Пайдоиши дини масехи

Империяи Рим ва калисои Масеҳӣ дар асрхои 1-3.

Масъалаи пайдоиши масеҳият дар илм яке аз масъалаҳои мураккаб мебошад. Мушкил аст фаҳмонда шавад, ки эътиқодҳои динии одамоне, ки садсолахо қабл аз ин зиндагӣ кардаанд, чӣ тавр ва барои чӣ иваз шудаанд Барои ҳамин боиси ҳайроншавӣ нест, ки масъалаи пайдоиши масеҳият дар оғоз олами илмро ба ду урду (лагер)-и мактабҳои асотирӣ (мифологӣ) ва таърихӣ тақсим кард.

Мактабҳои асотирӣ (мифологӣ) ва таърихӣ. Дастнависҳои Қумра. Сабаби барои дигарақидагӣ масъала дар бораи анъанаҳои евангелия шудааст. Анъанаҳои калисои масеҳӣ дорои чаҳор қоида (канон)-и евангелия мебошад: аз Матфей, аз Марк, аз Лука ва аз Иоанн. Сетои аввали онҳоро одатан синоптикӣ меноманд, ки маънояш дар тарҷума “онҳое, ки якҷоя менигаранд”-ро дорад. Дар айни замон, ҳарчор эвангелия аз тарафи калисо ҳамчун як маҷмӯи муштарак – як Эвангелияи калон ва дар чор қисмат ё Чорэванелия номида шудааст. Евангелияе, ки ба чор қонун (канон) дохил нашудааст, ҳамчун анокрифӣ қабул шудааст.

Олимони мактаби асотирӣ (мифологӣ) шахси таърихӣ будани Исои Масеҳро бо он сабаб инкор мекарданд, ки гӯё ё фигураи фавқулодда буда берун аз ченакҳои таърих вуҷуд дорад. мукарризони онхо бошанд, баракс, ӯро ҳамчун шахсияти таърихӣ мешинохтанд, ки дар Фаластин дар тули даҳсолаҳои аввали солшумории нав зиндагӣ ва амал кардааст. Масъалаи сарчашмаҳои масеҳият, ки муддати дуру дароз мавриди баҳс қарор гирифта буд, низ баҳталаб мебошад: оё масеҳият маҳсули таъсири юнону римӣ ба диаспораи яҳудиён аст? Баъзан чунин савол ҳам гузошта мешуд, ки оё масеҳият ба вуҷуд омадааст ва ё мағз андар мағз маҳсули ғояҳои иудаизми фаластинӣ мебошад?

Вале дар замони ҳозира муқобилистии мактабҳои асотирӣ ва таърихии пайдоиши масеҳият аҳамияти рӯзмаррагии худро аз даст додааст. Аз тарафи асосгузорони масеҳият эътироф гардидани шахси воқеӣ будани Исои Масеҳ, дар амал ба усули умумии асарҳои илмӣ мубаддал гардидааст. Он чӣ ки ба сарчашмаҳои дини нав дахл дорад, ба ин масъала натиҷаҳои кофтуковҳои бостоншиносии (солхои 1947 – 1956) дар маҳаллаи Қумра, ки дар шимолу ғарбии баҳри Мурда воқеъ гардидааст, равшанӣ андохтааст. Аз ин ҷо китобхонаи ҷамоае ёфт шудааст, ки ба сарчашмаҳои антиқии маълум (Филон Александрӣ, Иосиф Флавий) ба мазҳаби (сектаи) яҳудии ессев тааллуқ дорад. Дар байни бозёфтҳо матнҳои моҳи\яти динидошта, оинномаи ҷамоа, инчунин ҳуҷҷатҳои хоҷагӣ низ мавҷуд буданд. Дар маҷмӯъ, маводи ёфтшуда ба олимон имконият доданд, ки тарзи зиндагӣ ва ақидаҳои динии қумраиҳо шакл гиронида шаванд: нишонаҳое пайдо карда шудаанд, ки хешутабории онҳоро бо умумияти масеҳиҳо мепайванданд.

C:\Users\USER\Music\Исои масех.jpg
C:\Users\USER\Music\Плиний.jpg
C:\Users\USER\Music\22222222222221.jpg

Исои Масеҳ Плинийи Хурдӣ Таъқиботи масеҳиён дар аҳди

Диоклетиан

Қумраиҳо худро ба иудаизми анъанавии маъбадӣ муқобил гузоштаанд ва мисли масеҳиҳои аввалин, ба баргаштани Мессия (Начотбахш) ва бархурди охирин дар байни қувваҳои некӣ ва бадӣ, ки гӯё дар охири замон доир мегардидааст, боварӣ доштанд.

Ҳаёти хоҷагии ҷамоаи кумраиҳо (масеҳиён) ба умумияти молумулкӣ асос ёфта буд, Ин нишона ҳам ба масеҳияти аввала шабоҳат дорад. Дар баробари худо, қумраихо кадом як Омӯзгори зоҳидро низ мепарастидаанд. Бояд гуфт, ки аз рӯи матнҳои ёфташуда аҳамияти ин шахс на он қадар саҳеҳ аст.

Ҳамин тариқ, дастхатҳои қумраӣ имконият фароҳам оварданд, ки вазъгуии Исоро дар заминаи дигар ҷараёнҳои рӯҳонӣ байни яҳудиҳои Фаластин анҷоми солшумории то милод ва оғози солшумории нав рӯи кор оварда шуда, бо ҳамин чунин хулосаҳо тасдиқ шудаанд: якум, таърихияти дини масеҳӣ тасдиқ мегардад ва, дуюм¸ ин дин решаҳои фаластинӣ дорад. Аммо шахсияти Исои Масеҳ, ҳаёт ва мазмуни таълимоти ӯ, тавре ки онҳо дар евангелияҳо баён гардидаанд, дар худ нишонаҳои эътиқодҳои Калисои барвақтаро инъикос карда, гӯё, ки воқеаҳои таърихи евангелиро ба нақшаи шакл (проексия) дароварда бошад.

Калисои масеҳӣ дар асрҳои I – III. Таъқиботи масеҳиён. Коидаҳои (адептҳои) аввалини дини нав аз они яҳудиҳо буданд, ва масеҳия дар аввал дар асоси иудаизм, ҳамчун яке аз ҷараёҳо, ташаккул меёфт. Вале хеле бо тезӣ дар байни ҷамоа бутпарастони ба масеҳӣ гардонида пайдо мешаванд. Якумин эътиқод баргашта аз байни ғайрияҳудиён мувофиқи шаҳодати “Корнамоиҳои апостолҳо” (“Деяния апостолов”), ки муаллифаш Лука мебошад, бо еваегелиячии анъанавии Лука як дониста шуда, дар вазифаи сентуриони римии Корнелий кор карда будааст. Бо сабаби афзоиши ба Калисо воридшавии ғайрияҳудиён дар байни яҳудиҳои масеҳӣ, ки зарурати риояи амру нахйи (заповеди) Моисейро талқин мекарданд ва муқобилони онҳо, ки сарварашон апостол Павел буд, баъзе тафовутҳо ба миён меоянд, Павел ва ҷонибдорони ӯ хамаи амру нахйи сершумори Аҳди қадим (Ветхие заветы)-ро бо якто иваз карданд: “Ба дигарон накун он кореро, ки нисбати худ раво намебинӣ”. Дар ҳамаи масъалаҳои дигар онҳо барои шахси масеҳӣхи кифоя аст, ки аз истеъмоли гӯшт дар хурок, гӯшти чорвои барои худоҳои бутӣ қурбоникарда худдорҳ кунад.

Мавқеи Павел, ки дар Иерусалим (Байтулмуқаддас) тантана кард, анҷумани (собори) апостол (соли 51 ё 52) минбаъд ҳам бутпарстонро ба дини масеҳӣ ворид шудан имконпазир шуморид Бо тезҳ бо амру нахйи (проповеди) масеҳӣ қариб тамоми қаламрави Рими шарқӣ фаро гирифта шуд. Марказҳои асосии амру нахйи масеҳӣ дар Шарқ шаҳрҳои Антиохия, Искардария (Александрия) ва шаҳрҳои Осиёи Хурд мегарданд.

Дар Осиёи Хурд дар оғози асри II тавре ки барӯйхатгирии Плинийи Хурдӣ бо император Траян шаҳодат медиҳад, шумораи масеҳиҳо хеле зиёд мешавад. Дар мактаби худ Плиний, ки он вақт (солхои 109 – 110 ё 111 – 113) дар вазифаи ноиби Вифиний буд, ба император менависад, ки дар шаҳрҳои музофоти ӯ ибодатгоҳҳои худоҳоро қариб ҳамаи эътиқодмандон тарк кардаанд ва бо сабаби паҳншавии “одатҳои масеҳӣ” савдогарон барои фурӯши гӯшти чорвои ба хотири худоҳо қурбоникарда харидор намеёбанд. Дар худи ҳамин мактуб Плиний амалҳои худро дар ҷараёни тафтиш оид ба ин масъала дар байни масеҳиҳо тавзеҳ дода, аз принсепс дастгирии тадбирҳои худро хоҳиш менамояд.

Мумкин аллакай дар солҳои 40-уми асри I масеҳиҳо дар Рим хам пайдо мешаванд. Баъди баш аз сад сол дини нав аз Рим дар қисмати ғарбии Империя ҳам қабул мегардад.

Дар давоми асри I қоида (принсип)-ҳои асосии ташкили ҷамоаҳои масеҳӣ коркарду таҳия карда шуданд. Асоси чунин ташкилӣ дар апостол аз тарафи Павел дар ҷараёни сафарҳои муболиғӣ (миссионерӣ) дар вилоятҳои шарқии Империя таҳия карда шуда буд. Боз яке аз воситаҳое, ки апостол бо ёрии он ҳаёти ҷамоаҳои парокандаи масеҳиёнро ба маҷрои ягона равон мекард, паёмҳо ((“Ба коринфиягиҳо” ва “Ба эфесиҳо” ва ғайра) буданд. Баъдтар дар баробари “Корномаҳои апостолҳои Мукаддас” ва “Апокалипсис”–и Иоанн Богослов ба қоидаҳои калисо “Паёми апостол Павел”-ро низ дохил карданд, ки онҳо сарчашмаҳои муҳимтарини таърихии ибтидои масеҳият (асри I) ба шумор мераванд. Сафари чорум ва охирини худро Павел ҳамчун зиндонӣ зери назорати посбонон ба мурофиаи судӣ ба Рим кардааст. Дар Рим, мувофиқи анъанаҳо, апостол марги пурмашаққати худро дар замони хукмронии Нерон қабул мекунад. Бо мурури замон таш-кили калисо ба худ сохтори бараъло намуди сезинагиро мегирад. Сарварии чамоаро епископ ба ӯхда дошт, ки ба ӯ коллегияи пресвитерҳхо кӯмак мерасониданд. Диаконҳо тобеи епископҳо ва пресвитерҳо ба диаконҳо тобеъ буданд. Бояд зикр кард, ки дар масеҳии барвақта мо натанҳо диаконҳо, балки диаконис – занони хизматгорро низ дида метавонем.

Паҳншавии дини нав ногузир пайравонашро бо ҳокимияти Рим дар ҳолати муқовимату ихтилоф қарор медод. Сабабҳои низоъи ҳокимияти имперӣ бо масеҳиҳо дар муносибати махсус ба дин, ки ба дунёи қадим хос аст, ниҳон мебошад. Дар замони антиқа дин ҳамчун кори давлатӣ ҳисобида мешуд ва парастишҳою эътикодҳои динӣ ва муқаррароти дигари динӣ аз тариқи қонун танзим ва ҳифз карда мешуданд. Умуман, дар баробари тоқатпазирӣ нисбати эътиқодҳои динии халқхои дигар, римиҳо аз раияти худ талаб мекарданд, ки онҳо дар ягон чорабинии умумидавлатии эътиқодоти динидошта, ба монанди парастиши император ва ё парастиши олиҳаи Рома ширкат варзанд. Иштирок дар чунин мурофиаю маъракаҳо нишонаи қабулу эътирофи ҳокимияти Римро дар назар дошт. Вале аз нқтаи назари масеҳӣ ҳамаи инҳо аз бутпарастӣ нисбат ба Рим бештар набуд. Ба ростӣ, яҳудиҳо аз ин вазифаҳо озод буданд, вале ин ба масеҳиҳо дахл надошт. Аз ин рӯ, ҳамин, ки шумораи пайравони дини нав хеле зиёд шуд, барои он ки римиҳо онҳоро аз яҳудиҳо фарқ карда тавонанд, масеҳиҳоро ҳамчун ҷамъияти манъшуда (collegia illcita) ба таъқибот гирифтор мекарданд.

Аз рӯи нуқтаи назари буддоии Рим масеҳиҳо гунаҳгор буданд: якум, дар беҳудоӣ (ба назар ғайримуқаррарӣ намояд ҳам), зеро онҳо дар парастиши худоҳое, ки аз тарафи давлати Рим расман эътироф карда шудааст. Дуюм, масеҳиҳо барои таҳқири бузургон гунаҳгор буданд, чунки ба хотири тасвири император қурбонӣ карданро рад намуданд. Сеюм, масеҳиҳоро душманони маданият меҳисобиданд, чунки онҳо унсурҳои зиёди тарзи зиндагии юнону римиро рад менамуданд. Масҳиҳои аввал адабиёт ва театрро рад намуданд, чунки магг андар мағз аз асотирҳо ғизо гирифта буданд, саҳнаҳои театриеро, ки дар онҳхо худоҳо ва қаҳрамонҳои бутӣ тасвир меёфтанд, эътироф намекарданд. Барои масеҳиҳо муносибати манфӣ ба бозиҳои варзишии ба шӯҳратманд кардани худоҳои олимпӣ бахшида шуда буданд, қобили қабул набуданд, ба ин ҷумла ҷангҳои гладиаторҳо бо табъи волидаи римиҳо низ илова мешавад. Ва, ниҳоят, чорум, ақидаҳои гуногун ба масеҳиҳо ҳар гуна ҷиноятҳои мудҳишро нисбат медоданд. Масалан, яке аз ин ақидаҳо дар бораи он буд, ки гӯё масеҳиҳо ҳангоми маҷлисҳои худ гӯшт ва хуни инсонро мехурдаанд. Эҳтимол меравад, ки ин овоза бо сабаби дуруст нафаҳмидани анъанаи ширинихурии масеҳиён ба миён омада бошад.

C:\Users\USER\Music\константин.jpg
C:\Users\USER\Music\деций.jpg
C:\Users\USER\Music\21.jpg
C:\Users\USER\Music\212121.jpg

Константини Кабир Детсий Апостол Павел Иоанн Богослов

Тамоми таърихи калисои масеҳии то Константини Кабир – ин ҷустуҷуи Калисои таъқибшаванда мебошад Аммо бояд андеша кард, ки фишороварӣ ба масеҳиҳо дар асрҳои I – III ҳеҷ гоҳ суст намешуд. Алангаи тақиботе, ки ба таъқиботи римии соли 177 монанд буд, вақте ки марги ҷонкоҳро якбора чилу ҳашт кас кабул мекунад, бо танафусҳои начандон дуру дароз такрор меёфтанд. Дар байни танаффуҳои ин таъқиботҳо гӯё вазъи калисо то як дараҷа ором мешуд ва он метавонист мӯътадил фаъолият дошта бошад. Ҳокимияти Рим, чун қоида, махсус масеҳиҳоро ҷустуҷу намекарданд, вале онҳоеро ба ҷазо гирифтор мекарданд, ки дар бораи онҳо шикоят ва хабаркашӣ карда бошанд. Дар ин мавридҳо, чӣ тавре ки мактуби Плиний ва ҷавоби Траян ба он шаҳодат медиҳад, амалдоре, ки тафтиш мегузаронад, аввал аз гунаӯҳхгоршавандаҳо талаб мекардааст, ки аз динашон даст кашанд ва ин дасткашии худро бояд тавассути қурбонӣ бо худоҳо исбот мекардаанд. Онҳое ки аз эътиқодашон даст намекашиданд, ба қатл мефиристоданд. Таъқиботи ҳамешагии масеҳиҳо дар доираи тамоми Империя бори аввал на барвақттар аз миёнаҳои асри III дар аҳди император Детсий (солҳои 249 – 251) сурат гирифтааст. Ин тақибот Калисоро ба шикаст дучор карда натавонист, баракс, он мавқеи худро боз ҳам мустаҳкамтар кард.

Табиист, ки акси садои фишори аз тарафи ҳукуматдорон суратгирифта, ҷидду ҷаҳди ҷамоаҳои масеҳиёнро ба муттаҳидӣ водор намуд. Ҷамоаҳои як музофот дар атрофи шаҳри асосии он муттаҳид мешуданд ва епископе, ки ба он роҳбарӣ мекард, дар як вақт роҳбари калисои музофотӣ ҳам буд. Дар навбати худ, калисоҳои музофотӣ дар атрофи марказҳои калони масеҳӣ, аз он ҷумла шаҳри Искандария (Александрия), Антиохия ва Рим муттаҳид мешуданд ва барои ҳалли масъалаҳои муҳимтарини худ анҷуманҳои иерархияҳои калисогиро даъват мекарданд. Он вақт давлати Рими асри III аллакай заифшудаистода, рӯ ба парокандагӣ меовард, Калисои масеҳӣ бошад, дар ҳолати эҳёю тағйирёӣ (трансформатсия)-ӣ ва муассисаи муташаккилу марказонидашуда табдил меёфт.

Дар ҳамин садсолаҳо, вақте ки ташкилоти калисои масеҳӣ рушд ва таҳким меёфт, зуҳуроти на камтар аз калисо муҳим дар ҳолати ҷараён қарор дошт–ташаккули қоидаҳо(канон)-и Аҳди ҷадид (Новый завет) сурат мегирифт, яъне бояд маҷмӯи китобҳои муқаддаси масеҳӣ ташаккул дода мешуд. Чунин як маҷмӯи онҳо аллакай дар замони апостолӣ вуҷуд дошт, вале танҳо дар асри IV он ҳайати Аҳди ҷадид (Новый завет) муайян карда шуд, ки он имрӯз аз чор евангелия (инчил) иборат аст. “Корнамоиҳои апостолҳои Муқаддас” ҳафт маҷмӯи паёмҳо, чордаҳ номаи апостол Павел ва “Апокалипсис”-и Иоанн Богослов. Маҳз ин бисту ҳафт китобро Афанасий Александровскийи Муқаддас дар паёми идонаи бахшида ба иди писҳо (пасха) дар соли 367 номбар кардааст. Ба ин руйхат на чизеро илова кардан мумкин аст ва на чизеро аз он берун партофтан. Обрӯю эътибори бечунучарои Афанасияи Мқааддас, муборизи оштинопазир бо мулҳидон, ба он оварда расонид, ки қоидаи (канони) пешниӯодкардаи ӯ аз тарафи Калисои Шаркӣ қабул карда мешавад. Дар Ғарб бошад, қонун (канон) дар собор (анҷумани)-и дар шаҳри Гиппони Африқо (соли 393) ва дар ду собори (анҷумани) дар Карфаген (солҳои 397 ва 419) баргузоргардида муқаррар карда шуда, баъд аз тариқи декрети папаи Рим Геласия (солхои 492 – 496) тасдиқ карда шудааст.

Афзоиши воридшавии аъзои нав ба Калисо дар тули асрҳои II – III ба он оварда расонид, ки ҳайати иҷтимоии ҷамоаҳои масеҳиён тағйир ёфт. Дар байни масеҳиҳо шумораи зиёди одамони осудаҳолу бойи соҳибмаълумот, дорои мақоми баланди ҷамъиятӣ, шуғлварзӣ ба корҳои баланди дунявӣ, дастрас кардани неъматхоои моддӣ ва аз дастовардҳои тамаддуни антиқа ва фаҳанги баланд мусаллаҳ пайдо мешаванд. Ҷамъиятӣ кунонидани молу мулк, ки ҷамоаҳои аввалин ба он даст зада буданд, пайваста аз истифода баромада, дар садсолаи дуюм он дигар ҷузъи таркибии ҳаёти масеҳӣ ҳисобида намешуд. Намудҳои зиёди шуғли меҳнат (хизмати давлатӣ ва ҳарбӣ, омӯзгорӣ ва ғайра), ки қаблан бо баҳонаи бутпарастӣ айбдор кардан барои масеҳиён дастнорас буданд, акнун дастрас гардиданд. Бо мурури замон Калисо соҳиби олимони худ низ мешавад, ки онҳо қодир буданд баробар ба олимони эътирофшудаи динҳои буддоию яҳудӣ муколама карда, арзишҳои дини масеҳиро ҳимоят кунанд. Файласуфони номдори масеҳишинос (теологҳо)-и асрҳои II–III, аз қабили Климент Александрийский (охирҳои асри II) ва Оригон (солҳои 185 – 250), ки дар натиҷаи таъқибот дар аҳди император Детсия ҳалок гардида буд, аз ҷумлаи ин файласуфони забардасти масеҳӣ мебошанд.

Яке аз ҳимоятгарони (апологетҳои) маълуми эътиқоди динӣ Квинт Септимий Флоренс Тертуллиан (солҳои 160 – 220) муаллифи чунин асарҳо аз қабили “Ҳимоя бар зидди бутпарастон” (“Apologetticum»), “Бар зидди Маркиона”, “Бар зидди Гермогена”, “Радкунии мулҳидон” ва ғайра мебошад. Танҳо номҳои ин асарҳо шаҳодати онанд, ки дар замони Тертуллиан ҷудошавии идеологӣ натанҳо дар хатти бутпарастӣ – масеҳӣ, балки дар дохили Калисо ҳам сурат гирифта будааст. Масеҳияти барвақта ба якчанд ҷараён ва мазҳаб тақсим шуда, ҳамин тариқ, нерӯи муштаракро ташкил намекарданд. Худи ҳамон Тертуллиан дар охирҳои ҳаёташ бо мазҳаби монтанчиён, ки пайрави Монтана буд, наздикӣ пайдо намуда, таблиғотчии аскетизми ниҳоят сахтгир ва бо тезӣ фарорасии баргашти дуюмиИсои Масеҳ буд.

C:\Users\USER\Music\1.jpg
C:\Users\USER\Music\221.jpg

Квинт Септимий Флоренс Тертуллиан Пайравони мазҳаби Монтана

Мақоми масеҳият дар тақдири империяи Рим. Масъалаи охирине, ки бояд дар робита ба масеҳият равшан сохта шавад, ин мақоми он дар тақдири империяи Рим мебошад. Дар қисмати қаблӣ дар бораи он ҳарф зада будем, ки барҳамхурии дини анъанавӣ ва паҳншавии эътиқодҳои нав зуҳуроти бӯҳрони олами антиқа мебошанд. Вале ҳамчун зуҳуроти бӯҳрон, паҳншавии масеҳият низ омили бузурге гардид, ки ба фано шудани империяи Рим оварда расонид. Мустақиман бар зидди Рим баромад накарда, масеҳиҳо ба решаи он, ки олами антиқа ба он такя мекард, теша заданд. Дар он лаҳзае, ки худи мавҷудияти давлати Рим зери шубҳа гузошта мешуд, масеҳият ба одамон ба ивази Шаҳри рӯ ба ҳалокатоварда – Империяи Рим, Шаҳри осмонӣ – Иерусалими (Байтулмуқаддааси) Навро пешниҳод намуда, бо ҳамин нерӯҳои беҳтарини ҷамъиятӣ аз мубориза барои наҷот додани Империя даст кашида, ҷуръат пайдо карданд, ки тамоман ба ҷониби соҳаҳои дигар қадам зананд: ба ҳаёти рӯҳонӣ, ба роҳибӣ (монахӣ) раванд, ки дар оғози асри IV рӯ ба рушд намуда буд ва ин дар ҳоле, ки Римро аз парокандашавӣ танҳо сафарбаркунии ҳамаи захираю манбаъҳо ба хотири мудофиаи миллӣ наҷот дода метавонистанд. Мубориза дар байни бутпарастон ва масеҳиён, дар баробари ин, кашмакашиҳои дохилӣ¸ ки дар асри IV ба ҷои аввал баромада буданд, ба марҳалаи нави муқовимат ба миён омада, ҷомеаи бе ин ҳам ба порашавӣ дучоршуда – Империяи бевақтаи Римро ба ҳалокати ногузир наздик кунониданд.

test

Добавить комментарий