Империяи ғарбии Римро бархам задани Варвархо

Баъд аз вафоти Феодосий федератҳои вестготӣ бо сардории Аларихи I шӯриш бардоштанд. Онҳо шаҳру деҳотро дар нимҷазираи Балкан шаҳру деҳотро заӣт ва талаю тороҷ карданд. соли 397 ҳукумати Рими Шарқӣ бо Аларихи I бо шарти ба ӯ пардохт кардани пул ва додани мансаб дар маъмурияти империя ба бастани сулҳ муваффақ мешавад. Эҳтимол меравад, ки Дар баробари ин Аларихи I имконият пайдо кард, ки готҳоро аз аслиҳахонаи давлатӣ мусаллаҳ гардонад. Ба ӯ муяссар шуд, ки аксарияти вестготҳоро дар зери ҳокимияти худ муттаҳид созад ва бо ҳидояти Византия онҳоро бо ҳамроҳии оилаҳояшон ба Италия ба лашкаркашӣ бурд. Ҳамин тариқ, вестготҳо дар қаламрави империяи Шарқии Рим ҳамагӣ наздики чоряк аср ҳузур доштанд. Дар ин вақт маълум гардид, ки мақсади онҳо ғоратгарӣ ва забткорӣ будааст.

C:\Users\USER\Music\Аларих.jpg
C:\Users\USER\Music\stilihon.jpg

Аларихи I Стилихон

Вақте ки Аларихи I ба Италия зада медарояд, ҳукумати Рими Ғарбии Гонорий, ки дар амал аз тарафи ваандал Сталихон идора карда мешуд, ба вестготҳо зарбаи сахт мезанад. Барои ҳамин ҳам Италия қӯшунҳои дар сарҳадҳои Рейн қарордоштаи худро Рим даъват мекунад ва деворҳои Римро мустаҳкамтар мекунад. Дарбори император аз Милан ба Равенна мекӯчад. Сталихон дар Шимоли Италия ба Аларих ду маротиба шикаст медиҳад, лекин барои пурра торумор кардани вестготҳо ба ҳукумати имперӣ қувва нарасид. Барои ҳамин он маҷбур мешавад, ки ба дар Иллария сокинкунонии онҳо розигӣ диҳад. Ақидае вуҷуд дорад, ки мувофиқи он ҳизби рӯ ба германиҳобуда бо сардории Стилихон ният доштанд, ки вестготҳоро дар мубориза бар зидди Византия истифода баранд.

Соли 405 ба Италия урдуи варварҳо дар зери роҳбарии Радагайс зада медароянд, ки дар ҳайати он остготҳо, вандалҳо, свевҳо, аланҳо ва қабилаҳои дигар низ буданд Стилихон қӯшунҳои Радагайсро бо ёрии гуннҳои федерал ва ғуломон – ихтиёриён торумор кард, ки ин ба ғуломон озодӣ овард.

Аз сарҳади Рейн истифода бурда, ки дар амал он дар натиҷаи рафтани қӯшунҳо ба Италияхолӣ монда буд, вандалҳо, аланҳо ва свевҳо дар арафаи соли нави 407 дар наздикии Майнс аз дарёи Рейн гузашта ва монеи франкҳои федератро пахш карда, ба галлия зада даромаданд. Дар чунин ҳолати хатарнокдар назди дарбори Гонорий гурӯҳбанди зиддигермании ба Сталихон душман ғалаба ба даст медарорад. Ӯ дар кӯмакрасонӣ ба германҳо муттаҳам карда шуда, дар натиҷаи ихтилофҳои дарборӣ ба ҳалокат мерасад.

Дар ин бора бохабар шуда, Аларих аз нав бар зидди империяи ғарбии Рим баромад мекунад. Аз соли 408 то соли 410 лашкаркашиҳои готӣ ба Италия ба амал меоянд, ки дар натиҷа Рим ду маротиба ба муҳосира гирифта мешавад ва ҳар маротиба худро аз Аралих бо пардохти пул халос шуданд, ғуломон-варварҳо ба тарафи ӯ гузаштанд; дар дафъаи сеюми ҳамла,дар соли 410, Аларих ба Рим дохил мешавад. Ҳамин тариқ, ӯ 24 августи соли 410 Шаҳри Абадӣ – Римиро ишғол мекунад.

Афтидани “шаҳри абадӣ” ҳамзамононро ба ларза овард. Вестготҳо Римро ишғол карда, аввал ба Италияи Ҷанубӣ рафтанд. Ин вақт Аларих вафот мекунад. Мувофиқи қиссае вестготҳо асиронро маҷбур кардаанд, ки маҷрои дарёро дигар кунанд ва баъди дар он маҷрои беоб дафн кардани Аларих, дарёро аз нав ба маҷрои аввалааш бармегардонанд ва асиронро ба қатл мерасонанд.

Короли нав – Атаулфро интихоб карда, вестготҳо чанд вақти дигар Италияро таллаю тороҷ карданд ва соли 412 дар ҳамбастагӣ бо ҳукумати Равен ба сифати федератҳо дар Ҷанубу Ғарбии Галлия – дар Аквитания сокин мешаванд. Дар солҳои минбаъдамувофиқи супориши империя онҳо дар Испания бар зидди вандалҳо ва аланҳо ҷангиданд . Соли 418 вестготҳо ба Галлия бармегарданд. Аз ин вақт сар кардакоролигарии аввалини варварҳо берун аз ҳудудҳои империяи Рим ба ташаккулёбӣ оғоз мекунад. Пойтахти королигарии Вестготҳо аввал шаҳри Тулуза ва баъдтар, вақте ки вестготҳо дар аҳди корол Эйрих (466-484) қисми зиёди нимҷазираи Пиренейро ишғол менамоянд – Толедо мешавад. Соли 475 Эйрих иттифоқи худро бо империяи рим меканад.

C:\Users\USER\Music\загружено.jpg
C:\Users\USER\Music\эйрих.jpg
C:\Users\USER\Music\гейзери.jpg

Корол Атаулф Корол Эйрих Гейзерих

Дар тақдири Империяи Ғарбии Рим вандалҳо нақши калонро бозӣ кардаанд. Дар аввал қабилаҳои вандал дар ҷанубии Скандинавия ва дар Ютландия сукунат доштанд. Эҳтимл меравад, ки дар асри II п.а.м. онҳо аз баҳри Балтика гузашта, чанд вақт дар байни Элба ва Висла сокин мешаванд. Баъди ин ҳаракати худро дар самти ҷануб идома дода, то миёнаҷои минтақаи ду тарафи дарёи Дунай омада сокин мешаванд. Эҳтимол дар аҳди Константини I як қисми вандалҳо иҷозат мегиранд, ки дар Паннония счокин шаванд.

Дар охирҳои асри IV Муҳоҷирати Бузурги халқҳо қабилаҳои вандалҳоро низ фаро мегирад. Дар охирҳои соли 406 – аввали соли 407 вандалҳо дар якҷоягӣ бо аланҳо ва свевҳо дарёи Рейноро дар ноҳияи Мейнс мегузаранд. Ба муқовимати ҷиддие вонахурда, онҳо бо тезӣ ба Пиреней рафта расида, дар пеши роҳи худ шаҳрҳо ва бустонсароҳои сершуморро ғорат карданд. Соли 409 вандалҳо,аланҳо ва свевҳо дар Испания сокин шуданд. Онҳо дар тамоми нимҷазираи Пиреней паҳн мегарданд. Эҳтимол, вандалҳо ва аланҳо дар Испания дини масеҳиро дар шакли арианӣ қабул карда бошанд.

Бо ёрии вестготҳо Рими Ғарбӣ солҳои 416 – 418 ба империя муяссар гардид, ки салингҳо ва аланҳоро торумор кунад. Бояд зикр кард, ки силингҳо пурра торумор карда шуданд. Баъди рафтан аз испания вестготҳое ба сифати федератҳо дар қисмати Ҷанубу Ғарбии Галлия сокин шуда буданд, Империя свебҳоро барои мубориза бар зидди вандалҳо ва аланҳо ҷалб намуданд.

Сарварии вандалҳоро дар ин лашкаркашӣ корол Гейзерих (428 – 477) ба зима гирифт. Соли 429 ӯ боқӯшуни 80-ҳазорнафараи иборат аз вандалҳо ва аланҳо ба воситаи Гибралтар гузашта, ба Пиреней меояд. муқовимати калонеро вонахурда, истилогарон бо тезӣ ба роҳҳои наздисоҳилии римӣ то Карфаген рафта расиданд. Дар роҳ онҳо шаҳрҳои зиёдро ишғол намуданд. Ҳамлаи онҳоро танҳо Тсарта ва Карфаген зада гардониданд.

Соли 435 дар байни Империяи ғарбии Рим ва Гайзерах қарордод ба имзо расид: вандалҳо ва аланҳо федерат шуданд ва ба онҳо иҷозат дода шуд, ки дар Африқои Шимолӣ сокин шаванд. Лекин сулҳу осоиш дер давом накард. Хатар он буд, ки Империя Карфагенро ҳамчун такягоҳ барои ҳамла ба вҷандалҳо истифода мебарад. Гайзерих худи ҳамон сол онро ишғол кард. Фл Короли нав – Атаулфро интихоб карда, вестготҳо чанд вақти дигар Италияро талаю тороҷ карданд.

Флоти Карфагенро барои кашонидани ғалла ба даст дароварда, онро ба ба флоти роҳзан мубаддал мекунад ва ба ҳамин восита шаҳрҳои наздисоҳилиро ғорат карда, дар Ғарб ва Маркази баҳри Миёназамин ҳукмрон мешавад. Пойтахти онҳо шаҳри Карфаген мешавад.

C:\Users\USER\Music\валентианин.jpg
C:\Users\USER\Music\максим.jpg

Валентиниани III Петроний Максим

Вақте ки дар соли 455 император Валентиниани III ба қатл расонида мешавад, Гайзерих ин воқеаро барои оғози ҷанг бо Рим истифода мебарад. Баҳонаи дуюм барои кандани алоқа бо Империя он мешавад, ки императори нав, Петроний Максим, духтари худ Валентинианаи III евдокияро ба шавҳар дод, ки бо писари Геқзерих Хунерах аҳду паймон карда шуда буд. Гайзерих худаш ба флот сарварӣ кард ва соли 455 дпр резтшгоҳи дарёи Тибр лангар партофт. Вандалҳо ду ҳафта Римро ғорат ва хароб карданд, ки бо ҳамин сабаб мафҳуми “вандализм” ба миён омадааст, ки маънои бераҳмона несту нобуд кардани арзишҳои маданиро дорад. Баъди ин Гайзерих қӯшунҳою ғаниматҳои худро бурд. Маълумот вуҷуд дорад, ки ӯ ба Карфагенҳазорҳо асирони косиби Римро оварда будааст. Ӯ инчунин аъзои оилаи Валентиниании III-ро низ, аз он ҷумла духтари ӯ Евдокияро ҳам. Ӯ ба Хунерих ба шавҳар дода мешавад ва ба ӯ баъд аз ё7 сол муяссар мешаваад, ки ба Байтулмуқаддас фирор кунад.

Давлати вандалҳо ба ҳайати худ Африқои Шимолӣ, Корсика,Сардиния, Ситсилия, ҷазираҳои Балеар дохил мекунонад. Иқтидори ҳарбии он дар тамоми ҳавзаи баҳри Миёназамин паҳн карда мешавад. Соли 474 Византия истиқлолияти королии Вандалро эътироф менамояд.

Қариб дар як вақт бо Вестгот королигарии Бургунд ҳам таъсис меёбад. . Дар замонҳои қадим бургундҳо эҳтимол дар Ҷануби Норвегия сукунат доштаанд. Тахминан дар асри II п.а.м. онҳо ба сӯи ҷануб ба ҳаракат оғоз мекунанд. Тахмин карда мешавад, ки чанд вақте онҳо дар дар ҷазираҳои Борнхолми воқеъ дар баҳри Балтика сокин будаанд. Дар асри I ва ё асри II п.а.м. онҳо дар байни дарёҳои Одер ва Висла маскан доштаанд. Дар охирҳои асри II ва аввалҳои асри III то милод бургундҳо дар зери фишори гуннҳо ба тарафи ҷанубу ғарбӣ ақибнишинӣ карда, ба болооби Майн рафта мерасанд. Дар водии дарёи Майн зиндагӣ карда, онҳо ба заминҳои Рим ҳамла мекарданд, римиҳо бошанд, аз тарафи худ, бургундҳо ва ҳамсояҳои онҳоро бо ҳамдигар ҷанг меандохтанд.

Вақте ки дар оғози соли 407 вандалҳо, аланҳо ва свевҳо дар наздикии шаҳри Майнс аз дарёи Рейн гузашта, ба Галлия зада даромаданд, бургундҳо онҳоро думболагирӣ карда, Майнс ва водии гирду атрофи онро ишғол менамоянд. Дар ин вақт сарвари бургундҳо корол Гундахар буд, ки дар қисса оид ба Набулангҳо бо номи Гунтера баён ёфтааст.

Соли 413 Империяи Ғарбии Рим бургундҳоро федерат эътироф карда, барои онҳо дар ҷараёни миёнаи Рейн дар минтақаи шаҳри Вормс барои бошишгоҳ замин ҷудо мекунад. Дар ҳаминҷо Королигарии Бургундия дар шакли ариании масеҳӣ тавлид меёбад.

Дар солҳои 30-юми асри V бургундҳо кушиш ба харҷ доданд, ки аз ҳисоби заминҳои музофоти Белгика қаламрави давлати худро васеъ кунанд, вале лашкаркаши империяи Ғарбии Рим Аэтсий бо кӯмаки кирояҳои гуннҳо онҳоро дар ду муҳориба (солҳои 435 ва 436) торумор мекунад. Дар ин муҳорибаҳо шумораи зиёди қабилаҳои бургундҳо нест карда мешаванд ва корол Гундахар ҳалок мегардад. Афтидани королигарии якуми Бургундҳо, ки дар Рейн вуҷуд дошт, асоси асари насрии олмонии “Суруд дар васфи Нибелунгҳо” , қисса дар бораи иттиҳод ва ҷангҳо дар байни бургундҳо ва гуннҳоро ташкил медиҳад.

C:\Users\USER\Music\гундахар.jpg
C:\Users\USER\Music\Аттила.jpg

Корол Гундахар Короли гуннҳо Аттила

Боқимондаҳои қабилаҳои бургундиро Аэтсий ба сифати федератҳо дар болооби Рейн сокин кунонид. То миёнаҳои асри V дар ин ҷо Королигарии нави Бургундӣ таъсис меёбад, ки пойтахти он аввал Женева ва Лиони забткардаи бургундҳо мешавад. Дар оғози асри VI мазҳаби католикиро қабул карданд.

Ба тақдири империяи Рими бевақта гуннҳо таъсири беандоза калон расонидаанд. Тавре, ки дар боло низ зикр карда шуд, дар солҳои 70 асри IV онҳо готҳоро ба ҳамла ба нимҷазираи Бавлкан тела доданд. Худро дар миёнаҳои Дунай мустаҳкам карда, гуннҳо дар Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ шоҳаншоҳии паҳновареро ташкил намуданд, ки ба он қабилаҳои зиёди таслимкарда ҳам дохил шуданд, ки ӯҳдадор буданд ба онҳо андоз пардохт намоянд ва кӯмаки ҳарбӣ расонанд. Гуннҳо ба қуввваи бузурги ҳарбию сиёсие табдил меёбанд ва ба ҳарду империяи Рим лозим омад, ки онро эътироф намояд. Римиҳо гуннҳоро бо дилу ҷон ҳамчун ҳарбиёни кироя истифода мебурданд, лекин джар баробари ин ба таври доимӣ хатари онҳоро ҳис мекарданд.

Гуннҳо махсусан ба Империяи Шарқии Рим хатарнок буда, онро ба тохтутози худ гирифтор мекарданд. Баҳри ҳимоя аз онҳо соли 413 дар атрофи Константинопол девори нав сохта мешвад, ки он “Девори Феодосий” ном мегирад, Сарҳади Дунайро низ мустаҳкам карданд. Аз соли 430 сар карда Византия маҷбур буд, и андози ҳарсола зиёдшаванда пардохт намояд.

Дар солҳои 30 асри V ба Империяи Ғарбии Рим лозим омад, ки ба гуннҳо барои сокиншавӣ музофоти Паннонияро бидиҳад, дар натиҷаи ин аҳолии маҳаллӣ пурра дар зери ҳокимияти онҳо монд.

Давлати гуннҳо махсусан дар миёнаҳои асри V пурзур мешавад. Соли 447 пешвои он Аттила ҳамлаи нави худро ба Византия оғоз карда, Балканро хароб карда, ба пойтахтро таҳдиди ишғол кард. Мувофиқи қарордоди сулҳе, Vр соли оянда ба имзо расид, ба гуннҳо Дакияи Наздисоҳилӣ дода шуд. Баъди ин Аттила барои лашкаркашӣ ба Ғарб тайёрӣ дид.

Соли 451 Империяи Ғарбии Рим ва королигариҳои варварҳо, ки то ин вақт дар қаламрави он ба вуҷуд омада буданд, лозим омад, ки ҳамлаи гуннҳоро зада гардонанд. Ба сифати баҳона барои ҳамла кардан Аттила муроҷиати хоҳари император Валентиани III (425 – 455) Гонория барои ёрӣ буд. Ӯ ақди никоҳро бо Гонория талаб кард ва ба сифати бисоти арусшаванда нисфи Империяи Ғарбии Римро бидиҳад. Дар оғози соли 451 Аттила аз Паннония ба тарафи ғарб раҳсипор шуд. Ба ҳайати артиши ӯ дар баробари гуннҳо қабилаҳои тобеъ – гепидҳо, ругиҳо, герулҳо остготҳо, скарҳо, қисме аз франкҳо ва қабилаҳои дигар низ буданд. Ӯ аз дарёи Рейн гузашта, Метсро дар Мозел талаю тороы кард ва то Орлеан дар Луар омада расид, вале онро иш-ол карда натавонист, чунки ба ёрии муҳосирашудагон қӯшунҳои римиҳо ва вестготҳо расида гирифтанд. Аттила ба ақиб баргашт. Дар майдонҳои Каталауни воқеъ дар Шимолу Ғарбии Галлия дар байни гуннҳо ва римиҳо муҳориба ба амал омад. Аз тарафи қӯшунҳои Рим, ки ба он Аэтси сарварӣ мекард, вестготҳо, франкҳо, бургундҳо, саксҳо, аланҳо, инчунин аҳолии Арморикҳо – шимолу ғарбии вилояти Галлия меҷангиданд. Аттила шикаст хурда, ба он тарафи Рейн рафта, як қисми ғанимати худро гум карда, вале нерӯи асосии ҳарбии худро нигоҳ дошт.

Соли 452 гуннҳо ба Шимоли Италия ҳамла карданд ва як қатор шаҳрҳо, аз он ҷумла Миланро ба даст дароварданд. Вазъияти римиҳо то он дараҷае хатарнок буд, ки Аэтсий ҳатто ба Валентиниани III маслиҳат дод, ки аз Италия фирор кунад. вале гуннҳо худашон аз нимҷазираи Апенин рафтанд, ки дар он ҷо ин вақт гуруснагӣ ва вабо сар зада буд.

Соли 453 Аттила вафот мекунад. Баъди ин давлати ӯро писарони сершумораш дар байни худ ба тақсим оғоз намуданд, шӯришҳои халқҳои таслимкарда оғоз меёбанд ва бо ҳамин ин давлат пароканда мешавад. Аксарияти гуннҳоба қаламрави Назди Баҳри Сиёҳ рафтанд,боқимондаҳои дар Дунаи Ҷанубӣ мондагон ба федератҳои Византия мубаддал шуданд.

Римиҳо дар муддати дуру дароз бо франкҳо робита доштанд. Дар сарчашмаҳои римӣ мафҳуми “франкҳо” аз миёнаҳои асри III сар карда вомехуранд. Иттиҳоди қабилаҳои франкҳо аз қабилаҳои хурде ташкил ёфтааст, ки дар тарафи рости дарёи Рейн ва дар соҳилҳои Баҳри Шимолӣ скунат доштаанд. Ба он инчунин дружинаҳои сершумори ҳарбӣ аз қабилаҳои гуногун низ дохил буданд. Дар миёнаҳои асри III франкҳо ба Галлия, Испания ва Африқои Шимолӣ тохтутозҳои ғоратгарона кардаанд. Дар охирҳои ҳамин давра франкҳо дар якҷоягӣ бо саксҳо соҳилҳои Галлия ва Бретанияро таллаю тороҷ намудаанд.

Аз солҳои 60 асри III отрядҳои франкҳо дар қӯшунҳои Рим маълуманд. Дар солҳои 90 ҳамин аср франкҳо ва германҳои дигар ба сифати летҳо дар заминҳои аз дасти тохтутози варварҳо холишудаи Галлияи Шимолӣ сокин кунонида мешаванд. Дар баробари муқаррар кардани доминат, пеши роҳи ҳамлаҳои франкҳо гирифта шуд. Константин қабули қабилаҳои германиро ба қӯшунҳои худ зиёд кард.

C:\Users\USER\Music\марцелин.jpg
C:\Users\USER\Music\магнентсий.jpg
C:\Users\USER\Music\силван.jpg

Аммиан Марселиан Магнентсий Силван

То миёнаҳои асри IV дружинаҳои германӣ, ки ба онҳо пешвоёни ҳарбии конунгҳо сарварӣ мекарданд, ба қаламрави Рим барои ғанимат дар шакли чорво,озуқа, сару тлибос, маснуоти қиматбаҳо, инчунин асирон зада даромаданд. Баъдтар франкҳо, алеманнҳо ва бургундҳо ба зада даромадан ба Галлия бо мақсади ишғоли заминҳо барои бунёди бошишгоҳҳо даст мезананд, гарчанде, ки талаю тороҷи пештара идома дошт. Вале дар асри IV германҳо метавонистанд дар музофотҳои Рим ба сифати муҳоҷирони ҳарбии дар хизмати Рим буда сокин шаванд.

Бошишгоҳҳои германӣ дар Галлия, гарчанде дар зери назорати Рим буданд, оқибатҳои муҳим доштанд. Франкҳо, алеманҳо ва бургундҳо таҷрибаи ховагидории римиҳоро аз худ мекарданд; хизмат дар қӯшуни имперӣ онҳоро ба кори ҳарбии Рим шинос мекунонид. Ин таъсирот на танҳо ба худи сокиншудагон дар дохили Империя, балки ба германҳои озоди он тарафи Рейн муфид буданд. Ҷудошавии (диффференсиатсияи) иҷтимоии ҷомеаи германӣ дар натиҷаи ба даст даровардани ғаниматҳо дар тохтутозҳо ба Империя вусъат медиҳад. Дар миёнаҳои асри IV иттиҳодҳои қабилавии германҳо аз назари ҳарбию сиёсӣ пурзур мешаванд.

Фаъолгардии зада даромадани германҳо ба Галлия дар натиҷаи муборизаи дохилӣ дар Империя – бо баромадҳои суиистеъмолкунандагон аз ҳокимият (узурпаторҳо), маҳв кардани лашкаркашоне, ки дар ба даст даровардани ҳокимият гумонбар дониста мешуданд, осон гардида буд. Дар “Таърих”-и Аммиан Марселиан чунин далелҳо хеле зиёд оварда шудаанд. Соли 350 фармондеҳии ҳарбии Рим дар Галлия Магнентсий, ки баромадаш франк буд, худро император эълон карда, қӯшунҳоро аз Рейн барои мубориза бар зидди император Константин бозпас хонд. Аз ин лаҳза истифода бурда, франкҳо сарҳадро дар Рейни поён ва миёна убур карданд. Танҳо баъди панҷ сол онҳо аз он ҷо аз тарафи лашкаркаши дигари франкҳо – Силван, ки дар хизмати ҳарбии Рим буд, фишор дода бароварда шуданд. Вале Констансий ӯро бо ҷидду ҷаҳдаш барои ғасби ҳокимият гумонбар шуда, фармуд, ки ӯ ба қатл расонида шавад. Дар охирҳои солҳои 50 асри IV бо шаровати ғалабаи Юлиан бар алеманҳо, асри IV нкҳо ва хамавҳо вазъият дар сарҳади Рейн муваққатан устувортар мегардад.

Германиҳои кирояи дар хизмати Рим қарордошта одатан душманони ҳамқабилаҳои хориҷии худ мешуданд. Бисёр вақт онҳо бар зидди ҳамқавмҳои худ меҷангиданд. Лашкаркашони римии пайдоишашон германӣ ба ҳайати табақаи ҳукмрони империяи Рим дохил мешуданд. Аз рӯи интихоби худ онҳо метавонистанд ба табақаи сенаторӣ дохил шаванд, ё ки дар ҳайати ашрофони ҳарбӣ монанд. Мисоли равшани мансабдории сиёсии лашкаркаши германӣ дар хизмати Рим шуҳратмандшавии вандал Стилихон мебошад, ки бо императорҳо Феодосийи I ва Гонорий хешутаборӣ пайдо намуда, дар тули якчанд сол ба сиёсат дар Империяи Ғарбии Рим роҳбарӣ мекард.

Солҳои 395 – 396 мувофиқи қарордод бо Стилихон франкҳо ба федератҳои Рим мубаддал гардонида шуданд. Тарзе, ки мо ёдовар шудем, дар ҳудудҳои солҳои 406 ва 407 онҳо ҷидду ҷаҳд ба харҷ доданд, ки пеши роҳи ба зада даромадани вандалҳо, аланҳо ва свевҳо ба Галлия банданд. Аз солҳои 30 асри V франкҳо аз Рейн ба тарафи ғарб ҳаракат мекунанд. Дар нимаи дуюми ин аср онҳо оҳиста – оҳиста онҳо истифодаи номи Francia (Франция, яъне Фаронса)-ро истифода мебурдагӣ мешаванд Дар ин вақт давлати Франк тавлил меёбад. Ҳокимияти пешвоёни ҳарбӣ – конунҳо ба ҳокимияти доимии королӣ мубаддал мешавад. Вале ҳанӯз давлат муштарака набуд – франкҳо якчанд корол доштанд. Баъди афтидани Империяи Ғарбии Рим дар соли 476 давлати Франк дар аҳди корол Хлодвиг (481 – 511) пурзур шуд, ки ӯ забткориҳои франкҳоро дар Шимоли Галлия васеъ карда, рақибони худро дар мубориза барои ҳокимият бартараф кард, қонунгузории навштаро сохт ва бо ҳамроҳии дружинаи худ дини масеҳиро дар шакли католикии он қабул кард.

Ба мулкҳои Рим дар Британия қабилаҳои пактҳо аз шимол, ва скоттҳо аз ғарб таҳдид мекарданд. Дар асри III ҳамлаҳои германҳо – саксҳо ва франкҳо аз тарафи баҳр оғоз меёбанд. Дар оғози асри V, вақте ки Стилихон қӯшунҳои худро барои ҳимояи Италия аз вестготҳои Аларих аз Рейн бозхонд, ӯ легионро аз Британияро низ талаб кард. Қӯшунҳои Рим дар Британия, ки аз ин норозӣ буданд, номзади худ – Константини IIIро, ки баҳори соли 407 бо ҳамроҳии қӯшуни британии худ ба Галлия омада буд, довталаб ба тахту тоҷи императории Рим пешбарӣ намуданд. Ин иқдом дар амал анҷоми ҳукмронии Рим дар Британия буд. Вале аҳолии келту римии ҷазира, аз он ҷумла шаҳр ва ашрофон, боз якчанд даҳсолаҳо бо Империяи Ғарбии Рим робита доштанд ва бебароқабилаҳои келтию германӣ муҳофизат мекарданд. Дар асри V ҳамлаҳои пактҳо то дараҷае заиф гардиданд: қаламрави сукунати онҳоро дар шимолскоттҳо ишғол намуданд, V, он номи худ – S cotland – Шотландияро додаанд.

C:\Users\USER\Music\хлодвиг.jpg
C:\Users\USER\Music\лл.jpg

Корол Хлодвиг Константини III

Душмани асосии аҳолии римию британӣ аз миёнаҳои асри V,сар карда, қабилаҳои германӣ – англҳо,саксҳо ва ютҳо мешаванд, ки ба Британия аз соҳилҳои ҷанубии баҳри Шимолӣ ва ҷазираи Ютландия мешаванд. Дар зарфи сад сол англосаксҳо қисмати зиёди Британияро забт карда, якчанд королигариҳои худро ташкил менамоянд. Дар зери фишори истилогарони германӣ як қисми бриттҳо аз ҷазира ба қитъа – ба Армерика фирор мекунанд, ки баъдтар Бретан ном мегирад.

Дар соли 476 пешвои аскарони кирояи германӣ дар ИталияОдоакр императори охирини Империяи Ғарбии Рим – РОмул Августулаи хурдсолро аз ҳокимият маҳрум месозад. Одоакр нишонаҳои шаъну шарафи императори (тоҷ ва мантияи арғувони)-ро ба Константинопол мефиристонад, ки эҳтимол ин рамзе бошад баҳри аз тарафи императори Византия эътироф кардани императории ӯ. Ва мувофиқи урфу одат ва анъанаҳодавлатҳои дигари варварӣ, унвони корол (конунга)-ро қабул мекунад. Ин воқеа ифодаи барҳам хурдани Империяи Ғарбии Рим буд.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.