Илми биология, химия математика ва ситорашиноси дар Рими Кадим

Илми биология дар Рими қадим асосан дар асри III то милод тавлид гардида ва то асри III милодӣ рушд кардааст. Римиҳо дар биология пеш аз ҳама дар заминаи соҳаҳои кишоварзӣ ва тиб аҳамият медоданд.

Соли 150 то милод асари арбоби калони давлатӣ ва шоир Марк Портсий Катон (2334 – 139 то милод) «Дар бораи заминдорӣ» нашр мегардад, ки дар он муаллиф дар бораи сохт ва усулҳои хоҷагидорӣ дар мулки ғуломдорӣ ба таври муфассал нақл мекунад. Ӯ суханро аз таърифу тавсияи меҳнатро дар замин оғоз мекунад: “Аз кишоварзӣ одамони зуртарин ва ҷанговарони боҷасорат мебароянд, даромади кишоварз аз ҳама ҳалолтарин, аз ҳама дурусттар буда, рашку ҳасади камро бедор мекунад, одамоне, ки ба ин кор машғуланд, некукор мебошанд”.

Баъди ин муфассал меъёрҳоеро тасвир менамояд, ки мувофиқи онҳо дар мавриди харидории замин, олоти кориеро ки барои нигоҳубини боғи зайтун ё токзор, шумораи ғуломон барои мулкдор, дар қиъаи замин ғунҷонидани зироатҳои гуногун ва ғайра лозиманд. Аз он ҷумла ӯ тавсия медиҳад, ки: Қитъаи замини серравғану серҳзосил, агар дар он дарахтон набошанд, пас бояд дар чунин қитъаи замин ғалладона кишт карда шавад. Дар худи ҳамин қитъаи замин, агар дар болои он бештар абр хоб рафта бошад, беҳтар мебуд агар дар он турб, шалғам, арзан ва ҷавдор корӣ. Дар қитъае, ки хокаш серравған ва гарм аст, зайтун ва сабзавот парвариш намо”. Аз чунин маслиҳатҳои амалӣ рисолаи олими ҳамадон (ээнсиклопедчӣ) ва нависанда Марк Теренсия Варрон (солҳои 116 – 27 то милод) “Дар бораи кишоварзӣ” низ пур буда, дар он ба масъалаи замбури асалпарварӣ,моҳӣ ва чорвопарварӣ диққати махсус дода мешавад. Бинед, ки Варрон ба онҳое, ки мехоҳанд подаи модагов ва буққу харидорӣ карданӣ аст, чунин дастур медиҳад: ҳайвонҳо бояд солим бошанд ва насл диҳанд. Ғайр аз ин онҳо бояд фарбеҳу тоза ва беиллат, дарозрӯяю калонҷусса, шохҳояшон сиёҳру, пешонаи васеъ, чашмони калони сиёҳ, гӯшҳои серпашм, ҷоғҳои танг, рӯйҳои васеъ, миёнкузала на, димоғҳояшон дамкарда, лабҳояшон сиёҳ бошанд…”.

C:\Users\USER\Music\лл.jpg
C:\Users\USER\Music\гален.jpg

Лутсия Юния Модерат Колумелла Клавдий Гален

Асари охирин ва ҷиддии агрономӣ дар Рими қадим “Дар бораи кишоварзӣ” аз они Лутсия Юния Модерат Колумелла (соли 4 наздики соли 70 милодӣ) буд. Шахсе, ки Колумелла оид ба соҳаи зироатпарварӣ, боғпарварӣ, токпарварӣ ва чорвопарварӣ маслиҳатҳояшро ба суроғаи ӯ ҳавола мекунад, Публий Силвия будааст. Барои ҳамин рисола барои хоҷагии деҳоти антиқӣ як навъ қомус ё худ фарҳанг (энсиклопедия) мегардад. Дар 12 китоб ба таври хеле муфассал интихоби замин, шудгор ва поруандозӣ, таъмини қитъаи замин аз обёрӣ, парвариши чорвои калон, асп, гӯсфанд, буз, мурғ, ҳавзи нигоҳубини моҳӣ ва замбури асал, боғдорӣ нигоҳубини дарахтони мевадиҳанда, токпарварӣ ва ғайраро инъикос менамояд.

Колумелла дар таърих импелографи нахустин – асосгузори илм дар бораи навъҳо ва намудҳои ангур (апелография) ҳисобида мешавад. Ӯ дар асари худ 50 навъи ангурротавзеҳу тавсия карда, хусусиятҳои сифатии морфологӣ ва технологии онҳоро овардааст. Колумелла мефаҳмонад, ки чи тавр қитъаи заминро интихоб карда, хушаи ангурро чӣ тавр нигоҳубин бояд кард, меъёри поруандозиро муайян мекунад ва маслиҳат медиҳад, ки ниҳолҳоро аз маҳалҳои аз ҷойҳои дигар набиёранд, чунки ниҳоли ток нисбат ба инсон бештар ҳис мекунад, аз ин рӯ, ҷойивазкуниро тез ҳис мекунад. Чунин маслиҳатҳоро ба шаробпазон низ пешниҳод менамояд…ва огоҳ мекунад, ки шаробро яку якбора ба кӯзаҳо ва ё ба шишаҳо андохтан мумкин нест, онро бояд муддате дар бочкаҳо нигоҳ долштан лозим аст ва то он вақте, ки он сафеду шаффоф нашавад. Дар байни нависандагони антиқии баъдина (дер) ҷои махсусро олим ва арбоби давлатӣ Гай Плинийи Калонӣ (солҳои 23 – 79) мегирад ва ӯ муаллифи асари ҳамадонӣ (энсклопеди)-и 37-ҷилдаи “Таърихи табиӣ” ишғол менамояд.

C:\Users\USER\Music\h11_1.jpg
C:\Users\USER\Music\3.jpg
C:\Users\USER\Music\2.jpg

Тасвири муҳити биологӣ аз тарафи рассомони Рими Қадим

Плиний компилятор (мураттиб)-и бузург буд: ӯ ҳамаи маълумоти дар замони ӯ оид ба табит мавҷудбуда –оид ба ситорашиносӣ, физика, метеорология, ҷуғрофия, зоология, ботаника, хоҷагии деҳот, тиб, минерология ва кӯҳканиро дар як асар муттаҳид намудааст.

Дар ҷилди якуми “Таърихи табиӣ” рӯйхати китобҳои хондаи ӯ – ҳамагӣ қариб ду ҳазор номгӯйро, аз Анаксимандр ва Анаксимен сар карда то Варрон ва Колумелларо оварда шудааст. Боиси ҳайрат нест, ки дар асар далелҳои воқеӣ ӯ бо воқеаҳои фантастикӣ омезиш ёфтаанд ва ӯ худаш ба онҳо бовар кардааст. Масалан, тасвири дақиқ ва ҳаматарафаи фил чунин ба итмом мерасад: “Фил нисбати ситораҳо баъзе ҳиссиёти динӣ дорад, бинобар ин, ба Офтоб ва Моҳтоб сари таъзим фуру мебарад”.

Плиний дар бораи рафтори замбурҳои асал муфассал нақл карда, нақши замбурҳои посбонро қайд мекунад тозакунии қуттиро, ҳаяҷони замбурҳои кориро дар мавриди марги модар-замбур, пеш кардани замбурҳои нокориро. Дар бораи мурчаҳо маҳаллӣ менависад, ки онҳо манзилҳои наҷотбахшро барои нигоҳ доштани тухмӣ месозанд, вале дар бораи мурчаҳои ҳиндӣ менависад, ки онҳо тиллоҳои худрӯй ва қуми тиллоиро ҷамъоварӣ мекунанд.

Плиний аввалин шуда дар бораи инстинктҳо ҳамчун махсусиятҳои душманонаи ҳайвонот навишта, тахмин кард, ки дарахтон ҷинс доранд ва муборизаи онҳоро барои мавҷудият тасвир менамояд, вале онҳо чӣ тавр ҳамдигарро мекушанд? – ҷавоб медиҳад: – “ба воситаи соя ё ба воситаи аз ҳамдигар гирифтани озуқа”.

Дар охирҳои асри ХVII “Таърихи табиӣ”-и Плиний асосан ҳамчун сарчашма маълумот дар бораи табиат хизмат мекард ва номи ӯ тахаллус (лацаб) – «Плиний асри ХVI (ХVIII, ХХ) меномиданд, бо чунин унвон номҳои олимони бузурги замони худро ба забон мегирифтанд.

Олими охирини антиқа Клавдий Гален (солҳои 129 – 201) ба шумор рафта, табиб ва ташкилкунандаи анатомия ва физиологияи илмӣ мебошад. Гален наздики 400 асар оид ба тиб ва фалсафа навиштааст, аз онҳо каме бештар аз 40-то боқӣ мондааст Аз нуқтаи назари биологӣ ду асари ӯ боиси таваҷҷӯҳи калон аст: “Дар бораи рисолати узвҳои бадан”ва “Дар бораи роҳандозии анатомӣ”. Асоси таҳқиқоти анатомии ӯро ғояи Арасту дар бораи зарурати тамоми мавҷудоти зинда ташкил медиҳад, аз он ҷумла – сохтори ҳар кадом узв.

Фарқиятро дар сохтори дасту пойҳо, дандонҳосистемаи ҳозимаи инсон ва ҳайвоноти гуногун – маймун, саг, хирс, асп, гӯсфанд ва хукро омӯхта, онҳоро махсусиятҳои тарзи зиндагӣ ва хӯрок эълон кардааст. Гален дар амал асосгузори анатомияи муқоисавӣ мегардад.

Аз сабаби кушодани ҷасади фавтида иҷозат дода намешуд, Гален анатомияи одамро аз таҳқиқи захмҳои гладиаторҳо ва инчунин аз ҷасадҳои дар ҷангҳо ҳалокшудагон ва ҷасади ҷинояткороне, ки ба хурдани ҳайвоноти ваҳшӣ маҳкум шуда буданд, меомӯзад. Бо сабаби нарасидани мавод барои таҳқиқот, Гален таҳқиқотҳои худро асосан дар ҳайвонот ва бисёр вақт натиҷаҳои бадастомадаро дар мавриди анатомӣ кунонидани онҳо ба одам мегузаронид. Ин ҳолат сабабгори асосии камбудиҳои зиёди ӯ дар шарҳу эзоҳи узвҳои бадани одам мебошад. Дастоварди бузурги Гален рисолаи ӯ мебошад, ки ба системаи асаб бахшида шудааст. Ӯ аз тариқи озмоиш исбот намуд, ки ҳаракати мушакҳо бо кори асабҳо зич алоқаманд мебошад. Ба хулоса омад, ки майна воситаи ҳаракати ҳискунӣ ва фаъолияти ҷон аст ва дил узви гардиши хун мебошад, на маркази ҳиссиёт, как таълим медод қаблан Арасту.

Шумораи зиёди асарҳои Гален ба тиби амалӣ бахшида шудаанд. Ӯ дар бораи ҳамаи дорувориҳое, ки он вақт маълум буданд, ахборот додааст. Дар консепсияҳои клиникӣ Гален варианти таълимоти Гиппократро дар бораи чор унсур (гумерҳо) – шарбати бадани инсонро ҳимоя кардааст. Ӯ чунин мешуморид, ки ҷойивазкунии гумерҳои асосӣ (хун, луоб, талхаи сиёҳ ва зард) на танҳо сабабгори саломатӣ ё бемории бадан, балки тафовут дар махсусиятҳои равонии одамонро низ мебошанд.

ИЛМИ МАТЕМАТИКА

Муаллимони римиҳо дар илми математика юнониҳо буданд, ки дар тамоми замонҳои архаистӣ ва классикӣ донишҳои арефметикӣ, математикӣ ва геометриро аз мамлакатҳои пешқадами дунёи қадим дар шарқ ғун карда ва ғанӣ гардонидаанд ва дар замони мустамликазабткуниҳои бузурги юнонӣ ва эллинистию баъд аз он бо худ ба Рим бурдаанд. Бинобар ин мо инъикоси илми математикаро аз рушди он дар Юнони қадим оғоз менамоем.

C:\Users\USER\Music\демокрит.jpg
C:\Users\USER\Music\фалес.jpg
C:\Users\USER\Music\гип.jpg
C:\Users\USER\Music\архита.jpg

Демокрит Фалес Гиппократ Архита

Дар замони антиқӣ сатҳи рушди математика хеле баланд буд. Юнониҳо таҷрибаи дар Бобул ва Миср ҷамъкардаи арифметикӣ ва геометриро истифода бурдаанд, вале аз онҳо донишҳои боэътимодеро, ки имконият медиҳанд таъсири онҳоро аниқ муайян намоянд, инчунин таъсири анъанаҳои маданияти Криту Микенаро бошад, на, яъне қабул надоштанд. Таърихи математика дар Юнони қадим бо ҳамроҳии замони эллинизм аз 4 марҳала иборат аст.

1. Марҳалаи ионӣ (тахминан солҳои 600 – 450 то милод). Дар натиҷаи рушди мустақилона, инчунин дар асоси захираи муайяни донишҳои математикие, ки аз бобулиҳою мисриён гирифта шуда буданд, математика ба илми махсусе мубаддал мегардад, ки ба усули дедуктивӣ асос ёфтааст. Дар ин бора рисолаҳои баъзе пайравони натурфалсафаи ионӣ ва пифагориҳо шаҳодат медиҳанд. Мувофиқи маълумоти антиқӣ, маҳз Фалес ба ин ҷараён ҳусни оғоз бахшидааст. Вале хизмати воқеан ҳақиқиро дар тааллуқ дорад. Демокрит, ба бозӣ дар асбобҳои мусиқӣ мушоҳида карда, муқаррар намуд, ки баландии садодиҳии торҳо вобаста ба дарозии онҳо тағйир меёбад. Бинобар ин, ӯ муайян намуд, ки фосилаи байни гаммаҳоро метавон аз тариқи таносуби рақамҳои бутуни оддитарин инъикос намуд. Андешаро дар бораи сохтори атомистии фазо (дар назар дошта шуда буд, ки хатҳо болоӣ ва ҳаҷмҳо аз унсурҳои хурдтарин иборатанд), ӯ формулаеро барои муайян намудани ҳаҷми конус ва пирамидаро месозад. Математики нисбатанро дар байни пифагорчиён эҳтимол Архитаро шуморидан лозим бошад. Барои тафаккури математикии ин давра дар баробари ҷамъоварии маълумотҳои элементарӣ дар бораи геометрия мавҷуд будани ҷанинҳои назарияи духелагии, унсурҳои стереометрия, ташаккули назарияи умумии тақсимшавандагӣ ва таълимот дар бораи бузургӣ ва ченкунӣ арзи вуҷуд доштанд.

2. Марҳалаи афинагӣ (наздики солҳои 450 – 300 то милод). Фанҳои математикии хосӣ юнонӣ рушд мекунанд ки бештари он дар алгебраи геометрӣ дида мешуд. Мақсади геометрӣ кунонидани алгебра, худ моҳиятан ҷустуҷӯи тоза масъалаҳои алгебравӣ (баробариҳои ростхат ва мураббаъгӣ) бо ёрии образҳои аёнии геометрӣ буд. Он имконият фароҳам меовард, ки аз вазъияти ба амаломадае, ки ба он математика бо сабаби кашфи бузургиҳои ирратсионалӣ гирифтор шудааст, роҳи баромад ёфта шавад.

C:\Users\USER\Music\гипас.jpg
C:\Users\USER\Music\федор.jpg
C:\Users\USER\Music\герон.jpg
C:\Users\USER\Music\121.jpg

Гиппас Метапонтӣ Феодор Киренский Герони Искандария Архимед

Истифодаи усулҳои нави ҳалли масъалаҳо дар бораи ҳаҷми мураббаъгии давра (“теорема дар бораи моҳтобчаҳо”)-и Гиппократ ва дар навбати аввал, исботи ҳисобкарданашавандаги (ҳисобкардашавандаги)-и диогнали мураббаъи аз тарафи ӯ, ки эҳтимол пифагорӣ Гиппаси Метапонтӣ (наздики соли 400 то милод) кашф карда бошад,нуқтаи назареро рад мекунад, ки мувофиқи он таносуби ҳар гуна бузургиҳои математикӣ метавонанд ба воситаи муносибати ададҳои бутун, аъне ба воситаи бузургиҳои ратсионалӣ (Arithmetica universalis) ифода ёбанд. Дар зери таъсири рисолаҳои Афлотун ва шогирдони ӯ Феодор Киренский ва Теэгет ба коркарди масъалаи ченкарданашавандагии пораҳо машғул мешаванд, вале Евдокс Киндский назарияи умумии муносибатҳоро сохт, ки онро мумкин будбарои бузургиҳои ирратсионалӣ низ истифода бурд. Ҳамин тариқ, ӯ ба бартараф карданги бӯҳрон математикаи юнонӣ саҳм мегузорад. Вале ба рушди озоди тафаккури математикӣ дар ин марҳала, ташаккули минбаъдаи методологияи он ва ҷамъоварии маводи мушаххас аз тарафи Афлотун ва пайравони ӯ примат (гурӯҳи)-и идроки босирагӣ, аз он ҷумла донишҳои математики бар донишҳои эмпирикӣ (амалӣ) монеъ мешуд.

3. Марҳалаи эллинистӣ(наздики солҳои 300 – 150 то милод). Дар марҳалаи эллинизм. Математикаи антиқӣ ба сатҳи баландтарини рушд худ мерасад. Дар тули садсолаҳои зиёд маркази асосии таҳқиқоти математикӣ Мусейони Искандария мегардад. Дар ин давра асари наве ба миён меояд, ки дастовардҳои наслҳои гузашта ҷамъбаст ва ба низом дароварда мешаванд. Тахминан дар соли 325 то милод Евклид асари худ “Ибтидо”-ро иборат аз 13 китоб менамояд; ҳамчун пайрави Афлотун, ӯ дар амалҷиҳатҳои амалии математикаро мавриди баррасӣ қарор намедиҳад. Ӯ диққати махсусро ба Герони Искандария равона мекунад. Танҳо аз тарафи олимони Аврупои Ғарбӣ дар асри ХVII сохтани математикаи нави бузургиҳои тағйирёбанда аз рӯи аҳамияти худ аз он саҳме, ки Архимед дар коркарди масъалаҳои математикӣ гузоштааст, болотар меистод. Ӯ дар амал натанҳо ба таҳлили беохир бузургиҳои хурд наздик шуд, балки ба асарҳои Менахма (наздики соли 350 то милод) такя карда, ба дастгирии андешаҳои материалистии Демокрит баромад кард Аполоний Пергский ба рисолаҳои Менахса (наздики соли 350 то милод) Евклид ва дигарон такя карда, назарияи баанҷомрасидаи буриши кониро ба вуҷуд овард. Дар соҳаи таҳқиқотҳои математикӣ дар ин давра диққати асосӣ ба ба омӯзиши каҷравиҳои алгебравӣ, ки ба он Диокл (наздики соли 180 то милод), Никомед (наздики соли 180 то милод), Персей (наздики соли 150 то милод) ва коркарди математикии усулҳо дар ситорашиносии назариявӣ (назарияи эписиклҳо, ҳалли хордаҳо) машғул буданд, дода мешуд, ки ин дар асарҳои Аполоний Пергский, Менелия Александрийский ва Клавдий Птоломей инъикос ёфтаанд. Дар баробари ба таври васеъ ба кор бурдани математика бо мақсадҳои амалӣ (Архимед) ва истифодаи он дар ҳалли масъалаҳо дар соҳаи физика ва механика, аз нав тамоил, аз он ҷумла аз тарафи пифагориҳо ошкор мегардад, ки онҳо ба рақамҳо сифатҳои фавқулоддаро ((Ямвлих) нисбат медоданд.

4. Марҳалаи хотимавӣ (наздики солҳои 150 – 60 то милод). Ба дастоварҳои мустақили Рим дар соҳаи математика мумкин аст танҳо низоми хеле ноҳамвори пастсифати ҳисобҳои тахминӣ ва таълифи якчанд рисола оид ба геодезияро мансуб шуморидан мумкин аст, ки асоси онҳоро рисолаҳои Герон Александрийский ташкил медиҳанд. Саҳми нисбатан калонро дар марҳалаи ҷамъбастии рушди антиқии математика Диофант гузоштааст. Эҳтимол маводи математикҳои мисрию бобулиро истифода бурда, ӯ коркарди усулҳои алгебраии ҳисобро идома додааст. Фаъолимяти навпифагорчиён ва навафлотуниҳо, инчунин математикҳое, ки дар Мусейони Александия кор мекарданд, мақсад дошт, ки донишҳоеро нигоҳ доранд, ки намояндагони тафаккури математикии юнонӣ ҷамъоварӣ карда буданд. Ба ин кор, аз он ҷумла, Никомах Герасский (наздики соли 100 то милод) машғул буд. Ғайр аз ин шарҳҳои олидараҷа оид ба рисолаҳои сершумори математикӣ мураттаб карда шуда буданд, ки дар онҳо натиҷаҳои таҳқиқот оид ба соҳаи математика (Папп Александрийский ва навфлотунӣ Прокл) ба низом дароварда шуда буданд. Дар маҷмӯъ, дар шароити бӯҳрони тезутунди тарзи ғуломдории истеҳсолот ва гузариш ба марҳалаи феодалии ҷамъиятию иқтисодӣ дар математика таназзул ба назар мерасад. Қатли ваҳшиёнаи муаллифи як қатор асарҳо оид ба математика Ипагий дар соли 415 рамзи аз байн рафтани мактаби математикии Александрия буд. Соли 529 мувофиқи фармолни императори Византия Юстиниан, таблиғотгари намоёни эъхтиқоди масеҳият, Академияи афина ҳамчун маркази “таълимоти бутпарастӣ ва ҳалокатбор” баста мешавад. Баъди ин танҳо Византия то асри IХ нигоҳдорандаи асосии математикаи антиқӣ буд. Бо шарофати нусхаҳои рисолаҳои математикҳои юнонӣ ва тарҷумаи арабии баъдтарини онҳо то ба мо қисмати зиёди донишҳои математикӣ омада расидаанд, ки дар давраи парокандашавии империяи Рим ҷамъоварӣ карда шуда буданд.. рушди босуръати илм дар аврупои ғарбӣ дар замони Эҳё ба он оварда расонид, ки олимони Аврупои Ғарбӣ оҳиста – оҳиста ба бо рисолаҳои математикҳои юнонӣ (бештари онҳо дар тарҷумаи арабӣ ва яҳудӣ) шиносоӣ пайдо менамоянд. Дар асриҳои ХV ХVI гуманистон бо мақсади барқарор кардани матнҳои аслӣ таҳқиқотҳои текстологии корҳои боқимондаро ба ҷо меоварданд. Дар асриҳои ХV ХVI асарҳои математикҳои бузургтарини юнонӣ (аз қабили Евклид, Папп, Птоломей, Аполлоний, Диофант) бо забонҳои лотинӣ ва юнонӣ рӯи чопро диданд. Онҳо ба устуворшавии математикаи олии давраи нав таъсири бузург расонидаанд. .

ИЛМИ ХИМИЯ

Маданияте, ки дар Миср дар замони эллинистӣ ба камол расид, дар асри I то милод дар мамлакатҳои ҳавзаи Баҳри Миёназами ба таври васеъ паҳн мегардад, махсусан, баъди аз тарафи римиҳо ишғол карда шудани Миср (дар соли 30 то милод). Дар оғози солшумории милодӣ, дар баробари Искандария, Рим низ ба маркази дигари илм ва техникаи косибӣ мубаддал мегардад. Ишғолгариҳои Рим дар Аврупо, Шарқи Наздик ва Африқо ва дар натиҷаи ин ташкилёбии империяи бузурги Рим, на танҳоба рушди тиҷорат ва дар маркази империя марказонида шудани боигарии бузург мусоидат мекунад, балки дар ин ҷо ҷамъшавии олимон ва косибонро аз миллатҳои гуногун – юнониҳо, суриягиҳо, яҳудиён, мисриён ва ғайра сурат мегирад. Дар ин марҳала илму техникаи косибӣ дар Рим ба сатҳи ниҳоят баланд расид. Аз асарҳзои адабие, ки сатҳи тафаккури фалсафӣ ва донишҳои химиявиро дар Рим инъикос мекарданд, бояд пеш аз ҳама достони Тит Лукретсий Кар (солҳои 99 – 55 то милод) “ Дар бораи табиати ашёҳо” (De rerum natura) -ро ном гирифт.

Ин асари беҳтарину номдор, ки муаллифи онро ҳамчун материалист ва атеисти эътиқодманд муаррифӣ менамояд, аз шаш китоб иборат аст. Ду китоби аввал ба ташреҳ ва танқиди таълимоти юнолнии антиқӣ дар бораи нахустасосҳо, ва ё ҳодисаи табиат, ҷисмҳо ва ғайраҳо ва инъикоси таълимоти Эпикур дар шакли назми образнок бахшида шудааст.

C:\Users\USER\Downloads\тит.jpg
C:\Users\USER\Downloads\арасту.jpg

Лукретсий Арасту

Лукретсий ҳамчун пайрави бечунучарои таълимоти Демокрит ва Эпикур, аз дидгоҳи консепсия дар бораи абадияти коинот сухан ронда, чунин мешуморид, ки ҳамаи ҷисмҳои олам аз атомҳо иборат буда, онҳо абадианд ва нестшаванда нестанд. Дар ин асос ибрози ақидаи ӯ он буд, ки : “Аз ҳеҷ чиз бе иродаи худл ягон чиз офарида намешавад” ва давом медиҳажд: “Ягон чиз қодир нест, ки аз ҳеҷ чиз пайдо шавад”.

Лукретсия чунин мешуморид, ки моддаҳои гуногун аз рӯи шакли худ фарқ мекунанд, ба ҳамин восита алоқаманд мекунад гуногунии хосиятҳои ҷисмҳоро. Ҳамин тариқ, мувофиқи ақидаи ӯ моддаҳои таъми талхдошта аз атомҳое таркиб ёфтаанд, ки дорои кунҷҳои хордории тез мебошанд. Дар достони худ Лукретсий мафҳуми юнонии “атом”-ро истифода намебарад ва шиква аз камбағалии забони лотинӣ карда, ба ҷои ин ном аз якчанд ибораи лотинӣ истифода мебарад: “ҷисмҳои нахустини ашёҳо” (corpora exordia rerum), “оғозҳои нахустин” (primordial), “ҷисмҳои нахустин” (corpora prima), “тақсимнашавандаҳо” (idividua). Ана ҳамин номи охирин – “тақсимнашавандаҳо” маънии “атом”-ро дода метавонад. Барои ифодаи “атом” аз ибораҳои дигар ҳам истифода мебарадю

Лукретсий гумон мекард, ки ҷисмҳо аз ҷисмчаҳои якхела иборатанд ва ё онҳо маҷмӯи ҳаргуна ҳиссачаҳое мебошанд, ки қуввае вуҷуд надорад, ки онҳоро аз ҳамдигар ҷудо кунад. Лукретсий атомҳои ҳамаи ҷисмҳоро дар ҳаракати доимӣ тасаввур мекард. Сурати ин ҳаракати абадиро Лукретсий дар мисраҳои шеъри зерин ифода менамояд:

Ҳар боре, ки рушноии офтоб роҳ меёбад ба манзили мо,

Синаи зулмотро мекунад чок шӯълаҳои худ, медонем мо.

Ҷисмҳои сершумори хурдро ту дар ҷойи холӣ хоҳӣ дид,

Дар шӯълаи рушноӣ ба пешу ақиб саргардонанд шадид.

Бигӯӣ дар муборизаи абадӣ мекунанд набард тан ба тан,

Даст дар гиребон бо дастаҳо, надонанд хастагӣ ҳеҷ дам.

Даме бо ҳам мешаванд, даме аз ҳам ҷудо, беист ин кор,

Метавонӣ фаҳмидан: чаро намешаванд монда дар ин кор.

Нахустасоси ашёҳо дар ҷойи холии беканор дар печутоб,

Оид ба ашёҳои кабир кӯмак кунанд дар сохтани мафҳум,

Ашёҳои кӯчак роҳ кушоянд баҳри идроки бутун мафҳум.

Ин мисраҳо чун тамоми достон ҳам “Дар бораи табиати ашёҳо”. Нишон медиҳанд, ки натурфалсафа дар Рими замони Юлий Сезар ба кадом зинаи баланди рушд муваффақ шуда будааст. Достони Лукретсий ба рушди ғояҳои минбаъдаи материалистӣ дар химия ва физика таъсири калон расонидааст.

Асари асари хеле васеъ паҳншудаи Кай Плинийи Дуюм (солҳои 23 – 79)-ро, ки “Таърихӣ табиӣ” (“Historia naturalis”) номгузорӣ шудааст, ном мебарем. Тавре қаблан ҳам гуфта шуда буд, ин асари калони моҳияти энсиклопедиягӣдошта аз 37 китоб (боб) иборат мебошад. Дар китобҳои 33 – 37 дар бораи минералогия, маталлургия ва химия маълумот дода шудааст. Плиний дар мавриди таҳияи “Таърихи табиӣ”-и худ маълумотҳои муаллифони зиёдро истифода бурдааст, аз он ҷумла, аз они онҳоеро ҳам, ки то ба мо омада нарасидаанд

Дар нисбати Лукретсий Плиний пайрави матини Арасту ва таълимоти ӯ дар бораи воқеаҳои табиат ва дар бораи дар қаъли замин ба вуҷуд омадани маъданҳо ва минералҳо буд. Плиний минералҳои зиёдро ном мебарад, аз он ҷумла алмос, рӯҳи гугирд, содаи табиӣ (натрон), гач оҳак (ва оҳаки тафта) бур, алебастр, асбест, сиёҳзамин, сангҳои қиматбаҳо ва ғайраро, инчунин шишаро низ. Аз металлҳо Плиний дар бораи хосиятҳои тилло хеле муфассал нақл мекунад, ки мувофиқи ақидаи ӯ он бо ҳамроҳии дигар металлҳо дар замин месабзад, баъди дар бораи нуқра, мис, симоб. Оҳан, қурғошим маълумот медиҳад. Ба Плиний намудҳои зиёди намак ва туршиҳо (окислҳо) ва моддаҳои минералӣ маълум буданд. Плиний инчунин моддаҳои органикиро низ номбар мекунад, аз он ҷумла нафт, мумҳои гуногун, ширеш, крахмал, қанд, воск баъзе рангҳои органикӣ, аз он ҷумла индиго, крапп ва ғайраҳо, балзам, моддаҳои бӯйнок.

Вале дар баробари далелҳои таваҷҷӯҳангез ва тавзеҳу тасвирот Плиний дар “Таърихи табиӣ”-и худ маълумоти тахайюлотӣ – фантастикиеро низ ном мебарад, ки аз ҳақиқат хеле дур буда, аз сарчашмаҳо шубҳаовар гирифта шуда буданд. Плиний худ аҷаб нест, ки бо техникаи косибию химиявӣ ва металлургӣ кам шиносӣ дошта, танҳо гирдоварандаи донишҳо –энсиклопедчӣ буд. Сарфи назар аз ин, Дар “Таърихи табиӣ” дар бораи доираи васеи донишҳои химиявию амалии ӯро дар Рими қадими замони ба вуҷуд омадани Империяро дар сатҳи сифатии хеле баланду возеҳ нишон медиҳанд. Вале марҳалаи нашъунамои маданияти эллинистӣ, аз он ҷумла пешрафти натурфалсафа ва техникаи химияи косибӣ начандон дуру дароз идома дошт. Империяи бузурги Рим, ки онро зиддияту ихтилофҳо – сиёсӣ, миллӣ, ҳудудӣ хароб мекарданд, наонқадар мустаҳкам баромад. Аллакай дар асри III варварҳо, ки аз шимол ба музофотҳои алоҳидаи Рим ҳамла мекарданд, ба худи Рим ҳам таҳдид мекардагӣ мешаванд. Дар ин шароит дар Рим илми химия низ чун илмҳои дигар рӯ ба таназзул мениҳад.

ИЛМИ СИТОРАШИНОСӢ

Дар илми ситорашиносӣ низ олимони рими қадим ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардида буданд.

Дар асри III то милод Аристарх Самосский ҷидду ҷаҳд ба харҷ дод, ки андозаҳои нисбии Замин, Моҳтоб ва Офтоб инчунин масофаи байни онҳо муайян намояд ва барои ин консепсияи гелиосентрии ҳаракати сайёраҳоро пешниҳод кард. Ба якчанд асли ояндаи ситорашиносн ва географҳо мушоҳидаҳои Эритосфен ва Сенека (асри II то милод) дар бораи вобастагии мадд ва ҷазрҳои уқёнусиро аз гардиши солонаи офтоб дар атрофи меҳвари худ ва ҳолати Моҳтоб вобаста донистани ӯ таъсир мерасонад. Сенека дар бораи он тахмин кард, ки Коинот меҳвари охирин дорад. Архимет низ ба масъалаиба ҳисобкунии диаметри намоёнбуда Офтоб машғул шуда, модели ҳаракати Моҳтоб, Офтоб ва панҷ сайёраро сохт, ки Тситсерон дар пленетарияи нахустини дар Рим вуҷуддошта дида буд. Тасаввуроти асосии астрономӣ ва метереологии таърихи Рими барвақтаро муаллифи римии замони Август Манилий дар достони дидактикии “Астрономака” додааст. Лукретсий, Ветрувий, Плинийи Калонӣ ва Сенека ҳам масъалаҳои астрономиро дар асарҳои энсиклопедияҳои худ инъикос намудаанд. Дар илми замони Империя аз тарафи умум нуқтаи назар дар бораи он ки универсум (олам ҳамчун як чизи муштарак) дар атрофи Замини беҳаракат давр зада, он дар Коинот мавқеи марказиро ишғол менамояд. Замин курашакл буда, дар атрофи меҳвари худ давр мезанад, ки он аз мобайни Кайҳон гузашта меравад. Клавдий Птоломей ҳам дидгоҳи анъанавӣ дар бораи беҳаракат будани Замин дар маркази Кайҳонро дастгирӣ карда, ки ин нишондодро ба воситаи истифодаи пайдарпайи истифодаи тригономерия ва ҳамаи математикҳои гузашта асоснок мекунанд. Ӯ эҳтимолияти даврзании Заминро дар атрофи меҳвари худро низ рад мекунад.

C:\Users\USER\Downloads\аристарх.PNG
C:\Users\USER\Music\сенека.jpg
C:\Users\USER\Music\гиппарх.jpg

Аристарх Самоссӣ Сенека Гиппарх

Астрология низ бо назарияҳои астрономии он замон зич алоқаманд буда, то асри II милодӣ хеле паҳн гардида буд. Аз пешгӯиҳои астрологӣ натанҳо одамони алоҳида, балки аз ғулом сар карда то императорон ҳам истифода мебурданд. Таъсири астрологияро фалсафа, тиб, минерология, ботаника ва илмҳои дигар дар бораи табиат месанҷиданд. Агар Академияи нав асоси ин илмро бебақо меҳисобида бошад, пас файласуфони стоикҳо онро бо дилу ҷон дастгирӣ мекунад.

Астрологияи инфиродии эллинистӣ, ки эҳтимол дар асри III то милод дар мактаби Бероси воқеъ дар ҷазираи Кос арзи вуҷуд кардааст, қабули мустақим ё шакли такмилёфтаи астрологияи Бобул набуд. Асоси бунёди астрологияи эллинистиро ғоя дар бораи имконияти пешгӯии воқеаҳои оянда барои шахси муайян бо ёрии ҳисобу китоби ҷойгирии ҷисмҳои кайҳонӣ ва нишонаҳои Зодиак дар лаҳзаи ба дунё омадани тифл ташкил медиҳад. Дар ин мантиқ ягон воқеаи фавқуттабааро намедиданд, агар ба ҳисоб гирем, ки аз назари фалсафа мулоҳиза кардани сурати олам кайҳон – низоми сарбастаи ягона буда, ҳамаи қисматҳои он ба ҳамдигар алоқаманд ва ба ҳамдигар васта мебошанд. Масалан, Сенека универсум (олам ҳамчун як чизи муштарак)-ро дар як шакли сохтордори муштараки ба амаломада, вале барои воқеаҳои оняда пӯшида меҳисобид. Дар байни ҳашт китоби Секст Эмпирик бар зидди олимон дар асосҳои умумӣ китоби зидди астрологҳо низ ҳаст. Астрологҳо бисёр вақтҳо дар мавриди аз тариқи декретҳои расмӣ аз Рим пеш карда мешуданд, бо ҳамроҳии файласуфон дар як мақом қарор мегирифтанд. Он далел, ки императорони зиёди Рим дар ҳузури худ расман вазифаи астрологҳоро доштанд, барои арбоби сиёсӣ ҷидду ҷаҳд баҳри ба таносуби қувваҳои оянда баҳо дода тавонистан як зуҳуроти сабабии табиӣ мебошад, аз ин рӯ, пешгӯии астролог дар ин сурат дар сатҳи донишҳои онвақта як хел футурология ба назар мерасад.

Шуури оммавӣ бисёр вақт астрологҳоро бо фолбинҳо, қаллобҳоии кӯчагӣ ва ҷодугарон яксон мешуморид, ки сабабгори асосии ин ҳолат дар байни аҳолии поёнии империя аз ҳад зиёд паҳн гардидани эои ва тасаввуф мебошад. Астрономияи назариявӣ ва астрологияро Клавдий Птоломей бо математика муттаҳид кард, ки дар натиҷа воқеаҳои табиатро дурусттар нишон медод, ба он хотир, ки ба таҷрибаи бевосита сос ёфтааст, на ба таҷрибае, к ибо кӯмаки усули исботи арифметикӣ ва мантиқӣ сохташуда шарҳу эзоҳ дода шудааст.

Мутобиқи ақидаи Птоломей, ба воситаи астрономия ду тарзи пешгӯӣ вучуд дорад: якумаш ба нишондод дар бораи сабабгори ҳамдигар будани Офтоб, Моҳтоб ва ситораҳои дигар ва ситораҳои дигар дар якҷоягӣ – ба Офтоб. Тасвири муфассали ин усул дар 13 китоби «Маҷмӯаи математикӣ», ки дар варианти арабӣ бештар бо «Алмагест» маълум аст, инъикос гардидааст. Усули дуюми сатҳ ва моҳияти таъсирро дар бар мегирад, ки мутобиқи қонунияти табиии сайёраҳои бо ҳам якҷояшуда ва вобаста ба онҳо воқеаҳои табиӣ таъсир мерасонанд. Ба баррасии муфассали ин мавзӯъ рисолаи Птоломей «Тетрабибллс» («Чоҳоркитоб») ӣахшида шудааст. Ду китоби аввал «Алмагеста» ба асосноккунии илмии (математики) мавзӯи дар боло зикршуда бахшида шуда, дар онҳо таълимот дар бораи фазои осмон инъикос гардидааст. Дар китоби III назарияи ҳаракати Офтоб баён гардидааст. Азмазмуни ин китоб ҳамин тавр ба назар мерасад, ки Птоломей аз паси хулосаҳои Гиппарх рафтааст. Ин хулосаҳоро с дар се садсолаи қаблӣ баён карда буд. Вале бояд қайд кард, ки назарияи геосентрии Птоломей, ки таваҷҷӯҳи олимони баъдинаро низ ба вуҷуд овардааст, дар низоми умумии назарияи ӯ дар ҷои аввал намеистод.

Дар китобҳои IV – V Птоломей дар бораи ҳаракати Моҳтоб нақл карда мешавад, дар китоби VI бошад,- дар бораи истифодаи назарияи баёнёфта барои пешгӯӣ кардани гирифтани Офтоб ва Моҳтоб. Дар китобҳои VII – VIII рӯйхати муфассали ситораҳо инъикос гардида ва панҷ китоби охирин ба таҳқиқи ҳаракти сайёраҳо бахшида шудааанд.

Ҳамин тариқ, мсетавон хулоса баровард, ки астрономия ва инчунин астрология, ҳамчун ҷузъи таркибии астрономия дар Рими қадим ба муваффақиятҳои калон ноил гардида буд. Дар таҳқиқотҳои ин илм олимони забардвсти ситорашиноси саҳми калон гузоштаанд. Шаҳри Искандария бошад, маркази асосии ситорашиносони Империяи Рим ба ҳисоб мерафт.

test

Добавить комментарий