Хукмронии Диоаклетиан (солхои 284 – 305)

Моҳияти Доминат

Аврелий Караи император эълоншуда (солҳои 282 – 284) аз императорон аввалин касе буд, ки барои тасдиқи ваколатҳои худ ба сенат муроҷиат накарда, танҳо ба як аккламатсий ( аз лотинӣ – acclamo – “роҳбарӣ кардан, дод задан”) дар урдугоҳи ҳарбӣ маҳдуд шуд. Ин воқеа нишонаи оғози ба таври пурра ва ҳамешагӣ бартараф карда шудани сенат аз масъалаҳои ҳокимият буда, нишон дод, ки ин зинаи як вақтҳо дар Рим ҳокимияти олӣ то кадом дараҷаи пастӣ рафта расида будааст.

Кар ду писари худ-Карин ва Нумерианро ҳамҳоким эълон мекунад. Карин унвони Августро мегирад ва ба Галлия барои мубориза бар зидди багаудҳо¸ ки ҳаракати ин қабилаҳо давраи баландтарини худро аз сар мегузаронид, фиристода шуд. Писари хурдии ӯ Нумерианро бошад, император бо худ ба лашкаркашӣ бар зидди Форс гирифт .Римиҳо ба дохили қаламрави давлати Сосониён ворид шуда, то пойтахти он шаҳри Ктесифон омада расиданд. Вале дар роҳи бозгашт Карин ва Нумериан аз тарафи префекти претория Флавий Апром ба қатл расонида мешаванд. Диоклетиан, ки сардори муҳофизони Кара буд, қотилро фош мекунад ва Апромро дар ҳузури аскарон бо зарбаи бо шамшер ба қатл мерасонад. Баъди ин писари ба озодӣ ҷавобшудаи Гай Валерий Диоклетиан 17 ноябри соли 284 дар шаҳрчаи Никомедийи воқеъ дар Осиёи Хурд ҳам0020ун импператор тоҷгузорӣ карда шуд. Дар Мезия қӯшунҳои Диоклетиан бо лашкқари Карин вохурд ва дар байни онҳо бархурд ба амал омад, вале дар айни ҷушу хурушӣ набард ӯ аз тарафи яке аз м уҳофизонаш ба қатл расонида мешавад.

C:\Users\USER\Music\нум.jpg
C:\Users\USER\Music\констанций.jpg
C:\Users\USER\Music\Диоклетиан.jpg

Нумериан Констансия Хлора Диоклетиан

Таъсисёбии тетрархия (ҳамҳокимиятӣ). Ғалаба бар Карин Диоклетианро ба ҳокими ягонаи Империя табдил дод. Сарфи назар аз ин, яке аз тасмимҳои нахустини императори нав ба худ таъйин намудани ёрдамчӣ – ҳамҳоким буд. Ба ин вазифа дӯсти Диоклетиан Максимиан (соли 285) муваффақ мегардад. Ба ин қонеъ нашуда, соли 293 ҳарду – Диоклетиан ва Максимиан барои худ якнафарӣ ҳамҳоким интихоб намуданд: Диоклетиан – Галерияро ва Максимиан бошад, – Констансия Хлораро. Ҳамнн тариқ, Империя дар байни чор император тақсим карда шуд: Диоклетиан Максимиан худро дар байни императорон калон ҳисобида, ба худ унвони Августҳоро гирифтанд. Галерий ва Констансия бошанд, ба худ унвони Сезарҳоро мегиранд. Дар назар дошта мешуд, ки баъди 20 сол (соли 285-ро низ ба ҳисоб ги рифта) Августҳо ихтиёрӣ аз мансабҳои императории худ ба истеъфо мераванд ва ҷойи онҳоро Сезарҳо мегиранд. Сезарҳо бояд барои худ ду нафар ёрдамчиҳои навро интихоб мекарданд, то ки шумораи императорон мисли пештара чор нафар бошад. Вале ҳоло бошад, Диоклетиан ва Галерий Шарқро идора мекарданд. Диоклетиан қароргоҳи худ шаҳри Никомедияро интихоб кард ва Максимиан ва Констансий Хлора ғарбро идора мекарданд.

Маънии ин низоми давлатдорӣ, ки минбаъд бо худ номи тетрархияро мегирад, аз он иборат буд, ки ба таври ошкорою шаффоф гузаштани ҳокимиятро аз як император ба императори дигар таъмин карда, бо ҳамин ба табаддулотҳои исёнгарон ва ҳарбиён хотима гузошта шавад. Бояд таъкид кард, ки Диоклетиан ҳамчун Августи калонӣ дар коллегия шахси якум дониста мешуд, бинобар ин, роҳбарии умумии сиёсии давлатро иҷро менамуд. Барои он, ки ба ин сохт мустаҳкамии бештар бахшида шавад, муносибатҳо дар байни Сезарҳо ва Августҳо бо фарзандхонӣ ва никоҳҳо боэътимод карда мешуданд: Галерий бо духтари Диоклетиан – Валерия ва Констансия ба духтархонди Максимиан – Феодора хонадор шуданд.

Барқароркунии ягонагии Империя. Дар фаъолияти Диоклетиан ва ҳамокимони ӯ ҷангҳо бо душманони Империя ҷои калонро ишғол менамуданд: ҷанг бар зидди багаудҳо дар Галлия¸ алеманҳо ва франкҳо дар Рейн, бо форсҳо дар Шарқ ва бо ғосиб Караузия дар Британия аз ҳамин қабил ҷангҳо ба шумор мерафтанд. Дар натиҷаи як силсила ҷангҳои дар солҳои 29 – 297 баамаломада якпорчагии қаламрави Империя барқарор карда шуда, душманон бошанд, аз сарҳадҳои мамлакат дур партофта мешаванд. Фишори хориҷӣ ба Империя суст шуд. Ҳамин тариқ, ҷараёни баргардонидани заминҳои Империя, ки аз тарафи император Аврелиан (солҳои 270 – 275) оғоз карда шуда буд, ба анҷом расонида мешавад. Ҳатто дар Байнаннаҳрайн мулкҳои Рим каме васеъ мешаванд.

C:\Users\USER\Music\ГАлерий.jpg
C:\Users\USER\Music\галерий.jpg
C:\Users\USER\Music\Феодор.jpg

Галерия Валерия Феодора Галерий

Ислоҳоти Диоклетиан. Дар мутавозӣ бо ба Рим баргардонидани заминҳояш, ки қаблан тобеи он буд ва мубориза бо хатари варварҳо Диоклетианро маҷбур месозад, ки ба бозсозии куллии ҳамаи муттаҳарикҳои давлатӣ шурӯъ кунад. Ба ислоҳот ҳамаи қисматҳои таркибии мамлакат фаро гирифта шуданд: артиш, маъмурияти идоравӣ, молия ва низоми андоз. Ин маҷмӯи фарогири тағйирёбӣ ва навгониҳоро Диоклети ан ба анҷом расонида натавонист, ҳамаи он чиро, ки дар свақташ Диоклетиан оғоз карда буд, танҳо дар аҳди Константин ба анҷом расонида шуданд.

Дар охирҳои асри III пеш аз милод табақаҳои гуногуни синфи ҳукмрони империяи Рим, ки аз бӯҳрони иқтисодии дохилӣ ва зада даромадани варварҳл тарсида буданд, муваққатан дар атрофи ҳокимияти имрераторӣ муттаҳид мешавад. Дар ин вазъият Диоклетиан ба сари ҳокимият меояд, ки ӯ иллиарӣ ва дастнишондодаи артиш буд,

Диоклетиан ( 284 – 305) шакли нави идораи давлатиро ташкил намуд, ки он “доминат” номида шудаст. Ин унвон аз калимаи лотинии dominaus – “ҷаноб” гирифта шудааст. Диоклетиан мефармояд, ки ӯро ҳамин тавр ном баранд. Дар амал аллакай дар аввали асри III пеш аз милод принсипат бо мутлақияти ҳарбӣ иваз карда мешавад. Вале зоҳиран чунин шуморида мешуд, ки он ҳанӯз вуҷуд дорад. Диоклетиан онро аз байн бардошт. Ҳокимияти императорӣ ба худованд баробар карда шуда ва он ошкоро моҳияти мутлақаро мегирад. Дар дарбор. Ба мисли дарбори подшоҳи форс мурофиаи бодабдабаи мураккаб ҷорӣ карда шуд. Ин тадбир то дараҷае императорро аз хатари сӯиқасд дифоъ мекард, ки дар асри III пеш аз милод тез – тез рух медод. ҳамаи шаҳрвандони империя раияти император шуморида мешуданд.

Аз сабаби воқеаҳои асри III пеш аз милод нишон доданд, ки ба як ҳоким дар бар гирифтани назорат ба тамоми империя имконнопазир аст, техратия ташкил карда мешавад, яънечорҳокимиятӣ. . Диоклетиан барои осон кардани идора Империяи Римро ба ду қисмат тақсим кард – ғарбӣ ва шарқӣ. Нимаи шарқиро ба зимаи худ гирифта, қароргоҳи худро шаҳри Накомедияро дар соҳили шимолу ғарбии Осиёи Хурд интихоб намуд, Ба ҳамҳокими худ Максимиан счупориш дод, ки ӯ нимаи ғарбии Империя идора кунад. Қароргоҳи ӯ дар Медполана (Милан)-и воқеъ дар Шимоли Италия интихоб гардид.

Диоклетиан ва Максимиан ба худ унвони августҳоро гирифтанд. Ҳар кадом август ба худ ёрдамчӣ – ҷонишин мегирад, ки он тсезар номида мешуд. Тсезари Диоклетиан Галерий мешавад, ки қароргоҳи ӯ дар Дунай ҷойгир буд. Тсезати Максимиан Констансий Хлор мешавад, ки дар Рейни Миёна қарор гирифта буд. Августҳо тсезарҳоро ба духтарони худ хонадор карданд ва ӯҳдадор шуданд, ки баъди 20 сол тсезарҳоро ба мартабаи августҳо мушарраф гардонида, худашон ба ҳаёти хусусӣ бадар мераванд. Дар масъалаҳои баҳснок сухани охирин, ҳамчун августи калонӣ, ба Диоклетиан тааллуқ дошт. Дар назар дошта шуда буд, ки тетрархия ба марказияткунии ҳокимият ва, дар айни замон, ба фаврияти идора мусоидат мекунад.

Дар соли 296 ҳокимияти алоҳидаро барои Миср, ки аз замони Август боз вуҷуд дошта, мулки хусусии император ҳисобида мешуд, бекор карда мешавад ва Миср ба ҳайати низоми умумии маъмурӣ ҳамроҳ карда шуд.

Дар соли 297 тамоми Империя ба 12 диотсез тақсим карда мешавад, ки онҳо, III пеш аз милодр навбати худ, ба музофотҳо тақсим карда шуда, акнун шумораи умумии онҳо ба 101 адад мерасад.. Масоҳати музофотҳо нисбат ба пештара кам шуд, ки ин ҳокимонро заиф гардонид, вале дар айни замон, шумораи амалдоронро зиёд кард, чунки ҳар ҳоким дастгоҳи бюрократии худро дошт. Вазифаи муҳимтарини ҳокимон ҷамъоварии андозҳо буд.

Диоклетиан ислоҳоти ҳарбиро оғоз кард. Бо сабаби нарасидани кирояҳои ихтиёрӣ аз ҷумла гражданҳои Рим ӯ заминдорони калонро вазифадор кард, ки аз ҳисоби бошандагони мулкҳои худ ба артиш мардҳоро маҷбуран бифиристонанд. Дар артиш варварҳо, ки limitane, gentiles laeti номида шудд, дар қаламрави Империя сукунат доштанд, хизмат мекарданд. Ғайр аз ин, ба хизмати ҳарбӣ дастаҳои яклухти варварҳоро бо номи федератҳо қабул мекарданд. Бо сабаби дар Империя таназзул кардани муносибатҳои молию пулӣ, артиш, инчунин амалдорони хеле зиёд ба музди меҳнати натуралӣ гузаронида шуда буданд.

Афзудани шумораи артиш ва бюрократӣ гардидани дастгоҳ таъмини бокарру фари дарбори император ва тақсимоти хайрия ба пролетарҳо маблағҳои калонро тақозо меарданд. Ин хароҷотро давлат ҳамеша аз ҳисоби дар шакли андозҳо ва ҳаргуна пардохтҳои фавқулодда дар намудҳои пулӣ ва натуралӣ мерӯёнид. Барои Империяи барвақта сершумории андозҳои бевосита, махсусан андозҳои бавосита ҳам, яъне пушида буда, дар нархи ба молҳо дар шакли боҷ дохилбуда ифода ёфта давлат ин маблағҳоро аз ҳисоби тоҷирон мерӯёнид. Андозҳои бевосита, масалан, аз замин, дар замони Империяи барвақта низ вуҷуд доштанд, вале вазни қиёсии онҳо дар маҷмӯи даромадҳои давлат нисбатан на онқадар бузург буд.

Дар баробари таназзул кардани тиҷорат ва паст фуромадани қурби пул, андозҳои бавосита аҳамияти худро гум мекунанд.. Ба ҷои аввал андозҳои бевосита мебароянд – андоз аз замин ва андози сарикасӣ. Барӯйхатгирии аҳолии Империя гузаронида шуд ва ғайр аз III пеш аз милодҳолии Рим ва маҳалҳое, ки ба қаламрави ин шаҳр дохил карда шуда буданд, андозҳои бевосита бор карда шуданд: аҳолии деҳот – андоз аз замин ва сарикасӣ, шаҳриҳое, ки замин надоштанд, – андози сарикасӣ.

Низоми асосии андозбандиеро, ки Диоклетиан ва ҷойгири ӯ Константин коркард ва ҷорӣ карда буд, андозҳои қаблан намунтазам ҷамъоварӣ карда намешудагӣ (аппопа) буданд, ки акнун дар шакли андози натуралӣ рӯёнида мешуданд. Дар мавриди муайянкунии ҳисобии онҳо масоҳат ва сифати заминҳо, ҳосили ба даст оварда, наздикии онҳо ба роҳҳои тиҷоратӣ ба назар гирифт. Чунин воҳиди ченкунии андоз jigum (лаҷом”) номида мешуд. Дар андозбандӣ қувваи корӣ низ ба назар гирифта мешуд.Қувваи кории ғулом ба қувваи кории озод, қувваи кории ду зан ба қувваи кории як мард баробар дониста мешуд. Қувваи кории одам caput (“калла, одам”) номида мешуд. Низоми андозбандӣ дар маҷмӯъ jugatio capitatio номида мешуд. Андозбандӣ дар аввал баъди ҳар панҷ сол ва баъд баъди ҳар понздаҳ сол дар назар дошта шуда буд. Дар баробари аппона андозҳо дар шакли пулӣ ҳам вуҷуд доштанд. Бо ингуна адозҳо сенатор, тоҷирон ва косибони шаҳрӣ андозбандӣ карда мешуданд.

Ба воридоти андозҳо аз шаҳрҳо ва заминҳои шаҳрӣ шӯроҳои шаҳрӣ – курияҳо масъул буданд. Ин усул ба он оварда расонид, ки мақомоти мунисипалӣ аз ташкилоти шаҳрвандони озод ба мақомоти истисмори онҳо аз тарафи давлат мубаддал гардид.

Ҷамоаҳои деҳотӣ ба ин ҳолат аз ин барвақттар гирифтор шуда буданд. Замони қадими бо ҷамоаҳои шаҳрвандони озод хос наздик мешуд. Ба воридшавии андоз аз аҳолии деҳот магнатҳои заминдор ҷавобгар буданд, ки ин ба пурзӯршавии вобастагии деҳқонон ба онҳо оварда расонида, инчунин ба тобеъшавии колонҳо низ мусоидат кард.

Азбаски дар назар дошта шуда буд, ки болоравии нарху наво дар натиҷаи ҷаллобӣ ба амал омадааст, соли 301 пеш аз милод эдикт (амр) ба тасвиб расид, ки он нархҳои ниҳоиро ба ҳазорон номгӯи молҳоро муқаррар намуда: барои хароҷот ба ҳамду нақл ва ҳалли ниҳоии музди меҳнат. Нарху наво ва пардохти музди меҳнат ҳамон тавре мондан гирифтанд, ки дар қисмати шарқии Империя амал мекарданд, ки он ба бӯҳрони иқтисодӣ на он қадар дучор гардида буд. Вайронкунандагони эдикт гирифтори ҳукми қатл мегардиданд, вале сарфи назар аз ин, он дере нагузашта амал накард.

Дар аҳди Диоклетиан шӯриши багаудҳо дар Галлия, ки дар солҳои 283- 285 ба амал омада буд, пахш карда шуд. Ин шӯриш шӯриши деҳқонон буда, дар натиҷаи зада даромадани варварҳо муфлисшавии оммаи халқ, ҷангҳои байниҳамдигарии магнатҳо ва довталабон ба тахту тоҷи император, сӯиистеъмол кардани амалдорон, ба амал омада буд. Плебейҳои деҳотӣ ва колонҳо бар зидди заминдорони калон ва ҳокимияти имперӣ ба муборизаи мусаллаҳона бархостанд. Онҳо пешвоёни худ Аманда ва Элианаро императорҳо эълон доштанд, ки ин дар бораи кушиши шӯришчиён баҳри ҷудошавӣ аз империя шаҳодат медиҳад. Аз эҳтимол дур нест, ки ба шӯришгарон ғуломон низ пайвастаанд. Тибқи маълумоти сарчашмаҳо, багаудҳо заминҳоро таллаю тороҷ карда, ба шаҳрҳоҳои зиёд ҳамла мекунанд, вале эҳтимол меравад, ки ягонтои онҳоро ишғол карда натавонистаанд. Мумкин аст онҳоро дар шаҳрҳо дастгирӣ накардаанд. Диоклетиан маҷбур мешавад, ки бар зидди багаудҳо зери фармондеҳии ҳамҳокими худ Максимиан қӯшун фиристонад. Баъди пахши ин шӯриши багаудҳо, дар бораи онҳо то оғози асри V хабаре вуҷуд надорад, вақте ки “муборизон” (ҳамин хел меноманд калимаи “багаудҳо”) худро на танҳо дар Галлия, балки дар Испания низ аз худ дарак медиҳанд, ки ин вақт ҳаракати онҳо масоҳати бештарро дар бар гирифта буд.

Дар замони ҳукмронии Диоклетиан Британия ба зери ҳокимияти Рим баргардонида мешавад; ҳамлаи германҳо, ки ба Галлия зада даромада буданд, баргардонида мешавад; варварҳои асирро ба ғуломон табдил доданд ва ё ба заминҳои императорӣ ва сенаторӣ ба сифати колонҳо сокин мекунониданд. Масъал дар бораи тақдири асирон аз ҷумлаи масъалаҳои баҳсталаб мебошад: мувофиқи ақидаи қисме аз олимон онҳо ба ғулом табдил дода мешуданд, мувофиқи олимони дигар – ба колонҳо.

Дар байни ислоҳотҳои Диоклетиан бешубҳа дар ҷои аввал бояд қӯшунро гузошт. Таҳдиди ҳарбӣ аз тарафи форсҳо ва қабилаҳои германӣ ва варварҳо масъалаи асосии Империяро ташкил мекард. Шумораи артиш, ки ба ним миллион (нисбат ба замони Август – ду баробар) расида буд, ба қӯшунҳои сарҳадӣ ва тезҳаракат тақсим карда шуда буд. Сарҳадчиён (аз лотинӣ – lunitanei “лимитанҳо” аз лотинӣ – lines “сарҳад, ҳудуд”) бояд қисматҳои алоҳидаи сарҳадҳоро муҳофизат мекарданд ва қӯшунҳои серҳаракат (comitatenses – айнан – “ҳамроҳон”) вазифаи эҳтиётиро иҷро карда, дар самтҳои гуногуни муҳиму хатарнрок партофта мешуданд, махсусан, дар лашкаркашиҳо ба хориҷи кишвар. Шумораи ҷузъу томҳои лашкари пешин – ҳар кадомашон панҷ-шашҳалрнафарӣ ва онҳо дар навбати худ ба ҷузъу томҳои хурдтар тақсим карда шуда буданд, вале онҳо дастаҳои тезҳаракат (мобильные) буданд. Баъзе легионҳо номҳои қаблии худро нигоҳ дошта буданд, лекин онҳо хеле хурд – базӯр якчанд сад нафариро ташкил менамуданд. Сохтори маъмурию қаламрав ба таври куллӣ бозсозӣ карда шуд. Ба ҷои музофотҳои пешин музофотҳои нави*9/ нисбатан хурди шумораи умумиашон 100 адад ва бо ҳамроҳии Рим, ки округи маъмурии махсус буд, 101 ададро ташкил менамуд.

Музофотҳое, ки ҳокимонашон унвонҳои гуногун (проконсулҳо, корректорҳо, президҳо) доштанд, ба 12 диютсези бо сардории викарияҳо муттаҳид шуда буданд. Дар замони Диоклетиан диютсезҳои зерин ташкил ёфта буданд 1) Шарқ, ки Миср, Киренаика, Сурия, Байнаннаҳрайн ва Арабистонро дар бар мегирифт; 2) Дютсези Понт (соҳилҳои ҷанубии баҳри Сиёҳ); 3) Осиё (қисми зиёди Осиёи Хурд); 4) Фракия (Фракия ва ба зами он Мезияи Поён); 5) Мезия (Мезияи Боло бо Македония, Юнон, Эпир ва Крит); 6) Паннония (Паннония, Иллария ва Норик); 7) Италия (ИталияТРетсия ва Ситсилия); 8) Дютсези Висанис (Галлияи ҷанубӣ); 9) Галлия (қисмати боқимондаи Галлия); 10) Британия; 11) Испания; 12) Африқо. Ба викарияҳо префектҳои претория сарварӣ мекарданд, яктогӣ ба ҳар як император. Аз эҳтимол дур нест, ки тақсими Империя ба чор префектура танҳо дар аҳди Константин ба амал омада бошад.

Сарварони музофотҳо, диютсезҳо ва префектурҳо танҳо ҳокимияти шаҳрвандӣ (маъмурӣ ва судӣ) доштанд. Вазифаҳои ҳарбӣ ба лашкаркашони махсус – ба дуксҳо (duces duх – «доҳӣ, лашкаркаш») дода шуда буданд. Ҷудосозии идораи шаҳрвандӣ аз идораи ҳарбӣ бо он мақсад буд, ки назорат ҳам аз болои ин ва ҳам аз болои он беҳтар карда шавад.

Таъминоти артиш, дастгоҳи давлатӣ, ҳавлии олии император маблағҳои кҷалони молиявиро тақозо мекард Ин маблағҳоро танҳо ба воситаи азнавсозии пурраи низоми андозбандӣ пайдо кардан мумкин буд. Барои ҳамаи Италия андози ягонаи сарикасии заминдорӣ ҷорӣ карда шуд. Дар мавриди андози сарикасӣ воҳиди ченак аз рӯи “сари кас” (сaput) қабул гардида буд. Марди баркамол ҳамчун воҳиди пурра, вале зан бошад, ним воҳид ҳисобида мешуд. Дар мавриди пардохти андоз аз замин воҳид “ярмо” (jugum) ҳамчун воҳиди майдон қабул гардида буд, ки андозаи он вобаста ба сифати замин ва намуди зироати кишткарда вобаста буд. Низоми андозбандие, ки дар аҳди Диоклетиан ҷорӣ карда шуда буд, номи сapitatio jugatio -ро гирифтааст.

Аз тадбирҳои дигар мумкин аст кушиши солимгардонии муомилоти пулиро тавассути ба муомилот баровардани сиккаҳои нуқрагии қурбашон нисбат ба пештара баландтар ва кушиши бо мақсади танзими нарху наво муқаррар намудани ҳадди ниҳоии қурби онҳо қобили қайд аст (Эдикт дар бораи нархҳои соли 301). Вале устуворгардонии вазъи молиявии Империя танҳо дар аҳди Константин муяссар гардид.

Дар соҳаи идеологӣ Диоклетиан худро пушту паноҳи эътиқодҳои динии қавмию буддоӣ нишон дод. Император худро писари Юпитер ва ҳамҳокими худ Максимианро – писари Геркулес мешуморад. Дар солҳои 303 – 304 Диоклетиан дар бораи манъи иҷрои русумоти динии масеҳиён чор эдикт баровард. Қайд бояд кард, ки масеҳиҳоро на дар ҳамаи қисматҳои Империя сахт таъқиб мекарданд ва яке аз императорон –ҳамҳокимон, Константин Хлора, падари Константини Бузург, ҳатто дар иҷрои эдикт дар қаламрави мулкҳои худ саркашӣ мекард.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.