Илми таърих дар Рим
Оғози илми таърих дар Рим асри III то милод ҳисобида мешвад. Дар ин марҳала асарҳои бо тезӣ дар олами антиқа пайдо ва бо тезӣ машҳуршудаи таърихи шахси юнонии зодаи Ситсилия Филин дар бораи Ҷанги Пунӣ мебошад. Ҳамчун ҷавоб ба ин рисола аз тарафи римиҳо бо забони юнонӣ асаре таълиф менамоянд, ки таърихи Римро бо мазмуни барои онҳо нофеъ инъикос менамоянд. Ин асар бо қалами Квинт Фабия Пиктора ва претор Лутсия Тсинтсия Алимента тааллуқ дошта. он “Анналҳо” ном мегирад. Дар ин китоб нақл аз лаҳзаи бунёд ёфтани давлати Рим оғоз ёфта, дар замони ҷангҳо бо Ганнибал ба анҷом мерасад.




Квинт Фабий Тит Ливий Полибий Гай Юлий Тсезар
Рисолаи нахустини таърихӣ бо забони лотинӣ асари Марк Порсийи Калонӣ (234 – 149 то милод) бо номи “Ибтидо” мешавад, ки он очерк дар бораи таърихи Рим ва Италия буд. Рисолаи худро ҳамин тавр номида, Катон анъанаи таърихнигории анъанавии юнониро идома мебиҳад, ки дар он таҳқиқи пайдоиши ин ва ё он халқ. қабила, шаҳр, Қонунҳои ХII ҷадвал нъанаҳо ва ғйраро васеъ паҳн мегардад.
Соли 194 то милод Катон аз Сардиния ба Рим Квинт Энния (солҳои 239 – 169 то милод)-ро ба сифати квестор оварда, ҳамин тариқ.ба ба анъанаҳои римии рисолаҳои насрӣ бо номи “Анналҳо” («Солномаҳо”) ҳусни оғоз мебахашад. Дар 18 китоб ин муаррих воқеаҳо дар бораи ба вуҷуд омадани давлати Римро то миёнаҳои асри II то милодро тасвир менамояд: замони шоҳҳоро, аз тарафи римиҳо ишғол карда шудани Италия. Давраи Ҷангҳои Пунӣ. Энний натанҳо Римро шуҳратманд мегардонад, инчунин образи чунин арбобони маълуму машҳур, чун Стсипион, Ганнибал ва дигаронро меофарад.
Дар замони Гракхҳо (асри II то милод) аллакай як қатор рисолаҳо бо номи “Анналҳо” ба миён меоянд, ки онҳо солнома воқеаҳоеро дар бар мегиранд, ки аз замонҳои қадимтарин то замонеро джар бар мегиранд, ки дар он замон муаллифони “Анналҳо” зиндагӣ кардаанд. Онҳо танҳо бо таърихи Рим маҳдуд нашуда, дар бораи шаҳрҳои дигари Италия, дар бораи ба вуҷуд омадани эътиқодҳои гуногун, дар бораи ба вуҷуд омадани муассисаҳои сиёсӣ екарданд. Сарчашма барои навиштани ин рисолаҳо “анналис понтификум – солномаҳое хизмат мекарданд, ки ҳамасола коҳинони римӣ онҳоро менавиштанд. Таърихнигороннҳоро коркарди адабию илмӣ карда онҳоро аз тавзеҳи таърихӣ таъмин намудаанд.
Дар заминаи соддабаёнии “Анналҳо” асарҳои таърихнигории якчанд таърихшиносон ба мушоҳида мерасанд. Яке аз онҳо Публий Семпроний Аллезион буд асоси рисолаи ху “Китоби кирдорҳо” “Таърих”-и Полибийро (200 – 118 то милод) қарор медиҳад. Ӯ вазифаи муҳаққиқро чунин муайян менамояд: “…навишта шавад, ки ҷанг дар аҳди кадом консул оғо ёфтааст ва дар аҳди кадом ба охир расидааст, ва кто фотеҳият ба даст овард, ё ки сенатро таърифу тавсиф кунӣ ё маҷлисҳои халқиро, барои ин аввал бояд сабабҳоро ошкор намоӣ, дар акси ҳол таърихро нанавишта, ба кӯдакон афсона нақл кунӣ”.
Таърихнигори дигари анналнависи намоён Лутсий Тселий Антипатр (тахм.165 – 121 милодӣ) мебошад, ки дар бораи замони Ҷангҳоли пунӣ рисолаеро навиштаст. Дар навуштани ин рисола ӯ рисолаҳои таърихнигорони юнониро ба асос гирифта, ба шахсияти Стсипион ва Ганнибал тавҷаҷҷӯҳи калон зоҳир менамояд Дар Антипатра таваҷҷӯҳ ба воқеоти ва далелҳои ғайримуқаррарӣ (сенсатсионӣ) ошкор мегардадғайр аз ин, тавре ки Тсисерон қайд карда буд, рисола бо ҳиҷоҳои баланд навишта шуда буд ва ин ба рисола оҳанги баланд ворид месозад. Асар аз драматизм ғанӣ буда, дар он муқоисакуниҳои зиёд оварда шудаанд.
Дар замони сулла (солҳои 138 – 78 то милод) рисолаи “анналчиёни хурд” ба миён меоянд. Барои ин таърихнигорон бо сабаби нарасидани далелҳои таърихӣ бофтани ҳар гуна воқеоти тахаюлотӣ хос мебошад. Аз ин рӯ, ба ин таърихнигорон Тит Ливий на онқадар эътимод дошт
Дар марҳалаи мазкур як қатор рисолаҳо бо рангубори сиёсӣ ба вуҷуд меоянд, ки онҳо васфномаҳои як қатор сулолаҳоро ташкил намудаанд. Валерий Антсиат авлоди Валерийҳоро васф мекунад, Гай Литсиний бошад, – авлоди Литсинийҳоро.
Ҳангоми таназзули Ҷумҳурии Рим ташаккулёбии рисолаҳои таърихии моҳияти дигардошта оғоз меёбад. Худи иштирокчиёни воқеаҳо қалам ба даст мегиранд: Гай Юлий Сезар ва Гай Селлюстий Крисп. Тсезар “Хотирот дар бораи Ҷанги Галл”-ро менависад, ки дар он 7 соли забти Галлия тасвир меёбад Рисолаи трибуни халқӣ Крисп дигар хел навишта шудааст.



Гай Селлюстий Крисп Марк Туллий Тсисерон Тит Ливий
Крисп. Ба қалами ӯ таҳқиқоти “Таърих” (солҳои 78 -67 то милод), “Ҷанги Югурӣ” тааллуқ дорад. Крисп сабабҳои шикасти Ҷумҳуриро таҳлил карда, вазъияти синфҳои миёна ва поёни ҷомеаи Римро нишон медиҳад.
Сисерон ҷои махсусро ишғол менамояд. Ҳамагӣ 58 нутқ ва 7 рисолаи ӯ боқӣ мондааст, ки бештари онҳо ба риторика (суханварӣ) бахшида шудаанд ва наздики 300 мактуб. Дар рисолаи “Дар бораи давлат” ӯ образи ҳокими идеалиро нишон медиҳад ва дар мақоми ҳокими идеалӣ худашро ошкор мекунад. Баъд аз вафоти Сезар маълум мегардад, ки оштишавӣ дар байни мутлақият ва сенат амри воқеӣ намегардад. “Мактубҳо ба Аттика” маълумотҳои таърихиро дар бар гирифтааст
Тит Ливий (солҳои 59 – 17 то милод) таърихнигори болаёқат буд. Рисолаи асосии ӯ “Таърихи Рим аз асосгузории шаҳр”. Рисола дар 142 китоб навишта шуда буд, ки аз онҳо танҳо 35 китоб боқӣ мондааст. Ӯ нақли худро аз соли 167 то милод оғоз менамояд. Ӯ чунин мешуморид, ки таърихнигор бояд натанҳо ба воқеаҳо шинос шаваду халос, балки бояд дар таърих сабақ бардорад. . Ӯ Римро ба сатҳи баланди ғоявӣ мебардорад, таърих ва ҳаёти патриархалии онро таъриф тавсиф намуда, дар назди давлати Рим, ки асоси онро қаҳрамон – халқи Рим ташкил медиҳад, сари таъзим фуруд меоварад.
Таърихнигори машҳуртарини замони Империя Публий Корнелий (солҳои 54 – 123) низ мебошад. Ӯ суханвари намоёни додгоҳӣ буда, ба консулӣ муваффақ мешавад. Вале эҳтитмол сиёсат ӯро хаста карда буд, ки наздики соли 100 ба таърихнигорӣ шуғл меварзад. Ду асари бунёдӣ “Таърих”-и иборат азх 12 китоб ва “Анналҳо” дар 18 китоб (аз соли 14 то соли 68 ) таълиф намудааст. Вазифаҳои Татсит бо ғояҳои Тит Ливий ҳамоҳанг меошанд – таърихи гузаштаро дар асоси донишҳои нав баррасӣ менамояд. Инчунин дар назди ҳар нафар бояд мақсад гузошта шуда бошад, ки ба давлат хизмат кунад. Далелҳоро аниқ намуда, ҷои муайянро ба сабабнокии воқеаҳо дода ва дар ҷараёни воқеаҳо ба олами ботинии инсон муроҷиат мекунад. Ба ӯ инчунин рисолаи “Германия” тааллуқ дошта, дар он ӯ урфу одат ва анъанаҳои сохти ибтидоии халқҳои варвариро тасвир месозад.



Публий Корнелий Плутарх Гай Светоний Транквилл
Жанри ҳайтмуқоисакунӣ дар эҷодиёти таърихнигорони асосӣ, Светоний ва Плутарх ташаккул ёфтааст. Дар баробари ин асосгузори ин жанрро метавон Марк Терентий Варрон (солҳои 116 – 27 то милод)-ро шуморид. Ӯ рисолаҳои “Дар бораи помпей”, “Ашёҳои қадимаи инсонӣ ва худоӣ”, 3 китоби Анналҳо” ва ғайраро таълиф намудааст. Ҳамин тариқ, дар “Ашёҳои қадимаи инсонӣ ва худоӣ” ӯ маводро ба қисматҳои зерин тақсим мекунад: “Дар бораи одамон”, “Қадимаҳои инсонӣ ва илоҳӣ”, “Дар бораи ҷойҳо”, “Дар бораи замонҳо”, “Дар бораи амалҳо”. Дар асари ояндаи худ дар зери унвони “Образҳо” Варрон маводи ҷамъовардаашро ба 50 қисмат тақсим мекунад, ки дар байни онҳо: шоҳҳо,лашкаркашон, мутафаккирон ва дигарон ҳастанд. таърихнигор кушиш ба харҷ медиҳад, то ки мувозиҳои римию юнониро созад – ба ҳафт нафар шахси юнониро дар соҳаи муайянро ӯ бо ҳафт нафар римии шӯҳратманд муқобил мегузорад.
Гай Светоний Транквилл (наздики соли 70 – наздики соли 140) мирзои Адриан буд. Ӯ ёддоштномаи 12 императорро меофарад, ки аз ахбороти ҳукмронии онҳо иборат мебошад ки ин асар “Ҳаёти 12 Сезарҳо” (аз Юлий Сезар то Доминитсиан) номгузорӣ шудааст. Ин асар сарчашмаи қимматбаҳотарин замони Юлийҳо – Клавдийҳо ба шумор меравад. Махсусияти ипн асар дар он зуҳур ёфтааст, ки дар он мувассалоти ниҳоят зиёди сиёсӣ инъикос ёфтааст. Светоний дар бораи низоъҳои гуногун нақл мекунад, диққати ӯро на кирдорҳои сиёсӣ балки ягон чизи ғайрианъанавӣ дар рафтору кирдори сезарҳо дар заминаи фаъолияти онҳо ба худ мекашанд.
Плутарх (солҳои 45 – 127) аз рӯи пайдоишаш юнонии аз Беотия буда, ба ашрофони маҳаллӣ тааллуқ дошта, яке аз шуғли асосии ӯ саёҳат буд ки он дар асарҳои ӯ инъикос ёфтааст. Дар бораи 227 асари ӯ маълумот мавҷуд аст, вале танҳо нисфи онҳо боқӣ мондаанд, ки дар байни онҳо нисбатан муҳимтарин “Таърих” ё “Ҳаётномаи муқоисавӣ” маълум мебошад. Ин асар ба тасвири ҳаёти 46 юнонӣ ва римии машҳур бахшида шудааст. Ин таъритхнигор образҳои Ликург, Нума Помпилия,Аристида, Катони Хурд ва Сезарро офаридааст. Ҳамаи образҳоро ӯ мувофиқи шоҳҳо ташаккул медиҳад (аз рӯи монандии тақдир ва хулқи онҳо): Александр ва Сезар Демосфен ва Сисерон. Ин принсип ҳамчун хати маш дар тамоми эҷодиёти Плутарх мегузарад: ҳолномаҳо ва ахлоқҳо. Принсипи асосӣ азнавсозии кирдорҳо ба воситаи таҳлили равонӣ мегузарад. Дар ҷамъбаст дар таърихнигор этюди равоние дар асоси маводи тарҷумаиҳолӣ сохта ба вуҷуд меояд.