Осори Тит Ливий, Корнелий Татсит Ва Светоний Транквилл

Симоҳои таърихнигории ҷумҳурии Рим. Осори Тит Ливий, Корнелий Татсит Ва Светоний Транквилл

Воқеаҳои пурҷӯшу хуруши охирҳои Ҷумҳурӣ- оғози Империя ба рушди таърихнигорӣ мусоидат намуда, бо ҳамин як қатор таърихнигорон ва биограф (ёддоштнавис)-ҳои мушҳурро ба майдони эҷодиёт овард. Дар байни онҳо чунин бузургон, ба монанди аз лотин – Помпей Трог (муаллифи якумин таърихи умумиҷаҳони лотинӣ, ки баъзе пораҳои хурд ва ибораю гуфторҳои дар шакли мухтасар аз тариқи мероси эҷодии нависандаи асри II Юстиниан то замони мо омада расидаанд), Тит Ливий, Корнелий Татсит, Светоний Транквилл ва дигарон, аз ҷумлаи муаллифони юнонӣ – Диодор Ситсилийский, Дионисий Галикарнасский, Иосиф Флавий, Плутарх Херонесский, Аппиани Александрӣ буданд.

Идеологияи муҳофизакор (консервативи)-и принсипати Август ба омӯзиши Рими қадимтарин мусоидат кард: ба масъалаҳои Рими қадим таърихнигори замони Август муаллифи “Бостоншиносии Рим” Донисий машғул буд. Дар рисолаи Тит Ливия “Таърихи Рим аз замони бунёди Шаҳр” низ таърихи Рими барвақта мавқеи калонро ишғол менамояд.

Вале, ҳар қадаре, ки вақт бештар сипарӣ мешуд, диққати таърихнигоронро ҳамон қадар воқеаҳои гузаштаи наздиктарини замони ҷангҳои шаҳрвандӣ ва ду сулолаи аввали императорони Рим ба худ ҷалб мекарданд – Юлийҳо-Клавдийҳо ва Флавийҳо. Ба нависандагони асри II далеле, ки аз ҳамзамонҳои Август пӯшида ба назар мерасид, бокарру фару бо дабдаба ва бузургии замони ӯ буд: Империя дар Рим воқеияти нави ҷамъиятию сиёсиро бунёд кард ва афкори таърихӣ кушиш ба харҷ медод, ки онро фаҳмида ва тасвир намояд. Ба ҷангҳои шаҳрвандӣ қисме аз асарҳои таърихнигори юнонӣ Аппиана – дар бораи ҷангҳои римиҳо бо халқҳои дигар бахшида шудаанд. Оид ба замони Юлийҳо-Клавдийҳо ва Флавийҳо бошад, Татсит китобҳои “Анналҳо” ва “Таърих”-ро навиштааст. Рушди тафаккури таърихнигории ҳақиқии антика бо Дион Кассия (солҳои 155-назд.235) ва Аммиана Марселин (назд.солҳои 330-400) ба охир мерасад. Онҳоро бо боварии том метавон намояндагони таърихнигорони бузурги охирини (мувофиқан) юнонӣ (Дион Кассий) ва римӣ (Аммиан Марселин) номид. Дион Кассий “Таърихи Рим”-ро бо забони юнонӣ дар 80 китоб навиштааст, ки он таърихи Римро то воқеаҳои замони олим дар бар гирифтаст, Аммиан Марселин бошад, кори таърихнигори бузургии охири асри I – оғози асри II Корнелий Татситро давом додааст.

C:\Users\USER\Music\Иосиф Флавий.jpg
C:\Users\USER\Music\Тит Ливий.jpg
C:\Users\USER\Music\Светоний Транквилл.jpg
C:\Users\USER\Music\Апииан.jpg

Иосиф Флавий Тит Ливий Светоний Транквилл Аппиани Александрӣ

Тит Ливий. Тит Ливий (солҳои 59 то милод – соли 17 милодӣ) дар шаҳри италиягии Патавин (Падуяи имруза) таваллуд шудааст. Ӯ соҳибмаълумот буда, мувофиқи анъанаҳои онвақта дар эҷодиёташ ҷои асосиро тайёрии суханварӣ ишғол менамуд.

Ҳамчун таърихнигор, чи тавре ки мегӯянд, ӯ олими дафтарӣ (кабинетӣ) буд: Ливий дар воқеаҳои ҷамъиятию сиёсии замони худ иштирок намекард.

Навиштани “Таърихи Рим аз замони бунёди Шаҳр”-ро Ливий баъди муқаррар карда шудани принсипат оғоз мекунад. Дар сарсухани он вай вазифаи худро чунин баён намудааст: тасвир намудани рузғор ва ҳуқуқҳои римиҳои қадим, ки ба бунёди бузургии Рим мусоидат намудаанд; нақл дар бораи он, ки римиҳо иқтидори худро бо кадом роҳу воситаҳо ба даст овардаанд. Ливий қаҳрамонони афсонавиии Ҷумҳурии Римро, ки ҳаёти худро барои ватан қурбон кардаанд, ба наслҳои оянда мешиносонад. Таваҷҷӯҳи ӯро мамлакати сарсафеди кӯҳна ба худ ҷалб мекард, вале ин маънои онро надошт, ки Ливий нисбати Империяи ба ӯ ҳамзамон дар оппозитсия бошад. Таърифу тавсифи замони пеш, урфу одатҳои ниёгон ва арбобони бузурги гузашта қисми идеологияи расмии принсипат Август буд.

Вобастагии Ливий аз асарҳои пешгузаштагони худ хеле бузург буд. Хушбахтона, дар баъзе қисматҳои асари худ, ӯ аз сарчашмаҳои нисбатан эътимоднок истифода бурдааст. Аз он ҷумла, дар мавриди тасвири Ҷанги Дуюми Пунӣ (китобҳои аз ХХI то ХХХ) Ливий рисолаи таърихнигори юнонӣ Полибия (солҳои 200-120 то милод)-ро ба таври васеъ истифода бурдааст.Дар он ҷои матни Ливий, ки нақли Полибий ҷойгир дода шудааст¸ маълумоти ӯ боэътимод ба назар менамояд, гарчанде ки дар ин ҷо Ливий ба хотири ватанпарастӣ баъзан ба дигаргунсозӣ ва тарзи озодонаи шарҳ ва инъикоси ҷараёни таърих ва воқеаҳо дар он роҳ медиҳад. Нақли Полибий натанҳо асоси сеяки китобҳо (ХХI – ХХХ)-ро, балки чоряк (ХХХI – ХL) ва панҷяки китобҳо (ХII I)-и Ливийро ташкил намудааст. “Таърих…”-и Тит Ливийро ба декадаҳо тақсим мекунанд¸ ки дар онҳо таърихи футуҳот ва забткориҳои бузурги Рим инъикос гардидаанд.

Тит Ливий яке аз таърихнигорони нисбатан машҳури дунёи қадим ба шумор меравад. Дар он замон ва баъд аз он замон ҳам асарҳои ӯро мехонданд ва ба ӯ пайравӣ мекарданд, аз асарҳои ӯ иқтисобос меоварданд ва замимаҳо таҳия менамуданд..Асари Ливий, дар ҳақиқат бузург – аз 142 китоб иборат буд. .Дар онҳо таъриихи Рим аз оғози Рим ва то замони Август (соли 9 то милод)-ро дар бар гирифта, аз онҳо ба таври пурра ҳамагӣ 35 китоб боқӣ мондааст: декадаи якум (то соли 283 то милод.) , декадаҳои сеюму чорум ва нимаи декадаи паҷум (солҳои 218-168 то милод) боқӣ мондаанд. Мазмуни китобҳои боқимонда аз рӯи номи эпитомаҳо (epitomae), яъне тавзеҳи мухтасаре, ки оид ба ҳамаи китобҳои ӯ мавҷуданд, ғайр аз ду китоб (СХХХVI ва СХХХVII) таълиф менамояд.

Корнелий Татсит ва Светоний Транквилл. Фаъолияти адабии Корнелий Татсит ба охирҳои асри I – оғози асри II рост омадааст. Татсит дар оилаи савора наздикиҳои соли 55 дар яке аз шаҳрҳои шимолии Галлия ба дунё омадааст. Ӯ маълумоти аълодараҷа гирифта буд ва воқеан яке аз нотиқони беҳтарини замони худ буд. Ба ӯ муяссар шуд, ки зинаҳои амалдориро тай намуда, то ба мансаби калон муваффақ шавад – дар соли 88 ӯ претор буд, дар соли 97 бошад, бо ҳамроҳии импетратор Нерва – консул буд. Татсит якчанд маротиба дар вазифаҳои муҳимми музофотҳо буд. Татсит тахминан соли 120 ё каме дертар вафот кардааст.

Асари нахустини ӯ “Муколама” – “Диалог” буда, он ба суханрварӣ бахшида шуда буд. Дар он Татсит дар бораи сабабҳои паст рафтани санъати суханварӣ дар Рим мулоҳиза мекунад. Ин сабабҳоро муаллиф дар рӯ ба таназзул ниҳодани озодиҳои сиёсӣ дар замонии мператорҳо мебинад.

Баъди сипарӣ шудани понздаҳ сол Татсит тарҷумаи ҳоли падараруси худ, лашкамркаш Юлий Агрикола (“Дар бораи ҳаёт ва одатҳои Юлий Агрикола”)-ро менависад, ки дар он маълумоти аҷоибро дар бораи Британия низ меорад. Қариб дар як вақт бо “Агрикола” боз як асари Татсит – “Германия” навишта мешавад. Ин очерки на чандон калони ҷуғрофӣ ва мардумшиносӣ (этнографӣ) дар бораи мамлакат ва аҳолии он маълумоти саҳеҳу васеъ медиҳад. Дар ин асар донишҳои муҳим оид ба ҳаёт ва рӯзғори қабилаҳои германӣ ҷой дода шудаанд.

Хамин тариқ, ҳангоме ки Татсит ба кор аз болои асарҳои асосии худ “Таърихҳо” ва “Анналҳо” сар мекунад, ӯ аллакай нависандаи ба камолоти эҷодӣ расида буд. Ӯ “Таърихҳо”-ро эҳтимол наздики соли 110 солшумории мелодӣ навишта бошад. И асар аз 12 китоб иборат аст. Аз онҳо китобҳои I – IV ва қисме аз китоби V боқӣ мондаасту бас. Дар шакли аввалаи худ “Таърихҳо” замони аз марги Нерон сар карда ва то қатл карда шудани Доминитсиан (солҳои 68 – 96) –ро дар бар гирифтааст.

Таърихи меросхурони Август, императорон аз Иберий то Нерон (солҳои 14 – 68) –ро Татсит дар 18 китоби “Анналҳо” инъикос намудааст. Аз ҷумлаи онҳо танҳо китобҳои I – IV, қисме аз китоби V, нимаи аввали китобҳои ХI – ХII – ХV ва нимаи аввали китоби ХVI боқи мондааст. Кори Татсит аз болои “Анналҳо” дар охирҳои замони ҳукмронии Траян ва дар солҳои аввали ҳукмронии Адриан сурат гирифтааст.

Татсит, бугуфтугу, таърихнигори маъруфтарини Рим ва яке аз бузургтарин таърихнигорони антика мебошад, Ба рости, дар баробари ин, одатан ишора ба он мекунанд, ки Татситро наметавон бо Фукидад ва Полибий дар як қатор гузошт. Чунин шуморида мешавад, ки ба Татсит воқеъбинонагии таърихнигорони бузурги юнонӣ ва барои онҳо хос кушода тавонистани сабабҳои воқеаҳои таърихӣ намерасад. Муҳаққиқон ва дӯстдорони таърих ва фарҳанги антиқа дар Татсит, пеш аз ҳама, тасвиргар, офаридгори гулчини образҳои баланди арбобони Рими асри I-ро мебинанд, ки дар байни онҳо ҷои асосиро императорон ишғол менамоянд.

Дар асарҳои асосии худ таърихнигор аз назари драматургияи худ манзараи ҳайратангези ба таври куллӣ дигаршавии принсипат Августро ба императори хунхори истибдодии ҷойгирони ӯро тасвир менамояд. Гап дар сари он меравад, ки тасвиркунии образ аз тарафи Татсит то кадом дараҷа ба ҳақиқат мввофиқат мекунад. Ин масъаларо илм дар нимаи дуюми асри ХIХ – аввали асри ХХ гузошта буд.Татситро ба он гунаҳгор мекарданд, ки ӯ дидаю дониста, ба манфиатҳои сиёсии худ таваҷҷӯҳ карда, далелҳоро таҳриф карда, нисбати ҳамаи он навгониҳои пешқадаме, ки Империя бо худ овардааст, душманона баҳо додааст. Вале агар дар бораи далелҳо сухан равад, пас Татситро барои “дидаю дониста” вайрон кардани далелҳо таъна задан имконнопазир аст. Дар он мавридҳое, ки имконияти аз тариқи маълумоти сарчашмаҳои дигари адабӣ (Светоний, Плутарх, Дион Кассий) ва ё аз тариқи маълумотҳои ҳуҷҷатӣ санҷидан мумкин аст, мо дар ин сурат ҳам нисбати ӯ ягон хел таъна ва ё даъвои ҷиддиро баён ва ё пшниҳод карда наметавонем.

Татсит нағз мефаҳмид, ки муқаррар кардани мутлақияти Рим на танҳо ногузир, балки зарур ҳам мебошад. Сарфи назар аз ин, он шакли истибдодие, ки дар замони меросхӯрони Август ба миён омад, барои ӯ нафратомез буд. Ин аст, ки таърихнигор императорони ду сулолаи аввалро яктарафа тасвир менамояд. Зулму тааддӣ ва зуровариҳои хунин дар ӯ ба ҷои аввал мебарояд, дар ҳоле, ки фаъолияти мусбат дар торикӣ мемонад. Ғайр аз ин, таваҷҷӯҳи Татсит қариб пурра дар пойтахт, ҷомеаи олӣ ва дар доираҳои наздидарборӣ марказонида шудааст. Ба воқеаҳо дар музофотҳо ӯ кам таваҷҷӯҳ зоҳир менамояд. Вале. камбудиҳои Татситро ҳамчун таърихнигор чӣ тавре ки набошанд, ислоҳ кардан кори осон нест.

Дар ин замина зикр бояд кард, ки ҳамзамони бо сину сол аз ӯ хурдтар Светоний (солҳои 70 – 160) низ ин давраро айнан мисли Татсит тасвир кардааст. Светоний Транквилл дар оилаи савора таваллуд шуда, дар замони Адриан дар вазифаи мирзои император буд. Аз ин мансаб маҳрум шуда, ӯ ҳаёти худро ба фаъолияти жанри тарҷумаиҳолии таърихнигорӣ мебахшад ва дар ин соҳаи фарҳанг асарҳои хеле зиёди пурмазмун эҷод менамояд. Аз ин мероси ғании Светоний Транквилл то замони мо як мачмӯаи зиндагиномаи императорҳо – аз Юлий Сезар сар карда то Доминитсианро бо номи “Зиндагиномаи дувоздаҳ Сезар” таълиф намудааст.

Аз рӯи қолаб ва тарзу усули баён ҳамаи зиндагиномаҳои навиштаи Светоний қариб якхелаанд. Ӯ аввал ба авлоди император дахл карда, баъд нақл дар бораи замон, ҷою макон ва ҳолати таваллудшавӣ гузашта, сипас дар бораи овони кӯдакии қаҳрамони худ сухан меронад Баъди ин ҳама дар бораи ба сари ҳокимият омадани қаҳрамон маълумот дода, намуди зоҳирии принсепсро тасвир мекунад, баъди ин шарҳи ҳоли императорро баён месозад, ки он ба мисолҳои мушаххас асос ёфтааст. Хотимаи ҳолнома бо тасвири воқеаи вафоти император ба анҷом мерасад.

Светоний Транквилл ба доираҳои ҳокимияти оли давлатӣ наздикӣ дошт, вале он ақидаҳое, ки барои Татсит ва наздикони ӯ хос буданд, қабул надошт. Ӯ режими императорро бо пуррагӣ қабул мекунад ва зиндагиномаи императорон барои ӯ ҳамагӣ аз занҷири пайдарҳами ҳикояҳои шавқангез бештар набуд.

.АДАБИЁТИ ТАЪРИХӢ ВА ПУБЛИТСИСТИИ ЗАМОНИ ҶАНГИ ШАҲРВАНДӢ. ОСОРИ СИСЕРОН, СЕЗАР, САЛЛЮСТИЙ

Тавре дар болотар ҳам зикр гардид, қисми зиёди асарҳои таърихӣ оид ба асрҳои III – II то милод бебозгашт нест шудааст. Аз ин рӯ, донишҳои мо дар бораи марҳалаҳои барвақтаи таърихи Рим ба адабиёти таърихии замони Империя асос ёфтаанд. Дар ин маврид номгӯи зиёди асарҳои таърихиеро дар ихтиёр дорем, ки он2ҳоро муаллифони ҳамзамони воқеаҳо таълиф намудаанд. Пеш аз ҳама сухан дар бораи Сисерон, Сезар, Саллюстий меравад. Мероси таърихии онҳоро баён карда ва мухтасар шарҳ медиҳем.

Марк Туллий Сисерон (106-43 то милод). Марк Туллий Сисерон нотиқ ва арбоби барҷастаи асри охири замони ҷумҳурии Рим буда, фаъолияти адабии ӯ аз се қисмат иборат мебошад – нутқҳо, мактубҳо, рисолаҳо.

Ҳамаи нутқҳои Сисерон (ҳамагӣ 55 нутқ боқӣ мондааст) ба нутқҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ тақсим мешаванд. Барои барқароркунии сохтори воқеаҳо нутқҳои сиёсии ӯ муҳиманд, ки дар байни онҳо 4 нутқ бар зидди Катистина (“Катилинария” – соли 63 п.а.м.) ва 14 нутқи муқобили Марк Антоний (“Филинники” – солҳои 44-43 п.а.м.) муҳиманд. Мактубҳои Сисерон як навъ сарчашмаҳои беҳамто дар бораи таърихи ҷанги шаҳрвандӣ мебошанд. Зиёда 900 мактуб дар ихтиёри муҳаққиқон ва алоқамандон қарор доранд, ки дар байни онҳо якчанд даҳҳотои онҳоро дӯстон ва рақиибони Сисерон ба нотиқи бузург навиштаанд. Мактубҳо он шароити пуршиддатеро инъикос менамоянд, ки дар ҷомеаи Рим дар солҳои 60-40 п.а.м. ҳукмрон буда, онҳоро тавсияи аълодараҷаи муосирони Сисерон – Юлий Сезар, Помпей, Клодий, Брут Антоний ва шахсиятҳои сершумори дигар пурра кардаанд.. Дар баробари ниҳоят зиёд будани мавод, фаромӯш кард, ки ҳам нутқҳо ва ҳам мактубҳои Сисерон – сарчашмаи субъективӣ (шахсӣ) мебошад. Дар ҳар мавриди мушаххас нотиқ мақсадҳои худро пиёда мекард, бинобар ин, шояд асли воқеа таҳриф ёфта бошад. Ӯ асарҳои таърихӣ нанавиштааст ва кушиш ба харҷ надодааст, ки ҳақиқати воқеиро инъикос намояд, балки дидгоҳи худро ба воқеаҳои замони худ ҳимоя карда ва бисёр вақт ин корро бо эҳсосот ба ҷо меовард.. Аз назари таърих рисолаҳои илмии Сисерон ба назар мерасанд. Беш аз 20 рисола оид ба фалсафа, суханварӣ (риторика) ва сиёсӣ бештар воқеъбинона (объективӣ) мебошанд, дар байни онҳо муколамаҳо “Дар бораи давлат”, “Дар бораи қонунҳо” ва рисола “Дар бораи вазифаҳо” ном бурдан лозим аст.

Гай Юлий Сезар (солҳои 100-44 то милод). Гай Юлий Сезар сиёсатмадор ва лашкаркаши бузург ва диктатори Рим ва нависакндаи фавқулодда низ буд ва дар адабиёти Рим яке аз асосгузорони жанри мемуар мебошад. Ду асари начандон калон ба қалами ӯ тааллуқ дорад: “Хотираҳо дар бораи ҷанги Галлия” (солҳои 58-52 п.а.м.) ва “Хотираҳо дар бораи ҷанги шаҳрвандӣ” (солҳои 49-48 п.а.м.). Дар асари аввал забткории машҳури Галлияро забт кардани Сезар ва дар асари дуюм ҷанги шаҳрвандии Сезар ва Помпей инъикос гардидаст. Услуби навишти Сезар хеле соддаю фаҳмо ва дар айни замон ниҳоят пурмаъно, навишта бояд ба ҳаргуна римӣ дастрас бошад. Аз ин рӯ, дар рисола нутқҳои дуру дароз, зебу зинати суханварии эҷодӣ. , берунбароӣ аз маводи асосӣ дида намешавад. Сарфи назар аз ин, албатта, асарҳои боғаразонаи Сезар аз воқеаҳои дуруғбофта дур мебошанд.

Гай Саллюстий Крисп (солҳои 86-35 то милод). Гай Саллюстий Крисп пайрави Сезар, асосгузори жанри монографӣ дар адабиёти Рим мебошад. Саллюстий се рисола – се монографияи начандон калон навиштааст, ки ҳар кадом ба воқеаҳои мушаххаси таърихи Рим бахшида шудааст.”Ҷанги Ютуртӣ” дар бораи ҷанги Рим бар зидди шоҳи нумидӣ – Югурта (солҳои 111-105 п.а.м.) нақл мекунад, “Дар бораи сӯйқасди Каталина” ба амал омадани сӯйқасд ва пахши сӯйқасди зиддиҳукуматӣ бо сардории Каталина дар (соли 63 п.а.м). “Таърих”, гарчанде ки ҳамин тавр номгузорӣ шудаст, ба давраи начандон калони ҷомеаи Римро аз соли 78 то соли 67 пеш аз милод бахшида шудааст, ки мутаассифона, гум шудааст. Саллюстий ҷидду ҷаҳд ба харҷ додааст, ки ба Фукидатд пайравӣ кунад, забони асар кӯтоҳу пурмаънӣ ва образҳояш хеле гувороянд. Ӯ ҳамчун ахлоқпараст ва фошкунандаи ахлоқи манфӣ , аристократияи баднафсу худхоҳи ҷомеаи Рими охирҳои Ҷумҳуриро ба зери танқиди сахт мегирад. Дар айни замон бояд қайд кард, ки Саллюстий ҳамчун пайрави ҷараёни стоитсизм (таълимоти фалсафие мебошад, ки дар охирҳои асри 4 п.а.и. ҳам ҷузъи таркибии маданияти эллинистӣ, бо сабаби паҳншавии ғояҳои космополитикию фардӣ ва рушди техника дар асоси донишҳои риёзӣ тавлид ёфтааст) камбудиҳои одамони дигарро фош намекарда, ба худи ӯ дар мансаби ҳокими музофоти Африқо аҳолии маҳаллиро бераҳмона ғорат карда. сарвати бузург ба даст оварад.

. .

test

Добавить комментарий