даргузаштааст ва Горатсий – 27 ноябри ҳамон сол.

Агар дар бораи яке аз сегонаи хурд ва охирин ситораҳои шоирии аср Август – Публий Овидий Наюн (солҳои 43 то милод – 17 солшумории мо) лаб накушоем, тавсифи сиёсати Август дар соҳаи фарҳанг пурра намешавад. Ин шоир бо шарофати нақлҳо дар дастони ошиқонаю соддалавҳонаи “Санъати ишқ” шӯҳратмад шудааст, вале баъдтар ба мавзӯҳои ҷиддитар – асотирҳо (достони “Героида” ва “Метаморфоза”) ва қадимаҳои римӣ (“Фастҳо” ё “”Календар” – “Тақвим”) гузашта, шоир ба қаҳру ғазаби Август гирифтор мешавад. Соли 8 то милод ӯ маҷбур шуд, ки Римро тарк карда, ба шаҳрчаи дурдасти фракии Тома (ҳоло шаҳри имрӯзаи Констансаи Руминия) равад, ки он ҷойи бадарғаи ӯ муқаррар шуда буд. Сабабҳои бадарғаи Овидий ки ӯ бояд дар он ҷо ҳаёти боқимондаи худро аз сар мегузаронид, то ҳол муайян карда нашудааст. Аз пешниҳодҳои хеле зиёди сабабҳо (онҳо беш аз садтоанд) эҳтимоли аниқтар он аст, ки аз ҷумла мавзӯҳои асарҳои барвақтаи Овидий, ки тавре дар боло гуфта шуд, ба ӯ шуҳрати калони шоирӣ оварда буданд, ба император маъқул нашудааст, чунки Август мехост дар адабиёт ҳамчун ахлоқпарасти сахтгир ва муборизи матин бар зидди камбудиҳо инъикос ёфта бошад. Аз ин рӯ, ҳангоме, ки дар оилаи Август ихтилофи калони вобаста ба ишратбозии набера ва малика Юлияи Хурдӣ ба мал омад, ӯ бо гуноҳи бо ишратбозӣ на танҳо аз Рим пеш карда шуд, балки қарор дод, ки дар баробари наберааш ҳамонеро низ ҷазо бидиҳад, ки “муаллими фоҳишагӣ”-и асосӣ мешуморад. Бадарғаи Овидий қассоси падари бағазабомадаи оила, гузашта аз ин – қассоси сиёсатмадори тундмизоҷе ҳам буд. ки сарфи назар аз ҷидду ҷаҳди сахттарин ба ӯ муяссар нагардид, ки ба воситаҳои маъмурӣ рафти рушди ҷамъиятиро шикаста, дар Рим урфу одат ва анъанаҳои хуби кӯҳнаро, ки кайҳо боз аз байн рафта буданд, аз нав эҳё намояд.

C:\Users\USER\Music\Юлияи Хурд.jpg
C:\Users\USER\Music\Тиберий.jpg
C:\Users\USER\Music\Друз.jpg

Юлияи Хурдӣ Тиберий Друз

Асари Овидия аз қабили “Мулоҳизаҳои мотамӣ” (Tristia) ва “Мактубҳо аз Понт” ба давраи бадарғагӣ рост омадаанд. Ҳарду маҷмӯа шеърҳоеро дар бар гирифтаанд, ки , ки дар онҳо шоир кишвари номеҳрубони варвариро тасвир намудааст, ки ӯро қаҳру ғазаби императори таҳқиршуда ба он ҷо партофтааст.ва дӯстонашро дар байни ҳаловати зиндагии шахсӣ дар пойтахт зорию тавалоло мекунад, ки баъзан ӯ – бадарғашудаи буда, муқобили душмани дар он ном набурдаи Овидий нигаронида шулааст ва рисолае дар бораи моҳигирӣ навиштааст, ки аз он то замони мо ҳамагӣ якчанд сатр омада расидааст.

Ҷангҳо дар сиёсати хориҷии Август. Аз сиёсати дохилӣ ба сиёсати хориҷӣ гузашта, бояд махсусиятҳои зеринро қайд кард. Дар ин маврид одатан нишон дода мешавад. ки сиёсати хориҷии империяи Рим дар нисбати сиёсати ҳамлакунандаи Ҷумҳурӣ муҳофизакорона буд. Вале гузариши Империя ба ба ҳимояи стратегӣ дап ҳамаи савмтҳои асосӣ оҳиста – оҳиста ба амал меомад.ва маҳз асри Август бо авҷи фаъолнокии нави истилогаронаи Рим ба назар мерасад. Инъикоси муфассали ҷангҳои Август ҷои хеле зиёдро ишғол менамояд.аз ин рӯ, мо танҳо самтҳои асосии ҳалаи Римро ва идораиавгустро қайд карда, қаблан он захираҳоеро қайд менамоем, ки император барои ба амал баровардани сиёсати фаъолонаи хориҷи. Яъне нерӯҳои ҳарбии Рим дар ихтиёри худ дошт.

C:\Users\USER\Music\21.jpg
C:\Users\USER\Music\32.jpg

Музофоти Пиреней Набарди Октавиан дар Пиреней

Қувваҳои ҳарбии империяи Рим дар замони Август худро қӯшунҳои хушкигард ва флот ном мебурданд, ки охирин дар амал нақши калонро дар ҳимояи баҳрнавардӣ аз роҳзанҳои баҳрӣ (пиратҳо) дар Баҳри Миёназамин онқадар аҳамияте надошт. Артиши хушкигард аз аз лигионҳо – ҷузъу томҳои муттаҳида пиёдагарди вазниняроқи шуморааш аз 5,5 ҳазор нафар аскару афсар дар ҳар кадоми онҳо иборат буд. Ҳамагӣ чунин ҷузъу томҳои муттаҳида дар замони Август аввал аз 28 адад, баъд аз соли 9 милодӣ 25 ададро ташкил медоданд. Ғайр аз ин, қӯшунҳои сершумори ёрирасон (auiхhe) аз пиёдагарду савора ва қисмҳои гвардиягии имтиёзноки дар Рим мустақарбуда.афзалиятҳои маълуми сиёсӣ истифода мебурд ва се когорти шаҳрӣ (cohortes urbanas) мавҷуд буд. Ҳамаи инҳо ҷузъу томҳои мунтазам буда, аз ҳисоби ҷанговарони касбӣ ташкил карда шуда, яроқу аслиҳаи онҳо намудҳои якхела, дошт, яъне ислоҳоти артиши мунтазамро метавон ҷамъбасти асосии ислоҳоти ҳарбии Август номид.

Яке аз объектҳои забткориҳои Август дар идораи Рим Испания буд. Қисмати асосии қаламрави ҷазираи Пиреней дар рафти як силсилаи ҷангҳо аз тарафи римиҳо дар асрҳои III – I то милод ишғол карда шуда буд. То оғози идораи Август қаламрави ҳанӯз фатҳношуда танҳо қисмати кӯҳсори шимолу ғарбии нимҷазира буда. дар он қабилаҳои турҳо вакантабрҳо паҳн гардида буданд. Фаъолнокии ҳарбии римиҳо дар минтақаи Шимолу Ғарбии Испания таваҷҷӯҳи саворагони Рим ба худ ҷалб кард ки ин ба барпо намудани ҳукмрониии онҳо дар тамоми нимҷазира ҳаммаъно буд. Ҷангҳои Август дар Испания, ки дар онҳо махсусан дӯсти император Марк Антоний Агриппа корнамоӣ карда буд асосан то соли 19 п.а.м. ба анҷом расонида шуданд.

Дар соли 27 то милод вазъият дар Галитсия мураккаб мешавад. Дар марказ ва ҷануби он шӯриш сар зад, ки он воқеан римиҳо бо тезӣ пахш карданд. Баромади галлҳо аз афти кор Августро ба барпо намудани назорати мустаҳкам аз болои ағбаҳои алпии бо Галлияи Трансалпии Шимоли Италия алоқаманд тела дод. Дар соли 25 то милод қабилаи салассҳои дар наздикии ағбаи Сен-Бернар торумор карда шуданд, ки римиҳо шумораи зиёди ғуломонро асир гирифтанд (зиёда аз 40 ҳазор нафар), ки онҳо ба ғуломӣ фурӯхта шуданд.

Пурзӯршавии назорат бар гузаргоҳҳои Алпу қабилаҳо ва барқароркунии ҳукмронии Рим дар Иллирия (солҳои 35 – 33 то милод барои барои пешравии минбаъда дар самти Дунаи боло ва миёна шароит муҳаё карданд. Соли 16 то милод норик забт карда шуд. Дар соли оянда бошад, якчанд қабилаҳои ретҳо ва винделикҳо. Дар заминҳои онҳо онҳо якчанд музофоти императорӣ таъсис дода шуд.

Дар Дунаи поён римиҳо қабилаи мезҳоро торумор карда, дар он ҷо соли 28 п.а.м. музофоти Мезияро ташкил намуданд. Дар Фракияи дар муҳосирабуда, ки акнун музофоти Рим буд, протекторати Рим эълон карда шуд. Соли 13 то милод Август ба тахти шоҳии Фракия одами худ –Реметалкро шинонид.

Самти дигари забткориҳои Рим Олмон буд. Қабилаҳои дар Рейн сукунатдоштаи германҳо дар амал ҳар сол ба қаламрави Рим зада медаромаданд. Дар соли 16 то милод яке аз қабилаҳои германҳо, сугамбрҳо, қӯшунҳои Римро дар зери сарфармондеҳии Лодия торумор мекунад. Қассос барои шикаст ба якчанд экспедитсия табдил меёбад. ки мақсади онҳо тобеъкунии заминҳои байни Рейн ва Элба буд. Ба лашкаркашиҳо ба Германия (Олмон) писари хурдии Август Друз роҳбарӣ мекард, баъди марги ӯ дар соли 9 то милод ин вазифа ба зимаи додари ӯ Тиберий гузошта мешавад. Ҷамъбасти ин лашкаркашиҳо таъсиси музофоти Германия (Олмон) дар байни дарёҳои Рейн ва Элба буд.

Дар соли 14 то милод ҷанг дар Паннония оғоз шуд, ки он то соли 9 то милод идома дошт, вале соли 6 солш. мо қабилаҳои ба щокимияти Рим одатнакарда аз нав аслища ба даст гирифтанд. Қувваҳои шӯришгарон гӯё ба 200 ҳазор нафар расида будаанд. Фармондеҳи акнун дар ҷанги Паннония ба писари худ Тиберий Нерон – императори оянда Тиберий супорид. Шӯришгарон торумор карда шуданд. Доҳиёни онҳо ба асирӣ афтиданд, дар Паннония бошад, ниҳоят оромӣ ҳукмрон гардид.

Дар Германия (Олмон) дар давраи шӯриши Панно, дар маҷмӯъ оромӣ ҳукмфармо буд. Танҳо соли 9 то милод дар мамлакат ҳаракати зиддиримӣ оғоз ёфт, ки маркази он қабилаи херусҳо дар зери сарварии Армеиий буд. Дар ҷангали Тевтобург шӯришгарон се легионро бо ҳамроҳии фармондеҳ ва ҳокими вилоят Квинтил Вар гарнизони Германия (Олмон)-ро ташкил меардаанд, бо фиреб ба дом афтонда, пурра несту нобуд сохтанд. Шикасти Вар ба нақшаҳои Август баҳри тобеъ кардани қабилаҳои германӣ дар солҳои оянда аз тарафи артиши Рим зери фармондеҳии Тиберий ва ҷойгири ҷавони ӯ Германик, писари Друз ва писарандари хурдии Август ба дохили заминҳои байни дарёҳои Рейн ва Элба лашкар кашиданд, вале кушиш ба харҷ надоданд, ки дар он ҷо мавқеи худро мустаҳкам намоянд.

Бояд якчанд калима дар бораи сиёсати шарқии Август баён кард. Вазъи сиёсиро дар музофотҳои шарқии империяи Римро метавон асосан аз рӯи ду омил муайян кардан мумкин аст: моҳияти эллинистии онҳо (римиҳо дар инҷо ҳамчун ҷойгирони ҳокимони эллинистӣ баромад мекарданд ва дар ҳамсоягӣ будани Порт. Ин ҳолат сабабгори муддати дуру дароз дар ҳудудҳои шарқии Империя вуҷуд доштани низоми шоҳигариҳои тобеъ (вассал) бо сифати шакли миёнафосилаи ҳукмронии Рим шуда буд. Сиёсати Август дар минтақа бештар мақсадҳои маҳдуд дошта, бо он андешаҳое фарқ мекард, ки дар ишғолгариҳо дар ғарб ба мушоҳидаи мо ба назар мерасад. Сарфи назар аз ин, афзоиши заминҳои Империя дар ин ҷо ҳам ба назар мерасад% қисмати марказии Осиёи Хурд, ки фиристодаи Юлий Сезар шам ҷидду ҷаҳд ба харҷ метод, то ки дар ин ҷо ҷойгир шуда ва таъсири Римро дар Арманистон таҳким бабаҳри ба даст даровардани тахту тоҷи ҳокимият дар ин давлат ҳунарнамоӣ кунад.

Бе шакку шубҳа, яке аз кушишҳои даъвогаронаи васеъгардонии давлати Рим дар самти шарқӣ лашкаркашии арабистонии Элия Галл, префекти Миср буд. Ин лашкаркашӣ соли 25 то милод оғоз ёфта бо шикасти пурра анҷом ёфт: боқимондаҳои лашкари Галл базур тавонист, ки ба Миср баргардад. Сарфи назар аз ин. дар Рим моҷарои арабистонӣ ҳамчун ғалабаи навбатӣ дар сиёсати хориҷии Август қабул карда шуд. Чунин баҳодиҳии ин лашкаркашӣ ин буд, ки як худи ҷуръати ба мамлакати дурдасти Арабистон лашкар кашидани римиҳо ба корнамоӣ баробар дониста мешуд.

Набудани пешравии ҳарбӣ дар самти шарқиро муваффақиятҳо дар ҷодаи дипломатӣ ҷумрон мекард Дар соли 20 то милод портиҳо ба римиҳо парчамҳо ва асиронеро, ки дар муҳорибаи назди Карра (соли 53 то милод) ба дасташон афтода буданд, бармегардонанд.

ШАХСИЯТИ АВГУСТ ВА ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ Ӯ

Арбобони машҳури давлатӣ аз забони муосирон ва зурётҳои наздиктарини худашо таърифу тавсифи беғаразонаи ниҳоят кам мшуниданд. Октавиан Август аз ин қоидаи нонавишта истисно набуд. Шоирони муосири – Вергилий, Горатсий,Овидий – аз ҳар ҷиҳат ӯро ҳамчун инсоне, ки сулҳи ба он дуру дароз интизорбудаи мардумро ба сарзамини азияткашидаи Италия овард, дар ҳаққи ҳокиим таърифу тавсифи беҳамто гуфтаанд, ки маҳз ӯ ҳудудҳои империяи Римро гӯё то хушкиҳои охирини дар он ҷойҳо ойкуменҳо сокинбуда васеъ кардааст. Ҳанӯз ҳангоми дар қайди ҳаёт буданаш шахсияти Август ба парастиш иҳота карда буд. Одилона мебуд қайд карда шавад, ки парастиши барои римиҳо навро дар худи Рим ҷорӣ накарда . Вале падари угайи ӯ Юлий Сезар дар рим ҳамчун худо парастиш карда шуда, дар шаҳр ибодатхонаи худро дошт, ки онро бо шарафи ӯ Август сохта буд.

Ягон сиёсатмадори то ӯ ҳукмронбуда, Август чунин вақти зиёд барои баланд шудани обрӯю эътибори худ дар назди афкори ҷомеа ин қадар бисёр мусоидат накардааст. Барои ба обрӯю эътибори ӯ таблиғот аз тариқи санъати монументалӣ, адабиёти расмӣ ва иқдомҳои баланд дар сиёсати хориҷӣ ба монанди ба Рим баргардондани парчамҳою асирон дар соли 20 то милод, ки дар боло қайд карда шуд. Август барои шӯҳратманду такрорнашаванда будани шахсияти худ, сазовори шаъну шарафи мислаш диданашуда кори бисёреро ба анҷом расонид ва воқеан ба мақсадаш ноил ҳам шуд, вале ӯ албатта тақдир ва обрӯи баъдалмавтаи хешро ба ҳоли худ гузошта наметавонист. Бо фармони Август бо забонҳои лотинӣ ва юнонӣ рӯйхати “Корнамоиҳои Августи илоҳинасл, ки ба воситаи ҳокимияти заминии халқи Рим фотеҳ шуду эҳсонкорӣ ва давлатро ба халқи Рим ҳадя кард”-ро таҳия намуданд. Нусхаҳои матни “Корнамоиҳо…”-ро дар тахтасангҳо кандакорӣ карда, дар шаҳрҳо ва ҳамаи Олами Рим гузоштанд, ки яке аз чунин лавҳаҳои сангини Август соли 1555 дар Анқараи Туркия аз тарафи сафирони Фердинанди II дар дарбори Султон Сулаймон ёфтаанд. Баъдтар ба навиштаҷоти Анқара боқимондаҳои боз ду нусхаии дигар аз Аполлонияи Писидӣ ва Антиохияи Сурия илова мешавад.

Дар “Корнамоиҳо…” маҳз ҳамон образи император инъикос гардидааст, ки Август мехост дар шуури муосирон ва зурётҳои олиҳиммат ба таври қавӣ нақш бандонад. Аз саҳифаҳои ин ёдгорӣ ба мо на ҳоким, на монарх, балки падари давлат ва шаҳрвандон менигарад, ва мумкин аст ягон унвонии унвонҳои сершумори ба Август додашуда консепсияи ҳокимияти патерналистии (падаронаи) ӯро инъикос карда наметавонад, ғайр аз унвони “падари ватан” (pater patriae), ки соли 2 то милод пешниҳод карда шуда буд.

Дар бораи то чӣ дараҷа образи номбурда нисбати Август ба шуури римиҳо мустаҳкам ворид карда шуд, нишондиҳандаҳои таърихӣ ва биографҳо Веллей Патеркули муосири Август ва яке наздикони писархонд ва меросхури ӯ – Тиберий шаҳодат медиҳад, дар “Таърихи мухтасари Рим” Веллей Патеркули портрети биографии императорро инъикос менамояд, ки он аз “Корнамоиҳои…” Август кам тафовут дорад. Образи Август дар Светоний, нависандаи рими замони Антонинҳо, муаллифи маҷмӯаи биографияҳои императорҳо, ки бо номи “Тасвири ҳаёти дувоздаҳ Сезарҳо” ном дорад, каме дигар хел баромадааст. Светоний бошад, дар қаҳрамони худ, баъзе унсурҳои начандон манфие меёбад, ки онҳо бештар ба сифатҳои шахсии меросхури Юлий Сезар алоқаманд аст. на ба идораи ӯ. Ӯ, аз он ҷумла.чунин хосиятҳо ва нишонаҳоеро қайд мекунад, ба монанди рағбат ба бонуҳои ҷавон, ҷонибдори мустаҳкамии оиладорӣ ё тарс беҳад зиёд аз ғулғулаи барқ. Вале сиёсати ӯ ҳамчун занҷири бетанаффуси ғалабаҳо ва фотеҳии баъзан бо бебарории хеле ками тасодуфӣ ба қалам дода мешавад. ки дар рух додани онҳо гӯё Август гунаҳгор набудааст.

Мо шарҳи ҳоли ҳаматарафаи Августро умед доштем аз тарафи нависандаи дигари даврони Антонинҳо. – Корнелий Татсит интизор бошем. Вале таърихнигори машҳури Рим лозим надонистааст, ки давраи ҳукмронии Августро мавриди баррасии муфассал қарор диҳад. ва бо чанд иборае дар бобҳои алоҳидаи асари худ навиштан маҳдуд мегардад . мумкин ин рафтор сирф тасодуфӣ набошад, чунки ба асосгузорони режими империя Сезар ва Август. дар замони меросхӯрони онҳо, мутобиқи забони муосири журналистӣ баён сохта, онҳо ба шахсиятҳои (персонаи) дахлнопазир мубаддал гардиданд. Баҳодиҳии манфӣ ва бе таърифу тавсифи муқаррарӣ ёдоварии оддии номҳои онҳо, мумкин буд., барои таърихнигор ҳолати ҷиддии ногуворро ба миён оварада, ба хиёнати давлатии ӯ (crimen laesae majestatis) баҳона шавад.

Он чи ки ба Дион Кассий дахл дорад, ки “Таърихи Рим” -и худро дар замони Севарҳо навиштааст ё муаллифони баъдина, ба монанди Геродиан ё Аврелий Виктор, бошанд, ҳама онҳо дар замоне зиндагӣ кардаанд, ки ҳокимияти император дар Рим аллакай дар тули вақти дуру дароз вуҷуд дошт. Ҳуқуқшиносони замони Север иродаи императорро бевосита ба қонун баробар карданд, ва чунин тартиб аз тарафи касе ягон хел норозигӣ ба миён намеовард, Идораи Август ва меросхӯрони надики ӯро тасвир намуда, таърихнигорони асрҳои III – V милодӣ дар шахси онҳо монархҳои мутлақро ба монанди императорҳое дидаанд, ки муосир ва раияти онҳо буданд.

C:\Users\USER\Music\Гай Валлей Петеркул.jpg
C:\Users\USER\Music\Светоний.jpg
C:\Users\USER\Music\Корнелий Тацит.png

Веллей Петеркулий Светоний Корнелий Татсит

Ҳамин тавр, таърихнигорони зиёди аврупоӣ ва арбобони фарҳанги оғози давраи нав принсипати Августро аз назари типологӣ ҳамчун мутлақият (монархия)-и ба иутлпқиятҳои асрҳои асрҳои ХVI – ХVIII наздик қабул кардаанд. Муносибати онҳо ба август – мусбат ва ё манфӣ – бештар аз рӯи мавқеи онҳо ба абсолютизми замони онҳо муайян карда мешуд. Дар доираҳои ба ба дарбори фаронсавӣ наздик, Август ҳамчун монархи мӯътабар медонистанд, вале Волтер бошад, дар шахсияти ӯ ”деви моҳир ва хушбахт”-ро тасвир кардааст, ки ин одам аз қалб, эътиқод ва шаъну шараф маҳрум аст.

C:\Users\USER\Music\Дион Кассий.jpg
C:\Users\USER\Music\Геродиан.jpg
C:\Users\USER\Music\Юлия.jpg

Дион Кассий Геродиан Юлия Август

Асрҳои ХIХ – ХХ ба баҳсу мунозира дар бораи Август гардиши нав ба миён оварданд диқққати асосиро ба шахсияти асосгузори Империя ва аз тарафи ӯ ташкил карда шудани низоми сиёсӣ баргардониданд. Онро ҳамчун “диархия”, яъне дуҳокимияти сенат ва принсепс муайян намудаанд. Ҳокимияти Август ҳамчун бемаҳдуд баррасӣ мешавад. Онҳо сарфи назар аз истифодаи мафҳуми “монархия” ё “диктатура”-и германиҳо худдорӣ мекарданд. Зеро, аз назари онҳо, ба таври пурра маҷмӯи пурраи воқеияти асри Августро инъикос наменамоянд. Инчунин мавзӯи таваҷҷӯҳи ҷиддии олимон баъзе тарафҳои проблемаи сиёсию идеологӣ ва кайфияти ҷамъиятӣ принсипиат ба синфҳо ва гурӯҳҳои гуногуни ҷамъиятӣ, сиёсати хориҷӣ ва ҳарбӣ ва ғайраҳо гардиданд.

Барои додани баҳои дуруст ба зиддиятҳо дар мулоҳизаҳои марҳалаҳои гуногун, ки дар бораи Август ва ҳукмронии ӯ гуфта шудаанд, бояд фаҳмида шавад, ки ҳар хеле набошанд, ҳар кадоми онҳо воқеияти худро доштанд.. Танҳо як чизро амиқ метавон гуфт, ки дар охирҳои ҳукумати Август сохти сиёсии Рим як навъ сифати нав ба даст даровард. Он имконият медиҳад фаҳмида шавад, ки низоми нави сиёсӣ аз Ҷумҳурии кӯҳна тафовут дошт.Дар маркази ин сохти нави сиёсӣ симои чунин ҳокими боэътимоди қаблан мислаш диданашудаи объэти ҳокимияти шахсӣ меистод, ки афзалиятҳое шахсие, дошт, ки сабаби парастиши ӯ гардиданд. Ҳамаи омилҳои дар боло номбурда имконият медиҳанд дар принсипат варианти дар олами антиқӣ режимҳои ба таври васеъ паҳншудаи ҳокимияти шахсӣ дида шавад, ки ҳукумати Август ба наздиктарини онҳо – истибдодии бевақтаи шабеҳ ба монархияи эллинӣ мебошад. Дар баробари ин, як қатор нишонаҳояш принисипатро бо диктатураҳои авторитарӣ ва режимҳои тоталитарӣ давраҳои нав ва навтарин хеш мекунонанд, вале хусусиятҳои дигари он имконият медиҳанд, ки дар ҳокимияти Август хориқаи (феномени) нодири таърихи умумиҷаҳон дида шавад. Дар ҳар сурат ҷамъбасти асосии фаъолияти Август бартарафкунии бӯҳрони шадидтарине мебошад, ки он дар асрҳои II – I то милод давлати Римро фаро гирифта будааст.

Ин бӯҳрон аз тарафи римиҳо ҳамчун фаромӯшкунии васияти осмонии ниёгон оид ба тарзи (уклади) ҳаёт ва урфу одат ва анъанаҳои хуб кӯҳна (mores majorum) сабаб нишон дода шудааст, ана барои ҳамин баромад аз ин вазъият зери шиори мушаххас “Ҷумҳурии азнавбарқароршуда (Respublika restituta) имконпазир будааст. Аз ин нуқтаи назар дар принсипати Август чизи муҳим ҳамон унсурҳо ва тарафҳое буданд, ки аҳамияти онҳо дар гузашта ба ҳисоб гирифта намешуданд: мақоми баланди сенат, сиёсати муҳофизакоронаи иҷтимоӣ, кушиши барқароркунии оила ва одатҳои кӯҳна, ки аз рӯи натиҷаҳои бевоситаи худ хеле ночиз, вале аз назари идеологӣ муҳим буданд. ва, ниҳоят, сиёсати хориҷӣ, ки он тамоилои забткоронаи даврони Ҷумҳурӣ идома дода буд.

Шахсияти Август дар таърихнигорӣ бештар дар асоси муқоиса бо Юлий Сезар ва падарандари ӯ баҳогузорӣ мешавад. Дар ин кор одатан қайд карда мешавад, ки Август чун ӯ истеъдоди ҳаматарафа надошт, гарчанде, ки қобилияти фавқулоддаи арбоби давлатиаро дар ӯ эътироф менамуданд. Аз афти кор, сирри муваффақияти Август ҳисси сиёсии бехато ниҳон буд, ки ба ӯ имконият фароҳам овард ҳамеша ниҳоят аниқ эҳсос намояд, ки ба аз ӯ чиро интизоранд. Барои ин ба ҳамаи ғояю кайфиятҳое гӯш медод, ки, тавре дар урфият мегӯянд, дар ҳаво парвоз мекунанд. Сиёсати ӯ аз моҳияти мунтазам амалӣ намудани як навъ доктринаи абстрактии сиёсӣ орӣ буд, вале ба хатарҳои мушаххас, ки аз тарафи замон ба миён гузошта шуда буд, ҷавобгӯ ба назар мерасид. Ҳаётро ҳамчун намоишнома (спектакл) , бозӣ қабул карда, ӯ ягон бор аз нақши худ берун набаромадааст ва асоси боэътимод дошт, ки аз ӯҳдаи пъесаи ҳаёти худ баромадагӣ ҳисобад. “Агар мо хуб бозӣ карда бошем, дар ин сурат чапакзанӣ кунед, ва моро бо орзуҳои нек гуселонед” – чунин аст, агар ба биографи Августи Светоний, ки суханони охирини ба дӯстонаш нигаронида буданд. 19 августи соли 14 солш.мо ӯ дар шаҳри Ноли Кампания ба 77-солагӣ каме аз як моҳ нарасида вафот мекунад.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.