Пурзуршавии хокимияти император дар ахди Флавийхо

Баъди ҷанги начандон дуру дарози шаҳрвандӣ (солҳои 68 – 69), ки дар рафти он якчанд ҳокими ноӯҳдабаро (Галба, Отон, Вителий) иваз шуда, ба тахту тоҷро сулолаи нав – Флавияи ба таври боэътимод ишғол нумуд. Империяи якум аз хонадони Флавияҳо Тит Флавий Веспасиан (солҳои 69 – 70) баромади ашрофӣ надошта, аз шаҳраки сабинии Реат буд. Веспасианро ба сари ҳокимият қушуни зери фармондуҳии ӯ дар Яҳуд барои пахши шӯриши бар зидди Рим дар охирҳои принсипати Нерон (ҳамин тавр ном гирифтааст Ҷангм якуми Яҳуд) фиристода ва ба он легионҳои дар Дунаи мустақари Антоний Прима пайваста овард, ки барои Веспастиан дар муҳорибаи назди Кремон ғолибият ба даст оварда буд, ки низ ҳамчун муҳорибаи дуюми назди Бедриак (соли 69) маълум аст. Ҳокимияти Веспасианро ду писари ӯ – Тит (солҳои 79 – 81) ва Доминисиан (солҳои 81 – 96) давом медиҳанд.

C:\Users\USER\Music\titus.jpg
C:\Users\USER\Music\Гай Юлий цивилис.jpg
C:\Users\USER\Music\21.jpg
C:\Users\USER\Music\Император Тит.jpg

Тит ФлавийЮлий Сивилис Антоний Прима Тит Флавийи Хурдӣ

Веспасиан ва Тит. Чун Август, Веспасиан бояд баъди ба анҷом расидани ҷанги шаҳрвандӣ баҳри ором шудани вазъият ғамхорӣ зоҳир мекард. Зарур буд, ки таъҷилан хазина пур ва интизоми сиёсӣ дар артиш барқарор, карда шавад, сарҳадҳо мустаҳкам карда шаванд, ки ҳифзи онҳо бо сабаби ба дигар тараф ҷалб кардани қӯшунҳо ҳимоят аз хориҷи кишвар хеле заиф гардида буд. Ғайр аз ин, яҳудиҳое, ки дар охирҳои ҳукумати Нерон (соли 66) ӯшӯриш бардошта буданд, ҳоло ҳам муқобилият нишон медоданд. Дар музофотҳои Галлия ҳаракати қуввваҳое, ки барои ҷудошавӣ аз Империя бо сардории Юлий Сивилис, ки ӯ дар гузаштаи на он қадар дур афсари қӯшунҳои ёрирасони Рим буд, оғоз ёфта, точанде қувват мегирифт. Ҳаракати Сивилисро баъзан шӯриши батавҳо меноманд. чунки қувваи асосии онро ҷузъу томҳои қӯшунҳои ёрирасони Римро намояндагони ҳамин қабила ташкил карда, бар зидди Рим яроқ ба даст гирифта буданд. Ва, ниҳоят, боз яке аз объектҳои ғамхории император бояд шаҳри Рим мшуд, ки дар рафти сӯхтори соли 69 сахт зарар дида буд.

Ҳамаи ин вазифаҳоро император бомуваффақият иҷро намуд. Ба Васпасиан муяссар гардид, ки хазингаир аз ҳисоби сарфакории сахттарин, бекор кардани имтиёзҳо аз андоз, ки пешгузаштагони император ба баъзе вилоятҳои Юнон (Ахайя, Ликия, Родос, Византий, Самос) дода буданд, ва , аз ҳама муҳимаш – аз ҳисоби ҷорӣ карда шудани андозҳои нав, ки дар фикр карда ёфтани онҳо воқеан мӯъҷизаю ботадбирӣ зоҳир намуд. Масалан, ба андозбандӣ ҳоҷатхонаҳои ҷамъиятӣ низ фаро гирифта шуданд. Барои ин принсепсро бо заҳрханда даро ҷомеаи баландпояи Рим ва ҳатто писари Вестпасиан ҳам мазоқ мекарданд. Тит, сиёсати молиявии падарашра ба зери танқид гирифта, ӯро бовар мекунонд, ки андози бо ном машҳури худро, ки сабаби мазоқ гардидааст, бекор кунад. Сарфи назар аз ин, бояд эътироф кард, ки ин тадбир ва тадбирҳои дар байни мардум беобрӯ натиҷаҳои худро оварданд. Ба Вестпасиан муяссар гардид, ки норасоии бузргро дар буҷетро, ки дар натиҷаи идораи бесарфакоронаи Нерон ва талафот дар ҷанги шаҳрвандӣ ба вуҷуд омада буд, бартараф намояд. Рақамҳои аниқро мо дар ин бора дар ихтиёрамон надорем, вале мувофиқи шаҳодати Светоний, император худаш гуфта будааст, киба ман 40 миллиард сестерсӣ лозим аст, ки давлати Рим ба по гузошта шавад. Бинобар ин, вазъи молияи Империя дар замони Веспасиан нисбат ба давраи гузашта қатъиян беҳтар шуд, ҳатто сарфи назар аз он, ки хароҷоти зиёд шуда, он ба азнавбарқароркунии Рим ва оғизи сохтмони Колизей – калонтарин амфитеатри Флавиҳо алоқаманд буд.

C:\Users\USER\Music\12.jpg

Оташфишонии вулқон дар Везувий

Веспасиан дар зада гардонидани хатарҳои ҷангӣ низ муваффақ буд. Шаби соли 70 муҳосираи нимсоламаркази асосии муқовимати яҳудиҳо шаҳри Байтйлмуқаддас (Иерусалдим) таслим мешавад ва дар дасти шӯришбардоштагон танҳо якчанд қалъаи дар муҳосирамонда боқӣ монд, ки римиҳо ҳамаи онҳо пасиҳам ишғол менамоянд. Яҳудиҳои мағлубшуда бояд ба фоидаи ибодатгоҳи худои Рим Юпитер аз ҳисоби ҳамон пуле андоз пардохт мекарданд, ки қаблан ба хазинаи ибодатгоҳи Яхва дар Байтулмуқаддас (Иерусалим) месупорид. Тақдири ояндаи ӯ бо сабаби камбудиҳо дар сарчашмаҳо он қадар маълум нест. Маълум аст, ки танҳо як чиз – ҳокимияти Рим дар Ғарб бо пуррагӣ аз нав барқарор шудааст.

Веспасиан артишро аз нав сохт, ки он дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба бенизомӣ оварда буд, ки натиҷа тартибу интизом барқарор гардид. Ҷузъу томҳои беэътимод пароканда карда шуда, сарбозоне, ки дар онҳо адои зизмат мекарданд, – ба ҷузъу томҳои дигари артиш тақсим карда шуданд. Легионҳое, ки ҳангоми бетартибиҳо дар Галлия ва Рейни поёнӣ ба шӯришгарон пайваста буданд, пароканда ва бо легионҳои нав (Флавияҳои IV – ХVII) иваз карда шуданд. Когортаҳои преторӣ ва шаҳрӣ, ки ин вақт шумраи онҳо хеле зиёд шуда буд, то он дараҷае ихтисор карда шуданд, ки дар вақташ Август муқаррар карда буд, яъне нӯҳ когортаи преторӣ ва се когортаи шаҳрӣ.

Ҳокимияти император аз тарафи Вестиниан таҳким бахшида шуд ва аз дидгоҳи асосҳои меъёрҳои ҳуқуқии он ва он чӣ ки ба базаи иҷтимоии он дахл дорад. То замони мо кам бошад ҳам, навиштаҷоти муҳиме боқӣ мондааст, ки он “Қонун дар бораи ҳокимияти Веспасиан” (leх de imperio Vespasiani) дорад. Қонун ҷузъҳои парокандаи ваколатҳои императорро дар маҷмӯи муштараки ягонаи ҳуқуқӣ муттаҳид сохт, ки ҳамаи қисматҳои он (ҳокимияти империӣ, трибунӣ ва ғайраҳо) бо ҳамдигар алоқаманд буданд. Муҳим аст қайд карда шавад, ки Веспасиан ҳисоби вақти ҳокимияташро нисбат ба пешгузаштагони худаз на он вақте оғоз кардааст, ки ӯро сенат тасдиқ намудааст, балкдар аҳди Веспасиан нахустин бор аз шумораи зиёди сенаторҳои баромадашон аз мунисипиҳо (маҳаллиҳо) пурра шуда, барои сулолаи нав такягоҳи боэътимод мегардад. Дар аҳди Веспасиан ва меросхӯрони ӯ шаҳрҳои зиёди музофотӣ ҳуқуқи римӣ ё лотиниро соҳиб шуданд.

Аз ҳар ҷиҳат бо шарофати тағйирёбии ҳайати сенат, ба Веспасион лозим намеомад, ки бо ягон хел оппозитсияи пурзӯр рӯ ба рӯ шавад. Танҳо ягона шахсе, ки душмании оштинопазири ӯ принсепсро маҷбур сохт ӯро аввал бадарға кунад ва баъд соли 75 дар бораи қатли ӯ фармон бидиҳад, Гелвидий Приск, домоди Тразен Пета ва дессиденти замони Нерон буд. Баъдтар Веспасиан на як бору ду бор оид ба фармони худ афсус хурдааст; агар ба Светоний бовар кунем, ӯ ҳатто дар лаҳзаи охирин хостааст, ки фармони худро бекор кунад, вале ин вақт Гелвидий аллакай зинда набуд. Вале нисбати рақиби дигари худ – файласуф Деметрий, император бо он маҳдуд шуд, ки соли 72 ӯ ва киникҳои дигарро аз Италия пеш кард ва ба замми ин онҳоро пеон эълон кард, ки аз лотинӣ маънои “саги нар”-ро дорад. Бо ҳамроҳии киникҳо, ки анархистони антиқӣ ва ҷонибдорони мактаби стоикӣ, ки нисбати принсипат дар як навъ “оппозитсияи ахлоқӣ” қарор доштанд, низ аз мамлакат ронда шуданд.

C:\Users\USER\Music\22222222222222222221.jpg
C:\Users\USER\Music\ы.jpg

Сулолаи Юлийҳо – Клавдийҳо Ҷойи сукунати оилаиҳои

хонадони Юлийҳо – Клавдийҳо

Дар ҳамаи иқдомҳои худ император метавонист ба ҳамсафони наздиктарини худ – Гай Литсиния Мутсиана, дар гузаштаи начандон дур – легати Сурия ва дар рафти ҷанги шаҳрвандии солҳои 68 – 69 иттифоқчии асосии Веспасиан ва писари калонии худ Тит баъди аз Шарқ фотеҳона баргаштанаш, ки префекти преторияи Мутсиан такя кунад, ки ӯ тозамони вопасин – соли 75 ё 77 сармушовири принсеп буд, Тит бошад, дар вазифаи қумандони гурд масъули амнияти шахсии ӯ ба ҳисоб мерафт. Падар бо онҳо вазифаҳои империи сарконсулӣ ва ҳокимият бар консулҳоро тақсим кард, ва дар солҳои 73 – 74 иҷрокунандаи вазифам сензорҳо, баҳисобгирии аҳолиро иҷро карда ва рӯйхати нави сенат ро тартиб доданд. Ин ҳурмату эҳтиром ва ҳурмату эҳтироми дигари нисбати онҳо барои он буданд, ки афкори ҷамъиятӣ ба тарафи онҳо нигаронида шавад. Мардум донад, ки меросхӯри Веспасиан писари калонии ӯ мешавад. Даъвогарони воқеӣ ба ҳокимият аз беруни оилаи император Тсесина Алиен, собиқ ҷонибдори Вителлияи ба тарафи Флавийҳо гузашта ва Эприй Марсела, хабарбари маълум (delator)-и Нерон, ки дар дарбори Веспасиан нуфузи калон дошта, Тит чанде пеш аз вафоти падараш ӯро яктарафа карда буд. Вақте ки соли 79 Веспасиан дар натиҷаи оббозии аз ҳад зийд дар оби хунук сармо зада, дар мулкаш – Сабин вафот мекунад, Тит дар роҳи ба тахти императорӣ нишастан ба ягон монеа дучор намешавад.

Идораи начандон дуру дарози Тит асосан бо ду фоҷеаи калон маълум аст: сӯхтори Рим, ки аз рӯи андозаи худ талафот дар аҳди Нерон ва оташфишонии вулқони Везувий, ки шаҳрҳои Помпей ва Геркуланум (24 августи соли 79)-ро аз рӯи замин несту нобуд кард, баробар буд. Сарфи назар аз ин, муаллифони қадим ба меросхӯри Веспасиан баҳои хеле баланд дода, ӯро “дилбардори насли одам” номидаанд, вале зери ин баҳодиҳии воқеан аз ҳад зиёд чи мазмуне ниҳон аст, бо ду сабаб муайян кардан мумкин нест: Якум, ҳангоми дар қайди ҳайт будани падараш Тит муқобилияти хурдтаринро бар зидди ҳкимияти Флавийҳоро пахш карда, обрӯи ниҳоят паст касб намуд ва аз ӯ кирдорҳои разилтаринро интизор шудан мумкин буд. Вале вақте ки ин интизорӣ рост намебаромаданд, ӯ ҳамон қадар девонагӣ мекард. Дуюм, замони ҳукмронии Тит хеле кӯтоҳ буд ва тасаввур кардан мушкил аст, ки агар ӯ аз императорони то ӯ ҳукмроникарда (Тиберий, Калигула, Нерон) бисёртар умр дида, ҳукеумати худро аз изҳоротҳои либералӣ, мисли Август ҳама чизро ваъда карда, баъд ба ҳукмронии бераҳмона гузашта, акси садои манфии афкори ҷомеаро ба вуҷуд меовард, мулоҳизаи римиҳо нисбати ӯ чӣ тавр мебуд. Ҳар хеле, ки набошад моҳи сентябри соли 81 Тит дар ҳамон мулки дар замини сабинҳо, воқеъбуда, ки ду сол қабл аз ин падараш вафот карда буд, аз дунё даргузашт. Мувофиқи ривоятҳо. Тит танҳо аз як кор пушаймонӣ изҳор менамояд: фармон надодааст, ки бародараш Домитсианро қатл кунанд ва натавонист хатаре, ки ба давлати Рим таҳдид мекунад, пешгирӣ намояд.

ҲукмронииДомитсиан. Намояндаи сеюми сулолаи Флавийҳо Домитсиан самти сиёсии ҳукмронии падар ва акаи худро нисбати он чӣ ки ба музофотҳо ва сиёсати хориҷӣ дахл дошт, идома дод. Ӯ низ ҳамон дараҷа ба музофотиҳо ҳуқуқи шаҳрвандӣ тақсим карда, хеле сахт мансабдоронро назорат мекард, гунаҳкорон ва ашхоси фасодпешаро ба суд мекашид. Нисбати амнияти сарҳадҳои Рейн ва Дунай ғамхорӣ зоҳир мекард ва бар зидди хаттҳо ва дакҳо якчанд ҷанги мудофиакорона кард Дар замони ҳукмронии ӯ римиҳо заминҳои байни болооби Рейн ва Дунайро, ки Декуман ё Заминҳои Десятинник (бо лотинӣ – agri dekumani) меномиданд, ишғол мекунанд. Номи минтақаи мазкур аз номи андози аз даҳ як ҳиссаи ҳамаи даромадҳое омадааст, ки аҳолии маҳаллӣ ба фоидаи рим пардохт мекарданд. Истилои заминҳои окумен, алоқаи и байни гурӯҳбандиҳои қӯшунҳои рейн ва Дунайро таъмин мекард: бо ҳамин мақсад дар ин ҷо роҳи ҳарбӣ сохта, он ба воситаи азтариқи сарҳади (аз лотинӣ –lines) истеҳкомҳо панаҳ карда мешуд. . Дар Британия лашкаркаш Доминсиана Гней Юлий Агрикола, падараруси таърихнигор Татсит бар зидди қабилаҳои маҳаллӣ як қатор амалиётҳои бобарор бурд,флоти ӯ бошад ҳатто ҳудудҳои шимолии ҷазираро давр зад.

C:\Users\USER\Music\Домициан.jpg
C:\Users\USER\Music\Агрикола.jpg
C:\Users\USER\Music\Луций Доминиций Агенобарб.jpg

Домитсиан Гней Юлий Агрикола Доминитсий

Дар баробари ин, дар муносибатҳо бо ҷомеаи Рим Доминитсиан бо роҳи террористии Юлийҳо-Клавдийҳо баргашта, мурофиаҳоро ба муқобили бузургон (соли 83) аз нав оғоз намуд. Таъқибот махсусан баъзи исёни Сатурнина (соли 88) махсусан пурзӯр мешавад ки онна барои Империя,на шахсан барои Доминитсиан ягон мукилие ба бор наоварданд, чунки сарвари шӯриш аз тарафи худи легионерҳо ба қатл расонида мешавад. Сарфи назар аз ин, мавҷи террор торафте баландтар мешуд ва бо ҳамроҳии он оппозитсияи зидди Доминитсиан дар доираҳои баланди Рим низ афзун меёфт, дар баробари он, оппозитсия ба муқобили. Доминитсин низ дар зинаҳои баландтарини ҳокимият меафзуд. Такягоҳро дар боло аз даст дода, император кушиш ба он мекард, ки ба дастгирии легионерҳои оддӣ муваффақ шавад аз ин рӯ шумораи ҳоро соле то 300 легионерро аз камбағалони пойтахт зиёд мекард ва баҳри ба тарафи худ кашидани омма ҳар гуна тамошою базмҳо ташкил мекард. Дар солҳои 89 ва 94 стоикҳо ва киникҳо аз Италия пеш кард, зеро Доминитсиан онҳоро асосии ғоявии эътироз ба ҳокимияти худ мешуморид.

Дар замони ҳукмронии Доминитсин абосолютизм нисбат ба пешгузаштагони ӯ хеле сахттару шадидтар зуҳур ёфт, ки он ба Флавийҳо хос буд. Меросхӯри Воспасиан ва Тит расман “ҷаноб ва худо” ((ominuset dues) ном бурда мешуд. Сенат, ки ҳайати он бо одамони нав пур шуда буд, аз тарафи Домимнитсин сахт назорат карда мешуд ва он ба мақоми идора мубаддал гардида, он боқимондаҳои аҳамияти сиёсиеро, ки ҳанӯз дар асри Юлийҳо – Клавдийҳо боқӣ монда буд, пурра аз даст дод. Рамзи назорати императорӣ бар сенат унвони сензори якумраи ӯ аст, ки онро Доминитсий соли 84 гирифта буд.

Сиёсати таъқибкоронаи Флавияи охирин на танҳо доираҳои болоии Римро, балки наздиконашро низ муқобили ӯ гардонид. Наздикони император ба муқобили ӯ сӯиқасд ташкил намуданд, ки ба он аз он ҷумла малика – ҳамсари иператор Доминитсий низ ҷалб карда шуд. 18 сентябри соли 96 Доминитсий ба қатл расонида шуд ва бо ҳамин ҳукмронии Флавиҳо ба охир расид.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.