Империяи Рим дар ахди Тиберий

Ҷойгири Август Тиберий (солҳои 14 – 37) мешавад, ки мавсуф писари завҷаи Август Ливия аз никоҳи аввал бо Клавдий Нерон буд. Аз афти кор ӯ барои принсепс меросхури муроди дил набуд, вале марги барвақтаи ҳамаи довталабонро ба тахту тоҷ – ҷияни Август Марселла, дӯсти ӯ Агрипп, писарони Агрипп ва Юлия (духтари Август аз Скрибонияи никоҳи дуюми ҳамсараш) Гай ва Лутсий, писари хурдии Ливия ва Друз – ӯро маҷбур сохтанд, ки меросхӯри худ номзадии писарандари калониро нишон диҳад. Ҳокимиятро ба ягон нафари берун аз оила дода, Август, эҳтимол аз ин ҷиҳат чун италиягии матин рафтор карда, намехост ки меросхурро берун аз оилаи худ таъйин намояд. Барои ҳамин соли 4 Август Тиберийро писар хонд, ки ин вақт ӯ аз чил гузашта буд (Тиберий Клавдий Нерон, императори оянда соли 42 то милод таваллуд шудааст). Бо ҳамин ӯ аҳамияти сиёсии доиршавии аҳду паймони мазкурро таъкид менамояд

C:\Users\USER\Music\Агриппа.jpg
C:\Users\USER\Music\Клавдий Нерон.jpg
C:\Users\USER\Music\tib036.jpg
C:\Users\USER\Music\Germanicus.jpg

Марк Агриппа Клавдий Нерон Император Тиберий Германик

Ивазшавии ҳокимият дар империя. Даҳ соли охир принсипиати Август дар зери нишонаи идораи якҷояи бо Тиберий гузашт, тавре, ки ин корро Август ҳам аз сар гузаронида буд. Ҳамин тариқ, Тиберий принсипатро қабул менамояд. Ба Тиберий ҳокимияти трибун ва империяи олӣ, муҳимтарин салоҳияти ҳокимияти императорӣ дода шуда буд. Инчунин ӯ ба амалиётҳои ҳарбии артишҳои калонтарини Рим дар Дунай ва Рейн шахсан роҳбарӣ мекард, ки ин дараҷаи баланди боварии принсепро нисбати ӯ нишон медиҳад. Дар соли 13 милодӣ Август ва Тиберий дар якҷоягӣ сензи навбатии сенатро доир гардонида, рӯйхати онро тартиб доданд. Дар ин рӯйхат номи Тиберий низ буд, эҳтимол барои он, ки яку якбора баъди Август ва баъди вафоти ӯ дар соли 14 он бе ягон хел монеа ва шарт ба сарвари сенат (princeps cenatus) мубаддал мегардид.

Сарфи назар аз ин, барои он ки мартабаи нави Тиберий ба сифати ҳокими ягонаи давлат ва хонадони Сезарҳо то ҳолати ниҳоӣ асоснок карда шавад, қарори сенат зарур буд. Масъала дар бораи ҳокимиятро ба муҳокимаи сенаторҳо гузошта. Тиберий ҳаққонӣ мисли Август рафт чунки барои пешгузаштаи ӯ низ сенат сарчашмаи асосии ваколатҳои ҳокимият буд. Ба принсепси нав ваколатҳои ҳокимиятро дода, сенат баҷооварии эҳтироми императори даргузашта ғамхорӣ карданро фаромӯш накарда, ӯро ба қатори худоҳо гузошт. Ин иқдом аз нигоҳи таҳкими ҳолати Тиберий муҳим буд, зеро акнун ӯ чун Август писари худованд мешвад. Шаъну шарафхонь нисбати Ливия, ки =ро Август духтархонд васият карда буд. бештари онщо аз тарафи Тиберий щамчун аз щад зиёд бекор мекунад.

C:\Users\USER\Music\470x310_Quality99_91fb9c982cba7d23d2aae977de27508a.jpg
C:\Users\USER\Music\загружено.jpg

Шӯриши легионерҳо Лутсий Элий Сеян

Маҷлиси сенат 17 сентябри соли 14 барои Тиберий ҳамон хел аҳамият дошт, тавре ки воқеаҳои моҳия январи соли 14 барои Август. Он қарордоди Тиберияро бо сенат, ҳамроҳи муҳимтарин (ба ҳар ҳол аз ҷиҳати назариявӣ) дар идораи давлат ба аҳамияти калон молик буд. Вале агар сенат, дар маҷмӯъ, дигар хел ҷонибдорӣ мекард, пас нерӯи дигари сиёсӣ – артиш бар зидди кушише баромад мекард, ки вазъияти ивазшавии ҳокимиятро барои қонеъ гардонидани манфиатҳои корпоративии худ истифода барад.

Шӯриши легионҳои олмонӣ ва паннонӣ. Дар худи ҳамон соли 14 сарбозони легионҳои германӣ ва паннонӣ даст ба исён зада, ба баландшавии моҳона ва кам кардани мӯҳлати хизмат муваффақ шуданд. Ҳаракат махсусан дар самти Олмон хатар пайдо намуд, ки дар ин ҷо легионҳо мустақар гардонда шуда, онҳо ба талабот оид ба касбияти хизматиашон маҳдуд нашуда, ҷидду ҷаҳд ба он карданд, ки талабҳои алтернативӣ – номзад ба тахту тоҷи Рим сарфармондеҳи худ – Германикаро пешниҳод намуданд. Германик писари додари хурдии (соли 4) бояд ӯро писар мехонд. Писархонди Тиберий пешниҳоди аскаронро ба ҳокимияти императорӣ бо қаҳру ғазаб рад мекунад ва шахсан баҳри хомӯш кардани исён тадбирҳо андешид. Ба Тиберий маҷбур шуд, ки гузашт карда, талаботи шӯришчиён дар бобати баланд бардоштани моҳона ва кам кардани мӯҳлати хизмати сарбозон қонеъ гардонад. Маблағҳои пулиt (donativum), ки артиш рад карда буд, мувофиқи амри Август ду баробар зиёд карда шуд. Бояд зикр кард, ин гузашткуниҳо дер давом нкарданд. Тиберий онҳоро паиҳам бо тезӣ бекор мекунад, аз он ҷумла ду маротиба зиёд кардани моҳонаи сарбозонро низ. Минбаъд бошад, император ба легионерҳо ягон хел туҳфа намекард.

Тиберий ва “Ҳизби Германика”. Ҳукумати дарозмӯҳлати беш аз бистсолаи Тиберий бояд бе Август принсипати Август баробарвазн мешуд, вале мушкилиҳои субъективӣ хеле барвақт оғоз ёфтанд. Яке аз онҳо бо ихтилофҳо дар дохили сулола (фамилия)), аниқтараш мавҷудияти ду меросхӯри амиқ – ГОерманик ва Друз, писари ҳамтании Тиберий сахт алоқаманд буд. мушкилии дигар муносибати император бо ҷомеаи Рим мебошад. ки он барои Тиберий аз аз худи аввали ҳукмронии ӯ наонқадар хуб сурат мегирифт Ба тахту тоҷ соҳибшавии ӯ бе овозаю дарвоза нагузаш. Гӯё,ки марги Август табиӣ набудааст, ҳокими ҳафтоду ҳафтсола, ки бо саломатии оҳанин аз дигарон фарқ намекард, барои ҳамин барои вафот карданаш кӯмаки касе аз берун лозим будааст. Наметавон гуфт, ки Тиберий дар , махсусан дар солҳои аввали ҳукумати худ баҳри шикастани муносибати манфии ҷомеаро нисбати худ коре накардааст, вале он коре, ки ӯ карда буд, кифоя набудааст.

Муносибатҳои тезутунд дар байни Тиберия ва “Ҳизби Германика” ҳангоми сафари хидматии охирин ба Шарқ барои бартараф намудани бӯҳрони навбатӣ дар байни Рим ва Порт бараъло ошкор гардиданд. Дар байни Германика ва ҷонишини ӯ – легети (яъне ноиби) Сурия – Гней Калпурин Пизон, ки ба “ҳизби принсепс” мансуб буд, , низоъ ба миён омад, ки эҳтимол меравад, ки дар натиҷаи фарқияти фаҳмиши сиёсат дар Шарқ ба амал омада бошад. Германик дар ин замон ғайричашмдошт бемор мешавад ба Пизон мефармояд, ки Сурияро тарк кунад ва ӯ ин имрро иҷро карда, дар лаҳзаи охирин намоиши шаҳрвандони Антиохияро пароканда кард. Ба кирдори худ ва ҳамсари ӯ ба тарафи худ гумони заҳр додан ба Германикро ҷалб намуд. ки ӯ 10 октябри соли 19 вафот мекунад. Дар соли оянда дар Рим аз болои Пизон ва ҳамсари ӯ Плансик мурофиаи судӣ баргузор гардид. Ғайри аз заҳрдиҳӣ ба гардани Пизон гуноҳи итоат накардан ба сардор, дасткашии тарккунӣ аз музофот ва кушиши ба даст овардани он тавассути қувва бор карда шуд. Гунаҳгоркунӣ ба заҳрдиҳӣ исбот карда нашуд,вале дар кирдорҳои дигар тарафи ҳимоя қудрат надошт,ки ба далелҳои гунаҳгоркунандагон далелҳои даркорӣ пешниҳод карда шаванд. Пизон то ба иҷро расонидани ҳукми суд худкушӣ мекунад.

Нақши сарвари ҷонибдорони собиқи Германикро ҳамсари набераи Август Агриппинаи Калонӣ мегирад. Фаҳмост, ки ӯ ба ҳокимият даъво карда наметавонист ва ба манфиати писаронаш –Нерон, Друз ва Гай (императори оянда Калигула) амал мекунад. Вазъияти хонадони Германик махсусан баъди он. ки дар соли 21 писари ҳамтании Друз вафот мекунад, мустаҳкам мешавад. Аз Друз ба Тиберий набера Гемелл боқӣ монд, вале писарони Германика, ки низ писарони принсепс ба ҳисоб мерафтанд, синашон калонлтар буд, аз ҳамин нуқтаи назар ба мақоми меросхӯрон беҳтар рост меомаданд.

Дар ин лаҳза ба муборизаи гурӯҳбанди дарборӣ барои ҳокимият ва нуфуз одаме дахолат мекунад, ки мехост вазъиятро ба манфиатҳои худ истифода барад. Қумандони преторианиҳо Лутсий Элий Сеян дӯсти Тиберий буд ва бечуну чаро Тиберий нисбати ӯ эътимод дошт. Дӯстии онҳо ҳанӯз дар замони Август оғоз ёфта буд, вақте ки Тиберий маҷбур буд дар ҷазираи юнонии Родос дар бадарғагӣ қарор дошта бошад. Ба сари ҳокимият омада. Тиберий Сеянро префекти преторианӣ таъин карда, ба ӯ ҳифозати худро бовар кард. Маҳз Сеян мувофиқи шаҳодати сарчашмаҳо Тиберийро бовар мекунонад. ки масъалаҳои сулолавиро ба воситаи қувва ҳал намояд, ба таври ошкороъди ин тақдири оилаи Германк ҳал мешавад. Солҳои 29 – 30 Агриппа ва писарони калонии ӯ Нерон ва Друзро ба бадарға фиристод ва баъди чор сол ягон нафари онҳо зинда намонд. Танҳо писари хурдии Германика ва Агриппа ҷон ба саломат бурд. Гай, ки бо ҳамроҳии Тиберий дар мулки ӯ дар ҷазираи Кипр зиндагӣ мекард ва император аз он ҷо соли 26 ба Рим бармегардад.

Сеян ва истифодаи қонун дар бораи таҳқири бузургӣ. Оилаи Германикаро маҳв сохта, Сеян ба манфиатҳои худаш низ амал мекард: вазъияти сарбастаи сулолавӣ умеди ӯро барои зада гирифтани ҳокимят афзун менамуд, Вале ин умеди ӯ насиби ҷомаи амалпӯшӣ нагардид. 18 октябри соли 31 Сеян аз вазифааш сабукдушкарда дар вақти доиргардии маҷлиси сенат ба ҳабс гирифта шуда ва худи ҳамон рӯз ба қатл расонида шуд. Баъди ин нест кардани тамоми оилаи Сеян ва мурофиаҳои сершумори судии зидди онҳое сурат гирифтанд, ки мувофиқи император шарикони префекти қатлшуда буданд.

Таъқиби шарикони Сеян, ҳақиқӣ ва бофта дар асоси қонун дар бораи таҳқири шахсони бузург ( Iex kacsic majestatus) сурат мегирифт. Чунин қонунҳои нахустин дар замони Ҷумҳурӣ пайдо шуда буданд,вале дар баробари барпо намудани принсипат ин қонунҳо сифати нав пайдо намуданд. Ғайр аз хиёнати мазкури давлатӣ ҳар гуна зуҳуроти бесадоқатӣ,гуфторҳои танқидкорона ба суроғаи принсипат дар шакли хаттӣ ё шифоҳӣ баёнёфта ва ғайра ба пердмети амали ҳамин қонунҳо дохил карда мешуданд. Ҳамин тариқ, аз он ҷумла, дар соли 25 таърихнигор Кремутсий Корд ба ҷавобгарии судӣ кашида мешавад. Гуноҳи ин олим дар он зуҳур ёфта будааст, ки дар рисолаи худ Корд дар бораи Юлий Сезар бе шаъну шарафи барои замон хос, ба қотилони ӯ Брут ва Кассий баҳои мусбат додааст. Бо сабаби он, ки аз тарафи суд маҳкумшавӣ ногузир буд. корд худкушӣ мекунад. Дар мурофиа ба сифати айбдоркунанда клинтҳои Сеян баромад мекунанд. Ки он вақт ҳанӯз соҳибқудрат буд.. Ин амал дар бораи он шаҳодат медиҳад, ки мурофиаи зидди Корд дар идораҳои олитарини ҳокимият таҳия гардида буд: Тиберий агар тайёр кардани ин мурофиа бевосита иштирок накарда бошад ҳам, аз амалҳои Сеян бохабар буд ва ӯро дастгирӣ ҳам мекард. Ин, дар навбати худ, имконият медиҳад ба мурофиаи Корд ҳамчун акси садои танқиди режими принсипат нигоҳ кард, ки дар замони салтанати дуру дарози Август таҳким ёфта, бар зидди озодии баён поход ташкил намуда, бо ҳамин симои ҳақиқии худро нишон медиҳад.

Вазъият дар музофотҳо ва сиёсати хориҷӣ. Вақте ки дар пойтахт воқеаҳои фоҷеабори дар боло баёнёфта сурат мегирифтанд. Ҳаёт дар музофотҳо ба ҳоли худ сурат мегирифт. Вазъият дар онҳо дар тули тамоми салтанати Тиберий, дар маҷмӯъ, ором ба назар мерасид. Танҳо баъзан оромии Империя бо даргирии норозигии музофотиҳо вайрон карда мешуд, аз қабили шӯриши соли 21 ё таҳдид аз берун. Масалан солҳои 34 – 36 дар муносибатҳои байни порт ва Рим бӯҳрони ҳарбӣ сар зад. Нихарҷ медоданд, ки таъсири худро дар ин минтақаи аз ҷиҳати стратегӣ муҳими ҷаҳон мустаҳкам намоянд. Ба Тиберий муяссар шуд. ки дар Арманистон таъсири Римро таъмин намуда, ба тахти подшоҳии Арманистон яке аз сулолаҳои ба Рим вобастаи шарқӣ шинонад, вале бозӣ дар атрофи тахту тоҷи Порт бенатиҷа анҷом меёбад. Порт мисли пештара қувваи бузургтарин буд, дар муқобили Рим дар Шарқ.

Дар ғарб дар оғози ҳукумати Тиберий (солҳои 14 – 16 баҳри оғози лашкаркашӣ ба Германия (Олмон) кушише ба харҷ дода шуд. Ташаббускори ин лашкаркашӣ Германика буд, ки ин вақт дар Рейн қарор дошт. Ба ӯ муяссар шуд, ки баъзе муваффақият дошта бошад ва бе ягон муҳобот дар бораи аҳамияти он ба Рим нома менависад, ки баҳри пурра тобеъ кардани қабилаҳои германӣ ба ӯ як маъракаи ҷангӣ кифоя аст. Вале Тиберий қарори дигар қабул мекунад. Ӯ ҷиянашро ба пойтахт даъват карда, бо триумф мукофотонид ва саросемавор ба ҷониби Шарқ раҳсипор шуд, ки ӯ дигар аз он ҷо барнагашт. Гарчанде дар амалҳои император баъзан бар зидди Германика мақсади бадхоҳиро мебинанд, шояд ҳама чиз дар фаҳмиши гуногуни ҷараёни воқеаҳо ва меросхӯри расмии мақсадҳои сиёсати хориҷии Рим ва баҳои гуногун додани ӯ ба имкониятҳои давлати Рим ниҳон бошад.

ҲУКМРОНИИ ИМПЕРАТОРОН – МЕРОСХӮРОНИ ТИБЕРИЙ:КАЛИГУЛА, КЛАВДИЙ, НЕРОН

Император Тиберий 16 марти соли 37 дар бустонсарои худ дар Мизен аз дунё чашм пӯшид. Дар солҳои охирини ҳаёташ ӯ худро аз корҳои давлатӣ хеле хаста ҳис мекард, ки онро бемории мезантропияи (аз калимаи нафрат гирифта шуда, гирифтори он аз ҷомеа ҷудо шуда, нисбати инсон нафрат пайдо мекунад ва аз ин лаззат ҳам мебарад) дардовари дар пиронсолӣ хуруҷкарда боз ҳам зиёд менамуд. Тиберияро нафрат ба ҳаёт ва мардум фаро мегирад. Аҷибаш ин аст, ки ӯ дар бораи меросхӯри тоҷу тахт тамоман ғамхорӣ накардааст. Аҷаб нест, ки барои ӯ фарқ надошт, ки салтанати ӯро кӣ мерос мегирад, бинобар ин, баъд аз маргаш ин масъаларо ба ҷои ӯ дигарон ҳал карданд.

C:\Users\USER\Music\TIBERII_Gemell1.jpg
C:\Users\USER\Music\Гай Калигула.jpg
C:\Users\USER\Music\Клавдий.jpg

Тиберий Гемелл Гай Калигула Клавдий

Довталабони воқеӣ ду нафар буданд: набераи ҳамтании Тиберий – Тиберий Гемелл ва писари хурдии Германика ва Агриппина – Гай, ки бештар бо номи Калигула маълум аст. Тахаллуси Caligula (аз лотинӣ “музадуз” – “caliga” – “муза”)-ро ӯ дар кӯдакиаш. Вақте ки бо ҳамроҳии падараш дар урдугоҳҳои ҳарбии Рейн музаҳои аскариро мепӯшид. Ҳарду довталаб ҳам ҳанӯз ҷавон буданд. Гай 24-сола ва Гемал бошад, аз ӯ ҳам хурдтар буд. Қумандони горд Суторий Макрони дар ин вазифа Сеянро ивазкарда Гайро дастгирӣ мекунад ва Гемалл, сарфи назар аз васияти Тиберий аз меросхӯрӣ бартараф карда мешавад. Ҳамин ки ба сари қудрат омад, Гай ҳамон лаҳза Гемеллро писар мехонад ва бо ҳамин ояндаи сулоларо аз тасодуфиҳо кафолат медиҳад.

Ҳукмронии Гай Калигула (солҳои 37 – 41). Ҳашт моҳи аввали ҳукумати Гай оромона сипарӣ шуд, вале баъд император то он дараҷае тағйир ёфт, ки дар ҷомеа рӯҳия дар бораи девонагии ӯ муқаррар гардид. Агар ҳамин тавр бошад, пас мумкин ин сабаби хуруҷи асабоният аз беморие буд, ки Гай каме пештар аз ба сари қудрат баромадан аз сар гузаронида буд. Чӣ тавре ки набошад, Калигула фармуд, ки Макрона, ҳамсари ӯ ва шахсони дигаре, ки дар ба сари ҳокимият омадани ӯ мусоидат кардаанд, ба қатл расонида шаванд. Инчунин фармон дод, ки Тиберий Гемелла нест карда шавад. Ин кушторҳо,тавре ки воқеаҳои минбаъда нишон доданд, чакрае буданд нисбати таъқиботи васее, ки қурбонии он шахсони бадбахти ба ӯ нолозим ва ё қаҳру ғазаби принсепсро ба вуҷуд оварда буданд. Яке аз сабаби доман паҳн кардани куштор мешавад, сарватманд шудан аз ҳисоби аз ҳисоби дороиҳои қурбоншудагони худ буд: карру фари беканори дарбор Калигула хеле бо тезӣ он ду миллиарду ҳафтсад миллион сестерсро, ки (яъне аз хазинаи император) пешгузаштаи ӯ ин қадар эҳтиёткорона аз андоз ҷамъ карда буд, фуру мебарад ва баъди ин режим дар ҳолати шикасти молиявӣ қарор гирифт.

Аз зулму бедодгариҳои Калигула на танҳо римиҳо сахт зарар диданд, инчунин халқҳои дар зери ҳокимияти ӯбуда низ. Император, аз он ҷумла, ост, ки аз яҳудиҳо кохи Байтулмуқаддасро кашида гирифта. бо ҳамин онро ба кохи худ табдил бидиҳад, вале ба ӯ муяссар нашуд, ки нияти худро амалӣ созад.

Баъзе кирдорҳои Калигуларо фаҳмонидан муҳаққиқони муосирро ба роҳи сарбаста ворид месозад. Талаби Гай дар бораи ӯро ҳанӯз ҳангоми дар қайди ҳаёт ҳамчун худо эътироф кардан, ки ин амал барои Рим воқеаи гӯшношунидае буд, фаҳмидан мумкин аст. зеро император кушиш мекард то ҳадди охирин баланд бардорад, вале ба сенат ва принсепс баровардани аспи дӯстдоштааш ва кирдору рафтори дигари ба ин қабил монанд аз ҳаргуна фаҳмиши инсон берун мебошанд.

Акси садои ҷомеа нисбати ин роҳ сӯиқасдҳое шуданд, ки яке аз онҳо дар муҳити ҳарбиён ба амал омадааст. Дилу ҷони тадбир фармондеҳи легионҳои дар Шимоли Олмон (Германия) мустақарбуда Ленгул Гетулик, лашкаркаше, ки сазовори эҳтироми баланди сарбозони худ гардида буд. Ғайричашмдошт ба Рейн омадани император ҳамаи нақшаҳои сӯиқасдчиёнро вайрон кард. Ленгул Гетулик қатл карда мешавад. хоҳарони Калигула, ки низ дар сӯиқасд иштирок карда буданд, (соли 39) бадарға карда шуданд. Исёнро дар ариш пахш карда, Калигула ба Олмон лашкар мекашад. Дастаи аскарони Рим ба соҳили рости Рейн гузашта, ким-кадом чанд нафар варварҳои дар наздикибударо асир мегиранд. Ин кор кифоя буд, ки дар баробари ба Рим баргаштан дар соли 40 сенат ӯро бо триумф мукофотонид, вале ӯ аз ин мукофот даст кашида, танҳо ба ҳамду санои оддӣ (аз лот. “ovation”, яъне триумфи пиёда) маҳдуд мешавад.

Норозигӣ аз сиёсати Калигула ё, аниқтараш мавҷуд набудани ягон хел сиёсат ба сар задани сӯиқасдҳои нав оварда мерасониданд. Яке аз онҳо муваффақият пайдо намуд. 24 январи соли 41 сӯиқасдчиён, ки дар қатори онҳо афсарҳои преторӣ низ буданд, бо роҳи торик ба қасри Палатин гузашта, императорро қатл мекунанд.Баъди ду рӯзи байнишоҳӣ тахти холишударо Клавдий, амаки Калигула, ишғол менамояд.

Ҳукронии Клавдий (солҳои 41 – 54). Принсепси нав аллакай ҷавон набуда, аз 60 боло буд ва барои ҳокимияти олӣ инсони ба кор намерафтагӣ ҳисобида мешуд.Сарфи назар аз ин, ҳамин, ки ба сари тахти ҳокимияти давлатӣ баромад, Клавдий худро ҳокими соҳибистеъдод нишон дод. Ҳукмронии ӯ бо аз тарафи римиҳо ишғол карда шудани Британия дар соли 43 оғоз ёфт. Мавритания ва Фракия музофотҳои Рим эълон карда шуданд. Дар Остия, ки дарвозаи баҳрии Рим буд, соли 42 бандари нав сохта шуд. Сенат бо намояндагони ашрофони имтиёзноки галлӣ пурра карда мешавад ва сокинони дигари ин музофот соли 48 ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ гирифтанд. Бояд гуфт, ки ғайр аз тадбирҳои оқилонаю бунйдкоронадар сарчашмаҳо дар бораи маълумоти зиёд дар бораи куштор дар замони Клавдий, сохтмони давлатӣ ва таъқибот дар асри I солш.мо дар Рим мавҷуданд.

Ислоҳоти муҳимтарини Клавдий азнавсозии прокуратура (бо рисолати имрӯзаи ин мафҳум як набояд донист)-ро дар бар гирифта буд. Прокураторҳо ((prokuratopes) хизматчиёни империро меномиданд, ки саривақт ба фиск (ҳуҷҷат) дохил кардани андозҳои давлатӣ, идораи баъзе музофотҳои начандон калон ва моликияти бузурги император масъул буданд. Онҳо хизматгорони шахсии принсепс шуморида шуда, ва, асосан, ба озодӣ ҷавобдодагӣ буданд. Клавдий ба онҳо ба онҳо ҳуқуқи корҳои судию адлияро дода буд. ки ба манфиатҳои хазинаи император дахл дошта, ҳамин тариқ, мақоми онҳоро ба мақоми ашхоси мансабдори давлатӣ наздик гардонид. Аз ҳамин вақт сар карда дар ҳайатҳои онҳо намояндагони табақаи саворагон пайдо шудан мегиранд.

Азнавсозӣ инчунин дафтари (канселярияи) императориро низ фаро гирифт, ки он мақоми муҳимтарини идораи давлатӣ мегардад. Воридкунии тақсимоти дурусти ба шӯъбаҳо ворид карда шуд, ки муҳимтарини онҳо “шӯъбаи ҳисоб” ва “шӯъбаи мактубҳо” буданд, ки онҳо мувофиқан корҳои молия ва мукотибаи принсепсро пеш мебурданд – ва соҳаҳои бутуни давлатиро дар зери назорати худ доштанд. Роҳбарии шӯъбаҳоро шахсони ба озодӣ ҷавобдодаи Клавдий ба зима доштанд, ки дар байни онҳо Нарсисс ва Палегант ном амалдорон нуфузи нисбатан бештар дошта, ба соҳаҳои нисбатан муҳими идора роҳбарӣ карда ва нишонаҳои фарқкунанда преторӣ доштанд. Таъсиси идораи дурусти фаъолияти дафтар (канселярия) ҳавм зарур ва ҳам муфид буданд.вале аз ҳад зиёд боло бардоштани озодкардагон обрӯи Клавдийро дар байни ашрофони (элитаи) Рим зиёд накард.

C:\Users\USER\Music\валерия мессалина.jpg
C:\Users\USER\Music\агнебобабр.jpg
C:\Users\USER\Music\Нерон.jpg

Валерия Мессалина Доминитсий Агенобарб Нерон

Норозигӣ аз усули идораи Клавдий, ки, масалан, нисбат ба Тиберий аз ҷиҳати сахтгирӣ заифтар ва аз ҳамин сабаб обрӯяш низ пасттар буд, ки ин сабаби ба амал омадани якячанд сӯиқасд мкгардад. Акси садо ба онҳо аз тарафи припсесс ва наздикони ӯ дар ахборот дар бораи террор дар замони Клавдий низ баён ёфтаанд.

Бояд гуфт, ки наздикони Клавдий – либертиҳо ва занҳои – аввал Месселина ва баъд Агриппинаи Хурдӣ (духтари Германика ва Агриппинаи Хоҳари Калонӣ, хоҳари император Калигула) дар идораи ӯ нақши назаррас бозидаанд. Императорзан Валерия Мессалина соли 48 барои он, ки бо маҳбуби худ Гай Силий ба муқобили принсепс сӯиқасд тайёр карда буд, ба қатл расонида шудааст. Хонадоршавии Клавдий ба ҷияни ҳамтании худ Агриппина (император ба падари ӯ амаки ҳамтанӣ буд) танҳо ҳамон вақте имконпазир гардид. ки дар ҳуқуқи оилаи Рим тағйироти зарурӣ ворид карда шудки, ки он ҳолати сулолавиеро таъмин намуд, ки ҳолати замони Тиберийро ба хотир меорад. Аз никоҳи Агриппина бо Доминитсий Агенобарб писари Лутсий Доминитсий Агенобарб (императори оянда Нерон) ва аз они Клавдия Мессалина ду писар буд – Британник ва Октивия .мавҷудияти ду меросхӯри ҳақиқӣ ва ин дафъа ҳам дар доираҳои дарборӣ ҷудоӣ ба амал овард. Агрипинна фишори шадидро ба пеш писари худро тела медиҳад. Дар ин кор ба ӯ мирзои бонуфуз ( a rationibus) Паллант кӯмак мерасонад.

Агриппина муваффақ ба он шуд, ки ризоияти Клавдияро барои бастани ақди никоҳи Октавияро бо писари ӯ бигирад.: соли 49 дар ин бора аҳду паймон карда шуда, баъди чор сол сипарӣ шудан тӯйи онҳо ороста мешавад. Дар соли 50 Лутсий Доминитсий Агенобарб аз тарафи принсепс писар хонда шуд ва барои авлоди Клавдий номи анъанавии Нерон ва Друз (Нерон Клавдий Друз Германик)-ро мегирад.

Ҳукмронии Нерон. (солҳои 54 – 68) Баъди марги Клавдия, ки шояд табиӣ набуд, зеро овоза паҳн шуд, ки Агриппина шавҳари худро дар лаълии замбуруғ заҳр дода куштааст. Нерон соли 54 ҳамчун император тоҷгузорӣ карда мешавад Мисли ҳукумати Калигула принсипати Нерон ба ду қисмат тақситм мешавад: панҷ соли аввал бо сиёсати бунёдкорӣ ва мулоҳизакорона, муносибатҳои хуб бо сенат ва ҷомеаи Рим, бо муваффақиятҳои калони ҳарбию сиёсӣ гузаштанд. Дар солҳои 58 – 59 қӯшунҳои Рим ҳарду пойтахти Арманистон – Артаксата ва Тигранокартро ишғол мекунанд. Дар Британия ноиби ин музофот Светоний Паулин солҳои 59 – 60 ҳаракати калони қабилаҳои маҳаллиро, ки ба он Боудикка – маликаи қабилаи исенҳо, роҳбарӣ мекард, пахш мекунад.

C:\Users\USER\Music\Британик.jpg
C:\Users\USER\Music\Паулин.jpg
C:\Users\USER\Music\Боудикка.jpeg

Британик Светоний Паулин Боудикка

Оғози бомуваффақияти ҳукумати аз бисёр ҷиҳат аз он сабаб рух дод, ки Империяро ба ҷои Нерон дигарон идора карданд. Император ҳанӯз ниҳоят хурдсол буд – ҳангоми ба тахт нишастан ӯ ҳамагӣ 17-сола буд – ва вазнинии ҳокимиятро ба худ модараш Агриппина, устоди Нерон файласуф Сенека ва префекти преторий Африний Бурр мегиранд. Сиёсати “Панҷсолаи тиллоӣ” даро асл сиёсати Бурр ва Сенека буд. Он вақт Агриппина асосан ба бартараф кардани онҳое машғул буд, ки, тавре ба назари ӯ менамуд. Ба ҳокмияти писараш таҳдид мекунад.

C:\Users\USER\Music\Сенека.jpg
C:\Users\USER\Music\Марк Сальвий Отон.jpg
C:\Users\USER\Music\Агреппина.jpg

Сенека Марк Салвий Сабина

Марҳалаи гардид дар соли 59 ба амал омад, вақте ки Нерон дар бораи қатли ваҳшиёнаю гӯшношунида модараш фармон медиҳад. Агриппина зани дорои хулқи пурзур буда, ҳокимиятро дӯст медошт и кушиш ба он харҷ мекард. ки тамоми корҳои писари олиҷаноби худро дар зери назорати худ дошта бошад. Неронро то чанде пуштибонии модар ба тарафи худ мекашид ва дар ин ҳолат Агриппина намоишкорона ба Британник, ки ӯ бояд ба наздикӣ ба балоғат мерасид, наздик мешавад. Азми Агриппина, бегуфтугу, дар назар дошт, ки ба Нерон фишори равонӣ орад. Император дар ҳақиқат аз ин воқеа сахт тарсид. Ӯтарсид, ки Агриппина ва Британник аз қӯшун ёрӣ мепурсанд, вале соли 55 писари ҳамтании Клавдия ногаҳон вафот мекунад. Эҳтимол меравад. ки ӯро бо фармони Нерон заҳр дода кушта бошанд, ки шояд дар ин бора Бурр ва сенека дарак доштанд.

Ихтилофи нав соле рух дод, ки Нерон бо Помпей Сабина, ҳамсари Марк Салвия Отон ва хонуми аълодараҷаи замонавӣ шиносоӣ пайдо мекунад. Лаҳзае нагузашта дар байни Нерон ва Сабина ишқварзӣ оғоз меёбад, Отон бошад, ба канораи дурдасти Империя барои идораи Лузиганиса (музофоти Рим дар қаламрави имрӯзаи Португалия) фиристода мешавад. Нерон хост, ки Сабинаро ба ақди никоҳи худ дарорад, вале Агриппина ба ин қатъиян мебарояд. Иттифоқ бо Октавия аз дидгоҳи бо сабабҳои сиёсӣ муҳим буд. Октавия духтари Клавдий ва ҷияни лашкаркаши номдор буд, Германника бошад, тимсоли давомнокии сулолавии ҳокимиятро ифода менамуд. Ӯро римиҳо ниҳоят дӯст медоштанд ва шикастани ақди никоҳ бо вай бечунучаро ба обрӯю эӯтибори император иснод ворид карда метавонист, вале Нерон тасмим гирифт, ки дар ҳар сурат бо Сабина ба ақди никоҳ медарояд. Он чӣ ки ба Бурр ва Сенека дахл дорад, онҳо дар ин никоҳ вазъияти абадӣ халосшавӣ аз ин рақиби пурхатари сиёсиро диданд, ки Агриппина воқеан ҳамин хел рақиб буд.

Мувофиқи нақшаи аввал куштор ҳанжгоми саёҳати баҳрӣ бояд воқеаи тасодуфӣ ба назар мерасид, императорзани бевамонда аз об шино карда, ҷон ба саломат мебарад. Баъд ба бустонсарое, ки ӯ панаҳ мебурд, дастаи сарбозҳои флоти Мизенро фиристода мешавад. Барои он, ки як кор карда. ба афкори ҷамъиятӣ фаҳмонда шавад. ки бо кадом сабаб Агриппина маҳва карда шуд, ки марҳум мехост ба ҷони принсепс сӯиқасд ташкил намояд. Сенат бо сабаби халос шудан аз хатар Неронро табрик карда, ба худоҳо барои наҷоти ӯ ташаккур баён кард, вале дар паси акси садои расмӣ маҳкумкунии якдилонаи римиҳо бо ин ҷинояти мудҳиш ниҳон буд. Аз тарафи дигар, Нерон зарбаи сахттарини равониро аз сар гузаронид, ки он дар фаъолияти ӯ гардишро ба вуҷуд овард. Буҷуръатии сенат ӯро бовар кунонид, ки ба ӯ ҳама кор мумкин будааст. Мушофирони қаблиашро дар назди худ нахоста, ки мустақилияти ӯро маҳдуд мекарданд, Нерон соли 62 Сенекаро аз дарбор дур кард. Чанде пеш ногаҳон Африний Бурр вафот мекунад, ба ҷои ӯ император якбора ду нафарро таъин карда, фармондеҳии артишро дар байни онҳо тақсим намуд. Ҳамин тариқ, соли 62 бо боварии том метавон гуфт, ки идораи мустақили Нерон оғоз ёфтааст.

Соли 62 мурофиаҳои оид ба таҳқири бузургон аз нав оғоз меёбанд. Ташкили онҳоро Софоний (ё Офоний) роҳбарӣ мекард. Типеллин, яке аз ду нафари аз нав префекти преторий таъингардида буд, ки, минбаъд мушовири боваринок ва ёрдамчии наздиктарини Нерон мешавад. Соли 63 аз Октавий ҷудо шуда, бо Помпей ақди никоҳ мебандад. Октавия ба бадарға фиристода шуда ва баъд қатл карда мешавад. Соли 64 нахустнамоиши император дар саҳна баргузор мегардад: Нерон ба театр назм ва мусиқӣ аз овони ҷавонӣ боз шуғл меварзид. Вале аз минбар дар назди тамошобинон танҳо имрӯз ҷуръат пайдо намуд. Вале намоиш дар Рим нею дар Неапол баргузор шуд. Ин шаҳрро, ки аз тарафи мустамликачиёни юнонӣ дар асри I солш. м. бунёд карда шуда буд, баъзе махсусиятҳои тарзи зиндагии эллинистиро нигоҳ дошта буд, бинобар ин, аз афти кор барои баромади Нерон ҷои муддаои дил буд. Муваффақияти пурмағал баромадани нахустини ӯ ба саҳна дар ӯ хоҳиши устувор барои баромадан ба сафари ҳунариро ба Юнон ба вуҷуд овард, вале ба ин сухтори калон дар Рим халал расонид.

Дар худи ҳамон сол,вақте баромади ӯ дар назди омма баргузор гардид, Рим ба бадбахтии даҳшатнок – сухтор гирифтон шуд, ки он якчанд рӯз давом карда, кӯчаю гузарҳои зиёди онро ба хокистар табдил ёфт. Ба он нигоҳ накада, ки ҳукумат барои хомӯш кардани тадбирҳои таъҷилӣ андешид ва ба зарардидагон кӯмак расонид, ҷомеа рух додани ин воқеаро якдилона ба зимаи император гузошт. Баъди қатл кардани модараш ӯро ба ҳар гуна ҷиноят қодир ҳисобиданд. Овоза паҳн шуд, ки намуди шаҳри азизи дар доми оташ аланга зада месӯхт, бояд Неронро, ки дар бораи марги Троя достон навиштааст, бояд илҳом бахшада бошад. Якбора баъди сухтор оғоз кардани сохтмони қасри нави пуршукӯҳ, ки он бо номи “Қасри Тиллоӣ” (domus aureus) ном дорад, мисли равғанро ба оташ партофтагӣ шуд. Мегуфтанд, ки саривақт ба амал омад, чунки Нерон барои ин бино заминро арзонака харадорӣ кард. Сарфи назар аз ин, ӣояд таъкид кар, ки Рим худаш оташ гирифта буд ва чунин сӯхтор дар ин шаҳр тез-тез рух медод.

C:\Users\USER\Music\Тигелин.jpg
C:\Users\USER\Music\ГАльба.jpg
C:\Users\USER\Music\луций.jpg
C:\Users\USER\Music\виндекс.jpg

Тигеллин Галба Лутсий Виндекс

Дар соли 65 бар зидди Нерон сӯиқасд ошкор карда шуд. Сӯиқасдчиён, ки дар байни ҳайати қумандонони гурд ҷонибдори бисёр доштанд, аз он ҷумла яке аз ду префекти претория. Фения Руф дӯсти ӯ Тигеллин ният доштанд, ки ҷавони баромади ашрофидошта Калпурин Пизонро ба тахт императорӣ шинонад. Аз ҳамин сабаб сӯиқасди соли 65-ро оддӣ карда, сӯиқасди Пизон меноманд. Дар рафти тафтишот шахсони зиёде аз он ҷумла хайрхоҳони нақшаи сӯиқасдчиён низ ба айбдорӣ гумонбар ҳисобида шуданд. Дар байни онҳо собиқ устоди Нерон, файласуф Сенека низ буд. ки маҷбур шуд даст ба худкушӣ занад. Ин тақдир ба сари ҷияни шоир Аннея Лукана ҳам омад, ки. ба муваффақияти эҷодии ӯ император кайҳо боз ҳасад мебурд (воқеан таърихнигор Татсит Луканаро дар байни иштирокчиёни сӯиқасди соли 65 ном мебарад), ва Гай Петрониро, ки муаллифи эҳтимолии романи”Сатирикон” буда, дар дарбори Нерон вазифаи мушовирро оид ба масъалаҳои санъат ва адабиёт иҷро менамуд. Худи ҳамон сол император бори нахуст дар назди тамошобинони баромад кард, ки онҳо қаблан ӯро на дар нақши актёр, балки дар нақши чархсоз.Ин шикастани гӯшношунидаи анъана: касби актёр дар Рим машғулияти беобрӯ буда, масалан, ба он метавонистанд одамони ба озодӣ ҷавобшудагон машғул шаванд, вале на императори Рим. Гарчанде халқи оддии пойтахт ба Нерон чапак зада, ҳамду сано хонданд, аксарияти аҳолӣ аз кирдори нави принсепс худро ниҳоят таҳқиршуда шумориданд.

То ин вақт режими Нерон пурра аз дастгирии ҷамъиятӣ маҳрум шуда буд ва дар амал рӯ ба аз байн рафтан карда буд,гарчанде, ки принсепс пурра ба ба завқи худро ба санъат дода, инро эҳсос намекард. Дар солҳои 66 – 67, ниҳоят, ӯ тавонист ба сафари кайҳо боз дар қалби худ парварида ба сафари Юнон барояд. Барои ин Нерон аз давлатҳои лотинӣ , Корбулон тадбирҳои сахттарини ҷавобӣ андешид ва ҷанг бо муросои барои ҳарду тараф қабулшаванда анҷом ёфт: ҳокими Арманистон бародари шоҳи Порт Тиридат мешавад, вале соли 66 диадем (рамз)-и шоҳиро аз дасти Нерон гирифта, бо ҳамин истиқлолияти Римро бар худ эътироф менамояд.

МАРГИ НЕРОН ВА АНҶОМИ СУЛОЛАИ ЮЛИЙҲО –КЛАВДИЙҲО

Моҳи марти соли 68 дар Галлияи Лутдукк (музофоти Рим дар қаламрави имрӯзаи Фаронса бо марказаш шаҳри Лион) ҳаракати зидди Нерон оғоз меёбад. Сардори он намояндаи ашрофи романишудаи Галлия ЮлийВиндекс буд. Хеле бо суръати тез шумораи ҷонибдорони ӯ ба 100 ҳазор нафар мерасад. Гарчанде нерӯи асосии ҳаракатро галлҳо ташкил мекарданд сарвари он бошад, пайдоиши худро ба зурёти шоҳҳои аквитанӣ нисбат медод, ин ҳаракат бар зидди Рим нигаронида шуда буд, тавре ки дар боло гуфта шуд, муқобили Нерон.

Виндекс бо ноиби испанӣ Лутсий, Сервия Галбой робита барқарор кард, ки ӯ хеши хеле дури Ливий, ҳамсари Октавин Август буд. галба худро “легати сенат ва халқи Рим” (legatus senates populique Romana) эълон кардабо ҳамин аз зери тобеияти Нерон баромад. Заифии ҳаракати Галба, чун шӯриши Виндекс, дар тарафи шӯришгарон мавҷуд набудани шумораи басандаи артиши мунтазам: нерӯҳои асосии артиши Рим дар ғарб дар Британия ва қадқади Рейн, дар музофот Олмони (Германияи Боло ва Поён марказонида шуда буданд.

Ин вақт мутаҳаррике ки як вақтҳо Август барои дифоъ аз шӯришҳои галлҳо ташкил карда буд, ба кор омад: дастаҳои Виндекс аз тарафи легионҳои ноиби Олмони (Германияи) Болои Вергиния Руф торумор карда шуданд. Вале ин вазъияти Неронро беҳтар накард, зеро легионерҳо Вергиния Руфро император эълон карданд. Вале ӯ аз ин вазифа даст мекашад, вале баъди Галба худро “легати сенат ва халқи Рим” эълон мекунад.

C:\Users\USER\Music\Клавдий.jpg
C:\Users\USER\Music\калигула.jpg

Клавдий Калигула

Моҳҳои охири дар сари ҳокимият буданаш вазъияти Неронро муаллифи “Тавсифи дувоздаҳ Сезарҳо” Светоний беҳтар баён сохтааст, ки мегӯяд: ӯ яке маъюс мешуд ва яке бе ягон сабаби ҷиддӣ аз маъюсӣ ба хурсандӣ мегузашт, тавре ки душманони ӯ аллакай шикаст хӯрда, ба зери пойҳои ӯ партофта шуда бошанд. Қобилияти фикрҳои худро вақти зиёд дар дар сари як масъала марказониданро гум карда, ӯ метавонист дар ҳар лаҳза аз корҳои муҳими давлатӣ даст кашида, ба тамошои ягон чизи беаҳамият равад, аз қабили орган ном ҳайвони обии дар ҷои қуллай қарордошта. Дар ин шароит префекти претория Нимифитсий Саӣин, ки дар ин вазифа Фения Руфи қатлшударо иваз карда буд, табаддулоти давлатӣ ба амал овард. Преторантҳо ба Галба савганд ёд карданд ва сенат Неронро душмани ватан эълон кард. . Ӯ аввал хост, ки фирор карда,аз шаҳр баромада равад, вала баъд пушаймон шуда, дар наздикиҳои Рим худкушӣ мекунад: Бо марги Нерон тобистони соли 68 сулолаи Юлийҳо-Клавдийҳо мавҷудияти худро қатъ намуд.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.