Макоми илм дар низоми арзишхои Рими Кадим

Мазмунан ва усулан мақоми илм дар низоми арзишҳои Рими Қадим чунин ифода ёфтааст:

Фаҳмиши имрӯзаи илм дар асри ХVII ба миён омада буд. Римиҳо барои ифодаи ин мафҳуми “art”(санъат)-ро истифода мебурданд, ки ҳамрадифи “техно”)-и юнонӣ буд. Ин мафҳумҳо илм ва санъатро дар маънии ба даст овардани маҳорат муттаҳид карда буданд. Дар зери мафҳуми табобат ритмиҳо донишҳоеро дар назар доштанд, ки ба илми тиб ва маҳорат алоқамандалоқаманд буданд.

Римиҳо илмро ба илмҳои теоретикӣ (назариявӣ – ақлӣ), ки ба амалия бевосита алоқаманд набуданд, ва эмпирикӣ (амалӣ) тақсим менамуданд. Дар байни илмҳои назаривӣ дар ҷои асосӣ фалсафа меистод, ки он ба физика, мантиқ ва этика тақсим мешуд. Физика, илмест, ки қонунҳои сохтори олам, ҳамагонӣ (универсалӣ) ва қонунҳои табиатро меомӯзад. Муроҷиат ба он дар аввалҳои рушди империяи Рим дорои аҳамияти калон буд.. Мантиқ қоидаҳои суханронӣ ва ҳамаи он чӣ, ки ба баёни сухан,.гуфтугу ва дуруст навиштани фикр алоқаманд аст дар бар мегирифт. Этика бошад, робитаи инсонро бо ҷомеа ва ҷойу мақоми ӯро дар сохтори кайҳонӣ ва иҷтимоиро меомӯхт

Римиҳо ба илмҳои эмпирикӣ (амалӣ) кишоварзӣ, крҳои ҳарбӣ баҳрнавардӣ ва ҳуқуқро мансуб медонистанд. Барои аз худ кардани ин илмҳо 7 намуди санъати озодро донистан лозим буд. Шуғл варзидан ба илмҳои амалӣ ба инсони наҷиб сазовор дониста мешуд. аз ин баромадааст номи “илмҳои наҷиб”.Онҳо донистани илмҳои грамматика, риторика, диалектика, арифметика, геометрия ва мусиқиро тақозо мекарданд. Ин фанҳои таълимӣ ба доираи тарбия ва таълими юнонӣ дохил мешуданд ва асоси ҳаргуна дониши амалиро дар тули тамоми таърихи антиқӣ ба шумор мерафтанд.

Нисбати забон бошад, ки ба воситаи он корҳои таҳқиқотӣ бурда мешуданд, бояд қайд кард, ки дар замони Ҷумҳурӣ таъсири забони юнонӣ афзун меёбад. ба воситаи он суухан меронданд ва менавиштанд. Дар баробари ин, забони лотинӣ карда мешавад, ки он қодир мешавад нозукиҳои мафҳумоти илмиро ифода намояд. Дар замони Империя забони юнонӣ аз тарафи ҳамагон эътироф мегардад ва забони байналмилалии маъмурӣ – забони лотинӣ.

Ба сифати махсусияте,ки барои илми Рим хос аст. дар баробари қабули анъанаҳои мадании эллинизм, боварӣ ба афзалияти таърих, аданият ва тарзи зиндагии худӣ буд. Ин муносибат ба он оварда расонид, ки римиҳо аз маданияти юнониӣ ва эллинистӣ танҳо ҳамон чизҳои аз назари онҳо арзишманро интихоб карда мегирифтанд. Одамони донишҳои амалӣ кушиш ба он мекарданд, ки дастовардҳои юнониҳоро барои обрӯи Рим истифода баранд. Витрувий Селс ва дигарон ҳамин тавр рафтор мекарданд

Дар зери таъсири “асотири римӣ” таҳқиқотҳои назарӣ имтиёзи хориҷиён мешавад. Минбаъд Рим дастовардҳои халқҳои дигарро ҳамчун дастовардҳои худӣ қабул менамояд. Илм моҳияти ҷаҳонбинӣ дошт ва барои асосноккунии тарзи зиндагӣ, сохтори давлатӣ истифода бурда мешуданд. Дар навиштани мавод афзалият на ба усулҳои дескриптивӣ (тафсилотӣ), балки ба донишҳои мафҳумӣ (Варрон, Плинийи Калонӣ, Лукретсий, Витрувий, Селс) – тарзи навишти мавод ба воситаи ҷалб намудан ва бозсозӣ назарияҳои сершумор, бе баррасии як ё якчандтои аз онҳо интихобкарда дода мешавад.

Яке аз нишонаҳои илми римиҳо моҳияти қомусии (энсиклопедии) ншои мавод мебошад. То замони Империя донишщҳои илмӣ маълумоти зиёд дар бар мегирифтанд, чӣ маълумоти илмӣ ва чӣ фаъолияти амалиро ҳам: математикӣ, астрологӣ, механикӣ, тиббӣ, ҷуғрофӣ,соҳаи кишоварзӣ. бинокорӣ. Асоси усулро пайвастани донишҳои назариявӣ ва хиради амалӣ меистод.

Намояндагони ин услуб масъала ба миён гузоштанд, ки ҳамаи он чиро, ки аз пешгузаштагон оид ба ин ва ё он соҳа боқӣ мондааст, намоиш диҳанд. Муаллиф дар мавриди таълифи рисола мақсад намегузошт, ки мустақилона таҳқиқот мегузаронад. Зарур буд, ки ҳамаи маълумоти оид ба масъалаи таҳқиқотшавандаи мавҷударо ҷамъоварӣ намояд, вале воқеият доштан ва ё дуруғии нишондодҳои баррасишаванда вазифаи муаллиф набуд. Оид ба таърих, кишоварзӣ, оид ба соҳаи ҳуқуқ қомусҳо (энсиклопедияҳо) вуҷуд доштанд. Нисбат ба маҷмӯаҳо асарҳо ва рисолаҳои мавзӯӣ камтар ба назар мерасиданд.

C:\Users\USER\Music\варон.jpg
C:\Users\USER\Music\плиний.png
C:\Users\USER\Music\лукреций.png

Марк Теренсий Варрон Плинийи Калонӣ Тит Лукретсий Кар

Аз ҳамадонҳои (энсиклопедистони) нисбатан машҳуртарини Рим Марк Теренсий Варрон (116 – 27 то милод). Ӯ муаллифи маҷмӯаи энсиклопедии “Нӯҳ китоб” мебошад. Ин маҷмӯаҳо оид ба суханварӣ (риторика), грамматика, мусиқӣ, тиб, меъморӣ астрология, арифметика буда, дар он Варрон муассисаҳои Ҷумҳурӣ ва урфу одат ва анъанаҳои қадимтаринро баён ва тавсиф мекунад. Аз рисола ҳанӯз дар асри V то милод истифода мебурданд. Барои таҳияи он муаллиф наздики 500 китобро аз соҳаҳои гуногуни дониш истифода бурдааст.

Боз як асари муҳимидигари Варрон “Қадимагии инсонӣ ва илоҳӣ” мебошад. ки он маҷмӯаи қадимтарини ҳуқуқ буда, аз 41 китобиборат буда, аз он ҷумланақл дар бораи ҳаёти шахсӣ, урфу одатҳои динӣ, сиёсат ва ғайраро дар бар гирифтаст.

Кори Варронро Авло Корнелий Селс (асри I то милод) давом медиҳад. Рисолаи ин лим “Илм” ном дошта, ба масъалаҳои кишоварзӣ, суханварӣ, тиб ва кори ҳарбӣ бахшида шудааст Вале танҳо қисмати он дар бораи тиб то ба мо омада расидааст. Тселс мафҳумоти математикиро коркард намудааст.Муаллифи намоёнтарини замони Империя Гай Плиний Секундаи Калонӣ (Старший) (23 79) мебошад. То замони муосир танҳо “Таърихи табӣӣ” иборат аз 37 китоб боқӣ мондааст. Дар баробари таърихи табиӣ ин олим ба рисолаи худ маълумот дар бораи санъат ва маданиятро дохил намудааст. Плиний таълифи худро аз соҳаи умумии табиат сар карда, баъд масъалаҳои ҷуғрофияи математикӣ, воқеаҳои атмосфериро равшан месозад. Предмети тасвири Плиний олами воқеаҳои бисёрҷиҳатаи табиат буда, муаллиф ҷидду ҷаҳд ба харҷ медиҳад, ки ҳаддалимкон дар бораи қудрати табиат мисолҳои бисёр биёрад. Таваҷҷӯҳи ӯро масъалаи сершумории шаклҳо ва имкониятҳои табиати инсон низ ҷалб намудааст. Дар навишти Плиний аҳамиёт додан ба қайди воқеаҳои фавқулодда – хотира, боҳавсалагӣ, суръат ваа ғайра, яъне ҷанинҳои тасвири воқеаҳои ғайримуқаррарӣ (парадоксография) ба назар мерасад

Ба ҷумлаи ҳамадонҳо мумкин аст Лутсия, Анней Сенекаро низ (соли 4 то милод – соли 65 милодӣ) дохил кардан мумкин аст, ки аллакай дар замони пиронсолиаш рисолоаи “Масъалаҳои табиат”-ро меофарад. Вазифаи рисолаи “Масъалаҳои табиат” аз он иборат буд. ки сохти табиатро ва асрори табиатро дар асоси дар ин самтҳо ҳамаи консепсияҳо ва нишондодҳои мавҷудае, ки аз тарафи муаллифони дигар таълиф гардидаанд, нишон диҳад. Тарзи навишти ин олим барои муаллифони римӣ муқаррарӣ мебошад.

Яке аз илмҳои амалие, ки дар худ санъат ва назарияро дар бар гирифтааст, тиб ба шумор мешавад. Тиби Рим ба назария боло баромада, бо тиби Гиппократ алоқаманд буда, дар назар дошт, ки бадани инсон бо сохтори кайҳон мувофиқат мекунад. Гӯё ки бадан ба давраи на аввалу на охирдошта, ҳамаи қисматҳои он бо ҳамдигар алоқаманд мебошанд. Ба чор нахустунсур – оташ, об, ҳаво, замин хусусиятҳои бадани инсон мувофиқат мекунанд. Ҳолати рӯҳонӣ аз рӯи ҷойивазкунии шарбатҳои асосӣ муайян карда мешавад. Агар ин унсурҳо дар бадан баробар ҷой иваз карда бошанд – одам саломат мебошад.

C:\Users\USER\Music\витрувий.jpg
C:\Users\USER\Music\цельс.jpg
C:\Users\USER\Music\врач.jpg

Витрувий Авр Корнелий Селс Соран аз Эфесс

Олими намоён дар соҳаи тиб Гален (130 – 200) зодаи Осиёи Хурд буд. Рисоллаи ӯ “Дар бораи узвҳои бадани инсон” яке аз тавзеҳоти анатомию физиологии инсон мебошад. Ӯ инчунин чунин мешуморид, ки табиб бояд физиология, анатомия,низоми ташреҳ (чок) карда тавонад, майнаи сар ибтидои ҳамаи асабҳо ва ҳаргуна ҳиссиёт мебошад. Ин олим ба масъалаи охирин бо номи “Дар бораи догмаҳои Гиппократ ва Афлотун” рисолае навиштааст. Яке аз табибони машҳури римӣ доя (акушер) ва табиби кӯдакон (акушер) Соран Эфесский (98 – 138) мебошад, ки номи ӯ дар асрҳои миёнаи Аврупо рамзи тиб дониста мешуд.

Аҳолии Рим нисбат ба табибон муносибати духела дошт. Бисёриҳо аз кӯмаки онҳо даст мекашиданд, то ки бо қаллобон рӯ ба рӯ нашаванд. Ченаки ягона таҷриба буд. Такя на ба табобат, балки ба пешгирӣ бемориҳо карда мешуд. Ин тадбир ба он мусоидат кард, ки дар Рим низоми рушдёфтаи пешгирӣ аз касалӣ вуҷуд дошт, ки он ба воситаи терм (ҳаммомҳо) ба амал бароварда мешуд. Марказҳои илми тиб шаҳрҳои Осиёи Хурд, Афина ва Искандария ба шумор мерафтанд

Римиҳо ба ҷумлаи наҷиб заминдорӣ худ агрикултураро низ мансуб медонистанд. Арбобони сершумор аз худ оид ба агрокултура рисолаҳо боқӣ гузоштаанд, аз он ҷумла Варрон, Плинийи Калонӣ, Вергилий, Тселс, Колумелла. Замин тариқ, дар энсиклопедияи Колумелла дар бораи 6 илми наҷиб сухан меронад, ки дар байни онҳо илми тиб, кори ҳарбӣ,санъати суханварӣ, ҳуқуқ агрикултураро низ ном меӣарад. Тасаввурот дар бораи агрикултура ҳамчун илм аз мақоми баланди кишоварзӣ ба миён омада буд. Колумелла чуни н меҳисобид, ки илм дар бораи кишоварзӣ ба фалсафа наздиктар меистад. Ғояи асосии ботинии Колумелла аз он иборат буд, ки муосирони худро ба он бовар намояд, ки заминдорӣ тарзи нисбатан наҷиб ва сазовори сарватманд шудан ва тарзи аз ҳама тозатарине мебошад барои афзоиш додани амволи худ. Дар ҷомеаи Рим мақоми гражданини озод дар назар дошт, ки ӯ бояд ҳатман замин дошта бошад.

Он чӣ ки ба илмҳои табиатшиносӣ дахл дорад, дастовардҳои нисбатан чашмрас дар соҳаи ситорашиносӣ (астрономия) ба назар мерасиданд. Ба ин илмҳо Витрувий, Поллион, Сенека, Плинийи Калонӣ, Лукретсий Кар, Манилий, Клавдий Птоломей муроҷиат кардаанд. Дар бораи беҳаракатии Замин Клавдий Птоломей (90 – 160) пайдоиши юнонидошта фикр баён карда буд. Дар асари асосии ӯ “Алмагеста” сохти гелиосентрии Замин исбот карда мешавад, ки он то кашфиёти олимони ситорашиносони Шарқ ва дар Аврупо – Николай Коперник ягона ақида буд. Асари ӯ “Тетрабиблюс” (иборат аз чор китоб) боиси таваҷҷӯҳи калон мебошад. . Дар “Тетрабиблюс” Птоломей иншои бонизоми илми астрологиро додааст.

C:\Users\USER\Music\птолемей.jpg
C:\Users\USER\Music\страбон.jpg
C:\Users\USER\Music\гален.jpg

Клавдий Птоломей Страбон Клавдий Гален

Птоломей дар баробари ситорашиносӣ (астрономия) ва астрологии ба назарияи мусиқӣ, оптика, ҷуғрофия, картография (харитакашӣ) низ шуғл варзида будаст. Усулҳои картографии худро Птоломей дар асоси мушоҳидаҳои ситорашиносӣ (астрономӣ)ба роҳ монда буд. Птоломей 27 харитаро бо дар онҳо нишон додани 8 ҳазор нуқтаҳои аҳолиниш таҳия кардааст, ки дар рисолаи “Дастур оид ба ҷуғрофия” инъикос гардидаанд.

Дар соҳаи ҷуғрофия Страбон (соли 63 то милод – 19 милодӣ) симои асосӣ мебошад. Ин юнонӣ маълумотҳои Гиппарх, Эратосфенро тафсиру хулосабарорӣ намудааст. Рисолаи ӯ “Ҷуғрофия” (“География”) аз 17 китоб иборат мебошад. Дар ин асар Страбон дар бораи ҳамаи замин (қаламрав)-ҳои он вақт маълум маълумот додааст.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.