Иктисодиёт ва муносибатхои ичтимои дар Импперияи Рим дар асрхои I – II

Дар асрҳои I – II империяи Рим давраи баландтарини нашъунамо ва васеъшавии худро аз сар мегузаронид: ҳокаимияти Рим (imperium Romanum) дар Аврупои Ғарбӣ ва Ҷанубӣ ва Африқои Шимолӣ паҳн гардида буд. Ин вақт дар тамоми ин фазои бузург – аз соҳилҳои холии Шимолии Шотландия то қумистони Саҳрои Кабир дар ҷануб ва аз уқёнуси Атлантика дар ғарб то дарёи Фурот дар шарқ сулҳи дуру дарози таҳкимёфтаи дохили ҳукмрон гардид. Дар роҳҳои аҳамияти муҳимдошта ғоратгарии баҳрӣ (пиратство) аз байн бардошта (дар ҳар сурат маҳдуд карда) шуд, иқтисодиёт, маданият ва муносибатҳои иҷтимоӣ ба сатҳи баланди рушд муваффақ шуданд.

C:\Users\USER\Music\21.png
C:\Users\USER\Music\загружено.jpg

Ошхонаи Рими Қадим Пиратҳои (роҳзанҳои) тиррен

Дар асрҳои I – II пешрафти иқтисодиёт ва муносибатҳои иҷтимоӣ аз он сабаб рух дод, ки ба Империя муяссар шуд, ки ба истисмори ваҳшиёнаи музофотҳо, ки яке аз нишонаҳои хоси замони ҷумхурӣ буд, хотима бахшад. Императорҳо ва махсусан Флавийҳо ва Антонинҳо шаҳрхои музофотиро пуштибонӣ мекарданд. Аз ин бармеояд, ки императорони ин сулолаҳо нақши музофотҳоро ҳамчун пешбарарндагони тартиботи иҷтимоию иқтисодӣ ва анъанаҳои мадании замони антиқа ба таври ҳақиқӣ дарк карда будаанд. Нақши музофотҳо дар тули асрҳои I – II бетанафус меафзуд, вале Италия мисли пештара худро ҳамчун маркази он «доираи заминҳо» (orbis lerarum)-е мешуморид, ки дар шуӯри муосирон бо мафҳуми олами Рим (raх Romana) алоқаи ногусастанӣ дошт.

Рушди иҷтимоию иқтисодии Италия дар асрҳои I – II. Болоравии иқтисодии дар аҳди Август оғозёфта, ки ҳудудҳои он дар замони Империя ба тарафи шимол то худи Алп васеъ карда шуда буданд¸ дар асри I ҳам идома дошт. Яке аз нишонаҳои муҳимтарини ин васеъшавӣ болоравии рушди бемислу монанди шаҳрҳо буд, ки шумораи онҳо дар давраи мазкур аз ҳазор адад ҳам афзун гардида буд, дар ҳоле, ки шумораи умумии аҳолии Италия тахминан сенздаҳ-чордаҳ миллион нафарро ташкил мекард.

C:\Users\USER\Music\209697731.jpg
C:\Users\USER\Music\12.jpg
C:\Users\USER\Music\0235351079.jpg

Косибон ва рушди косибӣ дар Рими асрҳои I-II

Қисми зиёди шаҳрҳои Италия сохтори якхелаи мунисипалӣ доштанд: мақомоти идора маҷлисҳои халқӣ (comutia), шӯрои шаҳрӣ (curia) ва интихоби шахсони мансабдор (magistraturs) буданд. Дар охирҳои асри II комитсияҳои мунисипалӣ аз байн мераванд ва вазифаҳои онҳо (шахсони мансабдори интихобшуда) ба курияҳо мегузаранд.

Аъзои шӯрои шаҳрӣ (одатан онҳо сад нафар буданд) табақаи олии аҳолии шаҳр–табақаи декурионҳоро (ordodokumentum) ташкил мекарданд. Барои он, ки ба хайати сенати мунисипалӣ дохил шавӣ, сатҳи (сензи) молу мулкии сад хазор сестерсий ва синни на камтар аз 25-сола талаб карда мешуд. Магистратҳои ҳар сол интихоб мешудагӣ аз ду шахси мансабдор иборат буданд, ҳамон тавре, ки консулҳои Рим низ аз ду нафар эдиктҳо ва ду нафар квесторҳо иборат буданд. Дар панҷ сол дуовирхо сензи ҳайатро гузаронида, рӯйхати нави декурианҳоро мураттаб месохтанд. Дар баробари ин, дар ҳайати мунисипалхо аъзои ҳаргуна коллегияҳои коҳинон низ мавҷуд буданд: ба sevin Augustales, ки бо парастиши Август алоқаманд аст, – ikamini perpetiu (заминҳои абадӣ) ва ғайра. Бисёр сохторҳои мунисипалии шаҳрҳо ба ин сохтор монандӣ доштанд.

Дар асри I ҳаёти мунисипалӣ дар бисёр шаҳрҳои Италия, тавре ки мегӯянд, чун фаввора ҷӯш мезад: навиштаҷоти сершумор аз Помпей дар бораи он шаҳодат медиҳад, ки дар интихоботи шахсони маҳаллии мансабдор бемуҳовот муборизаи сахт сурат мегирифтааст. Муқовимати довталабон дар сатҳи баланд буд. Дар муборизаи пешазинтихоботӣ ташвиқоту таблиғот аз тарафи иттиходияҳои сершумори ашхоси алоҳида (kollegia), иттиходияҳои касбӣ ва истеҳсолӣ, ки ба он саворагон ва савдогарони ин касб (моҳигирон, қассобон, оҳангарон, нонпазҳо ва ғайраҳо), иттиҳодияҳои диние, ки ба парастиши худованди ҳақиқӣ алоқаманданд, дафнкунҳо, ки аъзои онҳо камбағалон буда, ҷидду ҷаҳд ба дафни сазоворро аз ҳисоби хазинаҳои умумии коллегаҳо баҷо меовардагӣ ва гайраҳо дохил буданд, дар ин маъракаи сиёсӣ нақши калонро иҷро менамуданд.

Бо саршавии замони Антонинҳо дар фаъолияти мухторияти мунисипалӣ баъзе маҳдудиятҳо ба миён меоянд. Масалан, аз замони императорон Нерва ва Траян сар карда, таъйин кардани мансабдорони махсус (curatores) аз болои назорати молияи шаҳрӣ ба ҳукми анъана медарояд. Минбаъд чунин таҷриба ба меъёр мубаддал мегардад, гузашта аз ин, ваколатҳои кураторҳо васеъ карда мешаванд.

C:\Users\USER\Music\12.jpg
C:\Users\USER\Music\180px-Pompei_-_House_of_Julia_Felix_-_2_-_MAN.jpg

Намунаҳо аз бозорҳои дохилии Рим

Ҳукумати импеерӣ кушиш мекард, ки ҷавобгариро барои нодуруст воридшавии андозҳо ва пардохтҳоро ба зимаи шаҳриҳо ва сокинони деҳотие, ки ба рӯйхати шаҳрихо дохил гардидаанд, бор кунанд. Дар ниҳояти кор, ин вазифа ба зимаи намояндагони табақаи декурионҳо, аниқтараш аз рӯи мартабаашон ба даҳ нафар сенаторҳои мунисипалие, ки номҳои онҳо дар рӯйхат аввал меистодаанд (decempimi), вогузор карда мешуданд. Баъдтар ин тадбир яке аз омилҳои ру ба таназзул овардани шаҳрҳо мегардад.

Дар бораи вазъияти кишоварзии Италияи асри I тасаввуроти дар рисолаи Кодумелла «Хоҷагии қишлоқ» омада, ки дар замони Нерон навишта шудааст, шаҳодат медиҳад. Дар он муаллиф ҷонибдори гарму ҷушони хоҷагии типпи пуршиддат (экзистенсивӣ) ба монанди бустонсароҳои катон будани худро нишон медиҳад. Мулкҳои (villae) ғуломдории андозаашон миёна, ки ба бозор алоқаманд буданд, шаробҳои баландсифат ва навъҳои беҳтарини равғани зайтунро истеҳсол мекарданд. Вале баъзе эродхое, ки дар матни рисола ба таври пароканда омадаанд, имконият медиҳанд тахмин карда шавад, ки вазъ дар соҳаи кишоварзӣ дар замони худи Колумелла на онкадар хуб будааст. Ҳодисахои бӯҳронӣ дар ин соҳаи иқтисодиёт Италияро қисман баргаштан ба шаклҳои экстенсивии (яъне васеъкунии истехсолот) хоҷагидорӣ маҷбур мекард. Чунин хоҷагиҳо латифундияҳои мулкҳои калони ғуломдорӣ номида шуда, масоҳати онҳо якчанд ҳазор югериро ташкил медоданд.

Рақобати музофотҳо сабаби асосии сар задани бӯҳрон дар соҳаи кишоварзии Италия буд. Агар қаблан шароб ва равғани зайтуни истеҳсоли Италия дар қисмати ғарбии Италия фурухта мешуда бошад, пас дар охирҳои асри I ва махсусан аз садсолаи II сар карда музофотҳои Испания ва Галлия худашон ба содиркунандагони калони ин маҳсулот мубаддал шуда, сиёсати (конюктураи) бозори соҳаи кишоварзии барои Италия номусоид бармегардонанд. Вале, табиист, ки гап на танҳо дар бораи ин меравад: асоси соҳаи кишоварзии Италияро, чун дар тамоми иқтисодиёти ҷаҳони антиқа, ки ғуломдорӣ ташкил мекард, аз рӯи табиати худ экстенсивӣ ва барои татбиқаи навгониҳои техникӣ фазои танг мухаё намуда буд. Дар ин шароит ҳар гуна шаклҳои интенсивии (истифодаи максималии иқтидорҳои иқтисодии мавҷуда) хоҳ нохоҳ муваққатӣ мегарданд, баъзе пешравиҳо дар замони ҷумҳурӣ ва вақтҳои аввали Империя тавассути ҷангҳои истилогарона ба миён меомаданд, ки ба бозор оммаи бузурги ғуломонро мебароварданд. Ин сабаб имконият фароҳам меовард, ки истисмор ба сатҳи ниҳоии имконпазир расонида шавад, ки ин имконият медод дар оғози асри II умри ин давраи фаровонӣ ба охир расад.

Пешрафти иқтисодиёти ғуломдорӣ ба қобилияти давлати Рим, ки музофотҳои дурдасти варвариро бераҳмона истисмор карда, аз он ҷо ҳамаи сарватҳои моддӣ ва нерӯи зинда (ғуломон)-ро ба коми худ мекашид, асос ёфта буд, вале, вақте ки нерӯи истилогаронаи Империя ба анҷом мерасад ва режими империи дар музофоҳо дар мачмӯъ шакли бонизомтар ва инсонпарваронаро пайдо менамуд, имкониятҳои он ҳиссаи болоравии иқтисодиётро низ кам мекард.

Он далеле, ки ин тамоилҳо аз ҳама пештар дар Италия – дар мамлакате ба миён омад, ки он низоми ғуломдории рушдёфта дошт, дорои моҳияти қонунияти таърихӣ мебошад: музофотҳо, ки дар мачмӯъ, нисбатан ақибмондатар буданд¸ низ ба чунин ҳодисаю мушкилот рӯ ба рӯ шуда, қариб сад сол ақиб монданд ва дар охирҳои асри II – дар мархалаи оғози бӯҳрони империяи Рим қарор гирифтанд.

Чанд калима бояд оид ба косибии Италия низ гуфт. Дар нн ҷо мачмуан метавон зикр кард, ки худи ҳамон тамоиле арзи вуҷуд дошт, ки дар соҳаи кишоварзӣ буд: имконияти фуруши маснуоти косибӣ дар музофотҳо пешрафти босуръати саноати косибии Италияро дар охирҳои Ҷумхури дар садсолаи аввали Империя низ таъмин менамуд. Вале дар асри II бо сабаби болоравии косибӣ дар музофотҳо бозори фуруши маснуоти италиявӣ танг мешавад ва ҳатто дар худи Италия ба косибон ва савдогарони маҳаллӣ лозим меояд, ки бо рақобат бо ҳамкасбони худ бархурд дошта бошанд.

Бояд зикр кард, ки ба зуҳуроти бӯҳрони дар иқтисодиёти Италияи охирҳои асрҳои I – II баамаломада набояд аз ҳад зиёд бахо дод. Дар қисмати шимолии нимҷазира, дар мавзеи пастии Припад хоҷагихои миёна ва хурди молие мавҷуд буданд, ки ба парвариши ток ва зайтун шуғл меварзиданд, вале дар ҷануби мамлакат бошад, хоҷагиҳои калони чорводорӣ афзалият доштанд. Инчунин шаҳрҳо ба монанди Милан, Аквилея ва Патавияро бӯҳрон бо пуррагӣ фаро нагирифта буд, аз ин рӯ, онҳо натанҳо аҳамияти худро гум накарданд, балки таназзули марказҳои косибии Италияи Ҷанубиро ба нафъи худ истифода бурданд. Сарфи назар аз ин, сатҳи нашъунамое, ки дар замони Август – дар даҳсолаҳои аввали асри I ба даст оварда шуда буд, акнун Италия ҳаргиз ба даст оварда натавонист.

Болоравии иқтисодӣ дар музофотҳо. Болоравии ҳаёти иқтисодии Империя бо рушди шаҳрҳо ҳамчун марказҳои косибӣ ва савдо алоқаманд буд. Шаҳрҳои музофотӣ дар Рими ғарбӣ ба якчанд намуд тақсим мешавад: аз ҳама боло мустамликаҳо (koloniac) ва мунисипалиҳо (munisipia) намуди италиягӣ ва баъд шаҳрҳои сершумори маҳалии (civitates) сатҳашон гуногун (liberae, foederatae, stipendiariae ва ғайра) меистоданд. Мансубияти шаҳрҳо ба яке аз намудҳои дар боло номбурда ба пайдоиши он – дар ҷанини шаҳри оянда вобастагӣ дошт. Дар ин нақш метавонист маркази қабилаи маҳаллӣ истад (ҳамин тавр аст пайдоиши шаҳрҳои Галлия), ғайр аз ин, мустамликаи ветеранӣ ё базаи ҳарбии Рим (ҳамин хел бунёд шуда буданд шаҳрҳои Вена, Страсбург, Кёлн ва шаҳрҳои дигар дар Дунай ва Рейн). Ниҳоят, дар вилоятҳои дигари Империя, ки аз тарафи юнониҳо ва карфагениҳо асосгузошта, ки ханӯз то истилогариҳои Рим вуҷуд доштанд, ҳамин тавр буданд. Масалан, Массилия (Марсели имрӯза) Карфагени Нав (имрӯз шаҳри Картахена) аз ҳамин қабил шаҳрҳо буданд. Ғайр аз ин, император метавонист ба ҷамоаи маҳаллӣ мақоми иттифоқии аз андозҳо озодро ҳадя намояд, ба он ҳуқуқи мустамлиака ё музофотро бо ҳуқуқи пурраи римӣ ё маҳдуд (лотини)-и шаҳрвандӣ дихад.

Сохти сиёсии шаҳрҳои дар ғарби империя воқеъбуда ба сохти сиёсии шаҳрҳои италиягӣ шабоҳат дошт: роҳбарии идораи шаҳр ба зимаи шӯрои шаҳрӣ (curia) вогузор карда шуда буд, ҳамон номҳое, ки дар Италия ҳамаи магистратҳои маҳаллӣ доштанд. Ба ҳолати молияи шаҳр амалдори махсус (curator) назорат мекард, ки ӯро аз Рим таъйин мекарданд. Ғайр аз магистратҳо, шаҳрҳо аз ҳисоби сенаторҳои бонуфуз, амалдорони калон ва ғайраи Рим сарпарастони худро интихоб мекарданд.

C:\Users\USER\Music\12.jpg
C:\Users\USER\Music\21.jpg

Эфеси қадим Антиохияи қадим

Дар шарқи мамлакат шаҳрҳои дорои намуди римӣ нисбатан камтар буданд. Дар ин ҷо полисҳои юнонӣ афзалият доштанд (чун Эфес, Милет, Антиохия, Александрия – Искандария, Птолеманда) ва шаҳрҳои маҳаллии ҳамзамони марказҳои Шарқи қадим (Иерусалим (Байтулмуқаддас), Тир, Димишқ ва гайра) буданд. Дар шафати онҳо округҳои сершумор ва вохидҳои қаламрав мавҷудияти худро идома медоданд, ки номҳои сатрапий, қаламрави мухтори ибодатгоҳ ва ғайраро доштанд ва хатто шоҳигариҳои начандон калон (ба монанди Яхуд дар асри I) низ мавҷуд буданд. Дар ин минтақаи дунёи қадим, римиҳо ҳамчун давомдиҳандагони ҳокимияти шоҳҳо ва сулолаҳои эллинистӣ баромад мекарданд, ки онҳо ҳамчун тарзи эллиникунонии паҳншавии тартиботи иқтисодӣ ва анъанаҳои мадании антиқаро дастгирӣ карда ва нигоҳ медоштанд. Дар баробари ин, дар Шарқ, чун дар Ғарб низ паҳншавии ҳуқуқи Рим ва лотинӣ ҷараён дошта, ашрофони шарқӣ ҳайати сенатро пурра карда, дар як вақт ба ҳайати умумиримии элитаи (ашрофии) ҳукмрон низ ворид мегардиданд.

Дар лаҳзаҳои нави Империя муттаҳидшавии шаҳрҳои музофотие сурат мегирифт, ки ба парастиши император алоқаманд буд Ҳамасола дар шаҳри асосии музофот намояндагони ҷамоаҳои маҳаллӣ, бо шарофати император қурбонӣ баҷо овардан, баррасии баъзе масъалаҳои маҳаллӣ ва фиристодани талабномаҳо ба Рим ва ғайра чамъ меомаданд. Дар ин маҷлисҳо (concilia) коҳини музофотҳои ғарбии дотинигардида, ки худро «флумини музофотӣ» (flunen perpenus provinciae) ном мебурд, раисӣ мекард, дар Шарқ бошад, чунин муассисаҳо то замони Рим – азиархом, галатархом, вифапархом ва ғайраҳо вуҷуд доштанд. Дар марҳалаи империяи барвақта маҷлисҳои музофотӣ ба идораи давлат таъсири муайян доштанд, вале баъдтар мақоми онҳо ба расмияти зоҳирии оддӣ маҳдуд мегардад.

Дар иқтисодиёт бошад, шаҳрҳои нашъунамоёфтаи Шарқ аз марказҳои шаҳрии қисмати ғарбии Империя афзалият доштанд. Махсусан Искандарияи Миср аз шаҳрҳои дигар фарқ карда меистод. Ин шаҳр дар натиҷаи савдо бо Ҳиндустон ба воситаи баҳрҳои Сурх ва Араб ва шаҳрҳои Сурия, ки бо истеҳсоли маснуоти баланлсифати филизӣ, зебу зинати заргарӣ ва атторӣ, матоъҳои патдору дар зебогӣ беҳамто сарватманд шуда буд. Ба шароби суриягӣ ки низ ҳатто ба Италия бароварда мешуд, дар бозорҳои дигари Империя харидори зиёд дошт. Қайд бояд кард, ки дар асрҳои I – II сатҳи рушди баъзе вилоятҳои Шарқи баҳри Миёназамин бо нобаробарии ниҳоии худ фарқ мекарданд. Агар шаҳрҳои Осиёи Хурд ва Сурия ба сатҳи некуаҳволӣи, ки дар замони эллинистӣ наздик шуда буданд, расида бошанд, пас Юнони Балкан, ба боқӣ мондани аҳамияти мадании Афина ва баъзе маркаазҳои дигар марҳалаи таназзули чуқурро аз сар мегузаронид. Вале ҳукумати Империи аз уҳдаи мубориза бар зидди он баромада наметавонист.

Баракс, музофотҳои ғарбӣ дар замони империяи барвақта бештар вилоятҳои афзалиятноки хоҷагии қишлоқ ба ҳисоб мерафтанд. Косибӣ дар ин ҷо нисбат ба Шарқ хеле суст пеш рафта буд. Истисно аст танҳо соҳаи истеҳсол ва коркарди маъдан дар конҳои Испания, Британия, Далматсия ва Норик, ки истеҳсоли ҳаҷми зиёди маъдани оҳан ва маъданҳои қимматбаҳоро илова намуданд. Аксарияти конҳо ба ба хазина тааллук доштанд ва маъдани истихроҷҷарда барои ҷуброн ба шахсони хусусӣ (konduktores) ҳамчун андоз ба саворагон дода мешуданд. Зикр бояд кард, ки шаҳрҳои Галлия аз қабили Арект¸ Нарбон¸ Лугдун, Трир ва дигарҳо ба сатҳи хеле баланди рушди саноатӣ расиданд, молҳои дар онҳо истеҳсол мешудагӣ – газворҳои зағирпоягӣ ва пашмин, кулолгарӣ ва маснуоти филизӣ – дар тамоми бозорҳо талабгори зиёд дошта, аз онҳо маҳсулоти устохонаҳои Галлияро фишор дода мебароварданд.

Дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар тамоми Империя Миср ва музофотҳои Африқои Шимолӣ, – дароварандагони асосии ғаллаи фурушӣ ба бозорҳои Баҳри Миёназамин, дар сафи пеш қарор доштанд. Дар мақоми истеъмолкунандагони асосии гандуми мисрӣ ва африқоӣ Италия ва дигар вилоятҳои шаҳр (урабани)-шудаи вилоят баромад мекарданд: шаҳри Рим бо аҳолии якмиллионнафарааш, аз рӯи баъзе сарчашмаҳо ҳатто якуниммиллионнафара қариб аз се як ҳиссаи сол аз ҳисоби гандуми Миср ва аз се ду ҳиссаи сол гандуми аз Африқо воридгардида рӯз мегузаронид. Содироти папирус, маводи асосии навишти антиқа, ки дар истеҳсоли он водии дарёи Нил инҳисорчии табиӣ ва содиркунандаи асосии равғани зайтун аз вилоятҳои шимолии Африқо буд, дар ин бозор бо хоҷагиҳои зайтунпарварии Италия ва Испания рақобат мекарданд. Он чӣ ки ба истеҳсоли шароб дахл дорад, баракс, мамлакатҳои юнонии Шарқ (музофоти Нарбон), Италия ва Испания дар ҷои аввал меистоданд, дар ҳоле ки истеҳсоли шароби дар шимоли Африқо истеҳсолшуда, танҳо аҳамияти маҳаллӣ дошт.

Нашъунамои робитаҳои савдоӣ дар асри II. Охири асри I ва қисми зиёди асри II марҳалаи сатҳи баландтарини то ҳол мислаш диданашудаи рушди савдои Рим ба ҳисоб меравад. Сабаби ин нашъунамо болоравии сатҳи истеҳсолоти молӣ дар музофотҳо дар шароити беҳтаршавии умумии вазъият, мӯътадилгардии шароит дар Империя, такмилёбии воситаҳои нақлиёт, роҳҳои савдоӣ ва ғайра мебошад. Дар баробари маснуоти зебу зинатӣ ва пуршукӯҳу бокарру фаре, ки талаботи ашрофони Рим ва музофотиҳои сарватмандро конеъ мекарданд, ба гардиши молӣ маҳсулоти зарур ба талаботи омма бароварда мешуд: газвори дурушт, ғалла, навъҳои на онқадар қиммати шароб ва равғани зайтун, ҷиҳози на он қадар киммати ошхона, бомпӯши сафолӣ (черепитса), маснуоти арзони филизӣ ва молҳои дигар, ки пеш аз хама ба зарурати корафтодагони оддӣ нигаронида шудаанд.

Баъзе вилоятҳои алоҳидаи олами Рим ба истеҳсоли ягон намуди (ё якчанд намуди) молҳо махсус гардонида шуда буданд, ки дар навбати худ шароит барои муқаррар кардани алоқаҳои суръатноки тиҷоратӣ дар байни музофотҳои гуногун, инчунин, дар байни музофотҳо ва Италия шароит мухаё месохтанд. Дар замони Ҷумҳурӣ робитаҳои мазкур асосан ҳамчун олоти истисмори ваҳшиёнаи музофотҳо агар ба фоидаи олигархияи Рим хизмат мекарда бошанд, пас акнун характери онҳо тағйир ёфта буд: аз олоти истисмор онҳо ба воситаи муҳимтарини муттаҳидшавии омехтаи (конгломерати) қабилаҳо ва халқҳои истилокардаи Рим ба нерӯи ягонае мубаддал мегарданд, ки бо талаботи байниҳамдигарӣ мақсадҳои муштаракашон нисбат ба ҳар гуна ҳокимияте, ки ба нерӯи ҳарбӣ такя мекунад, мустаҳкамтар мебошанд.

C:\Users\USER\Music\trade_old4.jpg
C:\Users\USER\Music\2.jpg

Харитаи роҳҳои савдои Империяи Рим Флоти тиҷоратӣ ва ҳарбии Рим

Муносибатҳои савдоӣ дар байни қисматҳои алоҳидаи Империя асосан тавассути роҳҳои обӣ (баҳрӣ ва дарёӣ) сурат мегирифтанд, чунки итиқол тавассути роҳҳои хушкигард қиммат меафтиданд. Савдои байнивлоятӣ дар дасти ширкатҳои бонуфузи тиҷоратӣ буд, ки дар ихтиёри худ киштиҳо, амборҳои мол, маблағхои калони пулӣ ва дар бисёр музофотҳо агепнтиҳои (мақомоти) боэтимод доштанд, ки ба савдои онҳо мусоидат менамуданд. Болоравии умумии савдо ба рушди соҳаи қарзию молиявӣ, пулию судхурии сармоядорӣ, ки дар ҳаёти иқтисодии Рими замони Ҷумхурӣ нақши калонро иҷро мекарданд, баъди бекор карда шудани харидорӣ дар музофотҳо бояд барои хизматрасонӣ ба амалиётҳои тиҷоратӣ ва истеҳсолоти калони косибӣ бармегаштанд. Ба ҷои он, ки бо худ пули нақдина баранд, тоҷирон (negotiators, merkatores) онро ба ихтиёри ҳаммол мегузоштанд. Аргентарияҳо (argentarius) ба ивази маблағаш вексел мегирифт. Мувофиқи он ӯ метавонист маблағи худро аз ҷои дигар бигирад.

Дар мачмӯъ, ҳаёти хоҷагӣ моҳияти нисбатан солим пайдо мекунад: каллобӣ камтар шуд, фоиз ба қарзҳо бошад, ба ҷои панӯҷчоҳ – шаст фоизӣ дар як сол, то шаш фоизӣ дар ҳамин мӯҳлат кам карда мешавад.

Савдои чакана низ нашъунамо ёфт: дар ин бора хеле зиёд шудани сиккаҳои нуқрагию мисин шаҳодат медиҳад, ки аз замони Импеприя боқӣ монда буданд. Корвонсаройҳои сершумор, бозорҳо ва дуконҳо қисмҳои ҷудонашавандаи хар як шаҳри Рим мегарданд, чун қоида, барои онҳо ошёнаҳои поении биноҳои истиқоматӣ ба иҷора дода мешуданд Дар шаҳрҳои калон биноҳои махсус ҳамчун амбор барои савдо бунёд карда мешуданд, ки ба ин бозори Траян дар Рим мисол шуда мтавонад Ин иншооти муӯҳхташами баландиаш баробар бинои ба панҷ ошёна метавонист зиёда аз сад мағоза ва дуконро ғунҷонад, ки дар онҳо молҳои гуногунро хариду ф\урӯш мекарданд.

Дар баробари бозори дохилӣ бозори байналмилаӣ низ рушду нумӯъ мекард. Шарикони Империя дар робитаҳои савдоии хориҷӣ қабилаҳои Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ, шаҳрхои юнонии Шимоли Бахри Сиёх, Қафқоз, Эрон, Осиёи Марказӣ, навоиии дохилии Африқо, Арабистон ва Ҳиндустон баромад мекарданд. Савдо бо мамлакатҳои Шарқ ахамияти махсус пайдо карда буд. Аз он ҷо ба воситаи баҳри Миёназамин маҳсулоти доруворӣ, сангҳои қимматбаҳо, газворҳои пахтагӣ, абрешимӣ ва газворҳои дигари тунуку ҳарир, инчунин гиёҳҳои хушбӯй дар ҳаҷми умумии сад миллион сестерсий дар як сол ворид месохтанд. Зиёда аз нисфи ин маблағ ба молҳои ҳиндӣ рост меомад, ки дар Рим нисбат ба Ҳиндустон садҳо маротиба қимматтар буданд.

Накши асосиро дар тичорат бо Хиндустон шахрхои Искандарияи Мисри бози мекард. Дар асри I искандарияги Гиннал шамоли устувори мавсимиро дар кисмати шаркии укёнуси Хинд кашф кард (бо номи мусонхо), ки бо ёрии он бе мушкилии зиёде мумкин буд ба воситаи бахри Сурх ба баҳри Араб расид. Дар натиҷаи ин, то охири ҳамин аср роҳҳои каму беш мунтазами савдоӣ дар байни Империя ва соҳилҳои ғарбии нимҷазираи Ҳиндустон муқаррар карда мешаванд, аз он ҷумла, ҷӯи (канали) бузурге кофта ва ба кор дароварда шуд, ки он баҳри Миёназаминро ба баҳри Сурх пайваст.

Садсолаи II бо муваффқиятҳои нав дар савдои шарқӣ маълум аст: ба ин, аз он ҷумла, барпо карда шудани робита ба империяи Хан дар Чини қадим тавассути Роҳи Бузурги Абрешим. Зарур аст қайд карда шавад, ки аз Чин ба Империя асосан абрешими хом бароварда мешуд, ки дар он ҷо ба газворҳои абрешимии барои савдо муқаарраргардида коркард шуда, ба бозорҳои Искандария ва Сурия интиқол дода мешуданд. Баъдтар, дар аcри IV, бо шарофати кушодани сирри ба даст овардани алшёи хоми атлас – пилла аз тут, Рим дар истеҳсоли пилла ва аз он бофтани абрешим пурра мустақил мешавад.

Он вақте ки императорони сулолаи Хани Чин барои Роҳи Бузурги Абрешим назорат кардани худ мубориза мебурданд, аз тарафи баҳрнавардони юнонӣ каашфиётҳои нави муҳим рӯи кор оварда шуданд: онҳо аз соҳилҳои ғарбии Ҳиндустон ба ҷазираи Сейлон (Шри Ланка) даромада, баъд роҳи худро идома дода, аз тарафи халиҷи Бангола дар шарқк то нимҷазираи Малай ва ҷазираи Дорувориҳо (ҷазираҳхои Молукк) рафта мерасанд. Баъзе тоҷирони соҳибтаҷриба кушиш ба харҷ доданд, то ки ҳатто дар байни империяи Чин ва империяи Рим роҳи мустақими баҳрӣ кушоянд. Вале ин кор аз кушишҳои парокандаи алоҳидаи камсамар иборат шуду бас.

Сарфи назар аз ин, дастовардҳои иқтисодии римиҳоро набояд аз ҳад зиёд муболиға кард: ҳатто дар асри II қаламрави бузург (қисмати зиёди Британия, баъзе нохияҳои Галлия ва Испания, музофотҳои назди Дунай ва ғайраҳо) ба он рушди савдо, ки дар бораи он дар боло сухан рафт, ба савдо қариб тамоман фаро гирифта нашуда буд. Дар мубодилаи пуравҷи молҳо дар доираи бозори ягонаи баҳри Миёназамин, асосан навоҳии наздисоҳхилӣ ҷалб карда шуда буданд, вале иштироки вилоятҳои дохилӣ ва континенталӣ, чун қоида, дар ҳаёти иқтисодии Империя бо ворид кардани озуқа ва ашёи хом барои саноати косибӣ маҳдуд карда шуда буд.

Дар асри II ва охирҳои асри III дар қаламрави империяи Рим як силсила ҷангҳои калон шуда гузаштанд. Чангҳои дар Маркоман ва Порт пешбурдаи Марк Аврелий, ҷанги шаҳрвандии баъд аз марги Коммода, ҷангҳо бо Порт дар аҳди Северҳо ва ғайраҳо аз қабили онҳо мебошанд. Ин ҷангхо ва бадбахтиҳои бо онҳо ҳамроҳ (бӯҳрони молиявӣ, бемории мараз ва ғайраҳо) ба иқтисодиёти Рим (махсусан ба шаклҳои нисбатан тараққикардаи бозор) зарба зад ва аз ҳамин сабаб муясар нагардид, ки ин иқтисод аз оқибатҳои вазнини ин зарба ба таври пурра раҳоӣ ёбад.

Дар ҷараёни ҷангҳои беруна ва бетартибиҳои дохилӣ, ки мазмуни асосии таърихи Римро аз замони марги Марк Аврелий то Консстантини Бузург ташкил мекунанд, дар навбати аввал, марказҳои асосии косибӣ ва савдо зарар диданд. Маҳз ҷамоаҳои шаҳри вазнинии асосии андозҳоро ба зима доштанд, яъне, дар ниҳояти кор, маҳз шаҳриҳо вазнинии ҷанг ва пардохтҳои фавқулоддаро дар худ ҳис карданд. Бояд илова кард, ки дар чунин шароит ҳукумати Рим маҷбур буд тадбирҳои таъҷилӣи андешад. Маҳз боигарии шаҳрҳо ва шаҳриҳо, яъне ғаниматҳои эҳтимолӣ, дастаҳои душманро ҳамчун оханрабо ба тарафи худ мекашид. Ва, ниҳоят, махз оқибатҳои пастравии иқтисодӣ ба шаҳрҳо таъсири манфӣ расониданд, дар ҳоле, ки латифундияҳо – заминҳои калон ва доменҳои дар як ҷо бо тартиб воқеъгардида ташкилоти устувори иҷтимоию иқтисодӣ баромада, аз бӯҳрони иқтисодӣ зарари калон надиданд, чунки онҳо на ба алоқа ба бозор, балки ба истеъмолкунандагони дохилӣ равона карда шуда буданд.

Рушди ғуломдорӣ дар Рим. Асоси ҳаёти иқтисодии ҷомеаи Рим дар давраи Империя мисли пештара муносибатҳои ғуломдории шакли классикӣ он буд, ки дар Юнони қадим ба вуҷуд омада ва рушди минбаъдаи худро дар давлатҳои эллинистӣ ва Ҷумҳурии Рим пайдо намуда буданд. Ин муносибатҳо акнун дар тамоми минтақаи бузурги баҳри Миёназамин паҳн мегарданд. Дар баробари ин¸ он чӣ ки ба шароити мушаххаси муносибати давлат ва ҷомеа ба ҳаёти ғулоион дахл дорад, дар давраи мавриди таваҷҷӯҳ қароргирифта тағйиротҳои зиёд ба амал омадаанд, ки онҳо дар қонунгузории имперӣ дар бораи ғуломон инъикос ёфтаанд.

Худсариҳои хуҷаинон бар ғуломон акнун бо он маҳдуд карда мешавад, на хуҷаини ғулом, на ҳатто магистри мунисипалҳ ҳақ надоштанд нисбати онҳое, ки дар конҳо кор мекунанд, ҳукми қатл бароранд ва ё ба гладиаторӣ фурӯшанд. Барои ба амал баровардани чунин ҷазоҳо акнун қарори додгоҳҳ лозим буд. Ғуломоне, ки аз муносибати золимона азобу уқубат мекашиданд, метавонистанд аз «ҳуқуқи гурезгоҳии ӯ» истифода баранд, ки аз он дар Рим ҳайкалҳои император ва кохҳои худоҳо истифода мебурданд. Ин қабил ғуломон ҳуқуқ доштпнд хоҳиш кунанд, ки онҳоро ба таври зурӣ ба хуҷаини дигар фурӯшанд. Аз замони император Клавдий қоидае муқаррар карда мешавад, ки мувофиқи он ғуломи пир ва ё беморро, ки хуҷаинаш намехост ӯро хуронаду пӯшонад, озодӣ ба даст медаровард. Ниҳоят, Адриан қатли ғуломонро манъ кард ва Антонин Пий барои бесабаб куштани ғулом чунин ҷарима муқаррар намуд, ҳамон тавре, ки барои қатли ғуломи дигар ҷарима пардохт карда мешуд. Шояд ҳамчун de fakto на de ure никоҳи байи марду зани ғулом эътироф гардид, ки қаблан алоқаи ҷинсии гайриқонунӣ (шпҳвлнӣ) ҳисобида мешуду бас. Ин ва дигар қарорҳои барои ғуломон муҳим ва муфид дар бораи он шаҳодат медиҳанд, ки давлат, пеш аз хама, дар шахси императорон, бигузор, дар сатҳи нобаробарҳуқуқ бошад ҳам, раияти худро ҳимоя макардагӣ мешаванд.

Дар як вақт бо баъзе васеъкунии ҳуқуқҳои шахсияти ғуломон бо роҳи ҳбар онхо муқаррар намудани як навъ пуштибонии давлат ҳуқуқҳои амволии онҳо низ васеъ карда мешаванд. Дар давраи мазкур ба ғуломон додаи ҳуқуқи амвол васеъ ба кор бурда мешуд: масалан, дар шакли ҳавасмандкунӣ барои хизмати содиқона, дар деҳот метавонад қитъаи замин ё подаи начандон калони гов, дар шахр – устохона бо асбобҳояш ё дукон бо молҳояшро дошта бошад. Чунин моликияти аз тарафи хуҷаин барои ғуломи худ пекулия (pekulium) ном дошт ва аз нуқтаи назар ҳуқуқ пурра моликияти давлат мондан мегирифт, аммо бо мурури замон ҳуқуқи ғуломон ба пекулия таҳким меёбад. Хуҷаин ҳамчун моликиятдори қонунӣ мисли пештара наметавонист ӯро ақиб баргардонад. Масалан, қарзҳояшро бо ашёҳои ба он дохилбуда пардохт намояд. Баракс, ғулом гарчанде, ки танҳо соҳиби пекулия мебошад, моликияти худро бегона намояд, онро ҳамчун мерос ба каси дигар бидиҳад ва гайра. Яъне ғулом номи моликиятдорро надошта бошад ҳам, ҳуқуқи таркибии муҳимтаринро ба моликият ба даст медаровард: ӯ метавонист аз пекулия истифода барад, аз он даромад ба даст орад, онро соҳибӣ кунад ва ғайраҳо.

Қонунгузории имперӣ дар бораи ғуломон андешаҳои навро дар бораи онҳо инъикос менамуд, ки қонунҳо барои ин соҳаи иҷтимоӣ қабулгардида дар ҷомеаи Рим бо мушкилиҳои зиёде ба худ роҳ мекушоданд. Дар бораи онҳо дар асарҳои нависандагони асрҳои I – II, чун Сенека, Петроний ё Дион ва Хригюст маълумот дода шудааст. Воқеан, ҳамчун адолат бояд қайд карда шавад, ки он таърифу тавсифи гуманистон, ки нисбати муносибати хуҷаинон ба ғуломон баён доштаанд ва мо онҳоро аз адабиёти замони Империяи барвқта пайдо мекунем, дар гумон аст, ки бе воқеияти шароити иҷтимоию иқтисодие, ки ба сохти ғуломдорӣ таъсир мерасониданд, ин қадар муваффақият пайдо мекарданд. Қатъ гардидани ҷангҳои аз ҳад зиёди фарогири васеи истилогарона, ки ба бозор оммаи калони ғуломонро ворид месохтанд, симои иҷтимоии бо номи «ғуломи миёнаи оморӣ»тағйир доданд: дар давраи Ҷумҳурӣ ғулом, чун қоида, варвари дируза, маъмулан асири ҳарбие буд, ки бар зидди Рим бо яроқу аслиҳа дар даст набард карда буд карор дошт ва аз даст додани озодии худро хеле хуб дар ёд дошт. Чун дар асри II ин ғуломи содиқ, ки дар манзили хуҷаини худ таваллуд шудааст, ҳамеша тайёр буд даст ба шӯриш занад.

Агар давлат ва хуҷаинони онҳо хуб муносибат кунанд, чунин ғуломони содиқ (cvrnae) хеле кам исён мебардоштанд ва нисбат ба рафиқонашон оид ба бадбахтӣ, ки дар ҷанг асир гирифта шудаанд, хубтар меҳнат мекарданд. Барои ҳамин ҳам, баъзе «башардӯстиҳо»-и хуҷаинон нисбати ғуломон, пеш аз ҳама, ба худи ғуломдорон нафъовар буданд.

Дар маҷмӯъ бояд зикр кард, ки шароити мушаххаси зиндагии ин ва ё он ғулом¸пеш аз хама, ба он вобастагӣ дорад, ки ба кадом қисмати хонавода (фамилия)-и шаҳрӣ (familia urbana) ва ё деҳотӣ (familia rustika) тааллуқ дорад: ғуломони шаҳрӣ, ки ба хоҷагии хона машғул буданд, асосан нисбат ба ғуломони деҳоти беҳтар зиндагӣ мекарданд, вале дар байни ғуломони деҳотӣ фарқиятҳои гурӯҳӣ вуҷуд доштанд. Дар як қутб мутахассисони касбӣ меистоданд ва дар қутби дигар – ғуломоне, ки ба меҳнати вазнини ҷисмонӣ машғул буданд. Дар вазъияти нисбатан вазнинтар ғуломоне қарор доштанд, ки дар конҳо ва дар корҳои сангшиканӣ кор мекарданд, инчунин – гладиаторҳо низ.

Бегуфтугу, гладиаторҳо категорияи нисбат ба дигар гурӯҳҳои маълумтари гуломони Рим буданд. Ин ҷанговарони касбӣ, ки ба муқобили ҳамдигар ҷонҳои худро ба рамақ гирифта ва аз марг натарсида, дар амфитеатр барои хурсандии издиҳоми ҳангоматалаб набард мекарданд, бештар аз ҷумлаи ҷиноятпеша ва ғуломон интихоб карда мешуданд. Вале дар байни гладиаторҳо онҳое ҳам вомехурданд, ки ба таври ихтиёрӣ аз мақоми шаҳрвандии Рим ба фоидаи хатарноки пурра ва таваккал барои гладиатор будан, даст кашида буданд.

Муносибат ба гладиаторҳо аз тарафи ҷомеа якхела ба назар намерасид: гладиаторҳо аз ягон ҳуқуқ истифода намебурданд, касби онҳо беобру ҳисобида мешуд. Вале, дар айни замон, номи онҳо дар байни мардум машхуру маҳбуб ва бо ғамхориҳо фаро гирифта шуда буд, ки тавассути набардхои хунин дар пеши назари даҳҳо ҳазор тамошобинони хушзавку пурғавғо, ки ҳар як зарбаи баишонрасидаи гладиатори дӯстдоштаи худро бо ҳамду сано пешвоз мегирифтанд, ба даст оварда мешуд. Вале ҳам шуҳрат ва ҳам худи ҳаёти гладиатор, чи хел ҷанговари моҳир ва бобарор набошад ҳам, он бо тезӣ мегузашт. Танҳо ба баъзе ҷанговароне, ки нисбатан бомаҳорат буданд, аз чониби тамошобинон сазовори эхтиром карор гирифтан муяссар мегардид. Ин қабил гладиаторҳо дар майдони набард бо рехтани хуни худ ва ҷонбозиҳои бемислу монанд сазовори мукофоти дилхоҳ – шамшери чӯбин, рамзи озоди мегардид. Чунин собиқ гладиаторҳо муаллимони шамшерзан ва дар мактабҳои гладиаторӣ ланист (Lanistae – сарвар) шаванд.

Рушди пурнашъунамои иқтисодиёт дар асрҳои I – II минбаъд ба таҷрибаи аз асорат озод кардани ғуломон, ҳамчун яке аз махсусиятҳои хоси ҳаёти иҷтимоии империяи Рим. мусоидат намуд. Ҳар як римии сарватманд ба одамони боваринок эҳтиёч дошт, ки идораи мулки худро ба ӯ супорад, ҳар гуна амалиётҳои тиҷоратӣ ва назоратро аз болои ҳайати хизматгорон ва ғайра ба ҷо оварад. Чунин шахсони боваринок ана ҳамин ба озодӣ ҷавобдодагон буданд: собиқ ғуломоне, ки дар баробари озодшавӣ ҳуқуқи шаҳрвандии римӣ ва ё лотиииро ба даст оварда, бо хуҷаини собиқи худ, ки пушту паноҳ ва патрони онҳо шуда, акнун нисбати собиқ ғуломон мафхуми клиентҳо истифода бурда мешуд, (яъне онҳо ғулом нею тобеъ буданд). Ингуна одамон алоқаи худро бо собиқ хуҷаинонашон наканда буданд Онҳо (яъне клиентҳо) вазифадор буданд, ки нисбати патрони худ эҳтиром дошта бошанд (масалан, клиент патрони худро ба суд дода наметавонист).ва ё хизматеро баҷо биёрад, ки дар бораи моҳияти он дар қарордод чизе гуфта нашудааст. Маҳдудияте, ки нисбати либертинҳо (аз лот. Libertine – «ба озоди чавобшудагон») ба кор бурда мешуд, чун қоида, аллакай дар насли оянда аз байн бардошта шуда. ба зиндагии озод роҳи васеъ кушода мешуд, ки онҳоро дар оянда (албатта на ҳамаи онҳоро) ба зинаҳои баланди иҷтимоӣ – ба табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ ва баъзан ҳатто то ба қатори саворагон мебаровард.

Соҳаи асосии фаъолияти иқтисодиии собиқ ғуломон асосан савдо, косибӣ ва амалиётҳои молиявӣ буданд, аммо орзуи ягонаи бисёрии онҳо ҷамъоварии маблағи басанда аз савдо барои маблағгузорӣ ба замин, ки ба онҳо ва зурётҳои онҳо даромади кафолатнок ва эҳтироми ҷамъиятӣ медод. Вале ин ҳаёт дар эҷодиёти як қатор муаллифони адабиёти антиқа мавриди ҳаҷв ва мазоқ қарор гирифта буд. Метавон озодшуда Трималхион, кахрамони романи Гай Петроний «Сатирикон»-ро мисол овард, ки ӯ ва ин қабил одамонро «бойҳои нав» номидааст. Аксарияти чунин «бойҳои нав» одамони боҳавсала, сариштакор ва хоксор, бо шаъну шараф, нангу номус ва дорои ахлоқи ҳамида буданд. Гарчанде дар байни онҳо низ муқобилони бевоситаи худи ҳамон Трималхион, бешарму ҳаёи маҳмаддоно, ки сарвати калон чамъ карда бошад ҳам, одатҳои дағалона ва бешарму ҳаё будани худро нигоҳ доштааст, бисёр вомехурданд.

Дар байни ҳамаи гурӯҳҳои либертинҳо гурӯҳи махсусро озодкардагиҳои император ташкил медоданд. Ба онҳо супоришҳои гуногуни маъмурӣ ва моливиро дар Рим ва музофотҳо месупориданд. Онҳо дар муассисаҳои марказӣ ва шӯъбаҳои дафтари император (abepistulis a rationubus ва ғайра) кор мекарданд. Ва, ниҳоят, ғуломони зиёд ва озодшудагон ба принсепс ва оилаи ӯ, баъзеҳои дигар, монанди Нарсис ва Паллант маҳрами даргоҳи замони Клавдия шуда хизмат карда, ба дараҷаи фаворитҳои (дустдоштаҳои) абарқудрати император сабзида расидаанд.

Сохтори иҷтимоии империяи Рим дар асрҳои I – II. Сохтори ичтимоии империяи Рим аз сохтори иҷтимоии замони муосир, ки мо ба он одат кардаем, бо он фарқ мекард, ки дар он ба таври ҳақиқи синфи миёна вуҷуд надошт. Ҷомеаи замони Империя ба се табқаи аз ҳамдигар ба таври куллӣ фарқдошта тақсим шуда буд – табақаи оли, табақаи имтиёзнок ва табақаи поён, ки охирин воқеан табақаи беимтиёз буд.

Синфҳои олии имтиёзнокро ашрофони гуногунтабор, сенаторҳо, табақаи саворагон ва ашрофони мунисипалӣ (декрионҳо) ташкил менамуданд. Дар замони принсипат сенаторҳои Рим мисли пештара синфи ҳукмронро ташкил менамуданд: аз байни онҳо ҳамаи унвондорони ҳарбӣ ва мансабдорони шаҳрвандии Империя баромада буданд, бе истиснои худи император. Барои Антонинҳои хоси одати меросӣ будани тахту тоҷи императорӣ имконият медод, ки ба сенаторҳои нисбатан маъруф ҳамчун ба номзадҳои потенсиалӣ ба мақоми принсепс назар намоянд, ки ин сабабгориҳар сари чанд вақт сар задани низоъ дар байни император ва ашрофон мегардид. Дар маҷмуъ, ordo senatorus (яъне сенаторҳо) дар аҳди Антонинҳо – такягоҳи мустаҳкам ва боэътимоди ҳокимияти императорӣ буданд. Ба ин бештар тағйир додани ҳайати сенат мусоидат карда буд: ҳайати фамилияҳое (хонаводаҳое), ки бо аз ниёгони замони ҷумхурӣ баромадани худ ифтихор доштанд, дар натиҷаи куштори (террори) Юлийҳо – Клавдийҳо, Флавийҳо ва мунтазам қир карда шудани авлоҳои зиёди ашрофӣ кам мешуд ва ҷои онҳоро навниҳолони сенаторчигии империявии баромадашон аз мунисипалиҳои италияӣ ва музофотӣ ишғол менамуданд Ин шахсиятҳо ба мансабҳои баланд муваффақ шуда, бо сабаби ин илтифоти император тобеи ӯ буданд ва ин «сенаторҳои нав» аз барқарорщавӣ ва ё барқарор нашудани Ҷуҳурӣ ҳеҷ парвое надоштанд, аз иқтидори каблии сенат бехабар ҳам буда, худро Катон ҳам эҳсос намекарданд. Вале бо пуррагӣ аз мақоми ифтихории худ ва ҳамон ҳаҷми ҳокимияти ба онҳо додашудае, ки ба принсепс лозим аст, розӣ буданд.

Сатҳи (сензи) молумулкие, ки барои унвони сенаторӣ зарур аст, дар вақташ аз тарафи Август мқаррар карда шуда, як миллион (аз рӯи дигар маълумотҳо як миллиону дусад ҳазор) сестерсийро ташкил мекард, тавре ки дар замони Ҷумҳурӣ буд – вазифаи пасте, ки ба сенат роҳ мекушод, квастура мемонд. Бунёди (базаи) муҳимтарини иқтисодии сенаторчигӣ мулкҳои калони кишоварзӣ буданд: бисёрии сенаторҳо (гарчанде, ки на ҳамаи сенаторҳо) магнатҳои кишоварзии ҳақиқӣ – дар Италия ва музофотҳо соҳибони латифундия ва бустонсароҳо буданд.

Саворагон баъд аз сенаторҳо дар зинаҳои табақавии Рим дар ҷои дуюм меистоданд. Дар баробари ин¸ бояд қайд кард, ки дар байни ин ду табақаи ашрофон монеаи касногузар вҷуд надошт: саворагони дар хизмати император муваффқ мунтазам ҳайати сенатро пурра мекарданд, ки ин имконият медод дар шахси оҳо захираи табақаи сенаториро дид. Ва, ниҳоят, дар табақаи саворагон писарони сенатоҳо низ то ба анҷомрасии гузариши марҳалаи аввали хизмати картерӣ дохил буданд.

Вале, барои он ки ба давлат хизмат карда ва баъд дар ин роҳ ба мансабҳои баланди саворагон муваффақ шавӣ, шарт набуд, ки барои ин сенатор бошӣ. Инчунин як категорияи бутуни мансабҳои махсуси саворагӣ ҳвуҷуд дошт ва дар байни чунин вазифҳои муҳим, префекти шаҳр, префекти преториалӣ, префекти аннон, ки ба таъмини Рим аз озуқаворӣ машғул буд ва ё префекти Миср бошад, ки яке аз музофотҳои калонтарини Империя буд, идора мекард, низ мавҷуд буданд. Ғайр аз ин, саворагон қисмати асосии ҳайати афсарони артилши Рим ва амалдорони шаҳрвандии маъмурияти идораи императорро ташкил намуда, барои хизмат маоши баланд мегирифтанд¸ ки ҳаҷми он сад ҳазор ва зиёда аз ин сестерсийро дар як сол ташкил медод ва мансабҳои дигар буданд. Дар байни саворагон одамоне ҳам буданд, ки бори вазниии вазифаҳои хизматиро ба худ нагирифта, оромона аз ҳисоби моҳона ва неъматҳое, ки аз тарафи замони Империя муқаррар карда шуда буданд, зиндагӣ карда, бой шаванд. Замони Империя ҳам барои табақаи якум ва ҳам табақаи дуюм имкаониятҳои якхела муҳаё гардонида шуда буданд. Сифати қаблии худро нигоҳ дошта, табақаи одамони корчалон – саворагон ба савдо ва амалиётҳои молиявӣ машғул шуда, соҳибони мулкҳои калон ва устохонаҳо буданд. Сатҳи зарури молумулкӣ барои саворагон ба чорсад хазор сестерсий дар як сол баробар буд.

Намояндагони ашрофони мунисипалӣ дар ҷамоаҳои худ соҳиби вазифаҳои олӣ буда, дорои замин ва устохонаҳои косибӣ ва ба савдо машғул буданд. Маҳз қисми болоии мунисипалӣ, ки аз бисёр ҷиҳат аз табқаҳои сенаторҳою саворагон сершумортар ва кафили тартиботи устувори иҷтимоӣ дар Империя Рим буданд. Мунисипалҳои бой, ки ҳокимияти империяро дастгиӣ карда, дар тамоми сарзамини мамлакат тартибот ва ваҳдатро таъмин намуда, дар маҷмӯъ, асоси мустахкамии ҳукмронии Рим дар музофоту махалҳо ва такягоҳи муҳимтарини иҷтимоии империяи Рим буданд.

Ҷавҳари (элитаи) табақаи саворагон (консулярҳо), амалдорони муҳимтарин аз ҷумлаи саворагон, қумандонҳои ҳарбӣ, ба озодӣ ҷавобшудагони бонуфузи император бо ҳамроҳии принсепс, дӯстони ӯ ва аъзои оилааш (фамилияи) дар дохили синфи ҳукмрон як нав гурӯҳе, ки табақаи асосӣ ва пешбарандаеро ташкил мекарданд, ки дар дасти худ фишангҳои муҳимтарини ҳокимиятро доштанд. Дар доираи ин фишанг намояндагони табақаҳои гуногун ва синфҳои ҷамъиятӣ муттаҳид шуда, бо тамоми ҳақиқаташ нишон медоданд, ки ченаки ҳақиқии қудрат ва таъсири шахси мушаххас дар замони Империя на ягон чизи дигар, балки наздик будан ба принсепс ташкил медихад. Қасри император, агар ҳамин хел ифода кардан мумкин бошад, меҳвари (эписентри) ҳокимияте буд, ки ҳамчун мавҷҳои зарбаи зеризаминӣ супоришу фармонҳо ба чор тарафи империя, то гӯшаю канораҳои дурдасттарин олами Рим рафта мерасиданд.

Дар қутби муқобили иҷтимоӣ оммаи қатории шаҳрвандон ва музофотчиён меистоданд. Муҳим аст, қайд карда шавад, ки чи тавре мо дар зинаҳои болоии иҷтимоии Рим тафриқаи (дифференсиатсияи) хеле мураккабро мебинем, дар зинаҳои поёнии он низ ҳамин тавр, дар асосҳои бунёдии он мо оммаи бесимою беранги “озодагони қкаторӣ”, инчунин сатҳҳои гуногуни иҷтимоии аз поён то ба боло мебурдагиро мебинему бас.

Мақоми ҷамъиятии сокини империяи Рим, ки ба синфи олии ашрофон таалуқ надошт, дар баробари даромадашон аз тариқи обрумандии касбӣ, инчунин аз рӯи мақоми шаҳри азиз, бигузор, он хоҳ мунисипалӣ бошад, хоҳ римӣ ё мустамликаи лотинӣ, итттифоқӣ, одами озод ё ҷамоаҳои перегинҳои (аз лот. Peregini – яъне “хориҷиён” дар замони империяи Рим – “музофотиҳо”) андозпардоз ва ғайра муайян карда мешуд. Дар ин маврид махсусан соҳиб будан ба ҳуқуқи Рим ва ҳеҷ набошад, ҳатто ҳуқуқи лотинӣ, ки сатҳи ҳуқуқдории касро баланд мекард, ки он ҳуқуқи инсонро ҳимоят менамуд, хеле муҳим буд. Сиёсати паҳншавии ҳуқуқи шаҳрвандӣ ба аҳолии музофотӣ, ки аз тарафи императорони Рим амалӣ карда мешуд, ба зиёдшавии шумораи ин табақа мусоидат менамуд, вале ҳар қадаре ки шаҳрвандон зиёд мешуданд, ҳамон қадар қурби унвони шаҳрванди Рим, ки дар замони Ҷумҳурии Рим ва мархалаҳои аввали Империя хеле арзишманд буд, пасттар мешуд. Нуқтаи ниҳоиро дар ин кор император Каракалла гузошт, ки ӯ соли 212 ба ҳамаи сокинони Империя ҳуқуқхои шаҳрвандӣ дод, яъне аз ҳамин вақт сар карда, дар империяи Рим ҳама баробарҳуқуқ шуданд.

Он чӣ ки ба фаъолияти иқтисодӣ дахл дорад: лаҳзаҳои нисбатан мақомдор барои ҳазорон шаҳрвандони қаторӣ ва музофотиҳо кори озод ва доро будан ба моликият, махсусан моликият бар замин мебошанд, буданд. Вале назарот дар бораи амалияи ҳуқуқу озодиҳо ва ахлоқи ҳамаи табақаҳои ҷомеаи Рим гуногун буданд, аз он ҷумла дар мисоли ахлоқи плебейҳо гуфта мешуд, ки меъёрҳои ахлоқии ҷомеа рӯ ба таназзул овардаанд. Мувофиқи ақидаи плебейҳо гӯё ба меҳнат машғул шудан кори онҳо набуда, ба ин кор бояд танҳо ғуломон машғул бошанд. Бинобар ин, плебейҳо аз ҳукуматдорон танҳо нон ва тамошо талаб мекарданд на замину шароит барои косибию савдо ва ғайра. Сарфи назар аз ин, аксарияти музофотҳо ва шаҳрвандон Рим қути лоямути худ ва ризқу рӯзии оилаашонро бо арақи ҷабин ба даст меоварданд, ҳатто дар Италия, мамлакати нисбатан пешрафтаи ғуломдорӣ, табақаи озоди заҳматкашон дар тули тамоми давраи Имперӣ вуҷуд доштанд.

Тавре дар болотар ҳам гуфта шуд, ба люмпеншавии оммаи шаҳрвандони қаторииро набояд аз ҳад зиёд муҳобот кард. Дар шаҳрҳои калон, ғайр аз ғуломон ва заҳматкашони озод, ки синфи истеҳсолкунанда буданд ва элитаи мунисипалӣ, ки қисмати болоии ҳокимиятро ташкил мекард, люмпен-пролетарҳо низ кам набуданд. Онҳо махсусан дар чунин мегаполисҳо, ба монанди Рим, Искандария, Антиохия. Карфаген зиёд ба назар мерасиданд. Вале дар куҷое, ки онҳо зиндагонӣ накунанд, люмпенҳо аз ҳисоби эҳсонкории ҷамъиятӣ ва хусусӣ ҳаёти тайёрхурро аз сар мегузарониданд. Сафҳои люмпен-пролетарҳо аз ҳисоби онҳое, ки аз воситаҳои рузгузаронӣ маҳрум гардида, ва бо ҳамроҳии онҳо алоқаҳои кӯҳнаи иҷтимоиро гум карда буданд, афоиш меёфтанд,

Ҳолати артиш ва флот. Азбаски дар бораи ғуломон ва озодшудагон дар болотар нақл карда шуд, акнун бояд ба яке аз соҳаҳои махсуси сохтори империяи Рим чун артиш таваҷҷӯҳ зохир карда шавад. Агар ҳамин тавр гуфтан раво бошад, “генералитети” афсарони олии артиши (tribune prefecti legati) Рим аз худи ҳамон саворагон ва сенаторҳо ташкил ёфта бошад, пас аз рӯи ҳамаи ченакҳо ҳайати қаторҳ ва хурди онро, легионерҳо, аскарони артиши ёрирасон ва сентурионҳо (ltgionar, auхiliari centuriones) –гурӯҳи махсуси лашкарро ташкил менамуданд, ном бурдан мумкин аст. Мақоми онҳо, ҳамчун гурӯҳи махсуси иҷтимоӣ, аз тариқи баъзе хусусиятҳои марбут ба режими ҳуқуқӣ, инчунин аз рӯи моҳияти меросии касбти аскарӣ муайян мегардид. Дар замони Империя барои хизмат дар қӯшун асосан писарони легионерҳо ҷалб карда мешуданд, ки хизмати ҳарбӣ дар оилаҳои онҳо ба ҳукми анъана даромада буд. Ҳамзамон бояд зикр кард, қӯшунҳои Рим дар асрҳои I – II ханӯз мақомҳои гуногун дошта, алоқаҳои касбии (корпоративии) дохилии онҳо рӯ ба ваҳдат (консолидатсия) ва пурзуршавӣ ниҳода буданд.

Ҷузъу томҳои артиши ёрирасоне, ки иттифоқчиён ба зери тобеияти Рим ва ҷамоаҳои қабилавӣ буданд, ба воҳидҳои доимии ба таври римӣ машқ дода ва мусаллаҳкарда мубаддал мегарданд. Акнун аскарҳои қӯшунҳои ёрирасон низ чун легионерҳо набард мекарданд, азбаски онҳоро сафарбар кардан мумкин буд ва ҳам онҳо нисбат ба пештара хеле арзон шуда буданд, чунки маоши кам мегирифтанд, бинобар ин, дар тули тамоми давраи принсипат дастаҳои ёрирасон беист афзоиш меёфтанд, аз он ҷумла, дар давраи лашкаркашиҳои ба мо маълуми замони auхilia, ки аз ҷиҳати шумора нисбат ба кӯшуни легионерҳо хеле зиёд буданд.

Он чӣ ки ба легионҳо дахл дорад, бояд огуфт, ки онҳо мисли пештара қувваи даҳшатнокро ташкил намуда, асоси нерӯи ҳарбии Империя мондан гирифтанд. Ташкил намудан ва мусаллҳ кардани онҳо дар мачмӯъ ҳамон тавре сурат мегирифт, ки дар замони Сезар ва Август буд, танҳо сипари даврашакл (scutum) дар давоми асри ба сипари чоркунаҷа иваз карда шуд, дар охирҳои ҳамин садсола аслиҳаи нафис паҳн мегардад ва то як дараҷа зиреҳро фишор дода мебарорад.

C:\Users\USER\Music\12.jpg
C:\Users\USER\Music\12.jpg

Ҷузъу томҳои легионерҳои Рими Қадим

Когортаи якуми легион аз панҷсад то ба хазор нафар расонида мешавад. Аз замони Сезар легионери дараҷаи аввал дар як сол ду саду бисту панҷ денор маош мегирифт. Домитсиан ин маблағро то сесад денор зиёд кард ва Сантимиф Север – ба паҷсад динор расонид, ғайр аз ин, дар мавриди ба истеъфо рафтан, аскарон ба андозаи се хазор динорӣ барои як нафар тӯҳфаи пулӣ мегирифтанд. Мисли пештара преторианҳо ва аскарони когортаҳои шаҳрӣ, ки шонздаҳх сол (ба ҷои дувоздаҳ сол) хизмат карда ва ҳамаи маошҳои баландтарро гирифтаанд, дарҳолати имтиёзнок қарор доштанд.

Шумораи умумии қувваҳои мусаллаҳ дар замони Антонинхо зиёда аз чорсад ҳазор нафаррро ташкил мекард, ба ин шумора на камтар аз си ҳазор легионерҳо бо ҷузъу томҳои қӯшуни ёрирасон, гурд ва флот¸ ки ягон нақши муҳимро иҷро намекард, чунки баҳри Миёназамин кайҳо боз ба яке аз кулҳои Рим мубаддал гардида буд. Вазифаи асосии флот ҳимояи роҳҳои обӣ аз роҳзанони баҳрӣ (пиратҳо), инчунин кашонидани қӯшун иборат буд; хизмати баҳрӣ барои римиҳо на онқадар кори ифтихорӣ ба шумор мерафт, аз ин рӯ, барои сарнишинони киштиҳо асосан ба озодӣ ҷавобдодагонро сафарбар менамуданд. Вале аз нав ба сари масъалаи артиш баргашта, қайд мекунем, ки дар баробари лашкари мунтазам, ки дар бораи он дар боло сухан рафт, инчунин шумораи начандон зиёди дастаҳои номунтазам (numerae) мавҷуд буданд, ки на аслиҳаи римӣ, балки аслиҳаи миллӣ ва махсусиятҳои усулҳои пешбурди ҷангии худро доштанд.

Артиши замони принсипат на танҳо воситаи ҳифозати сархадҳо ва дастгирии салтанати Римро дар музофотҳо ба ҷо меовард, инчунин нақши муҳимми иҷтимоӣ ба сифати яке аз воситаҳои асосии романикунонии онҳоро иҷро менамуд. Мӯҳлати хизмати худро ба анҷом расонида, аскарони когортаҳои ёрирасон ҳуқуқи шаҳрвандии римӣ ва ё лотиниро мегирифтанд, дар навбати худ ҷараёни паҳншавии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ба аҳолии музофотҳо пайваста ба аз байн бардоштани ҳудудҳои дар байни қушунҳои легионӣ ва ёрирасон оварда расонида, дар артиш ба ташаккули рӯҳи касбият ва болоравии нақши сиёсии он, ки махсусан баъди ислоҳоти Септимия Севар пурзур шуда буд, мусоидат мекард.

Нихоят, ҳаёти ҳаррузаи чузъу томҳои римӣ низ дорои аҳамияти калон буд: дар назди урдугоҳҳои легионҳо, ки баъди ба эътидол омадани сарҳадҳои Империя ба қалъаҳои ҳақиқии сангин мубаддал гардида буданд, шаҳрчаҳои савдогарон ва косибон, бо номи аканнабҳо – ҳамчун ҷанини шаҳрҳои оянда тавлид меёфтанд. Агар чунин шаҳрча ба андозаи калон рафта мерасид, пас он ҳамон вақте боқӣ мемонд, ки агар урдугоҳро ба ҷои дигар мекучониданд. Ҳамин тариқ, пайваста бошишгоҳҳои начандон калон ба шаҳрҳои доимӣ сабзида мерасиданд. Ба тавлиди худ як қатор шаҳрҳои калону машҳури замони мо, аз кабили Кёлн, Майнс, Будапешт, Вена, Манячестер ва гайра урдугоҳҳои ҳарбӣ ва каннибамҳои Рим сабабгор буда, ин шаҳрҳо ба онҳо шукргузоранд.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.