Фанни Таърихи Чахон(Умум)

Хукмронии императорон Траян ва Адриан. Ташаккул ёфтани низоми бюрократии империя

Сенаторҳои Рим аз ба қатл расонида шудани Доминитсий истифода бурданд, то ки ба тахт одамеро аз байни худ шинонанд. Ин одам шахси пиронсол сенатор Коксей Нерва буд. Вале ҳукмронии ӯ на онқадар тул кашид (солҳои 96 – 98), вале Нерва фурсат ёфт, ки ду кори муҳимро ба ҷо биёрад. Якум, ӯ ружими сахти Доминитсийро мулоимтар карда, савганд ёд кард, ки ягон сенаторро бе қарори суди сенат қатл нахоҳад кард. Баъд ин савгандро меросхӯрони Нерва ҳам ҳангоми ба тахти императорӣ баромаданашон такрор мекарданд. Дуюм, Нерва Марк Улпий Траянро, ки дар байни қӯшун машҳур буд,писар хонда, бо ҳамин ҷонибдории артишро ба ҳокимият таъмин намуд. Баъд аз марги Нерва дар шаби соли 98 Траян бе ягон мушкилот тахти императориро соҳиб шуд.

C:\Users\USER\Music\Марк Кокцей нерва.jpg
C:\Users\USER\Music\Марк ТраЯн.jpg
C:\Users\USER\Music\Марк аврелий.jpg
C:\Users\USER\Music\212.jpg

Коксей Нерва Марк Траян Марк Аврелий Детсибал

Нерва ва Траян (98 – 117), инчунин меросхӯронро ҳамин хел қабул шудааст, ки ба сул Доминитсиани Антонинҳо (аз номи намояндаи чоруми он Антонин – солҳои 138 – 161). Дар баробари ин мафҳуми “династия” – “сулола” ҳамчун замима ба Антонинҳо то Марк Аврелий (солҳои 161 – 180) моҳияти шарти дошт, чунки ҳамаи антонинҳо бефарзанд вафот кардаанд ва ҳокимияти онҳо аз тариқи фарзандхонӣ мегузашт. Замони Антонин давраи нашъунамои баландтарин ва ҳадди ниҳоии васеъшавии империяи Рим ба ҳисоб меравад. Бояд зикр кард. ки охирҳои ин давра, замони ҳукмронии Марк Аврелий ва махсусан писари ӯ Коммод (солҳои 180 – 192) оғози бӯҳрони умумии Рим ба қайд гирифта шудааст, ки он дар асри III ҳам давом ёфтааст.

C:\Users\USER\Music\Домициан Антонин.JPG
C:\Users\USER\Music\Адриан.jpg
C:\Users\USER\Music\загружено.jpg

Домитсиан Антонин Адриан Муҳорибаи қушунии Траян

Дар байни Антонинҳо шахсиятҳои маъруфтарин эҳтимол Траян ва Адриан (117 – 138) бошанд. Баромади ҳардуи онҳо аз Испания буд, бинобар ин, дар шахсияти онҳо Рим императорони аввалини баромадашон музофотиро дид. Дар баробари ин, ҳар кадоми онҳо шахсиятҳои гуногун буданд. Траян дар таърихи Рим охирин император истилогар буд. ва Адриан диққати худро бо пуррагӣ ба фаъолияти осоиштаи маъмурияти худ ҷалб кард. Дар маҷмӯъ, ҳар кадоми онҳо ба таври худ интиҳои давраи Империяи Риму Италияи Юлийҳо – Клавдийҳо ва Флавийҳо ва оғози дигари мутлақияти ҷаҳонии Антонинҳоро ифода менамуданд.

Ҳукмронии Траян. Ишғолгариҳои охирини Рим. Ҳукмронии Траян, пеш аз ҳама, бо лашкаркашиҳои калон ба Дунай ва мувофиқан ба сарҳадҳои шарқӣ ба муқобили шоҳигариҳои Дакий ва Порт маълум аст. Маҳз дар ҳамин минтақаҳоо – дар Дунай ва Фурот марказҳои асосии сиёсати хориҷии Рим ҷойгир буданд. Аз ҳамин ҷо – аз ҷониби иттифоқи қабилаҳои дакҳо (дар қаламрави ҳозираи Руминия) бо сардории шоҳ Детсебал ва давлати Порт хатари асосӣ ба амнияти Империя ба вуҷуд омада буд.

Дар ду ҷанг (солҳои 101 – 102 ва 105 – 106) Траян шоҳигарии Десенбалро несту нобуд месозад. Дар заминҳои забткардашуда музофоти Дакия таъсис дода мешавад. Барои абадӣ гардонидани ғалабаҳои император дар Дунаи ҷанубӣ дар Рим манораи машҳури Траяни бо нақши муқарнас ородода сохта мешавад Ин нақшҳои муқарнас воқеаҳои гуногуни ҷангҳои Траянро дар Дунай тасвир мекунанд. Дар онҳо ҳатто унсурҳои хурдтарини сару либос ва яроқу аслиҳаи сарбозон, чун дар аксҳо, аниқу дақиқ инъикос гардонида шуда буданд. Ин усул нақшҳои муқарнаси Траянро сарчашмаи муҳимми таърихи корнамоиҳои ҳарбии замони Империя мегардонад.

Ғалабаҳои Траянро дар Дакан дар Рим бо хушу хурсандии том қабул карда шуданд, ки дар замони Доминитсий римиҳо маҷбур шуданд бо Детсибал сулҳ банданд ва дар муддати як сол ба ӯ зери тӯҳфаҳои фахрӣ андоз пардозанд. Аз маблағи аз ғанимат бадастоварда форумҳои Траян манораи он ва ва қубури аз обтаъминкунӣ, ғайр аз ин бозиҳои боҳашамат доир гардонида шуданд, ки чор моҳ идома ёфтанд.

27 октябри соли 113 император аз нав аз Рим баромада,ин дафъа ба Шарқ лашкар мекашад. Ҳанӯз то пайдошавии Траян д Дар Римр театри амалиётҳои ҳарбӣ қӯшунҳои Рим ба ароманистон ворид шуданд, ки он дар баробари ба ин ҷо омадани Траян музофоти Рим (соли 114) эълон карда шуд. Дар соли 115 римиҳо ба пешравии худро аз тарафи шимолуғарбии Байнаннаҳрайн (Бобул) сар карда дар он ҷо барои воридшавии минбаъда ба дохили мамлакат такягоҳ тайёр намуданд.

Ашкаркашии асосӣ соли 116 оғоз ёфт. Қӯшунҳои Рим, ки онҳоро флоти дарёгард дастгирӣ мекард, дар ду саф (колонна) ба сати поёнии ҷараёни Даҷла ва Фурот ҳаракат карданд. Алоқа дар байни ҷузъу томҳои артиш бо ёрии флот ба восита. Ҳарду гурӯҳи қӯшунҳои Рим дар наздикиҳои пойтахти Порт, шаҳри Ктесифон дар Даҷла бо ҳам пайвастанд, Шоҳи Порт фирор кард, киштиҳои Рим бошанд ба халиҷи форс баромаданд. Дар зери таъсири таъсири муваффақиятҳо дар байни наздикони император нақшаи лашкаркашӣ ба Ҳиндустон тавлид ёфт.

Вале вазъияти Траян, ки ӯ ин қадар дур ба Шарқ чуқуру дур ворид гардид, ки мисли ӯ ягон лашкаркаши дигари Рим ҷуръат накардааст, хеле заиф буд. Портиҳо ба ба ҳуҷуми ҷавобӣ гузаштанд, вале дар ақибгоҳи Рим, пасиҳам шӯришҳои аҳолии маҳаллӣ сар мезанад. Траян маҷбур шуд, ки ақибнишинӣ кунад ва дар Рафти он бо сабаби беморӣ дар Киликия (соҳилҳои ҷанубу шарқии Осиёи Хурд) баъди тобистони соли 117 писар хондани яке аз лашкаркашони худ – Публия Элия Адриан, вафот мекунад.

Худ аз худ маълум аст, ки фаъолияти Траян бо ҷангҳои алоқаманд буд. . Аз он ҷумладар замони ҳукмронии ӯ низоми эҳсонкориҳои давлатӣ ташкил карда мешавад,ки он баҳри дастгирии кишоварзии италиягиҳо ва осонгардонии кӯдакони ятим фаъолият мекарданд. Ин низом дар адабиёти таърихӣ бо номи алиментарӣ – аз забони лотинӣ калимаи “alimentum” машҳур аст. ки маънояш “шахсоне, ки бохтаанд” мебошад. Хароҷот барои кӯдак дар як моҳ 16 сестер барои писар ва 12 сестер барои духтар ташкил медод.

Муваффақиятҳои калон дар сиёсати хориҷӣ сиёсати васеъи ташкили тамошоҳо ва бӣинокорӣ , ғамхорӣ дар ҳаққи Италия ва дар доираи умумидавлатӣ ташкил кардани эҳсонкорӣ дастгирии императорро дар байни табақаҳои гуногуни ҷомеаи Рим таъмин намуданд. Рамзи маъруфияти Траян аз тарафи сенат ба ӯ додани унвони “присепси беҳтарин” (бо лотинӣ – optunus princeps) мебошад ки ӯ бо ин унвон дар таърих боқӣ мемонад.

Ҳукмронии Адриан. Аз рӯи баъзе сабабҳо Адриан дар Рим хеле маъруфияти кам дошт. Ба маъруф набудани Адриан машғулшавии ӯ ба Афинаю маданияти эллинистӣ ва дасткашиаш аз забткориҳо дар Шарқ сабаб шуда буданд. Муносибат бо сенат ва табақаи сенаторӣ, махсусан дар оғоз ва дар марҳалаи анҷомёбии ҳукмронии Адриан чун Траян ва Нерва на онқадар хуб, вале ҳокими боҳавсала ва қобилиятнок буд.

C:\Users\USER\Music\310px-800px-.jpg
C:\Users\USER\Music\222222222222222222222.jpg

Муҳориба дар ҷанги якуми яҳудӣ Муҳориба дар ҷанги дуюми яҳудӣ

Адриан ҷараёни трансформатсияи (шакливазкунии) империяи Римро ба мутлақияти бюрократии яккаҳукмрон ба анҷом расонид. Хизматчиёни империӣ – прокураторҳо дар аҳди ӯ мақоми саворагонро мегиранд, ки ин онҳоро ҳамчун амалдорони давлатӣ эълон кардан баробар буд, на хизматгорони шахсӣ, тавре ки қаблан буданд. Обрӯманд буданихизмати прокураторӣ ба хеле боло рафтани шумораи амалдорон мусоидат намуд. Шӯрои Император (consilium princips), ки дар замони Август ташкил карда шуда буд, мақоми расмии давлатиро касб кард. Ба ҳайати он ҳуқуқшиносони машҳур дохил карда шуданд ва ба ҳамаи аъзои доимии шӯро моҳона муқаррар карда шуд. Муовини император дар шӯро префекти преторианӣ буд.

Ташаккул ёфтани низоми бюрократӣ дар Рим. Ҳамаи мансабҳои хизматӣ дар Империя ба 4 класс (гурӯҳ) тақсим карда шуд: -viri darissimi, яъне “мардҳои муқаддас”, -viri eminentissimi яъне “мардҳои маъруф”, -viri perfectissimi, яъне “мардҳои аълодараҷатарин”, viri gregii, яъне “мардҳои беҳтарин”. Бояд зикр кард, ки аз ин “муқаддастарин”. “маъруфтарин” ва ғайраҳо ба воситаи дар замонҳои баъдиэллинистӣ ва византиягӣ дар сарзамини Русия ибораҳои муроҷиатии “Ҷанобашон”, “Аълоҳазрат”, “Ҷаноби олӣ” ва амсоли инҳо ба миён омадаанд.

Ба категорияи якум онҳое дохил мешуданд, ки дорои мақоми сенат бо ҳамроҳии оилҳои онҳо ва аъзои омила император буданд; ба гурӯҳи дуюм – амалдорони муҳимтарин аз саворагон (префекти Миср, префекти претория, префекти шаҳрӣ ва ғайра); ба гурӯҳҳои сеюм ва чорум – мансабдорони дигари саворагон.

C:\Users\USER\Music\000481960_480_Chinovniki_Drevnego_Rima.jpg
C:\Users\USER\Music\загружено.jpg

Амалдорони (бюрократҳои) Рим

Ташаккули дастгоҳи империи идора ба вазъияти сенат бе таъсир монда наметавонист. Аҳамияти огн мутаносиб ба афзоиши мақоми шӯро буд, чунки вазифаҳои он дар амал такрор меёфтанд. Император ва дарбори ӯ ба маркази ягонаи ҳокимияти олӣ ва иродаи принсепс defacto ба қонун баробар мешавад. Баъздтар ин ҳолати бюрократигардонии ҳокимияти давлатӣ дар Рим аз ҷиҳати назариявӣ низ дар асарҳои ҳуқуқшиносони Рими асрҳои II – III асоснок карда шудаст.

Роҳи пешгирифтаи Адриан баҳри марказонидани ҳокимият дар соҳаи ҳуқуқ низ зуҳур меёбад. Мувофиқи фармони император аз тарафи ҳуқуқшинос Салвия Юлисиан рамзгузории (кодификатсияи) ҳуқуқи преторӣ ба анҷом расонида мешавад, ки меъёрҳои онҳо дар эдиктҳои судҳои магистратҳои Рим ва преторҳо мавҷуд буданд. Ҷамъбасти онҳо дар тавзеҳи соли 131 бо номи “Эдикти абадӣ” (edictum petretium) инъикос гардидааст, ки он ҷамъбасти эҷодиёти анъанавии бисёрасраи ҳуқуқӣ мебошад. Бояд таъкид кард, ки ба преторҳо дар оянда ба эдиктҳои худ даровардани меъёрҳои нав манъ карда шуда буд ва салоҳияти судии онҳо аз ҳисоби болоравии ваколатҳои амалдорони давлатии дорои вазифаҳои судии префектҳои шаҳрӣ дашт император буд, ки ӯ ин ҳуқуқи худро ба ин ҳуқуқи худро ба ҳқуқшиносони номдор аз рӯи салоҳдиди худ ваколат медод.

Адриан ба музофотҳо диққати калон медод ки ба ҳар кадоми онҳо ҳеҷ набошад шахсан як маротиба сафар мекард. Ӯ ба зиндагии шаҳриён шиносоӣ пайдо мекард, аз фаъолияти маъмурияти маҳаллӣ хабар мешуд, ҷузъу томҳои артиш ва ва минтақаҳои наздисарҳадиро месанҷид, дар он ҷое, ки зарур буд.ю фармон медод, ки иншоотҳои мудофиавӣ (масалан, истеҳкоми Адриан дар Британия) сохта шаванд. Бо шарофати чунин фаъолияти пурҷӯшу хуруш дар аҳди ӯ вазъият дар музофотҳо, дар маҷмӯъ, ором буд, гарчанде ки баъзан истисноҳо низ ба миён меомаданд. Масалан, умри Адриан дарбораи манъи хатна сабабгори шӯриши яҳудиён зери роҳбарии Бах Кохба (Ҷанги Дуюми Яҳуд), ки аз соли 132 то соли 135 давом карда буд. Вале римиҳоин дафъа ғалаба ба даст дароварданд. Ғолибон ба Иерусалим (Байтулмуқаддас) Элию Капитолина номгузорӣ карданд, ки он ба яҳудиён ношинос буд. барои ҳамин зарур омад, ки ин қонун бекор карда шавад.

C:\Users\USER\Music\загружено (1).jpg
C:\Users\USER\Music\images.jpg

Антоний Пий Бинои аз замони нашъунамои Рим

Ҷангши Дуюми Яҳуд нишон дод, ки Рим масъалаи яҳудиёнро тавассути бо роҳи зӯрӣ омезиш додани онҳо ҳал карда наметавонад Вале агар ин бебарории маҳаллиро ба назар нагирем, ҷамъбасти ҳукмронии Адрианро мумкин аст хеле бомуваффақият шуморидан равост. Адриан тобистони соли 138 баъди бемории вазнин вафот карда, ба мсеросхӯрони худ давлати ба таври аълодараҷа сохташударо мерос мегузорад. Аз бисёр ҷиҳат бо шарофати ислоҳоти ӯ. ҳукмронии императори нав Антонин Пий, дар таърихи Империя аз ҳама орому боваҳдат гузашт. Шӯришҳои начандон калон дар баъзе музофотҳо дар солҳои 40 – 50-уми асри II вазъи некуаҳволии умумии Империяро заиф карда натавонистанд. Дар Британия римиҳо сарҳадҳои мулкҳои худро ба тарафи шимол идома дода, дар он ҷо хатти нави истеҳкомҳоро бо номи Антонин Пий (счоли 141) бунёд мекунанд. Обрӯ ва эътибори Империя дар корҳои байналхалқӣ то ҳол дар ин сатҳи баланд қарор надошт. Дар ин бора сафоратҳои Рим ба Ҳиндустон, Гиркония, Бохтар шаҳодат медиҳад. Вале марҳалаи осоиш ва нашъунамои Рим дуру дароз набаромад. Дар ин бора замони ҳукмронии меросхури бевоситаи Антонин Пий, Марк Аврелий нишон дод.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Похожие статьи

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *