Эътикодхои динии Рим

Дини римиҳо аз якчанд шакл иборат буда, дар рушди худ якчанд марҳаларо аз сар гузаронидааст. Дар аввалримиҳои қадим бутпараст буда, ба худоҳои юнониҳо бештар ва ба худоҳои этрусскӣ камтар эътиқод доштанд. Баъд замони асотирӣ бо замони пайравӣ ба эътиқодҳои бутпарастӣ иваз мешавад. В ниҳоят дар интиҳои эволютсияи тасаввуроти динӣ дар Рими Қадим аз назари сиёсӣ дини масеҳӣ ғолибият ба даст меорад,ки, он дар асри IV милодӣ баъди тақсимшавии Империяи Рим ба ба Ғарбӣ ва Шарқӣ, дар Рими Ғарбӣ мушахххасан нишонаҳои католикӣ пайдо менамояд.

Тасаввуроти динии қадимтарини римиҳо ба эътиқодҳои вобаста ба кишоварзии дорои табиати илоҳидошта алоқамнд буданд, эътиқоди ниёгон ва сеҳру ҷодулоқаманд буданд. ки одатан сардорони оилаҳо иҷро менамуданд. Баъд давлат ҷиҳати ташкилии онро ба дасти худ гирифта, дини расмиро месозад, ки он тасаввуроти пешинаро дар бораи худоҳо тағйир медиҳад. Дар аввал сарварии пантеони Римро худои осмон Юпитер, худои ҷанг Марс ва худо Каирин ба зима дошта. баъд онҳо ба сенафара худоҳо – Юпитер, Юнона (завҷаи Юпитер ва ҳимоятгари ақди никоҳ) ва Минерва (олиҳаи хирад, санъат ва косибӣ) иваз карда мешаванд. Онҳоро ҳимоятгарони давлат шуморида ва муқаддасгоҳҳои онҳо дар Капитолий ба марказҳои асосии эътиқодҳои давлатӣ мешумориданд.

Тотемизм. Дар дини Рим ва динҳои дигари италиягӣ боқимондаҳои тотемизм боз ҳам пурзуртар оқӣ монда буданд. Дар ин бораи қисса ар бораи модагурге, ки асосгузорони шаҳри Римро шир дода, аз марг наҷот додааст, шаҳодат медиҳад. Эҳтимол бо гург (аз забони лотинӣ гург – ilpus) идҳои луперкалӣ ва муқаддасгоҳи махсуси Луперкал низ алоқаманда, ба Фивна ва коллегияи луперкҳо ва ғайра бахшида шуда будааст. Худоҳои дигарро низ онҳо ба ҳайвонот алоқаманд карда буданд. Эзорсурхак, гург ва буқа ҳайвонҳое буданд, ки ба Марс. Мурғобӣ – ба Юнона ва ғайра бахшила шуда буданд. Вале зарур аст қайд карда шавал, ки бо ҳамдигар монандкунии ҳайвонот ва ниёгони авлод дар давраи таърихи Рим ба назар намерасад. Ин марҳала рушди оилро қабилаҳои италиягӣ аллакай паси сар карда буданд.

Эътиқодҳои оилавӣ. Дар ҷараёни рушди таърихӣ ла дар Рим ҷузъи аввали иҷтимоӣ мегардад. Ин ҷараён дар дин инъикос мегардад. Ҳар як оила муқаддасот худ – пуштибонҳо, эътиқодҳои динии худ дошт. Маркази ин эътиқод оташдон буд, ки pater familias ҳамаи мурофиаву анъанотро доир мегардонид, ки ин кор чун анъана дар мавриди ҷараёнёбии ҳамаи корҳои муҳим сурат мегирифт, масалан, дар назди оташдон падари хонадон писари навзодро фарзанди худ мешинохт. Пенатҳо ҳамчун ҳомии хонадон ба эҳтиром фаро гирифта мешуданд, ки дар бораи осудагӣ ва некуаҳволии оила ғамхорӣ мекард. Ин рӯҳҳои неку бошандагони хона ҳисобида мешуданд.

Берун аз хона дар бораи оила ва амволи он гӯё лариҳо – (ащли меҳроб) ғамхорӣ мекарданд, ки онҳо дар ҳудуди қитъаҳои замин воқеъ гардида буданд. Ҳар кадом аъзои оила “нобиға”- тимсоли худро дошт, ки ӯ акси нерӯи шахси мазкур, қобилияти ӯ, инъикоси тамоми вуҷуди ӯ ва дар айни замон ҳимоятгари ӯ ҳисобида мешуд. Нобиғасолории падари оила аз тарафи ҳамаи аъзои оила ба ҳурмату эҳтиром фаро гирифта мешуд. Ин genius familiae ва ё genius donus буд, яъне оилаи нобиға ва хонадони нобиға. Модари хонадон низ нобиғаи худро дошт,ки Юнона номида мешуд. Юнона ҳамсари ҷавонро ба хона дароварда, бо ҳамин ба модар таваллуд карданро осон менамуд. Ҳар хонадон худоҳои зиёде дошт, ки аъзои оиларо ҳимоят мекарданд. Худои Янус – худои дарҳо аҳамияти калон пайдо мекунад, ки он даромадгоҳ ба хонаро посбонӣ мекард.

Квирин Исида Осирис

Парастиши ниёгон. Оила дар ҳақи ниёгони фавтида ғамхорӣ мекард. Дар римиҳо тасаввурот дар бораи ҳаёти баъдалмавт на онқадар ташаккул ёфта буданд. Баъд аз марг рӯҳи инсон аз рӯи эътиқодҳои римӣ гӯё ки зиндагии худро дар ҳамон қабре идома медод, ки ӯро хешовандон дафн карда буданд, ба он ҷо хурок меоварданд. Ин хурду хуроки арои ӯ оварда дар аввал хоксорона буданд: бунафша, чалпакҳо, мушунг, ки дар шароб андохта шуда буданд. Ниёгони фавтидае, ки дар бораи онҳо аҷдодони онҳо ғамхорӣ менамуданд, худоҳои некукор – метаҳо буданд. Агар дар бораи марҳумон ғамхорӣ зоҳир намекарданд, онҳо оташиш ва золим – лемур мешуданд. Нобиғаи ниёгон дар симои падари хонадон инъикос гардида, ҳокимияти ӯ ҳамин тариқ қонунияти динӣ пайдо мекард.

Анимизм. Доираи эътиқодоте, ки ба ҳаёти оила ва динҳои қаторӣ мансубанд, инчунин тасаввурот дар бораи ҳаёти баъдалмавт дини римиро ҳамчун дине хос мегардонид, ки асоси онро анимизм ташкил мекард. Махсусияти анимизми римӣ абстрактӣ ва бешахсиятии он буд. Нобиғаи хонадон, пенатҳо ва ларҳо, манҳо ва лемурҳо – инҳо нерӯҳои бесимо, рӯҳҳо, ки аз онҳо осудагӣ ва некуаҳволии оила вобаста буда, ба онҳо ба воситаи ибодат ва қурбониҳо таъсир расонидан мумкин аст.

Рӯзғори кишоварзони римиҳо дар ибодат ба нерӯҳои табиат инъикос гардидааст, вале дини хос римиҳо аз антропоморфизм дур мебошад, ба он ифода намудани табиат дар шакли худоҳо хос набуда, ки ба онҳо сифатҳои инсонӣ дода шуда, аз ин ҷиҳат он пурра баракси динҳои юнонӣ буд . Барои анимизми римӣ махсусан тасаввуротҳо дар бораи қувваҳои сеҳрангезе хос мебошанд, ки ба воқеаҳои табиат дахл доранд; Ин нерӯҳо худоҳо (numina) мебошанд, ки метавонанд ба одамон фоида ва зарар оваранд. Воқеаҳое, ки дар табиат ҷараён меёбанд, масалан, сабзидани тухмӣ ва ё расидани ҳосил, аз тарафи римиҳо ҳамчун худоҳои махсус тасаввур карда мешуданд. Дар баробари рушди ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ ба худо табдил додани чунин мафҳумҳои бепредмет ба монанди умед, шараф, ризоият ва ғайра ба расмият медарояд. Ҳамин тариқ, худоҳои римӣ ҷудо азвоқеият ва бесимо мебошанд.

Аз худоҳои сершумор чунин худоҳо ҷудо мешаванд, ки барои кулли ҷамоа аҳамият пайдо менамоянд. Римиҳо доимо бо халқҳои дигар дар ҳолати ҳамкории байниҳамдигарӣ қарор доштанд. Аз онҳо баъезе тасаввуроти диниро қабул мекарданд, ва, дар навбати худ, ба дини ҳамсояҳои худ таъсир мерасониданд.

Худоҳои Рим. Дар баробари наздикшавӣ бо олами юнонӣ худоҳои Рим бо худоҳои юнонӣ монанд карда мешуданд: Юпитер – Зевс, Юнона – Гера, Диана – Артемида, Венера – Афродита, Виктория – Ника, Марс – Арес, Меркурий – Гермес ва ғайраҳо. Асотирҳои юнонӣ низ мутобиқ карда мешуданд, ки дар байни онҳо асотир дар бораи корнамоиҳои Геракл махсусан машҳур мешавад, ки ӯро римиҳо Геркулес меномиданд Ба пантеони римиҳо худоҳои юнониҳоро низ дохил мекардагӣ мешаванд, ки дар асотирҳои он дар асотирҳои римӣ вуҷуд надошт: Эскулап, Апполон ва ғайраҳо. Баъдтар ба Рим эътиқодҳои шарқӣ низ сар медаровардагӣ мешаванд, асосан эътиқодоти мисрӣ – парастиши Исида, Осирис, Кибела.

Кибела Сатурн Исои Масеҳ

Табодули аз силсилаи тасаввуроти диниим қабилаҳои ҳамсоя хеле барвақт оғоз ёфтааст. Яке аз аввалинҳо шуда парстиши олиҳаи лотинии Тсаана – ҳомии занон ва моҳ, инчунин растаниҳои ҳарсола месабзидагӣ. Кохи Диана дар Авентина мувофиқи рияоятҳо дар замони шоҳ Сервия Туллий сохта шуда будааст. Нисбатан хеле дертар парастиши олиҳа Венера – ҳомии боғу полизҳо, дар айни замин олиҳаи фаровонӣ ва нашъунамои табиат оғоз меёбад.

Дар баробари сегонаи Капитолий ба римиҳо аз этрускҳо парастиши худоҳои дигар низ ба миён омадааст. Баъзеи онҳо аввал ҳомии авлодҳои алоҳидаи этрускҳо буданд, вале баъд аҳамияти умумихалқӣ пайдо менамоянд. Масалан, Сатурн аввал дар авлоди этрускии Сатриҳо парастида мешуд ва баъд эътирофи умум мегардад. Дар римиҳо ӯ ҳамчун худои кишту кор парстида мешуд ва номи ӯ бо калимаи лотинии sator – коранда алоқаманд мебошад. Ӯ аввалин шуда ба одамон хурок дод ва аввалин шуда оламро идора мекард; Замони салтанати ӯ барои мардум асри тиллогин ба шумор мерафт. Дар иди Сатурналий ҳама – шоҳ, хизматгор ва ғуломон баробарҳуқуқ мешуданд. Қиссае, ки баъдтар бофта шуда буд. мулоҳизаи ноаёни иди Сатурналий буд.

Пантеони Рим маҳдуд карда нашуда буд. Римиҳо ба он дохил намудани худоҳои дигарро рад намекарданд. . Ҳамин тариқ, дар замони ҷангҳо на як бору ду бор онҳо ҷидду ҷаҳд ба он мекарданд донанд, ки рақибони онҳо ба кадом худоҳо ибодат мекунанд, то ки он худоҳоро ба тарафи худ кашанд.

Урфу одатҳои динӣ. Дар урфу одатҳо ва анъанаҳои динии римӣ марҳалаҳои қадимтарини рушди динӣ инъикос ёфтаанд. Як қатор манъкуниҳои динӣ аз одатҳои қадимтарин оғоз меёбанд. Ҳамин тариқ, ҳангоми ибодат ба Силван (худои ҷангал) занҳо ҳузур дошта наметавонистанд, дар иди олиҳаи Бона (dea) – олиҳаи неқӣ мардҳо роҳ дода намешуданд. Баъзе мансабҳои юнонӣ бо манъкуниҳои гуногун алоқаманд буданд: коҳини Юпитер наметавонист ба қӯшуни мусаллаҳ нигарад, ангушттарин ва камарбанд дошта бошад, беникоҳии духтар-коҳинаи бокира ба ҳукми қатл гирифтор карда мешуд.

Дар парастиши римӣ ҳаргуна амалҳои ҷодугарӣ ва сеҳр нақши калон бозӣ мекарданд. Эътиқоди римиҳо аз қурбоникунии ҳайвонот, меваҷоти растанӣ, ибодат ва амали урфу одатӣ ибрат буд. Ибодат барои римӣ воситаи таъсири сеҳрнок ба худоҳо ва ё ба ягон хел ҳодиса буд. Ба худо қурбонии муайян пешниҳод карда мешуд, ба ивази он худо бояд чизи хоҳишкардаро иҷро намояд. Дуоҳо дуру дароз буданд, чунки римиҳо мехостанд, ки ҳамаи воқеаҳоро дар назар дошта бошанд ва нагузоранд, ки худоҳо аз чизи муқаррарӣ бештарро тақозо намоянд.

Агар гуфта нашудааст: “Ин шаробро, ки ман барои ту овардам, ҳамчун тӯҳфа қабул намо”, худо метавонад фикр кунад, ки ба ӯ тамоми шароберо, ки дар таҳхона маҳфуз аст, ваъда мекунанд. Қиссаи кӯҳна дар бораи он шаҳодат медиҳад, ки чӣ тавр Нума Помпилий бо Юпитур савдо кард: “Ту ба ман калла қурбонӣ мекунӣ”, – талаб мекунад Юпитер. –бисёр хуб, – ҷавоб медиҳад шоҳ. – ту як сар сирпиёзеро мегири, ки онро аз полизи худ меканам”. –“Не, ман дар назар дорам, ки ягон чизи инсониро мехоҳам”. –Бисёр хуб, ту мӯйсари одамро мегири”. –“ Не, ягон чизи зиндаро мехоҳам”. –“Майлаш бо ин ҳама мо як моҳии начандон хурдро илова менамоем”. Юпитер хандида монда, ба ҳамааш розӣ мешавад

Дуоҳои римӣ аз эҳсосоти ҳаяҷонангез ва ҳайратангез орӣ буданд. Барои римиҳо ин хурофот (superstitio) буд. Садоқат, шаъну шараф ва ифтихор, ки бо калимаи pietas ифода ёфтааст, бояд ҳам нисбати худоҳо ва оилаҳои худ ва ҳам нисбати тамоми ҷамоа риоя карда мешуд. Дини Рим меъёрҳои муайяни ахлоқӣ надошт. Аз ҳама муҳимаш ин иҷрои бечунучарои анъанаҳо ва риояи ҳар гуна манъкуниҳо буд. Баъдтар (дар асри I то милод ва баъди ин) нависандагони Рим калимаи religio аз феъли religare (яъне алоқаманд карда ва баста шавад)-ро қабул менамоянд.

Дини масеҳӣ. Дар оғози солшумори нав дар Рими қадим масеҳият беш аз пеш паҳн шудан мегирад. Он пеш аз он, ки ба дини умумиҷаҳонӣ табдил ёбад ва асоси маънавии маданияти аврупо гардад, роҳи дуру дарозро тай кардааст. Масеҳият дар асри I солшумории милодӣ тавлид ёфтааст, ки масеҳиён аз рӯзи таваллуди Исои Масеҳ меҳисобанд ва аввал дар заминаи дини яҳудӣ ҳамчун яке аз мазҳабҳои он ташаккул меёбад. Дар аввал муддати дуру дароз эътиқодмандони дини масеҳӣ дар зери таъқиби давлат қарор дошт. Вале дар тули ин се аср нуфузи он васеъ мешавад. ва он дар Рим соли 313 милодӣ дини расмӣ эълон карда мешавад. .

test

Добавить комментарий