Хукмронии Марк Аврелий ва писари у Коммод.
Оғози бӯҳрони империяи рим
Соли 138 дар зарфи камтар аз ним соли вафоташ Андриан Тит Аврелий Антонинро, ки бештар бо номи Антонина Пия маълум аст, писар хонда ва меросхӯри худ таъйин кард, ба он шарте, ки ӯ дар навбати худ Марк Анния Вера (императори оянда Марк Аврелий) ва Лутсия Вера)-ро писар хонад, ки сини онҳо ин вақт иувофиқан 17 ва ҳаштсола буданд. Баъд аз марги падархонди онҳо. Онҳо ҳамчун Марк Аврелий Вер Сезар ва Лутсий Сезар Аврелий Вер (ин номҳоро онҳо баъди писархонд шуданашон қабул карда буданд) императорҳо – ҳамҳокимҳо эълон карда мешаванд. Бояд зикр кард, ки ҳамҳокимии Лутсия Вер (солҳои 161 – 160) моҳияти зоҳирӣ дошт, дарр амал, Марк Аврулий танҳо худаш ҳукмронӣ мекард.
Вазъияти хориҷии империяи Рим баъд аз Марк Аврелий. Вазъияти давлати Рим дар аҳди Марк Аврелий, дар навбати аввал бо якбора пурзӯршавии фишори беруна ба Империя аз тарафи қабилаҳои варварии онро иҳотакарда хос аст. Болоравии хатари ҳарбӣ аввал ба оғози кӯчиши оммавӣ алоқаманд буд, ки марҳалаи баландтарини он бо номи Кӯчиши Бузурги халқҳо дар охирҳои асрҳои IV — V рост омад, вале нишонаҳои аввали он, ки сулҳи қабилавии Аврупои Марказӣ ва Шимолу Шарқии ба ҳаракат даромада мебошад, ки якчанд садсола пештар аён гардида буд. Бояд зикр кард, ки зарбаи аввалин аз шимол зада шуд, аз шарқ бошад, дар ҷое, ки солҳои охирини ҳукмронии Антонин Пий бо Порт ҷанг пӯхта расида буд. Масъалаи сангин дар байни ду мамлкати абарқудрати антиқӣ – Рим ва Порт – мисли пештара масъалаи Арманистон ба ҳисоб мерафт.
Амалиётҳои ҳарбӣ соли 162 бо зада даромадани портиҳо ба арманистон ва Сурия оғоз ёфтанд. Ба Марк Аврелий лозим омад, ки ба театри амалиётҳои ҳарбӣ, қисми нерӯҳои ҳарбиро аз дигаз сарҳадҳои дигар гирифта, ба ёрии артиш ҷузъу томҳои нав фиристонад. Сарфармондеҳ дар ҷанги зидди Порт Лутсия Вер таъйин гардида буд, ки ӯ роҳбарии воқеиро ба амалиётҳои ҳарбӣ ба зимаи легатҳои худ Авидия Кассия ва Стасия Приска вогузор карда буд.



Марк Анния Вера Лутсий Аврелий Вер Шоҳи Парфия Вологези III
Дар соли 163 ба римиҳо муяссар гардид, ки ба ҳуҷуми ҷавобӣ гузашта, легионҳои Авидия Кассияро, ки ӯ дар ин ҷанг истеъдоди ҳарбии худро нишон дода буд, рақибро аз Сурия фишор дода баровард, вале дар айни замон Ситсий Приска ва сарбозони ӯ Арманистонро аз портиҳо тоза карданд. Минбаъд римиҳо ба мисли Траян амалиётҳои зарбиро ба дарунтари қаламрави душман дароварда, Селевкия ва Ктесифон – шаҳри асосии Портро дар Даҷла (соли 165)-ро ба даст дароварданд. Дар ин лаҳза дар қӯшунҳо ваби мараз сар зада, он бо тезии барқвор дар байни сарбозон паҳн гардид ва ин ҳодиса сарфармондеҳи қӯшунҳои Рим дар бораи ақибнишинӣ фармон медиҳад. Римиҳо бо шоҳаншоҳи Порт Вологези III шартномаи сулҳ имзо карданд, ки мувофиқи он римиҳо, ҳамчун такягоҳ дар сурати ҷанги нав, қисмати шимолу ғарбии Байнаннаҳрайн (Бобул)-ро дар ихтиёри худ монданд. Арманистон мақоми шоҳигарии тобеъ ба Рим тобеъро нигоҳ дошт.
Ин вақт аскарҳои аз ҷанг баргашта бемории вабои маразро ба сар то сари Империя паҳн намуданд ва ба фоҷеаи бузургтарин табдил ёфт, ки чунин фоҷеа дар тамоми таърихи антиқа рух надода буд. Марказ чандин сол мардумро ба доми худ мекашид ва баъзе хуруҷ он то соли 189 давом кард. Дар пеши назари халқи оддӣ вабо ҳамчун қаҳру ғазаби худоҳо дониста мешуд, бинобар ин, ба паҳншавии кайфияти воҳиманок асар карда, ҳама бадбахтиҳои нави аз ин ҳам бадтарро интизорӣ мекашиданд ва чунин воқеа дер нашуда, ба амал омаданд.
Императорҳо – ҳамҳокимҳо фурсат наёфта буданд, ки троиумф ва ғалабаашонро дар Шарқ қайд кунанд, иштироки онҳоро дар Дунай талаб кард, ки дар он ҷо қабилаҳои язигҳо ва маркоманҳо, квадоҳо ва варварҳои дигаре, ки дар соҳилҳои чапи Дунай сокинбуда фаъол мешаванд. Мубориза бар зидди онҳо ба ду ҷанги калон, ки бо номи ҷанги Маркоманҳо (мувофиқан солҳои 166 – 175 ва 177 – 180 маълуманд, мубаддал мешаванд. Соли 166 оммаи варварҳо сарҳадҳои Дунайро рахна карда, бо шаст ба даруни империя ҳаракат карда, дар пеши роҳи худ музофотҳои наздикро ба харобазор табдил медоданд. Муҳим аст қайд карда шавад, ки ин ҳамла як тохтутози муқаррарӣ баҳри ба даст овардани ҳанимат набуд: варварҳо дарёи Дунайро бо ҳамроҳии зану кӯдаконашон гузашта, ният доштанд, ки дар ҷойҳои нав сокин шуда, мавқеи худро дар он ҷойҳо мустаҳкам намоянд. Сабаби асосии ин “лашкаркашӣ” тавре ки дар боло гуфта шуд, мавҷҳои нави Муҳоҷирати Бузурги халқҳо буда, то сарҳадҳои Рим расида буд: як қабила аз ҷои дукунати доимии худ хеста, ҷойи халқҳои дигарро танг карда мебаровард, он, дар навбати худ, халқи дигарро маҷбур месохт, ки ватани худро тарк кунад. Дар давраи мавриди баррасии мо қароргирифта ҳамсояҳлои римиҳо дар Дунай, метавон гуфт, ки дар зери фишор аз шарқ аз соҳилҳои баҳри Каспий аланҳои решаашон сарматӣ ба тарафи Аврупо ҳаракат карданд, ва ин вақтготҳо аз Шветсияи Ҷанубӣ оҳиста – оҳиста ба тараҷи ҷанубу шарқ, ба тарафи баҳри Сиёҳ ҳаракат карда, оммаи қабилаҳои Олмон (Германияи) Шарқиро аз ҷои сукунаташон фишор дода мебароварданд.
Ҷангҳои бетанаффус ва вабои идомадошта низоми андозро вайрон кард, ки дар натиҷаи ин бӯҳрони тезу тунди молиявӣ ба амал омад. Ҳукумат маҷбур мешуд ҳамеша ба вайронкуниисиккаҳо даст зада, бо ҳамин дар онҳо филизҳои қимматбаҳоро кам кунад, ки ин ба беқурбшавӣ ва баландшавии нарху наво оварда мерасонид. Марк Аврелий (Лутсий Вер соли 169 вафот кард.) ҷидду ҷаҳди фавқулодда баҳри ёфтани барои пайдо кардани маблағ ҷанг ва расонидани кӯмак ба аҳолӣ.аз бадбахтиҳои замони ҷанг кӯмак расонад. Дар солҳои ҳокимияти ноороми худ император ба халқ ва артиш на камтар аз ҳафт маротиба тӯҳфаи пулӣ ҳадя кард ва ҳатто дороиҳои шахсии қи, вазъият дар ҷабҳаи Дунай дар ҳолати ниҳоят вазнин қарор дошт: аз замони тохтутози кимварҳо ва тевтонҳо зада даромадани душман бесосита ба амнияти Италия – истеҳкоми асосии иқтидори Рим, хатар оварда буд. Барои ҳимояи он ду легион сафарбар карда шуда, ба артиш ҳатто ғуломон ва гладиаторҳоро низ ҳамроҳ карданд – тадбире, ки римиҳо аз он дар сурати заруртарин истифода мебурданд.
Дар музофотҳои дигар низ оромӣ ҳукмрон набуд, аз он ҷумла дар Олмони (Гурманияи) Шимолӣ, ки дар он ҷо соли 162 ба римиҳо лозим омад, ки ҳамлаҳои хаттҳо қабилаи германӣ дар Британия, ки дар ин ҷо каледониҳои дар шимолтар аз теппаи Антонин сукунатдошта, ба қаламрави Рим тохтутоз карданд. Ду маротиба дар солҳои 172 ва 177 Испания аз тарафи роҳзанҳои (пиратҳои) мавританӣ аз Африқои Шимолӣ мавриди тохтутоз гардида, вилоятҳои наздисоҳилии он талаю тороҷ карда шуданд. Дар соли 172 дар Миср баромади калони аҳолии деҳот ба амал омад, ки он бо номи шӯриши буконҳо (яъне чӯпонҳо) маълум аст, ки аз тарафи ноиби Сурия Авидий Касий,ки ба гурӯҳбанди қӯшунҳои Рим дар Шарқ фармондеҳӣ мекард, пахш карда шудааст.



Клавдий Помпеян Гелвий Пертинакс Коммод
Дар натиҷаи талафоти калон ба Марк Аврелий ва лавшкаркашони ӯ муяссар мешавад, ки рафти ҷангро ба фоидаи худ шиканад: дар соли 171 Клавдий Помпеян ва Гелвий Перпинакс душманонро аз музофотҳои Репипо ва Норикро дар байни солҳои 172 ва 175 тоза карданд. Римимҳо ба ҳамлаи васеъ бар зидди сарматҳо, маркоманҳо ва квадҳо дар тамоми хатти Дунаи Миёна ва Поён ҳамла карданд, вале дар ин лаҳза дар шарқ воқеаҳои рх доданд, ки дахолати таъҷилии императорро тақозо карданд.
Ба овозаи дурӯғ дар бораи марги Марк Аврелий бовар карда, Авидий Кассий худро соли 175 император эълон намуд. Ӯро як қисми музофотҳои шарқӣ дастгирӣ кард ва ба Империя хатари ҷанги нави шаҳрвандӣ таҳдид мекардагӣ шуд. Ҷавоби Марк Аврелий ба ин воқеаджер накашид: бо пешвоёни варварҳо дар Дунай созишномаи сулҳ имзо кард, ки он воқеан дар амал аз оташбари муваққатӣ бештар набуд, баъди ин император ба лашкаркашии зидди Авидий Кассий ба роҳ баромад. Бояд зикр кард, ки ин дафъа кор ба муҳориба наанҷомид, чунки ҳанӯз то омадани Марк Аврелий ба Шарқ Авидий Кассий аз тарафи ҷонибдорони худаш ба қатл расонида мешавад.


Авидий Кассий дар набард Калигула
Дар соли 178 Марк Аврелий маҷбур мешавад, ки аз нав ба минтақаи Дунай раҳсимор шавад, ки як сол пеш ҷанг бо маркоманҳо ва квадаҳо аз нав оғоз ёфта буд. Ин дафъа ба ритмиҳо муяссар гардид. ки ба муваффақияти калон ноил гардад: дар муҳити наздикони император фикр дар бораи ташкили музофоти нав дар заминҳои варварҳои шикастхӯрда ба миён омада буд, вале моҳи марти соли 180 дар Виндобон (имрӯз шаҳри Вена) Марк Аврелий аз бемории мараз вафот кард, ки авҷи нави он дар қӯшунҳо паҳн шуда буд. Писари ӯ Коммод хост ки бо тезӣ ба Рим баргардадва бо варварҳо бо шартҳои нафъовар сулҳ бандад, ки он ба доҳии варварҳо тӯҳфаҳои ҳарсолаи пулӣ меовард.
Марк Аврелий на ҳамчун арбоби давлатӣ балки ҳамчун файласуфи стоик маълум буда, ақидаҳои худро дар асари “Худ ба худ” инъикос намудааст, ки он баъд аз маргаш рӯи чопро дидааст. Асоси фалсафаи Марк Аврелийро худтаҳлилкунӣ ташкил медиҳад. Ба ақидаи ӯ маҳз бо шарофати он инсон бояд роҳро ба сӯи худтакмилдиҳӣ ёбад ва дар асоси қонунҳои табиат умр ба сар барад.
Идеали стоики хирадманд – император кушиш кардан баҳри муваффақ шудан ба ҳаёт буд. Ба ӯ тоқатнокӣ, меҳнатдӯстӣ, ростқавлӣ ва худинтизомнокӣ хос буд. Тамоми ҳаёти ӯ то лабрез бо вазифаҳои сершумори императорӣ пур буда (фармондеҳии артиш, назорат ба иҷрои адолати судӣ, мукотиба ба ноибон ва ғайраҳо), ба давлати Рим, ки он ба марҳалаи тӯфону хатарҳои қариб то сад сол тул кашида буд, хизмат кардааст.
Пурзӯршавии бӯҳрони Империя дар аҳди Коммод. Коммоди тарсончак, золимбеодоб ва сабукандеша баракси бадари худ буд. гузашта аз ин, ӯ ҳанӯз хеле ҷавон – соли вафоти падараш ҳамагӣ 19-сола буд. Гарчанде ҳанӯз соли 176 Марк Антоний ӯро ҳамҳокими худ эълон дошта буд, Коммод ба корҳои давлатӣ завқи калоне зоҳир накард. Император шуда, ӯ ба ҳаловати дохили пойтахт дохил гардида, идораи Империяро ба наздикони (фаворитҳои) худ ҳавола карда буд.
Ба ҳамзамонҳо ҳамин тавр ба назар мерасид, ки дар шахси Коммод хусусиятҳои бадтарини тиранҳои солҳои сипаришуда – Калигула. Нерон, Доминитсиан пайваст шудаанд. Император варзиш ва ҷангҳои гладиаториро дӯст медошт ва ҳатто худаш чавндин маротиба дар саҳна дар либоси Геракл баромад намуда, одамони бесилоҳро бо палисей лату кӯб мекард. Дар сар то сари Империя ҳайкалҳои Каммодро дар образи Геркулес рост мекарданд, дар Рим бошад, коллегия барои хизмат ба худои нав таъсис дода шуда буд.
Ба ҳамаи инҳо қонеъ нашуда, император Римро бо номи худ – “мустамликаи Коммодӣ” (kolonia Kommodiana) иваз мекунад. Дар мустамликаи Коммоди сенати Коммоди маҷлис доир менамояд.Оромиро дар музофотҳо легионҳои Коммод таъмин мекарданд. Ба ҳар яки дувоздаҳ моҳи тақвими Юлианӣ, Коммод номҳои нав дода, ҳар кадоми онҳоро ба яке аз ном ва унвонҳои фахрии худ иваз намуд: Лутсий, Элий, Аврелий, Коммод, Август, Геракли Римӣ, Фотеҳ, Амазоний, Шикастнопазир, Хушбахт, Пий.
Эҳсос кард, ки ҷомеаи олии Рим бо ӯ муқобил мебошад, Коммод таъқибот ва қатли сенаторҳоро аз нав сар кард. Баҳонаи бевоситаи ба оғози таъқибот соли 183 ошкор карда шудани сӯиқасди зидди император буд, ки дар он ҳамсар ва хоҳараш Лутсиалла иштирок карда буданд.
Коммод чунин хаёл мекард, ки гӯё садоқати сарбозон барои ҳокимияти ӯ такягоҳи беҳтарин аст, аз ин рӯ, ӯ преторианҳо ва сарбозонро ба тарафи худ кашиданӣ шуда, маҳонаи онҳоро зиёд карда, инчунин онҳоро тавассути ҳаргуна ҳавасмандиҳои дигар рӯҳбаланд мекард. Натиҷаи ин сиёсат он шуд, ки интизоми ҳарбӣ дар артиш ба таври фоҷеавӣ вайрон гардид. Вақте ки соли 185 преториягиҳо исён бардоштанд, ба император лозим омад. ки сардори онҳо префекти претори Перенисаро ба онҳо супорад, ки ӯ нақши роҳбари воқеии давлатро дар солҳои аввалини дар вазифаи императорӣ будани Коммод иҷро мекард. Ҷои Переннисро Клеандри ба озодӣ ҷавобдода мегирад. Мардум барои қаллобӣ ва золимиаш нисбати ӯ нафрати ниҳоят калон доштанд, вале вақте ки ахолии пойтахт барои нарасидани нон исён бардошт, Коммода ба анбӯҳи одамон шахси дӯстдоштаи худро дод.
Хароҷоти беандоза калон барои бозию базмҳои дилхушкунанда муқаррар гардида буд. Император умед дошт, ки ба воситаи он анбӯҳи аҳолиро ба тарафи худ кашад. Вале барои ин кор вазъияти молиявии император на онқадар хуб буд. Ҷангхое, ки падараш қариб беист дар тули 12 соли ҳукмрониаш мебурд, шиддатнокии тамоми қувваҳои давлатиро талаб карда бошанд ҳам, ягон фоида ба бор наоварданд.
Некуаҳволии музофотиён, ки аз даҳшати бемории мараз ва ҷанг, ки сабабгори бӯҳрон ва то дараҷае паст шуда буд, ки ин ҳолат Марк Аврелийро маҷбур кард, ки соли 178 дар бора як маротиби аз эътибор соқит кардани ҳамаи қарзҳои давлатӣ фармон барорад. Вазъият боз аз он сабаб вазнин шуд, ки император Коммода давлатро девонавор идора мекард ва ба ин ғоратгариҳои бешармонаи наздикони (фавориҳхои) Коммода зам мешуданд: ба ин ҷумла метавон Клеандра ва меросхурони дар ин мақомбуда – префекти претория Эмилия Лета ва ҳамроҳони (pracpositus sacin cubakuh) Эклетаро ном бурд. Ба бартараф кардани ин ҳолати ногувор на андозҳои нави фавқулодда ва на моликияти мусодирашудаи сенаторҳои ба таъқибот гирифторшуда ёрӣ расонида натавонистанд: ғуломон ва ба озодӣ ҷавобшудагони Коммода вазъиятро дар иқтисод муътадил нагардониданд. Пеши роҳи беқурбшавии пул ва болоравии нарху наворо, ки нисбат ба соли 180 қариб се баробар афзуда буд, бигиранд.
Ба онхо иҷрои ин вазифаҳо комилан дастнорас буд. Дар бораи ҳолати табоҳи одамони оддӣ дар ин вақт мактубҳои то ба мо расидаи колонҳо аз салтуси Буригган (яъне мулкҳои император) дар Африқои Шимолӣ шаҳодат медиҳанд, ки онҳо аз фишороварии кондукторҳо (сариҷорагирони мулкҳо) шиква кардаанд. Ӯ оинномаро шикаста, ихтиёрӣ иҷорапулиро зиёд карда, прокурорҳо ва сардори мулкҳои императориро аз тариқи тӯҳфахо мехарад, то ки ин мансабдорон тарафи онҳоро бигиранд ва ғайраю ва ҳоказоҳо. Ба колонҳо омад кард: император хоҳиши онҳоро қонеъ гардонида, аз суиистеъмолкуниҳо изҳори нигаронӣ кард. Вале кӣ медонад, ки боз чӣ қадар чунин хоҳишхо беҷавоб монда буданд?
Афтидани сулолаи Антонинҳо. Агар дар Африқо бо фиристодани номаҳо ба номи давлат маҳдуд шуда бошанд, пас дар Галлия норозигии оммаивии мардуми истисморшуда ба шӯришҳои мушаххас оварда расониданд. Як нафар бо номи Матерн, ки дар гузашта сарбози Рим будааст, дар ин ҷо аз ҳисоби фирориёни ҷиноятпеша ва ғуломон артиши мунтазам ҷамъ мекунад ва ои қушун музофотҳои ғарбиро талаю тороҷ карда, ҳатто ҷуръат пайдо мекунад, ки ба шаҳрҳои калон низ ҳамла оварад. Пахши ин шӯриш ба ҷанги ҳақиқӣ мубаддал гардид, ки он бо номи “Ҷанг бо фирориён” (аз забони лотинӣ – bellum desertorum маълум аст. Дастаҳои Матерн дар Галлия торумор карда шуда бошанд, ҳам лекин ӯ худаш бо ҳамроҳии шумораи ками ҷонибдоронаш аз асирӣ ба зури наҷот ёфта, ба Италия меравад ва дар он ҷо соли 186 бар зидди ҳукумат ҷанги ҳақиқии партизаниро сар мекунад. Дар ниҳояти кор, ӯ хост, ки Коммодаро ба ба қатл расонад ва қариб буд, ки нақшаи ҷасуронаи худро ба иҷро расонад, вале хоине, ки худро ба қатори суиқасдчиён ворид карда буд, Матернаро ба ҳукуматдорон месупорад. Баъди ин қатлҳои нави оммавӣ ба амал омаданд.


Император Антонин Манзарае аз шӯриши Матерн
Ҳатто одамони ба Коммода наздик ҳам аз натиҷаҳои кирдори золимона ва доимо тағйирёбандаи ӯ ба оянда боварӣ надоштанд. Дар ниҳояти кор, онҳо –Эмилий Лет, Эклет ва маъшуқаи Коммода, масеҳидухтар Марсия — тасмим гирифтанд, ки дар арафаи рӯзе (1 январи соли 193), ки император дар тан пераҳани гладиаторӣ ба иҷрои вазифаи консулӣ огоз мекард, ӯро ба қатл расонанд. Суикасд танҳо дар дафъаи дуюм барор гирифт: суиӯқкасдчиён аввал ба қурбонии худ заҳр доданд, вале он ба ӯ таъсир накард. Бинобар ин, аз хизмати гӯштингири касбӣ истифода мебаранд, ки ӯ бе ягон саҳв Коммодаро буӯӣ карда мекушанд. Ҳамин буд хотимаёбии сулолае, ки дар Рим дар тули сад сол ҳукмронӣ кардааст.