Ба ду кисмат таксимшавии империяи Рим

Дар ҳаракатҳои иҷтимоие, ки давраи ғуломдориро дар ҳавзаи баҳри Миёназамин нобуд сохт, нерӯҳои дохилӣ ва хориҷӣ ширкат варзиданд. Дар дохили империяи Рим барандаи тамоили нав – феодалӣ, аз як тараф, соҳибони мулкҳои намуди наве буданд, ки бо роҳи феодалӣ мерафтанд ва одамоони мансабдори шаҳрвандӣ ва ҳарбии дар хизмати онҳо буда, аз тарафи дигар, – колонҳо ва категорияҳои дигари одамони тобеи дар мулкҳои мақоми гуногун пораҳои замин доштанд, махсусан дар он заминҳое, ки аз идораи шаҳрӣ гирифта шуда буданд. Сохти ҷамъиятию сиёсии Рими бевақтаро ҳаракатҳои деҳқонони озод, колонҳо ва ғуломон вайрон карданд.

Омили дуюм, беруна, урдуҳои иштирокчиёни инқилобҳои иҷтимоие, ки империяи ғуломдориро барҳам заданд, варварҳои хориҷӣ буданд. Дар давраи қадими бевақта таносуби қувваҳо дар байни империяи Рим ва минтақаҳои варварии дурдаст муттасил ба фоидаи варварҳо меафзуд. Қабилаҳое, ки империяро иҳота мекарданд аз ҷиҳати шумора афзоиш ёфта ва аз назари иқтисодӣ ва ҳарбӣ пурзур шуданд.Махсусан мақоми калонро дар дар тақдири империяи Рими бевақта ҳамсояҳои шимол – қабилаҳои германӣ иҷро намуданд.

Дар охирҳои асри II дар байни қабилаҳои германӣ иттифоқҳои ҳарбию табақавӣ ташаккул меёбанд ва нисбат ба қабилаҳои қаблии дар байни худ дар ҳолати зидияту ихтилоф қарордошта пурзуртар мешаванд. Чунин иттифоқҳо қабилаҳои дар болооби дарёи Рейн сукунатдошта, Франкҳо дар Дунайи миёна ва готҳо дар Шимоли назди баҳри Сиёҳ сукунат доштанд. Баъзе қабилаҳои калон – хаттҳо дар байни Рейн ва Везор ва бургундҳо дар Майн – берун аз иттифоқҳо монда буданд.

Дар муборизаи худ варварҳо бар зидди империяи Рим ва тохтутози онҳо барои ғаниматҳо бо ҷидду ҷаҳди пофишорона барои сокиншавии дар қаламрави он ҳамоҳанг мешуданд. Дар зери таъсири онҳо солҳои 258 – 259 Рим вилоятеро дар байни дарёҳои Рейн ва Дунай аз даст медиҳад, ки онро алеманҳо ишғол карда буданд. соли 270 римиҳо маҷбур мешаванд, ки музофоти бойи Дакия (қаламрави имрӯзаи Руминия)-ро гузошта раванд, ки онро весгготҳо забт карда буднд. Баъди якчанд даҳсола устуворшавии Империя дар аҳди Диоклетиан ва Константин дар миёнаҳои асри IV тохтутозҳои варварҳо дар қаламрави он оғоз ва вусъат меёбанд. Аз соли 350 сар карда алеманҳо ва франкҳо аз нав ба Галлия зада даромада, кушиш ба харҷ доданд, ки дар соҳилҳои чапи дарёи Рейн сокин шаванд. Дар тули якчанд сол онҳо дар Галлия даҳҳо шаҳрҳоро ғорат ва ба хок яксон намуданд, аз он ҷумла Аргенторат (Страсбург), Немет (Шпейер), Вангнон (Вормс), Могонсиак (Майнс), Агриппин (Кёлн) ва ғайра, инчунин бустонсароҳои зиёди римиро несту нобуд карданд. Алеманҳо соҳилҳои болооби Рейн ва шӯразаминҳои воқеъ дар вилояти батавҳои Рейни Поёнро ишғол намуданд. Вале дар ин вақт германиҳо имкон доштанд дар қаламрави Рим танҳо ба сифати федератҳо, ки дар хизмати Рим буданд, сокин шаванд чунки Империя ҳанӯз то он дараҷае пурзур буд, ки намегузошт дар қаламрави он бошишгоҳҳои нави қабилаҳои омада бунёд карда шаванд.

Дар соли 355 император Константин императори оянда Юлианро тсезар таъйин карда, ба ӯ супориш до, ки сарҳадро дар Рейн аз нав барқарор намояд. Давр нимаи дуюми солҳои 50-ум ба Юлиан муяссар гардид, ки алеманҳо ва франкиҳоро, ки ба он тарафи Рейни боло ва миёна фишор дода бароварда шуда буданд, франкҳои саличӣ, ки дар соҳилҳои чапи Рейни Поён сокин шуда буданд, ба федератҳо табдил дода шуданд. Алеманҳо ӯҳдадор шуданд, ки 20 ҳазор сокин аз музофотҳои Рим, ки дар натиҷаи тохтутозҳо асир гирифта буданд, ҷавоб медиҳанд.

Зада даромадани гуннҳо аз Шарқ ба Аврупои Ҷанубӣ дар солҳои 70-уми асри IV муносибатҳоро дар байни халқҳои Аврупо тезутунд кард: онҳо қабилаҳои зиёдро аз ҷой беҷо ва ба сокиншавӣ оғоз карда, ҷои ҳамсояҳоро танг мекарданд. Сели асосии Кӯчиши бузурги халқҳо ба нимҷазираи Балкан ва заминҳои Империяи Ғарбии Рим ворид гардид.

Оғоз ба ин ҳаракат, ки сабаби он мумкин аст бо тағйироти глобалии иқлим вобастагӣ дошгта бошад, аз тарафи иттиҳоди қабилаҳои кучманчии гуннҳо сурат гирифтааст. Гуннҳо (кит сюну) роҳро аз Садди Бузурги Чин сар карда то ҳамвории Паннония (Маҷористони имрӯза) тай намудаанд. Дер зери фишори кӯчиши гуннҳо қабилаҳои зиёд, асосан қабилаҳои германӣ ҷойҳои сукунати худро иваз менамуданд. Қабилаҳои германии визиготҳо (вестготҳо)-и аз тарафи гуннҳо фишороварда аз Валент иҷозат пурсиданд, ки дар қаламрави империяи Рим сокин шаванд. Валент ба онҳо иҷозат дод, ки дар Фракия бо он шарт сокин шаванд, ки яроқу аслиҳаи худро бо ҳокимияти маҳаллӣ бисупоранд. Ба ивали ин ваъда доданд. ки готҳоро аз озуқа таъмин менамоянд..Вале ӯҳдадорӣ дар бораи таъмини готҳо аз озуқа иҷро нашуд. Амалдорони римӣ озуқавориро ба готҳо бо нархҳои баланди ҷаллобӣ мефурӯхтанд, ҳатто табдилдиҳии готҳо ба ғуломӣ низ ҷой дошт. Ҷавобан ба ин на ҳамаи он готҳое, ки яроқу аслиҳаи худро супорида буданд, даст ба шӯриш заданд ва соли 378 дар наздикии Адрианопол ба қӯшунҳои Рим шикаст доданд, ки дар байни ҳалокшудагон худи Валент ҳам буд.

C:\Users\USER\Music\загружено (1).jpg
C:\Users\USER\Music\загружено.jpg

Гуннҳо дар Аврупо

Гуннҳо, ки аз рӯи ҳайати этникии худ урдуи бисёртаркиба буда, бо қабилаҳои туркӣ, муғулӣ. угрӣ ва қабилаҳои дигар наздикӣ доштанд, аз рӯи намуди зоҳирӣ, тарзи зиндагӣ ва урфу одатҳои ҳарбии худ ба қалби аврупоиҳо даҳшат ворид менамуданд Дар асарҳои муаллифони антиқӣ гуннҳо ҳамчун чорводорони кӯчманчӣ тасвир ёфтаанд. Амиан Марселин чунин мешуморад, ки гуннҳо ба зироаткорӣ машғул намешаванд, гӯшт ва решаҳоро истеъмол мекунанд, дар кулбаҳо истиқомат мекунанд ва доимо аз як ҷой ба ҷои дигар мекучанд. Аз асп нафуромада, дар маҷлисҳои қабилавӣ ки масъалаҳои муҳимтаринро баррасӣ менамоянд,ширкат меварзанд. Гуннҳо ҳанӯз ҳокимияти доимии королӣ надоранд, танҳо дар сурати зарурат ҳарбӣ пешвоёни худро интихоб мекунанд.

Урдуи сершумори аспсавори гуннҳо барои халқҳои кишоварзи муқимӣ сокинбуда душмани даҳшатангез буд. Аз шарқ ҳаракат карда, гуннҳо дар оғози солҳои 70-уми асри IV аз дарёи Волга гузашта, ба аланҳо ҳуҷум карданд, ки онҳо дар назди Азов сукунат доштанд Қисме аз аланҳоро ба худ тобеъ карда, ба урдуашон дохил менамоянд. Ин аланҳо баъд бо ҳамроҳии гуннҳо роҳи худро ба тарафи ғарб идома доданд. Қисми дигари аланҳо аз гуннҳо ба тарафи Қафқоз рафта, дар якҷоягӣ бо гурӯҳҳои маҳаллии этникӣ пешгузаштагони осетинҳо мешаванд. Аланҳоро торумор карда, гуннҳо дар соли 375 дар Шимоли назди баҳри Сиёҳ ба готҳо ҳамла меоранд.

Дар афтидани империяи Рим аз ҳамаи қабилаҳои германӣ готҳо нақши зиёдтарро ба ҷо овардаанд. Онҳо дар оғози солшумории милодӣ дар Одер сукунат доштанд, дар асрҳои I – II бошад, – дар Висла. Аз охирҳои асри II сар карда готҳо аз вилояти Висла ба ҷануб кӯч мебанданд. Роҳи онҳо ба ҷануб номаълум аст. Ҳангоми ҳаракат эҳтимол ба готҳо гурӯҳҳои дигари этникӣ ҳамроҳ шуда, бо ин қабилаҳо омезиш ёфта бошанд. Готҳо дар қаламрави васеъ аз Дон то Дунай сокин мешаванд. Аз асри II сар карда онҳо бо остготҳо (грейтунг) ва вестготҳо (тервингҳо) тақсим мешаванд. Остготҳо, ё готҳои шарқӣ дар минтақаи Днепр сукунат доштанд. Дар миёнаҳои асри IV дар аҳди корол Эрманарих онҳо иттиҳоди фарогири васеи қабилавии худро таъсис медиҳанд. Вестготҳо, ё ки готҳои ғарбӣ аз Днестр сар карда то резишгоҳи дарёи Дунай паҳн гардида буданд. Эҳтимол дар тули чанд вақте онҳо дар ҳолати вобастагӣ аз остготҳо қарор доштанд, вале дар охири асри III аз тобеияти онҳо халос шуда, иттиҳоди қабилаҳои готҳои шарқиро ташкил менамоянд.

Дар байни готҳо ва Рим. Дар асри II ҷангҳо бе танаффус давом доштанд. Готҳо дар якҷоягӣ бо қабилаҳои дигар аз тариқи хушкӣ ва обӣ ба Империя лашкар кашида, музофотҳои онро дар нимҷазираи Балкан ва Осиёи Хурд таллаю тороҷ карданд. Агар задухурдҳо бо ғалабаи римиҳо анҷом меёфтанд, пас онҳо готҳои асирро ба ғулом ва колон табдил медоданд.Аз охирҳои асри III остготҳо дар Империя ба сифати федератҳо ба кор медаромадагӣ мешаванд. Ҳукумати Рим ба онҳо озуқа ва пул медод, готҳо бошанд ба Империя қӯшуни ёрирасон медоданд ва дар бунгоҳҳои сарҳадии Дунай хизмат мекарданд.

Рушди ҷомеаи готӣ дар асрҳои II – IV танҳо сатҳӣ маълум аст. Онҳо ба заминдории омочӣ машғул буданд, ки дар ин бора аз ҷойҳои сукунати онҳо ёфта шудани олотҳои меҳнати оҳанӣ ва дар хонаҳояшон мавҷуд будани чоҳ барои ғалла шаҳодат медиҳад. Эҳимол дар ин хоҷагиҳо чорводорӣ ҳам аҳамияти калон доштааст, аз он ҷумла асппарварӣ ҳам. Готҳо ба касбу ҳунарҳои гуногун ресандагӣ, бофандагӣ, оҳангарӣ, кулолгарӣ, киштисозӣ, манҷаниқсозӣ ва ғайра машғул буданд: Рушди косибӣ ба робитаи готҳоба ҷомеаҳои антиқии Назди баҳри Сиёҳ ва Назди Дунай ва ба асорат гирифтани одамон аз музофотҳо мусоидат мекард. Дар бораи рушду нумӯи тиҷорат нуктаи қарордоди Рим бо готҳо аз соли 369 дар бораи ташкили ампориҳо (нуқтаҳои савдо) дар Дунай шаҳодат медиҳад. Готҳо аз римиҳо шароб, намак, равғани зайтун, зебу зинат ва сару либос харидорӣ карда, ба онҳо ғулом, чорво ва чарм мефурӯхтанд. Доду гирифт дар савдо асосан пулакӣ буд.

Сохти ҷамъиятию сиёсии готҳо дар охирҳои асри IV дар давраи рушди авлодию табақавӣ ва тавлидёбии муносибатҳои синфӣ ва давлат қарор дошт. авлод ва қабила бо мафҳуми кума ифода карда мешуданд. Оммаи асосии аҳолиро авлоди аз хешу табори наздик, ҳамсоягон – аъзои маҷлиси халқӣ ва сарбозон ташкил менамуданд. Пиронсолони авлодӣ, пешвоён ва дружиначиёни онҳо аъёну ашрофро ташкил менамуданд. Қисмати муҳими молу мулкро ғуломон ташкил намуда, истифодаи онҳо номаълум мондааст. Баъзе қабилаҳо аллакай аз тарафи королҳо – конунгамҳо ва дар замони осоиштааз тарафи шӯрои кӯҳансолон идора карда мешуданд.

Дар асри IV дар ҷомеаи готҳо дар бораи паҳншавии шакли ариании дини масеҳӣ маълумот вуҷуд дорад. Ҳангоме, ки короли вестгот Атанарих ҳамқавиҳои масеҳии худро таъқиб кардан мегирад, епископ Улфилд бо ҳамроҳии ҳамқабилаҳои масеҳии худ ба империяи Рим меравад, ки дар он ҷо ӯро Константин меҳрубонона қабул мекунад, зеро худи ӯ ҷонибдори ҷараёни масеҳии арианӣ буд.

Соли 369 мутобиқи қарордод дар байни Атанарих ва императори Рим Валент дар байни Империя ва вестготҳо сарҳад дарёи Дунай эътироф мегардад. Эҳтимол меравад, ки аз ҳамин вақт сар карда, федерати Рим будани готҳо ба охир мерасад. Дар мубориза дар байни королҳои вестготӣ Атанарих ва Фритигерн римиҳо охирин номбурдаро дастгирӣ карданд. Баъди ин Фритигерн дини масеҳиро қабул мекунад.

C:\Users\USER\Music\Атанарих.JPG
C:\Users\USER\Music\Valens_Honorius_Musei_Capitolini_MC494.jpg
C:\Users\USER\Music\11111111.jpg

Атанарих Император Валент Аммиан Мартселлин

Соли 375 готҳо гирифтори ҳамлаи гуннҳо мешаванд. Дар аввал гуннҳо давлати остготии Эрманарихро торумор карданд. Як қисми остготҳо ба иттиҳоди қабилавии гуннҳо ҳамроҳ карда шуд; дигарон ба он тарафи Дунай ба қаламрави Рим гурехта мераванд.

Остготҳоро торумор карда, гуннҳо ба ҳамсояҳои ғарбии онҳо – вестготҳо ҳамла мекунанд. Баъди муқовимати начандон зиёд вестготҳо ақибнишинӣ карданд. Як қисми онҳо дар зери сардории Атанарих ба Трасилвания рафт, қисми дигараш бошад, дар зери сарварии Фритигерн соли 376 аз император Валента барои барои ҳамчун федератҳо дар қаламрави император – Фракия сокин шудан иҷозат мегирад. Қариб тамоми бисоти худро партофта, онҳо тавассути киштӣ, қаиқ, заврақ, кема ва ё пои пиёда аз дарёи Дунай гузаштанд, ки бисёрии онҳо дар дарё ғарқ шуданд. Таърихнигор Аммиан Марселлин, ки ҳамзамони ин воқеаҳо буд, оммаи сершумори готҳои муҳоҷирро ба қумҳои Либия монандааст. Гӯё ки онро шамол баланд бардошта бошад, бинобар ин, шумурдани онҳо имконнопазир аст. Мувофиқи ҳисобу китоби муҳаққиқони муосир, ба хокт Империя зиёда аз 40 ҳазор вестготҳо гузаштаанд, аз он ҷумла наздики 8 ҳазор сарбозон низ.

Ҳамин тариқ, дар нимаи дуюми асри IV вазъияти Империя беш аз пеш ноустувор мегардид. Ба император Валент (364 – 378) лозим омад, ки ба фишори пайваста зиёдшудаи қабилаҳои варварҳо рӯ ба рӯ шавад. Болоравии шиддатнокии ҳарбӣ дар сарҳадҳои Империя, ки бо номи оғозшавии Муҳоҷирати Бузурги халқҳо маълум аст – силсилаи муҳоҷиршавие, ки симои антиқии олами ғарбро дошт.

Мувофиқи қарордод бо ҳукумати императорӣ муҳоҷирон бояд дар марҳалаи аввал аз римиҳо озуқа, дар вилояти наздисарҳадӣ замин ҳам мегирифтанд. Аз тарафи худ, вестготҳо ӯҳдадор шуданд, ки дар қӯшунҳои Рим хизмат мекунанд. Вале амалдорони римӣ саросема намешуданд ва ё аз ӯҳдаи иҷрои ин қарордод баромада наметавонистанд. Дар байни вестготҳо, ки бо ҳифозатгарони римӣ печонида гирифта шуда буданд, гуруснагӣ сар мезанад. Ғуломфурӯшои римӣ ғуломонро аз онҳо бо нархи арзон харидорӣ карданд ва баъд – кӯдаконашонро низ мехариданд. Ҳамаи ин қаҳру ғазаби муҳоҷиронро ба вуҷуд овард ва соли 377 даст ба шӯриш заданд. Ба тарафи онҳо ҳамқавмҳои ғуломон, кӯҳканҳои конҳои тиллои Фракия, ки дар ҳолати бадарғагӣ қарор доштанд, низ гузаштанд. Ғайр аз ин, ба вестготҳои шӯришбардошта остготҳои аз гуннҳо гурехтагӣ ва қабилаи тайфалҳои ба готҳо хеш, инчунин отряди гуннҳо ва аланҳо пайвастанд. Аҳолии маҳаллӣ барои готҳо ҳамчун гуселкунанда хизмат карданд. Император Валент барои ёрӣ ҳокими нимаи ғарбии Империя Гратсианро даъват кард. Вале воқеаҳо чунин сурат гирифтанд, ки Валент маҷбур шуд ба омадани Гратсианро интизор нашуда, бар зидди готҳо ба ҷанг дарояд.

Муҳорибаи римиҳо бо готҳо соли 378 дар наздикии шаҳри Адрениапол (Эдирни имрӯза) дар Фракияи ғарбтари Константинопол ба амал омад. Қӯшунҳои Рим торумор карда шуданд. Худи имперпатор Валент ҳам дар набард ҳалок мешавад. Баъди ин готҳо дар маҳалҳои гирду атроф пароканда шуда, ба ғоратгарӣ машғул мешаванд. Ҷидду ҷаҳди онҳо барои забти Адреанопол бебарор меанҷомад. Ба Константинопол наздик шуда, готҳо ба муқовимати сахти шаҳриҳо дучор шуданд. Ин воқеа онҳоро маҷбур сохт, ки аз аз пойтахт дур шаванд. Императори нави Рим лашкаркаши маълум Феодосий (370-395) мешавад. Ба Феодосий муяссар мешавад, ки бори охирин тамоми империяи Римро дар зери ҳокимияти худ муттаҳид намояд. Дар соли 382 ӯ шӯриши готҳоро қисман бо қувваи аслиҳа ва қисман тавассути дар нимҷазираи Балкан гузашт кардани заминҳо фуру нишонид. Ғайр аз ин готҳо ба сифати федератҳо дар Милан, Фракия ва Македония сокин кунонида шуданд. Мувофиқи анъанаҳо федератҳо натанҳо барои ҳимоя аз душманони беруна, балки дар муборизаи сиёсии дохилӣ низ истифода бурда мешуданд. Ҳамин тариқ, соли 394 Феодосий дастаҳои вестготҳои Аларихро барои мубориза бар зидди даъвогари тахту тоҷи императорӣ истифода мебарад.

C:\Users\USER\Music\2222222222222222.jpg
C:\Users\USER\Music\22221.jpg
C:\Users\USER\Music\1.jpg

Феодосияи I Бузург Аркадий Гонорий

Соли 395 Феодосий, фавтида истода, империяро дар байни писаронаш тақсим мекунад. Нимаи шарқии онро ба писари калониаш – Аркадий васият мекунад ва ба писари хурдӣ – Гонорий нимаи ғарбии Римро. Ин тақсимот барои империяи Рим охирин ва бебозгашт буд. Дар натиҷаи ин тақсимот ду давлат – империяи лотинизабони Ғарбӣ ва империяи юнонизабони Шарқӣ ташкил ёфтанд. Нимаҳои ғарбӣ ва шарқии империяи ягонаи Рим, ки кайҳо боз аз ҳамдигар ҷудо вуҷуд доштанд, акнун ба ду давлати мустақил ва бо ҳамдигар душман мубаддал гардиданд. Империяи шарқии Рим баъдтар Византия ном мегирад,вале аҳолии он мисли пештара ромеяҳо, римиҳо номида мешуданд.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.