Сабабхои бархамхурии империяи ғарбии Рим

Шикасти Рим ба муосирон таассуроти чуқур бахшид. Бутпарастон (аз он ҷумла таърихнигор Зосим) сабабгори фоҷеае, ки ба сари Империя омада буд, дар он мебинад, ки худоҳои падариро ба хотири фаромӯшӣ додаанд. Ақидаҳои онҳоро муаллифони масеҳӣ (Августин, Орозий) рад карда, иброз доштанд, ки Рим барои гуноҳҳои пешини худ ҷазо гирифтааст. Дар замони нав низ масъалаи сабабҳои марги империяи Рим мавзӯи баҳсу мунозира қарор мегирад. Олимони гуногун ба ҷои аввал зуҳуроти мухталифи таърихиро мегузоштанд. Ба ҷумлаи сабабҳои асосии марги Рим, дар зери таъсири масеҳият аз байн рафтани рӯҳияи воқеии римӣ (Гиббон), камшавии нафъовари (прогрессивии) шумораи аҳолӣ (Гартман), тезутундшавии ихтилофҳои иҷтимоӣ ва муборизаи иҷтимоӣ (фон Пелман, Ростовсев), полисҳоро фуру бурдани Империя (Белох), нест кардани ашрофон (Зеск) ва ғайра баён карда шудаанд. Эҳтимол меравад, ки воқеаҳои чунин паҳновар фарогирифта наметавонанд бо кадом як сабаби алоҳида, ки маҷмӯи амали як қатор омилҳо мешаванд, ба миён ояд. Ва агар зарурат ба ҷамъбасти баҳсу мунозира ба миён ояду ягон хел махраҷи онҳо ёфта шавад, пас метавон гуфт, ки афтидани Рим натиҷаи рӯ ба таназзул овардан ва ҳамчуун тамаддуни такрорнашаванда барҳам хурдани олами антиқӣ мебошҳад (Эд.Майер). Бо ҳамин як марҳалаи таърихӣ ба анҷом расида, ҷои онро марҳалаи дигар мегирад.

Дар бораи сабабҳои барҳамхурии Империяи ғарбии Рим ақидаҳои зиёди дигар низ вуҷуд доранд. Ҳар кадоми онҳо дар худ оид ба ин масъала ҳақиқатеро ифода менамояд. Сарфи назар аз ҳамаи онҳо, барҳамхӯрии ин қисмати империяи Рим, аз як тараф, дар натиҷаи пурзӯршавии омилҳои дохилӣ ва зарбаҳои ҳалокатовар аз тарафи варварҳо, гуннҳо ва қабилаю халқҳои дигар ва, аз тарафи дигар, дар натиҷаи бӯҳрони шадиди сохти мавҷудаи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеаи Рими Ғарбӣ ба амал омадааст

Бояд таъкид кард, ки Империяи Шарқии Рим ва баъд империяи Византия на танҳо сиҳату саломат боқӣ монд, балки дар замони Юстиниан (527 – 565) нашъунамои худро аз сар гузаронид. Таърихи империяи Шарқии Рим (Византия) то аз тарафи туркҳои усмонӣ забт карда шудани Константинопол дар соли 1453 давом кардааст, вале ҳар чи қадаре, ки вақт мегузашт, дар он нишонаҳои Рими антиқа камтар боқӣ мемонданд. Таърихи Византияро ҳамчун як қисми таърихи асрҳои Миёна меҳисобанд.

ТАҚДИРИ ТАЪРИХИИ ИМПЕРИЯИ ШАРҚИИ (ВИЗАНТИЯ) РИМ

Он далел, ки як қисми империяи Рим на дар қисмати Ғарб, балки дар дар Шарқ боқӣ монд, дар назари аввал ниҳоят ғайриоддӣ ё худ хилофи мантиқ ба назар мерасад. Мебоист агар қисмати олами римӣ аз байн мерафт, бояд империяи Шарқии Рим барҳам мехурд, чунки аввалин шуда қаҳру ғазаб ва талаю тороҷи қабилаҳои варвариро маҳз он аз сар гузаронида буд. Аз охирҳои садсолаи IV дар Дунай беист ҳаракати фишоровару мавҷноки вестготҳо, гуннҳо, остготҳо сурат мегирифт, баъдтар дар ин ҷо қабилаҳои славянӣ, аварҳо, булғорҳо ва халқҳои дигар пайдо мешаванд, ки аз даштҳои рус ва ё аз Осиёи Ғарбӣ омада буданд. Мудофиаи римиҳоро дар хатти истеҳкомҳои муҳофизатии соҳилҳои рости Дунай ба хок яксон карда, урдаҳои рақибон нимҷзирви Балканро пур карданд ва танҳо Константинопол, Рими нави чун к8амари ягона дар дохили мавҷи зарбаҳои варварҳо намуда меистод, вале Империя маҳз дар ҳамин ҷо боқӣ монд. Далели мазкур шояд ягон шарҳу эзоҳро тақозо дошта бошад.

Империяи Византия дар асри V барои он тоб оварда тавонист, ки, сарфи назар аз тохтутози варварҳо, нерӯҳи истеҳсолкунандаи Рими Шарқӣ нисбат ба империяи Рими Ғарбӣ на онқадар зиёд зарар диданд. Дар ин ҷо, яъне дар Шарқ, шаҳрҳои калони бой – марказҳои иқтисодӣ ва маданӣ муддати тулонӣ вуҷуд доштанд. Ғайр аз ин, ба зада даромадани душманон асосан мулкҳои аврупоии императорони Шарқии Рим зарар диданд, вале масоҳати бузурги заминҳое, ки дар он тарафи Босфор – Осиёи Хурд, Сурия, Фаластин, Миср воқеъ буданд, ё кам ва ё тамоман мавриди тохтутози варварҳо қарор нагирифта буданд. Дар бораи он, ки душманҳо ба сарҳадҳои шарқии империя таҳдид намекарданд, бояд иқрор шуд, ки рақиби деринаи кӯҳна + Форс (давлати Сосониён) ба империяи Шарқии Рим то муддате нисбат ба варварҳои аврупоӣ камтар хатар ба бор меоварданд.

Инчунин таъкид мекунем, ки дар байни императорони тимперияи Шарқии Рим, ки дар асри V ҳукмронӣ кардандагар шахсиятҳои барҷаста набошанд, ҳам одамони боҷуръат ёфт шуданд, аз қабили император Леви I (солҳои 457 – 474), ки тавонист аз пуштибонии ҳокимиятталаби лашкаркашон халос шавад, ки онҳо довталаб барои идораи давлат буданд. Инчунин ба ин император муяссар шуд, ки ҳамлаи германиҳоро ба Империя зада гардонад. Ба яке аз ҷойгирони ӯ, Анастасия (солҳои 491 – 518) муяссар шуд,ки вазъияти дохилии Империяро хеле беҳтар ва некӯаҳволии раиятро баланд кунад. Ин бурдборӣ бо шарофати маъмуриятчигии ғамхорона, паст кардани вазнинии андозҳо, баландбардории самаранокии низоми додгоҳӣ (судӣ) ба даст оварда шуда буд. Шаҳри Константинопол дар замони ҳукмронии ӯ, бо сабаби аз Балкан зада даромадани қабтлаҳои славянб, бо девори навии баланду мустаҳкам, акнун сеюм чунин девор, иҳота карда мешавад.Ба меросхурони худ, Юстин (солҳои 518 – 527) ва додарзодааш Юстиниан (солҳои 527 – 565) Анастасий дар хазина сес саду бист ҳазор фунт (зиёда аз сад тонна) тилло ва давлати ободу зебо ва нашъунамоёфтаро боқӣ гузошт, ки онҳо бахилӣ ваҳаваси ҳамсоягонро ба вуҷуд меоварданд.

Дар дарбори императорони Рими Шарқӣ корҳо оид ба омӯзиш ва батартибдарории низоми ҳуқуқи Рим ва дар ин замина кодификатсияи (рамзгузории) нави қонунгузорӣ дар Рим, ки кушиши аввалин он дар охирҳои асри III – оғози асри IV сурат гирифта буд, сар карда шуд. Дар аҳди император Феодосийи II (солҳои 408 – 450) комиссияи махсус ҳамаиконститутсияҳои (яъне фармонҳои императорро) ҷамъоварӣ кард, аз Константини Бузург сар карда сохтор ва мазмуни санадҳои қонунгузорӣ ва амрҳо, дар баъзе мавридҳо ба хотири боз ҳам фаҳмотар шудани онҳо матнҳоро ихтисор ва таҳриру тасҳеҳ ва ба низом даророварда шуд, ки он ба худ як шакли маҷмуаи мукаммали қонунномаро мегирад. Ин маҷмуа то ба мо бо номи “Кодекси Феодосия” (codeх Theodosiamus) ном мегирад. Вале он ҳамаи талаботи ҳуқуқшиносони баъдинаи антиқиро қонеъ карда наметавонист. Аз ин рӯ. рамзгузории (кодификатсияи) санадҳои қонунгузории Рим дар аҳди Юстиниан ба анҷом расонида мешавад.

Ҳукмронии Юстиниан (солҳои 527 – 565). Юстиниани I, бечунучаро, яке аз императорони эҷодкори Рим буда, муосиронаш ӯро “императоре, ки ягон вақт хоб намекунад” номидаанд. Талаботи доимии амал кардан моҳияти асосии хулқи ин инсони фавқулоддаро ташкил мекунад. Дар ин мавсъала ҳамсараш малика Феодора низ ба ӯ монандӣ дошта, дар ӯ шӯҳратпарастии ҳавобаландона бо нерӯмандӣ ва иродаи қавӣ дар ҳолати ҳамоҳангӣ қарор доштанд.

Ҳукмронии Юстиниан марҳалаи шӯълавари охирини таърихи империяи Рим мебошад. Дар аҳди ӯ шадидан кушиш ба зарҷ дода шуд, то ки ҳудудҳои Империя, ки қисми ғарбии он дар асри V аз даст рафта буд, бо тамоми ҳудудҳои пештарааш аз нав барқарор карда шавад. Сабаби чунин рушди воқеаҳо дар махсусиятҳои тасаввуроти императорҳои Рими Шарқӣ дар бораи моҳияти ҳуқуқҳои таърихии худ ба Империяи Рим ниҳон буда, баъди соли 476 ҳам дар шуурашон ҳудудҳои пештарааш империяи Рим мавҷудияти худро давом медод. Ҳамин тариқ, онҳо ғамхорӣ дар ҳаққи Ғарбро ҳамчун вазифаи маънавии худ медонистанд, ҳамон тавре, ки чанде пештар ин вазифаро Феодосияи Бузург иҷро мекард. Юстиниан баҳри ин тасаввуротро дар амал татбиқ намудан як кушиши генералие (дурнамое) ҳам кард. Лашкаркашони ӯ Велизарий, Наресс ва Либерий бо мушкилии зиёд ва талафоти калоне муваффақ ба он шуданд, ки музофоти Африқо ва Нумидияро баргардонанд, Ситсилия, Италия ва ҳатто Испанияи Ҷаеубиро забт кунанд. Ҳарду маркази Империя – Рим ва Константинополро ба зери ҳокимияти худ дароварда, Юстиниан метавонист худро дар ҳақиқат императори Рим ҳис кунад, аммо муваффақиятҳои ӯ тарафи баракси худро низ доштанд.

Ҷангҳои бетанаффуси истилогарона, ки қариб бисту ду сол (солҳои 533 – 558) давом кард. нерӯҳои Империяро хароб карданд. Хазина холӣ шуд ва ба хотири пешгирӣ намудани шикасти молиявӣ ба Юстиниан лозим омад, ки шумораи қӯшунҳоро аз шашсад ҳазор то ба як саду панҷоҳ ҳазор нафар кам кунад. Қӯшунҳои боқимонда базур ба ҳифзи сарҳадҳои дуру дарози Империя ва ҳифзи объектҳои ҳаётан муҳим аз форсҳо дар Шарқ мерасиду бас. Илова бояд кард, ки дарин ҷо Империя маҷбур буд ба форсҳо ҳар сол андоз пардозад. Сарҳади шимоли дар зери фишори славянҳо ва муҳоҷирони дигари ба Балкан омада базӯр ҳимоя карда мешуд. Дар худи Константинопол бо номи “Ника” (аз юнонӣ “ғалаба кун”) шӯриши калоне ба амал омада (соли 532), қариб буд, ки Юстинианро аз тахту тоҷи императорӣ маҳрум кунад.

C:\Users\USER\Music\ол.jpg
C:\Users\USER\Music\ираклий.jpg

Император Юстиниан Император Ираклий

Рамзгузори (кодификатсия)-иҳуқуқи Рим. Византия дар аҳди Юстиниан натанҳо ба мероси сиёсӣ балки ба мероси фарҳангии олами антиқа даъво мекард. Дар солҳои 528 – 534 аз тарафи комиссияи махсус дар зери роҳбарии префекти претория Трибониан “Маҷмӯаи ҳуқуқи шаҳрвандии Рим” (Corpus juris civilis)-ро мураттаб месозад. Рамзгузори (кодификатсия)-и Юстиниан се қисми таркибиро дар бар мегирад: бо номи “Қоидаҳои рамзгузорӣ” (“Институция кодификаций”), яъне китоби дарсӣ оид ба ҳуқуқ; “Дигести”, яъне маҷмӯаи қонуну қарорҳои ҳуқуқшиносони классикии Рими қадим (асрҳои I – III); ва “Кодекс” – маҷмӯаи фармонҳои императорӣ (constitutions). Ба ин се қисмат, аллакай баъди вафоти Юстиниан, “Қиссаҳо” (“Новеллы”), ном маҷмӯа, яъне “Конунщои нав” илова карда мешаванд, ки аз тарафи худи Юстиниан ба нашр расонида шуда, ба рамзгузории ӯ илова гардидаанд. Ибодатхонаи мӯҳташами “Софияи Муқаддас”-и дар шаҳри Константинопол бунёдгардида бояд дар бораи иқтидори Империя ва шаъну шарафу ниятҳои неки император шаҳодат медод. Эҳтимол шояд бо ҳамон ниятҳои нек бошад, ки Юстиниан соли 529 Академияи Афлотунро дар шаҳри Афина баст.

Афтидани империяи Шарқии Рим ва оғози империяи Византияи.. Ҳанӯз дар охирҳои замони ҳукмронии Юстиниан баъзе нишонаҳои бӯҳрон ошкор мегарданд, ки онҳо дар натиҷаи шиддатнокии ҳамаи нерӯҳои Империя ба миён омада буданд ва баъди вафоти ӯ фалокати Империя фаро мерасад: ба таври пурра холӣ шудани хазина, шӯришҳо, гуруснагӣ, аз даст додани ҳамаи заминҳои ишғолкардаи Юстиниан. Гузашта аз ин, дар оғози асри VII форсҳо (Сосониён) дар сарҳадҳои шарқии Империя ҳуҷуми густурдаро оғоз намуда, Сурия, Фаластин, Мисрро ишғол намуда нерӯҳои пешгарди онҳо то Босфор рафта расиданд. Дар айни замон, дастаҳои славянӣ ва аварҳо Константинополро муҳосира карданд.

Дуруст аст, ки ба император Ираклий (солҳои 610 – 641) муяссар гардид, ки ба форсҳо (Сосониён) шикаст дода, музофотҳои шарқиро баргардонад, вале танҳо бо мӯҳлати ниҳоят кӯтоҳ. Аз охири солҳои 30 асри VII рақиби нави хатарноки империя қабилаҳои арабии нимҷазираи Арабистон мешаванд, ки дар зери парчами ислом муттаҳид гардида буданд. Дар солҳои 650 Сурия, Фаластин, Миср,Байнаннаҳрайн, як қисмати Осиёи Хурд ва Африқои Шимолӣ дар зери ҳокимияти онҳо буданд. Баъди боз 50 соли дигар дар дасти Византия танҳо як қисми нимҷазираи Балкан, аз нисф зиёди Осиёи Хурд ва ҷазираҳои баҳри Эгей боқӣ мемонанду бас.

Аз ин тағйиротҳои берунӣ дида, дар дохили ҷомеаи Византия тағйиротҳои куллии бештар ба амал омаданд. Дар қаламрави Империя сокинкунонии оммаи васеи варварҳо ба аз байн рафтани шаклҳои нисбатан пешрафтаи давлатдорӣ, иқтисодиёт ва фарҳанг бурда расонид. Дар он ҷойҳое, ки дар зери назорати Византия боқӣ монда буданд, қариб пурра шаҳрҳо ҳамчун марказҳои тиҷорат во косибӣ аз байн рафтанд. Константинопол ва Фесалоника – ана ҳамаи он чӣ ки аз тамаддуни шаҳрӣ бокӣ монда буд, дар ҳоле, ки дар садсолаи II танҳо дар Италия зиёда аз ҳазор шаҳр мавҷуд буд. Шаҳри Византияи бештар ба қалъа-истеҳком монандӣ дошт, ки дар мавриди ба миён омадани хатар, аҳолии маҳал ба ин ҷо омада, панаҳ мебурд. Дар натиҷаи аз байн рафтани шаҳрҳо рушди иқтисодии антиқаи поён бо хоҷагии натуралӣ иваз мешавад: соҳаи хоҷагидории пулӣ бошад, маҳдуд мегардад ва замин ба одамоне, ки дар он сукунат доштанд, ягона воситаи арзишманд ва сарчашмаи даромад мешавад. Ҷамоаи шаҳрӣ ҳамчун полис дар замони антиқа дар маҳалҳои деҳотӣ ҳукмронӣ мекард. Ҳамин тавр, дар баробари оғоз ёфтани замони феодализм маҳалҳои деҳотӣ шаҳрҳоро бо ҳамроҳии аҳолиашон фурӯ мебаранд, ки дар натиҷаи ин тамоми сохти асримиёнагии Византия ба худ бараъло моҳияти кишоварзиро мегирад.

test

Добавить комментарий