Хукмронии Константини Бузург
Империяи Рим ва вазъи Калисои Масеҳӣ
Дар соли 305 баъди 20 соли ҳукмронӣ кардан Диоклетиан ихтиёрӣ аз тоҷу тахти императорӣ даст кашида, ҳамҳокими худ Максимианро низ маҷбур кард, ки аз тоҷу тахт даст кашад. Сезарҳо Августҳо мешаванд ва Сезарҳои нав – лашкаркаш Валерий Север (дар ғарб) ва додарзодаи Валерия -Максимин Даза (дар шарқ). Ҳамин тариқ, писарони ҳамтани Максимиан ва Контансия Хлора, Максенсий ва Константин аз чунин вазифаҳо бенасиб мемонанд.
Воқеаҳои минбаъда тамоми низоми сунъии тетрархро нишон доданд. Вақте, ки обрӯю эътибори бузурги Диоклетиан бар императорҳо – ҳамҳокимҳо фишор меовард, дар байни онҳо ягонагӣ вуҷуд дошт ва низоми тетрарх кор мекард, вале баъди ба истеъфо рафтани ӯ он ҳамон лаҳза ба шикқаст дучор шуд.



Валерий Север Максимин Даза Константини I
Дар байни меросхурони ӯ барои ҳокимият мубориза оғоз меёбад. Писари Константини Хлора Константини I (306 – 337) ё ҳамаи довталабонро барои ҳокимияти императорӣ қир кард ва ё аз онҳо умри зиёдтар дида, ҳокими ягонаи империяи Рим гардид. Дар аҳди ӯ тетрархия дар шакли ниҳоии худ ташаккул ёфт. Константин ислоҳоти Диоклетианро пешниҳод ва татбиқ намуд, вале дар баъзе масъалаҳо аз сиёсати ӯ канораҷӯӣ кард.
Мубориза барои ҳокимият баъди истеъфои Диоаклетиан. Дар соли 306 Констансий Хлора вафот мекунад. Константин бетаъхир Август эълон карда мешавад ва ба Галерий лозим меояад, ки воқеаи рухдодаро эътироф кунад. Дар Италия истеъфои Максимиан ихтиёрӣ набуд ва он дар зери таъсири Максимиан ба амал омада буд. Бинобар ин, кушиш кард, ки ҳокимияташро баргардонад ва худро Август эълон мекунад, писараш Макспенсияро – Сезар Северро, ки аз тарафи Галерий ба мартабаи Август мушарраф гардида буд, дар мубориза бар зидди Максенсий ҳалок мешавад ва ба ҷои ӯ Литсений таъйин мегардад. Бо сабаби он, ки Максимиан Даза низ худро Август эълон карда буд, Максимиан бошад, аз нав (соли 307) аз тоҷу тахт даст кашид. Дар натиҷа дар Империя якбора чор Авгут (Константин, Галерий, Литсиний ва Максимиан Даза) ва як Сезар (Максенсий) ба миён омад. Ғайр аз ин, дар Африқо ғосиб Доминитсий Александр пайдо мешавад.
Соли 310 Максимин кушиш ба харҷ дод, ки ба мубориза ҳамроҳ шавад,вале ӯро Константин яктарафа мекунад. Соли 311 Галерий вафот мекунад. Дар соли 312 Макспенсий Доминитсия Александрро барҳам зада, бо Максимиан Даза бар зидди Константин ва Литсиния иттифоқ мебандад
Яккаҳокимиятии Константин. Константин¸ ки Галлия ва Британияро идора мекард, ба Италия зада даромад, ба ҷое, ки дар он Максенсий ҳукмронӣ мекард. Қӯшунҳои Максенсия дар якчанд набард торумор карда мешаванд ва худаш, ки аз майдони ҷанг дар Мулвисаи наздикии Рим (соли 312) рӯ ба гурез ниҳода буд, дар Тибр ғарқ мешавад. Мувофиқи қиссае дар шаби пеш аз набарди ҳалкунанда гӯё, ки Константин дар хобаш навиштаҷоти бо забони юнонӣ “Touto nika”-ро ҷи лвагар дида будааст, ки маънояш “бо инҳо ғалаба мекунӣ” мебошад. Пагоҳии барвақт ӯ мефармояд, ки рамзҳои масеҳиро дар парчаму нишонҳои аскарӣ кашанд ва бо ҳамин рамзу нишона дар набард бар бутпараст Максенитсий ғолиб мебарояд.
Константин ба мулкҳои худ собиқ музофотҳои Максенсия – Италия, Африқо ва Испанияро муттаҳид сохта, соли 312 ё 313 дар Милан бо Литсиния вомехурад. Императорҳо эдикт (эдикти Милан ё Медюланӣ)-ро дар бораи тоқатпазирии динӣ ба имзо марасонанд, ки ин ба пайравони дини масеҳӣ имконият медод ба дини худ ошкорою озодона эътиқод дошта бошанд.
Соли 313 Литсиний Мааксимин Дазаро торумор кард, ки ӯ баъди чанде вафот мекунад. Тахминан дар ҳамин вақт Диоклетиан низ вафот мекунад. Дар соли ояндаи 314 дар байни Константин ва Литсиний ҷанг сар мезанад, ки он ба тарафҳо натиҷаҳои сахт ба бор наовард. Сулҳи начандон мустаҳкам дар байни онҳо то соли 323 давом кард, ҳамон вақте, ки Литсиний Константин дар наздикии Адрианопол пурра торумор кард. Ӯ тамоми заминҳои худро аз даст дод ва соли ояндаи 324 бо амри Константин ба қатл расонида шуд.


Максенсий Константини II
Ҳами н тариқ, дар соли 323 Империя танҳо дар зери ҳокимияти як император аз нав муттаҳид карда мешавад. Якҳокимиятии Константин то замони марги ӯ дар соли 337 боқӣ монд.
Ислоҳоти Константин. Константин тетрархияро бекор мекунад, вале тақсимоти территориявии Империя ба диодезҳо ва музофотҳо, ки самаранокии худро нишон дода буд, боқӣ монд. Ба 12 диодези мавҷуда 2 диодези дигар илова карда шуда, шумораи музофотҳо ба 117 адад расонида мешавад. Асоси тақсимоти маъмуриро Константин ҳанӯз дар аҳди Диоклетиан бо таъсиси чор префектури нав бунёд карда буда: Шарқ, Иллария, Италия ва Галлия, ки дар як вақт масоҳати префектураҳо васеъ карда шуд. Танҳо се музофот – Ахейя, Африқо ва Осиё берун аз префектураҳо мононда шуда, онҳоро мисли пештара аз тарафи проконсулҳо идора карда мешуданд.
Ҳокимияти олии гражданӣ (шаҳрвандӣ) дар перефектура ба префекти преторий тааллуқ дошт, ки ба ӯ викарияҳои қасрҳо президҳои музофотҳо итоат мекарданд. Префектҳо бевосита ба император итоат мекарданд. Онҳо вазифаю салоҳияти ҳарбӣ надоштанд, чунки дар аҳди Константин ҳокимияти гражданӣ аз аз ҳокмияти ҳарбӣ пурраю бебозгашт ҷудо карда мешавад.
Константин ислоҳотро дар қӯшун ба анҷом расонид. Дар замони принсипат қувваҳои асосии ҳарбӣ дар назди сарҳадҳо ва дар қпдқади сарҳад мустақар буданд. Константин қӯшунро ба сарҳадӣ ва саҳроӣ тақсим мекунад. Ҷузъу томҳои сарҳадӣ доимо дар қитъаҳои муайяни сарҳад ҷойгир буданд; артиши саҳроӣ бошад, дар дар дохили мамлакат ҷойгир буда, ҳар злаҳзае, ки лозим мешуд, барои зада гардонидани душман, пахши исёнгари (узурпатори) навбатӣ ва ё ҳаракати халқӣ истифода бурда мешуд. Артиши саҳроӣ – қисмати захираи стратегии Империя – дар миёнаҳои асри IV қариб нисфи қӯшунҳои мамлакатро ташкил мекард вҷа танҳо баъди торумори римиҳо аз тарафи готҳо дар наздикии Адрианопол дар соли 378 Империя маҷбур мешавад, ки таносуби қиёсии савораро дар артиш ба воситаи ҷалб намудани отрядҳои савораи варварҳо зиёд кунанд.
Қомандонҳои олирутба magistri militum ном мегиранд. Яке аз онҳо ба аскарони пиёданизом фармонфармоӣ мекард, дигараш – аскарони савораро. Аз замони ҳукмронии Константини II (337 – 361) чунин фармондеҳон дар ҳар як префектура 2-нафарӣ шуданд. Ба қӯшунҳои сарҳадӣ дар баъзе уиттъаҳо лашкаркашони махсус – дукаҳо (dakes) фармондеҳӣ мекарданд. Ҳоикмияти олии ҳарбӣ дар дасти magister militut praesentalis буд. Аз охири асри IV сар карда, ӯ дар идораи марказӣ дар амал шахси аз ҳама пурқудраттарин буда, императорҳоро аз вазифа сабукдуш ва таъйин мекард.
Соли 330 Константин пойтахти империяро аз Италия ба Шарқ мекӯчонад.Ин тадбир аз он сабаб рух дод, ки дар асри IV қисмати ғарбии Империя ба бӯҳрони иқтисодӣ дучор мегардад; хоҷагӣ дар музофотҳои шарқӣ бошад, дар сатҳи баландтар қарор дошт. . Ҳамин тариқ,маркази иқтисодии Империя бе Шарқ мекӯчад, аз ин рӯ, Рим аҳамияти сиёсии пештараи худро аз даст медиҳад. Инчунин, Константин ба таври ҳамешагӣ Римро тарк карда, дар назар дошт, ки ӯ аз анъанаҳои кӯҳнаи сиёсӣ даст кашида ва доминат – ҳокимияти ба зуровар (деспот)-б асосёфтаи императорро бебозгашт муқаррар менамояд. Пойтахти нави Империя шаҳри қадимаи юнонӣ Византия мешавад, ки он дар дар соҳили аврупоии гулӯгоҳи Босфор дар байни баҳрҳои Эгей ва Сиёҳ воқеъ гардида буд. Номи Византия ба Константинопол (феълан Истамбул) иваз карда мешавад. Ҷой барои пойтахти Империя қуллай интихоб карда шуда буд: шаҳр дар чорроҳаи роҳҳои ҳарбӣ ва тиҷоратӣ (хушкӣ ва обӣ) воқеъ гардида, шароити қуллаи стратегӣ дошта, дар баландӣ ҷойгир шуда, дар наздикии он халиҷи кушода – Шохи Тиллоӣ намудор буд. Дар пойтахти нав сохтмони калон сурат гирифт. Дар байни иншоотҳои гуногун Константин дар ин ҷо алисоҳои масеҳӣ ва ибодатгоҳҳои бутпарастӣ месохт. Аҳолии Константинопол бо тезӣ зиёд мешуд ва то охири асри IV ба 100 ҳазор нафар расид, дар охирҳои асри V бошад – 150 ҳазор нафар сокинон зиндагӣ мекарданд.
Дар асри IV тамоили ба воситаи қонунгузорӣ таҳким бахшидани низоми андозбандӣ ба колонҳо, аскарон ва куриалҳо баҳри таъмин намудани соҳаи кишоварзӣ ва косибӣ аз қувваи коргарӣ , артиш ва давлат ба назар мерасад.
Соли 332 бо фармони Константинопол колонҳо побанди замину кишоварзӣ карда мешавад: онҳо аз ҳуқуқи гузаштан аз як мулкдор ба мулкдори дигар маҳрум мешаванд. Дар ин фармон қайд карда шуда буд, ки колонҳои фироркарда дар завлона банд карда, ба хуҷаинҳояшон баргардонида, маҷбур карда шавад, ки корҳои пештара, пардохтҳо ва ӯҳдадориҳояшонро иҷро намоянд. Мувофиқи амр, он касе, ки колони гурезаро қабул мекард, бояд ӯро ба соҳиби пештарааш баргардонад ва гузашта аз ин, уҳдадории то ин вақт иҷронакардаи колонро ҷуброн кунад. Колоне, ки ба майли фирор гумонбар мешавад, бояд ба пойҳояш завлона зада шавад, ҳамон тавре, ки ғулом завлонабанд карда мешуд. Ба колонҳо манъ карда шуда буд, ки ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ ҷалб шаванд, зеро дар ин сурат онҳо мақоми иҷтимоии худро тағйир дода метавонистанд. Дар вилоятҳое, ки муносибатҳои ғуломдорӣ суст инкишоф ёфта буд, дар он ҷойҳое, ки деҳқонони озод бештар монда буданд тобеъгардонии колонҳо тезтар ба амал омад; Колонҳои Илларик танҳо соли 371 тобеъ карда шуда буданд, колонҳои Фракия – соли 392. То охирҳои асри IV тобеъкунии колонҳо ба замин асосан ба охир расонида шуд. дикти (қонуни) императорҳо Аркадий ва Гонорий (охирҳои асри IV ё ки оғози асри V) колонҳоро “ғуломони замин” (servi terrae)) меномад ва иҷозат медиҳад, ки онҳо бо ҳамроҳии мулк (замин) фурӯхта швандj.
Косибоне, ки дар устохонаҳои давлатӣ кор мекарданд. ба осибии худ побанд карда шуда шуда буданд; Қарордоди соли 398 Аркадий ва Гонорий пешбинӣ карда буд, ки ба ин кормандон тамға зада шавад, то ки агар пинҳон шаванд, ёфтани онҳо осон шавад. Дар робита бохеле пастшавии истеҳсолоти косибӣ дар асри III давлат дар замони Империяи баъдина маҷбур мешавад, ки истеҳсоли яроқу аслиҳа, сару либос ва зарурати дигари барои артиш муқарраргардидаро ба ихтиёри худ бигирад. Наздики соли 400 дар Империяи Ғарбии Рим 20-то чунин “фабрикаҳои” (fabrikae) давлатӣ вуҷуд дошт/ Косибоне, ки мустақилона ба хоҷагидорӣ машғул буданд, бо сабаби зарурати иқтисодӣ аз рӯи касбу кор муттаҳид карда шуда (дар ин шаҳр чанд касбу кор мавҷуд аст, ҳамин қадар корхона ва ё коллегия вуҷуд дошт), ба коллегияҳо вобаста карда мешуданд; ба рӯйхати косибони ягон касбу ҳунар номнавис шуда, одам аллакай имконият надошт, ки бе иҷозати ҳукуматдорон касби кори худро тарк кунад. Коллегия дар маҷмӯъ ба ҷамъоварии андоз аз аъзои худ масъул буд.
Дар асри IV Константини ва ҷойгирони ӯ дар бораи тобеъ кардани табақаи куриалҳо – заминдорони шаҳри, ки шӯроҳои шаҳрӣ аз онҳо – курияҳо иборат буданд, як қатор фармонҳо бароварданд. Аз шаҳр баромадани онҳо манъ карда шуда, ҳуқуқи онҳо оид ба фурӯши мулкашон маҳдуд карда шуда буд. Мансубият ба табақаи куриалҳо ба меросӣ табдил меёбад. Ӯҳдадории муҳимтарини давлатии ин табақа масъулият барои ҷамъоварии андоз аз аҳолии шаҳр ва аз аҳолии деҳотие буд, ки дар рӯйхати аҳолии шаҳр номнавис шуда буданд. Мансубияти фахрии қаблӣ ба табақаи куриалҳо (дар асри III он табақаи декурионҳо ном бурда мешуд) барои аксарияти онҳо бори гароне шуда буд.
Мувофиқи қарори Константин аз соли 326 писарони собиқадорон бояд ё куриал мешуданд, ё ба хизмати ҳарбӣ мерафтанд. Қисмати зиёди қӯшунҳои Рим аз маҷбуриҳое (рекрутиҳое) ташкил менамуданд, ки аз аҳолии деҳотӣ (колонҳо ва ғайра) сафарбар карда шуда буданд. . Ба дастони аскароне, ки ба хизмати ҳарбӣ ҷабран ҷалб карда шуда буданд, ҳамчун нишона тамға зада мешуданд.
Дар Империяи Рими баъдина ғуломон дар истеҳсолот ба мақоми ёрирасон табдил дода шуда буданд, зеро қотеан исбот гардид, ки истисмори кормандони хоҷагидори мустақил каммасраф буда, мавҷудияти воситаи маҷбуркунӣ имконият медод, ки чунин истисмор ба амал бароварда шавад. Вале ин ҳеҷ гоҳ вазъи ғуломонро беҳтар намекард. Баракс, маҳз аз замони Константин бо роҳи қонунгузорӣ муносибат бо онҳо шадидтар мешавад. Фармони Константин аз соли 319 ҷанобро барои қатли ғулом аз ҷазо озод кард, ба шарте, ки марги ӯ дар натиҷаи қамчинукорию дарразанӣ ё ки дар ишкел фаро расида бошад. Танҳо куштани дидаю донистаи ғулом,сарфи назар бо усул ва воситае, ин ҷиноят содир карда мешавад, манъ карда шуда буд.
Сиёсати динии Константин. Сиёсати Константин, дар маҷмӯъ, ба идомаёбӣ ва баанҷомрасии ислоҳоти Диоклетиан равона карда шуда буд. Вале дар соҳаи сисати динӣ ӯ тамоман бо роҳи дигар рафт. Диоклетиан бар зидди масеҳият мубориза мебурд. Константин онро эътироф кард. Дар соли 313 бо ҳамроҳии иттифоқчии онвақтаи худ барои барои ҳокимият Литсиний қонуне бо номи Эдикти Миланро ба тасвиб мерасонад, ки он дини масеҳиро дар баробари динҳои дигере, ки дар Империя вуҷуд доштанд, баробарҳуқуқ эълон кард. Ҷавобан ба ин аллакай дар соли 314 собори калисо (анҷумани рӯҳониёни олимартаба) дар шаҳри Аредатаи воқеъ дар Галитсияи Ҷанубӣ қарор қабул кард, ки пайравони дини масеҳӣ минбаъд набояд аз хизмат дар сафҳои қӯшун сартобӣ кунанд. Соли 314 ба епископи Рим ҳамчун қароргоҳи ӯ Қасри Латериан тақдим карда шуд. Дар шаҳрҳои зиёд бунёди биноҳои калисоҳо оғоз ёфт.
Ҳамин тариқ, дар замони ҳокимияти Константин дини масеҳӣ аввал иҷозат дода мешавад ва баъд то замони марги ӯ ба дини ҳукмрон мубаддал мегардад.Дар соли 325 Анҷумани калисо (собори калисо) дар шаҳри Никеи Осиёи Хурд бо иштироки худи император Константин доир гардид. Дар он асосҳои ҳатмии таълимоти дини масеҳӣ коркард ва ба низом дароварда мешавад. Аз ҳамин вақт сар кардаэътиқодҳои буддоӣ ва динҳои қавмӣ аз ҳамин вақт сар карда мавриди фишор қарор дода мешаванд, гарчанде, ки онҳо танҳо дар охирҳои асри IV манъ карда шуданд. Калисои ҳукмрон масеҳӣ (христианӣ), апостолӣ, католикӣ (умумҷаҳонӣ) ва православӣ (яъне ягона калисои дурст) номида мешавад.
Расман эътироф гардида, калисои масеҳӣ аз калисои таъқишаванда ба калисои таъқибкунандаи пурзур ва ташкилоти сарватманд мубаддал мешавад. Ба ихтиёри он тӯҳфаҳои император ва шахсони хусусӣ. Мерос, пардохтҳо барои ибодат , даромадҳо аз истисмори ғуломон ва колонҳо дар хоҷагиҳои калисоҳо ва дайрҳо ворид мегардиданд. Калисо ба заминдор ва ғуломдори калон мубаддал мегардад. Маҷмуи зинаҳои (иерархияи) мансабҳо бо сардории архиепископ ва епископҳо ташкил карда мешавад. Епископҳои шаҳрҳоли калонтарин – Рим, Искандария, Константинопол, Байтулмуқаддас ва Антиохия аз дигарон болотар ҷой гирифтанд ва унвони патриархро мегиранд. Патриархҳои Рим ва Искандария ғайр аз ин унвонҳо папа низ номида мешуданд. Баъд ин унвон танҳо дар патриархи Рим боқтӣ монд.
Рӯҳониёни олимартабаи калисои масеҳӣ ба иттифоқчии давлат ва синфи ҳукмрон табдил меёбанд. Ва, дар айни замон, муборизаи иҷтимоӣ бештар ба худ шакли мулҳидӣ (ересро), яъне ҷараёнҳои динии норозиҳо ба калисои расмиро мегирифт.
Император Юлиан Отступник (361 – 363) кушиш ба харҷ дод, ки бутпарастиро аз нав барқарор намояд ва алоқаи худро аз масеҳият меканад, ки барои ин кирдораш аз калисои масеҳӣ ҳамин лақаби “отступник” – “рӯйгардонида”-ро мегирад. Ӯ фармуд, ки аз масеҳиҳо ибодатгоҳҳои буддоии қаблан ба масеҳиҳо додашударо ба коҳинони бутпараст баргардонанд Қурбоникунӣ ба худоҳои бутпарастӣ барқарор карда шуданд, ки дар онҳо император шахсан иштирок кард. Дар қурбонӣ чорвои зиёдеро мекуштанд. Юлиан ба мусодиракунии замини ҷамоаҳои масеҳӣ ва додани онҳо ба шаҳрҳо оғоз кард, то ки табақаи муфлисшудаи куриалҳо – такягоҳи иҷтимоии империяи ғуломдории Римро дастгирӣ намояд. Ба масеҳиҳо ишғол кардани вазифаҳои баланд дар вртиш ва дастгоҳи идораи давлатӣ, инчунин дарс додан дар мактабҳо манъ карда шуд. Тадбири охирин ҳатто гирифтори маҳкумкунии чунин ҷонибдори Юлиан, чун Аммиан Мартселиан мегардад, ки дар маҷмӯъ кушиши наҷот додани маданияти антиқиро мекард. Юлиан шахси маълумотнок ва нависандаи қобилиятнок буд. Дар асарҳои худ ӯ ба таври одилона рӯҳониёни масеҳиро барои рафтори бадахлоқона,гурусначашмӣ ва мансабпарастӣ ба зери танқид гирифта буд.


Юлиан Отступник Император Валериан
Юлиан натанҳо ҳамин тавр хост, ки дини ҷамоавии Римро дар шакли аввалаи он аз нав ҷорӣ намояд, ки ин воқеан имконнопазир буд. вале ба ҳар ҳол кушиш ба харҷ дод, ки онро ба мазмуни фалсафӣ ва ахлоқӣ пур карда, ба масеҳият муқобил гузорад, Ҷидду ҷаҳд сунъӣ ва дар маҷмӯъ сиёсати Юлиан, ки ба аз нав барқароркунии шаҳрҳои антиқӣ бо маданияти бутпарастии онҳо равона карда шуда буд бебарор баромада ва ба ақиб баргардонидани рушди ҷомеаи Рим, наметавонист ба шикаст дучор нашавад..
Марги Юлиан дар ҷанги зидди Эрон ба эҳёю бозсозии бутпарастӣ хотима гузошт. Дини масеҳӣ мавқеи худро пурра аз нав барқарор намуда ва таҳкими минбаъдаи худро идома медиҳад. Ба шароити таърихии империяи ҷаҳонии Рим на ягон дини бутпарастӣ, балки бештар масеҳият мувофиқат мекард.
Дар замони ҳукмронии Юлиан инчунин кушиши бебарор баҳри аз байн бардоштани фасодии (коррупсия) дастгоҳи давлатӣ ба назар мерасид. Шумораи амалдорон дар дастгоҳи бюрократияи давлатӣ дар асоси ислоҳоти Диоклетиан ва Константин аз ҳад зиёд шуда, бо ин сабаб аз халқ пардохтҳои нав барои халқи заҳматкаш бори гароне гардида буд. Юлиан дастгоҳи давлатиро аз марказ сар карда, аз вазифаҳои нолозим тоза мекард; баъзе вазифаҳои бюрократиро илм ба дасти худ гирифт, баъзеи онҳоро ба шӯроҳои шаҳрӣ – ба курияҳо дод; усули анъанавии таҳдиди ҷазо барои суиистеъмолкунӣ аз ҳокимиятро истифода бурд. Вале тадбирҳои ӯ натиҷаи чашмдоштро надоданд, барои ҳамин маҷбур мешуд, ки аз амалӣ кардани баъзе тадбирҳо даст кашад, аз тадбирҳои дигар бошад, меросхурони ӯ даст кашиданд. Ин бебарории Юлиан дар бораи имконпазир набудани пурра барҳам додаи дастгоҳи бюрократӣ дар шароити рӯ ба таназзул ниҳодани ҷомеаи қадим ва дар замоне, ки дастгоҳи давлатӣ аз олоти ҳокимияти император ба нерӯи пуриқтидор мубаддалгардида шаҳодат медиҳад, ва дар ин шароит ҳокимияти ҳаматарафа пуриқтидори император зоҳиран ба маҳдудшавӣ дучор шудааст.



Митра Аҳура Маздо Аҳриман
Аз байн рафтани ҷаҳонбинии анъанавӣ хеле барвақт аз замони Константин ба шикасти дини буддоии кӯҳнаро, ки қисми таркибии он буд, ба нестӣ оварда расонид. Эътиқодҳои қадим дер боз бо шарофати дастгирии давлат пойдор буданд ва ҳамин, ки ин дастгирӣ аз байн рафт, онҳо рӯ ба нестӣ оварда, аз байн рафтанд. Рақибони нисбатан ҷиддии масеҳиён динҳои дигари шарқӣ ба шумор мерафтанд, ки низ мисли дини масеҳӣ барои Рим ғайрианъанавӣ буданд. Дар он замон махсусан эътиқоде, ки ба номи худои Митра алоқаманд буда, ба Рими дар асри I п.а.м. роҳ ёфтаа ст, махсусан машҳур буд.
Чанд мулоҳизаро оид ба нақши худоҳои дигарро дар таърихи Рими қадим зимни дини масеҳӣ баён менамоем. Яке аз ин худоҳо Митра мебошад, ки ӯ худои мардуми форс буд. Митрароо бори нахуст ба ғарб легионерҳои Помпей¸ ки бо роҳзанони баҳрӣ (пиратҳо) меҷангиданд, овардаанд. Паҳншавии эътиқоди Митра баъди ба ҳайати Империя дохил карда шудани вилоятҳои дохиии Осиёи Хурд ва аз он ҷо сафарбар намудани аскарон ба артиши Рим, Дар асри III ба дини Митра қисми зиёди артиш фаро гирифта мешавад.
Дар қӯшун Митра бо номи “Офтоби шикастнопазир”, ки бо забони лотинӣ Sollnvicus ифода меёфт, парастида мешуд. Дар ғарб нишонаҳои парастиши он дар Британия ва дар вилоятҳои назди Дунай ёфт шудаанд. Дар митраизм тасаввуроти рими қадим дар бораи муборизаи ду ибтидо, нерӯҳои аҳриманӣ ва ҳурмузӣ, мубориза бар зидди бадхоҳӣ, он дар симои Аҳриман ифода меёфт. Митра ҳамчун пушту паноҳ ва наҷотдиҳандаи одамони некхоҳ инъикос гардидааст. Митраизм назарияи кайҳон (космогон)-ӣ ва асотири (мифология)-и худро дошт, ки дар маркази он тавлид ва корнамоии Митра, инчунин таълимот дар бораи ҳаёти баъдалмавт ва таълимоти коркардшуда дар бораи ба охиррасии ҷаҳон ҷои махсусеро ишғол менамояд.
Хоҳишмандоне, ки мехостанд ба дини Митра эътиқод дошта бошанд, бояд аз русумоти қабули он мегузаштанд, ки қабл аз он бояд рӯза мегирифтанд. Барои доир намудани русумот ва одатҳои динӣ пайравони пайравони Митра муқаддасгоҳҳои махсуси худро бо номи митрсума дошта, митрачиён онро дар ғор ва ё дар хонаҳои дар зепри замин сохта иҷро менамуданд. Мурофиаҳои динӣ бо оростани зиёфат ва тараб мегузашт, ки дар ҷараёни он эътиқодмандон нону шароби пурнуркардаи бо об омехташударо низ нӯши ҷон мекарданд.
Рақиби дигари масеҳият ҷараёнҳои фалсафию динние буданд, ки бо номи умумии гноститсизм (аз забони юнонӣ gnosis – “дониш”) маълум мебошад. Гностичиён ҷидду ҷаҳд ба он мекарданд, ки принсипҳои таълимоти масеҳиро бо унсурҳои таълимоти фалсафаи юнонӣ, мистикаи динии эронӣ ва кайҳони (ситораги)-и бобулӣ ипайваст намоянд. Мақсади онҳо дарки (маърифаткунии) худо буд, ки ба воситаи тасаввуф пайвастани он ба даст оварда мешавад. Масеҳро оғози Логоси абстрактӣ шуморида, баъзе гностичиёнимконияти таҷассум кунонидани марги ӯро дар салиб имконнопазир мешумориданд. Дигарон бошанд¸ чунин мешумориданд, ки таҷассуми ӯ ва марг танҳо як чизи зоҳирӣ будааст.
Вале масеҳиҳо нисбат ба дигар рақибон як афзалият доштанд: дар шахси Калисо онҳо ташкилоти пурзӯре доштанд, ки , он тамоми Империяро фаро гирифта, дар ҷараёни таъқибот обутоб ёфта буд. Дар оғози асри IV Калисо ба як шакли “давлат дар давлат” мубаддал мегардад. Чунин нерӯро на гносчиён, рна митрачиён ва на дигар рақи бони м асепҳият надоштанд.
Масеҳияти аввал бо рисолати фаъолияти мубаллиғии худ фарқ мекарданд. Мо аллакай дидем, ки чи тавр аз Фаластин вазъгӯии масеҳӣ бо суръати том ба Рим, ба қалби Империя рафта мерасид. Масеҳиҳои асрҳои аввал натанҳо тайёр буданд, ки ҳақиқати ба рӯи онҳо кушодашударо таблиғ кунанд, инчунин агар лозим шавад, ҷонҳои худро нисор карда, аз он намояндагӣ кунанд. Баъзеи онҳо ташнаи аз сар гузаронидани аз обу шикқана буда, худашонро дар ин роҳ ба ҳукумат дорон месупориданд.Воқеаҳое маълум буданд, ки амалдорон масеҳиҳои гузаро (фанатик)-ро аз даргоҳи ҳукуматдорон пеш мекарданд, то ки ба рехтани хуни, ба қавли онҳо ин одамони бадбахт, ки ба таъсири хурофоти хатарнок гирифтор шудаанд, роҳ дода нашавад. Он нерӯ ва ҳуҷуме, ки аз ҷониби таблиғоти масеҳиҳо пеш бурда мешуд, бо он сабаб рух дод, ки он дар оғози таърихии худ танҳо як мазҳаби (секта)-и кучаки таъқибшаванда, дар ниҳояти кор, бо маънии аслиаш, олами антиқаро пур карданд. Дар асри III масеҳиҳоро дар тамоми қисматҳои империяи Рим – аз Британия ва то Миср вохурдан мумкин буд.
Бо ҳам наздикшавии калисо ва давлат бо шарофати тағйиротҳое имконпазир гардид, ки дар ҳайати иҷтимоии ҷамоаҳои масеҳиҳо ба амал омаданд. Дар охирҳои асри IV дар ҳаёти масеҳӣ, бо истиснои тоза тарафи диниаш, аз зиндагии раияти дигари Империя ягон фарқияте надошт. Ҷомеа пайваста бо онҳо одат карда, боварии мардум дар бораи овозаҳои мудҳиши онҳоро иҳотакарда аз байн рафтанд. Эдиктҳои зиддимасеҳии Диоклетиан, ки ғайричашмдошт марҳалаи зиёда аз чилсолаи ҳамзистии осоишта бо бутпарастон ва масепҳиҳоро рахна карданд (таъқиботи пешина дар замони ҳукмронии имератор Валериан (253 – 260) ) ҷой доштанд, дар сои 257 бояд натанҳо нисбати масеҳиҳо, балки нисбати бутпарастони зиёд тадбири золимонае буд, ки моҳиятан ягон асоси боэътимоде надошт, ки ин золимиро ҳақ бароварда тавонад. То лаҳзаи нашри онҳо баҳси таърихӣ дар байни бутпарастон ва масеҳиҳо аллакай ба нафъи масеҳият ҳал гардид.
Императорони Рим ва то Константини Бузург дарк карданд, ки бояд ҳокимияти худро аз ҷиҳати идеологӣ низ мустаҳкам карда, ба он маънии динӣ ворид созанд.Дини ягона, аз назари онҳо, метавонад ҷомеаи империро муттаҳид сохта, онро бо шиштаҳои нав мепайвандад. Ҳамин тариқ император Аврелиан (солҳои 270 – 275) дар Рим парастиши давлатии Офтобро ҷорӣ карда (соли 274), худаш ба коҳини олии он мубаддал мегардад. Ба шарафи худои нав 25 декабр дар Рим ҳамчун тӯҳфа ба рӯзи баробаршавии зимистонаи шабу рӯз ибодат гоҳи мӯҳташаме ба истифода дода мешавад.
Навгонии император аз он иборат буд, ки дар ҷустуҷуи асосҳо барои ҳокимияти худ ӯ ба масеҳият муроҷиат кард, дине ки қаблан ба таъқиби шадиди давлат гирифтор буд. Оилаи Констансияи Хлора умуман ба масеҳиҳо наздикӣ дошт, ҳамсари якуми ӯ, модари Константин¸ Пелена масеҳӣ буд ва худи Констансия ба эдиктҳои зиддимасеҳии Диоклетиан зоҳиран итоат мекард. Он чӣ ки ба Константин дахл дорад, бояд гуфт, ӯ фарзандони худро дар асоси дини масеҳӣ тарбия мекард ва пеш аз марг худаш дини масеҳиро қабул кардааст. баъд ӯ аз тарафи Калисо муқаддас ва баробар ба апостол эълон карда мешавад.
Мубориза дар дохили Калисо. Аз замонҳои Константин боз ҳокимияти марказӣ дар корҳои Каалисо фаъолона иштирок мекард. Аллакафй дар соли 313 ба Константин намояндагони масеҳиҳои африқоӣ муроҷиат кардаанд, ки масъалаеро ҳал кунад. ки ҷамоаи онҳоро ба ҳаяҷон овардааст. Дар мавриди таъқи боти диоклетианӣ епископи Карфаген, яъне дар амал сарвари Калисои африқоӣ Ситсилиан буд, ки ӯ ба таъқибшудагон китобҳои муқаддасро медод ва аз ин рӯ, ӯ раис эълон карда мешавад. Муқобилони Ситсилиан Донатро, ки епископи яаке аз шаҳрҳои африқоӣ, еписакопи Карфаген таъйин мекунанд, вале ҷонибдорони Ситсилиан ин иқдомро ғайриқонунӣ шумориданд.
Константин ин парвандаро барои баррасӣ ба анҷумани (собори) епископҳо месупорад, ки он аввал маҷлисро дар Рим гузаронид ва баъд –дар Арде. Ситсилиан епископи ваколатдори Карфаген эътироф кқарда шуд, Константин бошлад, ин тасмимтро тасдиқ намуд. Баъди ин донатчиён калисои худро таъсис доданд, ки ин ба ҷудоии беш аз садсола дар Калисои африқоӣ ибтидо гузошт.
Дар оғози асри IV дар Искандария (Александрия) превитрийи дар байни шаҳриёни Арий маъруф ба таълимоте баромад кард, ки мувофиқи он дар сегонаихудоӣ танҳо худо – падар абадӣ мебошад. Офаридаи аввалини ӯ писар ё Лотос буд, офаридаи Лотос бошад – рӯҳи муқаддас. Аз ин бармеояд, ки писар моҳиятан падар нест, вале ба ӯ монанд аст. Таълимоти Арий аз тарафи епископии Искандария (Александрия) маҳкум карда шуд, вале Арий таслим намешуд. Баҳс дар байни арийчиён ва муқобилони онҳо аз доираи Калисои Искандария (Александрия) берун баромад.
Константини бар Литсинийи ғолиббаромада ва ягонагии Империяро барқароркарда, бар он андеша буд, ки дар давлати ягона бояд Калисои ягона вуҷуд дошта бошад. Бинобар ин, бо ташаббуси ӯ соли 325 дар Ник амнҷумани (собори) намояндагони ҳамаи калисоҳои музофотӣ аз тамоми Империя ҷамъ омаданд. Анҷуман мазмуни мухтасари аҳкоми дини масеҳиро, ки рамзҳои эътиқод ном дорад, қабул кард. Эътироф карда шуд, ки писар – падар моҳияти ягонаи падар мебошад. Арий ва ҷонибдрони ӯ, ҳамин тариқ, ба шикаст дучор шуданд. Константин аз тариқи ҳокимияти худ обрӯи анҷуман (собор)-ро таҳким бахшида, Арий ва ҷонибдорони сершумори ӯро бадарға мекунад.
Вале дере нагузашта, Арий аз бадарға баргардонида шуда ва ҷои ӯро дар он ҷо рақиби асосии ӯ Афанасий Александрийский (солҳои 295 – 373) мегирад¸ ки епископи Искандария буд. Дар охири умри худ Константин ба арийчиён майл мекунад. Дар замони меросхурони ӯ дар дарбор гоҳ никейчиён ва гоҳ арийчиён дастболо мешаванд.
Дар олҳои 361 – 363 дар аҳди император Юлиан Отступник баъзан кушишҳои иртиҷоии бутпарастӣ ҷой доштанд. Юлиан ҷонибдори матини и низоми фалсафии неоплатонизм идеалистӣ буд, ки асосгузори он Плотин аз Искандария (солҳои 203 – 269) ба ҳисоб мерафт. Таълимоти Плотин аз тарафи шогирди ӯ Порфирий (худи Плотин гӯё дар ин бора чизеро нанавишт бошад), ки ба ҳимояи бутпарастӣ ва бар зидди дини маспеҳӣ баромада буд. Дар муқоиса ба платонизми классикӣ, фалсафаи Плотин-Порфирия тавассути унвури мистикӣ мустаҳкам карда шуда буд.
Дар асри III неоплатонизм яке аз рақибони масеҳият буд, гарчанде ки пз бисёр ҷиҳат ба он масъалаҳое машғул мешавад. ки илоҳишиносии (теологияи) масеҳият низ ба онҳо машғул буд. Таваҷҷӯҳи он қисмати зиёди доираҳои бомаърифати бутпарастонро фаро гирифт. Юлиан кушиш ба он мекард, ки бутпарастиро аз нав эҳё намояд. Ӯ хуб мефаҳмид, ки тарафи пурзури масеҳиён мавҷуд будани ташкилоти онҳо мебошад. Аз ин рӯ, кушиш ба харҷ дод, ки чунин як ташкилотеро барои калисои бутпарастӣ низ созад. Коҳинони бутпарастӣ калисои серзинаи (иерархияи) хеле мустаҳками як чизи ба “калисои масеҳӣ” монандро гирифтанд. Калисои Масеҳӣ ҳамаи он имтиёзҳое, ки дар замони пешгузаштагони Юлиан ба даст дароварда буд, аз даст дод. Ҳамаи файласуфон ва суханварон аз мактабҳо пеш карда шуданд. Вале кушиши дермондаи Юлиан, ки ҳатто рисолаи махсусе бо номи “Ба муқобили масеҳиҳо” навишта буд, пешакӣ ба шикаст дучоргардида буд. ки он баъд аз марги император дар ҷинги зидди форсҳо соли 363 ин воқеаро тезонид.



Юлиан Констансийи II Гратсиан Феодосийи I
Дар солҳои иртиҷои бутпарастии Афанасий ва ҷонибдорони ӯ, ки аз пешгузаштаи Юлиан Констансийи II (солҳои 353 – 360) имконият ба даст дароварданд, ки аз бадарға баргарданд. Лекин соли 381 арийчиён аз нав маҳкум карда шуданд: бар зидди онҳо аз нав таъқибот оғоз карда шуд. Дар аҳди Гратсиан (солҳои 375 – 383) ва Феодосия (солҳои 379 – 395) бар зидди бутпарастон санадҳои зиёд қабул карда шуданд. Вале сарфи назар аз ин тадбирҳо дар Империя пайравони эътиқодҳои динии дигар кам набуданд. Муяссар нашуд.ки арийяигӣ дар қабилаҳои германӣ барҳам дода шавад. Акнун ин қабилаҳои раияти Рим бударо ҳамчун ғайридинӣ мешуморидагӣ шуданд.
Масеҳият барои он ғолибият ба даст овард, ки он дар худ маҳаки марҳалаи нави таърихӣ – асрҳои миёнаро инъикос мекард.Вале, ҳуҷуми Асрҳои миёнаро тайёр карда истода, масеҳият аз нав ба сарпӯши тобути тамаддуни антиқа, ки рӯ ба нестии худ оварда буд, мех зад.
Бунёди Константинопол.Ислоҳоти Константин. Аз таърихи калисоии асри IV ба сиёсати Константин баргашта истода, зарур аст, ки дар бораи тадбирҳои ӯ соҳаҳои маъмурӣ, ҳарбӣ ва молия таваққуф карда шавад.Навгонии муҳимтарин дар соҳаи маъмурӣ ин дар Шарқ асос гузоштани пойтахти нави Империя – Рими Масеҳӣ – Константинопол (11 майи соли 330) буд. Аз паси император ба пойтахти нав дарбор ва муассисаҳои давлатӣ омаданд. Майли кӯчонидани маркази сиёсию маъмурии Империяро ба Шарқ ҳанӯз баъзе арбобони асри I солшумории милодӣ эҳсос карда буданд, аз он ҷумла триумвир Марк Антоний, вале танҳо дар замони Диоклетиан ва Константин ин иқдом масъалаи муҳими Империяи Рим мегардад. Музофотҳи шарқӣ дар замонҳои бӯҳрони асри III нисбат ба музофотҳои ғарбӣ камтар зарар диданд. Дар ин ҷо шаҳрҳои бой – марказҳои иқтисоди ва маданият бештар боқӣ монданд. Ва гарчанде ба сарҳадҳои империя рақиби деринаи Империя – Форс (Эрон) ё худ давлати Сосониён таҳдид мекард. Ба ҳар ҳол, чи тавре, ки муҳаққиқони ғарби имрӯза қайд мекунанд, дар ин ҷо вазъияти ҳарбӣ нисбат ба сарҳадҳои Рейн ва Дунай на онқадар тезутунд буд. Он чӣ ки ба Рим дахл дорад. бояд гуфт, ки Шаҳри Абадӣ, ҳамчун мероси гузашта, мақоми имтиёзноки худро нигоҳ дошт. Бо аҳолии қариб 1, 5 миллион нафар он мисли пештара мегаполиси калонтарини Империя мондан гирифт, вале вазифаҳои воқеии худро ба ҳамешагӣ аз даст дод. Императороне, ки дар Ғарб ҳукмронӣ мекарданд, аз Диоклетиан сар карда, чун қоида, ба сифати қароргоҳи худ ҳамон шаҳреро интихоб мекарданд, ки ба сарҳад наздиктар бошад – Арл. Равенна. Милан. Дар замони антиқаи поёнӣ дарбори императорӣ ҳамин тавр ҳам рух медод, ки аз як шаҳр ба шаҳри дигар кӯчонида мешуд, вале домо дар наздикии ҷабҳаҳо – манбаҳои доимии хатар барои Империя.
Дар аҳди Константин роҳбарӣ ба корҳои ҳарбӣ ба сардори қӯшунҳо (magister militum) дода шуда буд, ки ба ӯ сардори қисми савора (magister equitum) кӯмак мерасонид.Сиккаи навивазнаш баробар ба 4,55 грамм ба муомила бароварда мешавад. Ислоҳоти пулии Константин хеле бобарор баромад: сикккаи қиматаш ҳадди ақал буда асоси гардиши пулӣ на танҳо дар Рими замони охир, балки дар замони империяи Византия низгардид.
Сиёсати ндозбандии муттасили давлат ба тобеъгардонии аксарияти аҳолии чӣ деҳот ва чӣ шаҳр оварда расонид. Косибон ба иттиҳодияҳои ҳамкасбон (коллегияҳо) (kollegia) муттаҳид карда мешаванд, куриягиҳо, ки ба шӯрои (curia) шаҳрӣ ба курияҳои худ ва колонҳо бошанд,–ба мулкҳое муттаҳид карда шуданд, ки дар он ҷо сукунат доштанд.